С. Улуғзода. Субҳи ҷавонии мо 3


Мусибат

Аммо ин рӯшноии нав якбора хомӯш гардид: мо аз модарамон ҷудо шудем. Дар охирҳои тирамоҳ модарам шамол хӯрда нотоб шуда монд. Падарам бо маслиҳати ҳамсояҳо ӯро ба духтур бурда нишон доданӣ шуд, лекин модарам қабул накард. Вай ба нотобии худ аҳамият надода, хеста гаштан гирифт. Аммо дар аввали зимистон бемориаш қувват гирифта, ӯро ба бистар хобонд.

Николаев аз бемории модарам хабар ёфта духтур ҷеғ занонд ва ба хонаи мо як кати оҳанин фиристод, ки беморро дар он хобонем. Зани амакам, ки мо ӯро аз Шиблӣ даъват карда оварда будем, модарамро парасторӣ мекард. Вай як кампири қаддароз буда, бинии нӯгтез ва манаҳи борике дошт; ҳар гоҳ ки дар даҳони бедандонаш хӯрок мехойид, манаҳаш боло шуда қариб то таги биниаш мерасид.

Дар хонаи мо акнун ҳукми ҳамин кампир раво буд.

Вақте ки барои модарам кат оварданд, кампир аввал онро ба хона даровардан намонд ва мегуфт, ки очаю бобоҳои дар кат нахобидаанд ва ҳоли бемор дар кат беҳ нашуда, бадтар мешавад. Вай аз падарам табиб ё дуохон оварданро талаб кард, аммо падарам ба ҷустуҷӯйи табибу дуохон рафтан намехост.

Николаев ба духтур одам фиристод, духтур авсунатонро дору нӯшонда сиҳат мекунад, — мегуфт вай. Нафас гирифтани модарам торафт душвор мегардид.

Духтур омад. Модарамро дида гуфт, ки вай шамол хӯрда тимоқ1 ва дарди гулӯ шудааст ва шушаш ҳам варам кардааст. Дору навишт, беморро дар кат хобонд ва фармуд, ки хонаро гарм нигоҳ дорем. Аммо баъди рафтани духтур кампир модарамро боз аз кат фуроварда дар замин хобонд. Падарам парастории беморро ба кампир ҳавола карда, худаш ба кор рафта буд.

Доруи аз шаҳр овардашударо модарам фақат як бор дар ҳузури падарам истеъмол кард; падарам мувофиқи фармойиши духтур аз як дору чанд қатра ба бинии ӯ чаконд, бо доруи дигар гулӯи ӯро ғарғара кунонд. Вақте ки вай боз ба кор рафт, кампир доруҳоро берун бароварда дар барф рехт ва шишачаҳоро бар санг зада шикаст.

Бегоҳирӯзӣ падарам аз кор баргашта;

— Дору нафъ кард? — гуфта пурсида буд, ки кампир ба вай чунин ҷавоб дод;

— Марги доруятон! Аз бӯйи бадаш нафаси занатон гашта қариб беҳуш шуда буд. Нафъ накард, зарар кард.

Печка хонаи моро, ки заминаш хокӣ буд, дуруст гарм намекард; ҳавои хона хунук буд, бистари модарам бошад дар замин, ба паҳлуи сандалӣ андохта шуда буд.

Таби вай торафт баланд мешуд. Вай дар аввал аз дору шикоят намекард, аммо кампир тамоми рӯз «дору бадбӯй, дору бадбӯй» гуфтан гирифта буд, ки бо талқини вай модарам ҳам дар охир «аз димоғам бӯйи дору омада истодааст» гуфта шикоят мекардагӣ шуд. Шабона вай аз шиддати таб ҳазён шуда сафсата мегуфт:

__________

1Тимоқ — як навъи беморӣ, грипп.

— Дар димоғам бӯйи дору! Бӯйи бад! Об биёред, Даҳону биниамро шӯям!

Кампир як сатил оби хунук ва тос оварда дар назди бистари бемор гузошт. Модарам ҳар нафас он оби ях барин хунукро бо пиёла ба даҳонаш гирифта, гулӯяшро ғарғара карда, аз биниаш бароварда мепартофт. Об ба кӯрпаю болишт ва ба гиребони куртаи вай ҳам мерехт, бистараш тамом тар буд, аммо кампир аз ин парвое надошт. Падарам бошад, он шаб дар хона набуд, ба посбонии анбор рафта буд.

— Бӯйи дору ҳеҷ аз димоғам намеравад, акнун ман ин бӯйи бадро ба гӯр гирифта мебарам! — гуфта шикоят мекард модарам.

Падарам аз посбонии шабона вақти саҳар баргашт.

Аҳволи модарамро дида боз ҳамон дам ба завод рафт ва дар он ҷо як аспро ба ароба қатӣ карда, барои духтур овардан ба шаҳр равон шуд.

Бародарони ман хоб рафта буданд. Кампир дар сандалӣ нишаста пинак мекард. Фақат ман дар назди модарам бедор нишаста будам. Рӯйи ӯ мисли ин ки дар дами алангаи оташ бошад, тафсида суп-сурх шуда буд ва ӯ тамоми шаб оби хунукро дар гулӯяш ғарғара карда, аз биниаш мебаровард. Дили маро ваҳм мегирифт, гиряам меомад.

Дар субҳидам таби модарам фуромад, аммо акнун вай маҷоли ҷунбидан надошт — орому беҳаракат мехобид, ранги рӯяш канда, сап-сафед гашта буд. Бо овози хастаи нимшунаво гуфт, ки Мухторро ба назди ӯ биёранд. Ман бачаи хобрафтаро аз каравотча бардошта ба наздаш овардам, модарам дасташро базӯр боло карда ба сари ӯ ниҳод ва аз пешониаш бӯсид.

Рӯшноӣ дамида буд, ки кампир бародарам Азизхонро бедор карда, барои об овардаи ба ҷӯй фиристод. Модарам баногоҳ маро ба наздаш талабида оғӯш кард. Азизхонро ҳам талабид, аммо вай набуд. Баъд аз он чойники дар тоқча истодаро нишон дода гуфт:

— Дар он чойник… шир ҳаст… худам дӯшида будам, биёред.

Кампир чойникро гирифта овард, модарам ширро нӯшид. Бо ҳамон овози паст аз ман пурсид:

— Дадот наомаданд?.. Рав, писарам, берун баромада бозӣ кун… Маро камтар танҳо монед…

Ман барои он ки ӯро наранҷонам, аз наздаш дур шудам, аммо ба берун набаромада дар кунҷи поёнии хона нишастам. Модарам маро намедид, лекин ман аз вай чашм намекандам.

Баногоҳ вай ба ҷунбиш омад, чашмонаш калон кушода шуда чарх заданд ва баъд оҳиста-оҳиста пӯшида шуданд. Ман нафасамро дарун кашида, муддате ба вай нигоҳ карда истодам, вай дигар наҷунбид. Фаҳмидам, ки мурд, даҳшате вуҷудамро фаро гирифт, ман бехудона фарёд задам.

Падарам бо духтур омад. Вай худро ба тарафи модарам ҳаво дод, дасташро гирифт, сарашро дошт, — модарам намеҷунбид. Духтурзан мегуфт, ки тан ва дили модарам солим буд ва агар ӯро дар сари вақт муолиҷа мекарданд, сиҳат меёфт, аммо падарам ба сухани ӯ гӯш накарда, дод зада худро ба замин партофт.

Ман доду фиғони падарам барин одами калонро аввалин бор медидам ва ин доду фиғон воҳимаи маро аз хаёли ин ки акнун модарамон абадӣ аз мо рафт ва мо ятим мондем, садчанд зиёд мекард.

Модарамро дар аробаи чорчарха андохта ба қабристони Чилдухтарон бурдем. Аз қафои ароба хешовандони аз Шиблӣ омадаи мо, Ершов бо занаш ва зани Николаев мерафтанд. Ман болои ароба, паҳлуи модарам нишаста будам. Рӯйи ӯ кушода буд, ӯ ба ман зиндаи хобрафта барин менамуд. Дар паҳлуяш будам, ҳеҷ наметарсидам, аз рӯяш чашм намекандам ва умедвор будам, ки ана вай ҳозир чашмонашро мекушояд, мехезад ва он гоҳ мо аробаро ақиб гардонда ба хонаамон меравем. лекин модарам чашм намекушод.

Ба қабристон расидем, модарамро аз ароба фуроварданд, вале ҳанӯз боварии ман намеомад, ки ӯро ба ростӣ мегӯронда бошанд. Ин кор ба ман як хатои даҳшатнок барин менамуд. Падарам ба лаҳад фуромад, одамҳо модари кафанпечамро ба дасти ӯ доданд. Дар болои қабр Ершов, занаш Маша, тӯта Люба ва чор-панҷ нафар хешовандони мо истода буданд. Ершов аз чӣ сабаб бошад, ки бо милтиқаш омада буд. Як тӯда мардуми ношиноси чилдухтаронӣ ҳам омада ба маросими дафн ҳамроҳ шуда буданд, онҳо ба тарафи мо ба назари тааҷҷуб нигоҳ карда, ба ҳамдигарашон:

— Ин русҳо кӣ бошанд? Ба мурдагӯронӣ дар Чилдухтарон русҳо ҳеҷ вақт намеомаданд-ку! — гуфта ҳайрон мешуданд.

Падарам баъди ба лаҳад гузоштани модарам чанд фурсат аз он ҷо берун наёмад. Вай якзайл:

— Ман инро чӣ хел монда меравам? Маро ҳам гӯронед! — гуфта фарёд мезад.

Одамҳо ӯро тасаллӣ дода, ба сӯяш даст дароз карда, аз лаҳад бароварданӣ мешуданд, аммо вай ҳамоно фиғон мекард:

— Ин фаришта ба таги хок раваду ман зинда гардам? Не, не, бе ин ба ман зиндагӣ даркор нест, ҳамроҳаш маро ҳам гӯронед!

Амакзодаҳоям ва Ершов падарамро базӯр аз қабр кашида бароварданд. Ба қабр хок партофтан сар карданд, лекин ҳанӯз ҳам боварии ман намеомад, ки ин кор ҷиддӣ бошад. Ман гиря намекардам, аммо даҳон кушода ягон чиз гуфта ҳам наметавонистам, гаранг ва шах шуда монда будам.

Худи ҳамон бегоҳ ман бемор шуда ба бистар хобидам. Ҳамин ки рӯз тамом шуда торикӣ мефуромад, дар пеши назарам чашмҳои калон-калон пайдо мешуданд, ки ба ман нигоҳ мекарданд. Ин шояд аз он сабаб буд, ки ман дар вақти ҷонкании модарам чашмони ӯро дида будам ё, мумкин аст, сабаб ин буд, ки ман дар ароба дар паҳлуи модарам нишаста, муттасил ба рӯяш нигоҳ мекардам ва ба дили реш-реш умедвор будам, ки вай чашмонашро мекушояд.

Муддати ду ҳафта чашмҳо маро тарк накарданд.

Падарам шабҳо то саҳар чароғро хомӯш намекард. Барои ин ки ман дар бораи модарам фикр кардан нагирам, вай ба гуфтани афсонаи Гӯрӯғлӣ шурӯъ намуд. Афсона дароз ва шавқовар буд, падарам онро ба ман чандин шаб нақл кард. Вақте ки маро хоб мебурд, вай афсонагӯйиро бас карда, давомашро шаби дигар мегуфт. Саргузашту корномаҳои баҳодурон, ки бар душманҳои маккору бадкин зафар меёфтанд, маро ба ҳаяҷон меоварданд. Ин афсона бароям шифобахш омад — ман аз бемории рӯҳӣ ва асабӣ тез сиҳат шудан гирифтам.

Баъди вафоти модарам мӯй ва риши падарам зуд сафед шудан гирифт. Вай аксар маъюс, парешонхотир ва камгап буд. Суст роҳ мерафт, суст кор мекард. Аз вай кайфиятҳои хаёлпарастӣ ва мавҳумотпарастӣ зоҳир мешуданд, — масалан, вай баъзе суханҳо ва хобҳои дидагии модарамро ба ёд оварда мегуфт, ки модаратон кароматнок буд, яъне, пешомадро медонист. Вақте ки вай модарамро ба лаҳад мондааст, модарам гӯё се ангушти ӯро гирифта фушурдааст…Падарам аз ин «ҳодиса» ба таври худ ҳар гуна маъниҳои хурофотӣ мебаровард.

Вай ҳар рӯзи ҷумъа ба Чилдухтарон рафта, соате дар сари қабри модарам нишаста меомад. Гоҳе маро ҳам гирифта мебурд. Дар он ҷо вай сангҳои аз болои қабр ғелидаро чида боз ба ҷояшон мегузошт, хорҳои атрофи қабрро канда мепартофт ва аз лаби ҷӯй чим канда оварда ба ҷойи он хорҳо мехобонд. Дар гирди қабр сабза ва шукуфаҳо менишонд. Боре вай рафта бинад, ки дар паҳлуи қабр шикофе пайдо шудааст ва аз он шикоф мусичае парида ба ҳаво рафтааст. Падарам ҷиддан боварӣ ки «арвоҳ»-и модарамон ба худ шакли он мусичаро гирифта ба осмон парида рафт.

Вай ба кори завод давом мекард, аммо аз ғайрати пештарааш нишоне ҳам намонда буд. Вазифаҳои худро дилу бедилон, гӯё ки маҷбуран анҷом медод. Андӯҳи вафоти модарам ҳеҷ аз дилаш намерафт. Ҳамсояҳо ӯро дилбардорӣ карда мегуфтанд, ки ғусса хӯрдан суд надорад ва ӯ бояд ба хотири фарзандонаш худро ба даст гирад, аммо падарам тасаллӣ намеёфт.

Мухтор аз модарам яксолаю чандмоҳа монда буд.

Ӯро ман парасторӣ мекардам, зеро ки падарамон рӯзи дароз дар кори завод банд буд, бародарам бошад, ҳама вақт бо ҷӯраҳояш машғули бозӣ буда, баъзан ҳатто се рӯз- чор рӯз бедарак шуда мерафт.

Падару модарам Азизхонро эрка калон карда буданд, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки вай аз хонаю рӯзгор ғаме надошт, бепарво буд. Ба дили падарам ғайр аз ғаму андӯҳи худаш дигар ҳеҷ чиз намеғунҷид, бинобар ин вай баъди вафоти модарамон дар вақтҳои аввал Азизхонро на фақат навозиш намекард, балки доим аз ваҷҳи беғамӣ ва кӯчагардиаш ҷанг мекард. Аммо ҳар қадар, ки ҷанг мекард, Азизхон бадтар мешуд, ки беҳтар намешуд.

Боре Ершов, ки ба завод омада буд, аҳволи моро дида ба падарам гуфт:

— Ту бачагони хурдсол дорӣ, ки мӯҳтоҷи модаранд, ту бояд зан гирӣ!

— Намехоҳам, — ҷавоб дод падарам. — Кадом бача аз модари ӯгай некӣ дидааст, ки бачагони ман бинанд?

Падарам аз кор монда шуда меомад, аммо дам гирифта наметавонист, зеро дар хона ғами обу ҳезум ва оворагии сари дегу оташдон сар мешуд. Вай маҷбур буд ин ҳама коруборро худаш анҷом диҳад, зеро ки ман хурд будам, корҳои вазнини хонагӣ аз дасти ман намеомаданд.

Бачабардор будам, ҳамаи вақти маро Мухтор мегирифт: ӯро мехӯрондам, мепӯшондам, мехобондам. Баъди вафоти модарамон Мухтор пай дар пай касал шудан гирифт, ман аз вай як қадам ҳам дур рафта наметавонистам. Орзу мекардам, ки ягон соати холӣ ёфта бо бачаҳо бозӣ кунам, вале ин ба ман кам муяссар мешуд.

Музди кори падарам ба худамон бемалол мерасид, Мо метавонистем нағз хӯрем, нағз пӯшем, аммо дар ҳақиқати ҳол қашшоқона зиндагӣ мекардем, зеро ки одами хонаидоракунанда набуд. Пули падарам ҳама ба харидҳои тасодуфии «бебарака» сарф мешуд.

Сарулибосамон чиркин, палоси хона ва кӯрпаю болиштҳо даридагӣ, асбобу андоми рӯзгор ҳама ноқису нотамом буданд. Ҳар рӯзе сад бор қадри модарамон мегузашт. Рост мегуфтаанд, ки «гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо».

Модарамон давлати хонадони мо ва саодати он будаасту мо нафаҳмида будем.

Ҳамсояамон тӯта Маша дар он рӯзҳои сахт ба мо бисёр некиҳо кард. Шавҳари вай дар хизмати ҳарбӣ буд, зан бо меҳнати дасти худаш ду бачаи хурдсолашро мепойид. Ғайр аз фаррошии идораи завод, вай ҷомашӯйии мардумро карда, маоше ба даст меовард ва дар полизҳо ҳам кор мекард. Бачагонаш — Паша ва Лёня монанди ману Мухтор аксар рӯзҳо аз субҳ то шом дар хона танҳо мемонданд.

Тӯта Маша ҳар гоҳ ки ба хонааш меомад, албатта, аз ману Мухтор хабар мегирифт, ба печкаи мо алов мекард, хӯрок пухта медод, либосамонро мешуст. Камгап буд, кам механдид, ҳама корро хомӯшона андом медод. Умуман, вай одами сахтидида ва риёзаткашида барин менамуд.

Шабҳое, ки падарам ба қаровулии завод мерафт, ман бо Мухтор дар хона танҳо хобидан метарсидам, зеро чашмҳое, ки баъди вафоти модарамон дар торикӣ ба ман намудор мешуданд, маро ҳанӯз тамоман тарк накарда буданд ва шабона, агар тарсам, дар пеши назарам пайдо мешуданд. Тӯта Маша дар шабҳои ба қаровулӣ рафтани падарам ману Мухторро ба хонаи худаш гирифта бурда, бо бачагонаш мехобонд. Ҳар гоҳ ки писарчааш Лёняро оббозӣ мекунонд, Мухторро ҳам гирифта бурда дар ванна андохта шустушӯй мекард. Вай ба хонаи мо даромада, хомӯшона аз дасти Мухтор мегирифт ва Мухтор ҳам дам назада бо ӯ мерафт ва ҳар чӣ ки вай фармояд, мекард.

Падарамро ин некукории хомӯшона ва ин одамгарии беминнат мутаассир мекард. Тӯта Маша, ҳарчанд ки зиндагии худаш бо ду бача ва бешавҳар ба сахтӣ мегузашт, боз ба мо ҳам, ки сағира монда будем, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ менамуд. Аз ин ваҷҳ мо ӯро дӯст медоштем ва аз вай беҳад миннатдор будем.

Шабе аз шабҳои зимистон, дар вақти посбонии падарам дар завод, тӯта Маша ба ҷое рафта буд ва то дер барнагашт, ману Мухтор хоҳу нохоҳ дар хона танҳо хоб кардем. Мо поямонро ба даруни сандалӣ дароз карда хобида будем. Оташи сандалӣ хомӯш шуда буд, ки Мухтор «хунук хӯрдам» гуфта нолиш кард, ман бо чӯб хокистари сандалиро кофта, оташи дар таги он бударо ба рӯй баровардам ва боз ба хоб рафтам. Як маҳал ҳис кардам, ки нафасам гашта истодааст. Мухтор ҳам гиря бардошт, — чашмамро кушоям, ки хона пури дуд шудааст.

Кӯрпаро бардошта ба даруни сандалӣ нигоҳ кардам, бинам ки як тарафи кӯрпа сӯхта истодааст. Аз ҷоям ҷаҳида хеста кӯрпаро аз болои сандалӣ бардоштани шуда будам, ки вай лаппи даргирифта рафт. Дар як дам оташ тамоми сандалӣ ва намаду бӯрёро ҳам фаро гирифта, ба бистари ману Мухтор ҳамла овард.

Ман аз тарс даступо гум карда ба дар давидам ва бо тамоми овозам:

— Тӯта Маша! Тӯта Ма-ша! — гӯён фарёд задам. Тӯта Маша тани ба курта давону тозон омад ва сӯхторро дида фақат як даҳан «Ох ты, господи!» гуфту дигар то охир дам назада, ҳадаҳа оташро хомӯш кардан гирифт. Вай кӯрпаи даргирифтаро дар таги пояш мекӯфт, аз сатилу кӯза ба оташ об мепошид, чизҳои сӯхтаистодаро берун бароварда мепартофт.

Вақте ки оташ ба ҳамин тариқа хомӯш карда шуд, тӯта Маша Мухтори гирён ва мани саргардонро гирифта бадар рафт. Вай моро ба хонаи худаш бурд ва дар паҳлуи бачагонаш хобонд.

Агар тӯта Маша намебуд, албатта, хонаи мо ва тамоми бино месӯхт.

Бе модар зиндагонии мо дар завод торафт душвор шудан гирифт. Падарам кам-кам ба кор аҳамият намедодагӣ шуда монд. Дар баҳор вай сабзавоту полиз ҳам накорид, мо дар тобистон бе сабзавот мондем ва рӯйи харбузаю тарбузро ҳам надидем. Шодию хурсандӣ хонаи моро тарк карда буд.

Бачаи эрка

Падару модарам орзу мекарданд, ки фарзанди бисёр дошта бошанд. Дар шароити камбағалию нодорӣ чӣ гуна пойидани фарзандонро фикр ҳам намекарданд ва мегуфтанд, ки бача бо ризқи худаш ба дунё меояд.

Бачагони худро беҳад дӯст медоштанд ва аз барои онҳо ҳар чӣ ки аз дасташон ояд, мекарданд.

Бародарам Азизхон аз муҳаббати падару модар сӯистифода менамуд. Вай, ки нахустфарзанд буда, эрка калон шуда буд, талаб мекард, ки барояш ҳама вақт гузашт кунанд ва ҳамаи нозҳояшро бардоранд. Падару модарам низ ин талаби фарзанди маҳбуби худро ҳақ мешумурданд ва то ҳадди имкон ба ҷо меоварданд. Баъди вафоти модарамон Азизхон як дараҷа аз ин меҳрубонӣ ва ғамхории номаҳдуд маҳрум гардид.

Вай, ки ғам надида буд, ба ғами мо шарик шудан намехост. Вай фақат ба шодии мо шарик шудан одат карда буд. Ба ман ҳамин тавр менамуд, ки дили вай ба падарам ҳеҷ намесӯзад.

Баъди аз модар ҷудо шудани мо бародарам хонагурез шуда монд. Ба куҷое, ки гурезад, бо кадом рафиқе, ки гардад, барояш фарқ надошт, муддао ҳамин, ки аз хонаи падар дуртар бошад, зеро дар хона кор ҳаст, ташвиши зиндагӣ ҳаст.

Гаронии ин ташвиш ва ғами тарбияти ману додари хурдсолам ба гардани падарамон бор шуда буд, ки илова дар завод ҳам кор мекард. Як дам намеосойид ва як даҳан хӯрокашро бемалол нишаста хӯрда наметавонист, чӣ ҷойи он, ки аз паси Азизхон гардад ва ба тарбияти ӯ машғул шавад.

Бародарам гоҳо чанд рӯз ба хона намеомад. Боре вай як ҳафта бедарак шуда рафта, рӯзи ид омад. Сарутани нав пӯшида, ба илова якчанд газ матои сурх ҳам оварда буд. Ба ман гуфт, ки дар хонаи як пиру кампири рус меистам. Вай хурсанд буд ва ба хонаи падар бозгаштан намехост.

Тӯта Маша ба вай аз матои сурхи овардагиаш зуд курта дӯхта дод. Барои ман ҳам дӯхтанӣ шуд лекин боқимондаи матоъ кифоя накард. Бародарам ба ман гуфт:

— Бо ман равон шав, тӯтаи ман аз ҳамин чит боз камтар медиҳад, ба ту ҳам куртаи нав мешавад.

Падарам инро шунида, ба ман иҷозати рафтан надод.

— Барои чӣ дигарон ба ту курта медодаанд? Ту мехоҳӣ, ки падаратро шарм доронӣ? Нарав, худам рӯзи бозор ба ту курта харида медиҳам. Лекин ман ба гапи бародарам даромада, баъди ба кор рафтани падарам Мухторро дар хонаи тӯта Маша мондаму худам бо Азизхон ба хонаи мураббиҳои нави ӯ равон шудам.

Мехостам зудтар бубинам, ки чӣ гуна оилае бародарамро писархонди худ кардааст.

Дар кӯчаи Қӯйлуқ Азизхон маро ба як дарвоза даровард. Дар ҳавлӣ чанд оила истиқомат мекарданд, ману бародарам ба хонаи яке аз онҳо дохил шудем. Моро соҳибони хона зану шӯйи солхӯрдаи рус пешвоз гирифтанд. Бародарам гуфта буд, ки онҳо фарзанд надоранд ва ӯро ба худ писархонд карда гирифтанианд.

Вақтҳое ки Азизхон ду рӯз-се рӯз бедарак шуда мерафт, ҷӯраҳояш ӯро ба хонаҳои хешовандони худ мебурдаанд. Ба ҳамин тариқ, вай боре ба хонаи ҳамин пиру кампир омада монда, ба онҳо вафоти модарамон ва душвории зиндагониамонро ҳикоя кардааст. Пиру кампир ба ҳоли бародарам раҳмашон омада ва ҳусну ҷамол ва хушфаҳмии ӯро писандида, меҳрубонӣ ва навозиш кардаанд. Дар охир гуфтаанд, ки агар бародарам қабул кунад, онҳо ӯро ба хонаи худ гирифта, мисли фарзандашон тарбия хоҳанд кард. Ба Азизхон хонаи чолу кампир ва меҳрубонии онҳо чунон хуш омадааст, ки вай розӣ шудааст хонаи падарро тарк кунад.

Чолу кампир Азизхонро дар хоначаи алоҳида ҷо карда буданд. Дар он хонача як кати озода ва як мизу ду курсӣ истода буданд.

— Азиз, куртаи нави додарат канӣ? Чаро ба вай курта надӯзондед? — пурсид зан.

— Чит камӣ кард, — ҷавоб дод бародарам.

Дар ҳақиқат, чунон ки бародарам гуфта буд, зан даррав аз худи ҳамон матоъ боз се-чор газ оварда ба дасти ӯ дод ва гуфт, ки аз он барои ман куртаи нав дӯзонанд.

Ман ба хона баргашта, дидагиҳоямро ба падарам ҳикоя кардам.

Падарам ғамгин шуда гуфт:

— Ба сари сахти ман боз чӣ кулфатҳо меомада бошад! Писарам аз пеши падараш гурехта, ба дари бегонаҳо меравад!

Расидани чунин зарба аз писаре, ки ӯро аз писарони дигараш дӯсттар медошт, ба падарам бисёр гарон омад. Модарамон ба гумонам маро бештар дӯст медошт, ман инро ҳис мекардам ва ба ӯ сахт дил баста будам. Ман аз бародарам ҳафт сол хурдтар бошам ҳам, ба падарам аз ӯ ҳолдонтар ва дилсӯзтар будам. Ҳайрон мешудам, ки бародарам чӣ тавр дилаш мешавад, ки падарамонро ин қадар азоб диҳад.

Шаб дар ҷогаҳ падарам ба Азизхон мегуфт:

— Ба дари бегонаҳо рафтани ту нағз нест. Ман барои ту ҳар чӣ хоҳӣ, мекунам, ҳар чӣ пурсӣ, мехарам…Агар ин ҷо ба дилат зада бошад, ба ягон ҷойи дигар меравем ё ба деҳа мекӯчем. Шукр, туро нағз хӯрондан ва нағз пӯшондан аз дастам меояд, ман аз он чолу кампири ёфтагиат камӣ надорам.

Падарам ба писари понздаҳсолааш зорию тавалло мекард. Писар бошад, бепарво буд. Он шаб ман бори дуюм гиря кардани падарамро дидам.

Бародарам аз зиндагонии осони ба худ пайдокардааш даст кашидан намехост. Вай дар завод набудани мактаб ва дар хонаи он чолу кампир ба хондан сар карданашро баҳона намуда, боз ба ҳамон ҷо рафт.

Падарам чун як бор ба хонаи пиру кампири мазкур рафтани маро медонист, ба ман фармуд, ки ӯро ба он ҷо сар карда барам. Ман сар карда бурдам.

Ҳар сеи онҳо дар хона ҳозир буданд ва дар паси миз нишаста таом мехӯрданд. Азизхон дар паҳлуи кампир ҷой гирифта буд ва кампир аз табақи умумӣ ба табақчаи ӯ хӯрок гирифта меандохт. Дар рӯ ба рӯйи онҳо як марди солхӯрда нишаста буд, ки дар чашмаш пенснэ1 монда газета мехонд. Падарам ин манзараи саодати оилавиро дида рӯяш хира гашт.

— Ин кас кист? — шахси пенснэдор аз рӯзнома сар боло карда пурсид аз бародарам.

— Падари ман, — сахт ҷавоб дод Азизхон, ба тавре ки зоҳиран аз дидори мо заррае ҳам шод нашуда буд.

__________

1Айнаки пружинадори бедаста.

— Ҳо, марҳамат, биншинед, — бархоста аз паси миз ҷой нишон дод соҳиби хона.

Падарам на ба паси миз, балки аз он дуртар, дар паҳлуи соҳиби хона ҷой гирифт. Азизхон на ба падарам нигоҳ мекард ва на ба ман. Хомӯшии дурударозе ба миён омад. Соҳиби хона пенснэро аз чашмаш гирифта ба ғилофаш андохт ва дармондагӣ барин чанд бор «м-да» гуфта монд. Зани вай моро ба таом таклиф мекард, лекин падарам ба таом нигоҳ ҳам накарда, қавоқашро андохта менишаст. Баъд вай бо ҷаҳл гуфт:

— Ман барои писарамро гирифта бурдан омадам. Вай хона дорад, дар кӯча намондааст. Ин чӣ тавр мешудааст, ки падар зинда бошаду писарро аз вай ҷудо кунанд?! Зан, гӯё ки мо ду бародарро бо ҳам муқоиса мекарда бошад, гоҳ ба Азизхон нигоҳ мекард ва гоҳ ба ман. Бародарам дар танаш либоси нав, тозаю озода нишаста буд, афту андомаш гувоҳӣ медод, ки вайро дар ин ҷо хуб парвариш мекунанд.

Зан бо оҳанги зорӣ гуфт:

— Вайро гирифта бурдан чӣ лозим? Охир, модар надоштааст, ман ба ҷойи модараш мешавам, ин ҷо барои вай нағз! — Зан навозишкорона китфи бародарамро мемолид. Баъд аз он вай якбора гиря карда боз гуфт:

— Ман фарзанд надорам, Азизро фарзанди худам барин тарбия мекунам. Азиз, гап зан, ба ту дар ин ҷо нағз-а?

Шавҳари зан, ки то ин дам хомӯш буд, ба падарам рӯй оварда, суханро якта-якта чида гуфт:

— Мо ба писари шумо ҳеҷ ҳаққу ҳуқуқ надорем, вайро аз шумо ҷудо карданӣ ҳам нестем. Агар хоҳад, марҳамат ба хонаи падараш равад. Лекин худатон як мулоҳиза кунед: шояд дар ин ҷо мондани писаратон барои ӯ беҳтар бошад? Вай ба хондан бисёр ҳавас дорад. Худи ман муаллим ҳастам, мо вайро, албатта, мехононем. Дар хонаи шумо зан нест. Мо, мардҳо, бачаро ҳар қадар дӯст дошта бошем ҳам, ӯро мисли зан парасторӣ карда наметавонем.

Падарам дар андеша монд. Ба Азизхон муроҷиат карда ба забони тоҷикӣ гуфт:

— Дар хона ман ба ту аз инҳо беҳтар ғамхорӣ мекунам. Ту хурсанд мешавӣ.

Падари аз рафиқаи умри худ ҷудогашта ва мусибатзадаи ман аз нахустфарзанди худ ҳеҷ тоқати ҷудоӣ надошт. Вай тайёр буд барои ба хона бозгардондани бародарам ҳар чиро ки вай хоҳад ва талаб кунад, муҳайё созад. Аммо Азизхон чашм ба замин дӯхта менишаст. Зан, ки ҳар дам хавотир кашида ба бародарам менигарист, дар охир боз гиря кард.

Падарам аз ҷо бархоста ба Азизхон хитоб намуд:

— Модаратро ба ёдат биёр! Вайро дар гӯраш ба азоб намонон!

Ман он хонаи озодаи дилнишинро, ки ҳама асбоби роҳаташ тахт буд, бо чашми ҳавас медидам ва фикр мекардам, ки зотан бародарам дар ин оила монад ҳам, бад намешуд. Ман ба наздаш омадурафт мекунам. Охир, вай дар куҷое ки бошад, фарзанди падари худ ва бародари ман аст, ҳар вақте ки хоҳад, моёнро рафта дида меояд. Азизхон ҳамоно хомӯш буд, ба сухани падарам ҷавоб намедод. Соҳибони хона ҳам сукут мекарданд.

— Агар ин тавр бошад, ана ин писари маро ҳам гиред, хурдиашро ҳам гиред, тамом! Ман меравам… ба ҷое ки модари инҳо рафт, меравам! Ман фарзанд надорам! — ларз-ларзон фарёд зад падарам. Дар чашмони вай ашк пайдо шуд.

Зан аз гиря бозмонд, шавҳараш ба бародарам гуфт:

— Азиз, ба хонаи падарат баргард. Ҳарчанд мо туро нағз дида, ба ту дил баста бошем ҳам, лекин падаратро хафа карда наметавонем. Модом ки вай бо ту будан мехоҳад, ту бояд дар наздаш бошӣ. Ба пеши мо ҳар вақте ки хоҳӣ, омада метавонӣ; хонаи моро хонаи худат дон.

Зан боз дар бораи тарбия кардан ва хонондани Азиз даҳон кушода буд, ки шавҳараш ӯро аз сухан боздошта, чизҳои бародарамро ғундоштан фармуд.

Зан як ҷомадончаи бофтаро оварда, чизҳои Азизхонро ба он андохт ва ин дафъа бо худдорӣ ва бе оби дида бо бародарам хайрухушкунон ӯро дар оғӯш гирифта бӯсид.

Мо ба хонаамон баргаштем. Баъди ин воқеа падарам дар бораи бозгаштани мо ба деҳаи пештараи худамон ҷиддитар фикр мекардагӣ шуд.

Хонаи деҳагии аз бобоям меросмондаи мо кӯҳна шуда буд ва таъмир талаб мекард. Падарам ният дошт, ки ба деҳа баргашта хонаи нав андозад ё тайёрашро харад ва бо ҳамроҳии амакам замини аз ҳосил монда ва боғи харобгаштаи моро обод намояд. Бо ин мақсад вай ба пул ҷамъ кардан шурӯъ намуда буд. Баъзе шабҳо пули дар сандуқ русткардамондаашро бароварда ба шумурдан медаромад ва аз ман мепурсид:

— Уштури сафед дидӣ?

Ман ҷавоб медодам:

— Не.

— Ана ҳамин тавр, ҳар кас ҳар чӣ пурсад ҷавоб деҳ, ки «не, намедонам, надидаам!» — Инро гуфта падарам пулашро боз ба сандуқ пинҳон карда мемонд. Акнун баъди ба хона бозгаштани Азизхон падарам ба вай аз пули пасандозкардааш сарутани нав харид. Вайро гоҳ-гоҳ бо худаш ба сайру тамошои шаҳр мебурд ва дар он чизҳои хостагиашро харида медод.

Бародарам ҷавони навраси хушқаду қомате шуда буд. Рӯйи сафед ва мӯйи сиёҳи мавҷ-мавҷи ӯ, ки дар хонаи муаллими русаш расонда буд, ӯро ба навҷавони шаҳрие, ки дар оилаи зиёӣ калон шуда бошад, монанд мекарданд.

Падарам бо ӯ мефахрид ва чунон дӯсташ медошт, ки ҳар талабе кунад, ба ҷо меовард. Ман ва Мухтор бо сарутани кӯҳна мегаштем, парасторӣ намедидем, шаб дар замин мехобидем, бародарам бошад либосҳои озода мепӯшид ва дар кат мехобид. Вай бо Сергей ба мактаб мерафт, тӯта Маша бо хоҳиши падарам ба Азизхон як китобдони хушрӯй дӯхта дод. Серёжа ба синну сол аз бародарам хурд буда, дар синфи баландтар хонад ҳам, бо вай ҷӯрагӣ мекард.

Ман ба зиндагонии бародарам ҳасад мебурдам: вай ғам надошт, ҳама чиз барояш осон ва дастрас буд. Ман гарчанде хурдсол бошам ҳам, мефаҳмидам, ки вай қадри ғамхориҳои падарамро намедонад, аз ин ваҷҳ ӯро дар дилам сарзаниш мекардам. Ба падарам ҳайфам меомад, ки бечора барои хурсандӣ ва хушбахтии писараш ҳеҷ чизро дареғ намедошт, аммо писар худро ба он ҳама ғамхорӣ сазовор дониста, миннатдор ҳам намешуд, ҳатто бисёр вақт норозӣ мешуд ва «аз хонаатон баромада меравам» гуфта падарамро метарсонд. Бо ин рафтораш доим хотири падарамро парешон карда, ӯро азоб медод.

Хоҳиши ягонаи падарамон ин буд, ки Азизхон дигар ба хонаи он чолу кампир наравад, аммо бародарам ҳамин хоҳиши ӯро ҳам ба ҷо намеовард ва пинҳонӣ ба хонаи падархонду модархонди собиқи худ рафтуомад мекард.

Ман инро медонистам, бинобар ин бародарам маро бо қанду қурс зиёфат карда хоҳиш менамуд, ки сирри ӯро ба падарам фош накунам.

Ҳамин тавр вай як-ду моҳ бо мо истод. Аммо як рӯз аз шаҳр омада гуфт:

— Маро ба «уштилхона»1 гирифтанд, акнун минбаъд дар ҳамон ҷо меистам.

Падарам, ки оқибат аз ҷафоҳои писари бемеҳр дилгир шуда буд, дам назада бо вай ба «уштилхона» рафт, то чигунагии он ҷойро дониста биёяд. Маълум шуд, ки он ҷо як омӯзишгоҳи дарбастаи интернатмонанд будааст.

____________

1Уштилхона — аз калимаи «учитель»-и русӣ ва «хона»-и тоҷикӣ таркиб ёфтааст. Дар солҳои баъди Инқилоби Октябр мактабҳои нави шӯравиро дар водии Фарғона ҳамин тавр меномиданд.

Бародарам дар он омӯзишгоҳ майли хондан дошт ва дар он ҷо ҳеҷ кас қасди аз падар ҷудо сохтани ӯро намекард.

Падарам ба ин қонеъ шуд ва барои дар он омӯзишгоҳ зиндагонӣ кардани Азизхон ризоят дод.

Бародарам ба ман чӣ гуна ба «уштилхона» дохил шуданашро махфиёна ҳикоя кард. Маълум шуд, ки падархонди собиқи ӯ муаллими омӯзишгоҳ буда, бародарамро ҳамон кас ба он ҷо қабул кунондааст. Ҳар рӯзи якшанбе Азиз хурраму хандон ба хона меомад. Бояд аз тарбияти омӯзишгоҳ бошад, ки вай вазнинтару бамаънитар шуда буд. Ҳар бор, албатта, бо ягон рафиқи русаш меомад, ба русӣ бемалол гап мезад ва бо ин фахр мекард. Китобҳои худро гирифта меовард ва ба падарам мехонд, то нишон диҳад, ки хату савод баровардааст. Падарам хурсанд мешуд ва аз асари хурсандии ӯ бародарам низ хушҳол мегардид.

Саводнокии бародарамро дида, эҳтироми ман ба вай зиёдтар мешуд. Орзуманд будам, ки ман ҳам монанди ӯ бохату савод ва китобхон шавам…

Китоби аввалин

Сергей маро ба хонаашон таклиф кард. Вай падар, модар ва хоҳари аз худаш хурдтар дошт, оилаи онҳо низ дар поён истиқомат мекарданд. Модараш зани солхӯрдае буда, пенснэи тиллогин дошт ва дар байни занҳои поён бо сипоҳигарии худ ҷудо шуда меистод. Падараш бошад мутахассиси шаробпазӣ буд ва низ дар чашмаш айнаки калоне дошт, доим бо шитоб роҳ мерафт ва доим хаёлаш ба чизе банд буд. Ман аз падару модари Серёжа изо мекашидам, бинобар ин ҷуръат намекардам, ки ба хонаашон равам.

Лекин имрӯз худи Сергей ба ман гуфт:

— Биё, ба хонаи мо меравем.

— Ба ман мумкин-мӣ? — нобоварона пурсидам ман.

Чаро мумкин набошад? Худам таклиф карда истодаам-ку! — Инро гуфта вай маро бо худ гирифта бурд.

Ман рамида-рамида аз пайи Серёжа ба хонаашон дохил шудам. Хона равшан ва озода, дар тирезаҳояш пардаҳои сап-сафеди нафис кашидагӣ, аз ин хона ба хонаи дигар гилемчаи борики гулдор андохтагӣ, фарши тахтагинаш ранг кардагӣ ва шаффоф буд. Дар як тараф ҷевону рафҳои ҷилодори пур аз китоб истода буданд.

Хулоса ба чашми ман ончунон ҷойи зебо ва покизае ҷилвагар шуд, ки ман намедонистам пойи ботинкадори чанголудамро ба куҷо гузорам. Агар Серёжа аз дастам гирифта:

— Биё, даромадан гир, — намегуфт, ман ҳаргиз аз остона дарунтар намерафтам.

Дар дами дар латтаи тари хонашӯяк паҳн карда шуда буд, ман ботинкаамро ба он хуб пок карда даромадам ва ба курсӣ нишастам. Модари Серёжа мисли ин ки маро аввалин бор дида бошад, пенснэро аз чашмаш гирифта, бо назари харидорӣ ба сар то пойи ман нигоҳ, кард. Ман изо кашида, аз дил гузарондам, ки «вай аз омадани ман ҳайрон ва норозӣ аст», аммо зан якбора аз ҷо хеста ба наздикии ман омад ва пурсид:

— Бача, булкаи ширин мехоҳӣ? — ва ҷавобамро нашунида як булкачаи сафед оварда ба ман дароз кард: — Гир, хӯр.

Ман гирифтам ва як бор газида хӯрдам, лекин дилам накашид, зеро аз булка бӯйи атр меомад.

Модари Серёжа бошад, чӣ кор карданашро намедонистагӣ барин рӯ-рӯйи хона мегашт, баъд аз он боз пурсид:

— Граммофон монда диҳам, мешунавӣ?

Вай боз ҳам ба ҷавоби ман мунтазир нашуда, ба назди мизчае, ки дар болояш як қуттии карнайчадор истода буд, рафт; карнайчаи он сафед ва монанди гардани қоз каҷ буда, ялаққос мезад, зан онро ба тарафи ману Серёжа гардонд. Ман он гуна карнайчаро надида будам ва чӣ буданашро намедонистам; қуттӣ даста дошт, зан онро тоб дод ва боз ким-чӣ коре кард, он гоҳ аз карнайча овози баланди таронахонӣ баромад. Ман ҳайрон монда чашмонамро калон кушода ба карнайча нигоҳ мекардам.

— И, кӣ ашӯла хонда истодааст? Дар дарунаш одам ҳаст? — пурсидам аз Серёжа.

Ҷӯраам хандид. Ман «ҳикмат» ва «тилисм»-и русҳоро, ки аз падарам шунида будам, ба ёд оварда, гумон кардам, ки ин ҳам бояд аз ҳамон чизҳо бошад. Аз афти кор, ҳайрати ман аён буд, ки модари Серёжа ба наздам омада пурсид:

— Магар ту ашӯлаи граммофонро нашунидаӣ?

— Не, ҳеҷ нашунидаам.

— Пас ин чиз барои ту бояд шавқовар бошад, — гуфт зан.

Вақте ки граммофон хомӯш гардид, модари Серёжа як нафас мушаввашхотир шуда монд, гӯё дар андеша буд, ки ба ман боз чӣ нишон диҳад. Магар ба ҳеҷ қарор омада натавонист, ки ба писараш гуфт:

— Серёжа, охир, ҷӯраатро бо ягон чиз машғул дор, боз зиқ нашавад!

Серёжа хандид: зоҳиран, ташвиш ва тараддуди модараш ба вай хандаовар намуда буд. Зан ба хонаи дигар рафта дигар ба назди мо набаромад.

Сергей аз раф як китоби муқовасиёҳро гирифта рӯйи миз гузошт ва маро дар паҳлуи худ нишонда:

— Биё, ман ба ту суратҳо нишон медиҳам, — гуфт ва китобро ба варақ задан даромад.

Дар ҳар саҳифаи китоб суратҳои калони ҳайвонот ва мурғони ёбоӣ буданд, ки ман ҳаргиз онҳоро надида будам. Серёжа ба ман номи он ҳайвонҳои ғалатӣ ва мурғони аҷоибро як-як гуфта, дар куҷоҳо зистанашонро ҳикоя мекард. Баъзе суратҳо рангин буданд.

— Инҳоро худам бо қаламҳои ранга рангин кардам, — гуфт Серёжа.

Вай хатҳои дар зери суратҳо бударо хонда ва боз донистагиҳои худашро илова карда ба ман мефаҳмонд. Ман чӣ қадар афсӯс мехӯрдам, ки бесаводам ва ҳамин гуна китобҳо надорам.

Сергей соате ба ман суратҳоро нишон доду гуфт:

— Акнун бас будагист?

Аммо ман аз китоб чашм канда наметавонистам ва дилам намешуд, ки аз сари он бархезам.

— Он тарафашро ҳам бинем, — хоҳиш кардам ман.

Мо боз ба китоб сар фурӯд оварда қариб сеяки онро аз назар гузаронидем. Серёжа аввал дар бораи ҳар сурат донишҳои худро ба ман гуфта тамом мекарду баъд варақи китобро мегардонд.

Дар ин вақт падари Сергей омада монд ва мо маҷбур шудем, аз машғулияти шавқовари худамон даст кашем.

Ман рафтанӣ шуда аз ҷо бархостам, Серёжа маро то берун гусел карда гуфт:

— Боз биё. Ҳоло аз ҳама аҷоибтараш дар пеш аст.

Ман Серёжаро нағз дида мондам ва бо вай омаду рафт мекардагӣ шудам. Чанд бор дар хонаашон будам ва ҳар дафъа ба наздаш бо ҷону дил мерафтам.

Серёжа ба ман ҳамаи суратҳои китоби ғалатии худро нишон дод. Баъд аз он китобҳои дигарашро ҳам нишон дод, аммо ҳеҷ кадоми онҳо бароям китоби якум барин шавқовар нанамуд. Аз саҳифаҳои он китоби муқовасиёҳ ба чашми ман як ҷаҳони афсонавии пур аз аҷоибот ҷилвагар шуд.

Аксар вақт ман ба назди Серёжа Мухторро ҳам гирифта мебурдам. Суратҳои китоб ба ман завқи беандоза мебахшиданд ва соатҳои бо Серёжа гузарондаам соатҳои хушбахтии ман буданд. Ман кӯшиш мекардам, ки он ҳайвоноти ёбоӣ ва мурғони аҷоибро зинда тасаввур кунам ва он гоҳ даводави онҳо, парвози онҳо, ҷанги онҳо ба пеши назарам меомад, наъраи ҳайвонот, хониши мурғон, шав-шави ҷангалҳое, ки он ҳайвонот ва он мурғон дар он ҷангалҳо мезистанд, ба гӯшам мерасид ва дар хаёлам манзараҳои олами ношиносе тасвир меёфтанд. Дӯстдории китоб ва орзуи китобхоншавӣ дар дилам сахттар ҷо бигирифт.

Хайр, шаҳри азиз!

Борони сел меборид. Ман аз хонаи Серёжаино омада истода будам, ки дар роҳи аз поён ба завод раванда чашмам ба як одами дарвешнамо афтод. Вай бо ҷадал қадам монда меомад. Пойи бараҳнааш ҳар дам ба лою кӯлмакҳо меғӯтид ва аз либоси ҷиғда-ҷиғдааш об мечакид.

Вай маро дида ба сӯям даст ҷунбонд ва қадамашро боз ҳам тезонд. Ман тарсида гурехтам. Ба таги дарамон расида, ба ақибам нигоҳ кардам, бинам ки он мард рост ба тарафи хонаи мо омада истодааст. Ман зуд худро ба даруни хона гирифта, саросема ба падарам:

— Дадо, бароед, вай кӣ? — гуфта будам, ки аз дар худи «дарвеш» ҳам намудор шуд. Акнун ман таъқибкунандаи худро шинохтам: мардак амаки ман Обидхоҷа буд. Вай ҳам маро шинохта будааст, бинобар ин, аз паям омада, зуд хонаи моро ёфтааст.

Амакам ба мо хабарҳои ғамангез овард: зани вай мурдааст, очаи меҳрубонам — модаркалонам ҳам мурдааст. Аз хешу табор, ҳамсоя ва ошноҳои мо низ бисёр касон вафот кардаанд. Зебиро ба шавҳар додаанд.

Хабари вафоти модарам ба деҳа расида будааст.

Амакам падари маро ба деҳа даъват ва ба зангирӣ ташвиқ мекард. Дар он ҷо вай барои падарам як зани бева ёфта мондааст, ки аз хонадони обрӯманд буда, бо сабабе аз шавҳараш ҷудо шуда будааст ва розӣ шудааст, ки ба падари ман расад.

Падарам гуфт:

— Дар ин ҷо ҳам ёру дӯстон бисёр маротиба ба ман зан гир гуфта маслиҳат доданд, ман розӣ нашудам. Модари ӯгай бачагони маро хор мекунад гуфта тарсидам… Аммо акнун дида истодаам, ки ба марди танҳо бачаҳоро тарбия кардан мушкил будааст. Бачаҳо азоб кашида истодаанд…Модом ки ҳамин хел зани бамаънӣ ёфт шуда, барои бо ман хонадорӣ кардан розӣ шуда бошад… фикр карда дидан лозим… Шояд ки ҷойи модари инҳоро гирад.

Бори дигар амакам доир ба ҳукумати нав овозаҳои дар деҳа паҳншударо нақл кард.

Мегӯянд, ки ҳукумат баъди босмачиёнро нест кардан ба камбағалон замин медодааст.

Ин гап диққати падарамро ба худ ҷалб кард. Худи амакам ба ин овозаҳо он қадар бовар намекард, аммо падарам онҳоро ҳақиқат мепиндошт.

— Албатта, бояд ҳамин тавр шавад, — мегуфт вай. Мана ҳамин заводу токзори моро аз соҳиби пештарааш кашида гирифтаанд, акнун хӯҷаин худи коргаронанд… Ман шунидам, ки дар деҳа чор-панҷта бойи хунхор аз гушнагии мардум фоида бурда, заминҳои деҳқононро ба дасти худ даровардаанд. Ҳукумати нав ин ноинсофиро дида, дам меистад? Не. Ҳоло нигоҳ карда ист, дар деҳа корҳои ғалатӣ мешавад.

Баъди ин сӯҳбатҳо дудилагии падарам барҳам хӯрд ва ӯ қарор дод, ки ба деҳа бозгардад.

Мо ба тараддуди сафар афтодем.

Охирҳои зимистон буд, падарам ва амакам умед доштанд, ки то аввали баҳор ба деҳа расида гиранд ва бо ҳам ба кори деҳқонӣ шурӯъ намоянд.

Онҳо ҳар рӯз ба ким-куҷоҳо мерафтанд ва шаб дар хона бо кадом роҳ ва чӣ гуна ба деҳа бозгаштанро муҳокима менамуданд, зеро назар ба гуфти амакам ва мувофиқи маълумоти саҳеҳи аз шаҳр донистаомадаи падарам роҳи оҳан дар бисёр ҷоҳо аз тарафи босмачиён бурида шуда, поезди Фарғона муваққатан аз ҳаракат бозмондааст…

Мо ба деҳа пиёда, бо роҳи давродавр рафтанӣ шудем. Падарам як хар харид ва аз ким-кадом идора шаҳодатнома ё худ рухсатномаи сафар гирифта омад.

Роҳи мо аз болои шаҳрчаи Тӯйтеппа, дарёи Оҳангарон ва ағбаи Қурама мегузашт.

Дар арафаи сафарамон падарам ману Мухторро гирифта, барои хайрбод кардан ба хонаи Николаевҳо рафт.

Мо аз дари онҳо даромада, дар миёнҷойи хонаашон як дарахти сабзи мавзунеро дидем, ки ба шохҳояш себ, чормағз ва бозичаҳои рангоранги зебо овехта монда буданд. Ин дарахтчаи пурзебу зинат ёлка будааст, ки ман онро аввалин бор дидам, — русҳо онро дар «Рождество» ном иди худашон дар хонаҳо барои дилхушии бачагонатон меоростаанд.

Тӯта Люба моёнро ба гирди миз нишонда бо санбӯсаю кулчақандҳои хушмаза зиёфат кард ва боз дар вақти хайрухуш кардан аз он шириниҳо як каф-як каф ба кисаи ману Мухтор андохта дод.

Николаев ба падарам мегуфт:

— Ба деҳа барои чӣ меравӣ? Магар ин ҷо бад аст?

— Хешу табор ба ватан бозгаштани маро мехоҳанд. Ба ман зан гирифта доданӣ шудаанд, «ба бачагонат модар лозим аст» мегӯянд, — ҷавоб дод падарам. — Ин ҷо хуб аст, рӯзамон дар ин ҷо бад намегузарад, аммо бачагони хурдсол дорам, ки ба нигоҳубин ва тарбия мӯҳтоҷанд,- Вай як дам сукут карда, илова намуд: — Мегӯянд, ки Ҳукумати Советӣ баъди босмачиёнро нест кардан ба камбағалон замин медодааст… Дар деҳа ҳам зиндагонӣ нағз шуда меравад!

— Ихтиёр ба худат, ман туро нигоҳ дошта наметавонам.

Пагоҳии он рӯз, пеш аз ба роҳ баромадан, мо рафта бо оилаи Ершов хайрухуш кардем. Худи Ершов набуд, тӯта Маша моро дар назди миз ба харак шинонда, аз самовори сафеде ки онро ҳар рӯз шуста тоза мекард на он ифтихори тӯта Маша буд, зеро ки онро ба пули коркардаи худаш харида буд, — аз он самовори сафеди худ моро бо чой зиёфат кард. Ба рӯйи миз як табақча карами шӯр гузошт, аз як канори нони булка бо корд нонпораҳои ғафс-ғафс бурида монд ва як дона қандро майда карда ба назди ҳар кадоми мо ниҳод. Мувофиқи одати худаш вай ҳамаи ин корро хомӯшона анҷом дод.

Падарам барои он ҳама некиҳое, ки мо аз оилаи Ершов дида будем, ба тӯта Маша ташаккур баён кард.

— Раҳмат, — гуфт вай, даст бар сина гузошта. — Ман ва бачагонам шумоёнро фаромӯш намекунем. — Падарам ману Мухторро нишон дода, илова кард: — Инҳо аз ту бисёр меҳрубониҳо диданд. Ту зани нағз ва покдил ҳастӣ. Вақте ки Ершов аз хизмат холӣ шуд, ҳамаатон ба деҳаи мо биёетон; хонаи ман — хонаи худатон:

— Хайр, мон… Чӣ ҳам кардам?.. Кирои ташаккур гуфтан не…

Баъд аз он гуфт:

— Ин қадар ба деҳаат дилкашол шудӣ?.. Зан дар ҳамин ҷо ҳам ёфта мешуд.

— Не, рафтан лозим. Акнун ки ҷазм кардам, бояд равам, — ҷавоб дод падарам.

Мо бархостем. Тӯта Маша сари маро гирифта ба паҳлуяш пахш карда ва ба рӯйи Мухтор навозишкорона даст бурд:

— Э, бачаҳо, бачаҳо… Модари ӯгай меёбед… Илоҳи, раҳмдилу меҳрубон барояд. — Чашмони тӯта Маша аз ашк пур шуданд, вай бо гӯшаи пешдомани худ чашмонашро пок кард. Ман пеш аз ин гиря кардани ӯро надида будам.

Мо борамонро мебастем. Аз пагоҳӣ сар карда дар пеши хонаи мо бачагони гуселкунанда ҷамъ мешуданд.

Ҷӯраи ҷоноҷони ман Серёжа, Паша ва Лёня хам дар он ҷо ҳозир буданд. Онҳо чизҳои моро аз хона ба берун мекашонданд. Пашаи харобаки почадароз зӯр мезад, ки ба мо ҳарчи бештар ёрӣ расонад. Падарам ба вай бо чашми навозиш нигоҳ карда, хандида мегуфт:

— Туро худам келин мекунам. Азизхон мактабашро тамом ки кард, ба ту хостгор мефиристонам.

Паша бисёр изо кашид, ба тавре ки ҳатто гӯшҳояш ҳам суп-сурх шуданд.

Мо чизҳоямонро ба хар бор карда ва Мухторро дар болои бор нишонда ба роҳ даромадем. Заминро барфи ғафс пӯшонда бошад ҳам, ҳаво хунук набуд; осмон соф ва офтоби пагоҳӣ тобон буд.

Ҳамсояҳо ва бачаҳо моро то пеши дарвоза гусел карданд. Серёжа дар паҳлуи ман равон буд, ман ба ӯ гуфтам:

— Ана мебинӣ, ман ҳам хонда саводамро мебарорам, баъд монанди ҳамон китоби суратдори ту китобҳо мехарам.

Серёжа нохост истоду ақиб гашта давон-давон ба тарафи хонаашон рафт.

— Серёжа, куҷо меравӣ? — ҳайрон шуда фарёд задам ман аз қафои ӯ.

— Даррав меоям, расида мегирам!

То дарвоза як сад қадам монда буд, ки Серёжа расида омад. Вай дар бағалаш як китоб гирифта овард.

— Ма, Собир, ин ба ту ёдгорӣ, — гуфт вай китобро ба ман дароз карда.

Ин ҳамон китоб буд — китоби мусаввар бо суратҳои ҳайвонот ва мурғони ёбоӣ, ки ман онро ҳар дафъа бо шавқу ҳавас варақ мезадам ва аз тамошояш сер намешудам. Серёжа медонист, ки ман ин китоби ӯро аз ҳамаи китобҳои дигараш дӯсттар медорам, бинобар ин, хостааст дар дами ҷудоӣ онро ба ман бахшад. Ман аз шодӣ саросема шуда мондам ва гумон мекардам, ки Серёжа ҳазл мекунад. Аммо вай ҳазл намекард ва бо табассуми гарми дӯстона мегуфт:

— Ҳар вақте ки варақ задӣ, маро ба ёдат меорӣ.

— Хуб, — розӣ шудам ман. — Раҳмат.

Падарам бо хоҳиши ман харро истоёнда, тӯҳфаи гаронбаҳоро ба хӯрҷин андохт.

Инак, мо аз дарвозаи завод ба кӯчаи фарох баромадем. Дарвоза баста шуд ва гуселкунандагони мо дар паси он монданд.

Ин дафъа, монанди дуним сол пеш, ки мо аз деҳаи худамон баромада будем, аз паси хар падарам бо амакам қадам мезаданд. Фақат ин дафъа модарамон бо мо набуд, — вай абадӣ дар Тошканд монд. Азизхон ҳам набуд: вай дар омӯзишгоҳи Тошканд мехонд ва бо мо ба деҳа бозгаштан нахост. Падарам ҳаваси илмомӯзии ӯро дида ба монданаш розигӣ дод.

Роҳи дуродури номаълуми мо сар шуд. Дар нимаи рӯз Тошканд дар қафо монд.

Хайр, шаҳри азиз!

Алвидоъ, қабри мубораки модарам!

Дар соҳили Оҳангарон

Чандин рӯз аст, ки мо дар сафарем. Ким-чӣ хел сойҳо ва пулҳои хароб, ки мо аз онҳо мегузаштем, ким- кадом деҳачаҳои гумноми безеб, ки дар онҳо барои шабхобӣ манзил мегирифтем, дар лавҳи хотирам нақш бастаанд. Роҳ паймудан аз адирҳои санглох, убур кардан аз дараҳои танг, боло рафтану пойин хамидан аз кӯталҳо дилгирамон мекард. Роҳи сафар беинтиҳо менамуд. Ман як бор ҳам ба хар савор нашудаам ва ҳар чӣ қадар монда шавам ҳам, шикоят намекардам. Падарам аз ман бисёр розӣ буд ва маро таъриф карда ба амакам мегуфт:

— Палавҳое, ки ман ба ин хӯронда будам, беҳуда нарафтаанд: иликаш пур, монда намешавад.

Инак, мо ба дарёи Оҳангарон расидем. Дарё пуроб ва тезҷараён буд, пиёда гузаштан хатар дошт. Аз хар умед набуд: вай, агар ҳиммат кунад, танҳо худашро бе бор ба соҳили дигар гузаронда метавонисту бас. Рӯз ба бегоҳ наздик мешуд, мо ҳайрону дармонда будем, намедонистем аз об чӣ тавр гузарем. Аз роҳ як савори хушлибоси савдогарнамо омад. Вай ба саломи мо дуруст алайк ҳам нагирифта, аспи қашқаи фарбеҳ ва бардамашро ба дарё андохтанӣ шуд. Падарам аз ӯ хоҳиш кард, ки:

— Ёрӣ диҳед, илоҳӣ, барака ёбед! Ҳеҷ набошад, ана ҳамин бор ва ана ин ду бачаро ба он лаб гузаронда монед!

Савор аввал қабул накард, ким-чӣ баҳонаҳо кард, аммо падарам гаштаю баргашта илтимос намуда буд, ки охир розӣ шуд танҳо маро ба пушти аспаш савор карда ба он лаб гузаронад.

Маро дар пушти ӯ нишонданд. Асп як бист қадам ба дарё рафта буд, ки оби хунук ба поям расид ва ба мӯзаам даромад. Хунукӣ оҳиста-оҳиста ба тамоми баданам таъсир карда, маро дарағ-дарағ меларзонд. Мавҷи об ба синаи асп мезад. Савор, барои он ки кафшу маҳсии амиркониаш тар нашавад, пойҳояшро боло карда ба гардани асп ниҳод.

Дар соҳили дигар вай маро аз аспаш фуроварду наистода ба роҳаш равон шуд.

Ман ба гузаштани падарам, амакам ва Мухтор бо хару бор мунтазир шудам. Ба атрофам назар андохтам, дар он қарибиҳо касеро надидам. Ҳама ҷо ялангӣ буд, фақат аз дур кӯҳу кӯталҳо намудор буданд. Дар соҳили дигар падарам магар аз умедвории мадади тасодуфӣ ноумед шуда буд, ки Мухторро дар китфаш бардошта ба об даромад. Амакам бо хару бор дар соҳил монд.

Падарам оҳиста-оҳиста ҳаракат мекард. Инак, вай ба миёни дарё расид. Мавҷҳои оби тез, ки то синааш меомад, ӯро гирифта бурданӣ мешуданд, ӯ якпаҳлу шуда худро базӯр нигоҳ медошт. Бо пояш таги дарёро санҷида- санҷида, бо эҳтиёт қадам мениҳод. Гоҳе қарор мегирифт, то ки аз фишори об чаппа шуда наафтад; баъд аз он боз оҳиста-оҳиста ба ҳаракат медаромад. Ман дар лаби дарё аз вай чашм наканда меистодам ва аз тарс дар ҷоям шах шуда монда будам: гумон мекардам, ки агар ҷунбам, ба падарам халале мерасад.

Мана вай ба соҳил наздик шуд, ман дидам, ки нӯги риши худро ба даҳон газида меояд. Мана рӯяш баръало намоён шуд: рангаш кандагӣ, чашмонаш алои ваҳмолуд. Зоҳиран, вай сахт монда шуда буд ва охирин қувваи худро сарф карда, дар муқобили ҷараёни пуршиддати об истодагӣ менамуд. Мухтор бошад, аз он ҳама хатари таҳлуканок парво накарда, дар китфи падар орому осуда менишаст.

Падарам аз об баромада буд, ки ман ба сӯяш давидам. Пойи вай бараҳна, либоси обшораш ба баданаш часпидагӣ буд. Офтоби фурӯраванда гармӣ надошт, падарам аз хунукӣ дандон ба дандон монда наметавонист. Вай Мухторро аз китфаш фуроварда, боз дар ҳамон ҳолат аз дарё ба он тараф гузаштанӣ шуд.

— Укоятро гирифта шин, ман бо амакат борро мегузаронем, — гуфт вай, дар ҳолате ки дандонҳояш дакаррос мезаданд ва аз пойҳои кафидааш хун мешорид.

Ман ба доманаш дарафтида фарёд задам.

— Наравед, гузашта наметавонед, об гирифта мебарад!

Инро ман бояд бо ваҳшату воҳима гуфта бошам, ки падар ҳайрон ва дудила шуда монд. Як нафаси чуқур кашида, бо сараш ба он лаби дарё ишора кард, ки дар он ҷо амакам бо хару бор нигарон нишаста буд. Падар хаставор ба замин нишаст, ман пай бурдам, ки маҷоли рост истодан ҳам надорад. Муборизаи тан ба тан бо дарёи мастонарафтор дармонашро хушк карда буд. Вай торафт бештар меларзид ва дандон ба дандон мекӯфт. Ман ҷомаамро кашида ба китфаш партофтам, лекин ҷомаи бачагона сари китфи ӯро ҳам базӯр мепӯшонд. Дилам мегуфт, ки агар илоҷе ёфта ӯро гарм накунам, ҳолаш бад мешавад.

Дар ин сафар падарам ба ҳар эҳтимол дар кисааш санги чақмоқ ва пилта гирифта мегашт. Хушбахтона, он чақмоқ ҳоло бо ӯ будааст ва ман ба мақсади аловдаргиронӣ зуд як қабза хасу хошок чида овардам. Аммо пилта, ки тар шуда буд, аз чақмоқ задан дарнагирифт, он гоҳ ман домани ҷомаамро чок карда, камтарак пахтаи хушк баровардам ва онро тоб дода пилта сохтам; падарам муддате чақмоқ зада пилтаро даргиронд, ман онро ба таги хас халонда, зӯр зада пуф кардан гирифтам, то оқибат хошок ҳам даргирифт.

Ман хасу хошок ғундошта оварда ба гулхан мепартофтам ва падарам дар алангаи он гарм мешуд ва либосашро мехушконд. Ғуруби офтоб наздик буд, падарам хавотир кашида, якзайл ба он лаби дарё нигоҳ мекард ва мегуфт:

— Амакатро бо бору хар чӣ тавр мегузаронем?

Вай баъди андак гарм шуда ба худ омадан боз ба он лаб гузаштанӣ шуд, аммо ман боз ба доманаш дарафтода, ӯро ба об даромадан намондам. Амакам бошад, аз он лаб имою ишоратҳои бесаброна мекард. Толеи бадро бинед, ки на дар ин ва на дар он соҳил одамизоде пайдо набуд, то ки аз ӯ мадад пурсем.

Падарам ба як баландӣ баромада, ба чор атроф назар андохт, ки дар он қарибӣ деҳае менамояд ё не. Агар намояд, вай рафта аз он ҷо ягонто асп оварданӣ буд.

Аммо деҳае ба назар намерасид.

Баногоҳ аз дур як даста саворон намудор шуданд.

Онҳо бо роҳе, ки аз лаби дарё сесад-чорсад қадам онсӯтар воқеъ шуда буд, равон буданд. Мо чашми умед ба тарафи онҳо дӯхтем. Кулоҳҳои нӯгборики ситораи сурхдор ба мо дарҳол кӣ будани он саворонро маълум карданд. Падарам фармуд:

— Дав, писарам, якта аспашонро пурс!

Аммо бе гуфтани вай ҳам худи ман аллакай ба тарафи саворон раҳсипор шуда будам. То ҷон доштам, медавидам ва даст ҷунбонда ишораҳо мекардам, ки бозистанд. Ман аз онҳо тарсе надоштам: дар назари ман ҳар касе, ки дар сараш кулоҳи ситораи панҷгӯшадор дошта бошад, Ершов буд. Аскарони сурх ҳама ба Ершов монандӣ доштанд, аз они худӣ буданд. Понздаҳ нафар савор бачаи ба тарафи худашон даванда ва имою ишоракунандаро дида бозистоданд. Ман расида рафтам ва нафасамро базӯр рост карда, ба тавре ки тавонистам, арзи ҳол намудам. Ба худ мефахридам, ки забони русӣ донистанам кор дод.

Командири ҷавон дар синааш се нақши сурх дошт. Вай ба як аскарбача фармуд, ки ба мадади мо равад.

Аскарбачаи савора як аспи дигарро етак карда мерафт. Вай ба тарафи дарё гашт, рафиқонаш бошанд, нигарон шуда истоданд.

Аскарбача ба он лаби дарё гузашт. Харро амакам аз нӯхтааш ба коши зини асп, ки худаш дар он савор буд, баста кашола карда ба дарё даровард. Дар миёни дарё хар ғалтид, нӯхтааш канда шуд ва оби тез вайро гирифта бурд. Амакам чораи халос кардани вайро наёфт.

Мо намедонистем ба аскарбача миннатдории беҳадду ҳисоби худро чӣ тавр баён кунем. Падарам бо ду дасташ дасти ӯро гирифта чанд бор фишурд:

— Як аскари сурх аз садта мусулмони бой беҳтар! — мегуфт вай аз он савори савдогарнамо, ки ба мо ёрӣ додан нахост, киноя карда.

То аскарбача амакамро бо чизу чораи мо аз дарё гузаронд, ки отряди ӯ дар роҳ мунтазир шуда истод.

— Акнун мо бе хар чӣ тавр меравем? — ғусса мехӯрд амакам.

Падарам ба аскари сурх коғази аз Шӯъбаи махсус (Особый отдел)-и Тошканд гирифтаашро нишон дода гуфт:

— Ман коргар ҳастам, илтимос мекунам, ки моро ба ягон деҳа расонда монед.

Аскар ӯро ба назди командираш бурд. Баъди чанд дақиқа падарам бо худи ҳамон аскарбача ва бо ду аспи холӣ баргашт. Мо чизу чораамонро ба аспҳо бор карда ва худамон ҳам савор шуда ба роҳ даромадем.

Аскарони сурх тез асп меронданд ва мо ҳам аз онҳо ақиб намемондем.

Ду аскари гуселкунанда моро дар торикӣ ба чойхонаи деҳаи Телов фуроварда, худашон ба отряд баргаштанд.

Шабро дар чойхона гузарондем.

Пагоҳӣ падарам баромада ба харковӣ рафт.

Дар кӯчаҳои Телов якто-нимто аскарони сурх ва командирҳо мегаштанд. Мо дар чойхона аз одамҳо фаҳмидем, ки дар он деҳа Шӯъбаи махсус меистодааст. Зоҳиран, одами нав пайдошуда, яъне, падарам, бо каду басти барҷаста ва ташвишу тараддуди худ диққати одамони Шӯъбаи махсусро ба худ ҷалб карда буд: вақте ки ӯ бо хари дар ким-куҷо харидааш ба чойхона бозгашт, як шахси нимҷомаи чарминпӯшида ва телпакдор ӯро ба гӯшае ҷеғ зада гуфтугӯ карда ва пас ба кадом ҷое гирифта бурд.

Падарам баъди ним соат гашта омад. Ӯро ба Шӯъбаи махсус бурда пурсуков кардаанд. Вақте ки донистаанд мо кистем ва чикораем, ҳайрон шудаанд, ки чӣ тавр мо дар роҳ аз дасти босмачиҳо ҷон ба саломат бурдем. Дар охир моро аз давом додани сафарамон манъ кардаанд. Гуфтаанд, ки дар гирду атроф босмачиён бисёранд ва мо, хусусан бо он коғази Шӯъбаи махсуси Тошканд, ки доштем, муқаррар ба дасти онҳо афтида ҳалок мешавем.

Ба мо иҷозати рафтан надоданд. Ин, албатта, ваҷҳ дошт: Шӯъбаи махсус хавф мебурд, ки мабодо босмачиён моро дастгир карда, бо қину азоб аз мо дар бораи аскарони сурх маълумот нагиранд.

Бо ин ҳама падарам ба рафтан қарор дод, зеро агар намерафтем ва зудтар ба деҳаи худамон расида намегирифтем, бими он буд, ки аз сарсонию гуруснагӣ ҳалок шавем.

Мо вақти саҳар номаълумак ба роҳ баромадем.

Падарам моро ба як канори деҳа бурд. Дар он ҷо як оброҳаи хушк буд, мо дарун-даруни вай равон шудем.

Падарам дина бегоҳӣ аз бошандагони Телов пурсида фаҳмида гирифта будааст, ки дар ин тараф босмачиён кам мегарданд ва роҳ нисбатан камхатар аст.

Мо харамонро ҳай карда, дар ҳеҷ ҷо наистода пеш рафтан гирифтем.

Дар ағбаи Қурама

Як пагоҳ, вақте мо аз деҳачае, ки шаб дар он хобида будем, баромадем, ба назарамон кӯҳи қулласафеде ҷилвагар шуд. Вай кӯндаланг хобида, пеши роҳи моро гирифта буд.

— Кӯҳи Қурама ана ҳамин! — гуфт падарам. — Мо аз вай мегузарем.

То ин дам ман кӯҳҳои баландро фақат аз дур дида будам, онҳо аз дур осмониранги шаффоф, қуллаҳои барфинашон сафеди булӯрин менамуданд. Ҳоло ман дар ҳаяҷон будам, ки наход ба кӯҳи ҳақиқӣ, ба кӯҳи сарсафед мерасида бошем!

Аммо ҳар қадар ки пештар мерафтем, ман маъюстар мешудам, зеро пардаи шаффофи осмониранг кам-кам аз рӯйи кӯҳҳо бардошта мешуд ва ман фақат сангу шахҳои муқаррариро медидам. Пайраҳае печутоб хӯрда боло мерафт, мо ба воситаи он ба кӯҳ баромадан гирифтем. Якчанд мусофирони савораю пиёда ҳамроҳи мо буданд. Ба қуллаи кӯҳ наздик расида будем, ки ҷойи барфнок сар шуд. Барф хушк буда дар таги по ғарчас мезад. Ҳаво софи андак сард буд, мо сабук нафас мегирифтем ва гарчанде соатҳои бисёр роҳ паймуда бошем ҳам, худро бардам ҳис мекардем.

Инак, сари кӯҳ ҳам намудор шуд. Дар ин ҷо ду савор истода буданд. Ҳамроҳони мо онҳоро дида бесаранҷом шуда монданд. Ба ҳамдигарашон пичиррос зада «босмачӣ, босмачӣ» мегуфтанд. Мо ҳам истода ба боло чашм дӯхтем. Он ду савора намеҷунбиданд ва ба назар монанди тасвире, ки ба рӯйи осмони лоҷвардӣ нақш шуда бошад, менамуданд. Аз китфи онҳо нӯги милтиқҳояшон баромада меистод.

— Таваккал ба Худо! Рафтан мегирем. Дигар чора нест, онҳо моро диданд, — гуфта, яке аз ҳамроҳони савораи мо аспашро пеш ронд. Оҳиста-оҳиста боло рафтан гирифтем. Он ду савора торафт аёнтар мешуданд. Наздиктар расида дидем, ки онҳо на ду нафар даҳ- дувоздаҳ нафаранд. Ҳамаашон милтиқдор. Бешубҳа роҳи моро пойида истода буданд.

— Аспҳо-ку аз даст мераванд, лекин худамон зинда мемонда бошем? — хавф бурда гуфт яке аз ҳамроҳони мо.

Ҳамин ки мо ба куллан кӯҳ баромадем, босмачиён моро нигоҳ доштанд.

— Отлардан тушинглар1! — фармон дод як босмачии телпакдори чӯтур ва сурхчашм.

Ҳамроҳони савораи мо, ки чор-панҷ нафар буданд, аз аспҳошон пиёда шуданд. Ҳамон дам босмачиён мисли галаи сагони гуруснае, ки ба устухони партофташуда дармеафтанд, ба ҷуволу хӯрҷинҳои мусофирон дарафтоданд. Ҳар чӣ буд, толон карданд. Газвор, карбосу алоча, мӯза, кафшу маҳсӣ барин чизҳоро талош карда, аз дасти якдигарашон зада мегирифтанд.

Инак, онҳо ба пеши хари мо ҳам омаданд. Бори онро даст-даст карда диданд, баъд аз он кушода тит карданд. Қиматноктарин чизи мо — кӯрпаи шоҳиро, ки ёдгории

__________________

1Аз аспҳо фароед! (ба забони ӯзбекӣ).

модарам буд, гирифтанд. Ашки алам дунёро ба чашми ман торик кард. Дар ҷувол як миқдор чизҳои савғотӣ буд, ки падарам аз шаҳр барои хешовандони деҳагии мо харида буд. Ҳамааш ба яғмо рафт. Либосворӣ, чанд ҷуфт кафш, рӯймолҳои занона ҳама дастбурди дуздон гардиданд.

Ғоратгарон боз ҳам аз кофтуков даст намекашиданд.

Баногоҳ аз хӯрҷин тӯҳфаи Серёжа — китоби муқовасиёҳи ман ба замин афтод.

Яке аз босмачиён онро бардошта, варақ зада дид ва дод зад:

— Кофирҳо! Болшавойҳо! Ичпиёнҳо!1

Ман аз тарси он ки акнун китобам аз даст меравад, ҳиқ-ҳиқ гиря сар кардам.

Падарам ба босмачӣ гуфт:

— Ин ҳамту… як чизи безарар… китоби бачагона аст.

Босмачӣ бошад, бо қаҳр китобро бар санг зад.

Варақҳои суратдори китоб канда шуда, ба ҷарӣ парида рафтанд. Боқимондаи онро босмачӣ бо мӯзааш дар барф лагадкӯб кардан гирифт. Ман ҳар як зарби лагади ӯро дар дилу ҷигарам ҳис мекардам.

Нобуд шудани китоб барои ман аз ғорат шудани ҳамаи чизҳои дигарамон аламноктар буд. Дод гуфта гиристанам меомад, аммо аз босмачиён метарсидам. Дар пушти падарам пинҳон шуда, худамро базӯр нигоҳ медоштам.

Ниҳоят, ғоратгарон аз назди мо дур шуданд. Бори мо хеле сабук шуда монд. Бори сабуки ашёро ба хар ва бори гарони ғамро бар дил ниҳода равон шудем.

Ҳоло дар паси харсангҳои наздик аз чашми роҳзанон пинҳон нашуда будем, ки як овози шум боз моро аз ҳаракат нигоҳ дошт:

_________

1Шпионҳо.

— Ист!!!

Ду босмачӣ, яке серриши маймунқиёфа ва дигаре кӯсаи кампирбашара, ба сари ҳар дуяшон рӯмолҳои чиркин тобғӯла карда бастагӣ, ба назди мо омаданд. Кӯса бо қамчинаш ба пойи падарам ишора карда амр дод:

— Мӯзаатро каш!

Чашми дуздон ба мӯзаи маҳками солдатии падарам ғалтида будааст. Вай ин мӯзаро дар Тошканд махсус барои ҳамин сафари дур харида буд. Кӯса даррав мӯзаи куҳнаи малларанги пошнабаландашро кашида ба шарикаш дод ва мӯзаи падарамро пӯшида гирифт.

Маймун мӯзаи ӯро пӯшида, аз они худашро, ки даридагӣ буд, ба тарафи падарам ҳаво дод.

Падарам ночор пойҳои калонашро ба он мӯзаи танг базӯр халонда аз сари санг бархост ва носкадуи худро бароварда, аз андозаи муқаррарӣ дучанд зиёдтар носро ба даҳонаш андохт. Вай ҳар гоҳ агар қаҳраш ояд, ҳамин тавр мекард. Кӯса «бер, чекай!»1 гуфта носкадуро аз дасти падарам рабуд ва ба даҳонаш бурда, носи бисёреро ба таги забонаш рехт. Бо чашми ҳасад ва тамаъ носкадуи суфтаи ҷилодор, гирди сӯрохаш нуқракӯб ва сарпӯшакаш чармини пӯпакдорро як дам тамошо карда истоду дам назада ба кисааш андохт.

— Гашта деҳ, ноинсоф! — бо қаҳр гуфт падарам.

Босмачӣ ба ҷойи носкаду ба вай як дашноми қабеҳ доду рафт.

Дар вақти толон босмачиҳо як шиша носи захирагии падарамро ҳам гирифта буданд, акнун носкаду ҳам бо носи охирин аз даст рафт. Падарам дар роҳ аз хумори ное бисёр азоб мекашид. Фақат баъди ду рӯз вай дар яке аз деҳаҳои сари роҳ ба худ нос пайдо кард.

___________

1Бидеҳ, кашам! (ба забони ӯзбекӣ).

Вақте ки аз ағба фуромадем, рӯз торик шуда меомад.

Дар таги кӯҳ, байни талҳои сангин ва арчазорҳои пурбарф хонае ба назар менамуд, ки аз дари кушодааш, аз таги бомаш ва сӯрохҳои девораш дуд баромада меистод. Гумон кардан мумкин буд, ки дар хона сӯхторе рӯй додааст. Мо сахт монда шуда, хунук хӯрда ва гурусна будем, ба ҳадде ки дигар маҷоли роҳ рафтанамон намонда буд. Бинобар ин, ба тарафи он хона рафтем, ба умеди он ки шояд дар он ҷо ба тариқи мусофирнавозӣ моро иҷозати шабхобӣ диҳанд. Он ҷо манзилгоҳи чӯпоне будааст. Дар миёнҷойи хона аз арча гулхани калон даргирифта меистод ва дар пеши гулхан пирамарде бо писарбачае нишаста буданд. Мо рухсати шабхобӣ пурсидем, чӯпон қабул кард. Барои мо дар як тарафи хона аз шохҳои арча «бистар» андохтанд. Пас аз кӯфтагӣ, хунукӣ ва гуруснагии роҳи ағба ин хоначаи пастаки сиёҳ ва пурдуд барои мо дорулроҳати ҳақиқӣ буд.

Шикамҳоямонро бо нону чойи алафин сер карда хоб рафтем. Вақте ки ман бо Мухтор дар байни падарам ва амакам ҷойгир шуда, кӯрпакӯҳнаи аз дастбурди босмачиён саломатмондаро ба болоям кашидам, ба ман чунон менамуд, ки як умр дар ин гуна бистари роҳат нахобидаам. Дар хоб ба гӯшам аз тагҳои девор ва шифти хона хишир-хишири калламушҳо мерасид, бӯйи дуди саргин бо бӯйи тунди арча омехта ба димоғам мезад ва нафасамро мегардонд, аммо ҳисси роҳату осойиш бар ҳама чиз ғолиб буд. Пагоҳӣ падарам бо кашу кӯк мӯзаи даридаи аз босмачӣ «ғанимат» гирифтаашро дӯхт. Баъд мо боз таноби роҳи дурро кашидем.

Ҳикоятҳои ман

Дар маҳаллаи мо якчанд ҳавлиҳои вайрона буд, ки соҳибонашон ё вафот карда ва ё ба ким-куҷоҳо кӯчида рафта буданд. Яке аз ин вайронаҳо дар миёнҷойи маҳалла воқеъ шуда буд. Мо, бачагон, баъзе рӯзҳо, — бештар дар вақти барф ё борон боридан, — ба он вайрона даромада, дар таги айвонаш ё ки дар даруни хонааш донакбозӣ, буҷулбозӣ мекардем, гӯштин мегирифтем. Гоҳо дар рӯйи ҳавлиаш гулхан сохта дар гирди он менишастем ва чақ-чақ мекардем.

Ман ба ҷӯраҳоям аз шаҳри Тошканд ва чизҳои дар он ҷо дидагиам ҳикоя мекардам. Солеҳ ва Маҳмуд шунавандагони доимии ман буданд. Онҳо дам ба дарун кашида, аз ман чашм наканда ба ҳикояҳоям гӯш меандохтанд. Аҷоиботи он шаҳри дури афсонамонандро шунида ба шавқ меомаданд. Бо русбачаҳо ҷӯрагӣ кардани ману бародарам ва аз онҳо забони русӣ ёд гирифтани мо рафиқони деҳагиамро дар ҳайрат мемононд. Агар ман гоҳе ба саволашон ҷавоб дода натавонам, даррав аз худам ягон чиз мебофтам ва онҳоро бовар мекунондам, ки рост мегӯям.

— Агар нохост ба ин ҷо ягон урус омада монад, наметарсӣ? Намегурезӣ? — мепурсид Солеҳ.

— Не! — дилпурона ҷавоб медодам ман. — Барои чӣ гурезам? Ба пешаш рафта гап мезанам.

— Калонгирӣ накун!

— Не, рост. Рус биёяд, ана баъд гап задани маро мебинӣ.

Ҷӯраҳоям пайдо шудани ягон русро мунтазир буданд, то маро имтиҳон кунанд ва бубинанд, ки рост мегӯям ё не.

Ҳикояти маро дар бораи Серёжа ва Паша бо завқи махсусе гӯш мекарданд. Аз афти кор, ҳикояти ман дар бораи дӯстони қарини худам беҳтар мебаромад. Солеҳ ва Маҳмуд донистан мехостанд, ки ман Серёжа ва Пашаро мезадам ё онҳо маро? Вақте ман ҷавоб додам, ки мо ба ҳамдигар ҷанг намекардем ва даст ба гиребон намешудем, Маҳмуд ҳайрон монда гуфт:

— Урусбачаҳоро ҷангара мегӯянд-ку? Одамро дошта мезадаанд-ку?

Рафиқони деҳагии ман ҳоло шаҳрро надида буданд ва дар мактаб намехонданд, бинобар ин воқеаҳои оддии ҳаёти шаҳр ҳам ба онҳо аҷибу ғариб менамуд. Монанди ҳамаи бачагони шаҳру деҳаҳои дигар онҳо ҳам ташнаи ҳикоятҳои ғалатӣ буданд. Мехостанд, ки аз ман боз ва боз гапҳои нав шунаванд. Ҳар рӯз маро ба вайрона бурда:

— Боз гап зада те! — мегуфтанд.

Ман бо майли тамом «гап зада медодам». Ҳаваси ҳикоягӯйии ман аз ҳаваси ҳикояшунавии онҳо камтар набуд. Чигунагии поезд, трамвай, аэропланро гуфта медодам. Ин чизҳо барояшон афсона барин менамуд, аммо ман ҷӯраҳоямро бовар мекунондам, ки худам поезд ва трамвайро на фақат дидаам, балки ба онҳо савор ҳам шудаам ва ба қаноти аэроплан даст задаам.

Парандаи оҳанин, ки ба калонӣ ана аз ҳамин хонаву айвон калонтар буда, дар болояш одам савор аст, ба осмон мепарад ва бисёр баланд, аз турна ҳам баландтар мепарад! Гарчанде инро ақли Маҳмуд нагирад ҳам, ин ҳақиқат аст ва ман парвози аэропланро худам ана бо ҳамин чашмонам даҳҳо бор дидаам!

Аммо барои рафиқони ман аз ҳама шавқовартар ҳикояти ҳайвонҳои ёбоие буд, ки ман онҳоро дар китоби муқовасиёҳи Серёжа тамошо карда будам. Номи бештарини он ҳайвонот ва мурғони ёбоӣ, макони онҳо, тарзи зиндагӣ ва хулқу атвори онҳо дар ёдам монда буд ва ман инҳоро ба ҷӯраҳоям нақл мекардам.

Бачаҳо баъзе аз он ҳайвонотро тасаввур карда наметавонистанд, бинобар ин ман сурати онҳоро ба таври худам дар замин кашида нишон медодам. Аз даст рафтани тӯҳфаи Серёжа — китоби муқовасиёҳ ба ман ончунон алам мекард, ки баъзан аз чашмонам ашк ҷорӣ мешуд.

Нобудкунандагони китобам — босмачиёнро «дуои бад» мекардам. Агар он китоб мебуд, ман суратҳояшро ба рафиқонам нишон медодам ва ростии суханҳоямро ба таври аёнӣ исбот мекардам. Китобро баъзан хоб медидам, дар хобам онро гоҳ меёфтам ва гоҳе боз гум мекардам.

Мо дар гирди гулханча менишастем ва ҷӯраҳоям, яке ҷомадарида, дигар пойлуч, ҳама хоколуд, дасту рӯйҳошон аз дуд сиёҳ, дар гирди гулхан қатор ва зич нишаста, ҳикояти мактабхонии русбачаи тошкандӣ Серёжаро мешуниданд ва ҳайрон мешуданд, ки вай дар дуюмин соли таҳсилаш хатнавис шудааст ва ба Русия хат фиристода хат мегирифтааст ва хати омадагиро шаррос зада мехондааст.

Серёжа ба русӣ навиштани номи худамро ба ман ёд дода буд. Акнун ман бо ифтихор номамро дар пеши ҷӯраҳоям бар рӯйи хок нақш мекардам. Бачаҳо бо тааҷҷуб ба ҳарфҳои он чашм медӯхтанд.

Аз мактабхонии бародарам Азизхон ҳам гап мезадам. Мегуфтам, ки ӯ аллакай хату савод бароварда, китобхон шудааст ва дар кисааш қалам гирифта мегардад. Дар он вақтҳо аз рӯйи ақидаи мардуми деҳа одам барои хату савод баровардан бояд даҳ-понздаҳ сол «риёзат кашида» мехонд. Бинобар ин, бачаҳо ба гуфтаҳои ман дар бораи бародарам ҳайрон мешуданд ва боварашон намеомад.

— Агар мо ҳам ба «уштил» хонем, тез мулло мешуда бошем? — мепурсид Солеҳ.

— Албатта, набошад-чӣ! — мегуфтам ман. — Ман саҳл калонтар ки шудам, ба шаҳр рафта дар мактаби нав мехонам, аком барин даррав хату саводамро мебарорам.

— Набошад, ба Аҳмад чӣ мегӯйӣ? Вай даҳ сол боз дар мактаби Абдунабӣ-домулло хонад ҳам, ҳоло хаташ набаромадааст-ку? Хондан бошад, ғайр аз китоби дар пеши домулло мехондагиаш, китобҳои дигарро хонда наметавонад, — гуфт Маҳмуд, ба дурустии сухани ман дар бораи саводбарории тез шубҳа карда.

— Аҳмад дар мактаби кӯҳна мехонад-дия. «Уштилхона» мактаби нав аст, дар он ҷо шогирдони дигар хел мехононанд, — гуфта «эзоҳ медодам» ман.

— Дар ҷойҳои мо ҳам мактаби нав кушода мешуда бошад? — умедворона мепурсид Солеҳ.

— Агар кушоянд, босмачиҳо даррав вайрон карда мепартоянд, алов сар медиҳанд! — мегуфт яке.

— Дадом мегӯянд, ки, — нақл кард як бача, — босмачиҳо Худойбердӣ гуфтанӣ як алмосиро писарат дар шаҳр ба мактаби кофирҳо мехонад гуфта бандӣ карда бурдаанд. Писари вай ҳам дар «уштилхона»-и Тошканд мехондааст, ин хабарро як кас ба босмачиҳо расондааст. Онҳо Худойбердиро зада аъзои баданашро каб-кабуд кардаанд. Мегуфтаанд, ки агар писаратро аз мактаби кофирҳо нагирӣ, туро мекушем. Вай шабона пайташро ёфта гурехтааст. Дадом ба Алмос рафта буданд, дар он ҷо ин гапро аз худи Худойбердӣ шунидаанд.

Ман ба бачагони маҳаллаамон якто-нимто бозиҳои дар Тошканд ёдгирифтаамро нишон медодам. Аммо ба фикри онҳо бозиҳои деҳагии худамон беҳтар буданд. Фақат як бозӣ — ба тарзи ҳарбӣ саф кашида қадам задан ба онҳо писанд омада буд. Номи ин бозӣ «раз-два» буд; мо бо овози баланд «раз-два!» гӯён дар кӯчаҳо марш карда мегаштем. Баъзе калонсолон ин бозии моро манъ мекарданд ва мегуфтанд:

— Агар босмачиҳо дида монанд, ҳамаатонро бандӣ карда мебаранд!

Лекин мо аз хавфи бандӣ шудан парво накарда бозии дӯстдоштаамонро давом медодем. Гоҳе ба деҳаи мо босмачиён меомаданд. Одатан бачаҳои подабон ё деҳқонони дар сари замин машғули кор буда, ҳамин ки аз дур босмачиёнро диданд, зуд омада ба деҳа хабар медоданд. Он гоҳ воҳима рӯй медод, мардум ҳадаҳа чизу чора, ҳайвонот ва инчунин зану духтарҳошонро пинҳон мекарданд.

Як рӯз мо дар кӯча машғули бозӣ будем, ки хабари омад-омади босмачиён паҳн шуд. Калонсолон зуд пароканда шуда ба хонаҳои худ рафтанд. Кӯча холӣ монд.

Мо бачагон худро ба пушти девори як ҳавлии вайрона гирифта, нигоҳ карда истодем, ки агар босмачиён гузаранд, бинем.

Дукур-дукури аспҳо торафт наздик мешуд. Ниҳоят, аз паҳлуи чашма як тӯда саворон намоён гардиданд, лекин онҳо босмачӣ не, балки аскарони сурх буданд.

— Аскари сурх!! — фарёд задам ман ва аз болои девор ҷаҳида ба тарафи чашма давидам.

Бачаҳо тарсида аз ҷой намеҷунбиданд. Ман ба сӯяшон даст афшондам, ки омадан гиранд.

— Натарсед, инҳо русҳоянд, аскарони сурханд!

Он гоҳ бачагон далер шуда давон-давон омаданд.

Ман ба наздики аскарони сурх расида бо овози баланд:

— Здрасти!1 — гуфтам.

Оқибат ман имконият ёфтам ба ҷӯраҳоям исбот кунам, ки ба русӣ гап зада метавонам.

— Здравствуй! — хандида, аз шунидани саломи русӣ дар тааҷҷуб монда ҷавоб доданд чанде аз аскарони сафи пеш.

— Откуда идете?2 — ба исботи русидониам давом кардам ман.

— Однако, ты очень любопытный3, — гуфт як аскари сурх. Аскари дигари шӯхчашми сурхрӯй хоҳиш кард:

— Принеси-ка чем напиться!4

____________

1Аз калимаи «здравствуй», яъне салом.
2Аз куҷо омада истодаед?
3Ту хеле кунҷков будаӣ.
4Об биёр, нӯшам

Ман давида ба назди як нафар бачае, ки дар дасташ кӯза дошт ва барои об омада буд, рафтам ва кӯзаро аз дасташ гирифта, аз новадони чашма об пур карда овардам. Аскари сурх аз даҳони кӯза об нӯшид.

Отряд гузашта рафт, аммо ин аскар истода бо ман саволу ҷавоб мекард. Аз куҷо русӣ донистанамро пурсид, ҷавоб додам, ки дар Тошканд ёд гирифтаам. Баъд аз он вай бо ман дӯстона хайрухуш карда рафт.

Аз ҳамин соат сар карда обрӯйи ман дар назди рафиқонам боз ҳам зиёд шуд. Акнун онҳо шакку шубҳае надоштанд, ки ман ба русӣ гап зада метавонам.

Аскарони сурх ба деҳаи мо тез-тез меомадагӣ шуданд. Акнун ҳар боре ки меомаданд, бачаҳо натарсида ба пешвози онҳо медавиданд ва «здрасти»-и аз ман ёд гирифтаашонро бо овози баланд гуфта салом медоданд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!