Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 1.5


Боби I.
Ҳаёти тоҷикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

§ 5. Шӯриши солҳои 1873-1876 дар хонигарии Қӯқанд ва аз тарафи қӯшунҳои рус пахш намудани он. Забти сарзамини қабилаҳои туркман

Оғоз ва рафти шӯриш

Баъди ба Русияи подшоҳӣ тобеъ гардидани хонигарии Қӯқанд вазъияти мардум боз ҳам вазнинтар гардид. Ҳокимони маҳаллии хоин нисбат ба мардуми меҳнатӣ бештар зулмро раво медиданд. Халқи ҷабрдидаи хонигарӣ ҷавобан ба зулми истисморгарон ҳарҷо-ҳарҷо исён мебардоштанд. Соли 1873 дар хонигарӣ шӯриши калонтарине сар шуд, ки он то феврали соли 1876 идома ёфт. Ба он исёни мардуми деҳаҳои Косон ва Нанайи Намангон ибтидо гузошт. Баҳонаи асосии шӯриш зиёд ситонидани закот, яъне андоз аз чорво ба ҳисоб мерафт. Шӯриш аз моҳи июли соли 1873 характери мусаллаҳонаро гирифта буд. Ба шӯриш ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва қирғизҳо фаъолона иштирок доштанд.
Сарварони асосии шӯриш Мулло Исҳоқ Мулло Ҳасан ӯғлӣ (баромадаш қирғиз, писари мударриси «Оқмадраса»-и Марғелон), ки бо номи «Пӯлодхон»1 машҳур буд ва Абдураҳмон офтобачӣ (писари Мусулмонқул ном шахс, ки аз тарафи хони Қӯқанд Худоёрхон қатл карда шудааст) ба ҳисоб мерафтанд. Абдураҳмон офтобачӣ то соли 1875 ба яке аз қисмҳои аскарони хонӣ сарварӣ мекард ва барои пахш кардани шӯриш борҳо иштирок карда буд. Вале соли 1875 ба муқобили хони Қӯқанд — Худоёрхон суиқасд ба вуқӯъ омад ва Абдураҳмон офтобачӣ ҳам бо ҳамроҳии писари калонии Худоёрхон — Насриддинбек иштирокчии он буд. Моҳи июл суиқасдчиён ҳам ба тарафи шӯришгарон, ки он лаҳза Пӯлодхон роҳбари асосиаш буд, гузаштанд ва аз ҳамон лаҳза давраи дуюми шӯриш сар мешавад. Минбаъд ба шӯриш Пӯлодхон ва Абдураҳмон офтобачӣ якҷоя сарварӣ карданд. Онҳо Ӯш, Намангон, Андиҷон, Ассакӣ ва Олтиариқро ба даст дароварда, бевосита ба худи Қӯқанд таҳдид мекарданд. Писари дуюми Худоёрхон Муҳаммад Аминбек ҳам бо дастаҳои худ ба шӯриш ҳамроҳ шуд.
Вазъияти Худоёрхон хеле мураккаб гардид. Вай роҳи ягонаи халосиро дар кӯмаки генерал-губернатори Туркистон медид ва барои имдод ба ӯ муроҷиат ҳам кард. Вале баробари ба шаҳри Тошканд расидани муроҷиати Худоёрхон, худи ӯ ҳам 22 июли соли 1875 бо наздиконаш аз Қӯқанд баромада ба воситаи Хуҷанд ба Тошканд омада расиду худро ба ҳимояти ҳукумати подшоҳӣ гирифт. Баъди ин гурӯҳи Абдураҳмон офтобачӣ на ин ки Пӯлодхон, балки писари хони гуреза — Насриддинбекро хон эълон карданд.

Аз тарафи қӯшунҳои рус пахш намудани шӯриш ва барҳам додани хонигарии Қӯқанд

Моҳи июли соли 1875 Насриддинбек ва Абдураҳмон офтобачӣ дар мактуби худ ба генерал-губернатори Туркистон таклифи идома додани муносибати дӯстиро пешниҳод карданд. Дар ҷавоб генерал-губернатор таъкид намуд, ки ҳокимияти Насриддинбекро ҳамон вақт мешиносад, ки агар ӯ тамоми бандҳои шартномаи бо Русия имзо намудаи Худоёрхонро эътироф намояд. Ҳамон лаҳза шӯриш ҳанӯз идома дошт ва ноҳияҳои нав ба навро фаро мегирифт. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо аввали августи соли 1875 шумораи иштирокчиёни шӯриш то ба 15-16 ҳазор нафар расид 21. Шӯришгарон Новро ишғол намуда роҳи алоқаи Ӯротеппаю Хуҷандро буриданд.
7 августи соли 1875 Кауфман ба муқобили шӯришгарон қувваи бузургеро гузошт. 22 август муҳорибаи сахттарини назди қалъаи Маҳрам ба вуқӯъ омад, ки бо мағлубияти шӯришгарон анҷом ёфт. Кауфман баъди ишғоли қалъаи Маҳрам аз шӯришгарон талаб кард, ки муқобилиятро бас карда, чун товони ҷанг ба фоидаи хазинаи подшоҳӣ 40 ҳазор тангаи нуқра, ё худ 10 ҳазор тангаи тилло супоранд. Инро аксари сарварони шӯриш рад карданд. Вале Насриддинбек 22 сентябри ҳамон сол пинҳонӣ аз шӯришгарон бо Кауфман шартнома имзо кард. Мувофиқи он Насриддинбеки хоин на танҳо хизматгори содиқи ҳукумати подшоҳӣ буданашро эътироф кард, балки соҳилҳои рости дарёи Сирро низ бо шаҳрҳои Намангон ва Чуст ба фоидаи Русия гузошт. Инчунин ӯ розӣ шуд, ки ба фоидаи хазинаи ҳукумати подшоҳӣ қариб 2 млн. сӯм товони ҷанг супорад.
Рафтори хоинонаи Насриддинбек ғазаби нави шӯришгаронро ба вуҷуд овард ва онҳо минбаъд муборизаи худро ба муқобили хони нави хоин ва атрофиёнаш нигарониданд. Бо ин давраи сеюми шӯриш оғоз ёфт. Охирҳои моҳи сентябр шумораи шӯришгарон то ба 60-70 ҳазор нафар расид. Шӯришгарон ба ҷойи Насриддинбек Пӯлодхонро хони Қӯқанд эълон карда, аз рӯйи одати пештараи аз муғулҳо қабул намудаи туркҳо, ӯро дар рӯйи намади сафед гузошта, бардоштанд. Ҳамон лаҳза Пӯлодхон Ассакиро пойтахти худ қарор дода буд. 9 октябри соли 1875 шӯришгарон Қӯқандро ишғол намуданд.
Насриддинбек гурехт. Пӯлодхон моҳи декабр қароргоҳи худро аз Ассаки ба Марғелон овард. Муҳорибаҳои минбаъда, ки асосан бо аскарони рус мегузашт, барои шӯришгарон талафотҳои зиёде овард. Чунончи, 8 январи соли 1876 дар муҳорибаи Андиҷон қариб 20 ҳазор нафар шӯришгарон қурбон шуданд. Дар чунин лаҳзаҳои душвор як қисми сарварони шӯриш, аз он ҷумла Абдураҳмон офтобачӣ ба воҳима афтода, пинҳонӣ бо саркардаҳои рус гуфтушунид карданд. Пӯлодхон ҳанӯз ҳам муқобили ҳар гуна муросо ва тарафдори идома додани мубориза буд. Ӯ ба Учқӯрғон рафта, ният дошт, ки аз Қаротегин қувваи нав сафарбар намояд. Вале шаби аз 27 ба 28 январи ҳамон сол аскарони рус ба манзили Пӯлодхон зада даромаданд. Худи ӯ гурехта бошад ҳам, аммо ба зудӣ дастгир шуд. Моҳи марти ҳамон сол Пӯлодхонро дар майдони бозори Марғелон, бо ҳукми суди ҳарбии рус ба дор овехтанд. Инчунин дигар сарварони шӯриш низ ба тарзи гуногун ҷазо диданд. Ҳукумати подшоҳӣ ба гардани мардуми Қӯқанд чун товони ҷанг 3 млн. сӯмро бор кард22.
19 феврали соли 1876 бо розигии подшоҳи Русия Александри II, бо супориши генерал-губернатори Туркистон Кауфман хонигарии Қӯқанд барҳам дода шуд. Ба ҷойи он, дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон, боз як вилояти нав — Фарғона ташкил ёфт. Губернатори ҳарбии вилоят генерал М. Д. Скобелев таъин гардид.
Ҳамин тавр шӯриши калонтарини мардуми водии Фарғона шикаст хӯрд. Он аз ҷиҳати характери худ халқӣ буда, дар аввал асосан ба муқобили зулму истибдоди хонигарӣ ва минбаъд ба муқобили ниятҳои мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ нигаронида шуда буд. Ҳукуматдорони подшоҳӣ натиҷаи онро ба фоидаи Русия ҳал намуданд.

Аз тарафи қӯшунҳои рус забт гардидани сарзамини қабилаҳои туркман

Дар сиёсати забткоронаи ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Миёна баъди ҳалли тақдири хонигарии Қӯқанд масъалаи забти сарзамини қабилаҳои туркман ба миён омад. Аммо чорабиниҳои ҳукуматдорони подшоҳии Русия оиди ин мақсад нисбатан пештар сар шуда буд. Чунонӣ, ҳанӯз соли 1869 қӯшунҳои қафқозӣ бо сарварии полковник Н.Г. Столетов аз порти Петровский (Махачқалъаи ҳозира) баҳри Хазарро (Каспийро) гузашта, ба димоғаи Муравёвск фаромаданд. Онҳо дар ин ҷо ба шаҳри Красноводск асос гузоштанд, ки ин нуқта минбаъд ба яке аз масканҳои асосии ҳарбии Русия барои забти Хева ва замини қабилаҳои туркман табдил ёфт. Моҳи марти соли 1874 ҳукумати подшоҳӣ «Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Моварои Каспӣ (Закаспий)»-ро тасдиқ намуд. Дар асоси ин ҳуҷҷат дар сарзамини шарқии баҳри Хазар то дарёи Атрек ва дар ҷануб то сарҳади хонигарии Хева шуъбаи Моварои Каспӣ, бо марказ дар Красноводск таъсис дода, онро ба ихтиёри волии Қафқоз супориданд. Ҳамон вақт ба ҳайати он шуъба приставҳои Манқишлоқ ва Красноводск дохил мешуданд.
Минбаъд шуъбаи Моварои Каспӣ ба маркази асосии қувваҳои ба сарзамини қабилаҳои туркман ҳуҷумкунандаи ҳукумати подшоҳӣ табдил ёфт. Аввали моҳи майи соли 1877 отряди генерал Н. Ломакин Қизиларватро ишғол кард, вале бо сабаби аз истеҳкоми асосӣ дур буданаш онро зуд тарк намуд. Ӯ соли 1878 дар соҳили Атрек истеҳкоми Шатраро бино карда, моҳи август Қизиларватро дубора ба даст даровард. Вале 28-29 август вай дар ҷангҳои сахттарини назди Кӯктеппа шикаст хӯрда, ақиб гашт. Баъди ин сарвари қӯшунҳои рус дар Моварои Каспӣ М.Д. Скобелев таъин шуд. 12 январи соли 1881 дар натиҷаи ҷангҳои сахти серӯза қалъаи Данглитеппа, баъд Кӯктеппа, 18 январ Ашқобод забт гардид. Моҳи майи ҳамон сол шуъбаи Моварои Каспӣ ба вилоят табдил ёфт, ки ба он тамоми заминҳои аз ҳисоби кишвари туркманҳо забтгардида дохил мешуд. Бо ҳамин муқобилияти сахттарини яке аз қабилаҳои бонуфузтарин туркманҳо — тегинҳо бартараф карда шуд. Зеро, то ҳамон лаҳза ба қӯшунҳои рус асосан ҳамин қабила меҷангид.
1 январи соли 1884 дар воҳаи Марв барои маслиҳат ҷамъомади куҳансолони қабилаҳои дигари туркман: вакил, сичмаз, бек ва боҳӣ барпо гардид. Дар ин ҷамъомад онҳо тақдири минбаъдаи мулки худро муҳокима карданд. Ниҳоят моҳи марти ҳамон сол қабилаҳои забтнашудаи туркман дар назди қувваи ҳарбии ҳукумати подшоҳӣ маҷбур шуданд, ки ба ҳайъати Русия дохил шудани мулки худро эътироф кунанд. Вале яке аз нуқтаҳои баҳснок — ин воҳаи туркманнишини Пандин(Панҷдеҳ) буд, ки ба он чӣ англисҳо ва чӣ русҳо даъво доштанд. Худи ҳамон сол бо дастгирии англисҳо отряди афғонҳо ноҳияи Кушка ва Пандинро ишғол карданд.
Моҳи марти соли 1885 қӯшунҳои рус бо сарфармондеҳии сардори вилояти Моварои Каспӣ А.В. Комаров қӯшунҳои афғонро аз минтақаи Пандин дур партофта, 18 март Кушкаро забт намуданд. Дар натиҷа, ин ихтилоф на туркманҳою афғонҳо, балки русҳою англисҳоро қариб ба оғози ҷанги байниҳамдигарӣ овард. Вале ташаббусро дипломатҳои тарафайн ба даст гирифтанд. 10 сентябри он сол дар байни Русия ва Англия шартнома имзо гардид ва барои дар ҷануб муайян намудани сарҳади нуфуз комиссияи махсус ташкил карда шуд. Соли 1887 дар натиҷаи корҳои тӯлонӣ дар ин минтақа аз дарёи Аму то ҳудуди давлати Эрон марзҳои нуфузии байни Русияю Англия муайян гардид. Мувофиқи он мулкҳои баҳсталаби номбурда ба ихтиёри Русия монд.
Ҳамин тарз сарзамини қабилаҳои туркман ҳам аз тарафи қувваҳои ҳарбии Русияи подшоҳӣ истило карда ҷуд. 26 декабри соли 1897 вилояти Моварои Каспӣ аз ҷиҳати: идоракунӣ ба ихтиёри генерал-губернатории Туркистон гузашт.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Навиштаҳои дигар

Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 3.2... Боби III. Тоҷикон дар замони бавуҷудойии дигаргуниҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ. Болоравии ҳаракатҳои халқӣ ва ихтилофҳои мазҳабию мансабӣ (солҳои 1867-1917)...
Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ-6... ←   Ба пас   <6>   Ба пеш   → Гардун зи замин ҳеҷ гуле барн-орад, К-аш нашканаду ҳам ба замин наспорад. Гар а...
Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 3.4... Боби III. Тоҷикон дар замони бавуҷудойии дигаргуниҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ. Болоравии ҳаракатҳои халқӣ ва ихтилофҳои мазҳабию мансабӣ (солҳои 1867-1917)...
Акбар Турсон. Самандар и Зулкарнайн: к историоcофи... Акбар Турсон Жизненная задача всякого — познать строение и форму своего рода, его задачу, закон его роста, критические точки, соотнош...
Диданд: 12

Андешаатонро баён кунед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>