Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 4, боби 2

Абдуҳамид Тағоев / Июл.19.2013. / Гузориш нест

Фасли чорум
ОСИЁИ МИЁНА ДАР ДАВРАИ ТАРАҚҚИЁТ
ВА УСТУВОРШАВИИ СОХТИ ФЕОДАЛӢ

Боби дувум
АНҶОМИ ПРОТСЕССИ ТАШАККУЛИ ХАЛҚИ
ТОҶИК ВА СОЗМОНИ ДАВЛАТИИ Ӯ.
ДАВЛАТИ ТОҲИРИЁН, САФФОРИЁН ВА СОМОНИЁН
(АСРҲОИ IХ-Х)

1. ТАЪРИХИ СИЁСИИ АСРҲОИ IХ-Х

Қувват гирифтани ашрофи феодалии маҳаллӣ

Шӯришҳои пай дар пайи халқҳои Мовароуннаҳр, ки аз замони мавриди истилои хилофат қарор гирифтани Осиёи Миёна сар карда, ба муқобили ҳукмронии арабҳо давом менамуд, пас аз хобонидани шӯриши Муқаннаъ ҳам қатъ нагардид.
Дар соли 806 шӯриши бузурге бо сардории Рофеъ ибни Лайс ба амал омад. Шӯришиён қоиммақоми халифаро дар Самарқанд ба қатл расонида, муддати чанд вақт шаҳрро ба дасти худ гирифтанд. Дар ин шӯриш хусусан аҳолии Фарғона, Хуҷанд, Бухоро, Уструшан, Хоразм, Чағониён ва Хатлон фаъолона ширкат намуданд. Туркҳои бодиянишин ҳам ба кӯмаки шӯришиён омаданд.
Ин шӯриши калони халқ дар соли 810 фурӯ нишонда шуд ва ин ҳам фақат ҳамон вақт ба арабҳо муяссар гардид, ки сардори шӯришиён Рофеъ ибни Лайс дар нозуктарин лаҳзаи мубориза хиёнат карда, ба тарафи душман гузашт.
Дар солҳои минбаъда гоҳ дар Суғд, гоҳ дар Уструшан ва Фарғона шӯришҳои нав ба вуқӯъ меомаданд.
Ин ҳама шӯришҳо гувоҳӣ медоданд, ки қоиммақомҳои халифа Мовароуннаҳр ва Хуросонро фақат бо қувваи аслиҳа дар сари итоат нигоҳ дошта наметавонанд. Идора кардани ин мамлакат танҳо ҳамон вақт ба онҳо мумкин мешуд, ки аъён ва ашрофи маҳаллиро ҳарчи бештар ба корҳои давлатӣ ҷалб намоянд.
Аббосиён бо роҳи беш аз пеш ба умури идораи давлат кашидани намояндагони ашрофи маҳаллӣ ният доштанд, ки ҷидду ҷаҳди онҳоро барои истиқлолият суст намуда, дар мубориза ба муқобили шӯришҳои халқ ба онҳо такя кунанд. Бинобар он аз вақти ҳукмронии халифа Абӯҷаъфар ал-Мансур (754-775) сар карда, дар замони ворисони ӯ халифа Маҳдӣ (775-785) ва Ҳорунаррашид (786-809) вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳрро асосан намояндагони ашрофи феодалии маҳаллӣ, дар навбати аввал, вазирони насли Бармакиҳо ва Сомониён идора мекарданд. Вале ин тадбир боиси дар Осиёи Миёна мустаҳкам шудани ҳокимияти хилофат нагардида, баръакс, шароит ва имкониятҳои мусоиди аз таҳти ҳукмронии арабҳо озод шудани ин сарзаминро хеле инкишоф дод.
Дар ҳамин вақт дар Эрон ва Осиёи Миёна наҳзати (зиддиарабӣ, эронпарастии) ба истилоҳ шуубиён бисёр вусъат пайдо намуд. Аз миёнаҳои асри IХ шуубия асоси идеологии наҳзати халқии зидди хилофат мегардад (вай бештар дар муҳити деҳот паҳн гардида буд). Шуубия дар байни доираҳои маърифатноки аҳолии маҳаллӣ, ки бо ҳар васила бартарии мадании худро нисбат ба арабҳо таъкид мекарданд, низ шӯҳрати муайяне дошт. Дар айни замон фаъолияти он гурӯҳҳои ашрофи маҳаллӣ, ки ба иқтидори худ боварӣ дошта, барои комилан ба даст даровардани ҳокимият ва мустақил шудан аз хилофати араб саъй мекарданд, рӯз аз рӯз қувват мегирифт.
Ҳорунаррашид дар шахсияти Бармакиҳо беш аз пеш пурқувват шудани таъсири иқтисодӣ ва сиёсии ашрофи ғайриарабро дида ва аз он хавф бурда, амр кард, ки тамоми намояндагони хонаводаи Бармакиҳоро ба қатл расонанд.
Вай бо мақсади ба такягоҳи худ табдил додани рӯҳониёни ислом мавқеи онҳоро хеле баланд бардошт. Ӯ заминҳои зиёдеро ба рӯҳониён тақсим кард. Дар баробари ин вай сиёсати ба тарафи хилофат кашидани аъён ва ашрофи маҳаллиро низ давом дод. Аммо маҳв карда шудани насли Бармакиҳо, ки муддати 50 сол чи дар хилофат ва чи дар байни аҳолии маҳаллӣ нуфуз ва эътибори бузурге доштанд, нисбат ба идора кардани вилоятҳои шарқӣ сиёсати хилофатро тағйир надод. Вилоятҳои шарқӣ ҳамоно монанди аввала бо ёрии намояндагони аъён ва ашрофи заминдори маҳаллӣ идора мешуданд. Мавқеи ин аъёну ашроф махсусан аз соли 821, яъне вақте ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр сулолаҳои маҳаллӣ – аввалан, Тоҳириҳо ва сониян, Сомониён ба сари ҳукумат нишастанд, хеле пурқувват гардид.

Тоҳириён (821–873)

Ниёгони Тоҳириҳо шаҳри Фушанҷи вилояти Ҳиротро дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Сарсилсилаи ин хонадон ҳокими Фушанҷ Тоҳир ибни Ҳусайн буд. Дар вақти қоиммақоми Хуросон будани Маъмун, ки баъдтар ба маснади хилофат расид, Тоҳир дар дарбори ӯ нуфуз ва эътибори калон пайдо намуд. Соли 811, дар ҷанги байни ду бародар, яъне ворисони Ҳорунаррашид– Амин ва Маъмун, дар талоши ҳокимият Тоҳир лашкари Маъмунро сардорӣ кард. Ӯ дар соли 813 Бағдодро забт намуда, барои ба тахти хилофат соҳиб шудани Маъмун ба таври ҷиддӣ кӯмак расонд. Пас аз чанд вақт дар Бағдод сардори тамоми қувваи ҳарбии халифа буд ва баъд аз он, дар соли 821 ҳокими Хуросон таъйин гардид.
Тоҳир мамлакати Хуросон ва вилоятҳои Осиёи Миёнаро ҳамчун ҳукмрони мустақил идора мекард. Вай дар соли 822 ҳатто фармон дод, ки дар хутбаи намози ҷумъа номи халифаро ёд накунанд. Ин бо Бағдод қатъи алоқа кардани ӯро ифода менамуд. Пас аз чанд рӯзи ин воқеа Тоҳир вафот намуд. Нисбат ба ин марги ногаҳонии Тоҳир чунин фикре мавҷуд аст, ки ӯро ҷосусони халифа заҳр дода куштаанд.
Агарчанде Тоҳир майли тамоман ошкорои мустақилшавӣ дошт, халифа Маъмун ба ҳокими Хуросон писари ӯ Талҳаро (822-828) тасдиқ намуд. Писари дигари Тоҳир – Абдуллоҳ (830-844) дар ҳеҷ сурат худро мутеи хилофат надониста, Хуросонро бо ихтиёри худ идора мекард. Дар замони ӯ қароргоҳи Тоҳириён шаҳри Нишопур гардид. Халифа Мӯътасим (833-842) Абдуллоҳро хеле бад медид, вале барои саркӯбӣ ва мутеъ кардани ӯ ҳеҷ як чора ва имконияте надошт. Кӯшиши ба воситаи заҳр ҳалок сохтани Абдуллоҳ ҳам барор нагирифт.
Тоҳириҳо барои ташкил кардани ҳукумати мутамаркази қавӣ ва ба тартиб андохтани умури зироат тадбирҳои қатъӣ пешбинӣ намуданд. Онҳо тариқи беҳтар истифода бурдани обро ҷорӣ карда, наҳр ва каналҳои нав сохтанд. Мувофиқи супориши Абдуллоҳ машҳуртарин қонундонҳои мамлакат қоида ва мизони баҳрабарии обро дар корҳои зироат таҳти мутолиа қарор дода, китобе дар ин бора таълиф намуданд, ки муддати дусад сол дар ҳалли мубоҳиса ва моҷарои соҳаи об ва обёрӣ ҳамчун дастуруламал хидмат кард.
Номаи Тоҳир ибни Ҳусайн ба писараш Абдуллоҳ маҳфуз мондааст. Дар он ба тариқи панду насиҳат масъалаҳои давлатдорӣ, муносибат бо фуқаро, усулҳои андозгирӣ ва амсоли ин баён ёфтааст. Тоҳир ба писараш маслиҳат медиҳад, ки андозро аз рӯйи адлу инсоф бигирад ва аз он на бойҳо ва на наздиконашро озод накунад. Асли маънии ин «мувозибат» дар худи нома равшан ифода шудааст: «Бидон, ки сарват даромаде намеорад, агарчи фузун бошаду дар хазина бимонад, вале баръакс, мефизояд ва зиёдатар мегардад, вақте ки ба зарурати фуқаро, барои адои ҳаққи онҳо ва аз ташвиш озод шуданашон сарф шавад; рафоҳи ҳоли халқ бо ҳамин восита таъмин мегардад, ҳокимонро ин зеб медиҳад, шукуфонии даврон аз ҳамин аст, шӯҳрат ва қудратро ҳамин мебахшад… Дар айни вақт ту ба шарофати ин барои ҷамъоварии миқдори лозимаи андозаи замин имкон меёбӣ ва бойигарии ту афзун мешавад ва ин тариқа ту қуввае пайдо мекунӣ, то барои худ қӯшун нигаҳ дорӣ ва ба мардум дасти саховати худро боз намуда, ҳамаро аз худ шод гардонӣ». Тоҳир ин ҷо ҳамчун ҳимоякунандаи манфиати синфи худ баромад карда, дар айни замон чун шахсе, ки ба ҷуз хонахароб кардан ва аз иқтидори пардохти молиёт маҳрум намудан дигар нафъе надоштани зулму истисмори мардумро мефаҳмид, ба назар менамояд. Ӯ маҳз аз рӯйи манфиатҳои синфи худ ба истисмори «оқилона» даъват мекунад. Абдуллоҳ ҳам васиятҳои падари худро то андозае дар амал татбиқ намуд.
Абдуллоҳ инчунин кӯшиш намуд он худсариҳоеро, ки дар маҳалҳо заминдорони калон ва маъмурони давлат нисбат ба барзгарон раво медоштанд, то ҳадди имкон маҳдуд гардонад. Ӯ фармони махсус бароварда, аҳволи барзгаронро қадре ба сомон овард. «Худо ризқи моро бо дасти онҳо мерасонад,– гуфта мешуд дар фармони Абдуллоҳ, – ба забони онҳо моро табрик мекунад ва ранҷонидани онҳоро манъ кардааст».
Худ аз худ маълум аст, ки Абдуллоҳ як шахси ҳимоякунандаи манфиати барзгарон набуд; вай фақат манфиати заминдорони калон ва бозургононро дар назар мегирифт. Ӯ «наранҷонидани» зироаткунандагонро танҳо аз ҳамин сабаб талаб мекард, ки бидуни ин ба таври маъмулӣ дохил шудани молиёт ба хазинаи давлат мумкин набуд.
Вазъияти аҳолӣ ва хусусан барзгарон дар замони Тоҳириҳо низ хеле вазнин буд. Онҳо аз тарафи заминдорони калон сахт истисмор шуда, дар ҳамин ҳол маҷбур буданд, ки ба давлат андозҳои аз ҳад зиёд бидиҳанд. Чунончи, дар соли 844 маблағи молиёте, ки аз барзгарон ситонида шуда буд, 48 миллион дирҳамро ташкил мекард. Шӯриши барзгарони Сиистон қариб ҳеҷ қатъ намешуд.
Тоҳириҳо барои маъмул гардидани дини ислом кӯшиш карда, чунин ният доштанд, ки рӯҳониёни исломро дар бобати сиёсати марказият додани давлат ба такягоҳи худ мубаддал намоянд. Дар аҳди Талҳаи Тоҳирӣ дар Уструшан, ки оини зардуштӣ нисбатан бештар маҳфуз монда буд, низ дини ислом ҷорӣ карда шуд. Абдуллоҳи Тоҳирӣ дар соли 840 ба ташкили мурофиаи ҷиноятӣ бар афшини собиқи Уструшан Ҳайдар, ки пас аз қабул кардани дини ислом яке аз сардорони ҳарбии халифа Мӯътасим гардида буд, мусоидат намуд. Афшин Ҳайдар дар вақти муҳокима ба он гунаҳкор карда шуд, ки ӯ барои пинҳон доштани асли мақсади худ дини исломро қабул карда, дар амал барои шӯриши Уструшан дар талаби истиқлол ва оини қадима тадорукот медид. Ҳангоми мурофиаи суд маълум гардид, ки уструшаниҳо фақат дар зоҳир дини исломро қабул кардаанд, аммо дар амал ба пайравии оини қадимаи худ давом медодаанд.
Давлати Тоҳириҳо ба миқдори зиёди амалдорони босавод эҳтиёҷ дошт. Аз ин ҷост, ки Абдуллоҳ кӯшиш мекард назар ба давраи гузашта дониш ва омӯзишро бештар дастраси оммаи васеи аҳолӣ гардонад. Абдуллоҳ низ монанди падари худ шоир буд. Бародарзодаи ӯ Мансур, ки Марв, Омул ва Хоразмро идора мекард, бо асарҳои фалсафии худ шӯҳрат пайдо карда буд. Писари Абдуллоҳ Тоҳири II (844-862) саъй мекард, ки дар ҳар бобат ба падараш тақлид намояд. Умуман, замони ҳукмронии Абдуллоҳ ва Тоҳирро метавон оғози эҳёи маданияти маҳаллӣ номид. Аммо ин протсесс хеле мураккаб ва ихтилофомез буд. Гап дар сари ин аст, ки худи намояндагони сулолаи Тоҳириён, хусусан Абдуллоҳ ибни Тоҳир, ба маданияти араб ва тамоми зуҳуроти он ихлос доштани худро бо исрор таъкид мекарданд. Дар асри IХ ва ибтидои асри Х дар Эрон ҷамоатҳои зардуштӣ нашъат пайдо карда, маҳз дар ҳамин вақт чунин асарҳои зардуштӣ, аз қабили «Бундаҳишн» ва «Динкард», инчунин як қатор таълифоти ғайридинӣ ба вуҷуд меоянд. Тоҳириён ҳамаи инро ба эътибор нагирифта наметавонистанд, хусусан, ки аз ҷиҳати сиёсат душмани асосиашон хилофати Аббосӣ буд ва худи онҳо ба ҳамон вилоятҳое такя мекарданд, ки аксари аҳолиашон эронизабон буданд. Маҳз аз ҳамин сабаб Тоҳириён ба шоирон, алалхусус, мӯътақидони шуубия иҷозат медоданд, ки онҳоро бо подшоҳону қаҳрамонони Эрони пеш аз ислом қиёс карда, ситойиш намоянд. Дар дарбори Тоҳириён дар қатори забони арабӣ забони форсӣ ҳам мустаъмал буд. Дар Марв китобхонае вуҷуд дошт, ки асарҳои ба забони паҳлавӣ навишташуда нигоҳ дошта мешуд.
Бояд эътироф намуд, ки роли бузургро дар тараққии маданияти маҳаллӣ на Тоҳириҳо, балки Саффориҳо бозиданд.

Саффориён (873–903)

Дар асрҳои IХ–Х, ба мисли давраҳои гузашта, яке аз вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ дар воҳаҳои зироатии Осиёи Миёна ташкил кардани муҳофизати ин воҳаҳо аз ҳуҷуми ғоратгаронаи бодиянишинон буд. Бо ҳамин мақсад дар ин давра дастаҳои махсуси фидоиёни мусаллаҳ ташкил дода шуда буданд, ки онҳоро ғозӣ — муборизони роҳи дин меномиданд. Ба сафи ғозиён аксаран барзгарон ва пешаварони муфлис дохил мегардиданд. Ин одамоне, ки ҷангро касб карда гирифта буданд, ба ҳамон ҷоҳое фиристода мешуданд, ки бо «кофирон» задухӯрд ба амал меомад.
Ҳокимони маҳаллӣ ин фавҷҳои ғозиёнро барои хизмат ба истеҳкомоте, ки дар ҳудуди байни воҳаҳои зироатӣ ва саҳрои бодиянишинон воқеъ гардида буданд, мефиристониданд. Чи навъе олими ҷуғрофидони араб — Мақдисӣ қайд мекунад, ғозиҳо «ҳам такягоҳ ва ҳам як воситаи нооромии» ҳукуматдорони маҳаллӣ буданд, онҳо, аз як тараф, ба тааррузи бодиянишинон зарба дода воҳаҳои зироатиро аз тохтутози душманон муҳофиза намоянд, аз тарафи дигар, дар наҳзати халқии зидди аъёну ашрофи маҳаллӣ фаъолона иштирок мекарданд.
Дар охири асри IХ фавҷҳои мусаллаҳи ғозиён асоси он ҷунбиши бузурги халқиро, ки дар ҳудуди Осиёи Миёна ва Эрон рӯй дода буд, ташкил намуданд. Ин ҷунбиши халқро бародарон Яъқуб ибни Лайс ва Амр ибни Лайс ба манфиати худ истифода бурданд. Ин ду бародар дар аввали кор як дастаи роҳзан ташкил доданд, ки дере нагузашта ин даста ба яке аз фавҷҳои ғозиёни тавобеи Сиистон ҳамроҳ шуд. Истеъдоди ҷанговарӣ ва диловарӣ ба Яъқуб имконият дод, ки дар андак фурсат роҳбарии фавҷро ба дасти худ бигирад. Ин фавҷ ба ҳаёти сиёсии вилоят фаъолона иштирок намуд ва аз шӯриши мардумони воҳаҳои зироатӣ истифода бурда, дар соли 861 ҳокими Тоҳириҳоро ронд ва маркази Сиистон шаҳри Заранҷро забт кард.
Яъқуб ҳукмрони ин вилоят гардида, дар зарфи даҳ соли оянда як қатор вилоятҳои шарқии хилофатро тасарруф кард, ки онҳоро то ин вақт охирин намояндаи силсилаи Тоҳириҳо – Муҳаммад ибни Тоҳир (862-873) идора менамуд. Дар соли 873 Яъқуб ба қувваи ҳарбии Тоҳириҳо шикаст дода, маркази Хуросон шаҳри Нишопурро забт кард. Ба ҳамин тариқ, ҳокимияти Тоҳириҳо дар Осиёи Миёна ва вилоятҳои шарқии Эрони кунунӣ тамоман аз байн рафт.
Агарчанде ҳукумати Бағдод аз ин муваффақиятҳои Яъқуб хеле ба изтироб афтода, барои бештар паҳн нагардидани нуфузи ӯ баъзе чораҳо пешбинӣ карда бошад ҳам, натиҷае набахшид. Аз ин сабаб халифа дар соли 874 ин амри воқеиро эътироф намуда, маҷбур гардид, ки идора кардани тамоми хоки Хуросонро ба Яъқуб супорад.
Яъқуб то охири ҳаёти худ ҳамчун як нафар марди ҷангии содда ва шикастанафс боқӣ монд, либоси оддии ресмонӣ мепӯшид, ба палос ва қолин аҳамият надода, ба замин менишаст ва дар вақти истироҳат сарашро ба ҷойи болишт ба рӯйи сипари худ гузошта мехобид. Дар айни ҳол вай бо мароми ҷунбишҳои халқии Осиёи Миёна ягон қадар наздикие надошт.
Дар байни лашкариёни ӯ интизоми сахт ҳукмфармо буд. Худи ӯ намунаи диловарии ҳайратангезеро нишон дода, аз сарбозон ва сардорон низ инро бо қатъият талаб мекард. Дар яке аз ҷангҳо рӯйи ӯро бо шамшер зада чунон маъюб карда буданд, ки бист рӯзи тамом ба даҳонаш найча гузошта хӯрок мехӯрд. Пас аз сиҳат шудан боз мисли пештара далерона ба корзор даромад.
Яке аз қисмҳои асосии қӯшуни ӯро сарбозони «фидоӣ» ташкил мекарданд, ки гоҳо онҳоро бо оҳанги кароҳатомез «айёр» ҳам (ба маънии «қаллоб» ва «роҳзан») мегуфтанд. Ин табақаи махсуси «муҷоҳидони роҳи дин» буд, ки сафи худро аз ҳисоби барзгарони безамин ва фирорӣ пурра мекард. Айёрҳо дар ҳаёти сиёсӣ роли муҳим мебозиданд, аз ҷумла, онҳо дар Сиистон ба муқобили истилогарон бо матонати тамом мубориза бурданд. Зоҳиран ҳамон айёрҳоеро, ки дар ҷанг беш аз ҳама диловарӣ нишон медоданд, ба мартабаи баландтар бардошта, ба гурӯҳи сарҳангҳо дохил мекарданд. Дар қатори айёрҳо фарзандони деҳқонон ва заминдорон ҳам буданд, ки онҳоро «озодагон» меномиданд. Ғайр аз ин дар қӯшун дастаҳои махсуси ғуломон ҳам мавҷуд буданд. Аввалҳо дар ихтиёри Саффориён ҳамагӣ 2-3 ҳазор сарбоз буд, аммо дар солҳои 874-75 Яъқуб дар як муҳориба 15 ҳазор аскари савораро ба корзор даровард. Қӯшуни саффорӣ мошинҳои ҳарбӣ ва филҳои ҷангӣ дошт. Дар вақти ҳуҷум ба гузоштани дастаи пешоҳанги муҳофиз ва таҷассус аҳамияти калон дода мешуд. Сарбозҳо дар ҳар се моҳ маош мегирифтанд. Ҳар вақт дар айёми Наврӯз тафтиши қӯшун ба амал меомад. Аз сарбоз то сардори қӯшун ба амалдори махсус аспу силоҳи худро намойиш медод ва, сипас, пул мегирифт.
Муваффақиятҳои Яъқуб ибни Лайс аҳволи вазнини меҳнаткашонро, ки ӯ бо ёрдами онҳо ба ин дараҷа расида буд, заррае тағйир надод. Яъқуб ғолибан ба заминдорони хурд ва миёнаи феодалӣ такя менамуд. Ӯ дар вилоятҳои забткардаи худ тамоми тартиб ва қоидаи мавҷударо бо ҳамон ҳолати пештара боқӣ гузошт, ҳатто миқдори молиётро, ки бар дӯши барзгарон бори гароне буд, кам накард.
Дар соли 876 Яъқуб бо нияти ғасб кардани ҳокимияти хилофат ба Бағдод лашкар кашид, лекин то он ҷо нарасида, 100 км дуртар дар мавзеи Дору-л-Акул аз тарафи қувваи ҳарбии халифа ба шикасти сахт дучор гардида, ақиб нишаст. Чӣ навъе ки манбаъҳои таърихӣ нишон медиҳанд, яке аз сабабҳои мағлуб шудани Яъқуб ибни Лайс кӯмаки Алӣ ибни Муҳаммади Бурқаиро рад кардани ӯ буд. Алӣ ибни Муҳаммад ба шӯриши зангиёни ғулом дар Ироқ, ки тақрибан 14 сол (869-883) давом намудааст, сардорӣ мекард. Яъқуб ибни Лайс, ки худ тарафдори ғуломдорӣ буд, аз иттиҳод бастан ба ғуломон ор кард ва аз ин сабаб кӯмаки пешниҳодкардаи пешвои шӯришиёнро напазируфт. Пас аз се соли лашкаркашии бемуваффақият ба Бағдод асосгузори сулолаи Саффориён Яъқуб ибни Лайс вафот кард. Лашкариёни ӯ бародараш Амр ибни Лайсро ба тахт нишонданд.
Амр ибни Лайс (879–900) дар баробари ишғол кардани ҷойи бародари худ фавран ба халифа муроҷиат намуда, итоати худро бо маркази хилофат изҳор кард. Ин буд, ки аз тарафи халифа мансаби қоиммақоми Хуросон ва идора кардани як миқдор вилоятҳои шарқии Эрон ба ӯ супорида шуд. Лекин дар амал Амр ҳам мисли Тоҳириён истиқлолияти худро аз хилофат нигоҳ медошт. Бар тибқи маълумоти сарчашмаҳо, вай як шахси дар идора кардан соҳибтадбиру доно ва лашкаркаши тавоно буд.
Дар асоси баъзе мадракҳо чунин тахмин кардан мумкин аст, ки Саффориҳо наҳзати мазҳабии шиаҳоро, ки дар байни барзгарон ва пешаварон муваффақият пайдо карда буд, ба дараҷаи хеле зиёд истифода бурдаанд (ҳатто ривояте ҳаст, ки гӯё Яъқуб «Мо ба ҷойи Каъба парастиши офтобро ҷорӣ мекунем», гуфта бошад).

Таъсиси давлати Сомониён

Сохти давлатӣ ва ташкили дастгоҳи идораи он

Низоъҳои байнихудии феодалӣ ва суст шудани давлати Сомониён. Истилои Қарохониён

2. ХОҶАГӢ, МАДАНИЯТИ МОДДӢ, МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ
Хоҷагии қишлоқ

Истеҳсоли маъдан ва кӯҳкорӣ

Истеҳсоли шиша ва сафололот

Дигар намудҳои касбу ҳунар

Бинокорӣ ва меъморӣ

Тиҷорат ва муомилоти пул

Бухоро – маркази давлати Сомониён

Созмони инъомоти феодалӣ ва заминдории шартӣ

Рентаи феодалӣ, ҳаёти деҳқонон ва наҳзатҳои халқӣ

Анҷоми ташаккули халқи тоҷик

Оид ба масъалаи пайдоиш ва инкишофи забони адабиёти классикии тоҷик

3. ИЛМ ВА АДАБИЁТИ ХАЛҚИ ТОҶИК (АСРҲОИ 1Х-Х)
Тараққиёти адабиёти бадеӣ

Илму фан


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


4 − = 1


error: Content is protected !!