Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 1.3


Боби I.
Ҳаёти тоҷикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

§ 3. Идомаи ҷанги Русия бо Бухоро ва забти Хева

Муҳорибаи Чӯпонато ва забти Самарқанд

К. П. Кауфман баробари генерал-губернатори Туркистон таъин гардиданаш амалиёти забткоронаи пешгузаштагони худро давом дод. Мақсади асосии ӯ таслим намудани аморати Бухоро буд. Сараввал диққати ӯро вазъияти мураккаби Самарқанд ба худ ҷалб кард.
Тасвири ин ҳолат аз рӯйи навиштаи А. Дониш он аст, ки баъди аз даст рафтани Ҷиззах ҳокими Самарқанд Шералӣ Иноқи шиамазҳаб диндорони суннимазҳабро барои мағлубият муттаҳам ҳисобида, зиёда бедодгарӣ намудааст. Ба қавли ӯ гӯё ҳар чӣ қадар сунниён ба қатл расонда шаванд, ҳамон қадар беҳтар мешавад. Ин ҳама сабабгори шӯриши шаҳриён гардидааст8. Тафсили ин воқеаро С. Айнӣ дар асоси навиштаҳои Мирзо Азими Сомӣ ба таври зайл шарҳ медиҳад: «… баъд аз воқеаи Майдаюлғун ва Дизах (Ҷиззах — Н. Ҳ.) ва фирори муҷоҳидон аксари муллоёни ғазоталаб, ки ҳанӯз асари таассуб ва инод дар мухайялаашон (тасаввурашон — Н. Ҳ.) боқӣ буд, дар Самарқанд ба мадрасаҳо ҷамъомадҳо карда, мардумро ба ғазо ва ҷиҳод тарғиб намуда, доманзании оташи муҳориба мекарданд. Дар кӯча ва бозорҳо ҳар касеро ки аз сипоҳ ва фуқаро медиданд: «Ту кофирӣ! Тарки амри…ояи ҷиҳод кардаӣ» — гуфта изо ва ҷафо мерасониданд. Рафта — рафта корро ба задан ва тааддӣ кардан оид намуданд»2.
Ҳамин тарз бо сабабҳои дар боло ишорашуда дар Самарқанд задухӯрди сахте ба вуҷуд омад, ки он боиси боз ҳам зиёдтар рехтани хуни мардум гардид. Чунин ҳолат аз як тараф қувваи муҳофизони шаҳрро заиф намуда бошад, аз тарафи дигар сарварони қӯшунҳои дар кишвар доштаи Русияро хурсанд намуд.
1 майи соли 1868 дар баландии Чӯпонато (наздикии Самарқанд) муҳорибаи сахттарини байни қӯшунҳои рус ва сарбозони амир, ки бо якҷоягии ихтиёриён амал мекарданд, ба вуқӯъ омад. Дар ин муҳориба ҳокими Ҳисор Раҳмонқулбӣ парвоначии манғит низ бо отряди худ иштирок дошт ва таърихшинос Мирзо Азими Сомӣ воқеанигори ӯ буд. Муҳофизон агарчанде аз ҷиҳати шумора нисбат ба аскарони подшоҳӣ, ки ба онҳо бевосита худи К.П. Кауфман сарварӣ мекард, бартарӣ дошта бошанд ҳам (аз рӯйи баъзе маълумотҳо шумораи онҳо ба 100 ҳазор нафар мерасид), аммо аз ҷиҳати таҷрибаи ҳарбӣ ва таъмини яроқ хело касод буданд. Дар натиҷа ин муҳориба ҳам боиси мағлубият ва талафоти бузурги муҳофизон, аз он ҷумла сарбозони амир гардид.
Мағлубият дар муҳорибаи Чӯпонато тақдири Самарқандро низ ҳал намуд. Зеро, сарварони ин шаҳри бостонӣ муқобилияти минбаъдаро нисбат ба қӯшунҳои забтгари Русияи подшоҳӣ бефоида ва ба зарари шаҳру шаҳриён (яъне боиси талафоти бешумор, ва инчунин ваӣрониҳои зиёд) ҳисобида, бе муқобилият дарвозаи шаҳрро ба рӯйи қӯшунҳои рус кушоданд. Тасвири ин воқеаро Мирзо Азими Сомӣ чунин шарҳ медиҳад, ки онро С. Айнӣ дар китоби худ овардааст: 2 майи соли 1868, пагоҳии рӯзи панҷшанбе, Мирзо Камолиддини муфтӣ «бо шаш нафар оқсақолони Самарқанд гов ва тухми мурғ гирифта барои изҳори инқиёд ба истиқболи генерал-губернотор Кауфман, ки сараскари рус буд, ба Чӯпонато омада ӯро дида дам аз итоат заданд. Губернотор низ ба онҳо рифқу мадоро карда вилояти Самарқандро тархон кард (яъне бахшид). Баъд аз ин губернотор оқсаққолонро ҳамроҳ гирифта аз дарвозаи Шоҳи Зинда дохили шаҳр шуда ба Кӯктош (арки Самарқанд) қарор гирифт»1. Дар рӯзи дигар губернатор муфтӣ Камолиддинро ба мансаби қозикалони Самарқанд бардошт.
Ҳамин тарз 2 май қӯшунҳои рус дохили шаҳри Самарқанд гардиданд. 3 май ин хабар ба амир Музаффархон расид, ки ӯ он лаҳза дар Кармина буд. Вай ҳатто аз изтироб қосиде, ки хабари аз даст рафтани Самарқандро барояш расонид, қатл намудааст.
Дар чунин вазъият гуфтушуниди намояндагии Русия ва Бухоро оиди масъалаи тиҷорат давом дошт ва он 11 майи соли 1868 бо имзои шартномаи иборат аз 6 банд анҷом ёфт. Мувофиқи он дар қаламрави хоки аморати Бухоро барои тоҷирони Русия имконияти васеи фаъолият дода мешуд.

Муҳорибаи Зирабулоқ. Шартномаи 23 июни соли 1868 ва тақдири он

Имзои шартномаи тиҷоратии 11 майи соли 1868 идомаи ҷангро дар байни Русия ва Бухоро боз надошт. 12 май Ургут 18 май Каттақӯрғон аз тарафи қисмҳои аскарони рус ишғол карда шуд. Умуман, муҳорибаҳои минбаъда исботи он буданд, ки қӯшунҳои амир имконияти муқобилиятнишондиҳиро аз даст додаанд. Амир Музаффархон чунин вазъиятро эҳсос намуда, маҷбур шуд, ки ба имзои шартномаи пешниҳодкардаи Кауфман розӣ шавад.
Ҳанӯз шартнома дар байни Бухорою Русия имзо нагардида хабари он, яъне ба имзои он майл кардани амир ғазаби як қисми мардуми Бухороро ба вуҷуд овард. Як ҳиссаи чунин мардуми ба шӯромада, ки ба сӯйи Самарқанд ба роҳ баромада буданд, дар Чӯли Малик (байни Ғиждувону Самарқанд) аз тарафи сарбозони амир пароканда карда шуданд.
Сардори яке аз қабилаҳои қазоқ — Сиддиқтӯра, ки баъди аз тарафи қӯшунҳои рус забт гардидани мулкаш — Туркистон гурехта дар Бухоро паноҳӣ ёфта буд, сар бардошта Ғиждувонро ғорат намуд, Карминаро забт кард ва худро хони чингизинажод ном ниҳод. Олимақомони худи Бухоро ҳам аз амир талаб мекарданд, ки бо «кофирҳо», яъне русҳо ҷангро давом диҳад. Бо ҳамин сабабҳо амир маҷбур шуд, ки боз майл ба ҷанг намояд. Ӯ дар наздикии Зирабулоқ 15 ҳазор сарбозони савора, 6 ҳазор сарбозони пиёда ва 14 тӯпро бо сарварии Ҳоҷӣ Тӯқсабо ва Усмон Тӯқсабо 9 ҷамъ намуд. Аз рӯйи маълумотҳои дигар шумораи умумии сарбозон ва мардуме, ки он ҷо ба муқобили аскарони рус ҷамъ намудаанд, ба 50 ҳазор нафар мерасид. (Усмон Тӯқсабо аз рӯйи баромад казаки гурезаи сибирӣ буда, ба худ номи маҳаллиро гирифта, дини исломро кабул кардааст.)
Инак, 2 июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоқ муҳорибаи сахттарин ва охирини байни Русияю Бухоро ба вуқӯъ омад. Вале мағлубият боз насиби сарбозони амир гардид. Онҳо 1500 нафарро талаф доданд10. Қӯшунҳои рус баъди ғалаба дар Зирабулоқ боз ба сӯйи Самарқанд равон шуданд. Зеро дар он ҷо ҳанӯз 1 июн шӯриши зиддирусӣ ба вуқӯъ омада буд. Шӯришгарон шаҳрро ба даст дароварда, намояндагони Русия ва маҳаллиёни бо онҳо ҳамкорӣ намударо ба қатл расонидаанд. Ҳокимони Китоб — Ҷӯрабек ва Шаҳрисабз — Бобобек (писари Ҳакимбек) ҳам бо дастаи худ ба Самарқанд, ба кӯмаки шӯришгарон омаданд. Вале онҳо, баробари шунидани хабари ҳаракати қӯшунҳои рус бо сардории Кауфман, шӯришгаронро ба ҳолашон гузошта аз Самарқанд баромада рафтанд. Шӯришгарон, ба чунин вазъият нигоҳ накарда, ҳафт рӯз шаҳрро муҳофизат карданд ва ба қӯшунҳои рус муқобилияти сахт нишон доданд. 8 июни соли 1868 шӯриши Самарқанд бо ваҳшоният пахш карда шуд.
Барои Музаффархон баъди мағлубият дар муҳорибаи Зирабулоқ ва пахш намудани шӯриши Самарқанд ба ғайр аз қабули таклифи Кауфман оиди имзои шартномаи пешниҳод кардааш чораи дигаре набуд. Бинобар ин ӯ намояндаи худро барои имзои шартнома ба Самарқанд фиристод. 23 июни соли 1868 шартномаи байни Русия ва Бухоро имзо гардид, ки мувофиқи он амир вазифадор шуд: аз заминҳои забтнамудаи қӯшунҳои рус, бо шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах, Самарқанд ва Каттақӯрғон, ба фоидаи Русия даст кашад; ба хазинаи ҳукумати подшоҳӣ чун товони ҷанг 125 ҳазор тилло (500 ҳазор сӯми русӣ) фиристад; аз хоки Бухоро хати телеграф гузаронад; ба тоҷирони Русия имконияти дар сарзамини аморат озодона амал карданро диҳад; дар дарёи Аму ба киштигардии Русия мамониат накунад; ғуломдориро манъ намояд ва ғайраҳо. Мувофиқи ин шартнома амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо дигар давлатҳои ҳамсоя маҳрум мегардид. Яъне, дар асоси ин банди шартнома аморати Бухоро дар ҳақиқат аз ҷиҳати ҳуқуқ (юридикӣ) бояд тобеи Русия мегардид.
Шартномаи номбурда баъди имзои тарафайн барои тасдиқ, ба подшоҳи Русия Александри 11 фиристода шуд. Подшоҳ бошад бо сабабҳои сиёсию иқтисодӣ шартномаро тасдиқ накард. Аз ин рӯ он шартнома ҳукми қонуниро нагирифт. Агарчанде соли 1869 ҳукумати амир, ки аз ин ҳолат хабар надошт, бо сафирони худ як қисми товони ҷангро (50 ҳазор тангаи тилло ва 19 ҳазор тангаи нуқра) ба хазинаи ҳукумати подшоҳӣ фиристод, хазинадорони подшоҳӣ ҳам он ғаниматро бе ягон калавиш қабул карданд.

Шӯриши Абдумаликтӯра

Баъди имзои шартнома вазъият дар Бухоро боз ҳам мураккаб гардид. Шахсони аз шартнома норозӣ дар атрофи писари калонии амир Музаффархон — Абдумаликтӯра (Каттатӯра) ҷамъ омада, ӯро амир эълон карданд. Ҳокимони Китобу Шаҳрисабз — Ҷӯрабеку Бобобек ҳам бо дастаҳои худ ба тарафи Абдумаликтӯра гузаштанд. Дар натиҷа дар худи Бухоро ба муқобили Музаффархон қувваи бузурге ташкил ёфт. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо тирамоҳи соли 1868 дар ихтиёри Абдумаликтӯра қариб 8 ҳазор нафар аскар буд1. Сиддиқтӯраи қазоқ низ ба тарафи ӯ гузашт. Агар ҳамон лаҳза қувваҳои Абдумаликтӯра, ки Қарширо ба маркази худ табдил дода буданд ва Музаффархон бо ҳам бар мехӯрданд, мағлубияти амир аз эҳтимол дур набуд. Инро худи амир ҳам эҳсос намуда барои имдод ба К. П. Кауфман муроҷиат кард. Кауфман бошад ба хубӣ мефаҳмид, ки ҳаракати Абдумаликтӯра пеш аз ҳама ба муқобили манфиати Русия аст, аз ҳамин сабаб ба таклифи Музаффархон розӣ шуд. Ӯ барои пахш намудани шӯриш қӯшунро бо сарварии генерал А.К. Абрамов фиристод.
Тирамоҳи соли 1870 ба қӯшунҳои Абдумаликтӯра, ки дар наздикии Қаршӣ омодаи ҷанг буданд, сарбозони амир ва аскарони рус якбора ҳуҷум карданд. Махсусан аскарони рус ба қисмҳои тӯра зарбаи қатъӣ зада ба онҳо, ки аксарият ҷангнадидаю бетаҷриба буданд, талафоти зиёди ҷонӣ расониданд. 27 октябр Қаршӣ аз тарафи аскарони рус забт карда шуд. Пас аз он сарбозони амир ҳам вориди шаҳр гардида, онро тороҷ намуданд. Он лаҳза як ҳиссаи бузурги сарбозони амиру аскарони рус ба сӯйи Шаҳрисабзу Китоб ҳаракат карда, он мулкҳоро низ тобеи амир Музаффархон гардониданд. Абдумаликтӯра бошад баъд аз ҳама нобарориҳо аввал ба Қӯқанд, баъд ба Қошғар гурехт.

Эъзомияи Искандаркӯл

Баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Самарқанд инчунин болооби Зарафшон, ё худ Кӯҳистон: Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Моғиён, ки мулкҳои ниммустақил буданд, низ ба луқмаи он пешкаш гардиданд. Ҳукумати подшоҳӣ аз ҳисоби Самарқанд, Каттақӯрғон ва дигар мулкҳои зарафшонии аз аморати Бухоро забт намудааш музофоти Зарафшонро бунёд намуда, генерал А. К. Абрамовро сарвари он таъин намуд. Яке аз мақсадҳои асосии Абрамов ин тобеи худ гардонидани мулкҳои номбурдаи Кӯҳистон буд. Мардуми он мулкҳо агарчанде ҳама тоҷиканд, вале ҳокимони онҳо байни худ ҷангида қувваи мудофиавии Кӯҳистонро хеле заиф гардонидаанд. Пӯшида набуд, ки чунин ҳолати ин диёр муваффақияти қӯшунҳои русро осон мегардонид. Вале Абрамов намехост, ки кӯшиши ӯ барои таслими болооби Зарафшон чун походи ҳарбӣ ном бурда шавад. Бо ҳамин мақсад вай зарур шуморид, ки амалиёти ҳарбиро бо эъзомияи илмӣ рӯпӯш намояд. Зеро он вақт марказҳои илмию ҷуғрофии Русия оиди омӯзиши табиату набототи Осиёи Миёна рағбати зиёд пайдо карда буданд. Дар натиҷа баҳори соли 1870 бо сарварии генерал Абрамов эъзомияи Искандаркӯл ташкил карда шуд.
Ба ҳайати эъзомияи номбурда 200 нафар казакҳои мусаллаҳ, ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчиҳои кӯҳгард дохил мешуданд. Боз аз Ӯротеппа дастаи дигари ҳарбиёни мусаллаҳ таҳти фармондеҳии Деннет ҳаракат карда, дар роҳ ба дастаи Абрамов пайвастанд. Сафари эъзомия 25 апрели соли 1870 аз Самарқанд сар шуд. Моҳи август шаҳри Панҷакент бе муҳорибаи ҷиддӣ ба ихтиёри қӯшунҳои рус гузашт. Вале дар деҳаи Артуч, Панҷрӯд, Даштӣ, Кулолӣ, Фалғар, Мастчоҳ ва ғайра ҷангҳои шадид ба амал омадааст. Дар ин амалиёт бисёр деҳаҳоро бо ҳукми Абрамов ба хок яксон намудаанд11. Моҳи июни соли 1870 эъзомия амалиёти ҳарбии худро ба охир расонид. Аз ҳисоби мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии болооби Зарафшон «Туманҳои Кӯҳистонӣ» ташкил ёфт ва он ба музофоти Зарафшон ҳамроҳ карда шуд.
Дар эъзомияи Искандаркӯл як қатор олимон: табиатшинос А. Ф. Федченко, геолог Д. К. Мищенко, нақшбардор (баъдтар арбоби намоёни ҳарбию сиёсӣ) Л. Н. Соболев ва дигарон дохил буданд. Бо ташаббуси ин донишмандон барои тадқиқи захираҳои табиии болооби Зарафшон қадамҳои аввалин ва муҳими илмӣ гузошта шуд.

Ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хонигарии Хева

Минбаъд амалиётҳои асосии қувваҳои ҳарбии дар Осиёи Миёна доштаи Русия барои забти хонигарии Хева нигаронида шуда буданд. Барон рӯҳан маҳв намудани аскарони хонигарӣ амалдорони ҳарбии Русия ба муқобили он якбора аз се самт: аз самти Тошканд, ба воситаи Ҷиззах, бо сарварии генерал- майор Головачёв (4600 нафар), аз самти Оренбург, ба воситаи қалъачаи (форти) Эмбин, бо сарварии генерал-лейтенант Веревкин (3400 нафар) ва аз самти Красноводск отрядҳои қафқозӣ, бо сарварии полковник Маркозов (4300 нафар), яъне бо шумораи умумии 12 ҳазор нафар, бо сарварии умумии К.П. Кауфман ба ҳуҷум гузаштанд12.
Миёнаи моҳи майи соли 1873 қӯшунҳои подшоҳӣ аллакай дар қаламрави хонигарӣ амалиёти ҷангӣ мегузарониданд. 29 май барои шаҳри Хева ҷангҳои сахттарин ба вуқӯъ омад. Хони Хева, Саид Муҳаммад Раҳими II аз тарс гурехта, бо ишораи таслим, аз Кауфман сулҳ талабид. 12 июн бо фармони Кауфман амалиёти ҷангӣ дар хоки Хева қатъ гардид. 12 августи ҳамон сол байни Русияю Хева шартнома имзо гардид, ки мувофиқи он Хева тобеи Русия гардида, бояд чун товони ҷанг ба хазинаи подшоҳӣ 2 млн. 200 ҳазор сӯм медод. Аз заминҳои хонигарӣ соҳилҳои рости дарёи Аму ба ихтиёри Русия гузашт.
Ҳангоми ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хони Хева, амири Бухоро Музаффархон натанҳо ин амалиётро тарафдорӣ кард, балки ба қӯшунҳои рус кӯмаки амалӣ расонид. Чунин рафтори содиқонаи амир ба Русия ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ хеле маъқул гардид. Бинобар ҳамин ҳам ҳукумати подшоҳӣ, маҳз садоқати амирро нисбат ба худ ба инобат гирифта, инчунин ба ивази он мулкҳое, ки аз ҳисоби аморат ба ихтиёри Русия гузашта буд, заминҳои Чорҷӯйро аз ихтиёри хони Хева гирифта, ба ихтиёри амири Бухоро дод.

Шартномаи 28 сентябри соли 1873 баӣни Русия ва Бухоро

То моҳи сентябри соли 1873 дар байни Русияю Бухоро, ба ғайр аз шартномаи тиҷоратии 11 майи соли 1868 дигар ягон ҳуҷҷати ҳуқуқӣ (юридикӣ), ки муносибати ин ду давлатро муайян намояд, вуҷуд надошт. Аз ҳамин сабаб, асосан баъди ҳалли тақдири Хева, дар доираи ҳукумати Русияи подшоҳӣ боз масъалаи муайян намудани муносибат нисбат ба Бухоро ба миён омад.
Инак, 28 сентябри соли 1873 дар Шаҳрисабз байни Русия ва Бухоро шартномаи нав имзо гардид, ки он бо номи шартномаи «дӯстӣ» маълум буда, аз 18 банд иборат аст. Ин шартнома аз тарафи подшоҳ тасдиқ гардид ва он дар қатори шартномаи тиҷоратӣ, ки дар боло ишора рафт, ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии байни Бухоро ва Русия то Инқилоби Октябри соли 1917 амал кард.
Шартномаи «дӯстӣ»-и соли 1873 сарҳади ҳамонвақтаи байни Русияю Бухороро тасдиқ намуда, сарҳади байни Бухорою Хеваро низ муайян мекард. Дар асоси он ҳар ду тараф, яъне тарафҳои Русияю Бухоро вазифадор мешуданд, ки дар Осиёи Миёна, дар сарзамини дар зери нуфузи худ буда, инкишофи муносибатҳои тиҷоратӣ ва озодона шино кардани киштиҳоро дар дарёи Аму таъмин мекунанд; тоҷирони рус на танҳо барои дар тамоми шаҳру ноҳияҳои аморати Бухоро озодона амал намудан ҳуқуқ пайдо карданд, балки онҳо дар ҳимояи махсуси ҳукумати амирӣ низ буданд; аз молҳои тарафайн бояд аз 2,5 фоиз зиёд андоз-закот гирифта намешуд; молҳои русӣ ба воситаи сарзамини Бухоро ба дигар давлатҳо бебоҷ гузаронида мешуд; тоҷирони ҳар ду тараф метавонистанд дар доираи Осиёи Миёна корвонсаройи худро дошта бошанд. Ғайр аз ин, тоҷирони рус дар соҳилҳои дарёи Аму истгоҳ (бандар) ва анборҳо сохта метавонистанд; ба раиятҳои тарафайн, аз рӯйи қонунҳои мавҷуда, ҳуқуқи дар ҷойи дилхоҳ машғули касбу ҳунар шудан дода мешуд. Инчунин онҳо метавонистанд мулки ғайриманқула, яъне хона, боғ, замини корам дошта бошанд; тарафайн намояндагии худро, яъне ҳукумати амирӣ дар Тошканд ва ҳукумати Русия дар Бухоро дошта метавонистанд; тарафи ҳукумати амирӣ вазифадор карда мешуд, ки дар сарзамини аморат хариду фурӯши одам, яъне ғуломдориро манъ намояд13.
Ҳамин тавр, дар шартномаҳои тиҷоратии соли 1868 ва «дӯстии» соли 1873 ба ғайр аз баъзе бартариҳо барои тоҷирони рус дар сарзамини Бухоро, дигар ишорае нест, ки дар асоси он аморати Бухоро мутеи Русияи подшоҳӣ гардад. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки аморати Бухоро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, яъне юридикӣ, давлати мустақил будааст. Вале амирони Бухоро, ки дар назди иқтидори ҳарбии Русия нотавон буданашонро ба хубӣ эҳсос мекарданд, бинобар ин худро «ихтиёран» ба оғӯши тобеият андохта, нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ сиёсати содиқона хизмат карданро пеш гузошта, аморатро ба мустамликаи ҳақиқии Русия табдил доданд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Навиштаҳои дигар

Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 1.2... Боби I. Ҳаёти тоҷикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна § 2. Ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро Т...
Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 2.2.1.... Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ Боби дуюм. Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо Давлати Ҳахоманишиён ва рушди ...
Чор дарвеш Ба ҷойи сарсухан «Чор дарвеш» бори аввал дар соли 1295 ҳиҷрӣ (1878) дар Бамбай (Ҳиндустон) дар матбааи Ҳайдарӣ чоп карда шудааст. Дар и...
Чор дарвеш. Хотима Хотима Ровӣ гӯяд, ки чун дарвеши чорум ҳикояи худро ба охир расонид, аз ҳарами подшоҳ ғулғула ва овози хуррамӣ баланд шуд. Хоҷасароён ба боргоҳ дав...
Диданд: 9

Андешаатонро баён кунед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>