Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 4.4


Боби IV.
Афкори ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX

§ 4. Мактабҳои усули нав ва рӯзномаи «Бухорои Шариф» Фарқияти мактабҳои усули кӯҳна ва нав

Чуноне таъкид намудем, ҳанӯз дар охири асри XIX ва махсусан аввали асри XX муносибати як гурӯҳ зиёиёни пешқадам нисбат ба таълими усули куҳна, яъне усули ҳамонвақтаи таълим дар мактабу мадрасаҳо тағйир ёфта буд. Ин гурӯҳи зиёиён ҳатто яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро маҳз дар мавҷудияти чунин усул дида, дар андешаи ислоҳи он буданд. Зеро, фанҳое, ки дар мактабҳои усули куҳна асрҳо боз таълим дода мешуд, танҳо бо як мақсад — ҳар чӣ васеътар омӯзондани асосҳои дини ислом нигаронида мешуду халос. Аз ин рӯ дар чунин мактабҳо талабагон, қариб ним сол танҳо ҳарфҳои арабиро меомӯхтанд. Баъд ба омӯзиши «Ҳафтяк» (порчаҳо аз «Қуръон»), аз он пас ба хондани «Чоркитоб» шурӯъ менамуданд. Ин ҳама қариб се солро дар бар мегирифт. Пас талабагон ба машқи навиштан оғоз мекарданд. Яъне, дар мактабҳои усули куҳна аксаран ба ғайр аз фанҳои динӣ, дигар фанҳо қариб омӯзанда намешуд. Баъзан, бо ташаббуси худи муаллимони мактаб — домуллоҳо, дар баъзеи мактабҳои куҳна фанҳои ғайридинӣ низ ба монанди: риёзиёт, таърих, ҷуғрофия ва ғайра таълим дода мешуд. Вале микдори ин гуна мактабҳо хело камшумор буданд. Бинобар ҳамин ҳам аксари талабагон баъди хатми мактабҳои усули куҳна аз навиштан бехабар мемонданд. Чунин ҳолат яке аз хусусиятҳои хоси замони гузашта ва мутобиқи ҳамон давр буд.
Замони нав — замони инкишофи муносибатҳои молию пулӣ ба донандагони илмҳои дунявӣ зиёда муштоқ буд. Чунин талабот зарурияти бунёди мактабҳои усули навро ба миён овард. Зеро, дар мактабҳои усули нав талабагон дар баробари хондани «Қуръон» ва аз худ намудани заруриёти динӣ, риёзиёт, ҷуғрофия, таърих ва дигар хел фанҳои дунёвиро низ ба тариқи васеъ ва ҳатмӣ меомӯхтанд. Ба ғайр аз ин дар мактабҳои усули нав барои ба талабагон дар як вақт пайдо намудани малакаи хондану навиштан диққати махсус медоданд. Омӯхтани илмҳои дунёвӣ бошад диққати талабагонро бештар ба олами ҳастӣ ҷалб мекард, ки ин махсусан дар замони нав барои васеъ намудани дараҷаи дониш ва аз ҷиҳати маънавӣ бедор намудани онҳо роли мусбатро мебозид. Дар натиҷа талабагон дар мактабҳои усули нав, дар як вақт, саводи хондан ва навиштанро пайдо мекарданд. Таълим дар аксари мактабҳои усули нав шор сола, дар баъзе шаҳрҳо, аз ҷумла дар Тошканд шашсола буда, ҳамаи онҳо чун мактабҳои ибтидоӣ ҳисоб мешуданд.

Ташкили мактабҳои усули нав

Дар шароити кишвари ташкили мактабҳои Туркистон ташкили мактабҳои русии маҳаллӣ кушодани мактабҳои усули навро тезонид. Зеро, ин воқеият зиёиёни пешқадами кишварро водор намуд, ки ҳар чӣ зудтар оиди тақдири халқи худ чораҳои амалие андешанд. Ҳамин ҳолат баъзе саноатчиёни маҳаллиро, ки худ низ маърифатпарвар буданд, бетараф нагузошт. Барои зиёиён тарафи иқтисодии масъала, мураккабӣ мекард. Вале барои саноатчиёни маҳаллӣ, ки сол аз сол соҳиби даромади зиёд мегардиданд, ин қисми масъала зуд ҳалшаванда буд. Ҳамин тарз, бо дастгирии бойҳои маҳаллӣ, соли 1898 дар Қӯқанд бо ташаббуси мулло Салоҳиддин, соли 1899 дар Андиҷон бо ташаббуси мулло Шамсиддин ва дар Тошканд бо ташаббуси қорӣ Маннон, мактабҳои усули нав, бо таълим ба забони ӯзбекӣ ташкил ёфтанд.,
Нахустин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ ба маорифпарвари номии самарқандӣ — Абдуқодир Шакурӣ тааллуқ дорад. Бо ташаббуси ӯ соли 1901 дар гузари Хоҷазудмуроди шаҳри Самарқанд чунин мактаби аввалин кушода шуд. Баъдтар вай дар деҳаи Раҷабамини Самарқанд ва соли 1903 дар гузари Қӯшҳавз, дар ҳавлии Муҳаммадраҳимбой низ ҳамин гуна мактабҳои усули навро бунёд намудааст. С. Айнӣ соли 1908 ҳангоми бори аввал ба Самарқанд сафар намуданаш, бо ҳамроҳии М.А. Мунзим маҳз бо фаъолияти ҳамин мактаб шинос шудааст. Аз ҳамон рӯзи шиносоӣ бо мактаби А. Шакурӣ сар карда, мегӯяд ӯ «фикри мактаб тамоми мағзи моро ишғол кард.»1 А. Шакурӣ баробари фаъолияти омӯзгорӣ, инчунин барои мактабаш дастурҳои зарурӣ — махсусан китобҳои дарсиро низ тартиб медод. Ба қалами ӯ аввалин китоби алифбои форси 54 тоҷикии мактабҳои усули нав -«Роҳбари савод», китобҳои қироати адабӣ бо номи «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Зубдат-ул-ашъор» тааллуқ дорад. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бошад, барои ин мактабҳо як қатор китобҳои дарсӣ ва дастурҳоро, ба монанди «Мухтасари таърихи ислом», «Амалиёти ислом», «Мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ», «Мадхали ҷуғрофияи имронӣ», «Мухтасари ҷуғрофияи Русия», «Китоб-ул-атфол»-ро таълиф намудааст.
Дар мактаби А. Шакурӣ ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танҳо падару модарони талабагон, балки дигар ҳавасмандон низ мушоҳида карда метавонистанд.
Миқдори мактабҳои усули нав дар кишвари Туркистон сол аз сол меафзуд. Агар соли 1910 шумораи ин гуна мактабҳо дар шаҳр ва маҳалҳои гуногуни кишвар тақрибан 50 адад бошад, пас соли 1911 онҳо ба 68 адад расиданд. Аз он ҷумла дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ — собиқ уезди Хуҷанд, волостҳои Панҷакент, Конибодом ва Исфара 7 адад мактабҳои усули нав амал мекарданд.
Аввалин кӯшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар шароити Бухоро ба мулло Ҷӯрабойи пирмастӣ, ки инчунин бо корҳои тиҷорат машғул буд, мансуб аст. Ӯ, ки дар Туркия таҳсил намуда буд, дар асоси мактабҳои дар он ҷо ва дар Русия мушоҳида намудааш, ибтидои соли 1900 дар гузари Пӯстиндӯзони шаҳри Бухорои Куҳна як мактаби хусусӣ кушод. Вай ният дошт, ки дар 5-6 моҳ наврасон ва калонсолонро саводнок намояд. Вале ин мактаб ба қадри имкон ҳавасмандонро ба худ ҷалб карда натавонист ва аз ин рӯ, худ аз худ бо зудӣ баста шуд.
Баъд аз мулло Ҷӯрабой, солҳои 1902-1903 Каипов ном тотор, ки мактабдори оддии анъанавӣ буд, мактаби худро ба усули нав табдил дод. Вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд. Тоторони Бухоро, ки раияи Русия ба ҳисоб мерафтанд ва аз дахолати ҳукуматдорони амирӣ эмин буданд, бинобар ин дар аввал барои ташкили мактабҳои усули ҷадидия ягон монеъгиро эҳсос намекарданд. Онҳо ба тоторони Русия пайравӣ намуда, минбаъд ҳам, барои фарзандони худ бо усули нав мактабҳои шахсӣ ташкил доданд. Аз ҷумла соли 1907 дар Бухоро аз тарафи тоторон чунин мактаб кушода шуда буд.
Мактабҳои усули нави тоторӣ, ки дар онҳо забони таълим низ тоторӣ буд, барои таҳсили бухороиён — тоҷикон ва тоҷикзабонон душворӣ мекард. Бинобар ин бухороиён аз чунин мактабҳо ба тариқи кофӣ баҳравар шуда наметавонистанд.
Октябри соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (Мунзим) ва С. Айнӣ дар дохили шаҳри Бухоро, дар гузари дарвозаи Саллохон, дар ҳавлии худи Мунзим, барои бухороиён аввалин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он 12 нафар хонанда буд. С. Айнӣ ва М. А. Мунзим сараввал дар такмили маҳорати омӯзгории худ ба муаллимон ва мактабҳои тотории Бухоро такя намудаанд. Онҳо барои аз ҷиҳати моддӣ таъмин намудани мактаби худ ба бойбачагон моҳе се сӯм ҳаққи таълим муайян намуда, фақирбачагонро бепул қабул кардаанд. М.А. Мунзим барои шогирдони мактаби худ «Роҳбари хат» ном аввалин дастурамали дарсӣ тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи «мактаби Мунзим» маълум аст.
Дар мактаби ташкилдодаи М. А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ, моҳи март ва апрели соли 1909 бо ташаббуси ҳарду «Ширкати Бухорои Шариф» таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби «Тартил-ул-Қуръон»-ро ҳозир намуда, ба воситаи муаллимони тотор, барои нашр ба матбааи Оренбург фиристодааст. Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ «Таҳзиб-ус-сибён» («Тарбияи ҷавонон») тайёр ва нашр карда шуд.
Ба ғайр аз мактаби номбурда, бо ташаббуси М. А. Мунзим, махсус барои калонсолони бухороӣ, курси шабона кушода шуда буд. Ба ин мактаб ӯ ҷавонони 20-30 соларо ҷамъ намуда, ҳар рӯз ду соат таълим медод.
Дар натиҷа дар Бухоро обрӯ ва эътибори мактаби усули нави М.А. Мунзим ва С. Айнӣ зиёда паҳн гардид, ки ин ҳолат муқобилони онро ором намегузошт. Бинобар ин М. А. Мунзим ва С. Айнӣ хавфи пӯшонидани мактаби худро ҳис намуда, бо мақсади ақаллан ба умум нишон додани натиҷаи кори худ, 7 сентябри соли 1909 як маҷлиси имтиҳонот оростаанд. Дар он қариб 100 нафар даъватшудагон аз ҳисоби падарон, рӯҳониён, шаҳриён ва ғайра ҳузур доштанд. Ҳозирон, гарчанде дар фаъолияти ин мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд. Вале қисме аз бухороиён, яъне онҳое, ки бештар муштоқи саводнокӣ буданд, ба манъи ҳукуматдорони амирӣ нигоҳ накарда, баъди ин воқеа ҳам дар мактабҳои тоторӣ таҳсилро давом доданд.

Ҷамъияти «Тарбияи атфол»

Муборизаи шадиди байни тарафдорон ва муқобилони мактаби усули нав, пеш аз ҳама тарафдорон, яъне ҷадидонро водор намуд, ки дар баробари махфӣ нигоҳ доштани фаъолияти худ, боз ҳам муттаҳидтар шаванд. Бо ҳамин мақсад онҳо 1 декабри соли 1910 ҷамъияти пинҳонии худро бо номи «Тарбияи атфол» бунёд намуданд. Таъсискунандагони ин ҷамъият М. А. Мунзим, Ҳамидхоҷаи Меҳрӣ, Аҳмадҷон Махдум Ҳамдӣ (Абдусаидов), мударрис ҳоҷӣ Рофеъ ва Мукамаллиддин Махдуми Бурҳонзода буданд. Умуман аз 28 нафар аъзоёни ин ҷамъият 14 нафар мулло ва муллозода буда, се нафарашон аз қабили мударрисон ба ҳисоб мерафтанд.
Ҷамъияти «Тарбияи атфол» аввалин ташкилоти ҷадидони Бухоро ба ҳисоб меравад. Ин ҷамъият ба тарзи махфӣ фаъолият намуда, мувофиқи мақсаду мароми дар боло ифодашудаи ислоҳотхоҳон, яъне ҷадидон амал мекард. Аъзоёни он, махсусан дар байни талабагони мадрасаҳо, бо роҳҳои гуногун ташвиқот бурда, барои ба муқобили тартиботи куҳна бедоргардии ҳиссиёти онҳо кӯшишҳои зиёде намудаанд. Дар натиҷаи фаъолона кор бурдани онҳо аввалҳои соли 1911 як қисми талабагони мадрасаҳо ба амир аз хусуси ислоҳи усули таълим дар мадрасаҳо ариза супоридаанд, ки мазмуни он бо талабҳои ислоҳотхоҳонаи ҷадидон мувофиқат мекард. Албатта чунин ҳодиса дар шароити онвақтаи Бухорои амирӣ воқеаи гӯшношуниде буд. Зеро, мактабу мадрасаҳо, махсусан талабагони он такягоҳи асосии тартиботи амирӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ҳукумати амирӣ бошад ба садоқати онҳо боварии комил дошт.
Ташкил намудани мактабҳои усули нав ва барои таҳсил ба Туркия фиристодани талабагони бухороӣ аз корҳои намоёнтарини ҷамъияти номбурда ба ҳисоб меравад. Бояд ба инобат гирифт, ки ба Туркия фиристодани толибилмони бухороӣ ҳанӯз пеш аз бунёди ҷамъияти «Тарбияи атфол» оғоз гардидааст. Чунончи, охири соли 1909 ва аввали соли 1910 аз Бухоро ба Стамбул 8 нафарро барои таҳсил фиристодаанд. Вале баъди бунёди ҷамъияти номбурда ин миқдор сол аз сол афзуд. Аз ҷумла шумораи талабагони бухороие, ки дар мактабҳои Стамбул таҳсил мекарданд, соли 1911 ба 15 нафар ва соли 1912 ба 30 нафар расидааст. Як ҳиссаи хароҷоти ин толибилмон низ аз тарафи ҷамъияти номбурда дода мешуд.
Ҷадидони Бухоро ба ғайр аз Туркия, ба воситаи ҷамъияти худ ҷавононро, мисли пештара барои таҳсил боз ба шаҳрҳои Русия: Оренбург, Қазон, Уфа ва Қрим фиристоданд.
Дар солҳои минбаъд ҳам дар маркази диққати ҷамъияти «Тарбияи атфол» масъалаи мактабҳои усули нав буд. Чунин мактабҳо бо роҳҳои гуногун, бо ташаббуси шахсони касбу кори гуногун (асосан зиёиён, баъд қисман тоҷирон) ташкил карда мешуд. Масалан, дар солҳои 1912-1913 мактаби мулло Абдулқосим бо 50 нафар талаба ва мактаби Мукаммалиддин Махдум бо 30 нафар талаба аз ҷумлаи мактабҳои калонтарин (ҳар ду ҳам дар шаҳри Бухорои Куҳна) ба ҳисоб мерафтанд. Соли 1913 дар баъзе мактабҳои усули нав (аз ҷумла дар мактаби лаби ҳавзи Говкушон) аллакай доска ва парта барин асбобҳои мактабӣ мавҷуд буд. Мулло Вафо ном як мударриси бухороӣ, ки худ аз забони русӣ каме хабардор буд, дар гузари Пойиостонаи шаҳр мактаби русӣ ва форсии тоҷикӣ кушод. Дар ин сол мактабҳои усули нав ба ғайр аз шаҳри Бухорои Куҳна боз дар Шаҳрисабз, Қарокӯл, Қаршӣ, Ғиждувон ва дигар ҷойҳо низ вуҷуд доштанд.
Соли 1914 шумораи мактабҳои усули нав танҳо дар шаҳри Бухоро ба 45 адад расид. Миқдори талабагони онҳо боз ҳам афзудааст. Масалан мактаби дар лаби ҳавзи Говкушон буда дорои 200 нафар талаба, мактаби мулло Вафо дорои 80 нафар талаба ва мактаби дар гузари Моркаш буда дорои 150 нафар талаба буданд.
Умуман дар давоми солҳои 1912-1914 гарчанде амалиёти мактабҳои усули нав расман махфӣ бошад ҳам, аммо онҳо амалан ошкор буданд. Дар ин давр баъзе ҳукуматдорони амирӣ аз кори чунин мактабҳо воқиф бошанд ҳам, вале муваққатан сукут кардаанд. Аммо аз соли 1913 сар карда вазъият хеле тағйир ёфт. Дар ин сол яке аз иртиҷоъпарастони номӣ — Бурҳониддин дар Бухоро ба мансаби қозикалон соҳиб шуд. Баъд аз ин қувваҳои иртиҷоъ, махсусан онҳое, ки муқобили мактабҳои усули нав буданд, аз сари нав қувват гирифтанд. Дар натиҷа, бо талаби онҳо мактабҳои усули нав аз 5 июли соли 1914 аз сари нав баста шуданд. Вале баъд аз ин ҳам чӣ дар маркази аморат-шаҳри Бухорои Куҳна ва чи дар баъзе маҳалҳо қисме аз мактабҳои усули нав фаъолияти худро ба тарзи махфӣ давом доданд.
Агар иртиҷоъпарастони аморат дар симои қозикалон Бурҳониддин ба худ сарвар ва пушту паноҳе дошта бошанд, ислоҳотхоҳон дар симои муфтӣ домулло Икром (1847-1925) (Муҳаммад Икром ибни Абдусалом, ки ба номи мулло Икромча машҳур аст) ҳамфикр доштаанд. Домулло Икром дар Бухоро яке аз мударрисони равшанфикр ва олими номии охири асри XIX ва аввали асри XX буд. Ӯ охири асри XIX ба якчанд мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна (аз ҷумла Туркия) сафар намуда, аз ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва махсусан мадании онҳо аз наздик шинос шуда, ба қафомондагии аморати Бухоро боварии комил ҳосил намудааст. Ба вай инчунин эҷодиёти А. Дониш таъсири бузург расонид. Дар натиҷа, аввали асри XX домулло Икром тарафдори шуълавари мактабҳои усули нав ва яке аз ташаббускорони ислоҳи усули таълим дар мадраса гардид.
Домулло Икром тақрибан соли 1910 рисолаи худро бо номи «Ифоз-ал-наимин ва эълом-ал-ҷоҳилин» («Бедории хобидагон ва огоҳии нодонон»)-ро навишта, дар он ҷаҳолат ва ғафлатзадагӣ, хурофот ва разолати замонашро танқид намудааст.
Ҳамин тавр, дар ҳаёти мардуми Осиёи Миёна, махсусан аморати Бухоро ба вуҷуд омадан ва инкишоф ёфтани мактабҳои усули нав, нисбат ба мактабҳои усули куҳна як воқеаи пешқадам буд. Аз ҷумла дар шароити Бухоро сол аз сол афзудани чунин мактабҳо гувоҳи он аст, ки зиёиён ва ҷавонон ҳарчи бештар рӯ ба ҳаёти нав менигаристанд. Вале ҳукумати амирӣ бошад, баръакси фаъолияти онҳо, бо доираи иртиҷоъпарастон, муқобилони ислоҳот муттаҳид мешуд. Дар натиҷаи ин дар Бухоро ҷудоии байни ҳомиёни тартиботи амирӣ ва зиёиёни пешқадам сол аз сол меафзуд.

Рӯзномаи «Бухорои Шариф»

Дигар кори ба чашм намоёне, ки ҷадидони Бухоро карданд, ин нашри рӯзномаҳо буд. Маҳз ба ташаббуси онҳо аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ «Бухорои Шариф» — аз 11 марти соли 1912 нашр гардид. Ин рӯзнома дар матбааи Бухорои Нав (Когон) бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик – тоҷир ва миллионери бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров ва Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп шуда буд. Муҳарририи рӯзнома ба уҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода, ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.
Рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар мавқеи маорифпарварӣ истода, хонандагони худро бо забони содда аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва ғайра огоҳ мекард. Дар саҳифаҳои он махсусан зарурияти омӯхтани илму дониш қайд карда мешуд ва мақолаҳои ташвиқотӣ, оиди ин масъала чоп мешуданд. Зеро, бо андешаи муаллифони мақолаҳо асоси инкишофи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон маҳз дар натиҷаи ба нуқтаи баланд расидани савияи илму дониши раиятонаш будааст. Сарзамини аморати Бухоро бошад маҳз бо сабаби беаҳамиятӣ нисбат ба илму дониш ба ҳолати қафомондагӣ гирифтор шудааст.
Инак, дар яке аз мақолаҳои «Бухорои Шариф», ки ба қалами Мирзо Ҷалоли Юсуфзода тааллуқ дорад, оиди зарурияти илму дониш чунин омадааст: «Аввало, нигоҳ ба сафоҳати гузаштаи худ намуда мебинем, ки як вақте мо исму расме доштем, мо ҳам маншаи коре будем, мо ҳам ҷузви урафои (орифон) олам ба шумор мерафтем. Аммо ҳоло исми мо, аз дафтари доноӣ маҳву мо аз сафҳаи ирфонӣ фонӣ гашта… Ҳоло ваҳшитарин халқи рӯйи замин мо, мусулмонҳо ба шумор меравем. Дар воқеъ, ва ҳақиқат ҳам ҳамин тавр аст, ки анису муҳаббатро фаромӯш намуда, бар ҳолати ваҳшият баргаштаем…
Ҳосили арз: чунончи дар нумраи собиқа арз шуда, аслу асоси осойиш ва тараққии мусулмонон амал намудан ба амри ҳумоюни расули акрам (с) ва талаби илм кардан аст.
Мо бояд талаби илм намоем ва бас».
Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар ҳамон замони душвори амирӣ ягона минбари равшанфикрони тоҷик ба ҳисоб мерафт. Бинобар ҳамин ҳам дар саҳифаҳои рӯзнома талабу дархости онҳо оиди тақдири минбаъдаи Бухоро бештар чоп мегардид.
Ислоҳотхоҳони бухороӣ дар шароити нав бо ба инобат гирифтани инкишофи муносибатҳои молию пулӣ, ба вуҷуд омадани намудҳои гуногуни саноат, кушода шудани ташкилотҳои зиёди бонкӣ, гузаронидани хатҳои роҳи оҳан ва ғайраҳо, мактабу маорифро заруртарин воситаи инкишофи кишвар ҳисобидаанд. Аз ҷумла дар яке аз мақолаҳои рӯзномаи «Бухорои Шариф» (аз 6 июни соли 1912, рақами 6) таъкид шудааст: «Дар корҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ аҳамияти илмӣ дунё аз вақти ҷанг зиёдтар аст. Агар мамлакат саноат, тиҷорат надошта бошад, ҳатман тараққӣ нахоҳад кард ва оқибат маҳв ва нобуд хоҳад шуд».
Маҳз ҳамин рӯзномаи «Бухорои Шариф» аввалин бор хонандагони тоҷик ва тоҷикзабони бухороиро бо асарҳои нависандаи бузурги рус Л. Н. Толстой (таҳти сарлавҳаи «Осори Гроф Толстой» 12 асари ӯро чоп кардааст), «Ҳикояҳои чинӣ»-и адиби Фаронса Анри д. Рине, «Данко» ва «Кампир Изергил»-и А. М. Горкий ва бо дигар асарҳои нависандагони дунё шинос намудааст.
Рӯзномаи «Бухорои Шариф» то 2-уми январи соли 1913, ҳамагӣ 153 шумора нашр гардид ва бо иғвои муқобилони ислоҳот, аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуд.
Ҷадидони Бухоро, инчунин дар аморат мавҷудияти туркзабонҳоро ба инобат гирифта аз 14 июли соли 1912 сар карда, то 2 январи соли 1913 (ҳамагӣ 49 шумора) рӯзномаи «Турон»-ро низ ба забони ӯзбекӣ нашр намуданд.
Ҳамин тавр аз тарафи ҷадидони Бухоро нашр намудани аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ бузургтарин воқеа дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар Ҷумҳурии мо рӯзи нашри нахустин шумораи рӯзномаи «Бухорои Шариф», яъне 11-уми мартро ҳамчун рӯзи матбуот қайд мекунанд.
Чорабиниҳои ҷадидони Бухоро оиди беҳтар намудани вазъи тиб
Чуноне дар банди боло ишора рафт, дар замони мустамликавӣ дар бисёр шаҳрҳо ва маҳаллаҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар аморати Бухоро, бо ташаббуси ҳукуматдорони подшоҳӣ табобатхонаҳою дорухонаҳо ба вуҷуд омаданд. Дар худи шаҳри Бухорои Куҳна оиди муносибат нисбат ба бемористони замонавӣ («аврупоӣ») ва дорухонаҳо дар байни ҷадидон ва қадимпарастон зиддияти сахт вуҷуд дошт. Агар ҷадидон ин гуна воқеиятро дастгирӣ намуда бошанд, қадимпарастон ба он муқобилияти сахт нишон доданд. Қадимпарастон ҳар гуна бемориҳоро «ҷазои худо нисбат ба раиягони гунаҳкори худ» ҳисоб мекарданд. Бинобар ҳамин ҳам онҳо соли 1910 кӯшиш кардаанд, ки дар шаҳри Бухорои Куҳна ба кушодани бемористон аз тарафи ҳукумати подшоҳии Русия роҳ надиҳанд. Ин бемористон танҳо бо талаби сахти кормандони агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия аз ҳар гуна тааддии қадимпарастон эмин мондааст. Ба қадимпарастон ҳатто солҳои пурфоҷиаи 1889 ва 1893-и Бухоро ва маҳаллаҳои атрофи он, ки дар натиҷаи бемории сирояткунандаи вабо мардуми бисёре фавтиданд, ибрат нагардидааст. Он солҳо ҳукумати амирии Бухоро, маҳз бо тавсияи қадимпарастон ба муқобили бемории номбурда, чуноне С. Айнӣ таъкид мекунад, чорае дидааст, ҳақиқат ҳам «хеле хандаовар буд: вай ба воситаи қозикалон фармон баровард, ки муаззинҳои гузарҳо ва қориҳои хушовоз чор-чор ва панҷ-панҷ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ҳар шаб баъд аз хуфтан то саҳар кӯчаҳои шаҳрро гардиш карда, дар сари гузарҳо ва дуроҳаҳо бо як овоз азони бемаҳал гуфта гарданд, то ки «худованди Карим ба шарофати он азонҳои бемаҳал ваборо аз сари мардум бардорад.»1 Дар чунин ҳаёти тираи тиббии Бухоро ба монанди Саид Насриддинхоҷа, ки бо лақаби «Тӯра-табиб» машҳур буд ва Мирзо Сироҷи Ҳаким чун «ситораи дурахшон» пайдо шуда буданд.
Тӯра-табиб, ки дар гузари Ҷаъфархоҷаи шаҳри Бухоро мезист, ба саводи мадрасагӣ қаноат накарда, бо роҳи худомӯзӣ аз бисёр55 илмҳо, аз ҷумла аз илми таб огоҳ гардид. Вай маҳз бо мақсади такмил додани дониши тиббии худ ба Ҳиндустону Франсия сафар кардааст. Баъди бозгашт, ҳукуматдорони амирӣ Тӯра-Табибро, барои чунин сафари худсарона ба ҳабси 40-солаи хонагӣ маҳкум намуданд. Минбаъд ӯ ҳавлии хурдакаки худро ба ҷойи қабули беморон ва дорухона табдил дод. Вай дар баробари муолиҷаи беморон худаш аз гиёҳҳои гуногун доруҳо тайёр мекард. Дар кори дорусозии Тӯра-табиб ҳамсараш, ки духтари Саидхоҷаи зедӯз буд, кӯмак мерасонид. Онҳо фарзанди дуюми худ Абдуллохоҷаро, ки гирифтори касалии сил гардида буд, табобат намуданд.
Абдуллохоҷа (1893-1920) низ чун падараш ба таълими мадраса қаноат накарда, бисёр илмҳои замонаро аз худ намуд. Вай низ ба ҳаракати ҷадидии Бухоро ҳамроҳ гардида, дар ҳавлии худ мактаби усули нав ташкил намуд, ки дар он 10-15 нафар ҷавонон таҳсил мекарданд. Ҷавонони ин мактаб дар қатори илмҳои зарурӣ қисман аз илми тиб низ огоҳ мегардиданд. Абдуллохоҷа бо ин корҳо қаноат накарда роҳи инқилобро пеш гирифт, яке аз бунёдгузорони ҳизби коммунистии Бухоро, сарвари шуъбаи дар шаҳри Бухорои Куҳна доштаи он гардид, ки дар ин бора дар қисми дахлдор хоҳем истод.
Мирзо Сироҷи (Сироҷиддини) Ҳаким (1877-1914) шоир, сайёҳ, ҳаким, публисист ва яке аз фаъолони ҳаракати ҷадидии Бухоро ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухоро, дар оилаи тоҷир ва сарроф Мирзо Абдурауф ба дунё омадааст. Дар ҳамин ҷо соҳиби савод ва маълумоти анъанавӣ гардида, забонҳои арабӣ, русӣ, франсавӣ, туркиро аз худ намудааст. Вай сараввал бо тиҷорат ва саррофӣ машғул шуда, бо бонки Русию Хитойӣ (соли 1910 он ба бонки Русию Осиёгӣ табдил ёфта буд) алоқаи наздик дошт. Шавқи дунёбинӣ Мирзо Сироҷро соли 1902 ба саёҳати тӯлонӣ баровард, ки он то соли 1909 идома ёфтааст. Дар ин муддат ӯ ба бисёр мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Аврупо сафар намуда, дар Теҳрон Коллеҷи тиббии америкоиро хатм карда, соҳиби диплом гардида буд. Инак, вай баъди бозгашт, сентябри соли 1910 дар шаҳри Бухорои Куҳна, дар ҳавлии худ бемористонеро кушод, ки онро «табобатхонаи усули аврупоӣ» ҳам меномиданд. Дар он беморон «бо усули нав — ҷадидӣ», яъне дар асоси дастовардҳои ҳамонвақтаи илми тиб табобат карда мешуданд. Мирзо Сироҷ дар байни мардум бо лақаби «доктор Собир» низ машҳур буд.56
Умуман кӯшишҳои Тӯра-табиб ва Мирзо Сироҷи Ҳаким аз ҷумлаи иқдомҳои дигари неки ҷадидони Бухоро ба ҳисоб меравад. Ин иқдомҳое буданд, ки бар хилофи мавқеи ҳукумати амирӣ ва қадимпарастони Бухоро пеш гирифта шудааст.

Чорабиниҳои ҷадидони Бухоро оиди беҳтар намудани вазъи тиб

Чуноне дар банди боло ишора рафт, дар замони мустамликавӣ дар бисёр шаҳрҳо ва маҳаллаҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар аморати Бухоро, бо ташаббуси ҳукуматдорони подшоҳӣ табобатхонаҳою дорухонаҳо ба вуҷуд омаданд. Дар худи шаҳри Бухорои Кӯҳна оиди муносибат нисбат ба бемористони замонавӣ («аврупоӣ») ва дорухонаҳо дар баӣни ҷадидон ва қадимпарастон зиддияти сахт вуҷуд дошт. Агар ҷадидон ин гуна воқеиятро дастгирӣ намуда бошанд, қадимпарастон ба он муқобилияти сахт нишон доданд. Қадимпарастон ҳар гуна бемориҳоро «ҷазои худо нисбат ба раиягони гунаҳкори худ» ҳисоб мекарданд. Бинобар ҳамин ҳам онҳо соли 1910 кӯшиш кардаанд, ки дар шаҳри Бухорои Кӯҳна ба кушодани бемористон аз тарафи ҳукумати подшоҳии Русия роҳ надиҳанд. Ин бемористон танҳо бо талаби сахти кормандони агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия аз ҳар гуна тааддии қадимпарастон эмин мондааст. Ба қадимпарастон ҳатто солҳои пурфоҷиаи 1889 ва 1893-и Бухоро ва маҳаллаҳои атрофи он, ки дар натиҷаи бемории сирояткунандаи вабо мардуми бисёре фавтиданд, ибрат нагардидааст. Он солҳо ҳукумати амирии Бухоро, маҳз бо тавсияи қадимпарастон ба муқобили бемории номбурда, чуноне С. Айнӣ таъкид мекунад, чорае дидааст, ҳақиқат ҳам «хеле хандаовар буд: вай ба воситаи қозикалон фармон баровард, ки муаззинҳои гузарҳо ва қориҳои хушовоз чор-чор ва панҷ-панҷ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ҳар шаб баъд аз хуфтан то саҳар кӯчаҳои шаҳрро гардиш карда, дар сари гузарҳо ва дуроҳаҳо бо як овоз азони бемаҳал гуфта гарданд, то ки «худованди Карим ба шарофати он азонҳои бемаҳал ваборо аз сари мардум бардорад.»1 Дар чунин ҳаёти тираи тиббии Бухоро ба монанди Саид Насриддинхоҷа, ки бо лақаби «Тӯра-табиб» машҳур буд ва Мирзо Сироҷи Ҳаким чун «ситораи дурахшон» пайдо шуда буданд.
Тӯра-табиб, ки дар гузари Ҷафъархоҷаи шаҳри Бухоро мезист, ба саводи мадрасагӣ қаноат накарда, бо роҳи худомӯзӣ аз бисёр55 илмҳо, аз ҷумла аз илми таб огоҳ гардид. Вай маҳз бо мақсади такмил додани дониши тиббии худ ба Ҳиндустону Франсия сафар кардааст. Баъди бозгашт, ҳукуматдорони амирӣ Тӯра-Табибро, барои чунин сафари худсарона ба ҳабси 40-солаи хонагӣ маҳкум намуданд. Минбаъд ӯ ҳавлии хурдакаки худро ба ҷойи қабули беморон ва дорухона табдил дод. Вай дар баробари муолиҷаи беморон худаш аз гиёҳҳои гуногун доруҳо тайёр мекард. Дар кори дорусозии Тӯра-табиб ҳамсараш, ки духтари Саидхоҷаи зедӯз буд, кӯмак мерасонид. Онҳо фарзанди дуюми худ Абдуллохоҷаро, ки гирифтори касалии сил гардида буд, табобат намуданд.
Абдуллохоҷа (1893-1920) низ чун падараш ба таълими мадраса қаноат накарда, бисёр илмҳои замонаро аз худ намуд. Вай низ ба ҳаракати ҷадидии Бухоро ҳамроҳ гардида, дар ҳавлии худ мактаби усули нав ташкил намуд, ки дар он 10-15 нафар ҷавонон таҳсил мекарданд. Ҷавонони ин мактаб дар қатори илмҳои зарурӣ қисман аз илми тиб низ огоҳ мегардиданд. Абдуллохоҷа бо ин корҳо қаноат накарда роҳи инқилобро пеш гирифт, яке аз бунёдгузорони ҳизби коммунистии Бухоро, сарвари шӯъбаи дар шаҳри Бухорои Кӯҳна доштаи он гардид, ки дар ин бора дар қисми дахлдор хоҳем истод.
Мирзо Сироҷи (Сироҷиддини) Ҳаким (1877-1914) шоир, сайёҳ, ҳаким, публисист ва яке аз фаъолони ҳаракати ҷадидии Бухоро ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухоро, дар оилаи тоҷир ва сарроф Мирзо Абдурауф ба дунё омадааст. Дар ҳамин ҷо соҳиби савод ва маълумоти анъанавӣ гардида, забонҳои арабӣ, русӣ, франсавӣ, туркиро аз худ намудааст. Вай сараввал бо тиҷорат ва саррофӣ машғул шуда, бо бонки Русию Хитойӣ (соли 1910 он ба бонки Русию Осиёгӣ табдил ёфта буд) алоқаи наздик дошт. Шавқи дунёбинӣ Мирзо Сироҷро соли 1902 ба саёҳати тӯлонӣ баровард, ки он то соли 1909 идома ёфтааст. Дар ин муддат ӯ ба бисёр мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Аврупо сафар намуда, дар Теҳрон Коллеҷи тиббии америкоиро хатм карда, соҳиби диплом гардида буд. Инак, вай баъди бозгашт, сентябри соли 1910 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар ҳавлии худ бемористонеро кушод, ки онро «табобатхонаи усули аврупоӣ» ҳам меномиданд. Дар он беморон «бо усули нав — ҷадидӣ», яъне дар асоси дастовардҳои ҳамонвақтаи илми тиб табобат карда мешуданд. Мирзо Сироҷ дар баӣни мардум бо лақаби «доктор Собир»низ машҳур буд.56
Умуман кӯшишҳои Тӯра-табиб ва Мирзо Сироҷи Ҳаким аз ҷумлаи иқдомҳои дигари неки ҷадидони Бухоро ба ҳисоб меравад. Ин иқдомҳое буданд, ки бар хилофи мавқеи ҳукумати амирӣ ва қадимпарастони Бухоро пеш гирифта шудааст.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Навиштаҳои дигар

Канзи шифо. Муқаддима 6-13 Фасли шашум. Дар баёни эҳтиёҷ ба мураккаб сохтани давоҳо Фасли ҳафтум. Дар баёни кайфияти давоҳои мураккаб ва муайян кардани миқдори хӯрда...
Канзи шифо. Давоҳои ҳайвонӣ 50-59... 50. Мурғобӣ 51. Гов 52. Тухми мурғ 53. Малах 54. Хун 55. Мағзи сар 56. Калла 57. Маска 58. Равғани зард 59. Мӯй 50...
Ҳофиз. Ғазалиёт 126-150 126 Ҳумои авҷи саодат ба доми мо афтад, Агар туро гузаре бар мақоми мо афтад. Ҳубобвор барандозам аз нишот кулоҳ, Агар зи рӯйи ту аксе ба ҷоми мо ...
Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 6.3... Боби VI. Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон (солҳои 1917-1919) § 3. Барпо намудани Ҳокимияти Шӯра...
Диданд: 12

Андешаатонро баён кунед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>