«Авесто» ва бахшҳои он


Зардуштия нахустин дини яктопарастӣ дар ҷаҳон буда, дорои сохтори мушаххас ва аҳкоми динӣ бар пояи ахлоқ мебошад. Ин сохтору низом чандон неруманду тавоно поягузорӣ шудааст, ки рукнҳои умда ва асосии онро тақрибан тамоми динҳои ҷаҳонии имрӯз ба орият гирифтаанд. Зардушт мувофиқи китоби ҳафтуми «Динкард» (боби 4, банди аввал), «Гузидаҳои Зотспарам» (боби 22, бандҳои 1-3) нахустин инсон аст, ки ба василаи ваҳйи илоҳӣ ба мартабаи паёмбарӣ расидааст.

Китоби муқаддаси ӯ «Авесто» ном дошта, ин калима аз ҷониби муҳаққиқон бо таври мухталиф талаффуз ва маънидод мешавад. Вале аксаран онро калимаи паҳлавии «Уписта», «Апастак» дониста, ҳамчун қонун, дастур раҳнамойи динӣ тарҷума кардаанд. Аксари донишмандони ғарбӣ чунин мешуморанд, ки матнҳои китоби муқаддаси зардуштиён аз замонҳои қадим дар забону ҳофизаи рӯҳониён ва мардум ҳифз гардида, фақат дар даврони сосонӣ сабт карда шудаанд. 2 Вале гузориши муаррихони Юнони қадим ва суннати мазҳабӣ бар он далолат мекунад, ки нусхахон хаттии «Авесто» дар замони Ҳахоманишиён вуҷуд доштаанд. Гурӯҳи дигари донишмандон, мисли Ф. Алтхейм ва Андреас чунин мешуморанд, ки матнҳои «Авесто» дар ибтидо дар Осиёи Миёна бо алифбое, ки асли оромӣ дошт, сабт карда шуда буд. «Авесто» дар ҳамин шакл ҳамчун осори хаттӣ то оғози ҳукмронии сулолаи сосонӣ омада расидааст. Ба ақидаи онҳо, дар ин бора китоби «Кефолиё»-и Монӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар он гуфта мешавад, ки пайравони Зардушт пас аз Монӣ суханони ӯро сабт карда, ҳоло онро қироат мекунанд. 3

Мувофиқи маълумоти Плиний, ки аз Гермипп — муаррихи асри Ш-и то мелод нақл мекунад, китоби муқаддаси муғон дорои ду миллион бандҳои шеърӣ будааст. 4 Мувофиқи маълумоти «Динкард» бошад, вақте ки дар даврони сосонӣ онро ҷамъоварӣ карданд, фақат 348 боб боқӣ монда буд.

____________________
1. Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. Ҷ.1. — С.418.
2. Крюкова В. Ю. Зороастризм. — Санкт-Петербург, 2005. — С. 31.
3. Брагинский И. С. Из истории таджикской и персидской литературы. — С. 102.
4. Ҳамон ҷо. — С.81.

Онро ҳам мисли собиқ ба 21 китоб тақсим карда буданд. Агар дар даврони ҳукмронии сулолаи сосонӣ миқдори вожаҳои «Авесто» дар ҳудуди 345 ҳазор калима бошад имрӯз аз он фақат 83 ҳазор калима боқӣ мондааст. 1

«Авесто» — китоби муқаддаси пайравони дини маздаясно аз панҷ бахши зер иборат аст:

«Ясно» («Ясна») бахши асосӣ ва муҳимтарини «Авесто» буда, аз 72 боб иборат аст. Ин калима дар «Авесто» дар шакли ясна, дар санскрит дар шакли яҷна ва дар паҳлавӣ дар шакли язишна омада, ба маънии «ситойиш, парастиш, ниёиш, саҷда, намоз» истифода мешавад. Дар забони тоҷикӣ дар шакли ҷашн боқӣ монда, калимаҳои Эзид ва Яздон низ аз решаи он падид омадаанд. Бобҳои «Ясно» бо номи «ҳо» ё «ҳот» ёд мешавад, ки маънии боб ё фаслро дорост. Ҳар ҳот аз чанд банд иборат мебошад.

Дарозтарин ҳоти «Ясно» 32 банд ва кӯтоҳтарини он се банд аст. «Ясно» ҷанбаи тақаддус ва таборакро доро мебошад. Чун дар тамоми «Авесто» миёни инсон ва табиат пайванди ногусастанӣ вуҷуд дорад, дар ҳотҳои «Ясно» низ аз Аҳуромаздо — худованди бузургу тавоно ва офаридгори ҷаҳони моддию маънавӣ сар карда, ба маънои васеи калима ҳама аносири зебою зиндагибахш ситойиш карда шудаанд. Эзидон — фариштагони фазоянда, ҳар чизи неку судрасон сазовори ситойиш дониста шудаанд. Ҳар чизи неку судманд, ки дар зиндагии моддӣ ва маънавӣ баҳрарасон, манфиатбахш ва фазоянда бошад, сазовори ситойиш хонда шуда, партав ё мазҳари Худованд ва Эзиду фаришта дониста шудааст.

Оби поки шаффоф, борони зиндагибахш, моҳи зебо, хуршеди тобандаи баракатбахш, ситорагони фурӯғманд, осмон, рӯдҳо, дарёҳо, чашмаҳо, гиёҳони судманд, замин, чорпоён ва ҳайвоноти манфиатбахш, сол, моҳ, рӯз, вақт, шаҳрҳову рустоҳо, хона ва хонавода, бузургону порсоён, фравашӣ ва равони поки гузаштагон, сию се эзидону амшоспандон, қонунҳои нек, кӯҳҳои осойишбахш, адлу дод, илму дониш, баракат, сарват, далерию нотарсӣ, ростию дурустӣ ва бисёр чизҳои дигар сазовори ситойишу муноҷот дониста мешуданд.

«Ясно» ба се бахш тақсим гардида, қисми асосии он ҳотҳои 28 то 53 мебошанд. Ин бахш хастаи марказии «Ясно» буда, ба номи мантра ёд мешавад ва таронаҳои худи ҳазрати Зардушт мебошад. Ин бахш аз ҳама бостонӣ буда, ба панҷ қисмат тақсим мешавад. «Аҳунавадгот», дорои ҳафт ҳот буда (ҳотҳои 28 то 34), сад банд дорад ва ҳар банди он дорои се сатри 16-ҳиҷоӣ мебошад. «Уштовадгот» дорои чор ҳот (ҳотҳои 43 то 46)

_______________________
1. Ушидарӣ Ҷ. Донишномаи маздаясно. — Теҳрон, 1381. — С.36.

буда, 66 банд дорад ва ҳар банди он 5 сатри ёздаҳҳиҷоӣ дорад: «Спитамадгот» аз чор ҳот (ҳотҳои 47 то 50) иборат буда, 41 банд дорад ва ҳар банди он чор сатри ёздаҳҳиҷоиро доро мебошад; «Вуҳухшатрагот» як ҳот (ҳоти 51) аст, 22 банд дорад ва ҳар банди он се сатри чордаҳҳиҷоӣ аст; «Ваҳиштуиштугот» як ҳот (ҳоти 53)-ро дар бар гирифта, 9 банд дорад ва ҳар банди он чорсатрӣ буда, дутои онҳо кӯтоҳ (12-ҳичоӣ) ва дутои дигар баланд (19-ҳиҷоӣ) аст. 1

Аз ҷиҳати қадимат ҳотҳои 35 то 41-и «Ясно». ки ба номи «Ҳафтанхот» ёд шуда, ба амшоспандон — ёварони наздиктарини Аҳуромаздо дар идораи ҷаҳон бахшида шудаанд, мақоми дуюмро ишғол мекунанд. Бо вуҷуди он ки тамоми ҳотҳои «Ясно» гиромӣ дошта мешаванд, дар миёни онҳо бандҳое вуҷуд дорад, ки аз ҷиҳати қидмат бо «Готҳо» ва «Ҳафтҳот» баробаранд. Ба хусус бояд дар бораи он ҳотҳое ёд кард, ки дар онҳо дуоҳои маъруфи дини маздаясно сабт гардидаанд. Масалан, дуоҳои машҳури «Ясо Аҳу Вайирю», «Ашем Вуҳу» ва «Янгҳа Ҳотом» дар ҳоти 27-и «Ясно», тафсири онон бар ҳотҳои 19-20-21. матни суханони пайравони дини маздаясно дар ҳоти 12 аз ҷумлаи онҳо мебошад. 2

Мазмуни «Ясно» чунин аст: Аҳуромаздо худованди яккаву ягона аст. Ҳар чизе, ки ба инсон файзу баракат мебахшад, аз ӯ аст. Деву ифритҳо сазовори ситойиш нестанд. Онҳо ба инсон фақат гумроҳӣ ва сиёҳрӯзӣ меоваранд. Ростӣ андешаи нек, садоқат, тавоноӣ, расоӣ, ҷовидонагӣ, ки хосиятҳои амшоспандон мебошад, мазҳари Аҳуромаздост. Худованд ҷаҳони зебо ва аносири мухталифи он ва чунин хусусияту оро, ки сарчашмаи файзу баракат ва хушрӯзию хушбахтии инсон аст, барои пайравони дини маздаясно падид овардааст. Мардум бояд ҳамарӯза барои азнавсозӣ ва ислоҳи зиндагии худ кӯшиш намоянд. Андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек сароғози даромад ба он сарзамини саодатбор мебошанд. Андешаи бад, гуфтори бад ва кирдори бад одамонро ба сарзамини муқобили он, яъне бадбахтӣ, сияҳрӯзӣ ва фалокат раҳнамойӣ мекунад. Душмани аз ҳама хатарноки инсон дурӯғ ва дурӯғгӯйист. Инсони воқеӣ худро ҳамеша аз он дур нигоҳ медорад. Ҷидду ҷаҳд, ҳаракат, кӯшиш, ибтикор ва ғайрат на танҳо инсон, балки ҷаҳони ботинии ӯро низ дигаргун месозад. Ободонии замин, кишту зироат, нигоҳдории чорпоёни судманд, ҷаҳони моддӣ ва маънавии пайрави динро обод мегардонад.

_______________________
1. Дӯстхоҳ А. Авесто. 4.1 — Теҳрон, 1375. — С.35.
2. Муминджанов Х. Х. Философские проблемы зороастризма. — С. 19.

Маросими асосӣ ва умдаи динӣ бо хондани «Ясно» оғоз мегардад. Аз ин рӯ, дар иҷрои аксари онон расму одоб ва анъанаи муайяне ба ҷо оварда мешавад: маросими динӣ бо сурудани ҳоти якум, ки дар он Аҳуромаздо, амшоспандон, эзидон ва фариштагони муваккили идҳои динӣ, мавсими сол, моҳ ва шабонарӯз барои қабули ситойиш ва назрҳо хонда шудаанд, шурӯъ мегардад. Дар ҳоти дуюм эзидони ҳоти аввал бо назри оби завр (ав. заусра) ва барсам (ав. баресма) ёд мешаванд. Ҳотҳои 3-8 «Суруш драуна» номида мешаванд. Драуна — нони кӯчаки сафеди гирди бе хамирмоя аст, ки дар ҷараёни қироати ҳот онро ба фариштаи Сурӯш бахшида, ҳангоми хондани ҳоти охирин хӯрда мешавад. Ҳотҳои 9-11 «Ҳумяшт» ном дошта, дар бораи таъсир ва фазилатҳои гиёҳи ҳум (ав. ҳаума) мебошад. Ҳоти 12 матни эътироф ба дини маздаясно аст. Ҳангоми тиловати он нони драуна ва фишурдаи ҳум (ҳаума) хӯрда мешавад. Дар ҳотҳои 13-18 пас аз қироати матни эътирофи дин сар фуруд оварда, ситойиш, ниёиш ва истимдод талаб мекунанд. Ҳотҳои 19-21 «Бағоняшт» ном дошта, дар онҳо дуоҳои маъруфи дини маздаясно — «Ясо Аҳу Вайирю», «Ашем Вуҳу» ва «Янгҳа Ҳотом» тафсир ва маънидод карда шудааст. Таҳия ва фишурдани гиёҳи ҳум аз ҳоти 22 оғоз гардида, то ҳоти 27 идома пайдо мекунад.

Чун ҳотҳои 28 то 53 мансуб ба худи поягузори дин аст, маросими асосии ситойишу намоз, эҳтироми Аҳуромаздо ва эзидон дар ҳамин бахш сурат мегирад. Ҳоти 54, ки дорои фақат ду банд аст, ба Айиряман — яке аз фариштагони бостонӣ бахшида шуда, дуои маъруфи «Айиряман-ишю» тиловат карда мешавад. Дар ҳоти 55 «Готҳо» — таронаҳои Зардушт ва «Ҳафтҳот» тараннум карда шудааст. Ҳотҳои 56-57 ба ситойиши Сурӯш ихтисос ёфта, «Сурӯшяшти Ҳодухт» номида мешавад. Дар ин ҳот дуое хонда мешавад, ки «Сурӯшяшти сари шаб» мегӯянд ва онро шабона ба забон меронанд. Баъзе бандҳои ҳоти 59 бо бандҳои ҳоти 17 ва 26 мувофиқат мекунад. Ҳоти 60 ҳомили дуои тандурустӣ буда, дар ҷараёни тиловати он ба хонадони покдинон ва порсоён дуруд фиристода мешавад. Дар ҳоти 61 сухан дар бораи таъсири се дуои маъруф («Ясо Аҳу Вайирю», «Ашем Вуҳу» ва «Янгҳа Ҳотом») ва зиддияту муқовимати он муқобили ҳама озордиҳандагон ва бадкорон меравад. Дар ҳоти 62 фариштаи оташ — Озар тараннум карда шудааст. Ҳотҳои 63-69 «Оби завр» номида шуда, дар бораи тақдиси об аст. Дар бахше аз он Аредвисура Анаҳито — фариштаи об ситойиш гардидааст. Ҳотҳои 70-72 ба ситойиши амшоспандон, офариниши неки Аҳуромаздо ва гурӯҳе аз эзидони дигар бахшида шуда, бо он маросими динӣ ба поён мерасад. 1 Ҳамаи панҷ китоби «Авесто» бо суханони зерин хатм мешаванд: Роҳ якест ва он роҳи ростист, ҳамаи дигар роҳҳо бероҳа аст.

Дар маросими динии пайравони дини маздаясно, сурудхон «Ясна»-ро ду мубад бо ҳам тиловат мекунанд. Номи онҳо зот ва роспӣ мебошад. То асрҳои миёна бошад, маросими ситойишу яснохонӣ ва иҷрои расму анъанаҳои онро ҳафт нафар мубад анҷом медоданд. 2

«Яштҳо» яке аз умдатарин, ҷолибтарин ва пурмуҳтавотарин осор ва бозмондаи хаттӣ дар мавриди таҳқиқу мутолиаи на танҳо дини Зардушт, балки динҳои куҳани ориёии пеш аз ӯ мебошанд.

Калимаи «Яшт» мисли калимаи «Ясно» аз решаи «яз» падид омада, маросими ситойишу парастиш аст. Одатан чунин намозу саҷда бо назру қурбонӣ анҷом мегирад. «Яштҳо» аз 21 наск ё китоб иборат аст. Ҳар яке аз онҳо ба эзидони мухталиф, ки фариштагони муваккили рӯзҳои гуногуни моҳ ҳастанд. бахшида шудаанд. Дар замонҳои қадим, зоҳиран, шумораи чунин фариштагон ва яштҳои онҳо мисли шумораи рӯзҳои моҳ 30-то будааст. Вале дар фарогардҳои таърих бахше аз онҳо гум шуда, он яштҳое ҳам, ки то замони мо расидаанд, пурра намебошанд. Тафовути «Яштҳо» аз «Ясно» иборат аз он аст, ки дар онҳо фақат як эзид ё фаришта сутуда шудаанд. Яштҳое, ки то ба имрӯз расидаанд, ба эзидон ё фариштагони зерин бахшида шудаанд:

 

1. Ҳурмузд

8. Тир

15. Ром

2. Ҳафтмшоспанд

9. Гӯш (Друвосп)

16. Дин (Даена)

3. Урдибиҳишт

10. Меҳр

17. Ард

4. Хурдод

11. Сурӯш

18. Ашдод

5. Обон

12. Рашан

19. Зомёд

6. Хуршед

13. Фарвардин

20. Ҳум

7. Моҳ

14. Баҳром

21. Вананд3

 

Дар ҳар яшт ба истиснои чанде аз онҳо бузургдошту тараннуми ҳамон эзид ё фариштае ба вуҷуд омадааст, ки яшт ба номи ӯст, бо вуҷуди он ки ҳоло аксари яштҳо таркиби шеърии худро аз даст додаанд, ҳанӯз каломашон мавзун, ба тарзи шоирона ва бо тахайюлоту отифаи шоирона суруда шудаанд. Вале онҳо дар ибтидо, мисли «Готҳо» ва бахшҳои дигари куҳани «Авесто», ба байту қитъаҳо тақсим шуда, шумораи ҳиҷоҳои онон

___________________________
1. Ушидарӣ Ҷ. Донишномаи маздаясно. — С. 35; Донишномаи Эрони бостон. Ҷ.1. — С. 417.
2. Кайбар Асмуссен Бойc. Диёнати зардуштӣ. — Теҳрон, 1348. — С. 102; Пури Довуд И. Ясно. Ҷ.1. — С.28.
3. Брагинский И. С. Из истории таджикской и персидской литературы. — М., 1972. – С. 56.

8, 10 ва 12 будааст. 1 Дар замонҳои баъдӣ, ки бо онҳо кор карда, тағйиру табдил додаанд, таркиби шеърии худро гум кардаанд. Вале баъзе авестошиносон боварӣ доранд, ки назокати шеърии онҳоро аз нав барқарор кардан мумкин аст. Имрӯз «Яштҳо» маҷмӯаи матнҳое ҳастанд, ки дар онҳо тараннуму бузургдошти эзидон ва фариштагон сурат гирифтааст. Дар матнҳои авестоӣ на танҳо Аҳуромаздо ва эзидони ҷудогона, мисли Меҳр, Аредвисура Анаҳито, ки дар ойини зардуштӣ мақоми баланду муҳтарам доранд, бо ситойишу назру ниёз парастида мешуданд, балки ҳар чизе, ки ба хилқати хубу падидаҳои он вобастагӣ дошт ва ҳар падидае, ки ба рушду борварӣ ва инкишофу такмили зиндагӣ мусоидат ва кӯмак мекардааст, ҳамчунин мавриди ситойиш қарор мегирифтааст. Аз ҷумла, Хуршед, Моҳ, ситораи Тиштрйа, ки борон меоварад, об, ки зиндагӣ мебахшад, хоку набототе, ки омили бороварию ҳаёт ҳастанд, бахусус буттаи ҳаума, ки аз фишурдаи он нӯшобаи ҷовидонӣ гирифта мешавад, оташи муқаддас, ки дар «Яштҳо» писари Аҳуромаздо хонда шудааст, гов, ки сарчашмаи ғизои инсон аст, ҳама мавриди ситойишу парастиш будаанд. Ҳамон тавре ки Аҳуромаздо мавриди тараннуму эҳтиром қарор мегирифт, амшоспандон — ёварони ӯ дар идораи умури ҷаҳон, ҳамчун инъикоси сифатҳои Худованди Бузург ситойиш мешуданд. Аз ҷумла. Баҳман — инъикоси андеша, гуфтор ва кирдори неки Аҳуромаздо, Урдибиҳишт — ҳақиқат ва ростию дурустӣ. Шаҳривар — ҷилвагоҳи шаҳриёрӣ ва нерую тавони офаридгор, Сурӯш — намунаи назму тартиб ва хоксорию тоати худовандӣ ва ғайра мавриди парастишу эҳтиром буданд. Чанд банди аввали Зомёдяшт ба тараннуми кӯҳҳо бахшида шуда, қисмати асосии он ба тараннуму тақдиси Хварна — фарр ё нуру таҷаллои худовандӣ ихтисос ёфтааст. Ҳар фарди ҷаҳон бояд бо андеша, гуфтор ва кирдори писандидаи худ барои дарёфти он ва комёбӣ дар зиндагӣ ҷидду ҷаҳд намояд. 2

Рӯзҳо, фаслҳо ва давраҳои гуногуни сол мавриди парастиш буданд. Номи 21 эзиде, ки дар яштҳои мутазаккира ситойиш ва тараннум мешаванд, номи рӯзҳои моҳро ташкил медиҳанд. Дар «Авесто» барои Сурӯш — фариштаи тоату бурдборӣ, ки нахустин сарояндаи «Готҳо»-и Зардушт хонда шудааст, ду суруд мавдуд буда, яке мухтасар дар яшти 11 ва дигаре муфассалтар дар ҳоти 57-и «Ясно» мундариҷ аст. Яшти 20 ба фариштаи Ҳум бахшида шудааст.

_____________________________
1. Пури Довуд Ясно. Ҷ.1.- С.22-23
2. Пури Довуд Ясно. Ҷ.1 — С.22; Муминзода Ҳ. Зардушт ва ойини ӯ.- С.72.

Яштҳои бузург бо дуоҳои якранги мазҳабӣ шурӯъ шуда, бо онҳо хотима меёбанд ва ба чанд бахш, ки аксаран «карда» мегӯянд, тақсим мешаванд. Дар оғозу анҷоми ҳар бахш ё карда низ ҳамин дуоҳо такрор меёбанд. Яштҳое, ки ба Меҳр, Ваю, Замин, фравашӣ бахшида шудаанд, аз ҷумлаи қадимтарин «Яштҳо» буда, суруду ниёишҳои онҳо мутааллиқ ба замонҳои қадим аст. 1 Дар ин яштҳо матлабҳои гуногун, дуоҳои қадимӣ, ки вобаста ба назру ниёз ва қурбонию фидя аст, ривояту устураҳои бостонӣ зикр шудаанд. Агар пеш аз Зардушт бисёре аз онҳо худоёни бузургу мустақил буданд, дар дини маздаясно онҳо комилан дар хизмати Аҳуромаздо — худованди воҳид ва бузургу тавоно қарор гирифта, ба сурати эзидоне даромадаанд, ки нигоҳбону муваккили ашё, аносир ва падидаҳои алоҳида мебошанд. Ин эзидон ба он сабаб эътибору нуфузи фаровон доранд, ки худи Аҳуромаздо онҳоро мавриди ситойишу эҳтиром қарор медиҳад, барои онҳо ниёзу қурбонӣ ба вуҷуд меоварад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ориёиён посдории замони гузашта, ба хусус, рӯҳу арвоҳи гузаштагон будааст. 2 Яшти 13 махсуси фурӯҳари 3 муҳофизи парҳезкорон буда, дар он дуоҳое ҷамъоварӣ шудааст, ки дар мавриди вафоти одамон ва маросимҳои баъдӣ хонда мешавад.

Мазмуни яштҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст, таърифу тавсифи эзидону фариштагон, тасвирҳои зебои табиат, дилписандиҳои гуногун ва шарҳи достонии ҳамосаҳо, диловариҳо, паҳлавониҳо, набардҳо ва ҷангҳо. Тасвири нотакрори табиат аз он мерасонад, ки ориёиҳо табиати ватани худ, бахусус, Айиряна Ваеҷаҳро ниҳоят дӯст ва гиромӣ медоштанд. Тавсифҳо дорои латофати баён, зарофати забон ва тасвири зебоии шоиронест, ки ҳар хонандаро дар зери таъсири амиқ мегузорад. Тасвирҳое, ки дар «Обоняшт» (яшти 5) аз эзиди Аредвисура Анаҳито ба вуҷуд омадааст, бо ниҳояти зарофати табъ ва баёни ширин сурат гирифта, образи эзид — бонуи зеборо дар пеши чашм ҷилвагар месозад, ки пойдоркунандаи ростӣ ва фазояндаи зиндагии инсон мебошад. Дар ҳар яште аксаран шоҳон, бузургон, паҳлавонон ба даргоҳи ин эзидон муроҷиат карда, маросими ситойишро бо ниёзу қурбонӣ анҷом медиҳанд ва аз онҳо амалӣ гардидани дархосту орзуҳои худро иброз медоранд. Мазмуну муҳтавои ин дархосту талабот имрӯз ба мо сурату сирати ода-

_____________________________
1. Кайбар, Асмуссен Бойс. Диёнати зардуштӣ. — С.56.
2. Фрай Р. Наследие Центральной Азии. — С.73; Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С. 16.
3. Мувофиқи ақидаи зардуштиён, ҳар офаридаи Аҳуромаздо (бо иловаи рӯҳ — ав. урвана) дорои фравашӣ мебошад. Дар «Авесто» рӯҳ олами худро надорад вале фравашӣ дорои олами худ мебошад.

мон ва чигунагии сохти иҷтимоӣ, афкору андешаҳои мардуми он давраро равшан месозад. Аксари дархосту орзуҳои онон таблиғи ростию дурустӣ, ғалаба болои душман, фатҳи кишварҳо ва сарзаминҳо, ба даст овардани чорво ва чарогоҳҳо, ром кардани қавму қабилаҳои ошӯбгар, ободии сарзаминҳо, падид овардани оромию осойиш, орзуи доштани фарзандони паҳлавон, лоиқ, ҷанговар, хушзабону хушсухан, баҳраманд гардидан аз тамоми хушиҳои зиндагӣ, аз ҷумла, зебоии тану сирати олии инсонӣ, доштани аспҳои зебои тездав, шавкату ҳашамат, сарват ва ғайра иборат буд. Бино ба мазмуну мундариҷоти «Яштҳо», ниёкони мо озодии худро болотарин неъмат дониста, аз зебоӣ ва донишу ҳунар дар сатҳи баланд қадрдонӣ мекарданд. Дар яшти даҳум ситойиши Меҳр — яке аз худоёни бостонии ориёиҳо ва куҳантарин маросими ситойиши ӯ тасвир шудааст. Дар яшти 13 тарзу усули ситойиши фравашӣ ва арвоҳи ниёкон омадааст Дар яшти 14 дар баробари ривоятҳои кинояомез ва ҷилваҳои эзиди Баҳром, ишораҳои бисёр ҷолибе дар бораи нуҷуму ситорашиносии қавмҳои куҳани ориёӣ нақл шудааст. Дар яштҳои куҳан ду силсилаи подшоҳони пешдодӣ ва каёнӣ муаррифӣ гардида, дар бораи ҳар яке аз намояндагони он маълумоти муайяне пайдо мекунем.

Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки баъзе яштҳо ба номи як эзид ё фаришта мансуб гардида, дар матнҳои он эзиди дигар ситойишу тараннум мешавад. Яштҳои Аштод, Зомёд, Ром, Дин аз ҷумлаи чунин яштҳо аст, ки дар саҳифаҳои онҳо на танҳо эзидони дигар мавриди парастиш қарор гирифтаанд, балки онҳо мазмуну мавзӯъҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар яштҳои Хуршед, Моҳ, Аредвисура Анаҳито, Тир, Гуш, Меҳр, Ром ва ғайра шукри неъмат ба ҷой оварда шуда, аз худованд барои фурӯғҳои гуногун, обҳо, растаниҳо ва чорпоён сипосгузорӣ, ҳатто аз тамошои манзараҳои дилкашу зебои табиӣ, ки чашми инсон аз он ҳаловат мебарад, қадрдонӣ шуда ва ба онҳо дуруд фиристода шудааст. Ҳар чизе, ки зебою неку буда, барои инсон хушоянд аст, муқаддас шуморида мешавад. Дар бандҳои 21-22 Сурӯшяшт мояи хушнудии инсон сутуда шуда, аз он ҷумла ба ҳар инсон адл, далерӣ, нотарсӣ, ишқ, зӯр, пирӯзӣ, саховат, шукӯҳ, дин, илм, дониш, дурустӣ, покӣ, тандурустӣ, бурдборӣ, фармонбардорӣ, сухани рост, ки суннати ниёкони мо будааст, таманно гардидааст.

Гуноҳе, ки дар дини маздаясно нобахшиданист, дурӯғ мебошад. Дар Меҳряшт беҳтарин подош барои ростгӯ ва шадидтарин ҷазо барои дурӯғгӯ муайян шудааст. Мувофиқи он эзиди Меҳр дурӯғгӯ ва аҳдшиканро ба доғи фарзандонаш менишонад, хонаашро вайрон мекунад, хайру баракат аз хонумонаш мебардорад, аз хушиҳои зиндагӣ маҳрум менамояд. Дар яшти Рашну сухан аз адлу инсоф рафтааст. Дар Фарвардиняшт сухан перомуни саховату бахшойиш аст. Фурӯҳарҳои гузаштагон, ки дар охири ҳар сол ҳангоми ҷашни фарвардин (Наврӯз) аз осмонҳо барои дидану раҳнамойии бозмондагони худ ба замин фуруд меоянд, бахусус умедворанд, ки бозмондагони онон дар роҳи ростӣ ва худованд муттаҳид шаванд, то онон хушнуду хуррам боз ба осмонҳо уруҷ намуда, аз боргоҳи Аҳуромаздо бақою хушӣ ва вусъати ризқу рӯзии бозмондагонро дархост менамоянд. Ба таври умум, «Яштҳо» яке аз қисматҳои зеботарин, дилпазиртарин ва гуворотарини «Авесто»-ст. Дар он сарчашмаҳои зиндагӣ ҷӯш зада, аз неъматҳои он шукргузорӣ мешавад.

«Вандидод» дар «Авесто» дар шакли «Видаевадота» омада, мафҳуми маҷмӯаи қонун бар зидди девҳоро дорад Хар фасли онро, ки ба таври умум 22-то аст, фаргард мегӯянд. А. Кристенсен муътақид аст, ки «Вандидод» ягона наски комилест, ки аз «Авесто»-и даврони сосонӣ то замони мо расидааст. А. Кристенсен ва Андреас боварии комил доранд ки ин бахши «Авесто» дар давраи подшоҳии Меҳрдоди аввали Ашконӣ (171-138-и то мелод) таълиф шудааст. 1

«Вандидод» матне намебошад, ки дар маросимҳои мазҳабӣ ва ниёишу ибодатҳо ба кор бурда шавад. Аммо дар давраи пеш аз ислом, ки вақти дақиқи он маълум нест, пайравони дини маздаясно маросиму ҷамъомади азиме бунёд карда, дар он тамоми «Вандидод» бо «Ясно» ва «Виспарад» бо тартиботи хосе хонда мешуд. Дар ин маросим фаргардҳои гуногуни «Вандидод» дар якҷоягӣ бо яке аз таронахон «Готҳо» суруда мешуд. Мувофиқи суннати пайравони дин, вақте ки худи «Готҳо» ҳамроҳ бо се дуои муқаддаси мазҳабӣ («Ясо Аҳу Вайирю», «Ашем Вуҳу» ва «Янгҳа Ҳотом») хонда мешаванд, нерумандтарин ва маҳкамтарин муҳофизе шумурда мешуд, ки ҳаёту тандурустиро аз таҳдиди қувваҳои аҳриманӣ эмин нигоҳ медорад.

Дар «Вандидод» масъалаҳое мавриди баҳс қарор гирифтаанд, ки аз ҳудуди қонуну дастурхон мазҳабӣ баромада, тамоми ҷанбаҳои зиндагии иҷтимоиро дар бар мегиранд. Масъалаҳои ҳуқуқии муносибати байни одамон, доду ситад, оила ва ғайра, ки аксаран дар шакли ибтидоӣ матраҳ мешаванд, аз як сӯ, қидмати замонии ин бахши «Авесто»-ро нишон дода,

_________________________
1. Кристенсен А. Мулоҳизот дар бораи қадимтарин худои ойини зардуштӣ. — Теҳрон, 1336. — С.74.

zardusht_2аз ҷониби дигар, чунин ба назар мерасад, ки он мақоми конуни умумии иҷтимоиро доштааст Мазмуну муҳтавои «Вандидод» бештар ба масъала ва матлабҳои зерин бахшида шудааст: ҷазо додан дар баробари гуноҳҳои мухталиф, ки одам дар баробари табиат, ҷамъият ва мавҷудоти хубу муфид содир мекунад, роҳҳои мубориза бар зидди палидиҳо ва касалиҳое, ки рӯҳи палид Аҳриман ва анбӯҳи девони ӯ дар ҷаҳон интишор дода, зиндагии ободкунандаи инсонро дар хатар мегузорад. Ба ишораи ин китоб, заминаи наздикӣ ва таъсири девонро ба инсон аксаран худи инсон ба вуҷуд меоварад. Дар он заминаҳои пайдоиши чунин омилҳо муфассал баён гардида, роҳҳои мубориза бо он нишон дода шудааст. Яке аз сабабҳое, ки даврони таълифи «Вандидод»-ро ба асрҳои охирини пеш аз мелод нисбат медиҳанд, иборат аз он аст. ки дар фаргардҳои «Вандидод» душмании оштинопазири байни ду қудрати хубу бад. яъне «Спэнтамайню» (хиради неку муқаддас), ки офаридгори фазилатҳои беҳтарини зиндагӣ шумурда шудааст ва «Анграмайню» (Аҳриман — хиради зишту палид), ки фақат дурӯғу бадию фасодро ба вуҷуд овардааст, ба мушоҳида мерасад.

«Виспарад» ҳамаи сарварон, ҳамаи нигоҳбонон ё ҳамаи муҳофизони маънавӣ тарҷума мешавад. Бобҳои ин китоб «карда» гуфта мешаванд. «Виспарад» китоби мустақил набуда, маҷмӯаҳое аз бахшҳои гуногуни «Ясно» мебошад ва аксаран ҳангоми расму суннатҳои мазҳабӣ ҷудо аз «Ясно» хонда намешавад. Бештар дар вақти маросимҳои динии идҳои гоҳанбор, ки миқдорашон шашто буда, дар мавсимҳои гуногуни сол гузаронида мешаванд, хонда мешавад. Шаш гоҳанбор шаш марҳилаи офариниш аст, ки аз ҷониби Аҳуромаздо анҷом дода шуда, он бо мавсимҳои гуногуни сол баробар меояд. «Виспарад» аз ҷиҳати забон, баён, моҳият ва мазмун бо «Ясно» наздик буда, аксаран мафҳумҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳои ҳафтоду ду ҳоти «Ясно», тайр аз таронахон 17-гонаи Зардушт бо андаке ихтилоф дар «Ясно» дида мешавад. Аксар вақт якҷо бо «Ясно» хонда мешавад. Вале дар маросими ҷашнҳои гоҳанбор ба танҳоӣ низ мехонанд. Донишмандон ва муҳаққиқони гуногун дар бораи бобҳои «Виспарад» маълумоти ҳархела додаанд. Аксарашон аз 22 то 27 карда гуфтаанд. 1

Дар ойини зардуштӣ, тавре ки зикр гардид, ҳар чизе, ки неку, судрасон ва зиндагисоз аст. қобили ситойиш мебошад. Дар ин бахши «Авесто» ҳамаи чиз, ашё ва корҳои хуб ёдоварӣ карда шуда, аз онҳо тамҷид ба амал омадааст. «Виспарад» мисли ойинаест. ки дар баробари як боғу гулшани васеъ гузошта шуда бошад. Маздопараст ба он ойина нигоҳ карда, аз самими дилу ботин ҷаҳони зебои моддиро ситойиш мекунад ва ин ситойиш аз номи Аҳуромаздо оғоз мегардад.

Ҳамаи китобҳои «Авесто», аз ҷумла «Виспарад», бо суханони зер хатм мешавад: Роҳ якест ва он роҳ роҳи ростист, ҳамаи дигар роҳҳо бероҳа аст.

«Хурдаавесто» («Авестои хурд») ва дар паҳлавӣ «Хуртак Авесто» мегӯянд, ки ҳамон Авестои хурд ё кӯчак аст. Ин қисмати китоби муқаддас аз бахшҳои дигари «Авесто», яъне «Ясно», «Виспарад» ва «Вандидод» тартиб дода шудааст. Он аз ҷониби мубадон дар маросимҳои мухталифи динӣ мавриди истифода қарор мегирад. «Авестои хурд» маҷмӯаи намоз, дуруд, дуо ва ниёишҳоест барои вақту ҳангомҳои мухталифи шабонарӯз, рӯзҳои мубораки моҳ, ҷашнҳои махсуси эзидон ва Фариштагон ва ҳангомҳои муҳими дигар мисли садрапӯшӣ ва каштӣ 2 бастани бачагон, арӯсӣ, мотам ва ғайра. Чун «Авестои кӯчак» барои рафъи ҳоҷатҳои гуногуни пайравони дин фарохам шудааст, дорои матнҳое мебошад, ки мазмуни он тарафҳои мухталифи зиндагии инсон, гоҳе хушу гоҳе нохуш, гоҳе дар вақтҳои хурсандию растагорӣ ва гоҳҳои дигар ба дуою намози махсусе бахшида шуда, муҳтавои рангорангро дар бар мегирад. Аз ин ҷиҳат мазмуну муҳтавои «Авестои хурд» дар нусхахон гуногун аз ҳамдигар тафовут дошта, масъалаҳои гуногун ва дуою ситойишҳои мухталифро инъикос мекунад. Дар баъзе аз онҳо матолиб ва дуоҳое мавҷуд аст, ки дар нусхаҳои дигар дида намешавад. Илова ба он, дар баъзе нусхаҳо маълумоте оварда мешавад, ки бисёр бостонӣ буда, ҳатто дар бахшҳои куҳани «Авесто» ба мушоҳида намерасад. Дар асоси суннати зардуштиёни муосир «Авестои хурд» аз ҷониби Озарподмеҳрсипанд мубадони мубади

___________________________
1. Муминджанов Х. Х. Философские проблемы зороастризма. — С.29-46.
2. Дар дини зардуштӣ синни 15-солагӣ синни бузургӣ ва ба камол расидани ҷавон аст. Дар ин рӯз ҷавони 15-сола дар маросими бошукӯҳе либоси мазҳабии пайрави дин — садра ба тан ва каштӣ ба миён баста дар байни ҷомеаҳои зардуштӣ рамзи пайрави маздаясноро аз ҳоти 12-уми «Ясно» аз бар мехонд.

даврони Шопури II-и сосонӣ (солҳои 310-379) мураттаб карда шудааст.

Аз он чунин фаҳмида мешавад, ки Озарподмеҳрсипанд на танҳо матнҳои комили «Авесто», балки сарчашмаҳои дигарро низ мавриди истифода қарор додааст. Масалан, як силсила намозу дуоҳое мисли «Хуршедниёиш», «Меҳрниёиш», «Аредвисурниёиш», «Баҳромниёиш», ки дар «Авестои хурд» мундариҷ аст, аз «Хуршедяшт», «Меҳряшт», «Моҳяшт», «Обоняшт» ва «Баҳромяшт» гирифта шуда, бахшҳои тафсирии он маълумоти ҷадиде дар ихтиёри пажӯҳандагон мегузорад.

Аз ин рӯ, «Авестои хурд» фарогири чакидаҳо ва сурудҳоест, ки ҷаҳонбинӣ, бовар, андеша ва ойинҳои мардуми ориёиро дар рӯзгорони бисёр қадим равшан мекунад. Дар он бо овардани номҳои бисёр таърихи куҳани ориёиёнро дар пеши назар ҷилвагар месозад. «Авестои хурд» ойину андешаҳо, ақидаҳо ва тарзу усули зиндагии гузаштагони моро инъикос мекунад. Дар он низ мисли қисматҳои дигари «Авесто» мардум ба ростӣ, покӣ, дурустӣ, ҷидду ҷаҳд, кору кӯшиш, ҷашну шодмонӣ, ба андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек, ба ҳамкорию ҳамёрӣ, меҳру дӯстӣ, оштию созандагӣ даъват карда шудаанд.

Мисли бахшҳои дигари «Авесто» дар охири «Авестои хурд» низ чунин суханон оварда шудааст: «Роҳ якест ва он роҳи ростист, ҳамаи дигар роҳҳо бероҳа аст».

Бозгашт ба мундариҷа

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.