Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 2


Боби II.
Халқи тоҷик дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 1867-1917)

§ 1. Вазъи сиёсию маъмурии Осиёи Миёна баъди ҷорӣ гардидани ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ

Вазъи кишвари Туркистон

Дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 1867-1917) дар ин сарзамин генерал-губернатории Туркистон, аморати Бухоро ва хонигарии Хева мавҷудияти худро нигоҳ доштанд. Кишвари Туркистон ба қисми таркибии Русияи подшоҳӣ табдил ёфт. Тамоми қонун ва чорабиниҳои зарурии ҳукумати подшоҳӣ дар ин сарзамин бевосита ҷорӣ карда мешуд.
Ҳукумати подшоҳӣ дар кишвари Туркистон тартиботи мустамликавии ба худ хосеро ҷорӣ кард. Зеро, ба андешаи баъзе амалдорони ҳукумати подшоҳӣ, усули идоракунии франсавӣ (нисбати Тунис ва Алҷазоир) хеле либералӣ менамуд. Ба ақидаи яке аз он амалдорон К. К. Абаза, ин усул барои «мардуми нимваҳшии кишвари Туркистон» гӯё мувофиқ набудааст. Бинобар ин дар кишвар нисбат ба халқи маҳаллӣ системаи вазнини истисморгарӣ ҷорӣ карда шуд.
Соли 1886 «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон» тасдиқ гардид ва он чун қонуни асосии идоракунии ин кишвар бо баъзе тағйироту иловаҳо то инқилоби Октябрии Русия (соли 1917) амал кард. Дар он инчунин сохти судии кишвар, шаклҳои заминдорӣ, шаклу миқдори андозҳо ва ғайра муайян шуда буд. Низомнома ҳукуматдории мустамликавии Русияро дар кишвари Туркистон мустаҳкам менамуд.
Маъмурияти кишвари Туркистон ба мисли дигар губернияҳои Русия на ин ки ба вазорати корҳои дохилӣ, балки ба вазорати ҳарбии он итоат мекард. Аз ҷиҳати маъмурӣ генерал-губернатории Туркистон ба вилоятҳо, вилоятҳо ба уездҳо, уездҳо ба волостҳо тақсим мешуданд. Генерал-губернатор дар ихтиёри худ идоракунии маъмурӣ ва ҳарбиро муттаҳид мекард. Ба ӯ, чуноне дар боби аввал ишора рафт, ҳуқуқҳои васеъ дода буданд. Дар назди ӯ ҷонишин ва шӯрои махсус аз амалдорони ҳарбӣ ва граждании кишвар вуҷуд дошт. Органи иҷроия бошад конселярияи ӯ ба ҳисоб мерафт, ки он дар навбати худ аз се шуъба иборат буд. Шуъбаи аввал бо масъалаҳои маъмурӣ ва ҳайати шахсии маъмурияти кишвар; шуъбаи дуюм — бо масъалаҳои замину андоз, сохтмон, алоқа ва масъалаҳои молия, воридоту содирот, назорат аз болои моликияти вақфӣ, назорат аз болои хориҷиёни дар кишвар буда ва ғайра машғул буданд. Шуъбаи сеюм — шуъбаи махсуси дар назди конселярия буда ҳамчун қисми дипломатӣ ба ҳисоб мерафт, ки он аз соли 1899 чун амалдори дипломатии намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ шуморида мешуд ва ба воситаи он сиёсати мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ аз болои аморати Бухорою хонигарии Хева низ амалӣ мегардид.
Дар вилоятҳо губернаторҳои ҳарбӣ, дар уездҳо сарварони уездҳо роҳбарӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо шахси ҳарбӣ ва якҷоя маъмурияти ҳарбии кишварро ташкил мекарданд. Бояд қайд кард, ки қисме аз онҳо дар қатори рутбаи ҳарбӣ доштан, аз таъриху маданияти кишвар хабардор буданд, забонҳои маҳаллиро медонистанд, баъзеашон шарқшиносони номӣ (ба монанди Н. С. Ликошин-губернатори ҳарбии вилояти Самарқанд) ба ҳисоб мерафтанд.
Сарварони вилоятҳо ҳокимияти маҳаллӣ — оқсақолони деҳаҳо ва авулҳоро аз ҳисоби бойҳои маҳаллӣ интихоб мекарданд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҳокимияти маҳаллиро «ҳокимияти халқӣ» мегуфтанд. Ин «ҳокимияти халқӣ» якҷоя бо маъмурияти ҳарбӣ номи «идоракунии ҳарбию халқӣ»-ро гирифтааст.
Чуноне дар боби аввал ишора рафт, генерал-губернатори Туркистон ҳангоми ташкилёбӣ (с.1867) аз ду вилоят (Сирдарё — бо марказ дар Тошканд ва Ҳафтрӯд — бо марказ дар Верный) иборат буд. Соли 1876 баъди барҳам додани хонигарии Қӯқанд сарзамини боқимондаи он (яъне қисми ҷанубии хонигарӣ) бо номи вилояти Фарғона ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон дохил карда шуд. Округи Зарафшон соли 1887 ба вилояти Самарқанд табдил ёфт. Соли 1882 вилояти Ҳафтрӯдро як муддат ба генерал-губернатории Степной ва соли 1899 боз ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ намуданд. Шуъбаи Моварои Каспӣ (Закаспий) соли 1891 ба вилоят табдил дода шуд ва он то соли 1890 ба ҳайати мулки Кавказ дохил мешуд. Вилояти номбурда солҳои 1890-1897 бевосита дар итоати вазорати ҳарбӣ буда, аз соли 1897 ба генерал-губернатории Туркистон дохил карда шуд.
Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшони (Помири) Шарқӣ ба ҳайати ду вилоятҳои кишвари Туркистон: Самарқанд ва Фарғона мансубият доштанд. Ба ҳайати вилояти Самарқанд уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон, ба ҳайати вилояти Фарғона Бадахшони Шарқӣ, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд.
Ҳукумати подшоҳӣ аз фаъолияти генерал-губернатории Туркистон чандон қаноатманд набуд ва аз ҳамин сабаб ҳам онҳоро тез-тез иваз мекард. Аз байни 15 нафари онҳо танҳо К. П. Кауфман (1867-1882) ва А. В. Самсонов (1903-1913) нисбатан тӯлонӣ сарварӣ намудаанд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани Осиёи Миёна ҳукумати подшоҳӣ солҳои 1882-1883 бо сарварии сенатор Ф. К. Гирс ва солҳои 1909-1910 бо сарварии граф К. К. Пален ба ин сарзамин ҳайати тафтишотии махсус фиристода, маҳал ва соҳаҳои ҷудогонаро ба тарзи васеъ омӯхт.

Вазъи аморати Бухоро ва боз ҳам маҳдуд намудани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии он

Вазъияти сиёсии аморати Бухоро баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштан хеле тағйир ёфт. Акнун аморати Бухоро бо дигар давлатҳои ҳамсоя мустақилона муносибат намекард. Чунин маҳдудият агарчанде дар ягон шартномаи байни Русияю Бухоро акс наёфтааст, вале амирони Бухоро дар симои ҳукумати подшоҳӣ ба худ пушту паноҳи пурқувватеро дида, бо мақсади ягона нигоҳ доштани аморат ва осуда ҳукуматдорӣ намудан, ихтиёран аз баҳри чунин мустақилият баромада, худро ба оғӯши мутеъгии ҳукумати подшоҳии Русия кашида буданд.
22 апрели соли 1868 хати гумрукии (боҷии) Сибири Ғарбӣ ва Оренбургӣ аз байн бардошта шуд. Баъди он масъалаи тиҷорати байни Русияю Осиёи Миёна, ҳамчун масъалаи дохилии империяи Русия гардид. Соли 1894 хати гумрукии Русияю Бухороро низ аз байн бардоштанд ва он ба хати гумрукии Бухорою Афғонистон пайваст. Аз ҷумла солҳои 1894-1895 дар чунин нуқтаҳои сарҳадии аморати Бухоро: Қаршӣ, Калиф, Чӯчқагузар, Патта-Ҳисор ва Айваҷ ташкилотҳои гумрукии Русия кушода шуд. Ин ташкилотҳо, бегуфтугӯ озодона ба бозори дохилии чи аморат ва чи кишвари Туркистон дохил гардидани молҳои хориҷиро маҳдуд мегардониданд.
Соли 1893 мувофиқи хоҳиши вазорати молияи Русия аз тарафи ҳукумати амирии Бухоро ва хонии Хева сикка задани тангаи нуқрагин қатъ карда шуд. Қурби тангаи бухороӣ ва хевагӣ аз рӯйи 15 тини русӣ ҳисоб карда, аз тарафи бонки Давлатии Русия харида мешуд. Бо ҳамин яке аз нишонаҳои асосии мустақилияти аморати Бухоро аз байн рафт. Вале амалан, агарчанде амири Бухоро дигар ҳуқуқи сикка задани тангаи худро надошта бошад ҳам, тангаи Бухороӣ, дар қатори рубли русӣ, то маҳви тартиботи амирӣ фаъолият кард.
Ба ҳукумати подшоҳӣ содиқ будан ба ҳар се амирони Бухорои замони ҳукуматдории мустамликавии Русия дар ин сарзамин хос аст. Аз ҷумла, ҳанӯз амир Музаффархон кӯшиш мекард, ки нисбати ҳукумати подшоҳӣ садоқати худро исбот намояд. Генерал- губернатори Туркистон фон К.П. Кауфман ҳам чунин амалиётҳои ӯро эҳсос намуда беҳуда нагуфтааст, ки аз ҳама «беҳтарин ҳокими уездии ман амири Бухоро мебошад». Моҳи январи соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии императории Русия» кушода шуд, ки ба он агенти сиёсӣ сарварӣ мекард ва он дар асл, аз фаъолияти амир ва ҳукумати ӯ назорат карда, ба маслиҳатчии асосиаш табдил ёфта буд.
Аз замони Музаффархон сар карда ба тахти Бухоро таъин намудани ворис на ба хоҳиш ва иродаи амирон, балки ба розигии подшоҳи рус вобастагӣ дошт. Масалан, амир Музаффархон дорои 13 нафар писар буд. Мувофиқи анъанаҳои пештара бародарон дар аввал аксаран баҳри мансаб байни худ меҷангиданд, баъди ба мансаб соҳиб шудан, бо мақсади бехатарии салтанаташон, боқимонда бародаронашонро нест мекарданд. Акнун ин гуна анъана, ки боиси хунрезиҳои зиёд мегардид, аз байн рафт. Масъулияти дар Бухоро ворис таъин кардан, бо розигии худи амирон ба уҳдаи подшоҳи Русия гузашт. Аз ҳамин сабаб ҳам Музаффархон якчанд нафар писарони худро як-як ба Петербург, ба ҳузури подшоҳ фиристод. Аз ҷумла соли 1882 ба чунин марҳамат Абдулаҳадҳон мушарраф гардида, валиаҳд таъин шуд. Амир Абдулаҳадҳон (1885-1911) дар навбати худ писараш — Олимхонро дар хурдсолиаш ба дарбори подшоҳ Николаи II (1894-1917) фиристода буд, ки вай дар он ҷо, бо ибораи С. Айнӣ чун «ғуломи ҳалқабаргӯши колонизаторон шуда тарбия» гирифт, ва лоиқи тоҷу тахти падар гардида тавонист1.
Бинобар ҳамин ҳам амирони охирини Бухоро нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ содиқ буданд. Амалдорони аморат низ садоқати амиронро нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ эҳсос намуда, дар навбати худ онҳо ҳам нисбат ба гумоштагони ҳукумати подшоҳӣ вафодории худро нишон медоданд. Дар натиҷаи ин ҳама аморати Бухоро агарчанде аз ҷиҳати ҳуқуқ давлати мустақил буд, вале амалан, махсусан аз ҷиҳати иқтисодӣ пурра ба талаботи сиёсати иқтисодии Русияи подшоҳӣ мутобиқ карда шуда буд.
Аморати Бухоро то охири аҳди амир Абдулаҳадҳон аз ҷиҳати маъмурӣ ба 28 бекигарӣ ва 9 туманҳо тақсим мешуд. Бекигариҳо инҳо буданд: Чорҷӯй, Кармина, Зиёуддин, Нурато, Қаршӣ, Хатирчӣ, Китоб, Шаҳрисабз, Чироқчӣ, Яккабоғ, Ғузор, Бойсун, Қаротегин, Қубодиён, Шеробод, Деҳнав, Ҳисор, Дарвоз, Балҷувон, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Шуғнону Рӯшон, Калиф, Каркӣ, Кабаклин, Бурдалик, Норазм ва Сариҷӯй. Дар охири аҳди Абдулаҳадҳон бекигарии Сариҷӯй барҳам дода шуд ва 5 амлокдории он ба бекигарии Ҳисор ҳамроҳ гардид. Туманҳои аморати Бухоро инҳо буданд: Қарокӯл, Зандане, Пирмаст, Ғиждувон, Конимех, Вағонзе, Вобканд, Шофирком ва Ёртеппа. Туманҳо асосан дар атрофи шаҳри Бухорои Куҳна — маркази аморат ҷойгир буданд ва онҳо бевосита аз тарафи қушбегӣ, ки дар аморат шахси дуюм (яъне баъди амир) буд, идора карда мешуд. Тамоми корҳои динӣ дар ихтиёри қозикалон, назорати иҷрои нормаҳои шариат дар ихтиёри раис буд. Дар бекигариҳо бек ё худ ҳоким сарварӣ мекарданд. Инчунин дар ҳар бекигарӣ ва туманҳо қозӣ таъин карда мешуд. Дар деҳаҳо хӯҷаинӣ дар ихтиёри арбобу оқсақолон буд.
Дар хонигарии Хева ҳам, ба мисли аморати Бухоро, баъди мутеи Русияи подшоҳӣ гардидани он, дар идоракунии дохилиаш тағйироти ҷиддие ба вуҷуд наомад.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Навиштаҳои дигар

Мақомҳои берун аз Шашмақом-2... Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов 1   2   3   4   Ин гуна сурудҳои классикиро мо шартан «мақомҳои берун аз Шашмақом» номиде...
Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 123-133... 123. Биҳӣ 124. Лаблабу 125. Сияҳак 126. Шубрум (Шибрим) 127. Шавкарон 128. Тархун 129. Ғофат 130. Фанҷиюн 131. Васма 132. Карвиё 133...
Э. Раҳмон. Нигоҳе… Хотима Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ Хотима Китобе, ки манзури хонандагон гардид, фақат баъзе масъалаҳои ориёиҳо ва тамаддуни ориёир...
Лоиқ Шералӣ. Модарнома Зани кӯҳистон, модари тоҷик. Барояш ҳазор модарнома нависанд, кам аст. Чӣ вуҷуди ҷафокашу дили пурмеҳр, ки сахтиҳои кӯҳистон ормонҳои зебояшро набурда...
Диданд: 431

Андешаатонро баён кунед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>