С. Улуғзода. Субҳи ҷавонии мо 4


Ятимӣ

Тобистон ба охир расид. Мо аз ҳавлии деҳагиамон кӯчидем. Ҳавлӣ ду хонаи пешайвоннок дошт, дар як хона худи мо ҷойгир шудем, хонаи дигарро анбор сохта, дар он озуқаи зимистонӣ — ғаллаи аз даравгарии падарам ва хӯшачинии ман ба даст омада ва сабзию пиёзу картошкаи аз полизи худамон рӯйидаро ҷой кардем.

Ман на фақат дастёри хона, балки акнун ёрирасони падарам ҳам шуда будам: бо ӯ ҳезум мекашондам, дар бозор харид мекардам, ба осиё мерафтам. Падарам аз ман розӣ буд ва ҳатто баъзан дар пеши одамҳо маро таъриф карда мемонд. Вале бо ин ҳама ба ман чунин менамуд, ки падарам ҳанӯз ҳам писари калониашро бештар дӯст медорад. Вай нахустфарзанди азизи худро бисёр ёд мекард, ба ӯ пазмон шуда буд.

Аз рафтани бародарам ба Тошканд се-чор моҳ гузашта бошад ҳам, аз вай ҳеҷ хабар набуд, — мо ҳайрон будем, ки чаро вай аз худ паёме намефиристад. Падарам торафт парешонхотир шуда дар ҳаққи бародарам ба ҳар гуна хаёлҳои андӯҳовар мерафт.

— Одамҳои аз Тошканд омадагӣ ҳам ягон хабар наоварданд. На дар куҷо буданаш маълум ва на аҳволи саломатиаш, — мегуфт вай гоҳе дилтанг шуда. Ва афсӯс хӯрда илова менамуд: — Чаро ман вайро дар вақти рафтанаш гусел накардам, бо вай гапзанон накардам?!

Аз ҳамқишлоқиҳои худамон як ҷавон рӯзе ба хонаи мо омада чунин хабари ҳаяҷонангез расонд:

— Амак, писаратон касал будааст. Ман навакак аз Тӯс омадам, дар он ҷо бо як ошнои аз Тошканд омадагиам вохӯрдам, вай писаратонро дидааст. Азизхон дар роҳ касал шуда монда худро ба Тошканд базӯр расондааст ва то имрӯз ҳам сиҳат нашуда, дар хонаи як нафар хеши худатон хобида будааст. Таъин карда фиристодааст, ки касал будани маро ба дадом расонед ва гӯед, ки тезтар омада аз ман хабар гиранд.

Падарам инро шунида дар ҷойи нишастагиаш шах шуда монд ва ба ҷавон ҳеҷ чиз нагуфт. Ҷавон рафт. Падарам соате аз ҷо нахеста, ба як нуқта чашм дӯхта нишаст. Ман бошам на танҳо аз бародарам, балки аз падарам ҳам ба хавотир афтода будам.

Шабҳо ҳоло хунук нашуда буданд, мо дар айвон мехобидем. Он шаб падарам аз хона набаромад. Дар хонаи торик танҳо нишаста буд ва аз он ҷо ҳиқ-ҳиқ гиристани ӯ ба гӯши мо мерасид. Маро хоб намебурд. Фақат наздики саҳар пинак рафта будам, ки баногоҳ риши падарам ба рӯям расида маро бедор кард. Вай маро ва Мухтори хобрафтаро бӯсида гуфт:

— Ман ба пеши бародарат меравам. Ҳамин ки сиҳат шуд, гирифта меоварам. Ту аз гапи бибиат набаро. Агар дер монам, хавотир накаш.

Мо ҳар ду ба тарафи модарандарам нигоҳ кардем: вай аз ғаму ғуссаи мо бепарво, дар ҷогаҳи худ ба кӯрпа печида хоб рафта буд.

— Аз укоят бохабар бош, — илова кард падарам.

Вай тӯшаи роҳ ва дигар лавозимоти сафарро дар хӯрҷин андохта ба рафтан тайёр шуда буд. Бо модарандарам хайрухуш накард, зеро ки зан, албатта, моҷаро мебардошт ва ҳаракат мекард, ки ӯро аз рафтан боздорад. Дар нимторикии субҳидамӣ оҳиста-оҳиста қадам монда аз назди мо дур шуд.

Баромада рафт.

Аз мобайн як моҳ гузашт. На аз падарам ва на бародарам хабаре наомад.

Боре ман аз новадони чашма ба сатил об мегирифтам. Як нафар ҳамдеҳаи мо, ки дар маҳаллаи дигар истиқомат мекард, ба наздам омада, дармонда- дармонда гуфт:

— Собир, ту акнун бачаи калон шудаӣ… ақлат даромадагӣ… Ин рӯз ба сари ҳар кас меояд…

Вай дам шуда монд, ман пай бурдам, ки бадбахтие, фалокате рӯй додааст.

— Аком мурдааст? — беихтиёр пурсидам ман.

Ҳамдеҳагиамон ба замин нигоҳ карда, ба аломати тасдиқ сар ҷунбонид ва гуфт:

— Баъди Азизхонро гӯрондан падарат ҳам… қазо карданд… Ман аз Тошканд як ҳафта пеш омада бошам ҳам, ба шумо чӣ хел гуфтанамро надониста гашта будам…

Сатил аз дасти ман ғалтид, обаш рехт, ман худамро ба замин партофта дод задам. Касе маро аз замин бардошт ва аз дастам гирифта ба хонаамон бурда монд. Мухтор ҳам доду фиғони маро дида ба фарёд омад. Он рӯз модарандарамон тараддуди ба деҳаи ҳамсоя, ба хонаи хоҳараш рафтан дошт. Вақте ки маро ба хонаамон оварданд, зан дар берун, дар дами дарвоза ба ароба савор шуда истода буд. Чун аз воқеа огоҳӣ ёфт, як лаҳза, фақат як лаҳза мушаввашхотир шуда:

— Наход?.. Хайр, хости Худо ҳамин будааст, чӣ илоҷ? — гуфту дигар дам назад. Ароба ба роҳ даромада ӯро гирифта бурд.

Мо бо Мухтор гирёну нолон мондем. Ман ӯро дар оғӯш гирифта ба худам ва ба вай мегуфтам:

— Акнун мо ятим шудем… Мо ҳеҷ кас надорем…

Ман дар умри бачагиам рӯзҳои аламнокро дида будам, аммо он ҳисси бекасии пурдаҳшате, ки дар он шаб ба ман рӯй дод, ҳеҷ вақте рӯй надода буд.

Шабро зор-зор гириста саҳар кардам. Барои он ки Мухтор аз хоб бедор нашавад, сарамро ба кӯрпа печонда бесадо мегиристам. Саргузаштҳои умри ёздаҳсолаам ба ёдам меомаданд. Солҳои аввалини дар деҳа гузаронидаамон, ба Тошканд кӯчиданамон, азобҳои дар Шиблӣ кашидаамон, хонаи дар завод гирифтаамон, зиндагонии хуши бо он ҳама заҳмат пайдо кардаамон, рафиқони руси хурдсолам, бародарам ва мусибати аввалини мо — вафоти модарам, табоҳии ҳол ва парешонии рӯзгори мо, ки пас аз вафоти модарам рӯй дод, ба пеши назарам меомаданд… Баъд аз он боз сафари пиёда ва роҳи дуродур, барфи кӯҳҳо, бедодгарии босмачиҳо, оби тези Оҳангарон…

Мо бо зӯри бозуи падарам аз нав соҳиби хонаю ҷо шуда, сарусомоне ёфта будем. Орзуи мактабхонӣ, ки дар ман пайдо шуда буд, торафт зиёд мешуд. То ҳол ба амал овардани ин орзу ба ман муяссар нашуд, зеро баъди вафоти модарамон додари хурдсолам дар дасти ман монда буд, ки ман бояд ӯро парастори мекардам. Акнун додарам калонтар шуда, бо кӯшишҳои падар зиндагонии мо ҳам як дараҷа ба осудагӣ расида буд ва ман ҷиддан умедвор будам, ки бародарам омада маро ба Тошканд гирифта бурда дар мактаб ҷо мекунад. Аммо акнун ҳамаи умедҳои ман барбод рафтанд. Мо на падар дорем, на бародар. Акнун «калони хона» манам, ман бояд на танҳо худамро, балки Мухторро ҳам поям ва калон кунам, зеро модарандарамон, бешакку шубҳа, моро партофта меравад…

Ҳамин тавр ҳам шуд: вай ба зудӣ моро партофта рафт. Амакам ҳавлии моро фурӯхт. Харидор дар бадали ҳавлӣ ба мо ҳашт пуд орди нахӯд, як сар барзагови хароб, чор пуд гандум, ду пуд зардолуи хушк ва як бузи оча-бача дод. Ҳаштяки мероси падарамон ба модарандар расид, ки аз ин ҷумла буз ҳам бо бачааш аз они вай шуд.

Аз он баъд рӯзи сахти ятимии мо сар шуд.

Моро амакам ба хонаи худ гирифт. Амакам зани дуюми худ Кароматро бо духтарчаи панҷсолааш Ҳалима гирифта буд. Аз зани якумаш як духтари бо ман ҳамсол ва як писари сесола дошт. Акнун бо ману Мухтор оилаи ӯ калон шуда рафт. Амакам умед дошт, ки бо фурӯхтани ҳавлии мо аҳволи иқтисодии худро дуруст кунад, аммо ин умедаш барбод рафт. Мувофиқи расму одат вай маҷбур буд ба вафоти бародари худ, яъне падари ман, ва инчунин ба як писари дар он қарибиҳо вафоткардаи худ оши худоӣ кунад. Маросим бисёр калон шуда рафт ва се рӯз давом кард, зеро хешовандони дуру наздик ва ошноҳои деринаи хонадони мо, ки дар деҳаҳои дигар зиндагонӣ мекарданд, ҳама дар як рӯз ҳозир шуда натавонистанд, балки бештаринашон дар рӯзи дуюм ва сеюм омаданд. Барои онҳо низ оши худоиро такрор кардан лозим мешуд. Хешовандони аздуромада баъзе як рӯз, баъзе ду-се рӯз дар хонаи амакам монданд. Дар ин муддат ҳамаи онҳоро хӯрондан лозим буд. Ба болои ин ҳама хароҷот ҳаққи хизмати мулло ва бибиотунҳое, ки дар маросими оши худоӣ Қуръон ва дигар китобҳои диниро хонда буданд, зам шуд.

Янгаам Каромат бо ёрии шавҳараш, модараш ва мо, бачаҳо, ҳар рӯз аз ду-се пуд орд нон ва се бор дар ду дег таом мепухт. Баъди гуселонидани меҳмони охирин хумҳои орд ва халтаҳои биринҷ ҳама холӣ шуда монда буданд.

Ҳезуми тароша ва шубоғи (шувоқи) барои зимистон захиракардаи мо ҳам сӯхта тамом шуда буд. Баъд ба амакам ва ман лозим омад, ки тамоми зимистон ба талу кӯталҳои дур рафта шубоғ канда ба хона кашонем.

Одатан бори шубоғи маро амакам мебаст ва зиёд мебаст; ман онро пуштора карда бо як азобу машаққат ба хона мерасондам. Дар арзи роҳ мо чандин бор нишаста дам мегирифтем, амакам аз ман пештар дамашро гирифта бармехост ва ба роҳ медаромад, ман бошам гоҳо аз гаронии банди шубоғ ба по хеста наметавонистам, меафтидам, борам маро ба замин пахш мекард, ман амакамро фарёд мекардам, вай борашро монда омада, ба хестани ман ёрӣ медод ва дашном мекард, ки «Бачаи ношуд, миҷморуқ! Ҳамин як бандча шубоғро ҳам бардошта наметавонӣ ва ҳол он ки инро бузғола ҳам бардошта мебарад!» Вай, албатта, муҳобот мекард, зеро бори ман қуввати як навҷавони понздаҳ-шонздаҳсолаи тандурустро талаб менамуд ва ҳол он ки ман бачаи ёздаҳсола будам.

Даме ки амакам бар ман хашм мегирифт, боиси хашмаш кӯфтагӣ ва гуруснагӣ буд, зеро мо пагоҳӣ ношто накарда ба шубоғканӣ мерафтем ва дар чоштгоҳ сахт гурусна монда, мурданивор монда шуда ба хона бармегаштем. Амакам ба воситаи кам хӯрдан хӯроквориро сарфа карданӣ мешуд. Вай чунин ҳисоб мекард, ки агар пагоҳӣ кас ношто накунад, намемурад ва ночор дар як рӯз фақат ду бор хӯрок мехӯрад, ки барояш басанда аст.

Рӯзҳое, ки ба шубоғканӣ ё ба ягон кори дигар намерафтем, хоҳу нохоҳ ношто карданамон лозим мешуд. Янгаам Каромат атола пухта ба ҳар кадоми мо, бачагон, яккосагӣ атола ва якбурдагӣ нони зағора медод. Зағораи пиёзнок ба ман бисёр бомаза менамуд — ман орзу мекардам, ки якто нони зағораро худам танҳо хӯрам. Аз бачагон фақат ба писари амакам — Ҳасани инҷиқ, ки ҳамсоли Мухтор буд, хӯроки зиёд мерасид, яъне ба вай нимта зағора медоданд, вале бо вуҷуди ин Ҳасан доим норозӣ буд ва гиря мекард.

Ҳасанро мо дамдузд мегуфтем. Вай дар як ҷо хомӯш менишаст ва баъзан аз пагоҳӣ то бегоҳӣ як калима ҳам гап намезад. Агар арзе ё талабе дошта бошад, нохост бо овози баланд гиря мебардошт. Маънии гиряаш ҳамин буд, ки вай гурусна ё ташна аст ё ки ҳоҷати берун рафтан дорад. Бачагони оилаи мо хандаю бозӣ мекарданд, шӯхӣ менамуданд, аммо Ҳасан на бозӣ мекард ва на ханда. Вай дам менишаст. Ҳар гоҳ ки фарёди ногаҳонии ӯ баланд мешуд, амакам ва янгаам аз ҷой ҷаҳида ба қонеъ кардани талаботи ӯ мешитофтанд.

Ҳасан дар як тарафи сандалӣ — тарафи девор менишаст ва ҳеҷ каси дигарро дар паҳлуяш нишастан намемонд. Оила, ки калон буд, мо ба ҳар кодоки сандалӣ дукасӣ менишастем, аммо як худи Ҳасан як кодокро банд карда буд. Агар баногоҳ ягон нафари мо дар паҳлуяш ҷой мегирифтем, фарёдзанон эътироз баён мекард.

Хоҳари вай Равшан ҳам гоҳ-гоҳ қаҳру истеза мекард. Вай оча ва бобои модарӣ дошт, амакам бо онҳо носоз буд ва духтарашро иҷозат намедод, ки ба хонаи онҳо рафтуомад кунад. Ин аст, ки агар Равшанро аз ягон ваҷҳ ранҷонанд ё ба иҷрои кори намехостагиаш маҷбур кунанд, вай даррав «ба хонаи очам меравам ва гашта намеоям» мегуфт. Амакам аз тарси ин ки мабодо вай рафта намонад, дар ҳама ҳол ба вай гузашт мекард. Мо ҳам поси хотири амакамро карда кӯшиш менамудем, ки Равшанро наранҷонем. Равшан аз ин истифода бурда, аз корубори хона гардан метофт, бинобар ин, янгаам ҳавлирӯбӣ, оббиёрӣ, ҳезумшиканӣ, ба оташдону танӯр аловмонӣ барин корҳоро ба ман мефармуд.

Аз зарфи об мо фақат якто сатили дароз доштем. Янгаам ҳар саҳар маро аз хоби ширин бедор карда ба об мефиристод. Ман зуд бедор намешудам; чун бедор мешудам, боз муддате худро ба хоб мезадам, аз ҷогаҳи гарм хестан намехостам. Дар барфу лой ба чашма барои об овардан побараҳна мерафтам, зеро мӯзаи ман, ҳамон мӯзае ки падарам дар Тошканд харида дода буд, даридагӣ, гаштаю баргашта дӯхтагӣ ва дар даҳ чояш дарбеҳ андохтагӣ буд, — агар пӯшида бароям, даррав ба дарунаш обу лой медаромад. Ман вайро фақат дар хунуки сахт, агар ба ҷойи дуртар равам, мепӯшидам. Ҷомаи кӯҳнаи даридаамро ба танам маҳкам печонида давон- давон ба чашма рафта об меовардам. Дар баробари ба хона дохил шудан сатилро дар пойгаҳ гузошта, зуд ба сандалӣ менишастам, ки поямро гарм кунам. Барои он ки саҳар бедорам накунанд, ман бегоҳӣ об оварда мемондам, аммо янгаам пеш аз бомдод хеста обро ба ину он сарф карда мемонд ва пас боз ночор маро бедор карда, ба об мефиристод. Равшан ва бачагони дигар бошанд, баҳузур хоб мекарданд. Лекин ман аз янгаам Каромат намеранҷидам; вай ба ҳамаи мо бо як чашм нигоҳ мекард ва меҳрубон буд ва ҳол он ки мо ҳамагӣ, ғайр аз духтарчаи худаш Ҳалима, ба вай бегона будем. Ман ҳис мекардам, ки вай нисбат ба ман ҳатто меҳрубонтар аст. Аз рӯйи сарфакорӣ вай хӯрокро зиёд намепухт ва мо серӣ намехӯрдем. Дар баҳор ва тобистон, вақте ки мо таомро дар айвон нишаста мехӯрдем, янгаам гоҳе баъд аз таом ба ман мегуфт:

— Собир, рав, дегро тоза карда мон.

Ман ба сари оташдони даруни хона рафта медидам, ки дар таги дег камтар хӯрок мондааст. Пас сари ду по нишаста ба хӯрдан сар мекардам. Янгаам ҳамаро ба гуфтугӯ машғул медошт, то ки овози ба дег бархӯрдани кафгир ё қошуқи маро нашунаванд, вагарна бачагони дигар мағал мебардоштанд.

Янгаам миёнақад, гулрухсор, чашмонаш калон- калон буда, ба модари ман монандӣ дошт. Ба чашми чапаш хол афтода буд. Назар ба гуфти худаш, дар айёми бачагӣ боре дар вақти тароша кафонданаш параха ба чашми ӯ зада будааст ва хол асари захми ҳамон параха будааст. Вай бисёр серғайрат ва кордӯст буда, аз бомдод то хуфтан ба пухтупазу дарздӯзию ҷомашӯйӣ ва боз сад гуна кори дигар машғулӣ мекард. Шаб боз дар рӯшноии чароғи сиёҳи милмилак чок медӯхт. Чевар буд, тоқии чустиро бисёр зебо медӯхт.

Дар рӯшноии милмилак вай ба модари ман боз ҳам монандтар мегардид; шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ман дар ҷогаҳи худам соатҳо аз вай чашм наканда мехобидам. Янгаам дар сари чокдӯзӣ пинак мекард, чунки рӯзона хеле монда мешуд. Магар бедор будани маро ҳис мекард, ки гоҳе бе он ки аз чокдӯзй сар боло кунад, оҳиста маро ҷеғ мезад:

— Собир!

— Чӣ мегӯед?

— Хез, як нафас ба пешам омада шин.

Ман гарчанде хобам омада бошад ҳам, зуд бархоста ҷомаамро пӯшида дар наздаш менишастам: медонистам, ки вай ба ман афсона хоҳад гуфт. Мақсади ман афсона шунидан ва мақсади вай ба воситаи афсонагӯйӣ хоби худашро гурезондан буд. Афсонаҳои аҷоиб мегуфт. Ман шунидани онҳоро чунон дӯст медоштам, ки тайёр будам ҳама шаб дар наздаш бедор нишинам. Ҳеҷ кас монанди вай афсонаҳои бисёр намедонист ва онро бо он хубӣ намегуфт. Аз ҳама зиёдтар афсонаи «Васияти падар» дили маро бурда буд. Инак, писари хурдӣ дар шаби торик боз ба сари қабри падараш омад ва ӯро ба некӣ ёд карда гирист. Нохост аз торикӣ шиҳаи асп баланд шуд. Писар нигоҳ карда дид, ки як аспи сафеди қанотдор бо ёли зебои махмалин ва зину лаҷоми заррин дар наздикаш истодааст.

«Ба болоям савор шав, ман туро ба куҷое ки хоҳӣ мебарам», — монанди одам ба забон омада гуфт асп. «Ман наметавонам, ман рамаи бародаронамро дар дашт монда омадаам ва бояд зудтар ба он ҷо баргардам», — гуфт писари хурдӣ.

Ман ин суханҳоро дар дилам такрор мекардам ва дар хаёли худам ба онҳо як маънои махсусеро, ки ба зиндагонии худам дахлдор бошад, нисбат медодам.

Духтари янгаам аз шавҳари якумаш — Ҳалима панҷсола буд. Ин духтарчаи сиёҳчашмаки кулчарӯй бисёр қобила ва хушфаҳм буд. Хурдтарак бошад ҳам, дар корҳои хона ба модараш ёрӣ доданро дӯст медошт.

Янгаам ӯро навозишҳои ғалатӣ мекард. Ҳар гоҳ ки меҳри модариаш метофт, ба духтарча мегуфт:

— Раҳматӣ дадот, соле ки ба Тошканд рафта буданд, аз он ҷо сурати нимподшоҳи Румро оварда буданд. Ман он суратро ба тӯппии ту андармон карда мемондам, ки аз чаккаат овезон шуда меистод. Чунон мезебид, ки! Духтарбачаҳои дигар ҳавасашон рафта: «вай, вай Ҳалимахонро бинетон, сурати нимподшоҳро ба чаккааш овехта гирифтааст-а!» мегуфтанд.

Ин ҳодиса яке аз дурахшонтарин хотираҳои янгаам буд.

Ман аз ӯ мепурсидам, ки нимподшоҳи Рум чӣ гуна будааст, янгаам мегуфт:

— Агар одам чил шабу чил рӯз роҳ гашта ба тарафи офтобшинам равад, ба шаҳри Рум мерасад. Подшоҳи он шаҳр дар равоқи баланд мешинад, ки ба он ҷо бо зинапояи заррини чилзинадор баромада мешавад ва подшоҳи Рум аз болои он равоқ саросари шаҳрашро дида мешинад. Нимподшоҳи Рум ноиби ҳамон подшоҳ аст…

Амакам худро мусулмони комил медонист ва диндори сахт буд. Ба масҷид пештар аз азон гуфтани муаззин ҳозир мегардид ва агар муаззин андак дер кунад, худаш ба ҷойи вай азон мегуфт. Ба даруни масҷид аз имом пештар даромада, аз ӯ баъдтар мебаромад. Ба намозхонӣ бо тасбеҳ рафта, пеш аз намоз ва баъд аз он муддате зери лаб пичир-пичир карда тасбеҳ мегардонд. Вай ба навигариҳое, ки баъд аз инқилоб пайдо шуда истода буданд ё назар ба гуфти одамҳо мебоист пайдо мешуданд, душман буд ва ба «уштилхона» нафрат дошт. Дар вақти зиндагии падарам ӯро ғоибона сарзаниш мекард, ки чаро ба писараш иҷозат дод дар «уштилхона» даромада хонад.

Медонист, ки ман сахт орзуманди мактабхонӣ ҳастам, аммо ба мактабхонии ман қатъиян муқобил буд ва бо хандаи истеҳзо «ба ту барин ятимча мактабхониро кӣ мондааст?» мегуфт. Вай акнун коркуне ба худ пайдо карда буд, ки он ман будам ва ҳеҷ намехост ин коркунро аз даст диҳад. Дар бораи таҳсили илм фикри вай чунин буд:

— Мактабхонӣ кори духтар аст, ба писарбача намезебад. Писарбача калонтар, ки шуд, барояш ғайр аз якта каланд, якта дос ва якта арғамчин дигар ҳеҷ чиз лозим нест.

Амакам духтараш Равшанро ба мактаби бибиотун дод. Бибиотун дар таги қалъа истиқомат мекард ва Равшан ба хонаи ӯ рафта сабақ хонда меомад. Ман аз мактабравии ӯ сӯзон-сӯзон ҳасад мебурдам. Ҳаваси мактабхонии маро ҳаҷв карда хандидани амакам ба ман бисёр алам мекард.

Равшан се-чор моҳ боз ба мактаб давом менамуд, аммо таҳсилаш аз оят ёд кардан онтарафтар намерафт. Ман ҳайрон мешудам, ки ин чӣ гуна мактабхонӣ аст? Чун Равшан аз мактаб бармегашт, амакам гоҳ-гоҳе аз вай мепурсид:

— Ку духтарам, имрӯз чӣ ёд гирифтӣ?

Равшан як силсила калимаҳои аҷибоҳанг, вале тамоман нофаҳморо, ки «таббат», «изоҷоа» ва монанди ҳамин номҳо доштанд, аз ёд мегуфт. Пайи ҳамдигар ва тез-тез мегуфт, то падараш гумон накунад, ки вай сабақи худро ба хубӣ аз ёд накардааст. Он калимаҳо ё дурусттараш овозҳо, гарчанде тамоман нофаҳмо бошанд ҳам, ба амакам ва янгаам таъсире мебахшиданд. Зоҳиран сабаби таъсир бахшидани калимаҳо ҳамин номафҳумии онҳо буд. Равшан сабақашро тӯтивор такрор мекард, амакам мешунавид ва шод мешуд, ки духтараш савод омӯхта истодааст.

Ман бошам, аз шодии амакам ҳайрон будам; охир, бародари ман ва Серёжа аз аввалин рӯзҳои мактабравиашон ба китобхонӣ даромада, дар ду-се моҳ хату савод бароварда буданд. Равшан бошад ҳоло ягон ҳарфро намедонад, — пас чӣ ҷойи шодӣ кардан аст?

— Одам аз барои хатдон шудан бояд чордаҳ сол риёзат кашад, — мегуфт амакам. — Ҳафт сол хатхониро ёд мегирад, ҳафт соли дигар хатнависиро.

Ман саводомӯзии бародарам Азизхонро нақл карда, ба дурустии сухани амакам шак меовардам. Амакам ҷавоб медод, ки:

— Бародарат дар мактаби кофирон хонда буд, хату саводи кофирон хату савод ҳисоб намешавад.

Гарчанде ки вай ин фикрро ба ман гаштаю баргашта талқин мекард, лекин дили ман боз ҳам ба «уштилхона» кашол буд. Ба ҳар ҳол, агар кор ба ман мемонд, ман ҳамон мактаберо интихоб мекардам, ки дар он ҷо тезтар хату савод баровардан мумкин бошад. Мактаби нав ҳоло дар деҳаи мо кушода нашуда буд, бинобар ин ман тайёр будам дар мактаби кӯҳна ҳам бошад хонам ва агар ин муяссар мешуд, сарам ба осмон мерасид. Аммо — ҳайҳот! — ин ба ман ҳеҷ муяссар намешуд.

Рафиқи ман Солеҳ

Вақти дарав буд. Амакам ҳар саҳар маро бедор карда, ба хӯшачинӣ мефиристод. Дар дашти байни деҳаи мо ва Қизилтеппа хӯша мечиданд. Пойлуч будам, пойҳоям аз халидани хору пояҳои гандуми даравида пур аз захм шуда буданд. Аммо дар офтоби сӯзон аз захми хору аз гуруснагӣ ҳам бештар ташнагӣ азоб медод: дар дашт об набуд, даравгарон оби нӯшиданиро дар кӯзаю қумғонҳо аз ҷойи дур меоварданд, ки ба ман намерасид ё ки хеле кам мерасид.

Баъди нимаи рӯз даҳ-понздаҳ даста хӯшаи чидаамро баста, пуштора карда ба деҳа ва аз деҳа ба боғ равон мешудам. Борам торафт вазнинтар мешуд ва арақ аз зери тоқиам ба чашму рӯям мешорид.

Дар нимаи роҳи байни дашту деҳа як ҷӯй ва дар лаби ҷӯй як сада буд. Ба ин ҷо расида, дар таги сада дам мегирифтам, аз оби ҷӯй ташнагиамро мешикастам ва нимто нони эҳтиётиамро дар он тар карда мехӯрдам. Имрӯз магар аз ҳарвақта зиёдтар монда шуда будам, ки дар таги сада бисёртар нишаста мондам.

Аз дур сиёҳии одам намудор шуд. Сиёҳӣ давон-давон аз ҷониби дашт меомад. Наздиктар омада буд, ки шинохтам: вай Солеҳ буд. Чеҳраи арақшораш ҳаяҷоннок ва нигоҳи чашмонаш асроромез буд. Маро дида хурсанд шуд ва ба паҳлуям омада, худро ба замин партофт.

— Ман туро диданӣ будам, нағз шуд, ки ёфтам!- нафасашро рост карда, саросемавор ба сухан даромад Солеҳ, — Ман ба Қизилтеппа, ба тӯйи хешамон рафта будам, ҳозир аз ҳамон ҷо омада истодаам. Дар вақти тӯй якбора босмачӣ зер карда омад. Одамҳо гурехтанд, келину домод ҳам руст шуданд. Ман ба девор хез зада баромада, худамро ба ҳавлии ҳамсоя партофтам. Бинам, ки босмачӣ аллакай он ҳавлиро ҳам талаву тороҷ карда истодааст. Ман дар пушти дарахт руст шуда, нигоҳ карда истодам.

Босмачиён мегирифтагиашонро гирифтанду баъд дар миёни ҳавлӣ тӯб шуда гапзанон карданд. Ман гӯшамро сих карда, гапатонро шунидам. Онҳо йигитҳои Орзумат буданд, дар байнашон писари Орзумат ҳам буд.

Ҳамаашон маслиҳат карда, ҳамин бегоҳ аз болои Баймоқ ва Дам гузашта, ба Шокафтар рафтанӣ шуданд. Ҳамин ки ман ин гапро шунидам, даррав аз даҳанаи таги девор худамро ба кӯча гирифта ба ин тараф давидам. Онҳо сӣ- чил кас ҳастанд… Ба аскарон хабар диҳем-чӣ?

— Албатта! Ҳарчи тезтар хабар додан лозим. Равон шав! — гуфтам ман аз ҷоям ҷаста.

Дуямон ба хонаи Солеҳино рафтем, ман банди хӯшаро дар он ҷо гузоштам. Модари Солеҳ ба дуи мо нимта-нимта нон дод, баъд аз он мо баромада ба бозоргоҳ давидем.

Дар он ҷо аз аввалин аскари сурхи вохӯрда хоҳиш кардем моро зудтар ба пеши командираш барад, ки мо ба вай дар бораи босмачиён гап дорем.

Аскари сурх командирашро ёфта омад, командир моро ба хоначаи ҷудогонаи назди казарма дароварда, дар паси мизи хурдтарак ба нимкатча нишонд ва аз сумкаи чарминаш як варақ коғази калон бароварда яла кард. Рӯйи коғаз пур аз рахҳои борик ва хатҳои майда буд. Мо дидагӣ ва шунидагиҳои Солеҳро ҳикоя кардем ва гуфтем, ки босмачиён ҳамин бегоҳ аз Қизилтеппа баромада бо роҳи Баймоқу Дам ба тарафи Шокафтар рафтанианд.

Командир бо қалами сурх дар рӯйи коғази серхаташ аломатҳо гузошт ва як доирача кашид. Баъд аз он як нафар аскари сурхро ба наздаш талабида чизе фармуд, аскари сурх моро ба казарма бурда хӯрок дод: рафиқони вай соате бо мо чақ-чақ карданд.

Сӯҳбати аскарони сурх ба ман бисёр дилхоҳ ва шодибахш буд. Ман бо онон ҳар бор далертар гуфтугӯ мекардам ва гуфторашонро торафт бештар мефаҳмидам. Солеҳ ҳам акнун аз онҳо на танҳо наметарсид, балки дар сӯҳбаташон худро шод ва ифтихорманд ҳис мекард. Мо аз казарма баромада, ба хонаи Солеҳино бозгаштем. Ман аз он ҷо банди хӯшаамро бардошта ба боғамон равон шудам.

Боғи Ҷӯйи Дӯлонагии мо ба сабаби дуриаш ҳанӯз ҳам обод карда нашуда буд, бинобар ин мо он тобистон дар боғи як нафар бойи ғавоӣ соянишин шуда будем, ки аз ҳавлии деҳагии мо он қадар дур набуд. Бой дар деҳаи худаш Ғаво истиқомат мекард. Шарти соянишинии мо ин буд, ки боғи ӯро обод нигоҳ дорему меваҳои онро хушконда ва ҳосили токзорашро мавиз карда ба ӯ расонем. Аз афти кор микдори меваи хушк ва мавизе, ки мувофиқи шарт мо бояд ба бой мерасондем, хеле зиёд буд, ки амакам ба мо, бачаҳо, худсарона кандани ангур ва афшондани меваҳоро қатъиян манъ карда буд. Мо бо иҷозати вай мазаи ангуру меваро фақат гоҳ-гоҳе ва он ҳам ба микдори хеле кам мечашидем.

Соате баъд аз фурӯ рафтани офтоб оилаи калони мо дар пеши алочуғ (коза, каппа) таом хӯрда нишаста буд, ки аз дари боғ Солеҳ намоён шуд. Ман ӯро дар нимторикӣ аз почаҳои дароз ва қади баланду борикаш шинохтам ва зуд бархоста ба пешвозаш рафтам.

— Аскарон ба тарафи Шокафтар рафтанд! — пичиррос зад вай ба ман. — Онҳо аз пеши хонаи мо гузаштанд, ман дидам!

— Аз ин мебарояд, ки хабари расондагиамон бефоида набудааст? — гуфтам ман ба Солеҳ, дар ҳолате ки ба ҳаяҷон омада будам ва дилам гуп-гуп мезад.

— Набошад-чӣ! — дилпурона гуфт Солеҳ ва таклиф кард: — Биё, Собир, ба хонаи мо меравем; ту дар ҳамон ҷо хоб мекунӣ, баъд дуямон пагоҳӣ ба казармаи аскарон рафта, ҳама гапро дониста мегирем.

Пагоҳӣ ман монанди ҳарвақта бояд ба хӯшачинӣ мерафтам, аммо таклифи Солеҳ хеле дилфиреб буд — худи ман ҳам мехостам зудтар оқибати корро фаҳмам; хабари ба командир расондаи мо натиҷае медода бошад ё не. Пас ба амакам гуфтам, ки мехоҳам ба хонаи Солеҳино рафта хоб кунам ва пагоҳ барвақт хеста ҳамроҳи ӯ ба хӯшачинӣ равам.

Амакам рухсат дод ва ману Солеҳ ба хонаи онҳо равон шудем.

Модари Солеҳ барои мо дар суфа ҷой андохт. Ману вай дар таги як кӯрпа хобида, то ними шаб пичиррос мезадем ва дар бораи амалиёти аскарони сурх, дар бораи ин ки онҳо босмачиёнро дастгир мекарда бошанд ё не, ҳар гуна фол мегирифтем. Боз худи онҳо ба доми босмачиён афтода намонанд? Аз ин хаёл худамонро воҳима мегирифт.

Дуи мо сирри махфие доштем, ки онро дар деҳа ғайр аз худамон ҳеҷ кас намедонист ва ин ба дили мо ҳаяҷоне мебахшид. Мо ин сирро ба ҳеҷ кас, ҳатто ба бародарони Солеҳ ҳам гуфта натавонистем, зеро агар мегуфтем, онҳо, албатта, моро коҳиш медоданд, ки чаро ба ин хел кори хатарнок иқдом намудаем.

Пагоҳӣ модари Солеҳ ба пеши мо як коса шир ва якто нон оварда монд. Мо ношто карда, ба бозоргоҳ равон шудем. Дар пеши казармаи аскарони сурх фақат ду аскар гардиш мекарданд, дигар ҳеҷ кас набуд. Мо дар интизории баргаштани аскарони сурхе, ки ба душманковӣ рафта буданд, якчанд соат дар гирду пеши бозоргоҳ гаштем. Дар ҷӯйи осиё оббозӣ кардем. Ба бомҳо баромада аз дарахтон тут чида хӯрдем. Хотири ман мушавваш буд, зеро метарсидам, ки имрӯз ба хӯшачинӣ расидагӣ карда наметавонам ва агар ба боғ бе банди хӯша равам, амакам маро ҷанг мекунад ва ҳатто мезанад. Аммо ҳисси кунҷковӣ ва майли дидани бозгашти аскарони сурх аз хавфи бе банди хӯша ба хона рафтану калтак хӯрдан зӯртар буд: дилам намешуд, ки аз бозоргоҳ равам. Ҳар гоҳ ки рафтанӣ мешудам, Солеҳ маро нигоҳ медошт, ба ман ёрмандӣ мекард ва мегуфт, ки имрӯз барои хӯшачинӣ ба дашти дур рафтани ман лозим нест, — хӯшаро аз гандумпояи фалонӣ ҳам, ки дар паҳлуи боғи онҳо буда ва гандумашро навакак даравида гирифтаанд, чидан мумкин аст. Ман аз суханони ӯ таскин меёфтам ва боз бо ӯ мемондам.

Офтоб ба қиём омада, гармии ҳаво авҷ кард. Ман ба болои як тути калон баромада, бо меваи ширини он шиками гуруснаамро сер карданӣ шудам. Саргарми тутхӯрӣ будам, ки аз шохи дигар овози Солеҳ баланд шуд:

— Собир, гӯш андоз, аскарҳо омада истодагӣ барин!

Дар ҳақиқат, аз дуртар дукур-дукури суми аспон шунида мешуд. Баъди як дам аз хамгашти кӯча аскарони савораи чанголуд намудор шуданд. Аз қафои аскарон даҳ- дувоздаҳ нафар саворони беаслиҳаи деҳқоннамо асп меронданд ва боз аз қафотари онҳо як даста аскарони сурх чанд аспи бесавораро етак карда меомаданд. Ба болои зини ду асп чанд қабза милтиқҳоро баста бор карда буданд.

Ману Солеҳ ба якдигарамон нигоҳи маънидоре кардем ва наҷунбида дар шохи тут нишастан гирифтем.

Аскарони сурх бо босмачиёни асирафтода ва аспони бесавора чанги кӯчаро хезонда аз таги мо гузашта рафтанд.

— Ана, ман нагуфтам! — бо шавқу шодӣ овоз баровард Солеҳ.

Шавқу шодии ман ҳам аз вай камтар набуд. Ҳар дуямон зуд аз дарахт фуромада, ба сӯйи казарма давидем, то бубинем, ки аскарони сурх бо босмачиёни асир чӣ коре мекунанд.

Аскарон зини аспонро мегирифтанд, сарутани худро кашида чангашро меафшонданд, дасту рӯй мешустанд. Ошпаз бо ду аскари дигар хӯрок мекашонд. Босмачиёнро дар бӯрёҳо нишонда буданд ва ба пеши онҳо низ хӯрок оварда мемонданд. Ману Солеҳ ҳайрон шудем: чаро босмачиёнро зиёфат мекунанд? Маънии ин накукориро мо нафаҳмидем.

— Хуб, ту дар ҳамин ҷо истода нигоҳ кун, ку, инҳо боз чӣ кор мекунанд. Ман ба хӯшачинӣ меравам. Дидагиатро баъд ба ман гуфта медиҳӣ. — Инро гуфта ман рафиқамро монда рафтам.

Дар гандумпояи назди боғи Солеҳино машғули хӯшачинӣ будам. Баъди пешин Солеҳ ба он ҷо омад.

Чеҳрааш хира буд, андӯҳгин менамуд.

— Аскарон фақат ду босмачиро нигоҳ дошта дигар ҳамаашонро озод карданд, — маъюсона хабар дод Солеҳ- Командир аз онҳо пурсид, ки «минбаъд боз босмачигӣ мекунед ё намекунед?», онҳо ҷавоб доданд: «не, дигар намекунем, моёнро босмачиҳо бо зӯрӣ ба худашон ҳамроҳ карда буданд». Командир ба ҳамаашон ҷавоб дода фиристод. Надонистам барои чӣ ин хел кард. Раваду онҳо боз баромада босмачӣ шаванд! — хавотир кашида мегуфт Солеҳ.

Вай аз раҳмдилии аскарони сурх норозӣ буд.

Мактаби Мулло Зайниддин

Орзуи саводнок шудан ҳеҷ аз дилам намерафт. Дар ман ин орзуро аввалин бор модарам пайдо кунонда буд.

Аммо агар ман ба Тошканд намерафтам, агар мактабхонии бародарам ва китобҳои Серёжаро намедидам, шояд ки орзуи саводомӯзӣ дар дилам ба ин сахтӣ ҷойгир намешуд ва маро ин қадар азоб намедод. Дар деҳа ягон восита ё имконияти ба амал овардани ин орзу мавҷуд набуд. Гоҳе маъюс шуда фикр мекардам, ки аз афти кор, мактабхонӣ ба ман насиб нашудааст ва ман ночор бояд аз дунё бесавод гузарам. Лекин баногоҳ — эй бахт! — дари мактаб ба рӯйи ман боз шуд.

Як рӯзи офтоби тирамоҳ мо бо Солеҳ, Маҳмуд ва бачагони дигар дар саҳни масҷид машғули бозӣ будем, ки Мулло Зайниддин, ҳамон муллое, ки як вақте кокули маро бурида ва ба мукофоти ин «хизмат»-аш бузғолаи маро хӯрда рафта буд, пайдо шуда моро ҷеғ зад.

— Ҳой бачаҳо, ин ҷо биёед!

Мо ба наздаш омадем. Мулло ҳуҷраи дар паҳлуи масҷидбударо нишон дода гуфт:

— Ана дар ин ҷо ман пагоҳ мактаб мекушоям. Ҳамаатон омада хонед. Имрӯз аз хонаҳоятон пахолу бӯрё биёред, ки барои шиштан ба замини ҳуҷра андозем.

Мо ҳама шоду хуррам ба хонаҳои худ давидем, то ки аввалан, ба падару модарон, ман бошам ба амакам ва янгаам, хабари мактабкушоии Мулло Зайниддинро расонем ва сониян, пахолу бӯрё гирифта биёрем. Амакам ба хондани ман розӣ ҳам нашуд, норозӣ ҳам нашуд. Вай, ки диндори сахт буд, агар дар мактаби кӯҳна хондани маро рӯйирост манъ кунад, аз «гунаҳгор» шудан метарсид. Мактаб дар ҷойи дур ҳам набуд, ки дурии роҳ ва оворагии рафтуомадро баҳона карда маро аз хондан боздорад: мактаби оянда дар масҷиди маҳаллаи худамон, дар рӯ ба рӯйи ҳавлиамон буд.

— Мехонам гӯйӣ, ихтиёрат, — гуфту монд амакам.

Худи ҳамон рӯз мо бо фармойиши Мулло Зайниддин ҳуҷраро рӯфтучин кардем, аз шифту кунҷакҳои сип- сиёҳаш торҳои тортанакро дур кардем, манқалдони дар миёнаи ҳуҷра бударо аз хокистар тоза намудем ва баъд пахолу бӯрёҳои кӯҳнаи аз хонаҳо овардаамонро ба замини ҳуҷра андохтем. Он шаб ба ман беҳад дароз намуд; дар интизории саҳар хобам намебурд, ҳар дам чашм кушода нигоҳ мекардам, ки рӯз шуда бошад ё не. Охир, ман пагоҳ аввалин бор ба мактаб меравам, ба мактабе, ки дер боз ба дилам ормон шудааст!

Саҳар маро бедор кардан лозим набуд, ман худам бедор шудам; барои об ба чашма рафта, дар он ҷо хуб дасту рӯй шустам. Амакам маро мувофиқи расму одат ба мактаб бурда намонд ва ба домулло «гӯшти ин аз они шумо, устухонаш аз они ман» нагуфт, ман худам аз янгаам барои домулло дуто нон пурсида гирифта, дар мактаб ҳозир шудам. Аз ҳама пеш омада будам, дар мактаб ҳеҷ кас набуд. Ҳуҷра хунук буд, ман ба ҳавлиамон баргашта, аз он ҷо дар хокандоз лахча ва камтар ҳезум оварда, дар манқалдон алов даргирондам. Бачаҳо якта-якта ҷамъ шудан гирифтанд. Бештарини онҳо бо падарҳошон омаданд. Падарҳо дастархонҳои овардаашонро ба пеши домулло гузошта як дам менишастанду дар ҳаққи писарҳошон «гӯшти ин аз они шумо, устухонаш аз они ман» гуфта баромада мерафтанд.

Ҳама бо дастархон меомаданд, лекин домуллои мо бо чӯби дароз омада буд. Вай дар пешгаҳ менишаст. Баъди ҷамъ шудани понздаҳ-шонздаҳ нафар бача ва рафтани падарон сабақи аввалини мо сар шуд.

— Аз пайи ман такрор кунед — фармуд домулло ва: — Аузу биллоҳ… — гуфта ба қироат кардан даромад. Мо ҳама баробар ва бо овози баланд аз пайи ӯ такрор мекардем.

Вақте ки ҳамин тарз «Алҳамд»-ро фуровардем, сабақи якуми мо ба охир расид. Домулло гуфт:

— Рӯзҳо хунук шудаанд, зимистон ҳам наздик омад, ба мактаб ҳезум даркор аст, шумо ҳар рӯз баъди аз мактаб озод шудан ба ҳезумчинӣ меравед.

Ҳамаи мо ба боғҳои наздик рафта, як банд-як банд ҳезум чида овардем.

Домулло фармуд, ки ҳезумро ба оғилхонаи ӯ бурда ҷо кунем. Бурда ҷо кардем.

Ин кор ҳар рӯз такрор меёфт. Соате ояти Қуръон ёд мекардему баъд ба ҳезумчинӣ мерафтем. Ман ҳар оятро баъди як-ду бор хонда такрор кунондани домулло аз ёд менамудам ва баъд то бачагони дигар онро бо шӯру ғавғо даҳ-дувоздаҳ бор такрор карда ёд менамуданд, ки дилтанг мешудам. Бесаброна ба сар шудани хатхонӣ интизорӣ мекашидам.

Ниҳоят, баъди даҳ-дувоздаҳ рӯз мо ба алифбохонӣ даромадем. Домулло дар рӯйи тахтачае ҳарфҳои арабиро навишта овард. Вай ҳар як ҳарфро нишон дода, номи онро мегуфт, мо ҳама баробар такрор мекардем: Алиф — бе-те-се-ҷим-ҳе-хе…

Рӯзи дуюм ман аллакай ҳамаи ҳарфҳоро шинохта будам ва метавонистам онҳоро ба тартиби алифбо аз ёд гӯям. Ва ҳол он ки алифбохонӣ ду-се ҳафта давом кард. Ин як кори дилгиронае буд, ки моро мурданивор зиқ мекард. Дар интизории тамом шудани «дарс» тоқати мо тоқ мешуд. Мо ба боғҳо рафта ҳезум чиданро аз нишастан дар мактаб авлотар медонистем. Агар ягон бача дар номи ҳарфҳо хато кунад ё оятеро ғалат такрор намояд, калтаки домулло ба сараш фурӯ меомад.

Домулло шогирдонро на фақат мезад, балки боз кундфаҳм, хар, гӯсола гуфта дашном ҳам медод. Бисёр бачагон аз бетоқатӣ дам ба дам, бо баҳонаи қазои ҳоҷат, берун мебаромаданд. Баъди баромадан баъзе бачагон баргашта намеомаданд. Домулло зуд ба ин фиреб пай бурд. Вай якто тахтачаи борик тарошида, ба вай ресмон баста дар девор овехта монд: агар бача берун баромадани шавад, бояд ин тахтачаро гирифта мебаромад. Тахтача қувваи ниҳоние дошт, ки шогирдон то онро гашта оварда ба ҷояш наовезанд, ба хонаашон рафта наметавонистанд.

Якумин бачае, ки бо тахтача баромада барнагашт, Солеҳ буд. Вай калимоти арабии нофаҳморо бо душворӣ аз ёд мекард, аз домулло калтак мехӯрд ва дашномҳо мешунид, дилтанг мешуд ва тез-тез иҷозати берун рафтан мепурсид. Баъди тахтачаро гирифта рафтанаш вай рӯзи дигар ба мактаб омада буд, ки домулло се-чор чӯб ба сари ӯ фуровард. Солеҳ баромада гурехт. Домулло ба ду нафар бача фармуд, ки ӯро дошта оваранд, аммо бачаҳо ба ӯ расида натавонистанд: Солеҳи почадароз бисёр тездав буд. Бо ҳамин рафтанаш вай дигар ба мактаб наёмад.

Рафиқи дигари ман — Маҳмуд бо саъю кӯшиш мехонд, сабақҳояшро хуб аз ёд мекард ва ба мактаб аз ҳама барвақт меомад. Ӯро вазифадор карда буданд, ки то ҷамъ шудани шогирдон ва омадани домулло ҳуҷраро рӯфта монад ва дар манқалдон алов даргиронад. Маҳмуд ин вазифаи худро ҳам бо кӯшиши тамом иҷро менамуд.

— Ман ба қоригӣ мехонам, — мегуфт вай.

Қорӣ шудан орзуи ӯ буд, чунки зиндагонии қориҳо каммеҳнати сердаромад аст — онҳо аз пушти қуръонхонии маросимҳои динию ғайридинӣ даромади калон доранд.

Мактабхонии мо ҳамин тарз давом кард. Боре мо шогирдон дар мактаб ҷамъ омада, мунтазири домулло шудем, аммо вай наёмад. Рӯзи дигар ҳам наёмад. Бе он ки сабабашро ба мо маълум кунад, вай якбора аз мактаб пояшро канд.

Мактабхонии мо тамом шуд. Ҳарчанд ки ин гуна мактабхонӣ ба ман маъқул набуд, аммо вақте ки ҳамин мактаб ҳам баста шуд, бисёр димоғам сӯхт. Аз мактабкушоӣ мақсади домуллои мо ҳезуми зимистон будааст, на хонондани бачаҳо. Вақте ки мақсадаш ҳосил шуд, мактабро баст. Амакам аз баста шудани мактаб хурсанд гардид, зеро ман ба туфайли мактабхонӣ кори хонаю рӯзгорро камтар мекардагӣ шуда будам.

Вай аз хафагии ман пай бурда гуфт:

— Аслан, хондани ту фоида надошт. Аз авлоди мо кӣ хонда мулло шуда буд, ки ту шавӣ? Барои мулло шудан аввал ҳафт-ҳашт сол дар мактаби ин ҷо, баъд аз он камаш даҳ соли дигар дар мадрасаи Намангон ё Хӯқанд хондан лозим аст. То мулло шуда баромаданат туро кӣ мепояд? Ман камбағал ҳастам, туро муфт пойидан аз дастам намеояд.

Ман ба хаёли аз деҳа гурехтан ва ба ягон шаҳр рафта дар мактаби нав хондан афтодам. Тошканд дур, Хӯқанд ҳам дур, аммо Намангон наздик аст. Фикр мекардам, ки дар Намангон ҳам монанди Тошканд бояд мактабҳое бошанд, ки бачагонро хӯроку пӯшок дода мехононанд.

Аммо ман намедонистам ба он ҷо чӣ гуна равам ва чӣ тавр ба мактаб ҷойгир шавам. Барои пурсидан ва маслиҳат гирифтан одам намеёфтам. Зотан пурсидан ҳам фоида надошт, зеро касе набуд, ки ба хоҳиши саводомӯзии ман ҳаводорӣ кунад. Ба ин масъала ҳама монанди амаки ман нигоҳ мекарданд: бинобар ин аз ҳеҷ кас умеди ёрӣ набуд.

Ман ҳоло хурд будам, мушкилам ба худам илоҷнопазир менамуд. Оянда ба назарам торик буд…

Ғалла ба ятимон

Тобистон ва тирамоҳи соли бисту сеюм дар деҳаи мо воқеаҳои ғалатӣ рӯй доданд.

Отрядҳои худмуҳофизаткунӣ, ки корашон ба қисмҳои лашкари сурх мадад расонидан буд, аз ҷанги босмачӣ бо ғалабаҳои нав ба нав бармегаштанд. Ҳамин ки аз дур овози ашӯлахонии отрядчиён баланд мегардид, хурду калони деҳа ҳама ба кӯча медавиданд. Мо баромада ғолибонро табрик мекардем ва тӯда-тӯда босмачиёни асирафтодаро, ки отрядчиён пешандоз карда меоварданд, тамошо менамудем.

Баъзе шайкаҳои майда аз несту нобуд шудан тарсида худашон ба деҳа омада таслим мешуданд. Намуди босмачиёни торуморшуда ба зӯру тавоноии аскарони сурх ва отрядҳои худмуҳофизаткунӣ гувоҳӣ медод.

Ба муносибати ҳар як ғалабаи нав тантана барпо карда мешуд. Овози карнаю сурнаю нағора на танҳо мардуми деҳаи мо, балки деҳаҳои атрофро ҳам ба тӯю тамошо даъват менамуд. Дар маъракаҳои бузкашӣ, пойга ва гӯштигирӣ ҷавонон ҳунарнамойӣ мекарданд, толибони маърака мукофотҳо мегирифтанд.

Кори босмачиён тамом карда шуд. Тохтутози ғоратгаронаи онҳо хотима ёфт. Назар ба шуниди мо, дар ҷойҳои дигари дурдаст ҳам босмачӣ намонда буд. Халқ ба зиндагонии осуда расид, акнун мардум бо шунидани дукур-дукури аспон рӯ ба гурез намениҳоданд, чорпоёни худ, ғаллаи худ, зану духтарони худро пинҳон намекарданд, шабона аз хоби роҳат бо тарсу ҳарос ҷаҳида намехестанд. Ҷанговарони отрядҳои худмуҳофизакунӣ- деҳқонони меҳнаткаш милтиқро боз ба каланд бадал карданд.

Ҳокимияти нав — ҳокимияти коргару деҳқон мустаҳкам шудан гирифт. Вай ба таври худ ба хонаи мо ҳам омад.

Як пагоҳ дарвозаи мо тақ-тақ шуд. Овози вакили маҳалла Қобиламак баланд гардид, ки амакамро ҷеғ мезад:

— Обидхӯҷа, ҳой Обидхӯҷа!

Амакам баромада, баъди як нафас шоду хуррам баргашт.

— Собир, даррав ҷуволро гирифта ба таги қалъа рав! Аз он ҷо ғалла гирифта меойӣ. Ҳукумати Шӯро ба ятимон ғалла медодааст.

Ман ҷуволеро гирифта ба таги қалъа давидам.

Шитоб мекардам, аз шодӣ даступо гум карда будам. Ба ман гуфтанд, ки ба пеши Содиқи анборчӣ рафтан лозим аст. Дар наздикии бозоргоҳ як бинои гаҷкории болохонадор буд, ки пештар ба яке аз бойҳои калони деҳа тааллуқ дошт ва меҳмонхонаи ӯ буд. Бой дар хонаи таг озуқа нигоҳ медошт ва дар болохона бо ёру ҷӯраҳояш то ними шаб гапхӯрӣ ва базм мекард; вай баъдҳо ба босмачиён ҳамроҳ шуда гурехта рафта буд. Ҳоло қабати якуми он биноро анбор карда буданд, дар болохонааш бошад, ким-кадом идора ҷой гирифта буд.

Дар пеши анбор якчанд деҳқонон ва деҳқонбачагон ҷуволу хӯрҷинҳо дар даст истода буданд. Ман ҳам аз пушти онҳо ба навбат истодам. Содиқамаки анборчӣ дар тарозуи калон гандум бармекашид. Гандум сап-сафед буд; бовариам намеомад, ки ба ман ҳам аз ин гандум медода бошанд.

Чун навбати ман расид, Содиқамак ба рӯям нигоҳ накарда номамро пурсид, ман номамро гуфта будам, ки зуд рӯяшро ба сӯям гардонд:

— Ҳо-о, писари Умархонполвон? Ку, ҷуволатро дор. Акнун даври ту омад. Ҳар моҳ ба ту ва додарат якуним пуд гандум медиҳем.

Наход ки ин рост бошад? Ҳар моҳ якуним пуд гандум! Гандуми сафед! Ин гапи куҷо! Пеш инро ман ҳатто орзу ҳам карда наметавонистам.

— Ту якуним пуд гандумро чӣ хел бардошта мебарӣ? — хаёлҳои шодибахши маро бурида пурсид Содиқамак. Чаро худи амакат наёмад? Ҳозир ним пудашро гирифта бар, боқимондаашро ба амакат гӯй — омада гирифта барад.

— Майлаш, — зуд розӣ шудам ман.

Мехостам, ки ин ғаллаи шахсан ба худам ва додарам расидаро зудтар ба хона бурда нишон диҳам. Содиқамак аз рӯйхат номи маро ёфта бо қалам ишорате гузошт. Ним пуд гандумро ба ҷуволи ман андохта гуфт:

— Акнун минбаъд ту барин ятиму сағираҳоро мепоянд, мехононанд. Ба қарибӣ мактаби нав ҳам кушода мешудааст. Даври шумоён омад, Собир.

Ман беҳад шод будам, аммо бо вуҷуди ин метарсидам, ки мабодо ин ҳама хоб бошад.

Ҷуволи ғалларо пуштора карда равон шудам. Давон- давон мерафтам, вазнинии борамро ҳис намекардам.

Вақте ки ба хона расида ҷуволро дар айвон ба замин ниҳодам, амакам ва янгаам ҳайрон монда, гандумро ба кафашон гирифта нигоҳ мекарданд, гӯё мехостанд бубинанд, ки он дар ҳақиқат гандум аст ё чизи дигар.

Амакам иқрор шуд, ки ба гапи Қобиламак бовариаш наёмад ва бинобар ин, бо ман ба таги қалъа нарафт. Кӣ шунидааст, ки ҳукумат ба ятимон ғалла диҳад?

Амакам донаҳои гандумро аз ин каф ба он кафаш рехта тамошо мекарду мегуфт:

— Рост будааст… Гандум!.. Тавба!..

Баъд аз он пурсид:

— Муфт доданд, пул напурсиданд?

— Не, аз пул гап набуд, ҳамту доданд.

— Ба мо ин ним пуд гандум ба як ҳафта мерасад! — хурсандона гуфт янгаам Каромат.

— Ним пуд не, якуним пуд!-хабар додам ман. — Боз як пудаш монд. Содиқамак «мондагиашро амакат омада гирифта барад» гуфт. Ҳар моҳ якуним пуд гандум медодаанд!

Он рӯз дар хонаи мо ид буд. Ҳамаи мо аз шодӣ беқарор шуда монда будем. Амакам хӯрҷинро гирифта ба таги қалъа шитофт. Равшан, Мухтор ва Ҳалима хурсандона ҷастухез мекарданд; ҳатто Ҳасани дамдузд ҳам, ки одатан ба хурсандиҳои оила шарик нашуда дам менишаст, имрӯз лабханд менамуд.

Равшан аз хона палос бароварда, хуб афшонда дар рӯйи ҳавлӣ паҳн кард, ман гандумро ба рӯйи он рехтам, янгаам онро бо ғалбер бехтан гирифт. Ҳар боре ки вай коҳу сангрезаҳои дар миёни ғалбер ҷамъшударо ҳавуч карда гирифта ба як кунҷи палос мепартофт, ман даруни онҳоро кофта якта-нимта донҳои мондагиро ҷудо карда мегирифтам. Ба ҳамин тариқ гандум зуд тоза карда шуд, ман онро боз дар ҷувол андохта, бардошта ба осиё бурдам.

Дар деҳаи мо сето осиё буд, ман ғаллаамро ба наздиктарини онҳо бурдам. Баъди як нафас навбати осиё ба ман расид, осиёбон ғаллаи маро гирифта ба дӯл андохт. Ман ба осиёбон чӣ гуна ба даст омадани ин гандум ва минбаъд ба ману додарам моҳе якуним пуд ғалла додани «Шӯро-ҳукумат»-ро ҳикоя кардам. Осиёбони солхӯрда ба хурсандии ман шарик шуда мегуфт:

— Нағз… Кори калон… Толеъ-дия, нони сафедро калон-калон хӯрда, ба ҳаққи ҳукуматбобо дуо кун, писарам!..

Вай худаш ҷуволи маро чаппа намуда афшонда тоза карду ҳамаи ордро ба он андохта дод ва ҳаққи худро нагирифт. Пурсидам «чаро нагирифтед?» гуфт «лозим нест, бардошта бурдан гир!». Ман розӣ нашудам, зеро одамҳо мегуфтанд, ки агар ҳаққи осиёбон дода нашавад, баракаи орд мепарад. Хоҳиш кардам:

— Ҳаққатонро гиред, амак.

Аммо вай ба гапи ман гӯш накарда, ғаллаи каси дигарро ба дӯл андохтан гирифт.

Баъд ҷуволи маро бардошта ба китфам гузошту дили маро осуда карданӣ шуда гуфт:

— Агар нон пазетон, ба ман якта нон меоварӣ.

Ман ордро ба хона овардам. Амакам дар рӯйи ҳавлӣ боқимондаи ғалларо, ки оварда буд, дар ғалбер мебехт. Янгаам даррав аз орди нав хамир кард. Баъд аз соате нонҳои гарми сафеди сурхрӯй, ки аз танӯр канда ба сабад андохта мешуданд, бӯйи диловези иштиҳокушои худро ба тамоми ҳавлӣ паҳн карданд.

Янгаам аз онҳо ба ҳар кадоми мо — бачаҳо яктоӣ кулча дод. Дер боз мо он гуна нони бомазаро нахӯрда будем. Ба гумонам, ман аз он кулчаҳо даҳто бошад ҳам, мехӯрдам. Нони худамро камтар-камтар шикаста мехӯрдам, ки тез тамом нашавад ва лаззаташ дарозтар кашад.

Аз янгаам дуто нон пурсида гирифта ба осиёбон бурдам. Дар пеши ӯ чор-панҷ каси ба осиё омадагӣ нишаста буданд. Осиёбон:

— Нони ятимон табаррукӣ аст, — гуфта нони ман овардагиро як бурда-як бурда шикаста ба нишастагон дод ва баъд худаш ҳам пораи нонро ба даҳонаш бурда ба ман:

— Илоҳӣ, бою бадавлат шавӣ! — гуфт.

Ман бошам, худамро дарвоқеъ, «бою бадавлат» ҳис мекардам; охир минбаъд худи «Шӯро-ҳукумат» ғами мани ятимро мехӯрад!

Сирри махфии ман ва Солеҳ

Ҳарчанд ки ман аз мактаби Мулло Зайниддин фиреб хӯрда будам, лекин орзуи мактабхонӣ аз дилам нарафта буд. Ҳатто, баръакс, баъди ин нокомӣ ҳаваси хониш дар ман боз ҳам зӯртар шуд. Тошкандро, Серёжа ва китобҳои ӯро, бародарам Азизхонро, ки дар мактаби нав ба он зудӣ савод бароварда буд, ба ёд меовардам ва ба ман чунин менамуд, ки агар нахонам, аз ғаму ғусса девона мешавам.

Аммо дар куҷо хонам?

Дар деҳаи мо ду-сето мактаби кӯҳна буд, вале баъди баста шудани мактаби Мулло Зайниддин ман дар ҳеҷ кадоми онҳо агарчи ҳатто амакам иҷозат медод ҳам — майли хондан надоштам, зеро дар он мактабҳо ҳам бачагонро Мулло Зайниддин барин домуллоҳо мехононданд. Ман медидам, ки шогирдони он домуллоҳо муддатҳои дароз ба мактаб давом кунанд ҳам, на хатхонӣ ва на хатнависиро ёд нагирифта буданд.

Не, дар он мактабҳо хондан вақтро беҳуда талаф кардан аст. Лекин аз мактаби нав ҳам, ки аскари сурх ва Содиқи анборчӣ дар бораи он ба ман гап зада буданд, ҳоло дарак набуд. Дар пеш тирамоҳ, баъд зимистон, хунукӣ, лойгарӣ; шубоғканӣ дар талу кӯталҳо; монанди ҳамеша нимгуруснагӣ ва машаққатҳои дигари зиндагӣ мунтазири мананд. Мактабхонӣ бошад, фақат орзу.

Гоҳо ман ҷиддан фикр мекардам, ки ба Тошканд гурезам. Охир дар он ҷо, дар завод, ошноҳои нағз ва дӯстони оилаи мо ҳастанд. Агар ман як навъ карда ба Тошканд расида гирам, ҳар кадоми он ёру ошно, бешакку шубҳа, маро писархондаи худ мекунад ва дар мактаб мехононанд. Аммо ба Тошканд худам танҳо ва бепул чӣ гуна равам? Ғайр аз ин, агар гурезам, амакам, албатта, аз дунболи ман меафтад ва дар ягон ҷо маро дастгир карда ба хона бозмегардонад.

Аммо агар андешаи додарам Мухтор намебуд, эҳтимол дорад ман бо вуҷуди ин ҳама мамониатҳо мегурехтам. Мухтор ғайр аз ман ҳеҷ кас надорад, ба ҳеҷ кас лозим нест; ман ягона дӯстдор ва дилсӯзи ӯям. Ҷудоӣ аз ӯ ба ман мушкил ва ба ӯ боз ҳам мушкилтар буд.

Дар он вақтҳо аз фикру хаёлҳои ниҳонии ман фақат як кас, яъне, рафиқи ҷоноҷонам Солеҳ огоҳ буд. Вай ба саргузаштҳои тошкандии ман ҳам воқиф, дар мактаби Мулло Зайниддин ба ман ҳамсабақ ва дар рафтуомадҳои мо ба назди аскарони сурх ҳамроҳ буд.

Ману вай пайваста суханҳои дар казармаи аскарони сурх шунидаамон: «босмачиёнро нест, ки кардем, дар ин ҷо мактаби нав кушода мешавад, шумо ҳам ба он мактаб даромада мехонед»-ро ба хотир меовардем.

Ошноӣ бо аскарони сурх, ҳикояҳои ман аз аҷоиботи шаҳри Тошканд ва хубиҳои мактаби нав як қадар фикри Солеҳро кушода, дар дили вай ҳам ҳаваси мактабхониро бедор карда буданд, вай ҳис мекард, ки дар дунё зиндагонии дигаре ва беҳтаре ҳаст.

Аз дер кашидани мактаби навкушоӣ дар деҳа Солеҳ низ монанди ман дилтанг ва норозӣ буд. Ман бовар доштам, ки агар ба Тошканд гурезам, Солеҳ ҳам бо ман хоҳад рафт.

Сирри махфии дуи мо дар тирамоҳ, вақте ки ман барои хӯроки зимистонии бузғолаам дар боғҳо барги хазон меғундоштам, пайдо шуд.

Рӯзе аз рӯзҳо ману Солеҳ ба яке аз боғҳои дур рафтем. Барги хазон дар таги дарахтон кӯрпа шуда мехобид. Мо аз он як миқдор ғундошта, қариб баробари қади худамон дар як ҷо тӯб кардему дар болояш дароз кашида ба чақ-чақи беинтиҳои худ шурӯъ намудем. Чақ-чақи мо мисли ҳаррӯза дар бораи аскарони сурх ва мактаби нав буд ва инчунин дар бораи он ки ба Тошканд гурезем чӣ мешаваду нагурезем чӣ мешавад. Манзараи тирамоҳ ва хазонрезӣ одамро ба фикру хаёл моил мекунад…

— Агар Тошкандро дур гӯйӣ, биё ба Хӯқанд ё Намангон мегурезем! — таклиф кард Солеҳ.

Аммо ин шаҳрҳо ба ман ношинос буданд. Ман дар онҳо ягон ошно ҳам надоштам.

— Ба Тӯс равем-чӣ? — гуфтам ман, аммо худи ҳамон дам аз дилам гузашт, ки дар Тӯс амакам маро даррав кофта меёбад… Ё, балки, агар ман дар Тӯс ба интернат дохил шавам, шояд амакам маро аз интернат гирифта бурда натавонад?..

Ман дар вақти ба Тӯс, ба тӯйи Муродхон рафтанам дар он ҷо мактаби навро дида будам. Як бинои сафеди дароз, ки тирезаҳои қатораш ба тарафи кӯча боз мешуданд, аз байни дарахтони хазонзада ҷилва мекард.

Дар ин бино бачагони интернатӣ мехондаанд. Дарвозаи мактабхона кушодаш буд, ман наздик рафта дар рӯйи ҳавлии калони вай бачагони бисёреро дидам, ки бо шӯру ғавғо саргарми бозӣ ва даводав буданд: зоҳиран, вақти танаффусашон буд. Ҳамаи онҳо ба ман бисёр озода ва хушлибос намуданд, ман бошам, сарутандаридаи чиркин ва пойлуч будам: амакам ба ман ягон бор ҳам сарутани нав дӯзонда надода буд. Ман бо он шаклу шамоил ҷуръат накардам, ки ба назди ягон бача рафта гапзанон кунам!

Агар гапзанон мекардаму ятим буданамро ва ҳаваси мактабхонӣ доштанамро мегуфтам, шояд ки он рӯз дар зиндагонии ман дигаргуние рӯй медод…

Аммо маълум шуд — Солеҳ аз ман ҳам зиёдтар хавф мебурдааст, ки бародаронаш ӯро дар Тӯс зуд кофта меёбанд.

— Не, Тӯс намешавад, — гуфт вай.

Мо нақшаи гурехтанро дуру дароз муҳокима кардем.

Ман, ки тамом ба ин фикр ғарқ шуда будам, дар охир ҳар гуна гумону андешаро як сӯ гузошта ба болои Тошканд истодам.

— Майлаш-ку, лекин дар роҳ чӣ мехӯрем? — пурсид Солеҳи пухтакор.

— Одамҳои нағз ҳастанд, ёрдам мекунанд, — умедворона гуфтам ман.

— Не, ин хел намешавад, раваду мо ба одамҳои нағз вонахӯрем? Сонӣ гадоӣ мекунем-мӣ?

Ҳар дуямон дармонда, як дам сукут кардем. Баъд ман гуфтам:

— Пул даркор, лекин пулро аз куҷо меёбем?

— Бибем як халтача танга доранд, дар сандуқ пинҳон карда мондагӣ, — ба хотир овард Солеҳ. — Агар пурсам, ба ман якчанд танга медиҳанд.

Ба ман бошад, ҳеҷ илоҷи пул ёфтан набуд, бинобар ин, ман чораи дигар андешидам.

— Равшан марҷон дорад, — ба хотир овардам ман, — лекин намеовезад. Ман ба вай ягон чиз ваъда карда, марҷонашро пурсида гирам, баъд мо онро дар шаҳр мефурӯшем.

Мо бо ҳам аҳд кардем, ки фурсатро ғанимат дониста тайёрии сафарро бинем.

Дар хона ман пеш аз ҳама донистанӣ шудам, ки марҷон дар ҷояш хобидааст ё не. Бо ин мақсад як вақти хилват ёфта қуттичаи дар тоқча истодаро кушода нигоҳ кардам, — бинам, ки марҷон нест. Маъюс шудам, димоғам сӯхт. Э дареғ!.. Акнун чӣ бояд кард? Наход ки Равшан марҷонро ба хонаи очааш бурда монда бошад? Агар аз вай хоҳиш кунам, ки марҷонашро аз очааш гирифта оварда ба ман диҳад, розӣ мешуда бошад ё не? Охир марҷон ба вай он қадар даркор ҳам нест, ман сонитар ба вай аз ин марҷон ҳам нағзтар савғотӣ меоварам… Аммо ин як хавфи дигар ҳам дорад: агар Равшан ба ман барои чӣ лозим шудани марҷонашро фаҳмад, албатта, ба падараш мегӯяд ва он гоҳ сирри ман фош мешавад… Не, беҳтар он аст, ки ба вай ҳеҷ чиз нагӯям.

Берун баромада ба назди духтарак рафтам ва пурсидам:

— Равшан, чаро ту марҷонатро овехта намегардӣ? Духтарони дигар овехта мегарданд-ку?

— Марҷонамро ояам ба сандуқ андохта руст карда мондагӣ, — ҷавоб дод Равшан.

Сандуқ дар таҳмон меистод. Барои онро кушодан аввал кӯрпаю лӯлаболиштҳои ба болояш таҳ карда мондашударо гирифтан лозим буд. Аммо баъд аз он ва баъди ба даст даровардани калиди сандуқ ҳам онро кушодан имкон надошт, зеро дар вақти кушодан маданги қуфлаш ҷарангос зада ҳамаро хабардор мекард.

Ман мушкили худро ба Солеҳ хабар додам. Мо чизҳои шахсан ба худамон тааллукдоштаро як-як шумурдем, то бубинем, ки дар бисотамон ягон чизи бозоргир дорем ё не. Маълум шуд, ки надорем. Аз пӯшок бошад, Солеҳ ҳам камбағал буд — ғайр аз ду ҷуфт куртаю эзори карбос ва як ҷомакӯҳнаи алочаи порсола пӯшоки дигар надошт.

— Агар худат илоҷашро ёфта натавонӣ, барои чӣ гапи тошкандравиро баровардӣ? — коҳиш мекард маро Солеҳ.

— Ҳеҷ гап не, дар аввали баҳор меравем, — гуфтам ман, ҳам ӯро ва ҳам худамро тасаллӣ дода. — Дар баҳор рафтан нағз: ҳаво хушк ва гарм. Ҳозир ҳаво хунук, зимистон ҳам наздик аст: дар мусофиратӣ агар аз гушнагӣ намурем, аз хунукӣ мемурем.

Ҳамин тавр, мо маҷбуран иҷрои нақшаамонро ба баҳор монондем. Лекин қарор додем, ки тайёрии сафарро аз ҳозир бинем, яъне хӯрокворӣ — тӯшаи роҳ ҷамъ кунем. Агар мо ҳар рӯз аз нони дар хона мехӯрдагиамон як бурда-ним бурда сарфа карда, оварда дар ягон ҷойи касмаёб пинҳон карда мондан гирем, то баҳор як-ду халта нони қоқ захира мешавад. Баҳор мо онро бардошта ба роҳ медароему нони қоқро ба оби хунук тар карда хӯрда- хӯрда мазза карда ба Тошканд расида мегирем.

Ба ҳамин ҳар дуямон аҳду паймон кардем.

— Хуб, нонро ба куҷо бурда тӯб мекунем? — пурсид Солеҳ.

Дарвоқеъ ҳам, чӣ хел ҷо ёбем, ки ҳеҷ кас набинад ва надонад?

Дар наздикии хонаи Солеҳино як боғчаи нимпартов буд, ки аз они як бевазан буда, соҳибаш ба вай нигоҳубин намекард. Мо бо Солеҳ барои ҷамъоварии озуқа ҳамин боғчаро интихоб кардем.

Бегоҳии дер мо пинҳонӣ ба он ҷо рафта бо теша ва корди ош дар таги сафедори калон ду чуқурӣ кофтем, яктааш хурд, дигараш калонтар ва чуқуртар. Аз чуқурии хурд ба чуқурии калон як шикоф гузарондем, ки банди даст меғунҷид. Ба таги чуқурии дуюм хошок партофта ба болои хошок ҷуволи кӯҳнаеро, ки Солеҳ аз хонаашон оварда буд, гузоштем ва даҳони ҷуволро ба шикоф рост карда мондем. Баъд якбурдагӣ ду бурда нони овардаамонро ба даруни ҷувол андохтем. Пас аз он ба рӯйи чуқурии калон чӯбчаҳо чида, чӯбчаҳоро бо хасу хошок пӯшонда, ба болояш хок кашидему хокро бо барги хазон рӯпӯш кардем. Ба даруни чуқурчаи якум як санги калонро андохта, бо вай даҳони шикофро бастем ва болояшро хаспӯш карда мондем. Ҳар боре ки нонпораи захирагӣ меовардем, хасу хошокро як сӯ мекашидему сангро бардошта ба шикоф даст халонда нонпораро ба даҳони ҷувол меандохтем.

Баъди тамом шудани кор мо дуртар рафта ба «анбор»-и махфии худ нигоҳ кардем ва қонеъ шудем, ки он нағз хаспӯш карда шудааст ва ҳеҷ кас онро ёфта наметавонад.

Ҳар рӯз мо якбурдагӣ ду бурда нон оварда дар «анбор»-и худ захира мекардем. Гоҳе як каф зардолуи қоқ, шафтолуи қоқ, чормағз, якто-дуто қурут хам оварда ба ҷувол меандохтем. Мо ончунон ташнаи мактабхонӣ будем, ки бо нияти ба шаҳр рафтану ба мактаб дохил шудан кӯшиш мекардем камтар хӯрем ва бештар захира кунем.

Мактаби нав

Се-чаҳор рӯз гузашт. Тӯшаи роҳи мо торафт зиёд мешуд.

Як пагоҳ аз кӯча боз овози шиноси Қобиламак баланд гардид. Ин овоз, ки чанде пеш ба мо хабари хуши ба ятимон ғалла додани Ҳукумати Советиро расонида буд, ин дафъа хабари аз он ҳам хуштарро эълон мекард.

Ман ба ҳаяҷон омада, аз ҷоям ҷаста ба кӯча давидам.

— Бачагонатонро ба мактаб фиристонед! Дар таги қалъа мактаб кушода шуд! — Ҷор мезад вакили маҳалла.

— Қобиламак, чӣ гуфтед? Мактаб?

— Ҳа, мактаби нав кушода шуд. Ту ҳам рафта хон!

Дар ҳамин вақт аз дарвозаи мо амакам намоён шуд.

Қобиламак маро нишон дода гуфт:

— Обидхӯҷа, шумо ба мактаб ана ин ҷиянатонро фиристонед, бачаҳои дигаратон ҳоло хурдсол ҳастанд. Мактаб барои писарбачаҳо.

Амакам қавоқашро андохта хоҳам-нохоҳам ҷавоб дод:

— Хуб, мебинам.

Аз ин ҷавоби ӯ дили ман хавф бурд. Аммо ман ҷазм кардам, ҳар чӣ ки шавад ба мактаб равам. Дам назада рӯ ба тарафи қалъа давидам, лекин овози ҳайбатноки амакам маро нигоҳ дошт:

— Ист! Куҷо меравӣ? Баргард!

— Охир, Қобиламакам «ту ҳам рафта хон» гуфтанд- ку!

— Агар бе рухсати ман равӣ, ман поятро зада мешиканам, туро аз хона пеш мекунам! Даррав ба ҳавлӣ даромада досу арғамчинро гирифта баро, ба шубоғканӣ меравем.

Дили ман ях барин шуд. Фикр мекардам, ки «ҳозир бачаҳо тӯб шуда ба мактаб мераванд, ман бошам, бояд ба теппаҳои дур рафта шубоғ канам».

— Чӣ меистӣ? Тез бош! — Дод зад амакам.

Ман хоҳу нохоҳ аз ҳавлӣ досу арғамчинро бароварда, бо ӯ равон шудам.

Дар кӯча як тӯда бачаҳо ҷамъ шуда буданд. Онҳо ба рафиқони дигари худ интизорӣ мекашиданд, ки ҳамроҳ ба таги қалъа рафта худро ба мактаб нависонанд.

Буғз гулӯи маро гирифта буд. Агар амаки ноинсофам боре инсоф мекарду «Собир, ту ҳам бо ҳамроҳии ин бачаҳо рав!» мегуфт, ман ба пояш сар мениҳодам ва як умр хизматашро мекардам. Охир дар орзуи мактабхонӣ ҷигари ман хун шуд, ман ҳатто як бурда нони мехӯрдагиамро ҳам аз даҳонам гирифта захира мекардам, ки баҳор ба шаҳр равам ва дар мактаб даромада, хонам.

Акнун дар деҳаи худамон мактаби нав кушода шаваду ман дар он нахонам? Ин чӣ бедодӣ аст!

— Ҳой, Собир, ту ба мактаб намеравӣ-мӣ? — мепурсиданд бачагон аз ман. Аз Тӯс домулло омадааст, вай мегуфтааст, ки бачаҳоро дар шаш моҳ хононда мулло мекунам.

Аз фишори алам ва буғзи гулӯ ман роҳ рафта натавониста барҷо мондам. Қатраҳои ашк аз чашмонам ба рӯям шориданд.

— Вақт рафт, тезтар қадам мон! — Боз фарёд зад амакам.

Ман ночор аз қафои у кашола шуда рафтам.

Мо аз деҳа берун баромада, ба боғистон дохил шудем. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо деворҳои ғалтида вомехӯрданд.

Мо аз як кӯчабоғи танг равон будем — амакам пеш-пеш, ман аз ақиби ӯ. Бори аламу ғусса маро фишор медод, пойҳоямро базӯр мебардоштам. Лекин майнаам тез кор мекард: дар бораи ноинсофӣ ва бераҳмии амакам фикр мекардаму оташин мешудам…

Баногоҳ ман коре кардам, ки онро аз худам умед надоштам, яъне якбора аз девори пасти боғе ҷаҳида гузашта гурезон шудам. То зӯрам расидан медавидам, дар сари роҳам боз аз чанд девор ҷаҳидам. Ҳаракат мекардам, ки пеш аз он ки амакам аз гурехтани ман хабардор шуда ба дунболам афтад, ҳарчи дуртар равам. Аз болои ҷӯйҳо, заҳбурҳо ва монеаҳои дигар тирвор мепаридам, то оқибат ба ҳавлии Солеҳино расидам.

Нафасамро базӯр рос г карда аз модари ӯ пурсидам:

— Солеҳ дар хона?

— Барои об овардан ба чашма рафт, — ҷавоб дод модари Солеҳ.

Саросема ба сари чашма давидам. Дар миёни роҳ ба Солеҳ вохӯрдам, ки ку зан об дар даст омада истода буд.

— Ба мактаб нарафтӣ? Мактаб кушода шудааст-ку? Солеҳ қавоқашро андохта, қариб мегиристагӣ барин шуда гуфт:

— Равам гӯям, аком қатӣ бибим намонданд.

— Солеҳ! Кӯзаатро бурда мону тез баро, ба мактаб ҳар дуямон меравем!! — таклиф кардам ман.

Дар чашмони Солеҳ шӯълае барқ зад, аммо худаш ҳаросон шуда гуфт:

— Аком маро дошта занад, чӣ кор мекунам?

— Баъд аз он ки мо рафта ба мактаб даромадем, акои ту ҳам, амаки ман ҳам ҳеҷ кор карда наметавонанд, аз шӯро-ҳукумат метарсанд; охир, мактабро шӯро-ҳукумат кушодагӣ-ку! Агар амакам маро занад, ман ба Қобил- амак мегӯям, вай рафта ба калонҳо хабар диҳад… Тез бош, Солеҳ!

Рафиқи ман давон-давон ба хонаашон рафта, кӯзаашро дар пушти дар монду баромада бо ман роҳи қалъаро пеш гирифт.

Мо аз пеши боғчае, ки дар он ҷо дар таги сафедор «анбори озуқа»-амон пинҳон буд, гузаштем ва дидем, ки дар гирду пеши он одамҳо гашта истодаанд. Мо беихтиёр истода ба ҳамдигарамон чашмаке задему боз ба роҳ даромадем: ҷуволи мо хуб пинҳон карда шудааст, ҳеҷ кас ёфта наметавонад!

Пас, ба қафоямон нигоҳ накарда сӯйи қалъа давидем. Дар бозоргоҳ дарҳои анбори дароз кушодагӣ ва бачагони бисёре китобу қалам дар даст машғули гардишу даводав буданд ва ғавғо мекарданд. Ману Солеҳ наздиктар рафта, ба гуфтугӯйи онҳо гӯш андохтем.

Як бача ба мо рӯй оварда пурсид:

— Ба мактаб омадед? Акнун дер шуд, шуморо қабул намекунанд: мактаб пур, дигар на ҷой ҳаст, на дафтару қалам.

Шогирдони дигар сухани он бачаро қувват доданд.

Мо якбора маъюс шуда мондем. Наход ки ҳамин қадар саъю кӯшиши мо беҳуда равад?

Ҳарчанд ки аз гаму ғусса гиря карданам меомад, лекин ман боз худамро даст гирифта пурсидам:

— Домулло дар куҷост?

— Дар ҳамин ҷо. Ҳозир мебароянд.

Ҳамин вақт аз бинои анбор, ки ба воситаи таъмиру таҷҳиз ба мактаб гардонда шуда буд, як шахси ношиноси ба назар бисту ҳафт-бисту ҳаштсолаи қадбаланди лоғарбадан ва ҷомаи дарози озода дар тан берун омад.

Ин кас муаллим Сулаймонов будааст.

Яке аз шогирдон моро ба ӯ нишон дода гуфт:

— Домулло, ана ин ду бача ҳам ба мактаб омаданд.

Муаллим ба тарафи мо қадам зад. Дар нигоҳаш аломати таассуф ва дармондагӣ мушоҳида карда мешуд.

— Мактаб пур шуда монд-ку, — гуфт вай. — Бачагони бисёр омаданд, ҳамаашон хондан мехоҳанд. Як худи ман ҳамаро хононда наметавонам. Камтар сабр кунетон, аз Тӯс ё аз Намангон боз як нафар муаллим меояд. Вай ки омад, мо боз шогирд ҷамъ мекунем, шуморо ҳам ҳамон муаллим мехононад.

Бо шунидани ин суханҳо афту башараи мо чӣ гуна шуда буд, намедонам, лекин ман дигар тоқат оварда натавониста гиря кардам. Маро дида Солеҳ ҳам гирист.

Аз афти кор, муаллим ба мо раҳмаш омад. Аҷаб нест, ки вай бачагони то ин андоза ба хондан иштиёқмандро камтар дида бошад, фикркунон ба мо рӯй оварда пурсид:

— Шумо ҳамин қадар ба хондан ҳавас доред?

Ман, ки аз гиря гулӯгир шуда будам, ҳеҷ гап зада наметавонистам. «Оҳ, агар муаллим медонист, ки ман дар интизори мактабхонӣ ин қадар аламҳо кашида ва дилхун шудаам, вай маро даррав ба мактаб қабул мекард ва дар қатори якум менишонд» — фикр мекардам ман дар он дақиқаҳо, лекин ҳиқ-ҳиқ гириста ба сухан лаб кушода наметавонистам.

Ба хурсандии бепоёни ману Солеҳ муаллим нохост гуфт:

— Хайр, гиря накунед, ягон илоҷ меёбем. Биёед.

Вай 6а яке аз дарҳои кушодаи анбори собиқ даромад. Бачагон ҳам аз дунболи ӯ ба он ҷо дохил шуданд. Мо ҳам даромадем. Дар он ҷо ду қатор партаҳои сиёҳ гузошта шуда буд. Шогирдон дар паси ҳар як парта дунафарӣ нишастанд. Ба ману Солеҳ ҷой намонд.

Муаллим дуи моро дар ду парта ба қатори шогирдон нишонда:

— Секасӣ мешинед, — гуфт ва худаш ба назди мизе, ки дар пешгоҳи хона истода буд, рафта, аз болои он ду китоб гирифта оварда якеро ба пеши ман ва дигареро ба пеши Солеҳ гузошт. Ин китоб китоби алифбо буд, ки дар ҳар саҳифааш суратҳо дошт. Ба ёди ман китоби алифбои Серёжа омад, ки ҳамчунин суратнок буд.

Муаллим ба мо яктагӣ дафтару қалам ҳам дод. Вай ба паси мизи худ нишаста китоби алифборо кушод. Дарс сар шуд…

Он рӯз муаллим ба мо се ҳарфи аввалинро шиносонд.

Мо калимаҳои бо он ҳарфҳо навишташударо хондем.

Ман хушҳолона дар дилам мегуфтам, ки «агар муаллим ҳар рӯз ду-се ҳарфро нишон диҳад, ман ба қарибӣ ҳамаи ҳарфҳоро шинохта, хатхон шуда мемонам».

Шодии ман поён надошт. Баъди сабақи якум ман аз мактаб баромада, китобу дафтару қаламамро ҳамчун як чизи гаронбаҳо маҳкам дар бағалам гирифта равон шудам. Ҳақиқатан ҳам онҳо акнун барои ман хазинаи гаронбаҳо буданд.

Чун ба наздикии ҳавлиамон расидам, дидам, ки амакам бо ҳамроҳии Мулло Зайниддин ва одамҳои дигар намози пешинро хонда аз масҷид баромада истодааст.

Ман худро зуд ба дари ҳамсоя задам, — бачаи ҳамсоя ҳам аз мактаб баргашта буд, ман бо ӯ ба ҳавлиашон даромадам. Аз гуруснагӣ сарам чарх мезад, пагоҳӣ боз ҳеҷ чиз нахӯрда будам. Ҷуръат накардам, ки ба хонаи худамон равам, зеро аз амакам метарсидам: агар ба дасташ афтам, муқаррар маро дошта мезад.

Аз ҳама хавфноктар ин буд, ки вай метавонист дар сари қаҳру ғазаб китобу дафтари маро даронда партояд ё ба оташдон афканад. Тарсида-тарсида аз болои девори ҳамсоя ба ҳавлии худамон нигоҳ мекардам. Инак аз дарвоза амакам намоён шуд. Вай танҳо набуд: аз чӣ сабаб бошад, ки Мулло Зайниддин ҳам бо ӯ меомад.

Дар он соат ман аз ташриф овардани мулло ба хонаи мо фоли бад гирифтам ва дилам хавф бурд. Вай ба чӣ кор омада бошад?

Амакам муллоро бурда дар айвон нишонд ва худаш ҳам нишаст. Равшан аз хона чою нон баровард.

— Маслиҳати мепурсидагиам аз шумо ҳамин буд, — гуфта амакам ба сухан даромад. Ман дар пушти девор гуфтугӯйи онҳоро шунида истода будам. Худатон медонед мо камбағал бошем ҳам, лекин хӯҷа ҳастем, — суханашро давом дод амакам. — Ман сағираро намондам, аммо вай гапи маро нагирифта гурехта ба уштилхона рафт… Акнун шумо чӣ маслиҳат медиҳед, тақсир, ман чӣ кор кунам?

— Асло розӣ нашавед! — гуфт Мулло Зайниддин. — Дар мактаби кофирӣ «каломи шариф» намехонанд, фарзандони мусулмонро аз дин мегардонанд. Ҳеҷ розӣ нашавед, — боз таъкид кард мулло. — Акнун шумо ба ҷойи падараш падар ҳастед, мурдаю зиндааш дар дасти шумост.

Ман суханҳои ӯро шунида дар дилам мегуфтам: «Худат-ку моро нахонондӣ, акнун намемонӣ, ки дар мактаби нав рафта хонем!»

— Фикри худи ман ҳам ҳамин, — мегуфт амакам ба мулло. — Ман ба вай гуфта будам, ки «агар ба мактаб равӣ, зада поятро мешиканам, аз хона пеш мекунам». Эҳтимол аз ҳамин сабаб бошад, ки вай то алҳол ба хона намеояд. Метарсад.

Амакам муллоро гусел карданӣ шуда бо вай баромада рафт.

Ман зуд аз девор ҷаҳида ба ҳавлиамон гузаштам.

Янгаам Каромат абрувонашро чин карда ба ман гап назад. Фаҳмидам, ки вай ҳам аз ман хафа шудааст. Янгаам ба ман хӯрок ҳам надод, гарчанде медонист, ки ман аз пагоҳ боз ҳеҷ чиз нахӯрдаам.

Ман китобу дафтару қаламамро ба даруни куртаам андохта оварда будам ва ҳозир онҳоро муҳофизаткунон беихтиёр даст бар сина мефушурдам.

— Вай чӣ? Дар даруни куртаат чӣ дорӣ? — бо қаҳр пурсид янгаам.

— Китоби «Ҳафтяк», — ҷавоб додам ман.

Янгаам назди ман омаду китобу дафтарро аз бағалам берун бароварда, кушода нигоҳ кард. Чашмаш ба суратҳои китоби алифбо ғалтида буд, ки ранги рӯяш канд.

Китобро ба замин партофта фарёд зад, ки:

— Ҳоло «Ҳафтяк»-ат ҳамин? Ту ҳоло китоби муборакро ҳам масхара мекардагӣ шудӣ?! Мулло Зайниддин рост гуфта будаанд, мактаби кофирҳо аллакай фикри туро вайрон кардааст!.. Худоё, тавба, ин китоб ҳамааш сурат-а! Тезтар гум кун наҳсу наъбатро! Ман намемонам, ки ту инро дар хона нигоҳ дорӣ: фариштаҳо аз хонаи мо мегурезанд!

Ин барои ман боз як мушкили нав буд, ки ман онро пешбинӣ накарда будам. Аз рӯйи эътиқоди динӣ, дар хонаи мусулмон ҳеҷ гуна расму сурат набояд бошад, вагарна «фариштаҳо мегурезанд» ва ҷойи онҳоро шайтонҳо мегиранд. Бо янгаам мубоҳиса карда нишастан фоида надошт. Ман китобу дафтарамро боз дар бағал гирифта ба айвон баромада нишастам. Аз маъюсӣ ва дилшикастагӣ ҳатто гуруснагиамро ҳам ҳис намекардам.

Дар ҳамин вақт аз дарвоза амакам пайдо шуда монд.

Вай маро дар айвон дида ҳайбаткунон ба сарам омаду:

— Падарлаънат, ту чаро гурехтӣ? Чаро гапи маро ба замин партофта ба мактаби кофирҳо рафтӣ? — гуфта ба рӯям як торсакӣ зад. Рӯям лаввас карда рафт, аммо ман худро ба даст гирифта, гиря накардам. Янгаам аз хона баромада «ба алов равған рехт»:

— Вай аз мактабаш китоби суратдор овард! — хабар дод вай ба амаки хашмгирифтаам.

Амакам китобро аз бағали ман кашида гирифтанӣ шуд, лекин ман худамро ба замин партофта, китобро бо бадани худам муҳофизат карда, фарёд задам, ки:

— Намедиҳам! Агар даст расонед, ман рафта арз мекунам!

Вай китобу дафтарро бо зӯрӣ аз ман рабуданӣ мешуд, аммо ман ба китобу дафтарам сахт часпида гирифта будам ва дар замин ғел зада, онро аз даст намедодам.

Аз ин пеш амакам маро ҳеҷ назада буд ва ҳоло ба ман дигар даст нарасонд. Дид, ки ман китобу дафтарамро сахт муҳофизат мекунам ва онро аз дасти ман зада гирифтан осон нест, аз ман дур шуд ва гуфт:

— Дониста мон, ки ба мактаб намеравӣ. Ман тарбиякунандаи ту, васии ту ҳастам, гунаҳгор шудан намехоҳам.

— Аз мактаб намемонам, кушед ҳам меравам! — ҳунгас зада гуфтам ман.

— Намеравӣ! Ман намемонам, ки ту кофир шавӣ!

— Ба шумо ин гапро Мулло Зайниддин ёд додагӣ! Худи вай аз Худо наметарсад: моро фанд дода ба ҳезумчинӣ андохт; ҳезумашро чида кашонда дода будем, ки аз мо гурехт. Ин фиребгарӣ нест? Гуноҳ нест?

Ман пештар ҳеҷ гоҳ ба амакам гап нагардонда будам. Ятимонро аз раҳму шафқати Худо маҳрум, худоғазабкарда мешумурданд, бинобар ин онҳоро ҳар кас метавонист хор кунад. Гарчанде ятимон аз саҳар то шаб мурда-мурда кор кунанд ҳам, бо ин ҳама пояндагонашон онҳоро «агар ман туро оварда намепойидам, ту кучук барин мурда мерафта, кӯрнамак!» гуфта миннат мекарданд. Ятим ҳаққи гапгардонӣ ва худҳимоякунӣ надошт.

Лекин ман дар он дам ончунон озурда ва аламзадаи беадолатӣ шуда будам, ки дигар тоқат карда натавониста қарор додам ҳуқуқи мактабхонии худро мудофиа намоям.

Амакам:

— Медонам, Мулло Зайниддин кори нағз накард, лекин ҳар чӣ ҳам бошад, ман туро дар мактаби кофирҳо хондан намемонам! — гуфта сухани пештараи худро қувват дод.

— Мусулмон ғаллаи шуморо хӯрда рафта буд, «кофир» аз вай рӯёнда дод-ку, даррав аз ёдатон баровардед? — якбора дод задам ман.

Дидам, ки амакам як дараҷа аз шасташ фуромад.

Ман фарёдкунон воқеаҳои гузаштаро ба ёди вай овардан гирифтам:

— «Гапи дадот рост будааст: якта аскари кофир аз садта мусулмони бой беҳ» гуфтагӣ кӣ буд? Дарёи Оҳангарон аз ёдатон баромад? Савдогари мусулмон моро бо аспаш аз дарё гузаронда мондан нахост, аскари сурхи урус гузаронда монд!.. Гандуми сафедро ба мо кӣ медиҳад? «Кофир» медиҳад! Нони сафед ширин-мӣ?!! —

Амакам дармонда чӣ гуфтанашро надониста ба ман нигоҳ карда меистод. Ман — ин дафъа бо гиряи аламнок — диламро холӣ кардан гирифтам: — Босмачиёни мусулмон падари моро дошта заданд… Дар Қурама чизҳои моро толон карданд… Китоби суратдори маро нобуд карданд… Хонаи моро луб-луччак карда рафтанд… Онҳо шуморо ҳам қариб зада кушта буданд. Ҳамааш аз ёдатон баромадааст-дия?!

Амакам ба суханҳои ман мулзам шудагӣ барин, ғур-ғуркунон ба хона даромада рафт.

Ман бошам, боз аз ақибаш фарёд задам, ки:

— Ман аз хонаатон баромада мераваму лекин аз мактаб намемонам: одамҳои нағзро қаҳт назадааст, ба ман ҳам ягонта ғамхор ёфт шуда мемондагист.

Ман дар замин нишаста будам ва китобу дафтарамро маҳкам дар бағалам нигоҳ дошта, зор-зор гириста гап мезадам.

Дигар аз хона ғур-ғури амакам шунида намешуд.

Янгаам низ худро нишон намедод. Донистам, ки ман ғалаба кардам.

Пагоҳии дигар барвақт хеста, китобу дафтару қаламамро аз таги болиштам гирифта, як коса атоларо бо як бурда нон хӯрда ба мактаб давидам.

Аз ҳамон рӯз сар карда, ман ба мактаб рафтан гирифтам, амакам ва янгаам дигар ба ман даст накофтанд.

Ҷӯраи ман Маҳмуд ҳам аз дунболам ба мактаб рафта буд, аммо вай рӯзи сеюм ба дарсхонӣ наёмад. Муаллим ба мо фармуд, ки аз вай хабар гирем ва сабаби наомаданашро дониста биёем.

Маҳмуд дар тарбияти падари солхӯрда ва модарандараш буд. Он рӯзҳо чолу кампир ҷангӣ буданд, кампир ба ким-куҷо баромада рафта буд. Падари Маҳмуд пирамарди золиме буд, ки бо андак баҳона писарашро дошта задан мегирифт.

Баъди дарс мо бо Солеҳ ба хонаи Маҳмудино рафтем. Онҳо дар як ҳавличаи нимвайрона ва дар яккахонае, ки ҳатто айвон ҳам надошт, истиқомат мекарданд. Ҳавлиро мо холӣ ёфтем, дари хона ҳам маҳкам буд. Баногоҳ аз даруни хона овози гиря баланд гардид. Ман ба таги дар рафта пурсидам:

— Маҳмуд, ту-мӣ?

— Ҳа, ман… — шунида шуд овози рафиқи мо.

— Барои чӣ туро дар хона маҳкам карда рафтаанд? Чаро гиря мекунӣ?

— Дадом китобу дафтарамро даронда ба оташдон партофтанд, қаламамро шикастанд.

Қалам чизи камёб ва дар баробари китобу дафтар барои мо «азизу тӯтиё» буд. Чун дар мактаб қалам намерасид, муаллим маҷбур мешуд, ки як қаламро шикаста ду-се пора карда ба шогирдон тақсим намояд.

Қалами Маҳмудро нобуд кардани падараш барои рафиқи мо бадбахтии калон буд.

— Дадом маро аз барои ба мактаб рафтанам зада дар хона маҳкам карда монданд: «як ҳафта аз хона намебаройӣ» гуфтанд, — хабар дод Маҳмуд.

Мо хостем, ки рафиқамонро аз ҳабс озод кунем, аммо дари хона қуфл задагӣ ва даричааш ҳам бо занҷир маҳкам кардагӣ буд. Занҷири даричаро кушодани шудем, аммо вай баланд буд, қадамон нарасид. Пас якто чӯб ёфта оварда, ба воситаи он занҷирро аз ҳалқааш баровардем.

Маҳмуд якбора фарёд зад ки:

— Накушоед, дадом боз маро мезананд!

Дар ҳамин вақт нохост падари бадқаҳри Маҳмуд- Шокирамак пайдо шуда монд. Вай чӯбро аз дасти Солеҳ зада гирифта, ба мо ҳамла кард, мо гурехтем.

Рӯзи дигар мо воқеаро ба муаллимамон хабар додем.

Муаллим баъди дарс бо ҳамроҳии мо ба хонаи Шокир- амак равон шуд.

Вай дари берунро тақ-тақ карда буд, ки худи пирамард баромад. Ману Солеҳ аз дуртар ба гуфтугӯйи онҳо гӯш карда истодем. Муаллим пас аз салом-алек кардан пурсид:

— Чаро писаратонро мактаб рафтан намемонед?

— Писар писари ман! — Бо қаҳру ситеза ҷавоб дод Шокирамак. — Ҳар чӣ хоҳам мекунам.

— Охир, мо мактабро барои писари шумо барин бачаҳо кушодаем, онҳо бояд хонанд!

— Истед, ки худи шумо кистед? — моҷароталаб шуда пурсид пирамард.

— Ман муаллим ҳастам.

— Домулло ҳастам, гӯед! — тамасхуромез гуфт Шокир-амак, дасташро аз таги ҷомааш гузаронда ба пушт гирифта ва нимхам шуда. — Домулло бошед, барои чӣ саратон бе салла? Ман шумо барин «домуллоҳо»-ро дар самоворхонаҳо бисёр мебинам! Бачаҳо аз шумо чӣ ёд мегиранд? Ман писарамро дар мактаби шумо намехононам! — падари Маҳмуд инро гуфта, ба ҳавлиаш даромаду рафт.

— Ман аз болои шумо ба идораи ҷамоа арз мекунам, — гуфт муаллим аз қафои вай.

Шокирамак аз дари ҳавлӣ сарашро бароварда:

— Арз кунед, кардан гиред, ман ҷиннӣ нашудаам, ки писарамро дар мактаби шумо хононда кофир кунам! — гӯён ҷавоб гардонду боз дарашро пӯшид.

Ҳамин тавр, гуфтугӯйи муаллим бо он пиракии ҷоҳил натиҷа набахшид.

— Нодон! — бо хашмгинии аламнок хитоб кард муаллим. — Ба вай гап фаҳмондан мушкил!

Дар бозгашт муаллим ба мо мегуфт, ки ин хел ҷоҳилон ба худашон, ба фарзандонашон ва ба ҷамъият зарари калон мерасонанд…

Бекасӣ

Охирҳои тирамоҳ буд — рӯзҳо хунук шуда меомаданд, шабҳо бошад, қирав меборид. Мо ҳама дар даруни хона хоб мекардем, танҳо амакам ҳанӯз ҳам дар айвон мехобид.

Инак, вай шамол хӯрда касал шуда монд.

Янгаам Каромат шабона се-чор бор хеста барои амаки беморам ордоб пухт. Вай ҳар дафъа маро бедор карда, барои об овардан ба чашма мефиристод.

Ман сатилро гирифта, аз хонаи нимравшан баромада ба торикӣ дохил мешавам. Дар зулмати шаб маро ваҳм мегирад. Ба ҷину аҷинаҳо бовар мекунам ва аз онҳо мурданивор метарсам. Дар сари роҳам ҳар як санг ё пуштаи хок ба ман деву аҷинаю албастӣ барин менамояд; дар торикӣ ба назарам калон-калон чашмҳои оташбор намоён мешаванд; ана ду, се, чор чашм рост ба ман дӯхта шуда, дар баҳри тираву тор ба сӯям шино мекунанд. Ман сатили об дар даст бо дили ҳаросон ва тани ларзон тез-тез ба хона медавам…

Янгаам маро бори сеюм ба об мефиристад. Шаб аз ним гузаштагӣ, торик, осмон ҳам тира ва ситораҳо нопадид. Ногаҳон ба сари роҳи ман аз ким-куҷо як гурба ҷаҳида мебарояду қарор мегирад. Чашмони шӯълаборашро ба ман дӯхтааст ва намеҷунбад… Ман аз тарс бо тамоми овозам «вой дод!» гуфта фарёд мезанам, сатил аз дастам афтида обаш ба таги поям мерезад.

Чашмони шӯълабор нопадид мешаванд, ман сатилро аз замин мебардорам. Барои об боз гашта ба чашма рафтан воҳиманок аст, ман бо сатили холӣ давон-давон ба хона меоям. Аъзои баданам меларзад, дандон ба дандон монда наметавонам. Ба янгаам мегӯям, ки навакак як аҷина, ки чашмонаш лахча барин лаввас мекарданд, пеши роҳи маро гирифт…

— Дар куҷо?

— Дар наздикии масҷид.

— Аҷина дар наздикии масҷид намегардад, аз масҷид метарсад; ягон пишак ё кучукча будагист. Агар тарсӣ, якчанд бор «қулҳу оллоҳ»-ро хонда ба ду паҳлуят куф-суф кун — ҷину аҷина мегурезад, дилат таскин меёбад.

Инро гуфта янгаам аз нав маро ба об мефиристад. Ман боз ноилоҷ сатилро гирифта берун меравам. Аз тарс маҷоли пой бардоштанам нест, бехудона қадам мезанам. Ҳарчанд «қулҳу оллоҳ»-ро такрор мекунам, тарсам бартараф намешавад ва «дилам таскин намеёбад». Намедонам кадом қувва маро ба сари чашма бурд.

Сатилро ба новача меовезам, аммо вай ҷарангос зада ба замин меафтад. Ба гумонам ин ки аҷинаҳо онро аз дастам рабуда бар санг заданд. Шар-шари об ба гӯшам мисли қаҳ-қаҳ ва ҳангомаи аҷинаҳо мерасад, гӯё ки онҳо дар сари чашма ҷамъ шуда, маро масхара карда механданд.

Ман сатилро аз замин бардошта, ин дафъа вайро ба новача наовехта, балки дар таги он нигоҳ медорам, ки аз об пур шавад. Муддате дошта меистам, аммо сатилам ҳеҷ пур намешавад. Хам шуда нигоҳ кунам, ки сатилро аз шаршара як-ду ваҷаб инсӯтар дошта истодаам.

Дар ҳамин вақт аз дуртар овози таронаи ким-кадом марди раҳгузар баланд мегардад ва ин овози одамизод мани нимбеҳушро ба ҳуш меоварад. Ваҳму ҳаросам барҳам мехӯрад ва ман акнун ҳатто дар дилам ба тарсончакии худам хандида сатиламро пур карда ба хона равон мешавам…

Пагоҳӣ амакам қазо кард.

Як рӯз аз мактаб омада бинам, ки Мухтор дар хона танҳо нишастааст. Соате гузашт, ҳеҷ кас наёмад. Ман фақат акнун ба атрофам нигоҳ карда, хонаро аз чизу чора холӣ дидам. Танҳо як кӯрпаи кӯҳнае ки ману Мухтор дар он мехобидем, монда буд.

Маълум шуд, ки янгаам дуи моро ба тақдир ҳавола карда, худаш бо бачагонаш ба хонаи дигар кӯчида рафтааст.

Дертар вай ба назди мо омада гуфт:

— Ман як зани муштипар ҳастам, шуморо пойида наметавонам, бачагони худамро поям ҳам хуб гап. Равшан бо Ҳасан ба хонаи модаркалонашон рафтанд… Акнун ту, Собир, ғами худат ва додаратро хӯр… Аз дасти ман ҳеҷ кор намеояд…

Ман дар хонаи холӣ сарамро ба болои сандалӣ гузошта фикр мекардам, ки акнун чӣ бояд кард, чӣ гуна бояд зист. Мухтор бошад, чашмони маҳзунашро мададхоҳона ба ман дӯхта ором менишаст ва ҳеҷ чиз намепурсид, ҳатто гиря ҳам намекард ва ҳол он ки, ман медонистам, вай ҳам монанди ман гурусна аст. Ба чашми ман ҳам об намеомад, дилам санг гашта буд. Худи ҳамин ҳол ба ман баъди вафоти падарам ва моро партофта рафтани модарандарамон ҳам рӯй дода буд. Аммо дар он вақт ман худро ин андоза ғариб ҳис намекардам, зеро ба ҳар ҳол амак доштам.

Акнун, мо мададгоре надорем, ман бояд худам мустақилона тадбири ҳоли худам ва додарамро бинам.

Ман метавонам ба дари ягон кас рафта ятиму хизматгор шуда рӯзамро гузаронам, — фикр мекардам ман, — лекин Мухтор чӣ? Магар ягон кас розӣ мешавад, ки ҳам маро ва ҳам додари маро нигоҳбонӣ кунад? Не, ҳеҷ кас розӣ намешавад. Мухтори хурдсол ба ҳеҷ кас даркор нест.

Баъди фикру хаёли дурудароз ман ба ҳамин қарор омадам, ки Мухторро ба Қизилтеппа, ба хонаи аммаам бурда монам ва худам ба дари касон равам.

Аммо ҳозир пеш аз ҳама бояд ягон хӯрданӣ ба даст оварда Мухторро хӯронам.

Дар маҳаллаи мо Хайрӣ ном амакзодаи ман зиндагӣ мекард, ки шавҳар ва бачагон дошт. Писари калонии ӯ Сайфулло ҳамсоли ман буд. Шавҳараш ҳафтаҳо ва моҳҳо аз хонаи худ ғоиб шуда рафта дар ким-куҷоҳо мегашт.

Хайрии серғайрат ва меҳнатдӯст, худаш танҳо сарашро ба чор тараф зада ризқу рӯзии бачагонашро пайдо мекард.

Ман ба хонаи ӯ рафтам.

— Хайриапа, ман Мухторро ба Қизилтеппа бурда монданӣ ҳастам, аммо вай ҳозир гушна… аз пагоҳ боз ҳеҷ чиз нахӯрдааст…

— Вайро даррав ба ҳамин ҷо гирифта биёр, ман шулла пухтам, мехӯред, баъд вайро ба Қизилтеппа мебарӣ, — таклиф кард Хайри.

Ман Мухторро гирифта овардам, занак ба дуи мо як коса шулла дод. Аз афти кор, ранги зарди маро дида ба ҳолам ва фикру андешаҳоям пай бурда буд, ки гуфт:

— Майлаш, Мухторро ба пеши аммаам бурда мону худат дар хонаи мо ист. Бо Сайфулло ҳар дуят ба мактаб рафта хонда гаштан мегиред.

Мактабхонӣ ғами асосии ман буд, бинобар ин ман аз ин таклифи Хайрӣ хурсанд гардидам. Дар дилам мегуфтам, ки аз ман ба ин оила малол намерасад, ман обу ҳезуми ӯро кашонда ҳам бошад як бурда нони мехӯрдагиамро ҳалол карда мехӯрам.

Хайрӣ ба ману Мухтор якто нони зағора дода, моро ба Қизилтеппа гусел кард.

Ман Мухторро дар пуштам гирифта ба роҳ даромадам.

Масофа то Қизилтеппа шаш-ҳафт чақрим меомад.

Зимистон ҳоло набаромада, ҳаво хунук буд, ман ҳанӯз ҳам мӯзаи кӯҳнаамро, ҳамон мӯзаеро, ки падарам як вақтҳо дар Тошканд харида дода буд, пӯшида мегаштам, ки камаш даҳто ямоқ дошт ва боз даҳ ҷойи дигараш ҳам дарида, пушти пошнааш канда шуда афтода буд. Мухтор бошад, пойлуч буд, ман ӯро дар пуштам гирифта, пойҳояшро ба бари ҷомаам печонда мебурдам. Ҳар гоҳ ки монда мешудам, вайро дар ҷойҳои бебарф ба замин мефуровардам, вай дасти маро гирифта, почаҳои хунукхӯрдаашро оҳиста-оҳиста монда каме роҳ мерафт.

Ҳамин ки қитъаи замини бебарф тамом шуда боз барф сар мешуд, ман ӯро аз нав ба пуштам мегирифтам.

Бо ҳамин машаққат мо роҳи яксоатаро камобеш дар се соат базӯр тай кардем.

Аммаи солхӯрдаи қизилтеппагиам зани саводнок буд, ҳатто духтарбачагони деҳаро мехононд. Се писар дошт, ки кенҷааш бо ман ҳамсол буд. Шавҳараш як пирамарди нуронии қадбаланди андак хамидақомат ва ҳоҷӣ буд. Онҳо аз мулку мол фақат як порча замин, як хару як ғуноҷин доштанд ва камбағалона зиндагӣ мекарданд. Писари калонии аммаам ба қошуқтарошӣ ва писари миёнааш ба қуфлсозӣ машғулӣ мекарданд.

Аммаам моро бо меҳрубонии ғамгусорона истиқбол карда, ба тарбия намудани додараки сағири ман розӣ шуд.

Мухтор модарамон ва ҳатто падарамонро ҳам ба ёд надошт, кӯдак буд — ҳеҷ чиз намефаҳмид. Вай пас аз таом хӯрдан ва дар сандалӣ гарм шудан ба айвон баромада дар пеши аммазодаи қуфлсозам бо қуфлу калидҳои ӯ саргарми бозӣ шуд. Аммо вақте дид, ки ман рафтанӣ ҳастам, ба доманам часпида гиря бардошт. Вай дар он хонавода бе ман зиндагӣ кардан намехост. Вайро партофта рафтан ба ман ҳам мушкил буд, аммо ман чора надоштам.

Ин кӯдаки сарсахт чӣ азобҳое, ки накашид! Вай ба ҳамаи талхиҳои ятимӣ, ба гуруснагӣ, гармою сармо, касалиҳои пай дар пай тоб меовард ва мисли ин ки барои ҳастии худ афв металабида бошад, доим ба одамҳо бо як навъ лабханди узрхоҳона нигоҳ мекард.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!