Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 1.4


Боби I.
Ҳаёти тоҷикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

§ 4. Ба аморати Бухоро ҳамроҳ кардани Бухорои шарқӣ

Ҳуҷуми аввали амир Музаффархон ба водии Ҳисор

Чуноне дар боло аллакай ишора намудем, дар сарзамини аморат мулкҳое ба монанди: Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра буданд, ки ҳокимони онҳо худро мустақил ҳисобида, ба ҳукумати амирӣ сар намефароварданд. Мулки Қӯрғонтеппа бошад, он лаҳза макони кашмакашӣ гардида, тобеи гоҳ хони Қундуз, гоҳ Кӯлобу Балҷувон ва гоҳ тобеи Ҳисор мешуд. Амирони манғитияи Бухоро низ барои тобеи худ гардонидани ин мулкҳо, аз ҷумла ба муқобили Шаҳрисабзу Китоб барҳо ҳуҷум карда, хуни зиёде резондаанд.
Амир Музаффархонро бемуваффақият анҷом ёфтани амалиётҳои ҷангии соли 1866 ба муқобили қӯшунҳои рус ором нагузошт. Ӯ мехост, ки ҷойи мулкҳои аз даст додаашро (Хуҷанд, Ӯротеппа, Нов, Ҷиззах ва ғайраро) зуд аз ҳисоби мулкҳои Бухорои Шарқӣ пур кунад. Бо ҳамин сабаб охири ҳамон сол ба сӯйи водии Ҳисор лашкар кашид. Албатта муваффақияти ин ҳуҷум аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи ҳокимони Китобу Шаҳрисабз вобастагӣ дошт. Зеро, ҳамон лаҳза ҳокимони Шаҳрисабз — Ҳакимбек (падари Бобобек) ва Китоб — Ҷӯрабек низ майли ба амири Бухоро итоат карданро надоштанд. Вале онҳо дар пеши ҳуҷуми қӯшунҳои рус хусумати худро нисбат ба амир як сӯ гузошта, бо мақсади зарба задан ба душмани асосӣ — қӯшунҳои ҳукумати подшоҳии рус, муваққатӣ бошад ҳам, бо амир якҷоя амал карданро зарур ҳисобиданд. Бо ҳамин мақсад онҳо ба амир Музаффархон изҳори итоат намуданд. Аммо амир ба садоқати ин ҳокимон боварӣ надошт ва нисбаташон дар дили худ оташи интиқомҷӯйиро аланга медоду нияти бо ҳар роҳ маъзул намуданашонро дошт. Лекин амир барои чунин нияти худ ҳанӯз ҷуръат намекард. Ба ҳар ҳол ин дафъа садоқати рӯякии ин ҳокимонро истифода бурданӣ шуд.
Инак, амир Музаффархон охири соли 1866 ва аввали соли 1867 сарзамини Қаршӣ ва Шаҳрисабзро ба такягоҳи қӯшунҳои худ табдил дода, ба сӯйи водии Ҳисор ҳуҷум кард. Вай ба душвории роҳҳои кӯҳӣ нигоҳ накарда, ҳатто тӯпҳоро низ ҳамроҳи худ гирифт. Баробари огоҳӣ аз ин ҳаракати амир, ба муқобили ӯ, дар маҳалҳои Бойсун ва Деҳнав, бо ташаббуси ҳокими Ҳисор Абдулкарим додхоҳ дастаҳои ихтиёрии ин мулкҳо ҷамъ омада буданд. Дар байни онҳо ҳиссаи асосиро ҳисориҳо ташкил медоданд ва бо ҳамин сабаб ҳамаи он қувваҳои умумии зиддиамирӣ чун «ҳисориҳо» ном бурда мешаванд. Бо даъвати Абдулкарим додхоҳ ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахон ҳам, ки баромадаш аз қабилаи қатағони Кӯлоб буд, ҳамчун иттифоқчӣ, бо қӯшунҳои худ ба майдони муҳориба ҳозир шуд.
Аз ҷиҳати лавозимоти ҳарбӣ то чӣ андоза қафомонда будани тарафҳоро тасвири зерини амалиёти ҷангӣ, ки дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров акс ёфтааст, равшан нишон медиҳад:
«Тӯпхонаи ҳарду тараф ҳам хеле заиф буд. Ҳисориҳо ҳамагӣ 4 тӯп (2 тӯпи чӯянӣ ва ду тӯпи мисӣ) доштанд, дар онҳо аслиҳаи оташфишони ҳозиразамон ба миқдори кофӣ набуд. Бинобар ин дастаҳо аксар вақт ба ҷангҳои тан ба тан мегузаштанд. Қӯшуни Бухоро дар натиҷаи ҳарбу зарби сахт (хусусан дар мавзеи Амоқсой) ҳисориҳоро ақиб нишонда, дар қалъаи Деҳнав ба муҳосира гирифт ва сипас шабохун зада, қалъаро ишғол намуд. Сарбозони амир ба қатли оми даҳшатангезе шурӯъ карда, ҳар каси ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд»14. Мувофиқи баъзе маълумотҳо муҳосираи қалъаи Деҳнав, ки асосан аз тарафи ҳисориҳо мудофиа карда мешуд, шаш рӯз давом кардааст. Баъди забти он аскарони амир тамоми муҳофизони қалъаро қатл ва худи онро ба хок яксон намуданд.
С. Айнӣ ба ҳамон «қатли оми даҳшатангез» таваҷҷуҳ намуда, онро ин тавр ба қалам додааст: «Вақте ки дар муҳорибаи Деҳнав ҳазор нафар асир» ба дасти амир Музаффархон афтод, амир «дар пеши хаймаи худ ҳамаро сар аз тан ҷудо кунонид. Мисли махмуре, ки барои нӯшидани шароб таҳолук меварзад, ба чашми худ рехтани хуни усароро тамошо карда ҷаллодро ба суръат амр мефармуд.
Дар вақти куштани усаро чун рӯз бегоҳ шуда ғуруби офтобро як соат пеш фурсат намонда буд, ва ҳол он ки усаро ҳанӯз чорсад нафар зинда буданд, амир ба Ҳайит ном ҷаллод амр фармуд, ки «то ғуруби офтоб бояд кори ҳамаро тамом намойӣ, вагарна худат дар маърази қатл хоҳӣ омад». Он ҷаллод баъд аз амри қатъӣ дар фурсати як соат ҳамаро тан аз сар ҷудо кард2.
Сарбозони амир, баъди мағлубияти қувваҳои муттаҳидаи зиддиамирӣ дар Деҳнав, ба самти Шарқ, ба дохили водии Ҳисор ҳаракат карданд. Онҳо қалъаҳои Регар, Қаротоғ, Файзобод ва ғайраро низ ба хок яксон намуданд. Абдулкарим додхоҳ бошад ба назди иттифоқчии худ ҳокими Кӯлобу Балҷувон — Сарахон гурехт. Вале Сарахон барои ҳифзи мансаб ва ҷони худ Абдулкаримро ҳабс намуда ба ихтиёри амир супорид ва тамоми гуноҳро ба гардани ӯ бор карда, бо ин мансаб ва ҷони худро нигоҳ дошт. Дар натиҷа Абдулкарим додхоҳ, бо ҳукми амир, бо ҳамроҳии 20 нафар ҳаммаслаконаш дар Дарбанд қатл карда шуд15. Чӣ тавре С. Айнӣ қайд кардааст, амир Музаффархон Абдулкаримро бо тамоми авлодаш асир карда «нахустин авлодашро то атфоли чордаҳсола дар пеши назараш кушта» пас аз он худи ӯро қатл намуд16.
Амир Музаффархон баъди ин ғалабаҳо дар Бойсун, Деҳнав, Ҳисор ва Файзобод аз ҷумлаи содиқони худ ҳокимони навро таъин карда, аввали соли 1867 ба Бухоро баргашт. Зеро, чуноне таъкид шуд, бо сабаби дар назди ӯ сари таслим фаровардани Сарахон, ба сӯйи Кӯлоб ҳаракат карданро зарур нашуморид. Чунин ҳолат амирро то андозае хотирҷамъ ҳам карда буд. Ӯ боварӣ дошт, ки ҳокимони боқимондаи Бухорои Шарқӣ дигар саркашӣ накарда, дар итоати вай боқӣ хоҳанд монд.
Ҳуҷуми дуюми қӯшунҳои амир Музаффархон ба водии Ҳисор. Таслим намудани Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон ва водии Вахш
Чуноне ишора шуд солҳои 1868-1870 барои амир Музаффархон давраи хеле душвор буд. Аз ҷумла, танҳо соли 1868 соли шикастхӯрӣ аз қӯшунҳои рус дар муҳорибаҳои Чӯпонато ва Зирабулоқ, аз даст рафтани Самарқанд, имзои шартномаи барояш вазнин бо Русия, ниҳоят исёни писараш — Абдумаликтӯра ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад. Ҳангоми шӯриши Абдумаликтӯра як қатор ҳокимон аз итоати амир саркашӣ намуда буданд. Аз ҷумла ҳокими Кӯлобу Балҷувон — Сарахон, аз ӯ рӯ гардонда, майл ба исёнгарон карда буд. Ҳокими ндои Ҳисор ҳам ҳамин гуна мавқеъро ишғол кард.
Инак, амир Музаффархон соли 1870, баъди он ки қӯшунҳои рус шӯриши Абдумаликтӯраро пахш намуда, Китобу Шаҳрисабзро тобеи ӯ намуданд, боз ба сӯйи водии Ҳисор лашкар кашид. Ҳамроҳи вай қушбегӣ Яъқуббек ҳам буд. Дар ин сафари ҳарбӣ сарбозони амир сараввал дастаҳои ҳарбии беки Шеробод Остонақулбий ва ҳокими нави Деҳнав Улуғбекро шикаст дода, ба Ҳисор наздик шуданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо дар ин сарзамин 15 рӯз ҷанг давом кардааст17. Шумораи танҳо қатлшудагон ба 5 ҳазор нафар расида, водӣ ба харобазор табдил ёфтааст 18. Мувофиқи маълумотҳои дигар, он манзараи ваҳшоният чунин сурат гирифтааст: «Амир Музаффар баъд аз ғалабаи Ҳисор аз занону кӯдакон ҳар қадар асире, ки ба даст афтода бошад, бераҳмона дар ҳавзе андохта, дар болои онҳо об монда, тақрибан ду ҳазор зан ва тифли бегуноҳро бо ин ҷабру зулм ҳалок намудааст»19.
Бедодгариҳои амир Музаффархон дар водии Ҳисор тарсу ваҳми ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахонро хеле зиёд намуд. Он лаҳза дар зери итоати ӯ водии Вахш — мулкҳои Қӯрғонтеппаю Қубодиён низ буд. Амир худи ҳамон соли 1870 ба муқобили Сарахон, ба сӯйи Кӯлоб дастаҳои махсусро бо сарварии қушбегӣ Яъқуббек фиристод. Сарахон бошад, боварии комил дошт, ки барои муқобилият қуввааш кифоягӣ намекунад ва ҳангоми мағлубият саломат нахоҳад монд. Бинобар ин ӯ аз муқобилиятнишондиҳӣ даст кашида, барои халосии ҷони худ ба мулки Афғонистон гурехт. Дар натиҷа Яъқуббек бе ягон муҳориба мулкҳои Кӯлоб, Балҷувон, Қӯрғонтеппа ва Қубодиёнро ба зери тасарруфи ҳукумати амирӣ даровард.

Забти Қаротегину Дарвоз

Амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои амирӣ барои забти Қаротегину Дарвоз нигаронида шуда буд. Ин мулкҳо низ аз ниммустақилҳо буда, баъзан боиси кашмакашии байни аморати Бухоро ва хонигарии Қӯқанд ҳам мегардиданд. Аз соли 1870 то соли 1876 ҳокими Қаротегин Раҳимхон, писари бародари калонии амир Музаффархон — Муқимхон, буд. Ӯ тарафдори мустақилии Қаротегин ба ҳисоб мерафт. Амир соли 1876 Раҳимхонро ба Бухоро даъват карда, каме дертар ба ҷойи ӯ амакбачаи худи Раҳимхон — Саидхонро фиристод. Саидхон нисбат ба амир содиқ ва тарафдори тобеияти Қаротегин аз Бухоро буд. Вале мардуми Қаротегин омадани Саидхонро хуш напазируфтанд ва аз амир баргардонидани Раҳимхонро талабиданд20.
Саркашии мардуми Қаротегин боиси воҳима ва ташвиши амир Музаффархон гардид. Губернатори ҳарбии вилояти Фарғона генерал Скобелев чунин вазъияти ӯро пай бурда, ба сӯйи Қаротегин ва Бадахшон фиристодани эъзомияи махсусро тезонид. Ин эъзомия охирҳои моҳи июл ва аввали августи соли 1876 ба роҳ баромад. Мақсади ин чорабинӣ дар маҳалҳои роҳи Помир, махсусан ба мардуми Қаротегин нишон додани иқтидори ҳарбии ҳукумати подшоҳӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар ҳайати эъзомия, ба мисли эъзомияи Искандаркӯл, бо мақсади рӯпӯш намудани ниятҳои дар боло зикршуда, дар қатори ҳарбиён инчунин донишмандони ҷуғрофия, табиатшиносӣ ва нуҷум: Л. Ф. Костенко, В. Ф. Ошанин, А. Р. Бонедорф ва дигарон дохил буданд.
Амир Музаффархон аз чунин амалиёти саркардагони ҳарбии рус рӯҳбаланд гардида, нисбат ба масъалаи Қаротегин боз ҳам қатъитар амал кард. Ӯ соли 1877 Саидхонро аз Қаротегин ба Бухоро даъват карда, худи ҳамон сол риштаи ҳаёти Раҳимхонро канд ва ба Қаротегин чун ҳоким Худойназар оталиқро фиристод2. Дар натиҷаи ин амалиёт Қаротегин бе ҷанг пурра ба қатори мулкҳои Бухоро дохил карда шуд.
Баъди ҳалли тақдири Қаротегин масъалаи Дарвоз ба миён омад. Иҷрои он ба уҳдаи беки Қаротегин Худойназар гузошта шуда буд. Ӯ соли 1877 ба сӯйи Дарвоз бори аввал (иборат аз 150 нафар) лашкар кашид, вале шикаст хӯрд. Худойназари маккор бо фиреб шоҳи Дарвоз Сироҷиддинхонро, гӯё барои мулоқот бо амир Музаффархон, ба Шаҳрисабз фиристода, дар он ҷо ба асорат гирифтор намуд. Чунин маккории Худойназар ғазаби мардуми Дарвозро боз ҳам зиёдтар намуд ва онҳо ин дафъа ҳам ба ӯ муқобилияти сахт нишон дода, қӯшунҳои якунимҳазорнафараашро торумор карданд.
Амир Музаффархон аз бемуваффақиятии ҷангҳо дар Дарвоз хавфи оғози шӯришро дар дигар мулкҳои тобеияташ пай бурда, зуд қувваи зиёдеро ба муқобили он фиристод. Ба ин қувваҳо боз Худойназар сарварӣ мекард. Онҳо баҳори соли 1878 қалъаи хеле мустаҳками Кафтархона ва баъд Қалъаи Хумбро забт намуданд. Бо ҳамин мулки Дарвоз ҳам ба қисми таркибии аморати Бухоро табдил ёфт.
Ҳамин тавр дар муддати солҳои 1866-1878 мулкҳои ниммустақили Бухорои Шарқӣ (ба ғайр аз мулкҳои кӯҳии Бадахшон) тобеи ҳукумати амирии Бухоро гардид. Барои осон гардонидани идоракунии мулкҳои Бухорои Шарқӣ он ба бойигариҳои зерин: Балҷувон, Бойсун, Дарвоз, Деҳнав, Кӯлоб, Шеробод, Юрчӣ, Ҳисор, Қаротегин, Қубодиён ва Қӯрғонтеппа тақсим карда шуд. Ҳар кадоми ин бекигариҳо аз ҷумлаи шахсони ба амир наздик ва содиқ ҳокими худро дошт. Аз ҷумла дар Балҷувон Саидниёзи киикчӣ, дар Кӯлоб Наҷмиддинхоҷа, дар Қаротегин Худойназар ва ғайраҳо бек-ҳоким таъин шуда буданд. Вале бо сабаби аз маркази аморат — шаҳри Бухорои Куҳна хеле дур будан ва аз ин рӯ мушкилии идоракунии ин диёр, амир ба яке аз ҳокимони бонуфузи он ҳуқуқи васеи назораткунӣ ва идоракунии умумиро дода буд. Аввалин шуда ба чунин марҳамати амир беки Ҳисор Яъқуббек қушбегӣ сарфароз гардид.
Ба зери тасарруфи ҳукумати амирӣ кашидани мулкҳои ниммустақили Бухорои Шарқӣ аҳволи мардуми ин диёрро беҳтар накард. Баръакс, дар ин сарзамини нав забтгардида аз рӯзҳои аввал бедодгарӣ ба дараҷаи баландтар расида буд. Дар ин мулкҳо сарбозони амир ҳарчанд, ки «касеро амон надода, ҳатто аҳолии шаҳру қишлоқҳои муқобилатнакардаро ҳам несту нобуд мекарданд, боз аз мулкҳои истилошуда бо номи «амонпулӣ» хироҷ ҳам меситониданд. Маблағи аз ҳад зиёде, ки бо роҳи ин гуна ғоратгариҳои рӯйрост ҷамъ омада буд, барои афзудани сарвати саркардаҳои феодалии Бухоро сарф гардид ва қисми асосии он ба амир фиристода шуд»2. Бояд эътироф намуд, ки дар натиҷаи ба аморати Бухоро ҳамроҳ намудани мулкҳои пароканда ва ниммустақили Бухорои Шарқӣ, ин диёр низ дар қатори тамоми сарзамини аморат, оҳиста-оҳиста ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шуд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Навиштаҳои дигар

Чор дарвеш Ба ҷойи сарсухан «Чор дарвеш» бори аввал дар соли 1295 ҳиҷрӣ (1878) дар Бамбай (Ҳиндустон) дар матбааи Ҳайдарӣ чоп карда шудааст. Дар и...
Канзи шифо. Давоҳои ҳайвонӣ 31-40... 31. Зулук 32. Тортанак 33. Зоғ 34. Фохтак 35. Кабк 36. Хорпушт 37. Ҷайра 38. Панирмоя 39. Саг 40. Шир 31. Зулук ...
Китобхона — ШАР ШАР Шарифӣ А. Тоҷикистони азизам: Маҷмӯаи шеърҳо Шарифӣ А. Тӯбча, суруд, алифбо: Шеърҳо Шарифӣ А. Хари лофзан Шарифӣ А. Ҳадя: Маҷмӯаи шеъру ҳикояю...
География География География (Географияи табиӣ), китоби дарсӣ барои синфи 6. Ҳ. Очилов, М. Раҳимов, Д. Ҷалолов. – Д.: 2002. - 192 с. Фаро...
Диданд: 52

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>