Зуф

Абдуҳамид Тағоев / Окт.23.2014. / Гузориш нест

АЗ ВИРОСТОР:

zufi_kalon

Зуф
а) Plantago major, подорожник большой, зӯф, зуф, барги зулф, филгӯш, зуфтурум, занбарак, забони барра, гӯши хар,
б) Plantago lanceolata, подорожник ланцетный, зулфи ятимак, зулфак, морпечон, морпечак, тӯрмочак, чифак, чифи борик,
рустаниест аз хонадони зуфиҳо. Зуфҳо (ҳар ду намудаш) гиёҳи бисёрсолаанд.
Дар тамоми Тоҷикистон дар киштзорҳо, дар намзамину шӯрзаминҳо, лаби ҷӯйбору атрофи чашмаҳо вомехӯрад. Барги ин гиёҳ, аз қадим дар байни мардуми ҳамчун дармони дардҳои гуногун ба кор меравад. Масалан, дар миёни мардум онро ҳамчун дармони захму ҷароҳатҳои ҳам берунӣ ва ҳам дарунӣ медонанд.
Акнун ба «Канзи шифо»-и Ҳомидҷон Зоҳидов муроҷиат мекунем.

186. Зуф

zufi_borik

Ин растанӣ ду навъ мебошад. Якеро баргаш камбару дароз, аз миёни баргҳояш пояиборике мехезад, ки дар сари он поя тухм мебандад. Навъи дигареро барг васеъ ва шакли он дароз нест, назар ба барги хели якум калонтар. Агар банди барг ё баргашро аз бандаш ҷудо кунанд, чизҳои риштамонанд аз он зоҳир мегардад. Ин навъаш аз миёнаи поя то нӯгаш зич тухм мебандад. Баргашро барги зуф меноманд. Мо бо воситаи мушоҳидаҳои худ низ муайян намудем, ки ҳар ду навъаш ҳам барои давогӣ мешояд. Тухми навъи дуввумаш сиёҳтоби кулӯла майдатар аз навъи якум мебошад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст, вале дар тухм ва решааш хушкӣ зиёдтар мебошад.

ХИСЛАТҲОИ ШИФОБАХШИ ОН:

• ҳар як қисми зуфро бихӯранд, хун қай карданро манъ мекунад ва тамоми хунравиҳоро аз ҳама узвҳои ботинӣ банд менамояд (аз ҷумла хуни биниро ҳам) ва барои иллати саръ даво мешавад. Агар онро дар бинӣ бирезанд ё дар пеши сар ва сина гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.

• Обашро нимгарм батакрор дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад.
• Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд ё баргашро бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад, ҷӯшиш ва дигар бемориҳои даҳанро шифо мебахшад, ҳатто доначаҳои дар он дамидаро ҳам, ки бадтарин иллати даҳан аст, дафъ мекунад, милки дандони сустгаштаро мустаҳкам менамояд ва хунравиро аз он бозмедорад. Ва ё оби навъи борикбарги онро дар даҳан гардонанд, ҷӯшиши даҳанро дафъ мекунад.
• Оби баргашро хоҳ бичаконанд ва ё бимоланд, дарди чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад. Доруҳои чашм дар оби ин гиёҳ сойида мешаванд ва худаш низ ба давоҳои чашм дохил карда мешавад.
• Тухмашро бихӯранд, хунравиро аз дарун манъ мекунад.
• Наскро бо барги он якҷо пухта бихӯранд, дамкӯтаҳиро шифо мебахшад.
• Усораи онро, ки обашро дар офтоб ғафс гардонидашудаи он аст, биёшоманд, барои иллати диқ (лоғаркунанда), сил, хун қай кардан, захми шуш, дамкӯтаҳӣ ва ғалабаи хун, яъне аз фишори баланди хун ва саръ даво мешавад. Хӯрдани усораи он ҷигар, сипурз ва гурдаи гарммизоҷро қавӣ мегардонад, инчунин гиреҳи ин узвҳоро мекушояд, шиддати ташнагиро мешиканад, вайронии ҳазми таомро дафъ мекунад., хун қай карданро бозмедорад, хунравиҳоро, ки аз ҳар як узвҳои ботинӣ бошанд, манъ менамояд, сӯзиши пешобро, яъне сӯзокро шифо мебахшад, вле хуни ҳайз ва бавосирро мебандад.
• Реша, барг ё тухми онро бихӯранд, гиреҳи ҷигар, гурда ва хичакро мекушояд, инчунин ин ба давоҳои кушояндаи гиреҳҳои онҳо дохил карда мешавад, илова бар ин барои захми рӯдаҳо дармон мебошад.
• Наскро бо барги он якҷо пухта бихӯранд, ба ҷойи барги лаблабу баро иллати истисқо (водянка)-и гарм дармон мешавад.
• Инро бо намак, наск ва сирко пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад.
• Оби баргашро бо шароби тило (мусаллас) биёшоманд, барои дарди гурда ва хичак даво мебошад.
• Усораашро, яъне оби баргашро дар офтоб ғафс гардонида биёшоманд ё тухми онро дар об ҷӯш дода, бо он об нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад ва хуни бавосирро мебандад.
• Агар кӯфтаи барги зуфро занҳо аз таг бардоранд, дарди бачадонро, ки аз ҳуқна кардан ба ҳам расида бошад, таскин медиҳад.
• Гуфтаанд, ки агар се адад решаи онро бихӯранд, таби рӯздармиён ва чор адад решаи онро бихӯранд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Агар усораи барги онро бо 113 грамм шароб даромехта биёшоманд, табҳои тезро дафъ мекунад.
• Решаашро бо намак кӯфта гузошта банданд, заҳри саги девона газидаро дафъ мекунад.
• Барг ва решаи инро кӯфта гузошта банданд ё хушкашро кӯфта бардавом бипошанд, захмҳоро аз рим пок месозад ва решҳои хабисаи кӯҳна, ҷароҳатҳои чуқуррафта, сӯхтагии оташ, нори форсӣ ва решҳои давандаи хӯрандаро шифо мебахшад. Агар инро бо сафедоб (белила) даромехта гузошта банданд, чамра (карбункул) ном реши мӯҳлик ва филпоро аз афзойиш манъ намуда, баъд дафъ мекунад.
• Решааш ё баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад, мӯрчагазак, шаро (аллергия), сурхбод, варами пушти гӯш ва ханозер (хукгардан)-ро шифо мебахшад. Агар решаашро ба гардан овезанд ҳам, барои ханозер хуб таъсир мекунад.
Вале мегӯянд, ки истеъмоли ин ба дарун барои шуш зарар дорад. Барои дафъи ин зиёнаш асал бояд хӯрд. Инчунин усораашро бихӯранд, ба сипурз зиён дорад – дар ин ҳолат мустако бояд биёшоманд, то ки зарари он ислоҳ ёбад.
• Миқдори як бор нӯшидан аз оби барги он дар як рӯз аз 50 то 150 грамм аст. Ба ҷойи ин туршаки (щавели) бӯстониро истеъмол намоянд, раво бошад.
• Хосияти тухмаш монанди усораи барги он аст. Аз ҷумла 3,5 грамм аз ин биёшоманд, хунравиро аз қисми поёни бадан манъ мекунад.
• Ин тухмашро тафсонида бихӯранд, исҳолро мебандад;
• агар бо равғани бодоми ширин ё равғани гулисурх чарб карда бихӯранд ё танҳо худашро дар об ҷӯшонида, он обро бо тухмҳояш якҷо биёшоманд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, хунравиҳоро, ки аз дарун бошанд, мебандад.
• Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 10,5 грамм аст.
• Ин ҷо ду калима аз бозёфтҳои худ дохил намоем. Ҳар рӯз ба дили наҳор оби барги зуфро, яъне ним ё як соат пеш аз ношито ва бегоҳи рӯз низ аз 150 то 180 грамм то як моҳ бинӯшанд, саратони меъдаро шифо мебахшад.
© виростор А. Тағоев, 2014
Сарчашма: Ҳомидҷон Зоҳидов. Канзи шифо. – Д.: Ирфон, 1991. — 720 с. саҳ. 428-431

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


9 + 8 =


error: Content is protected !!