Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

qoidaho

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458 тасдиқ шудааст

1. Алифбо. Тартиб ва номи ҳарфҳо

1) Алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф дорад:

Аа

Бб

Вв

Гг

Ғғ

Дд

Ее

а

бэ

вэ

гэ

ғэ

дэ

йэ

Ёё

Жж

Зз

Ии

Ӣӣ

Йй

Кк

йо

жэ

зэ

и

(и-и дароз)

йот

ка

Ққ

Лл

Мм

Нн

Оо

Пп

Рр

қэ

эл

эм

эн

о

пэ

эр

Сс

Тт

Уу

Ӯӯ

Фф

Хх

Ҳҳ

эс

тэ

у

(у-и дароз)

эф

ха

ҳэ

Чч

Ҷҷ

Шш

Ъъ

Ээ

Юю

Яя

чэ

ҷэ

ша

сакта

э

йу

йа

2. Имлои садонокҳо

2) Ҳарфҳои а, о, у дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд: абр, баҳор, замон, хона, дара; об, овоз, бол, бод, доро, тавоно; умед, усто, бузург, суруд, бозу, гесу, неру, абру ва ғ.
Эзоҳ. Дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ у навишта мешавад: бону, зону, неку, паҳлу, олу, орзу, дору, оҳу, аду ва ғ.
3) Ҳарфи и дар оғоз ва байни калима навишта мешавад: истгоҳ, иншо, дил, нигоҳ ва ғ.
4) Ҳарфи и дар анҷоми калима дар мавридҳои зерин навишта мешавад:
а) ҳамчун изофат: кишвари сарсабз, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кӯҳи баланд ва ғ.;
б) дар пешояндҳои барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғ.;
в) дар пайвандакҳои ки, чи, чунки, агарчи, ё ин ки, ба сабаби он ки ва ғ.;
г) дар исмҳои хоси иқтибосӣ: Леонардо да Винчи, Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Миссисипи ва ғ.;
ғ) дар исмҳои ҷинси иқтибосии такси, туфли ва ғ.
5) Ҳарфи ӯ (у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ (й), рӯ (й), мӯ (й) ва ғ.
Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад.
Эзоҳ. Ҳарфи ӯ дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғ.
6) Ҳарфи ӣ дар анҷоми калима навишта мешавад:
а) дар калимаҳои решагии навъи моҳӣ, ҳавлӣ, шолӣ, биҳӣ, холӣ ва ғ.;
б) ҳамчун пасванди калимасоз: дӯстӣ, бародарӣ, далерӣ ва ғ.;
в) дар бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: омадӣ, гуфтӣ, ҳунармандӣ, ту ҳунарманд ҳастӣ ва ғ.;
г) дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?: кӣ омад?, чӣ шуд? ва ғ.
7) Ҳарфи э тибқи қоидаи маъмул дар оғози як теъдод калимаҳои иқтибосӣ навишта мешавад: эҷод, эзоҳ, эҳсон, эҳтиром, эҳтимол, элак, эрка, эстрада, экватор, экспертиза, экскаватор ва ғ.
а) дар оғози чанд калимаи тоҷикӣ дар асоси имлои таърихӣ ҳарфи э навишта мешавад: Эрон, Эраҷ, эдун, эзид, эдар, эшон ва ғ.;
б) агар калима бо ҳарфи э оғоз шавад, ин навишт ҳангоми калимасозӣ низ риоя мешавад: тозаэҷод, соҳибэҳсон, боэҳтиром ва ғ.;
в) дар байн ва анҷоми калима ба ҷойи ҳарфи э ҳарфи е навишта мешавад: меҳр, себ, шанбе, се ва ғ.

3. Имлои ҳамсадоҳо

8) Ҳарфи ж дар се мавқеъ навишта мешавад: жола, жарф, жӯлида, лағжидан, нажод, пажӯҳиш, аждаҳо, жож ва ғ.
9) Ҳарфи й (йот) дар мавридҳои зерин навишта мешавад:
а) дар оғози калимаҳои иқтибосӣ: йод, йог(а), йот, йӯрға ва ғ.;
б) дар байн ва анҷоми калима: кайҳон, майдон, айвон, май, най, ҷой, пой ва ғ.;
в) ҳарфи й пеш аз садонокҳои а, о, у, э (е) дар якҷоягӣ бо ин садонокҳо бо як ҳарф навишта мешавад: й+а=я, й+о=ё, й+у=ю, й+э=е: поя, соя, ёр, ёд, дарё, бурё, юнонӣ, юғ, ем, елим ва ғ.
Эзоҳ. Калимаҳое, ки таърихан дар таркиби худ ҳамсадои й доранд, аз ин қоида истисно мебошанд: чой (чойи сиёҳ), ҷой (ҷойи муносиб), лой (лойи нарм), пой (пойи чап); дар калима ва таркибҳои навъи найистон, оройиш, осойиш, чораҷӯйӣ, рӯйи хотир, ба рӯйи, ба сӯйи, ба ҷойи ва ғ.
10) Ҳамсадои н пеш аз б ба сурати м талаффуз шуда, аммо тибқи меъёр н навишта мешавад: анбор, анбӯр, занбар, занбӯр, пунба, сунбул, танбал, танбӯр, шанбе ва ғ.
11) Дар калимаҳои иқтибосии русӣ ба ҷойи ҳарфи ц ҳарфи с (пеш аз садонок ва дар дохили калима пас аз ҳамсадо) ва ҳарфҳои тс (дар байни ду садонок) навишта мешавад: семент, сирк, консерт, конститутсия, дотсент, милитсия ва ғ.
12) Ҳарфи ъ дар байн ва анҷоми иқтибосҳои арабӣ ба ҷойи айн ва ҳамза навишта мешавад: аъло, баъзе, ҷамъ, мавзӯъ, навъ, матбӯъ, масъул, масъала, таърих ва ғ.
Эзоҳ. Агар ба калимаҳои иқтибосии бо ъ анҷомёфта изофат ва ё пайвандаки у илова гардад, ҳарфи ъ навишта мешавад: ҷамъи мардум, рафъи мушкилот, навъи ангур, табъу нашр, шамъу парвона ва ғ.
Ҳарфи ъ дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои фаъол ва таъин навишта намешавад: маориф, таом, мавзӯи баҳс, тулӯи офтоб, шурӯи кор, маҷмӯи ашъор ва ғ.
13) Имлои ҳамсадоҳои ташдиддор:
а) дар калимаҳои тоҷикӣ дар асоси усули таърихӣ сурат мегирад: арра, барра, парра, пашша, бурро ва ғ.;
б) ҳамсадоҳои ташдиддор дар калимаҳои иқтибосии арабӣ, тибқи қоида дар қолабҳои фаъъол (наҷҷор, раззоқ, ҳаммол); тафаъъул (ташаккур, таҳаввул, таназзул); муфаъъал (мураккаб, муаззам, мунаққаш); муфаъъил (мусаввир, мударрис, мумаййиз); мутафаъъил (мутавассит, мутакаббир, мутаҳаййир); мутафаъъал (мутақаддам, мутааххар); ва калимаҳои навъи иттиҳод, иттилоъ, иттисол, муттаҳид, муттафиқ, мубарро, муҷалло, мусаммо, мутасаддӣ, мутасаллӣ, мутаваллӣ, табарро, тавалло, тасалло ва ғ. навишта мешаванд;
в) ҳамсадоҳои анҷоми калимаҳои иқтибосии арабии навъи дур, кул, зид, қад, сир, хат, фан, ҳад ва ғ., ки таърихан ташдид доранд, дар калимасозию калимабандӣ ташдиди онҳо дубора барқарор мегардад: дурри ноёб, кулли мардум, зидди душман, қадди расо, сирри ҳарбӣ, фанни забон, ҳадди ақал, истилоҳи фаннӣ, кори хаттӣ, хатту савод, ҷидду ҷаҳд ва ғ.;
г) ташдиди йот якҷо бо ҳарфҳои йотдор дар шакли зер навишта мешавад: айём, тайёр, муҳайё, тахайюл, муайян, музайян ва ғ.

4. Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима

14) Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима дар асоси қоидаҳои зер сурат мегирад:
а) риояи якнавохтии ҳиҷо: бод-бон, ба-ро-дар, боғ-бон, хо-на, дӯс-тӣ, та-аҷ-ҷуб, та-бас-сум, маъ-руф, аъ-ло, эъ-лон, панд-но-ма ва ғ.;
б) агар ҳиҷо аз як садонок иборат бошад, ба сатри дигар гузаронида намешавад: на ба шакли а-ро-ба, о-во-за, о-ро-мӣ, балки аро-ба, ово-за, оро-мӣ ва ғ.

5. Имлои исм

15) Исмҳои навъи зерин ду тарзи навишт доранд:
а) як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳамсадои ҳ доранд: роҳ — раҳ, чоҳ — чаҳ, моҳ — маҳ, коҳ — каҳ, рӯбоҳ – рӯбаҳ ва ғ.;
б) як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳарфи й доранд: рӯй — рӯ, мӯй — мӯ, кӯй — кӯ, ҷӯй — ҷӯ, пой — по, сарой — саро, шӯй – шӯ ва ғ.
16) Якҷо навишта мешаванд:
а) бо артикли арабии ал-: алқисса, алвидоъ, алҳазар, алҳақ, алғараз ва ғ.;
б) ҳамаи қолабҳои исмҳои мураккаб: гулдаста, садбарг, гарданбанд, падарарӯс, сарфармондеҳ, хештаншинос ва ғ.;
в) агар ба воситаи пасванди —ӣ (-гӣ,-вӣ) аз шумораи миқдорӣ исм сохта шавад, танҳо калимаи охири шумора бо унсури —солагӣ якҷо навишта мешавад: бисту панҷсолагӣ, ду ҳазору панҷсадсолагӣ, ду ҳазору панҷсаду панҷсолагӣ ва ғ.;
г) исмҳое, ки дар қолаби исм + асоси замони ҳозираи феъл ва пасвандҳои —ӣ,ак сохта шудаанд: дастгирӣ, роҳсозӣ, навсозӣ, оташгирак, обкашак, тортанак ва ғ.;
ғ) исмҳои мураккабе, ки аз шумораву исм бо пасванди —а (-я) сохта шудаанд: себарга, чоркунҷа, чоргӯша, дуоба, сепоя ва ғ.;
д) исмҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнвандҳои -у- ва -о- аз асосҳои феъл сохта шудаанд: гуфтушунид, гуфтугӯ, рафтуомад, обутоб, гирогир, даводав, хезохез ва ғ.
17) Бо нимтире (дефис) навишта мешаванд:
а) исмҳое, ки ҷузъи шумораи онҳо бо рақам ифода шудааст: 1000-солагии зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино, 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1000-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, 1100-солагии давлатдории Сомониён ва ғ.;
б) номи баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ва равияҳои сиёсӣ: ҳизби сотсиал-демократӣ, сотсиал-демократ ва ғ.;
в) исмҳои мураккаби иқтибосии андоза: киловат(т)-соат, километр-соат, метр-сония ва ғ.;
г) исмҳои иқтибосии навъи: штаб-квартира, гран-при, экс-чемпион, контр-адмирал ва ғ.;
ғ) исмҳои таркибӣ аз қабили: вагон-ресторан, механик-ронанда ва ғ.;
д) дар номҳои осори классикӣ артикли ал тибқи қоидаи маъмул бо нимтире ҷудо карда мешавад: «ал-Қонун»-и Ибни Сино, «ат-Тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридаддини Аттор ва ғ.;
е) исмҳои иқтибосии навъи Волга-Дон, Коста-Рика, Ню-Йорк, Порт-Артур, Сан-Марино, Рио-де-Жанейро ва ғ.
18) Ҷудо навишта мешаванд:
а) таркибҳои ҷуфте, ки бо пайвандаки —у (-ю, -ву) шакл гирифтаанд: шаъну шараф, гӯшту нохун, молу ҳол, обу ҳаво, саъю кӯшиш, орзую ҳавас, дороиву сарват ва ғ.;
б) ҷузъи номҳои таркибии ҷуғрофӣ, ки дар қолаби ибораи изофӣ сохта шудаанд: Панҷи Поён, Сари Хосор, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Дур, Ростови лаби Дон ва ғ.;
Эзоҳ. Агар ҳар ду ҷузъи чунин исмҳо задаи ягона дошта бошанд, якҷо навишта мешаванд: Конибодом, Шаҳринав, Шаҳрисабз, Шаҳритус, Даштиҷум ва ғ.
в) исмҳои таркибии изофии зерин: аспи гули бодом, атласи абри баҳор, гули ошиқи печон, гули намози шом ва ғ.
19) Баёнияҳо ба таври зайл навишта мешаванд:
а) баёнияҳои изофӣ ва ҳамроҳии унвон, мансаб, лақаб, нисба, ки ба маънои аслии худ корбаст шудаанд, бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: амир Исмоил, шоҳ Аббос, Саидмӯъмини паҳлавон, Шокири муаллим, Набии мироб ва ғ.;
Эзоҳ. Агар баёнияҳо пас аз исми хос бе бандаки изофӣ омада бошанд, бо исм якҷо навишта мешаванд: Аҳмадмахдум, Салимпаҳлавон, Ҳошимкорвон, Қориишкамба ва ғ.
б) баёнияҳои хешутаборӣ ва эҳтиром бидуни алоқаи изофӣ бо исми хос якҷо навишта мешаванд: Акашариф, Бибиоиша, Шарофатхола, Барноапа, Шодиамак ва ғ.;
в) баёнияҳои изофии лақаб, ки бо исми хос омадаанд, бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Баҳроми Гӯр, Махдуми Гав, Муҳаррами Ғарч ва ғ.
20) Ному насаб ба таври зайл навишта мешавад:
а) бо бандаки изофӣ: Масъуди Саъди Салмон, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва ғ.;
б) бе бандаки изофӣ: Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим, Ғаффор Мирзо, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва ғ.;
в) бо пасвандҳои —ӣ, —зода (-зод), -иён, -пур, -духт: Сомонӣ, Асрорӣ, Мирзозода, Афсаҳзод, Довудиён, Нодирпур, Зафардухт ва ғ.;
Пасванди —ӣ тахаллус низ месозад: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Шукӯҳӣ ва ғ.
г) номи сулолаҳои таърихӣ: Ҳахоманишиҳо, Ашкониён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён ва ғ.;
ғ) исмҳои хоси шахс дар шакли ҷамъ бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Одинаҳо, Шоҳмуродҳо, Раҳимзодаҳо ва ғ.
Эзоҳ. Калимаҳои ибн, бинт, валад дар байни ном ва номи падар бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: Муҳаммад ибни Ҷарир, Робия бинти Каъб, Ёдгор валади Бозор ва ғ.
Калимаи ибн дар оғоз пеш аз исми хоси шахс ҷудо ва бо ҳарфи калон навишта мешавад: Ибни Сино, Ибни Рушд, Ибни Ямин ва ғ.
Исмҳои хоси шахс дар таркиби калимаи мураккаб бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: саъдисифат, ҳофизшиносӣ, мавлавихонӣ, бедилхонӣ ва ғ.
21) Бо ҳарфи калон навишта мешаванд:
а) номҳои Худо: Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Яздон, Аллоҳ;
б) номи мақомоти олии давлатӣ, мансабҳои олӣ ва рамзҳои давлатӣ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.;
в) калимаи аввал ва исми хоси таркиби номи рутбаҳои тахассусӣ, унвонҳои фахрии давлатӣ ва мукофотҳои олӣ: Мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ғ.;
Эзоҳ. Номи вазифа, мансаб, унвон, рутбаҳои давлатӣ ва ҳарбӣ, дараҷаҳои илмӣ бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиши миллӣ, доктори илм, профессор ва ғ.
г) исмҳои хоси маъмурӣ, ҷуғрофӣ ва кайҳонӣ (номи қитъа, кишвар, ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳа, уқёнус, баҳр, дарё, кӯл, обанбор, кӯҳ, сайёра) ва монанди инҳо: Осиё, Аврупо, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор, шаҳраки Сарбанд, уқёнуси Ором, баҳри Хазар, кӯли Сарез, дарёи Вахш, Офтоб, Моҳ, Замин, Зӯҳра, Зуҳал ва ғ.;
ғ) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии идора, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Фирдавсӣ ва ғ.;
Эзоҳ. Номи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, номи факултету кафедраҳо, шӯъба ва бахшҳои муассисаҳои илмӣ, маъмурӣ ва монанди инҳо бо ҳарфи хурд навишта мешавад: мактаби таҳсилоти умумии №50 шаҳри Душанбе, факултаи ҳуқуқшиносӣ, кафедраи забони тоҷикӣ, шӯъбаи илмҳои биология ва тиб, шӯъбаи танзими истилоҳот ва ғ.
д) калимаҳои мураккаби мухтасаршуда (ихтисораҳо)-е, ки аз ҳарфҳои аввали калимаю ибораҳо сохта шудаанд: ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон), ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), АИ (Академияи илмҳо), БМТ (Бонки миллии Тоҷикистон) ва ғ.;
Истисно: Ҳамаи ҷузъҳои номи созмонҳои байналмилалӣ тибқи қоидаҳои маъмул бо ҳарфи калон навишта мешавад: СММ (Созмони Милали Муттаҳид), САҲА (Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо) ва ғ.
е) ҳар як калимаи номи воқеаҳои таърихӣ: Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯриши Восеъ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғ.;
ё) калимаи нахуст ва исми хоси таркиби қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҳуқуқи башар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғ.;
ж) калимаи нахусти анҷуман ва ҷашнҳо: Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Ҷашни 1400-умин солгарди Борбад, Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.;
з) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи асарҳои бадеӣ, илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо, суруду мусиқӣ, филмҳо, асарҳои саҳнавӣ: «Марги судхӯр», «Писари Ватан», «Садои Шарқ», «Чӯли Ироқ» ва ғ.;
и) номи қаср, кох, китобхона, осорхона, театр, тарабхона, меҳмонхона, фурӯшгоҳ ва амсоли инҳо: Қасри миллат, Кохи Борбад, Кохи Ваҳдат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Фурӯшгоҳи марказӣ ва ғ.

6. Имлои сифат

22) Якҷо навишта мешавад:
а) пешвандҳои сифатсози ба-, бар-, бе-, бо-, но-, то-: бомаърифат, бофаросат, бомаслиҳат, баркамол, бебунёд, ноором, ношинос, тоалифбо ва ғ.;
б) сифатҳое, ки аз ибораҳои исмӣ (ҳамроҳӣ, изофӣ, пешояндӣ) бо пасвандҳои -а, —ӣ (-гӣ, -вӣ) сохта шудаанд: панҷсола, умумихалқӣ, байналмилалӣ, хонагӣ, дунявӣ ва ғ.;
в) сифатҳои мураккаб: солхӯрда, некандеш, бадхашм, тезгард, пешқадам ва ғ.
23) Бо нимтире навишта мешаванд:
а) сифатҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: (коғази) рах-рах, (мӯйҳои) тор-тор, (дили) реш-реш, (ҷигари) пора-пора ва ғ.;
б) сифатҳое, ки аз шумораву исм бо пасвандҳои -а, —ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: санги 50-грамӣ, нигини 5-қирота, вазни 32-килоӣ ва ғ.;
в) сифатҳои таъкидии навъи заб-зард, каб-кабуд, суп-сурх, сап-сафед, тип-торик ва ғ.;
24) Ҷудо навишта мешаванд:
а) сифатҳои таркибие, ки бо пайвандаки —у (-ю, -ву) сохта шудаанд: гулҳои сурху сафед, суханҳои пасту баланд, хешовандони дуру наздик, марғзори сабзу хуррам, масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ғ.;
б) сифатҳои ҷуфте, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бе— ва пешвандгунаҳои сер-, пур-, хуш— ва пайвандаки сохта шудаанд: бамеҳру муҳаббат, боақлу фаросат, бедолу дарахт, сершоху барг, пурнозу неъмат, хушобу ҳаво ва ғ.

7. Имлои шумора

25) Якҷо навишта мешаванд:
а) пасвандҳои шумораи тартибӣ —ум (-юм), -умин (-юмин): сеюм, сеюмин, панҷум, панҷумин, даҳум, даҳумин, шастусеюм, шастусеюмин ва ғ.;
б) шумораҳои мураккаби аз ёздаҳ то нуздаҳ ва аз дусад то нуҳсад: дувоздаҳ, шонздаҳ, ҳаждаҳ, сесад, шашсад ва ғ.;
Эзоҳ. Шумораҳои миқдорӣ ва тартибии зерин ду шакли навишт доранд: дуюм — дувум, сеюм — севум, чор — чаҳор, чорум — чаҳорум, чил — чиҳил, дусад — дувист ва ғ.
в) шумораҳои касрӣ: сеяк, чоряк, шашяк, даҳяк ва ғ.;
г) нумеративи —то бо шумораи миқдории бо ҳарф навишташуда: дуто, сето, даҳто, садто, ҳазорто ва ғ.
26) Бо нимтире навишта мешаванд:
а) шумораҳои тахминӣ: як-ду, се-чор, даҳ-понздаҳ, сӣ-чил, сад-дусад, ҳазор-ду ҳазор ва ғ.;
б) нумеративи —то аз шуморае, ки бо рақам навишта шудааст: 3-то, 5-то, 20-то, 100-то, 1000-то ва ғ.;
в) пасвандҳои шумораи тартибии —ум (-юм), -умин (-юмин) аз рақам: 5-ум, 12-ум, 2-юм, 30-юм ва ғ.
Эзоҳ. Агар шумораҳо бо рақамҳои римӣ навишта шаванд, пасванди -ум (-юм), -умин (-юмин) навишта намешавад: асри ХХ, синфи Х ва ғ.
27) Ҷудо навишта мешаванд:
а) шумораҳои таркибие, ки бо пайвандаки —у (-ю, -ву) сохта шудаанд: бисту як, сиву (сию) се, панҷоҳу панҷ, ҳазору сиву шаш ва ғ.;
б) шумораи касрӣ аз шумораи аслӣ: яку ним, дуву (дую) ним ва ғ.;
в) шумораҳои касрӣ бо пешоянди аз ҷудо навишта мешаванд: аз се як, аз шаш чор, аз панҷ се ва ғ.;
г) нумеративҳои дона, сар, нафар, даста ва амсоли инҳо аз шумора ва исми шумурдашаванда: ду дона себ, панҷ сар асп, ду нафар коргар, як даста гул ва ғ.

8. Имлои ҷонишин

28) Якҷо навишта мешаванд:
а) ҷонишинҳои сохта: ҳамин, ҳамон, ҳамчунин, ҳамчунон, ҳамдигар ва ғ.;
б) ҷонишинҳои мураккаб: инчунин, ончунон, инҷониб, онҷониб ва ғ.;
в) бандакҷонишинҳо (-ам, -ат, -аш, -амон, -атон, -ашон) бо калимаҳои дигар: китобам, китобат, китобаш, китобамон, китобатон, китобашон ва ғ.
Эзоҳ. Бандакҷонишинҳо ҳангоми ихтисор дар назм аз калима ба нимтире ҷудо карда мешаванд: писар-м, писар-т, писар-ш ва ғ.
29) Ҷудо навишта мешаванд:
а) ҷонишинҳои таркибӣ: ин гуна, он гуна, ин қадар, он қадар, ҳар як, ҳеҷ як, ҳар қадар, чӣ гуна?, чӣ хел?, чӣ қадар?, чӣ навъ? ва ғ.;
б) ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ? дар таркибҳо: чӣ хел?, чӣ гуна?, чӣ тавр?, чӣ қадар? ва ғ.
30) Бо нимтире навишта мешаванд:
Ҷонишинҳои номуайянӣ: ким-кӣ, ким-чӣ, ким-киҳо, ким-чиҳо, ким-кадом ва ғ.

9. Имлои феъл

31) Якҷо навишта мешаванд:
а) пешвандҳои феълии дар-, бар-, фар- (фур-), во-, боз-: даромадан, баромадан, бархостан, баргаштан, фаромадан (фуромадан), вохӯрдан, бозгаштан ва ғ.;
Эзоҳ. Пешвандҳои во ва боз ҳамчун калимаҳои мустақил ба маънои боз, яъне, кушода, озод аз феъл ҷудо навишта мешаванд: во кардан, во гузоштан, боз гардидан, боз хондан, боз истодан ва ғ.
б) пешвандҳои шаклсози ме- (ҳаме-), би- (бу-), на- (ма-): меравад, меояд, ҳамегуфт, бишкуфтан, нахостан, марав ва ғ.;
Эзоҳ. Агар ҳиссачаи инкории на ихтисор шавад, бо нимтире навишта мешавад: н-омӯзад, н-омад, н-осояд ва ғ.
в) бандакҳои феълии —ам, —ӣ, -ем, -ед, -анд ва бандакҳои хабарии —ам, —ӣ, -ем, -ед, -анд: хондам, хондӣ, хондем, хондед, хонданд; коргарам, коргарӣ, коргарем, коргаред, коргаранд ва ғ.;
г) бандаки хабарии аст бо сифати феълӣ: хондааст, гуфтааст, дидааст ва ғ.
32) Ҷудо навишта мешаванд:
а) ҷузъҳои феъли таркибӣ: даъват кардан (намудан, шудан), андеша кардан, сурх шудан, якҷо шудан ва ғ.;
б) ҷузъҳои феъли таркибии номии пешоянддор: аз бар кардан, аз ёд кардан, ба ҷо овардан, умр ба сар бурдан, дар бар гирифтан, ба воя расидан, ба кор бурдан ва ғ.;
в) шаклҳои таркибии феъл: хонда буд, нахоҳад хонд, рафта истода буд, ташкил карда мешавад, бояд иҷро кунад ва ғ.
г) бандаки хабарии аст аз ҳиссаҳои номии нутқ: коргар аст, доно аст, пешқадам аст, довталаб аст ва ғ.
Эзоҳ. Бандаки хабарии аст дар шакли ихтисор (ст) бо калима якҷо навишта мешавад: мардест, шахсест, доност, хонданист, рафтанист ва ғ.

10. Имлои сифати феълӣ

33) Якҷо навишта мешаванд:
а) сифатҳои феълии замони ҳозира бо пасванди —анда: хатмкунанда, ҷавобдиҳанда, нишондиҳанда, пешбаранда ва ғ.;
б) сифатҳои феълии замони гузашта бо пасванди —а: иҷрокарда, қафомонда, анҷомёфта ва ғ.;
в) сифатҳои феълие, ки аз феъли таркибии номӣ ва ибораҳои пешояндӣ сохта шудаанд: кори баанҷомрасида, ҷавони азхудрафта, пири барҷомонда, умеди барбодрафта ва ғ.;
г) сифатҳои феълии замони оянда бо пасванди —ӣ: фаромӯшнашуданӣ, иҷрошуданӣ ва ғ.

11. Имлои феъли ҳол

34) Якҷо навишта мешаванд:
Ҷузъҳои феъли ҳол бо пасванди –он (-ён): бозикунон, навозишкунон, сӯҳбаткунон, рақскунон, сурудгӯён ва ғ.
35) Бо нимтире навишта мешаванд:
а) феъли ҳоли такрор: ларзон-ларзон, хандон-хандон, хандида-хандида, давон-давон, лангон-лангон ва ғ.;
б) феъли ҳол бо ҷузъи номии такрор: пичир-пичиркунон, ҳай-ҳайгӯён, чаҳ-чаҳзанон ва ғ.
36) Ҷудо навишта мешавад:
Феъли ҳоли таркибии замони гузашта: аз ҳуш рафта (афтид), аз по афтида (маҷрӯҳ шуд) ва ғ.

12. Имлои зарф

37) Якҷо навишта мешаванд:
а) зарфҳое, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бар-, бе-, дар-, но- ва то— сохта шудаанд: баногоҳ, бакуллӣ, бодиққат, бомуваффақият, ботафсил, бар-вақт, барқасд, бемаврид, дарҳол, дарвоқеъ, ногоҳ, торафт ва ғ.;
б) зарфҳои мураккаб: дузону, дучанд, якзайл, якпаҳлу, чорзону, кинояомез, пасфардо, порсол, парерӯз, умрбод ва ғ.;
в) зарфҳое, ки аз шумораву исм бо пасвандҳои —а, ваӣ (-гӣ) сохта шудаанд: дудаста, дутоӣ, садметрӣ, седонагӣ, панҷдонагӣ ва ғ.;
г) зарфҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнванди —о- (-ё-) сохта шудаанд: дуродур, сарозер, лаболаб, пасопеш, паёпай ва ғ.;
ғ) дар зарфҳое, ки аз шумораи миқдории таркибӣ ва исми ченаку андоза бо пасванди —ӣ (-гӣ) сохта шуданд, танҳо калимаи охири шумора бо исм якҷо навишта мешавад: чорсаду панҷоҳкилоӣ, сиву ҳашткилоӣ, ҳафтсаду наваду шашдонагӣ ва ғ.
38) Ҷудо навишта мешаванд:
а) зарфҳое, ки аз такрори калима ва пешоянд иборатанд: дам ба дам, рӯз то рӯз, ваҷаб ба ваҷаб, сол ба сол, хона ба хона ва ғ.;
б) зарфҳое, ки аз ибораи изофӣ сохта шудаанд: дасти холӣ (омадан), сари остин (салом кардан), сари по (нишастан), пойи луч (давидан) ва ғ.
39) Бо нимтире навишта мешаванд:
а) зарфҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: аҳён-аҳён, доман-доман, даста-даста, гурӯҳ-гурӯҳ, зуд-зуд, оҳиста-оҳиста, сето-сето, ҷо-ҷо, халта-халта ва ғ.;
б) зарфҳое, ки ҷузъи шуморавии онҳо бо рақам ифода ёфтааст: 450-килоӣ, 300-грамӣ, 10-тонӣ, 90-сарӣ ва ғ.

13. Имлои пешоянд

40) Ҷудо навишта мешаванд:
а) пешоянд дар робита бо калимаҳои мустақилмаъно: аз сафар баргаштан, аз ӯ пурсидан, ба бозор рафтан, бар бом баромадан, бо дӯст нишастан, аз чор се ҳисса, дар бар гирифтан, аз ёд кардан, барои рафиқ, ҷуз модар (касе нозбардори фарзанд нест) ва ғ.;
б) пешояндҳои таркибии номӣ: пеш аз, пас аз, доир ба, роҷеъ ба, нисбат ба, оид ба ва ғ.;
в) таркибҳои пешояндии қолаби зерин: дар ба дар, рӯ ба рӯ, тан ба тан, пай дар пай ва ғ.
41) Бо нимтире навишта мешаванд:
Пешояндҳои изофии номии такрор: гирд-гирди, зер-зери, таг-таги, таҳ-таҳи, лаб-лаби, рӯ-рӯйи, пас-паси, сар-сари, қад-қади, пеш-пеши ва ғ.
Эзоҳ. Пешоянди ба бо ҷонишинҳои ишоратии ин, он ва ҷонишини шахсии ӯ дар назм чунин шакли навишт доранд: бад-ин, бад-он, бад-ӯ

14. Имлои пасоянд

42) Якҷо навишта мешавад:
Пасоянди — ро: Ватанро бояд дӯст дошт. Мо меҳмононро пешвоз гирифтем ва ғ.
43) Ҷудо навишта мешаванд:
Пасояндҳои номӣ ва вожаҳои пасояндии боз, пеш, қабл, замон, ҳамон (ҳамоно): ду сол боз, як ҳафта пеш, панҷ сол қабл ва ғ.
44) Бо нимтире навишта мешавад:
Пасоянди — ро пас аз қавс ва нохунак: Ман «Шоҳнома»-ро хондам. Ман Ватанам (Тоҷикистон)-ро ҳамчун Модар дӯст медорам ва ғ.

15. Имлои пайвандак

45) Якҷо навишта мешаванд:
а) пайвандакҳои мураккаб: балки, агарчи (гарчи), азбаски (баски), вагарна (варна), чунки ва ғ.;
б) пайвандаки —у, (-ву, -ю) бо калимаи пеш: ёру рафиқ, дӯсту душман, илмиву оммавӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва ғ.
46) Ҷудо навишта мешаванд:
а) пайвандакҳои ва, ки: устодон ва шогирдон. Забони модариро ҳама бояд хуб донанд ва гиромӣ доранд. Ӯ қавл дода буд, ки фардо меояд ва ғ.;
б) ҷузъи пайвандакҳои таркибӣ: то ки, вақте ки, зеро ки, бо вуҷуди ин (он) ки, сарфи назар аз ин (он) ки, аз сабаби ин (он) ки, ба қадре ки, ба тавре ки, бе ин (он) ки ва ғ.
47) Бо нимтире навишта мешаванд:
Пайвандакҳои ва, ки дар назм ба шакли ихтисор: в-аз (ва аз), в-ӯ (ва ӯ), к-аз (ки аз), к-он (ки он), в-имрӯз (ва имрӯз), к-омад (ки омад) ва ғ.

16. Имлои ҳиссача

48) Якҷо навишта мешаванд:
Ҷузъҳои ҳиссача ва калимаҳои модалии рехтаи навъи зерин: кошки, бигузор (бигзор), мабодо, даркор ва ғ.
49) Ҷудо навишта мешаванд:
а) ҳиссачаҳои на, фақат, танҳо, гӯё, магар, ҳатто, оё, ҳам, низ аз калимаҳои дигар: На омадед ва на пайғом фиристодед. Ин гапро танҳо (фақат) як кас медонист. Ҳатто баъд аз ҷаласа баҳс идома дошт. Оё (магар) ин кор барои Шумо вазнин нест? Меҳмон ҳам (низ) бо мо меравад ва ғ.;
б) ҳиссача ва таркибҳои модалии ҳа (ҳо), на (не), оре, бале, биё мон, гӯё ки, шояд ки, равад ки ва ғ.
50) Бо нимтире навишта мешаванд:
Ҳиссачаҳои -чи, -ку, -а, -да (-дия) пас аз калима: равем-чи, баргардем-чи, рафтед-ку, нагуфтед-ку, напурсидед-ку, наовардед-а, гуфтем-да ва ғ.

17. Имлои нидо

51) Якҷо навишта мешаванд:
Нидоҳо ва калимаҳои модалии зерин: дареғо, Илоҳо, Худоё, ҳайфо, раве, хезе, гурезе ва ғ.
52) Ҷудо навишта мешаванд:
Нидоҳои таркибии зерин: сад дареғ!, сад афсӯс!, бисёр афсӯс!, сад ҳайф!, ҳазор тавба!, во дареғо!, ҳай дареғ!, э вой! ва ғ.
53) Бо нимтире навишта мешаванд:
Нидоҳои такрор: бай-бай, баҳ-баҳ, вай-вай, ҳай-ҳай ва ғ.

18. Имлои калимаҳои тақлидӣ ва тасвирӣ

54) Бо нимтире навишта мешаванд: тақ-тақи дарвоза, шилдир-шилдири об, чак-чаки борон, тиқ-тиқи соат, милт-милти чароғ, ялт-ялти тилло, чир-чири малах, қар-қари зоғ, гулдур-гулдури раъду барқ ва ғ.
Эзоҳ. Ҳангоми бо пасванд навишта шудани ин гуна исмҳо нимтире гузошта намешавад: фирфирак, шаршара, ғарғара ва ғ.

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

гузориш 10

  1. салом ман савол дорам хат чист ва чанд навъ мешавад?

  2. Бехтарин дар шакли китоб партоед хуб мешавад.

  3. Да кадом калимахо ё мавридхо нохунак истифода мешавад?

  4. добавьте правило правописания высказываний с кавычками и тире, двоеточие и т.д.
    как ставятся знаки препинания еще нужно добавить.

    • Бубахшед, Манзура. Ин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ аст ва моро ҳаққи дар он ислоҳ даровардан нест.

  5. скачат имло

  6. имлои забони точики

  7. салом

  8. Ассалому алейкум ташаккури зиёд барои коидахои бехтарин

  9. скачать

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.