Мо

i-3
ZAROWADK.RU торнамои шахсии Абдуҳамид Тағоев – суханшинос (ДДТ, Душанбе, 1977) ва муҳандис (ТЭИС, Тошканд, 1992) аст.

Торнаморо муаллиф, нахуст чун сомонаи ройгони ZAROWADK.NAROD.RU соли 2011 сохта буд. Пас аз он ки моҳҳои апрел – июни соли 2013 сомонаҳои Народ.ру зина ба зина аз Яндекс бароварда шуданд ва сарнавишти онҳо ба сарпарасти нав – Юкоз супурда шуд, ин сомона имконоти пешинаашро гум кард ва аз рушд бозмонд.

Он гоҳ, моҳи июли соли 2013 зарурати созмони сомона (торнамо) –и сифатан нав ба миён омад, ки ҳам вижагиҳои торнамо (сайт, вебсайт) ва ҳам торнигор (блог, веблог)-ро дошта бошад. Ҳамин тавр, торнамои ZAROWADK.RU сохта шуд.

ZAROWADK.RU – торнамои ҳамабоб (универсалӣ) аст.

ZAROWADK.RU – сомонаи омӯзонанда аст.

Дар ин рӯзгор, ки бахши бештари ҷавононамон ва, ҳатто, наврасонамон шаҳр ба шаҳру кӯ ба кӯйи бегона аз паси ҷустуҷӯйи рӯзӣ сарсонанд ва бо муҳиту фарҳанги бегона сарокалла мезананд, зарурати дар онҳо рӯёнидану бедор кардани ҳисси худшиносӣ пеш омадааст. Донистани таърих, забон, оинҳо, гузаштагону имрӯзиёни бузург, дастовардҳои ҳунарии замонавии ҷаҳониён барояшон бесуд нахоҳад буд. Ба ин васила Торхона (Интернет), ки аксари ҷавонон ба он даст доранд, аз як воситаи дилхушӣ ва рӯзкӯрӣ ба афзори тавонои омӯзиш ва худшиносӣ табдил мегардад.

Корбари арҷманд, метавонед, андешаҳои худро дар поёни ҳар маводи торнамо, дар ҷойи махсус ҷудошуда, баён намоед.

Барои номаҳо, муроҷиат ва таклифҳое, ки ба маводи мушаххас оид нестанд, бифармоед ба емейли мо — zarowadk@gmail.com

Хонандаи арҷманд! Агар хоҳед, ки сомона вуҷуд дошта бошад ва боз ҳам барои шумо судмандтар гардад, хоҳиш мекунам ба андозаи тавоноии худ саҳм гузоред. Чунки дар омодагардонии мавод танҳо ман машғул ҳастам ва пардохтҳои Интернет (барои номнависии домен, иҷораи ҳаррӯзаи сервери хостинг ва ғ.) бори сангин аст. Роҳи осонтарин, ин пардохти маблағ тавассути бонки абрии Webmoney аст. Мутаассифона, амалиёт бо пули миллӣ – сомонӣ дар бонкҳои абрӣ алҳол номумкин аст. Суратҳисобҳои сомона:
 

рубли русӣ R350790707094
доллари ИМА Z188170839893
евро E220248521920
Яндекс-Деньги 410011154461654

Родмардоне, ки саҳм гузоштаанд:

1. Orash $5

29 комментариев Андешаатонро баён кунед

  • Бисёр мехостам иншо дар бораи «Модарнома»- и Лоик Шералиро пайдо кунам, вале мутаасифона натавонистам. Илтимос агар дарёфт кардед чори мекардед ба сомона, то ин ки мо истифода барем. Ногуфта намонад сомона ба ман писанд омад.

  • Дар ин сайт барои чи бвйтҳои шоир оварда нашудааст

  • Муборак шавад дизайни нав!! Хеле оли

  • Салом сайти хеле хуб сохтед. бисёр маълумотхои муфид пайдо кардем.
    Хуб мешуд агар тарчимаи холи Ахмад Зохирро ба таври пурратар дар хамин сомона пешниход мекардед. Бовари дорам шумо метавонед онро пайдо намуда инчо чойгир мекунед

    • Салом, Дилшод!
      Таклифи шуморо ба назар мегирем.

  • Бале, Абдулҳамид! Ҳама рост шуд! Ӯ ҳамноми ман Ансор, феълан филолог, ки се курс баъди Шумо буд. Падари ӯ (р) низ муаллим буданд.
    Ба ҳар ҳол, муфтахарам, ки бо Шумо ошно шудам.
    Шоду масрур бошед!

  • Салом, Абдуҳамид,
    Мутаассифона, Шумо каме иштибоҳ кардед. Ман, дарвоқеъ 3-4 курс поёнтар, аммо дар факултети дигар — геология таҳсил мекардам (таҳсилоти аввал).
    Ба Шумо шояд падари ман — шодравон Соҳиббой Ниёзов дарс гуфта бошанд. Падар чанд сол дар деҳи Шумо муаллим будаанд.

    • Ансор, салом! Ба ҳар ҳол он кас шахсе буд аз Дардар, номаш ба номи шумо монанд, ё ҳамқофия, падараш муаллим. Падари Шумо, инчунин Маҷидов, Саидов ва баъдтар Идибоев, Рофиев, Муродов ва чанде дигарон, ки ман шахсан мешинохтам, дар пешрафти маорифи кӯҳистон хидмати бузурге кардаанд. Фарҳанги баланд, масъулияти бузург ва фидокорӣ нишонаҳои беҳамтои ин устодон буд.

  • Салом, Абдуҳамид. Қоим. Кӯчонидани файлҳо дастрас шудааст. Агар қабул фармоед, аз файл-хазинаи ватанӣ: http://www.fail.tj истифода кунед. Суръати кайҳонӣ!

    Бо эҳтиром, Ансор Ниёзии Дардарӣ

    • Ман Шуморо шинохтам, Ансор! Шумо ҳамон шахсед, ки аз ман 3-4 курс поёнтар мехондед. Ташаккур, барои дастгирӣ. Оиди http://www.file.tj оянда машғул хоҳам шуд.

  • Ман бисёр шоду хурсандам ки вебсайти Шуморо ёфтаги будам! Ана хамин вебсайт бисёре аз сурудхою таронахои Шашмакому мусикаи классики дорад ва ман хело сафедбахтам ки хозир метавонам хондан хамаи сурудхою таронахои махбубам бо орзую хаваси калон! Хазор рахмат Шумо ба, дастатон дард накунад Илохим!

    • Ташаккур, Роберт! Матни сурудҳое, ки ман овардаам, ганҷҳои бебаҳоеанд аз ганҷинаи бузурги фарҳанги мардуми форсизабони Осиёи Марказӣ ва Ховари Наздик, аз он ҷумла яҳудиёни тоҷикзабон. Шодам, ки барои Шумо коре судманд анҷом додаам. Хушбахт бошед.

  • Ҳама кори ҷаҳон номусу ном аст,
    Вагарна ними нон рӯзи тамом аст
    гуфтааст Низомии бузург. Воқеан ҳастанд ахзосе ки тибқи гуфтаҳи бузургон амал менамоянд ва ин амали неки онон далели бузургии онон аст. Ҳар кӣ дар кори хайре иқдом кардааст, Худованд як бар даҳ мукофоти амалашро медиҳад . Аз даргоҳи Ҳудованд талаб дорем, ки ҳамеша сарсабзу сарбаланду хушрӯзу хушнуду хушкому хушном бошед!!

    • Беандоза сипосгузорам, бародар. Комёб бошед!

  • Салом, Абдуҳамид,
    Чанд фурсате аз сайти Шумо дидан надоштам. Ҳоло чу кушодам, хело хушҳол шудам. Дизайни нав, тарҳи нав. Аҳсан!
    Таманно доштам, ки ҷиҳати hosting низ навоварӣ бошад, то кӯчонидани маводи Шумо осон ё имконпазир гардад.
    Боқӣ довар Худованд!

    Бо сипоси эҳтиром ва ташаккур.
    Ансор

    • Салом, Ансор! Бале дер боз гуфтугӯ накардаем. Хушҳолам, ки намуди нав писандатон омадааст. Нисбати фарокашии файлҳо низ пешбиниҳо ҳаст ва бархе тавассути gavitex, ки бисёр осон аст, аллакай амалӣ шудаанд. Зинда бошед.

  • Маълумоте, ки дар ин чо нашр шудааст, дар хеч чойи дигар нахонда будам. Махсусан, дар бораи точикони Кизляркалъа ё Обисиёхкент. Ман бисёр дуст медорам, дар бораи таърихи точиконе, ки кисмат онхоро аз Ватани асли дур андохтааст, вале ба хар хол онхо забонашонро гум карда бошанд (ё шояд забони имрузаи мо чунон содда карда шуд, ки забони бобоёни мо ба онхо ва худи мо хам нофахмо шуд, масалан «Гулистон»,»Бахористон» «Маснавии маънави»навиштахои Ахмади Донишро кам андар кам касон мефахманд), вале онхо асли худро аз ёд набаровардаанд. Ман аз Шумо миннатдор хастам ва хохиш дорам, ки оиди точикони лаби дарёи Волга, точикони Казокистон, Хиндустон, Покистон (албатта агар маводе дастрас дошта бошед) дар ин торнома чоп намоед.

    • Олимҷон, Худованд агар хоҳад ва умр агар боқӣ бошад, бародари азиз, ин ниятҳо дар ман ҳаст.

  • Аввалан ташаккур ба админи ин сайт.
    Ман мухлиси А.Зохир хастам.
    Аз як мухлиси А.Зохир, шеърхое,ки А.З сурудааст, Шумо дар ин сайти худ чой додаед, гирифтам. бисёр кори хуб аст, аммо якчанд шеърхо хатоги доранд. Агар ислох мекардем кори хуб мешуд.
    Боз як бори дигар ташаккур!

    • Ташаккур, бародар. Басо мамнун мешудам, агар мушаххасан мегуфтед, ки он хато кадом аст?

  • Аввалан ташаккур ба админи ин сайт.
    Ман мухлиси А.Зохир хастам.
    Аз як мухлиси А.Зохир, шеърхое,ки А.З сурудааст, Шумо дар ин сайти худ чой додаед, гирифтам. бисёр кори хуб аст, аммо якчанд шеърхо хатоги доранд.
    Агар ислохот медаровардем бисёр кори хуб мешуд

  • есть предложение, печатать тексты старых таджикских песен со времен СССР, например группы Гульшан (Точиддин Мухиддинов, Хурмо Ширинова, МУКАДДАС НАБИЕВА, и т.д.)
    а так же ансамблей в стиле МАВРИГИ, ШАШМАКОМ.
    Можно так же добавить популярных исполнителей конца 80-х, Кароматулло Курбонова например.
    Будет что показать нынешней попсе, что в музыке должен присутствовать смысл.
    Извините что пишу на русском, так как познания таджикского языка у меня на уровне разговорного диалекта г. Самарканда. Но я учусь, и песни и стихи один из путей изучения своего родного языка.
    Успехов в продвижение вашего проекта и сайта.
    Фарид Самаркандский (Регистони)

    • Фаридҷон, ташаккур аз Шумо! Мебинам, ки як шахси ба миллат ва ҳунару санъати вай ҷонсӯз ҳастед. Дар айни ҳол як корбар ва хонандаи фаъоли торнамои шогирдонаи ман мебошед. Умуман гирем, аз Шумо, ки бошандаи шаҳре, ки гаҳвораи фарҳанги тоҷик буду ҳаст, ин гуна муносибат табиист. Медонам, ки Шумо дар Торкадаи ҷаҳонӣ ба гирд овардани сурудҳои машҳури тоҷикӣ машғул ҳастед. Бори дигар ташаккур барои ин кори хайратон!
      Афсӯс, ки ман санъаткор нестам. Ман ҳам мисли дигарон сурудҳоро аз сабтҳо, радио ва телевизон шунида, матнашро дар китобҳо ҷустуҷӯ мекунам. Бисёре аз сурудҳои Кароматулло, Тоҷиддин, Муқаддас ва ғ. аз «Гулшан» дар навиштаҳои «Аҳмад Зоҳир», «Таронаҳо» омадаанд ва ин кор давом дорад. Мебинам, ки маслиҳати Шумо бо нақшаҳои ман як аст.
      Вале сурудҳои қадимаи Самарқанд, мавригиҳои Бухороро ёфта наметавонам. Ҳатто бисёр мавригиҳо кайҳост, ки ба забони дигар тарҷима ва суруда мешаванд ва матни тоҷикиашон фаромӯш шуда. Аммо он сурудҳоеро, ки дар гузоришатон ном бурдаед, дар ояндаи наздик нашр хоҳам кард.
      Таклифи ҳамкорӣ: Фаридҷон, агар имконатон бошад, ин гуна сурудҳо (сурудҳои қадимаи мардумӣ, мавригиҳо)-ро ёфта тавонед, як мавзӯи (рубрикаи) нав кушоям ва Шумо онро худатон бо номи худатон баред. Таҳрир ва вироста кардан тани ман. Емейли ман zarowadk@gmail.com

  • Барои кушодани торнамои ҳамабоб (универсалӣ) Шуморо табрик мегум, баъзан калимот (терминхо)-е ки хаст техники аз ин торнома бахравард шудам . Муташакирам

    • Ба Шумо низ ташаккур!

  • Аз сайти Шумо хело хушнуд шудам.
    Хостам бифаҳмам, ки ЗАРОВАДК чи маъноеро дорост. Рустое ҳаст дар н.Айнӣ Зароварк (Зароватк), ки расман Зеробод номгузорӣ шуда. Шояд ҳамрадифи Заровадки Шумо бошад.
    Ба ман ғазали Ҳилолӣ зарур шуд, матни саҳеҳи онро дар сайти Шумо пайдо кардам.
    Ташаккур аз Шумо!

    • Хуш омадед, бародар! Бале, чунин аст. Шодам, ки бароятон хидмате кардаам.

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


+ 1 = 4


error: Content is protected !!