Мирзо Абдулқодири Бедил. Нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар


bedil

Ҷаҳони Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил бузургҷаҳони ниҳоят рангин ва фарох аст, ки бозкушоии он хеле мушкил аст. Талоши шинохти ростин тақозои фитрии сирати инсон аст ва шинохти мураббиёни маънавияту хиради инсонӣ амрест воҷиб ва муқаддас.

Бедил шахсиятест, ки шабеҳи уқёнуси асрор ва маънӣ, бо розу ҷаззобият ва сеҳри маъруфияти бесобиқа. Сарманшаи ӯ аз минтақаи фарҳангии Хуросони бузург буд ва дар қалби Ҳинди гуҳарбор парвариш ёфт. Ӯ зиндагии печида ва пуршӯр, вале шойиста ва неки инсонӣ, фаъолияти созандаи иҷтимоӣ, эҳсосоту аъмоли писандида ва пирӯзӣ бар ҳирси молу сарват ва қудрат дошт. Ӯ аз афроди камназире буд, ки дар амал аз усулу меъёрҳои волои ахлоқӣ ва маънавӣ пайравӣ намудааст. Ва худ намунаи нек ва ибратомӯз барои имрӯзу фардост.

Даврони зиндагии Бедил замоне буд, ки дар тасаввури аксарият аҳди зарини адаб ва фарҳанги форсӣ паси сар гардида буд ва гӯё заминаи амалии зоҳир шудани нобиғаи шеър мисли Мирзо Бедил вуҷуд надошт. Вале хилофи он падидаи беназире зуҳур намуд, ки на фақат рӯҳи бузурги ин адиби дурахшонро комилан ҷилвагар сохт, балки сабки навинеро рушд дод ва ба авҷи худ бардошт, ки муддати тақрибан сесад сол дар Ҳинд, Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳамчун дастоварди бузурги адабӣ пазируфта шуд ва интишори ниҳоят васеъ ёфт. Таъсири он ба шоирон ва адибони бузурги баъдӣ — Мирзо Ғолиб, Аҳмад Махдуми Дониш, Муҳаммад Иқбол, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Нақибхони Туғрал ва дигарон возеҳ аст.

Бедил ва сабки баланди ҳиндии ӯ на фақат доираҳои адабиро тасхир намуданд ва ба ҳунари мусиқӣ (бахусус, ‘'Шашмақом”-и безавол) ҳамроз гардиданд, балки ба ҳар ноҳия ва минтақа, ба ҳар маҳалла ва гузар ва муҳимтар аз он, ба ҳар хонадон роҳ ёфтанд. Ба шаҳодати таърих дар Хуросону Мовароуннаҳр чи дар шаҳрҳо ва водиҳо ва чи дар дараҳои кӯҳистон Бедил аз зумраи шоирони машҳуртарин ва маҳбубтарин буд: маҳфилҳои бедилхонӣ ва бедилфаҳмӣ фаъолияти густурдаи маърифатӣ доштанд.

Девони Бедил дар паҳлуи Қуръони карим ва девони Хоҷа Ҳофиз ганҷи аслии ҳар хонадон буд ва аз насл ба насл ҳамчун мероси арзишманд ва бебаҳо интиқол меёфт. Девони Бедилро зери сари тифли навзод дар гаҳвора мегузоштанд, то ин мавҷуди нав соҳиби маърифат ва хиради бедилӣ гардад. Ин суннат ҳатто дар даврони шӯравии сарнавишти таърихии мо нисбатан побарҷо монд. Ҳар гоҳ авроқи навҷавониро варақгардон менамоям, маҳфилҳои бедилхонӣ, ки дар асл мактаби кашфи рози маънӣ буданд, пеши назар ҷилвагар мешаванд. Ба баракати он меҳри адаб, сухани воло ва кашфи асрори ҳастӣ дар замири ман реша давонд. Ва Бедили бузургро дар қатори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Мавлонои Балхӣ, Ҳофиз, Иқбол аз пирони маънавии хеш медонам.

Ҳар фард, ки ашъори Бедилро мутолиа менамояд, нахустин андешае, ки падид меояд, печидагии сабки баён ва нигориши ӯст. Ба қавли устод Садриддин Айнӣ, забони осори Бедил “душвортарин забони адабии тоҷик’’ мебошад.

Бедил суннати бостонӣ ва арзишманди шинохти инсон ва ҷаҳони маънавии ӯро (ки таҷаллии барҷастаи он ашъору осори волои Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ мебошад) шойиста идома дод. Ва қадаме нав ва ҷиддӣ гузошт: ӯ талош намуд симо ва сирати пурғановату мураккаби инсонро дар паҳнои ҷаҳону кайҳони бекарон ва дорои асрори нокушуда бо диди ҷомеъ, бо омезиши неруи қалб ва хирад баррасӣ ва арзёбӣ намояд. Ва сабки баландпарвози пурасрору печидаи ӯ тақозои ин амри бузург ва албатта, баёнгари нубуғи нотакрори шоирии ӯст.

Имрӯз, ки ҷомеаи башарӣ даргирӣ таҳаввулоти мураккаб, печидагиҳо, тазодҳо, мухолифату бархӯрдҳои гуногун мебошад, Бедил бо сабки пурмағзи худ ҳамдаму ҳамқадами мост. Беҷиҳат нест, ки тақрибан тамоми осори ӯ дар Тоҷикистон ва Афғонистон нашр шуда, таҳқиқоти доманадори он идома дорад. Имрӯз дар Эрон низ нашри осори Бедил оғоз ёфтааст ва таҳқиқоти муҳим анҷом мегиранд.

Дарси бузурги Бедил — таъкиди арзиши инсон, ҷавҳари сирати инсон аст. Ӯ бо забони малакутии шеър суруд:

Як қадам роҳ аст Бедил аз ту то домони хок,
Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош.

Бедил дар оғози асри XXI пайвандгари таърихӣ ва маънавии ду кишвари дӯст — Тоҷикистон ва Ҳиндустон аст. Панди бузурги ӯ дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи мо ба манзури таъмини амнияту субот, пешрафт ва шукуфоии кишварҳо ва мардумони мост. Ман мутмаинам, рӯҳи Бедили бузург дар тақвияти ҳамдилии халқҳои мо мададгор хоҳад буд.

Зиндаву ҷовид бод корномаи бузурги фарҳангӣ ва инсонии Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил!

Раҳмати Худованд ба равони пок ва тобноки ин нобиғаи маънӣ бод!

Бозгашт ба мундариҷа

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.