Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 11.3

Боби XI.
Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

§ 3. Гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва ташкилёбии Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Тайёр намудани аввалин лоиҳаҳои тақсимоти ҳудуди миллӣ

Анҷумани XII ҲК(б) Русия (апрели соли 2923), ки масъалаи миллиро муҳокима карда буд, дар навбати худ диққати сарварони ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро низ ба ҳалли ин масъала ҷалб намуд. Вале зарур шуморида шуд, ки оғози ин маъракаро на ҳамчун нишондоди марказ, балки чун ташаббуси худи халқ ба миён гузоранд. Дар натиҷа баъди анҷуман аллакай аз номи ташкилотҳои ҳизбии ҲК(б) Туркистон ба номи КМ ҲК(б) Русия оиди дар Осиёи Миёна ташкил додани ҷумҳуриҳои нави миллӣ фикру дархостҳо фиристода шуданд.
31 январи соли 1924 дар маҷлиси Бюрои ташкилии КМ ҲК(б) Русия аввалин бор масъалаи ҷумҳуриҳои нави миллии Осиёи Миёна муҳокима гардид. Дар ин маҷлис раиси бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия Я. А. Рудзутакро вазифадор намуданд, ки ҳангоми дар Осиёи Миёна будан масъаларо бо ҷалб намудани ходимони масъули ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм аз ҳар ҷиҳат санҷида барояд.
25 феврали соли 1924 пленуми васеи КМ ҲК Бухоро баргузор гардид. Дар он раиси Шӯрои Нозирони Халқии ҷумҳурии Бухоро Ф. Хоҷаев аз рӯйи масъалаи «Дар бораи аз рӯйи нишонаҳои миллӣ ба ҷумҳуриҳо тақсим намудани Осиёи Миёнаи шӯравӣ» маъруза кард. Дар маъруза ва қарори пленум тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна ва ташкили ҷумҳуриҳои нави миллӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Таклиф пешниҳод карда шуд, ки дар асоси ҷумҳурии Бухоро, бо ба он ҳамроҳ намудани сарзамини ҷумҳурии Хоразм (ба ҷуз вилояти Ташауз, ки аҳолиаш асосан туркманҳо мебошанд), вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Сирдарёи ҷумҳурии Туркистон — Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии сотсиалистии Ӯзбекистон ташкил карда шавад. Ин пленум тавсия намуд, ки аз ҳисоби вилоятҳои Чорҷӯйи ҷумҳурии Бухоро, вилояти Ташаузи ҷумҳурии Хоразм ва вилояти Моварои Каспии ҷумҳурии Туркистон Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии сотсиалистии Туркманистонро ташкил намоянд. Оиди тоҷикон бошад он пленум тавсия намуд, ки «аз ҳисоби Мастчоҳу Қаротегину Ғарм вилояти мухтори Тоҷикистонро бунёд кунанд ва он бояд дар ҳайати ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад». Бояд таъкид намуд, ки ин аввалин пешниҳодот оиди ташкил намудани вилояти мухтори тоҷикон, вале фақат дар ноҳияҳои санглохи кӯҳӣ мебошад. 10 марти соли 1924 хулосаҳои мухтасари пленуми номбурда оиди ҳалли масъалаи миллӣ аз тарафи бюрои иҷроияи КМ ҲК Бухоро тасдиқ карда шуд. Барои ҳалли минбаъдаи он масъала КМ ҲК Бухоро бо сарварии Ф. Хоҷаев комиссияи махсусеро ташкил дод.
10 марти соли 1924 маҷлиси аъзоёни бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия бо иштироки аъзо ва номзадҳои КМ ҲК Туркистон ва садорати КИМ Туркистон барпо гардид. Дар он А. Раҳимбоев, чун котиби КМ ҲК Туркистон ва аъзои бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия баромад карда, таъкид намуд, ки «Осиёи Миёна аз рӯйи ҳайати миллӣ мамлакате мебошад, ки дар он аксариятро ӯзбекҳо, қирғизҳо ва туркманҳо, баъд баъзе халқиятҳои майда ташкил мекунанд». Дар ин маҷлис низ гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро маъқул шуморида, қарор карда шуд, ки бюрои иҷроияи КМ ҲК Туркистон масъаларо васеътар омӯхта, ба муҳокимаи пленуми худ пешниҳод кунад. Бюрои иҷроия бошад барои ин комиссияи махсусеро ташкил дод. Он комиссия агарчанде зарурияти гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллиро танҳо дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон пешниҳод карда бошад ҳам вале қисми зиёди мутасаддиёни чӣ кишварию чӣ марказӣ гузаронидани он маъракаро дар тамоми Осиёи Миёна, яъне бо ҷалб намудани ҷумҳуриҳои Бухорою Хоразм низ лозим ҳисобиданд.
23-24 марти соли 1924 Пленуми КМ ҲК Туркистон масъаларо «Дар бораи тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳурии Туркистон» муҳокима намуд. Он гузориши масъаларо маъқул шуморида, оиди тақсими Туркистон ба ҷумҳуриҳои миллии мухторӣ андешаҳои худро баён кард.
5 апрели соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия дар маҷлиси худ маърузаи котиби КМ ҲК Туркистон ва аъзои Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия А. Раҳимбоевро «Дар бораи Туркистон, Бухоро ва Хоразм (дар бораи ташкили ҷумҳуриҳои миллӣ)» шунида, муҳокима намуд. Дар он КМ ҲК(б) Русия фикру андешаҳои оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна пешниҳодгардидаро маъқул шуморида, ҳалли онро то охири моҳи майи ҳамон сол мавқуф гузошт. Дар навбати худ КМ ҲК(б) Русия мутасаддиёни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро вазифадор намуд, ки ҳуҷҷатҳои заруриро, бо якҷоягии харитаи ҷуғрофии тақсимот, ба анҷумани XIII ҲК(б) Русия пешкаш намоянд. Инчунин Бюрои сиёсӣ раиси Бюрои Осиёимиёнагӣ Я. Э. Рудзутакро вазифадор намуд, ки ҳуҷҷатҳои оиди ин масъала бо худ доштаи вакилони ба Москва, барои иштирок ба анҷумани номбурдаи ҲК(б) Русия омадаи ҳизбҳои коммунистии Туркистон, Бухоро ва Хоразмро низ омӯзад.
Баъди он ки КМ ҲК(б) Русия андешаро оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна маъқул шуморид, КМ ҲК Бухоро дар асоси қарори худ аз 10 апрели соли 1924 Комиссияеро барои тайёр намудан ва гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ ташкил намуд. Ба он комиссия Ф. Хоҷаев, К. Атобоев, К. Пӯлодов, А. Муҳиддинов ва Наврӯзбоев дохил шуданд. 13 апрели соли 1924 Бюрои Осиёимиёнагӣ маърузаи котиби масъули КМ ҲК Бухоро А. Мавлонбековро аз рӯйи корҳои анҷомдодаи ин комиссия шунида, дар навбати худ гузориши масъаларо оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна маъқул шуморид. Бюрои Осиёимиёнагӣ инчунин КМ ҲК Бухороро вазифадор намуд, ки ин масъаларо ба воситаи матбуот ва вохӯриҳои бевосита ба мардум фаҳмонанд.
28 апрели соли 1924 маҷлиси якҷояи бюрои Осиёимиёнагӣ ва Бюрои иҷроияи КМ ҲК Туркистон барпо гардид. Он оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қарорҳои дахлдор қабул кард. Дар он тақсимоти ҳудуди миллиро дар шароити ҳамонвақта зарур ва мувофиқи мақсад шуморида шуд. Инчунин пешниҳод карда шуд, ки фикру андешаҳоро оиди ин масъала ба Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ супоранд. Ба ҳайати он комиссия А. Раҳимбоев, К. Атобоев, Ф. Хоҷаев, Одинаев, Т. Рискулов, Абдураҳмонов, К. Пӯлодов ва дигарон дохил шуданд. Комиссия дар навбати худ вазифадор карда шуд, ки то 10-уми май омӯзиши масъаларо анҷом дода, фикру андешаҳои худро ба Бюрои Осиёимиёнагӣ супорад. Дар қатори комиссияи умумӣ, ё худ марказӣ, инчунин комиссияҳои хурди миллӣ низ ташкил доданд. Ин комиссияҳо аввали моҳи май дар маҷлиси нахустини худ ҷамъ омаданд. Минбаъд андешаҳои ин комиссияҳои хурди миллӣ оиди ҷумҳуриҳои нави миллӣ ва вилоятҳои мухторӣ, бо назардошти ҳудуди онҳо ба Комиссияи марказӣ пешкаш гардиданд.
11 майи соли 1924 бюрои Осиёимиёнагӣ дар маҷлиси худ маърузаи Комиссияи марказиро оиди тақсимоти ҳудуди миллӣ шунида, бори дигар зарурияти онро таъкид кард. Бюро дар навбати худ андешаҳоро оиди аз ҷумлаи муттаҳидаҳои нави миллии Осиёи Миёна ташкил намудани федератсияро (ба мисли Федератсияи Закавказе) рад намуд. Бюрои Осиёимиёнагӣ низ пешниҳод кард, ки Ӯзбекистон ва Туркманистон чун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ташкил карда шаванд ва онҳо ҳамчун ҷумҳуриҳои шӯравӣ сотсиалистӣ бевосита ба ҳайати ИҶШС (СССР), ки ҳанӯз 30 декабри соли 1922 ташкил ёфта буд, дохил шаванд. Инчунин таклиф намуд, ки вилояти мухтори Тоҷикистон дар ҳайати ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил ёбад. Зарурияти ташкил намудани вилояти мухтори Қарақирғизҳоро (Қирғизистон) низ таъкид намуда, вале масъалаи ба кадом ҷумҳурии иттифоқӣ дохил шудани онро ҳал накард.
Ба ғайр аз ин таъкид карда шуд, ки ноҳияҳои қазоқнишини ҷумҳурии Туркистонро ба ҷумҳурии мухтори шӯравии сотсиалистии Қирғизистон (Қазоқистон) табдил додан низ дар назар дошта шудааст. Дар ҳамон ҷамъомад боз қарор карда шуд, ки барои пеш бурдани корҳои ҳизбию ташкилӣ, барои ҳамаи ҷумҳуриҳои навташкилёбандаи миллии Осиёи Миёна, ташкилоти ягонаи ҳизбӣ дар шакли бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия нигоҳ дошта шавад.
Бюрои Осиёимиёнагӣ ба Комиссияи марказии тақсимот тавсия намуд, ки ҳангоми тайёрии масъала барои ҳар воҳиди алоҳида нишонаҳои зеринро ба инобат гиранд: алоқаи иқтисодӣ, сарҳади тахминии миллӣ, имкониятҳои идоракунии маъмурӣ, хусусиятҳои психологии мардуми (этнографӣ) ноҳияҳо, мавқеи ҷуғрофӣ ва ғайраҳо. Дар асоси ҳамин пешниҳодот гурӯҳе, ки дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро аксариятро ташкил намудани тоҷиконро ночор эътироф менамуданд, мегуфтанд: «аз сабаби дар атрофи ин шаҳрҳо аксариятро ташкил намудани ӯзбекҳо, ноҳияҳои иқтисодиро аз ин марказҳо, бо хусусиятҳои миллӣ ҷудо кардан мумкин нест». Ҳол он ки дар атрофи шаҳри Бухоро ҳамон вақт ва ҳоло ҳам ноҳияе нест, ки дар онҳо амалан ӯзбекҳо нисбати тоҷикон аксариятро ташкил намоянд.
Умуман аз моҳи феврал то майи соли 1924 дар ташкилотҳои гуногун, махсусан ҳизбӣ, масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна муҳокима гардид. Аз тарафи онҳо оиди масъалаи ба миён гузошташуда аввалин фикру андешаҳо ва лоиҳаҳо пешкаш карда шуданд. Вале аксари ин ташкилотҳо андешаи якдигарро, махсусан оиди тақдири тоҷикон, тӯтивор такрор мекарданд. Дар аксари он ташкилотҳо тақдири бисёре аз халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ба тарзи объективӣ муҳокима нагардид. Зеро, барои худи онҳо масъалаи гузошташуда чандон фаҳмо набуд, ё худ мавқеи онҳое, ки чун маърузачӣ баромад намуда, масъаларо мегузоштанд, яктарафа ва хато буд. Мутасаддиёни масъала ҳамон лаҳза барои омода намудани он андешаи олимони ширқшиноси Русия, аз ҷумла В. В. Бартолд, М. С. Андреев ва дигаронро ба инобат нагирифтанд. Ҳол он ки шарқшиноси машҳури рус В. В. Бартодд ба ҳамон тарзе, ки болшевикон аз рӯйи нишонаи миллӣ ташкил намудани ҷумҳуриҳои миллиро дар Осиёи Миёна пешкаш кардаанд, чандон розӣ набуд. Ин олими дурандеш оқибати чунин марзбандиро тасаввур намуда, онро хилофи анъанаҳои таърихии ин сарзамин, ки форсизабонон пеш аз ҳама тоҷикон, бо туркзабонон дар давлатҳои ягонаи сермиллат мезистанд, ҳисобидааст.
Яке аз арбобони барҷастаи шӯравии он давр, комиссари халқии корҳои хориҷӣ Георгий Чичерин ба ақидаи шарқшиносони рус такя намуда, ба муқобили лоиҳаҳои ҳозиргардида, лоиҳаеро пешниҳод намуд, ки он дар таърих бо номи «лоиҳаи Чичерин» маълум аст ва мувофиқи он дар ҳудуди Осиёи Миёна ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин ва дар ҳайати он ҷумҳурии мухтори Ӯзбекистон бунёд мегардид. Вале бо сабаби дар ҳайати мутасаддиёни масъалаи марзбандии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зиёд будани нуфузи туркпарастон, «лоиҳаи Чичерин» қабул нагардид.
Ҳамин тавр, аксари лоиҳаҳои пешкашшуда, ба ҷуз «лоиҳаи Чичерин» ҳақиқати ҳолро ифода намекарданд.

Лоиҳаи асосии тақсимот ва андешаҳо оиди мухторияти тоҷикон. Ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон

12 июни соли 1924 Бюрои сиёсии км ҲК(б) РУСИЯ дар асоси ҳуҷҷату таклифҳои пешниҳодшуда «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» қарор қабул кард. Дар асоси он пешниҳод карда шуд, ки ҷумҳуриҳои иттифоқии сотсиалистии Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил карда шавад. Инчунин зарурияти муттаҳид кардани ноҳияҳои қирғизии (қазоқии) Туркистонро бо ҶМШС Қирғизистон (Қазоқистон), ташкил додани вилояти мухтори Қара-Қирғизро (Қирғизистон) дар ҳайати Федератсияи Русия, вилояти мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон пешниҳод кард. КМ ҲК(б) Русия инчунин масъалаи ба Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шудани ҷумҳуриҳои нави иттифоқӣ ва барпо намудани ташкилотҳои ҳизбии онҳоро дид.
6 июли соли 1924 бюрои Осиёимиёнагӣ масъаларо «Дар бораи Бюрои муваққатии ҷумҳуриҳо ва вилоятҳои навташкилёбандаи бо масъалаҳои тақсимоти ҳудудӣ алоқаманд» муҳокима намуд. Дар маҷлиси 12-уми июлии он ҳайати бюрои (комиссияҳои миллии) ӯзбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ тасдиқ карда шуд.
Ин комиссияҳои нави миллиро вазифадор намуданд, ки бо ҳамроҳии Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ барномаи пешакии худро тартиб дода, ба тасдиқи бюрои Осиёимиёнагӣ пешниҳод намоянд.
3 августи соли 1924 дар маҷлиси бюрои Осиёимиёнагӣ бо иштироки котиби КМ ҲК(б) Русия И.А. Зеленский, «Лоиҳаи таклифҳо дар бораи кори комиссияҳои тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» муҳокима гардид. Дар он ба бюроҳо ё худ комиссияҳои миллӣ супориш дода шуд, ки то 12-уми август лоиҳаи пешакии ҳудудҳои ҷумҳурию вилоятҳои миллии навбунёдшавандаро пешкаш намоянд. Инчунин ба онҳо ҳуқуқ дод, ки ба кори комиссия, аз рӯйи зарурият, шахсони алоҳидаро бо ҳуқуқи овоздиҳии машваратӣ ҷалб намоянд, ё худ комиссияи хурди дигарро ташкил диҳанд.
То миёнаи августи соли 1924 ягон гурӯҳ ё худ комиссияе вуҷуд надошт, ки он бевосита бо тақдири тоҷикон машғул шавад. Танҳо 16 август дар маҷлиси бюрои Осиёимиёнагӣ ба ҳайати аъзоёни комиссияи сарҳадӣ аз тоҷикон Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев (роҳбари гурӯҳ) ва М. Саидҷонов дохил гардиданд. Вале ин комиссия ҳангоми муҳокимаи масъала соҳиби танҳо ҳуқуқи овози машваратӣ буданду халос. Онҳо инчунин муҳлати заруриро низ надоштанд, ки масъаларо ба тарзи лозимӣ омӯзанд. Зеро, ба онҳо ҳамагӣ 5 рӯз муҳлат дода буданд, ва дар ин муддат бояд ҷамъбасти фикру андешаҳоро оиди тақдири тоҷикон пешкаш менамуданд. Бо ҳамин сабаб ин комиссияи бо ном тоҷикӣ, танҳо имконият пайдо кард, ки лоиҳаи тайёрнамудаи комиссияи ӯзбекиро омӯзад ва бо ҳамон «марҳамате», ки онҳо нисбат ба тоҷикон кардаанд, қаноатманд гарданд ва он андешаҳоро, ё худ нусхаи дигарашро чун тавсияҳои комиссияи тоҷикӣ пешкаш намоянд.
21 августи соли 1924 дар маҷлиси 5-уми комиссияи тақсимоти ҳудуди миллӣ масъала «Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он» шунида шуд. Дар ин маҷлис А. Ҳоҷибоев, чун раиси комиссияи тоҷикӣ баромад карда, саховатмандии бемисл нишон дод. Аз ҷумла ӯ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки тоҷикони Бухорои Ғарбӣ ва вилоятҳои дигари Туркистон «ҳам аз ҷиҳати хоҷагӣ, ҳам аз ҷиҳати идораи маъмурӣ бо ӯзбекҳо робитаи зич доранд, аз ин сабаб онҳо ба вилояти мухтори Тоҷикистон, ки дар Бухорои Шарқӣ таъсис хоҳад ёфт, ҳамроҳ шуда наметавонанд». Вале раиси маҷлис аз А. Ҳоҷибоев пурсид, ки чаро ӯ дар маърузааш тоҷикони Фарғона, Самарқанд ва Бухороро зикр карда, дар бораи тоҷикони Хуҷанд чизе нагуфт. Пас маърузачӣ дар ҷавоб: дар Хуҷанд тоҷикон бартарӣ доранд, онҳо «он ҷо дар баъзе волостҳо низ ҳастанд, онҳоро ба вилояти Тоҷикистон ҳамроҳ кардан мумкин аст, аммо роҳҳои иртибот нестанд, фақат роҳҳои пиёдарав вуҷуд доранд ва онҳо аз ҷиҳати тиҷорату иқтисод бо ӯзбекҳо сахт пайвастанд. Мо чунин мешуморем, ки онҳоро дар ҷумҳурии Ӯзбекистон мондан лозим аст».
Дар ин ҷамъомад, аз рӯйи масъалаи муҳокимашаванда, ҳангоми музокирот Ҳоҷибоев роҷеъ ба маркази мадании тоҷикон чунин изҳор дошт «мо ақида дорем, ки шаҳри марказии тоҷикон Самарқанд хоҳад буд, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон мемонад, он бояд маркази муваққатии маданияти тоҷик бошад, он ҷо мо бояд мактабҳо ва ғайра ташкил кунем».
Аз ин далелҳои овардашуда баръало равшан аст, ки А. Ҳоҷибоеви ҳамон лаҳза 24 сола, аз қолаби тавсиякардаи комиссияи ӯзбекӣ берун баромада натавонистааст. Ӯ намедонист, ки бо чунин саховатмандиҳо нисбат ба халқи худ ҷинояти сахттарин зоҳир намудааст.
24 августи соли 1924 Комиссияи марказии ҳудудӣ аз комиссияи миллии тоҷикӣ хоҳиш намуд, ки пойтахти вилояти мухтори худро муайян кунанд. Дар чунин лаҳза ҳам комиссияи бо ном тоҷикӣ ақаллан ҷуръат накард, ки масъалаи соҳиб шудан ба яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷиконро ба миён гузорад. Ҷавонӣ ва дуруст надонистани масъала, ба аъзоёни ин комиссия имконият намедод, ки оқибати мавқеи худро дуруст сарфаҳм раванд. Барои онҳо тақдири миллати худ — тоҷикон гӯё бегона буд. Дар лаҳзаҳои ҳалкунанда барои ҳимояи манфиати халқи худ ягон хел ҷонбозӣ накарда, лаҳза ба лаҳза ҷиноят содир мекарданд. Ниҳоят, ин комиссия саховатмандона аз чунин шаҳрҳои машҳури қадимаи тоҷикон — Бухоро, Самарқанд ва ҳатто Хуҷанд ҳам даст кашида, сараввал деҳаи Қаротоғро чун маркази вилояти мухтории тоҷикон пешниҳод кард. Аммо ин таклиф ба ҳарбиён маъқул набуд. Бинобар ин бо таклифи ҳарбиён, дар он вақт як деҳаи назарногири дурдаст — Душанбе ҳамчун пойтахт қарор гирифт. 6 сентябр Комиссияи марказии ҳудудӣ лоиҳаи ҳудуди вилояти мухтории Тоҷикистонро тасдиқ намуд.
Дар мавқеи амалдорони ҷумҳурии Туркистон аз моҳи августи соли 1924 сар карда, оиди мавҷудияти тоҷикон тағйироте ба амал омад. Онҳо акнун мавҷудияти тоҷиконро рӯйрост рад накарда, ночор, қисман барои қонеъ гардондани талаботи маънавиашон розӣ шуданд. Аз ҷумла, худи ҳамон моҳ КИМ Туркистон дар пленуми охирини худ қарор кард, ки Донишкадаи омӯзгории тоҷикӣ ташкил карда шавад. Дар натиҷа декабри он сол дар Тошканд Донишкадаи маорифи тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он аввал донишҷӯён асосан аз ҳисоби тоҷикони Ӯзбекистон таҳсил мекарданд. 25 августи ҳамон сол дар Самарқанд нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» (ҳоло ин рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, бо ҳамон ном нашр мешавад) оғоз ёфт.
Моҳҳои июн-сентябри соли 1924 бо ташаббуси ташкилотҳои коммунистӣ ва шӯравии маҳалҳо, дар байни мардум, дар гӯшаю канорҳои гуногуни Осиёи Миёна рафти маъракаи тақсимоти ҳудуди миллӣ муҳокима гардид. Аз ҷумла, моҳҳои июн-август дар ташкилотҳои гуногуни Хуҷанд, Ӯротеппа, аввали сентябр дар Душанбе масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ гӯё маъқули ҳозирон шуд. Чунончи, 1-5 сентябри он сол дар Душанбе анҷумани I Шӯроҳои намояндагии халқии Бухорои Шарқӣ он масъаларо маъқул шуморид. Албатта он солҳо худшиносии миллии мардум, ки ҳанӯз ба дараҷаи зарурӣ нарасида буд, бинобар ин пешниҳодҳо қариб дар ҳама ҷо бо як овоз маъқули ҳозирон мегардид.
Сентябри соли 1924 масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар қарорҳои органҳои болоии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба шакли қонун даромад. Чунончи, 15-16 сентябр сессияи фавқулодаи КИМ Туркистон ба мардуми кишвар ҳуқуқ дод, ки аз ҳайати ҷумҳурии Туркистон баромада, ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои миллии худро ташкил диҳанд. 20 сентябр анҷумани Умумибухороии шӯроҳо ҳам ҳамин гуна ҳуқуқро ба мардуми ҷумҳурии Бухоро дод. 29 сентябр бошад анҷумани Умумихоразмии Шӯроҳо низ ҳамин гуна қарор қабул кард. 11 октябри соли 1924 бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия маърузаи сардори Комиссияи худ В. В. Куйбышевро оиди тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна шунида, қарорҳои қатъӣ қабул кард. Дар ҳамин маҷлис нақшаи тақсимоти ҳудуди миллӣ ва тақсими фонд ва сармояи давлатӣ дар байни ҷумҳурӣ ва вилоятҳои нави миллӣ дида шуд. Бюрои сиёсӣ ба масъалаи тоҷикон таваққуф намуда дар ҳамин ҷамъомад зарур шуморид, ки ба ҷойи вилояти мухтор Ҷумҳурии Мухтории Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Иттифоқии сотсиалистии Ӯзбекистон ташкил дода шавад.
14 октябри соли 1924 иҷлосияи II КИМ Умумирусиягӣ қарори КИМ Туркистонро «Дар бораи ба мухториҳои алоҳида тақсим намудани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии сотсиалистии Туркистон» маъқул шуморид. Ин иҷлосия низ ба тоҷикон ҳуқуқ дод, ки ба ҷойи вилояти мухтор (ташкил додани вилояти мухтори Тоҷикистон — ин пешниҳоди КИМ Туркистон ва қарори қурултойи V Умумибухороӣ буд) ҷумҳурии мухторро ташкил диҳанд. Дар натиҷа Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Тоҷикистон — ҷумҳурияти мухторӣ дар ҳайати Ӯзбекистон, вилояти мухтории Қирғизҳо дар ҳайати ҶМШС Қазоқистон ташкил ёфтанд. Аз ин рӯ 14 октябр рӯзи тавлиди ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 27 октябр иҷлосияи II КИМ ИҶШС, даъвати 2-юм қарорро оиди тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна маъқул шуморид.
Ҳангоми ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ба ҳайати он: аз ҶХШ Бухоро вилоятҳои Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа; аз ҶМШС Туркистон вилоятҳои Панҷакент ва Ӯротеппа (Истаравшан) дохил шуданд. Ҳамон лаҳза масоҳати ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор км2 буда, аҳолиаш 739,5 ҳазор нафарро ташкил медод, ки 78,33 фоизаш аз тоҷикон иборат буд.
26 ноябри соли 1924 дар Тошканд Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев ташкил ёфт. 6 декабри он сол бюрои Осиёимиёнагӣ роҳбарияти муваққатии ҳизбӣ — бюрои ташкилии ҲК(б) Ӯзбекистонро дар ҶМШС Тоҷикистон барпо намуд. 3 феврали соли 1925 ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати пурра ба Душанбе омад. Рӯзи дигар, 4 феврал дар Душанбе гирдиҳамойии серодам барпо гардид. Дар он декларатсияи ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон хонда шуд. 5 феврал ба барҳам додани ташкилотҳои Бухорои Шарқии собиқ ҷумҳурии Бухоро шурӯъ намуданд.
Баъди ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Ашт, ки ба уезди Қӯқанди вилояти Фарғона дохил мешуданд, бевосита ба ҳайати Ӯзбекистон монданд. Вилоятҳои Панҷакенту Ӯротеппа (Истаравшан) агарчанде аз рӯйи тақсимоти ҳудуди миллӣ ба ҶМШС Тоҷикистон дохил шуданд, вале бо сабабҳои гӯё ҷуғрофӣ, роҳбарии давлатию ҳизбии онҳо то соли 1926 бевосита аз тарафи органҳои ҶШС Ӯзбекистон ҷорӣ мешуд. Онҳо танҳо соли 1926 ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон амалан гузаштанд. Кӯҳистони Бадахшони ҳам аз соли 1923 чун вилояти мустақил аввал дар ҳайати ҶМШС Туркистон, баъд ба ҳайати ҶШС Ӯзбекистон монд. 2 январи соли 1925 вилояти Кӯҳистони Бадахшони ба вилояти Мухтори Бадахшон табдил дода шуд ва худи ҳамон рӯз бо қарори садорати КИМ ИҶШС ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шуд.
Тоҷикони баъзе ноҳияҳои бевосита дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон монда, аз натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллӣ чандон розӣ набуданд. Аз ҷумла охири соли 1924 мардуми Конибодом, чун эътироз, пеши роҳи раиси КИМ ИҶШС (СССР) М.И. Калининро гирифтанд. Дар натиҷа онҳо соли 1925 ҳуқуқи «ноҳияи мухторӣ»-ро соҳиб шуданд. Соли 1926 масъалаи ташкил додани округи Хуҷанд ба миён омад ва феврали соли 1927 он воқеӣ гардид. Ба округи Хуҷанд он лаҳза уезди Хуҷанд, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд. Ин округ танҳо сентябри соли 1929 ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шуд ва худи он сол ин ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфт.
Ҳамин тарз, халқи тоҷик дар натиҷаи муқобилияти сахти дар аввал туркпарастону баъд ӯзбекпарастон соҳиби ақаллан ҷумҳурии мухтории худ гардид, ки он барои ин халқи қадима аҳамияти бузурги таърихию сиёсӣ дошт. Вале ин ҷумҳурӣ дар гӯшаи қафомондатарини кишвар — Бухорои Шарқӣ, ки аз собиқ — марказҳои машҳуру мадании халқи тоҷик — Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд хеле дар канор буд, бунёд гардид. Яъне, миллатгароён ба ин халқи азияткашида имконият надоданд, ки ҳамон лаҳза ақаллан яке аз он марказҳоро пойтахти ҷумҳурии мухтори худ эълон намояд. Аз ҳамин сабаб ҳам халқи тоҷик бо бунёди ҷумҳурияташ деҳаи хурди назарногири Душанберо пойтахти худ қарор дода, минбаъд бо кӯмаки бародаронаи ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқ онро ба яке аз шаҳрҳои зебою саноатии замона табдил дод.
Воситаҳое, ки ҳангоми гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ барои маҳдуд намудани мавқеи тоҷикон истифода бурдаанд
Чуноне аллакай таъкид намудем, сарвари ҳукумати ҷумҳурии Бухоро Ф. Хоҷаев аввалин шуда пешниҳод карда буд, ки аз ҷумлаи ноҳияҳои кӯҳистони Мастчоҳ ва Қаротегин вилояти мухтори Тоҷикистон бунёд карда шавад. Дигар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурии Бухоро бояд асоси ҷумҳурии Ӯзбекистонро ташкил медоданд. Амалдорони ҷумҳурии Бухоро ҳангоми гузаронидани маъракаи тақсимоти ҳудудии миллӣ аз рӯйи ҳамин нақша амал карданд. Онҳо дар байни мардуми шаҳру деҳот ташвиқ карданд, ки «аз ҳисоби сарзамини ҷумҳурии Бухоро ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва вилояти мухтори Тоҷикистон бунёд мегардад. Бо сабаби он ки вилояти мухтори тоҷикон дар ноҳияҳои кӯҳистон барпо мегардад, бинобар ин ҳар касе худро дар рӯйхат «ӯзбек» нависад, дар манзили худ озодона истиқоматро идома дода метавонад. Ҳар касе, ки худро «тоҷик» сабт кунад, хона ва чизу чораашро гузошта, баъд ба ҳамон мулкҳое, ки барои вилояти мухтори тоҷикон муайян шудаанд, раванд ва ё онҳо маҷбуран фиристода мешаванд». Дар асоси ин ташвиқот қисме аз тоҷикони на танҳо Бухоро ва атрофи он, ҳатто тоҷикони дигар вилоятҳои Осиёи Миёна ҳам баҳри дар манзили худ оромона мондан ба рӯйхат худро ҳамчун «ӯзбек» номнавис намуданд.
Зеро, барои онҳо Қаротегину Мастчоҳ ҳамчун гӯшаи қафомондатарин ва мардуми он бечоратарин маълум буд.
Ҳангоми гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна на дар ҷумҳурии Туркистон ва на дар ҷумҳурии Бухоро барӯйхатгирии ҳақиқии объективии аҳолӣ гузаронида нашуд. Зеро, барои ин чуноне таъкид намудем, заминаҳои объективӣ ва субъективӣ ҳанӯз муҳайё нагардида буд. Дар баробари паст будани худшиносии миллӣ, инчунин кадрҳои лаёқатманд намерасиданд. Бинобар ҳамин ҳам, дар рафти маъракаи тақсимоти ҳудуди миллӣ, амалдорон бештар аз кабинети кории худ истода, кӣ будани мардуми ин ё он маҳал ё худ ноҳияро муайян мекарданд. Баъзан онҳо намояндагони худро ба ноҳияҳои гуногун фиристода, бо дасти онҳо рӯйхати муфассалро, бо нишон додани миллати барояшон дилхоҳ, ҳозир менамуданд.
Ҳуҷҷатҳои гуногуни бойгонии шаҳри Москва аз он далолат медиҳанд, ки дар баъзе ноҳияҳои тоҷикнишин мутасаддиёни барӯйхатгирии аҳолӣ ба тамоми фишорҳо нигоҳ накарда, рӯйхати ҳақиқии аҳолиро ба нишон додани миллаташон ҳамчун «тоҷик» пешниҳод кардаанд. Вале чунин ҳолат, ки ба амалдорони болоӣ маъқул набуд, бинобар ин дар чунин рӯйхатҳо калимаи «тоҷик»- ро хат зада, аз болои он «ӯзбек» навиштаанд. Мутаассифона ин гуна рӯйхатҳои ислоҳшуда хело бисёранд.
Ҳангоми маъракаи барӯйхатгирӣ, баъзе аз амалдорон бо дастаҳои силоҳбадаст дар гузару маҳаллаҳои тоҷикнишин ва ҳатто масҷиду мадрасаҳо мардумро «ташвиқ» намудаанд, ки дар рӯйхат худро ҳатман «ӯзбек» нависанд, ё худ ҳангоми пурсидани касе худро ҳамчун «ӯзбек» муаррифӣ намоянд. Чунин шахсони силоҳдор баъзан шабона ба хонаи тоҷикон даромада, онҳоро гӯё бори дигар «огоҳ» намудаанд, ки «ӯзбек» будани худро фаромӯш накунанд.
Ҳамон лаҳза яке аз мақсадҳои асоситарин ва наздиктарини амалдорони ҷумҳуриҳои чи Бухоро ва чӣ Туркистон ин ба инобат нагирифтани мавҷудияти тоҷикон буду бас. Дар ин ҷода онҳо аз дин ҳам моҳирона истифода бурдаанд. Худ тасаввур кунед, ҳанӯз ҳам аз тоҷик ё худ ӯзбек, ки ба дин эътиқоди сахт дорад. саволомез пурсед: «тааллуқ ба кадом миллат дорад?». Дар ҷавоб албатта мегӯяд: «Алҳамду лиллоҳ мусулмонам!» Пас, дар он солҳои пурфоҷиаи 20-ум тоҷики аз тарсу ваҳм гумроҳгардида аз куҷо медонист, ки ҳангоми пурсидани миллат ба ҷойи «мусулмон» бояд «тоҷик» гӯяд!
Ғайр аз ин сиёсатмадороне, ки ҳаллу фасли миллиро ба дӯш доштанд, чунин ташвиқ мекарданд, ки «ҳар кӣ суннимазҳаб аст, туркасл ва ҳар кӣ шиамазҳаб аст, ирониасл мебошад». Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна, махсусан дар Бухоро ва Самарқанд дар радифи тоҷикон эрониён низ зиндагӣ мекунанд. Агарчи тоҷикону ирониён ба гавҳар як халқ мебошанд, тафовути мазҳабӣ онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Чуноне пештар таъкид намудем, дар аморати Бухоро ихтилофҳои мазҳабӣ бо ихтилофҳои мансабӣ омехта шуда, январи соли 1910 дар шаҳри Бухорои Куҳна сабабгори хунрези сахт гардида буд. Соли 1924 бошад амалдорони Бухоро чунин ихтилофоти мазҳабии тоҷикон ва эрониёнро ба инобат гирифта ба гумоштагони худ дастур доданд, ки: «ҳар касе худро суннимазҳаб ҳисобад, вай ӯзбек аст, ҳар касе худро тоҷик ҳисобад, вай шиамазҳаб аст». Дар натиҷаи чунин «муайян» кардани миллат бисёр тоҷикони бухороӣ худро «ӯзбек» ҳисобиданд. Зеро, онҳо шиамазҳабиро барои худ ҳам таҳқир ва ҳам гуноҳи азим меҳисобиданд. Абдуқодир Муҳиддинов, чун шоҳид ва иштирокчии бисёр воқеаҳои он давр маҳз ҳамин гуна ҳолатро бо инобат гирифта таъкид кардааст, ки он лаҳза барои муайян кардани тоҷику ӯзбек, мутасаддиён «сунниро ӯзбек ва шиаро форс-тоҷик нишон доданд»1.
Як нуқтаи дигарро низ хотирнишон карданием, ки дар замони бунёди ҷумҳуриҳои миллӣ ва баъди он ҳам, баъзе тоҷикони ҳаваси мансаб намуда, маҳз сиёсати туркпарастӣ, баъд ӯзбекпарастии ҳукуматдорони сараввал ҷумҳуриҳои Бухорою Туркистон, сипас Ӯзбекистонро ба инобат гирифта, баҳри мансаб аз асли хеш даст кашида, барои «исботи» туркнажодӣ худро ҳатто аз авлодони «яссавӣ» ё худ «чағатойӣ» ба қалам медоданд. Минбаъд тоҷикони «ӯзбек» номнависшуда худро барғалат «ӯзбекони тоҷикзабон» меҳисобиданд, ки чунин шахсон хело бисёранд.
Дар охир бори дигар таъкид намуданием, ки дар марҳилаи гузаронидани тақсимоти ҳудудӣ миллии Осиёи Миёна беадолатиҳо нисбати халқи тоҷик на аз тарафи халқи ӯзбек, туркман, қирғиз, қазоқ ва ғайра, балки дар натиҷаи бемасъулиятию бераҳмӣ ва мавқеи нодурустро ишғол намудани арбобони масъули чӣ ҳизбию шӯравии маҳаллӣ ва чӣ марказӣ, махсусан дар натиҷаи шитобкории онҳо дар гузаронидани ин гуна чорабиниҳои муҳими ҳалкунандаи тақдири халқҳо содир гардидааст. Бинобар ин оиди беадолатиҳои содиршуда гуноҳ, ақаллан масъулиятеро ба дӯши ин ё он халқе гузоштан асос ва маъние надорад. Махсусан, чуноне дар боло таъкид намудем, халқҳои тоҷику ӯзбек асрҳо боз дар сарзамини Осиёи Миёна бо ҳам унс гирифта, бародарвор кор ва зиндагӣ доранд. Имрӯз ҳам мардуми асосии аксари ноҳияҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро (ба ҷуз ноҳияҳои кӯҳӣ) тоҷикону ӯзбекҳо ташкил мекунанд. Аз ин рӯ дар дохили ин ё он ҷумҳурӣ ба эътибор нагирифтани манфиати маънавии ин ҳарду миллати бо ҳам дӯст, ҷинояте дар назди рӯҳи поягузорони дӯстии ин ду халқ мебуд. Албатта онҳое, ки дар он солҳои душвор ба хатогиҳои ҷиддӣ, ё худ нисбати тоҷикон ҷинояте содир намудаанд, намедонистанд, ки рӯзе ин ҷумҳуриҳо мустақил мегарданду, хати нодурусти сарҳадии бо қалам муайянкардаашонро симхорҳои касногузар иваз мекунад. Алҳазар аз он рӯзе, ки озодона омадурафти тоҷикону ӯзбекҳо, ё худ мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна маҳдуд гардидааст.

Хулоса

Андешаҳои боло гувоҳи онанд, ки дар таърихи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна аз солҳои 60-уми асри XIX то бунёди ҷумҳуриҳои миллӣ (соли 1924) воқеаҳои гуногуни пеш дар пеш, дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва маданӣ ба вуқӯъ омадаанд. Ин дигаргуниҳоро ба тарзи умумӣ чунин шарҳ дод:
1. Баъди забти Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ истиқлолияти давлатҳои ин кишвар аз байн рафт. Он мулкҳои тоҷикнишин, ки аз тарафи қӯшунҳои подшоҳӣ ишғол гардида буданд, дар қатори дигар мулкҳои забтшуда, бо номи генерал- губернатории Туркистон, бевосита ба ҳайати империяи Русия дохил карда шуданд. Аморати Бухоро гарчанде аз ҷиҳати ҳуқуқӣ-юридикӣ мустақил буд ва хонигарии Хева амалан ба мустамликаи Русия табдил ёфтанд. Дар натиҷа аз тарафи ҳукумати подшоҳии Русия дар сарзамини Осиёи Миёна режими сахти мустамликавӣ барқарор гардид.
2. Халқи тоҷик гарчанде то забти Русия ҳам пароканда, дар ҳудуди давлатҳои гуногун зиндагӣ ба сар мебурд, вале бо ҳам мубодилаи афкор дошт. Ҳамин ки байни ду давлати пурқуввати давр — Русия ва Англия сарҳади нуфуз муайян гардид ва онҳо аз ҷумла чунин сарҳадро дарёи Панҷ қарор доданд, дар натиҷа мубошара ва хешу табории бошандагони соҳилҳои чапу рости ин дарё, ки ҳама тоҷик буданд, оҳиста-оҳиста канда шуд. Яъне, чунин сарҳадро сиёсатмадорони Русияю Англия ғайри хоҳиши мардуми маҳаллӣ муайян кардаанд.
З. Осиёи Миёна амалан ба макони ашёи хоми саноатии бофандагии Русия — пахта ва бозори молфурӯшии саноатчиёни он табдил ёфта буд. Сарзамини ин кишвар майдони озоди амалиёти ширкатҳо ва бонкҳои бонуфузи марказии Русия гардид. Сохтмони роҳи оҳани Осиёи Миёнагӣ ҳарчанд бо мақсади ҳарбӣ оғоз гардид, вале он иқтисодиёти ин кишварро ба бозори Умумирусиягӣ кашида, дар амал аҳамияти бузурги иқтисодӣ пайдо намуд. Дар муддати кӯтоҳ сарзамини ин кишварро, махсусан водии Фарғонаро, корхонаҳои гуногуни саноатӣ, махсусан заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ ва ғайра фаро гирифтанд.
4. Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна низ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Инкишофи муносибатҳои молию пулӣ боиси оғози ташаккулёбии ду синфи нав — буржуазияи миллӣ ва синфи коргар гардид. Афкори ҷамъиятӣ хеле пеш рафт. Маҳз дар ҳамин давр равияи маорифпарварӣ ва ҳаракати ҷадидӣ ташаккул ёфт, ки мақсади асосиашон беҳтар намудани шароити зисти мардум, ободу инкишофи мулки худ, бо давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ қадам гузоштани он ва ғайраҳо буд. Онҳо, ки асосан аз ҷумлаи зиёиён буданд, нисбати дин ва урфу одати мардуми худ эҳтироми зиёд доштанд ва мехостанд, ки бо роҳи ислоҳот онро ба замони нав мутобиқ гардонанд.
Минбаъд аз бисёр ҷиҳат тақдири халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна аз воқеаҳои худи Русия сахт вобастагӣ дошт. Аз ҷумла иштироки Русия дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ, сарнагун намудани подшоҳ Николаи II, воқеаи октябрии (соли 1917) ва ба ихтиёри болшевикон гузаштани ҳокимият ва ғайра воқеаҳое мебошанд, ки хоҳ нохоҳ ба мардуми ин кишвар низ таъсир расонидаанд. Ҳар дигаргуние, ки дар маркази Русия мешуд, он дар кишвари Туркистон ва қисман дар аморати Бухоро ҳам ба амал меомад.
Бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ дар сарзамини Осиёи Миёна ҳам аз ҷумлаи он воқеаҳоест, ки сараввал дар маркази Русия ба вуқӯъ омадааст. Мақсаду маром ва ваъдаҳое, ки ҳизби болшевикӣ ба мардуми меҳнаткаш медод дар баъзе нуқтаҳои ин диёр ҳам ҳамовозони худро пайдо намуда буд. Барои мардуми маҳаллӣ сохти сиёсии ҳукуматдории маҳаллии чӣ замони подшоҳӣ, чӣ замони Ҳукумати Муваққатии Русия ва дар аввал чӣ Ҳокимияти Шӯравӣ моҳиятан якхела метофт. Онҳо дар фаъолияти амалдорони маҳаллии ин ҳар се давр, се режими ба ҳам муқобил фарқияти ҷиддиеро намедиданд. Як қисми зиёиёни миллӣ сараввал дар фаъолияти Ҳукумати Муваққатии Русия фоли неки худро пай бурда, ҳатто ба он ҳукумат меҳр бастанд. Баъди сарнагуни он, аз ноилоҷӣ дар барномаи ҳизби болшевикӣ тақдири минбаъдаи худро медиданд. Аммо Ҳокимияти Шӯравӣ дар сарзамини Осиёи Миёна дар баъзе ноҳияҳо бо як тарзи дағалӣ, дар натиҷаи истифодаи қувва, дар баробари ба эътибор нагирифтани дин ва урфу одати мардуми маҳаллӣ, боз таҳқиру поймол кардани онҳо ва ғайра барқарор карда шуд. Ҳодисаҳои мудҳиши охирин қисми мардумро, агарчанде худ хеле бечора буданд, бетараф нагузошт.
Бинобар ҳамин ҳам дар ин сарзамин тартиботи шӯравӣ ҳанӯз ба тарзи бояду шояд барпо нагардида онро ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифт.
Ҳукуматдорони шӯравӣ дар рафти ҳаракати зиддишӯравӣ баъзе камбудиҳои худро сарфаҳм рафта, онҳоро қисман ислоҳ намуданд. Аз ҷумла амалан ба манфиати мардум баъзе чорабиниҳоро гузарониданд; намояндагони мардуми маҳаллиро ба корҳои идоракунӣ ҷалб намуданд; агарчанде аз сиёсати зӯроварӣ даст накашидаанд, вале сиёсати фаҳмондадиҳиро низ пеш бурдаанд ва ғайраҳо. Дар натиҷа мардуми маҳаллӣ низ оҳиста-оҳиста рӯ ба тартиботи нав ниҳод ва ҳаракати зиддишӯравӣ сол аз сол заифтар гардид.
Соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти ҳудуди миллӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он ҷумҳуриҳои миллии иттифоқии Ӯзбекистон ва Туркманистон, инчунин ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ба вуҷуд омадаанд. Бояд ба эътибор гирифт, ки ҳангоми гузаронидани ин маърака, аз ҷумлаи халқҳои асосии ин кишвар, тоҷикон ягона халқе буданд, ки зиёда зарар дидаанд. Зеро, он маърака дар амал на ин ки ифодаи манфиати миллии халқҳо, балки «табартақсими» ҳақиқӣ буд. Он марҳила ба замоне мувофиқ омад, ки ҳанӯз худшиносии миллии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон ташаккул наёфта буд, туркпарастӣ тантана мекард, қариб касе набуд, ки манфиати халқи бечорамондаи тоҷикро дар майдони ҳарбу зарби миллию идеологӣ ҳимоя намояд.
Барои халқи тоҷик, ба тамоми душвориҳо ва хатогиҳои замони тақсимоти ҳудуди миллӣ нигоҳ накарда, бунёди ҷумҳурии миллии Тоҷикистон воқеаи бузурги таърихӣ буд. Агарчанде ин ҷумҳурӣ дар як гӯшаи хеле қафомондаи Осиёи Миёна ташкил ёфт, вале он бо дастгирии дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, дар як муддати кӯтоҳ қафомондагии иқтисодию маданиро паси сар карда, ба қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ то андозае баробар шуд. Ҳарчанд дар ин роҳи муқаддас бисёр фарзандони содиқаш қурбони режими тоталитарӣ гардиданд, таҳқири дин ва баъзе урфу одатҳои миллиро эҳсос мекард, вале барои халқи тоҷик солҳои 60 — нимаи аввали 80-уми асри XX давраи аз ҳама баландтарини иқтисодиёт, илм ва маданият ба ҳисоб меравад.
Вале сад афсӯс, ки баъди пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар замони мушарраф гардидан ба истиқлолияти давлатӣ, ҳамон бемориҳои куҳнаи маҳалгароию рақобати мансабӣ аз сари нав ҷон гирифт ва бо ҳам омехта гардида, аввали солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми ҷумҳурӣ мусибату фоҷиаҳои зиёдеро овард. Дар ин солҳо халқҳои ҷумҳурии мо ҷанги ҳақиқии бародаркушӣ, ҷанги ҳақиқии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд.
Ҳоло, ки ин ҷанги худкушӣ паси сар шудааст, халқи тоҷик мисли замонҳои пеш бадани худро қисман табобат намуд. Боварии комил дорем, он захмҳо пурра шифо меёбанд, ҷумҳурии харобу абгоргаштаи мо рӯ ба тараққӣ мениҳад, заводу фабрикаҳо пурра ба кор шурӯъ мекунанд, бонкҳо соҳиби сармояи зиёд мешаванд, соҳибкорон муваффақиятҳои бузург ба даст меоранд, кишоварзон ба ҳосилнокии баландтарин мушарраф мешаванд, илму фарҳанг ба дастовардҳои зиёд соҳиб мешавад, ба бекорию оворагардӣ хотима гузошта мешавад ва зисту зиндагонии мардуми бечора рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Инчунин боварии комил дорем, ки миллати тоҷикро минбаъд дар миқёси ҷаҳонӣ на ҳамчун миллати худкушу нашъафурӯш, чуноне, ки ҳамин тавр дар солҳои 90-уми асри ХХ — остонаи асри XXI шиносондаанд, балки чун гузаштагон: илмдӯсту маорифпарвар, меҳнатдӯсту бунёдкор мешиносанд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.