Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 247-254

247. Парпӣ

248. Газна

249. Ҳалила

250. Бодинҷон

251. Боқило

252. Сунбул

253. Бӯймодарони маҳинбарг

254. Бӯймодарони дуруштбарг

247. Парпӣ

Парпӣ ду навъ аст: навъеро гул сафед, баргаш мо-
нанди барги кашниз — инро парпии сафед меноманд;
синфи дуввумро гул сиёҳи бунафшранг — инро парпии
сиёҳ меноманд, баргҳояш монанди баргҳои зуфи кӯчак
аст. Навъи дуввумашро тоҷикон гули кафтарак низ
мегӯянд, ба русӣ горечавка оливье мехонанд.
Мизоҷи парпии сафед дар дараҷаи дуввум гарм ва
хушк аст ва мизоҷи қисми сиёҳаш дар дараҷаи сав-
вум гарм ва хушк аст.
Қисми рӯйизаминии ин гиёҳро ҳамгоми гул карда-
наш ҷамъ оварда, дар об меҷӯшонанду баъд он обро
аз ҷирмаш ҷудо карда, ба офтоб ё ба ҷойи бодрас ме-
гузоранд. Баъди муддате обаш парида, қивоми пар-
пӣ ҳосил мешавад.
Қивоми парпии сафед бар зидди заҳрҳои ҷонварон
заифтар аз қивоми навъи сиёҳи он аст.
Агар инро бихӯранд, бодҳои дарун ва пурбод шу-
данро ба ибро меоварад ва дардҳои ботиниро, ки аз
сардӣ бошанд, таскин медиҳад.
Миқдори як бор хӯрдан аз қивоми парпии сафед
дар як рӯз ба андозаи донаи ҷав ва аз гиёҳи хушкаш
то 9 грамм аст. Агар решаи парпии сафедро бихӯранд,
тамоми ҳайвонотро, ба ғайри инсон, мекушад, вале
агар одам бихӯрад, боҳро ба ҳаракат меоварад.
Қивоми синфи сиёҳи ин гиёҳ ба ҷойи тарёқи кабир
истифода мешавад, хусусан барои дардҳои узвҳои да-
руни шикам ва дардҳои бачадон доруи хубест.
Агар гӯсфандҳо ҳангоми чаридан бинобар ширинии
таъмаш гиёҳи заҳрнокро бо алафҳо якҷо хӯрда, заҳ-
ролуд гарданд, зуд гиёҳи парпии сиёҳро ёфта мехӯ-
ранд ва онҳоро аз офати заҳр наҷот медиҳад.
Ба дарун истеъмол кардани парпии сиёҳ, яъне қи-
воми онро биёшоманд, боҳро меафзояд, меъда ва ҷи-
гарро гарм мекунад, инчунин моддаҳои балғамиро тит
ва таҳлил менамояд. Агар онро дар шароб пухта би-
573
хӯранд, бавосирро қатъ мекунад. Вале ман, муаллифи
ин рақамҳо, дар таҷриба муайян намудам, ки қивоми
инро бидуни шароб ҳам хӯронидам, бавосир дафъ гар-
дид.
Қивоми парпии сиёҳро дар об ҳал карда, латта ё
пахтаро ба маҳлули он тар намуда, занҳо аз таг бар-
доранд, варами бачадонро таҳлил медиҳад ва худи ин
узвро қавӣ мегардонад.
Агар гиёҳи инро кӯфта гузошта банданд, ҳамаи ва-
рамҳоро мегардонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз қивоми парпии сиёҳ дар
як рӯз ба андозаи донаи биринҷ аст. Агар аз ин зиёд
бихӯранд, бинобар пурзӯр буданаш дарди гулӯро ба
амал меоварад, ғамгин мекунад, рутубатҳои баданро
хушк мегардонад. Дар ин маврид равғани кунҷид ё
ширинӣ бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.
Аз гиёҳи парпӣ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин
тариқ:100 грамм барги хушки онро дар 800 грамм оби
борон ё оби муқаттар як шабонарӯз тар карда, баъд
дар оташ меҷӯшонанд ба ҳадде, ки чоряки об, яъне
200 грамм бимонад. Сипас онро молида, аз матои
бофташ зич гузаронида, соф карда, дар зарфе аз бо-
лояш 200 грамм равғани кунҷиди тоза ё равғани зай-
тун рехта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то ҳамаи об
бухор шаваду равған бимонад. Батамом бухор шуда-
ни он обро аз он, ки равған аз ҷӯш мемонад, дониста
мешавад. Ҳамин равған равғани парпӣ мебошад.
Агар равғани парпиро ба сар бимоланд, мӯйро да-
роз мекунад.

248. Газна

Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикони шимол тал-
ванг ҳам мегӯянд. Зеро агар ин тала кунад, яъне
бигазад, баданро ванг (варам) мекунонад.
Баргаш бо кунгуранокиаш ба барги тут андак ша-
боҳат дорад. Инро баргаш ҳам, пояаш ҳам пурхор,
хорҳояш монанди неши занбӯр борик-борик. Бо воси-
таи ҳамин хорҳояш касонеро, ки ба он мерасанд, ме-
газад—заҳр меандозад. Тухмаш майдаи ялаққосӣ,
андак паҳнтар аст.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар онро кӯфта, ба уз-
574
ве гузошта банданд, моддаро аз таг ба рӯйи пӯст мека-
шад, пӯстро захмин мекунад, вале варамҳои сахтро
таҳлил медиҳад. Ва агар инро бихӯранд, ахлоти ға-
лизро рақиқ мегардонад; пешоб, ҳайз ва ширро ҷорӣ
(равон) мекунад, арақ меоварад, қуввати боҳро бар-
меангезад; узвҳои даруни сина, шуш ва меъдаро аз
моддаҳои ғайрӣ пок мегардонад: даҳани бачадон, ги-
реҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бо оби ҷав да-
ромехта бинӯшанд, бемориҳои узвҳои даруни синаро,
ки иборат аз дамкӯтаҳӣ, ростнафас мебошанд, шифо
мебахшад ва узвҳои даруни синаро аз ахлоти ғафси
часпак пок месозад.
Агар баргашро кӯфта, дар бинӣ ҷо кунанд, хуни
биниро бозмедорад. Агар барги тарашро кӯфта, ба пе-
шонӣ гузошта банданд, низ хуни биниро мебандад;
агар инро ба бачадоне, ки аз фарҷ берун баромада бо-
шад, гузошта бандад, бачадонро ба ҷойи аслиаш ме-
барад; агар ба дубайла (кӯряра) ва пучакҳо гузошта
банданд, онҳоро мекафонад; ба озахҳо банданд, онҳо-
ро хушк карда меафтонад, хусусан инро бо асал даро-
мехта ба кор баранд, таъсираш зудтар зоҳир мегар-
дад, инчунин печиши асабро ҳам ба ибро меоварад;
бо мумравған сиришта, аз рӯ ба сипурз гузошта бан-
данд, иллатҳои ин узвро дафъ мекунад. Агар онро
пухта, бо равғани зайтун хамир карда, гузошта бан-
данд, варами баногӯшро дафъ менамояд.
Хокистари газнаро бо намак даромехта, ба решҳо
гузошта банданд, онҳоро хушк ва сиҳат мекунад.
Тухмашро бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ, сурфа, ил-
латҳои узвҳои нафас ва истисқо (водянка) дору меша-
вад; сафро, зардоб ва балғами часпакро аз бадан хо-
риҷ месозад, барои иллатҳои сипурз ва гурда дармон
мебошад; боҳро қавӣ мегардонад. Агар инро бо си-
канҷабин (сиркоасал) бихӯранд, дарди гурда, паҳлу ва
сипурзро ҳамон дам таскин медиҳад. Агар инро бо ре-
шаи бепӯсти ширинбия якҷо дар об ҷӯшонида, он обро
бинӯшанд, хичакро (пешобдонро) аз рим пок мегар-
донад. Агар инро бо тухми карафс ва шири гӯсфанд
бихӯранд, боҳро бағоят бармеангезад; бо шароб биё-
шоманд, балғамро бо исҳоли сабук дафъ мекунад.
Агар ин тухмашро кӯфта, бо асал хамир карда,
латта ё пахтаи покро ба он олонда, занҳо аз таг бар-
доранд, ҳайзи қатъгаштаро равон мекунад. Ва агар
575
кӯфтаи онро бо асал хамир карда гузошта банданд,
закарро калон мегардонад. Кӯфтаашро бо барги саг-
ангур, барги зуф якҷо сиришта, бо маска хамир кар-
да, чун марҳам ба захмҳо ва саратон гузошта бан-
данд, онҳоро шифо мебахшад. Агар тухмашро танҳо
кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд ё кӯфтаи онро
бо асал хамир карда, ба закар ва каши рон бимо-
ланд, боҳро ба ҳаракат меоварад.
Оби газнаи тарро дар даҳан ва ҳалқ гардонанд,
варами забончаи ҳалқро таҳлил медиҳад.
Барги хушк ва тухмашро кӯфта бипошанд, барои
хушконидани захмҳои хӯранда, саратони решгашта но-
феъ аст, дард намеоварад.
Хӯрдани маҳсулоти газна ба гурда ва рӯдаҳо за-
рар дорад. Дар ин маврид шилми бодомҳоро бихӯ-
ранд, зиёнашро дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то
10,5 грамм аст, вале агар аз ин зиёд бихӯранд, мӯҳ-
лик аст. Дар он ҳолат, ки зарар ёбанд, чизҳои хунук-
мизоҷ бояд бихӯранд.
Аз тухми газна равған ҳам тайёр мекунанд. Равға-
наш барои бемориҳои номбурда қавитар аз тухми он
аст: барои қувват бахшидани боҳ, бартараф рондани
дарди буғумҳо (пайвандҳо), дарди сурин (кафал), ниқ-
риси балғамӣ бихӯранд ва бимоланд, шифо мебахшад.
Тариқи тайёр кардани равғани тухми газна ин аст.
Ин тухмро ҳар қадар, ки хоҳанд, бигиранд, нимкӯф-
та дар андак об тар намоянд. Як колбаро бо гили бӯ-
та андуда кунанду даруни онро аз тухми намгирифтаи
газна пур кунанд. Дар гулӯи колба лиферо ҷо намо-
янд. Табақеро ё варақи васеи оҳанинро аз миёнаҷо
барои ҷо додани гулӯи колба сӯрох гардонанду гулӯи
колбаро дар он сӯрох чаппа гузоранд. Баъд ба атроф
ва болои колба, ки дар рӯйи табақ аст, аз ҳезуми тез
ё ангишт оташ афрӯзанд. Аз тафси ин равғани тухми
газна муқаттар шуда поён меояд ва аз лиф покшавон
ба зарфе, ки дар поён гузошта мешавад, мечакад. Ё
ба он тухми намгирифта андак намак дохил карда,
дар анбиқ ё дар колба ҳамон тавр муқаттар менамо-
янд. Баъд шӯрӣ ва обияташро аз он ҷудо сохта дур
мекунанд, ин равғанро ба кор мебаранд.
Ин равған, ки бо ду усул ҳосил карда мешавад,
бисёр қавӣ аст.
576
Тариқи тайёр кардани равғани тухми ин ба усули ди-
гар ин аст. Тухми газнаро кӯфта, дар панҷ баробари
вазни он об биҷӯшонанд, то чоряки об бимонад. Баъд
молида, соф карда, бо ним вазни он ё баробари он
равғани кунҷиди тоза аз болояш рехта, дар зарфе би-
ҷӯшонанд, то об бухор шуда раваду равған бимонад.
Вале ин равған назар ба ду навъи дар боло зикрёф-
та заифтар мебошад.

249. Ҳалила

Ин самари дарахти ҳиндист, дар ҳаҷм ва намуд гу-
ногун мебошад, ки ҳар яке номи алоҳида дорад. Агар
баъд аз гул карданаш самарашро, ки ба андозаи зи-
ра мебошад, ҳалилаи зира меноманд; ва аз он калон-
тар ба андозаи ҷав гардад, бичинанд, ҳалилаи ҷавӣ
мегӯянд; аз он ҳам бузургтар ва ба қадри мавизи ан-
гур гардад, бичинанд, онро мавизак, ҳалилаи сиёҳ, ҳа-
лилаи зангӣ ва ҳалилаи ҳиндӣ низ меноманд; аз он
боз ҳам калонтар нимраси сабзи зардтоб бошад, онро
ҳалилаи чинӣ ва аз он ҳам калонтар ва расидатари
зард гардад, ҳалилаи зард мегӯянд; аз ин ҳам бу-
зургтар шуда, пурра расида гардаду сурхи моил ба
зардӣ бошад, ҳалилаи кобулӣ мегӯянд.
Мизоҷи ҳама гуна ҳалилаҳо дар дараҷаи якум сард
ва дар дуввум хушк аст, вале хушкӣ дар ҳалилаи ко-
булӣ камтар бинобар камоли расидагӣ доштанаш.
Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли ҳамаи навъ-
ҳои он ба дарун меъда, майна, зеҳн, ҳофиза ва ҳавосс-
ро, ки даҳ ҳисси одамӣ мебошад, қавӣ мегардонад; ги-
реҳҳоро мекушояд; дарди сарро дур мегардонад ва
молихулиёро сиҳат мебахшад; рӯҳҳои одамиро соф ва
равшан мекунад; васвоси савдовӣ, дилтапак (дилбозӣ)
ва беҷо (беҳузур) шудани дилро дафъ месозад; наме-
гузорад, ки бухорҳои зарарнок аз қисми поёни бадан
ба мағзи сар бароянд, ранги баданро тару тоза ва пок
мегардонад; иллатҳои истисқо (водянка), бавосири бо-
дӣ, ки шадидтарин дарди даруни шикам аст, бавосири
хунӣ ва табҳои мураккабро сиҳат менамояд, балғами
рақиқ ва сафроро бо оҳистагӣ ва мулоимат хориҷ ме-
кунад.
Дар вақти истеъмоли ҳалилаҷот онҳоро бисёр на-
мекӯбанд ва зиёд намеҷӯшонанд, балки чор-панҷ тақ-
сим намуда, дар об тар карда, он обро менӯшанд.
577
Шарти истеъмоли ҳалила чунин аст, ки бояд бо рав-
ғани бодоми ширин чарб намоянд, то он ки таркибаш
вайрон нагардад.
Тухмашро кӯфта, ба дандон ва милки он бимоланд,
милки дандонро қувват мебахшад ва рафтани хунро
аз буни дандон манъ мекунад.
Хусусан ҳалилаи кобулиро нимкӯфта, як шабона-
рӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд, қувваташ на-
зар ба кӯфта ва дар об ҷӯшдодаи он зиёдтар аст дар
бобати ихроҷ кардани моддаҳои зарарнок аз бадан,
инчунин ҳангоми онро дар об тар кардан моддаҳои
зараровараш ба об намебароянд.
Миқдори истеъмолаш барои дар об тар кардан аз
25 то 35 грамм аст. Ба ҷойи ҳалила пӯсти анорро ба
кор баранд, раво мебошад.
Акнун дар бораи ҳар як намуди ҳалилаҳо ба таври
ҷудогона баён менамоем.

I. ҲАЛИЛАИ КОБУЛӢ

Хислатҳои шифобахши он: инро як шабонарӯз дар
об тар карда, он обро бинӯшанд, хилтҳои балғам, саф-
ро ва савдоро аз бадан дафъ мегардонад; пешобро ме-
ронад, барои дарди сар, нисён (фаромӯшхотирӣ) ши-
фо мебахшад, ҳамаи феълҳои дохилӣ ва беруниро қа-
вӣ мегардонад; барои чарх задани сар, ки аз зиёд гаш-
тани хилти сафро бошад, кӯфта, талқонашро бо ша-
кар даромехта каф зада бихӯранд, фоида дорад; ва-
ле чарх задани сар ва сиёҳ задани чашм аз сабаби
бисёрии балғам бошад, талқонашро батанҳоӣ бояд
бихӯранд, низ ин барои пок гардонидани узвҳои бадан
аз сафро ва барои молихулиё, ислоҳи ҳоли бади май-
на, саръ ва каҷ шудани рӯй худашро танҳо меошо-
манд.
Чун касеро, ки рӯяш каҷ шуда бошад, як адади ҳа-
лиларо, тухми онро дур карда, дар даҳан то тамом
гаштанаш бихоянду обашро фурӯ баранд, инчунин як
адад ҳалилаи кобулиро аз ҷониби каҷгашта дар да-
ҳан гузоранд, ин иллатро нафъ мебахшад.
Ба қавле дар муддати як сол ҳар рӯз як адад аз
ин ҳалила бихӯранд, мӯяшон сафед намешавад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҳалилаи кобулӣ дар як
рӯз аз 10 то 15 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида ва
578
ё тар карда, он обро ошомиданӣ бошанд, то 35 грам-
ми онро дар об андозанд. Агар ҳалилаи кобулӣ ёфт
нашавад, ба ҷойи ин ҳалилаи зардро истифода баранд,
равост.
Аз он бо шакар мураббо тайёр карда бихӯранд ба
шарте, ки аз тайёр карданаш як сол нагузашта бо-
шад, майна ва меъдаро қавӣ мегардонад, гиреҳҳои ба-
данро, ки аз банд шудани балғам дар узвҳо ба амал
омада бошанд, мекушояд; ҳавоссро, яъне панҷ ҳисси
дохилӣ ва панҷ ҳисси беруниро, инчунин ҷигарро қув-
ват мебахшад.
Тухмашро бихӯранд, пешобро меронад. Агар инро
сӯхта, ос карда, бипошанд, хуни бавосир ва аз ҷойи
дигар рафтани хунро манъ мекунад ва ба милки дан-
дон бипошанд, дандонро мустаҳкам мегардонад.
Аммо хӯрдани тухми ҳалила ба майна зарар до-
рад. Дар ин ҳолат асал бихӯранд, зиёни онро ислоҳ
мекунад.

II. ҲАЛИЛАИ ЗАРД

Мизоҷи ин дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро маҳин кӯфта бипо-
шанд, обравии чашмро даво мешавад, чашмро тез ме-
кунад. Хусусан инро дар хамир печонида бисӯзанд ва
онро аз хамир ҷудо карда, маҳин кӯфта, ба чашм би-
пошанд, дар ин хислат пурзӯртар мегардад. Ин ҳали-
ларо нимкӯфта, як шабонарӯз дар об тар карда, он
обро дар чашм чаконанд, барои ин узв таъсири дар
боло гуфташударо дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз аз 10 то
15 грамм аст ва агар дар об тар намуда, он обро нӯ-
шидан хоҳанд, то 35 грамм дар об андозанд.

III. ҲАЛИЛАИ СИЁҲ

Инро ҳалилаи зангӣ ва ҳалилаи ҳиндӣ низ мено-
манд. Беҳтаринаш сиёҳ, сахт ва бетухми он аст.
Мизоҷаш дар миёнаи дараҷаи якум сард ва дар да-
раҷаи дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин ҳамаи ҳис-
ҳои бадан, зеҳн ва майнаро қувват мебахшад, хунро
579
аз моддаи савдо пок мекунад (модоме ки ба хун сав-
до дохил гардад, хунро ғафс мекунад). Инак ин сав-
доро нест карда, қивоми хунро ба ҳолати эътидол ме-
оварад; рӯҳро низ аз кудурат соф мекунад (осонтар
карда гӯем, табъро равшан месозад). Ҳамин тариқ,
барои иллатҳои молихулиё ва васвоси савдовӣ дору
мешавад.
Онро хойида, обашро фурӯ баранд, барои иллати
лиқва, яъне каҷ шудани рӯй, инчунин онро дар даҳан
аз тарафи каҷии рӯй нигоҳ доранду обашро фурӯ ба-
ранд, ҳамин хосиятро дорад ва ин амал барои каши-
дани рутубати меъда, мустаҳкам кардани узвҳои да-
руни шикам ва даруни сина, дарди сипурз, бавосир ва
махав нафъ дорад.
Агар ҳалилаи сиёҳро дар зарфе бо оташ битафсо-
нанд то бӯяш барояд, инро ҳалилаи бӯдода меноманд
ва баъд кӯфта бихӯранд, исҳолро мебандад ва дар да-
ҳан нигоҳ дошта, обашро фурӯ баранд, мӯйро сиёҳ ва
қавӣ мегардонад, низ милки дандонро қувват мебах-
шад.
Мегӯянд, ки хӯрдани ин ба ҷигар зарар дорад. Дар
ин ҳолат асал бихӯранд, зиёнаш бартараф мегардад.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 9
грамм аст ва агар инро дар об ҷӯшонида, он обро нӯ-
шиданӣ бошанд, то 32 грамм дар об андозанд. Ба ҷойи
ин низ ҳалилаи кобулиро метавон истифода кард.

IV. Ҳалилаи чиниро, ки ҳамчун даво бисёр заиф
аст, баёни хислаташро лозим надонистем.

250. Бодинҷон

Инро тоҷикон боқилаҷон низ меноманд, ки аз «бак-
лажан»-и русӣ гирифтаанд. Мурод аз ин дар тиб са-
мари расидаи кабуди бунафштоб ва барроқ (ялаққо-
сӣ)-гаштаи он аст.
Инро барои хӯрдан пухтанӣ бошанд, ба дарозиаш
чор тақсим намуда, сӯзан зананд. Ба даруну берунаш
намак бимоланд ё монанди пиёз варақ карда, баъд на-
максуд намоянд. Онро дар оби хунук ду-се соат тар
кунанд, об сиёҳ гардад, обро нав намоянд. Ҳамин
тавр обро батакрор нав намоянд, то он ки об дигар
сиёҳ нагардад ва тезии он кам шавад Баъд покиза
шуста, бо гӯшти мурғ ё чорпои ҷавон бипазанд ё дар
560
равған бирён кунанду муддате дам карда монанд, то
хуб бипазад. Сонӣ бо сирко ё оби анор ва ғайра бихӯ-
ранд. Агар бо ин хӯришҳо истеъмол фармоянд, дар
узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо намекунад. Инчунин мум-
кин аст дар танӯр ё дар қӯри оташ бипазанд. Баъд
онро аз пӯст ҷудо карда, намак ва пиёзи реза дохил
намуда, каме занҷабил пошида ва камтар ҷуғрот ан-
дохта бихӯранд. Ё дар об ҷӯш дода, оби онро партоф-
та, баъд пухта, бо хӯришҳои мазкур бихӯранд.
Мизоҷи бодинҷон дар дараҷаи дуввум гарм ва
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
меъдаро қувват мебахшад; гиреҳҳоеро, ки ба ғайр аз
худаш пайдокарда ба амал омада бошанд, мекушо-
яд, зеро ки худаш ҳам пайдокунандаи гиреҳ дар ҷи-
гар ва сипурз аст, сахтиҳои узвҳои дохилиро мулоим
мекунад. Агар инро бо равған бихӯранд дарунро му-
лоим месозад ва агар бо сирко бихӯранд, дарунро ме-
бандад, пешобро меронад, инчунин дардҳоеро, ки са-
бабашон зиёд гаштани гармӣ бошад, таскин медиҳад,
арақи баданро хушбӯй мегардонад, дар арақ хун ома-
данро қатъ мекунад, бадбӯйии каши рон ва зери бағал-
ро дафъ менамояд ва рутубатҳои бегонаро аз бадан
хориҷ месозад.
Вале агар инро бисёр бихӯранд, дардҳои паҳлу
ва зери ноф, инчунин иллати бавосирро ба амал меова-
рад, хилти савдоро ҳосил мегардонад. Агар бардавом
бихӯранд, ранги рухсорро безеб менамояд, ҷӯшиши
пӯст ва шукуфаи пӯстро ба зуҳур меоварад; ба иллат-
ҳои бавосир, қулинҷ ва дарди чашми савдовӣ гириф-
тор мекунад. Дар ин маврид онро бо гӯштҳо ва равған
пухта хӯранд, безарар мегардад.
Агар инро ба таври гуфтаҳои боло пухта, дар хӯр-
данаш мудовамат намоянд, меъдаро қувват меди-
ҳад ва иллати таомхӯрда қай карданро ислоҳ меку-
над.
Чун аз тухми пухтагии он 25 грамм обашро гириф-
та, дар шароб хуб бимоланду бинӯшанд, пешобро ра-
вон мекунад.
Чун ҳангоми бодинҷонро дар об тар кардан об тез
ва сиёҳ мегардад, бо ин об чанд мартаба дасту поҳои
арақинро бишӯянд, қатъи арақ кардани онҳо менамо-
яд.
Чун бодинҷонро сӯхта, хокистарашро бо сирко ха-
561
мир карда, ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк карда
мерезонад.
Чун дунболаи онро дар соя хушк намуда, маҳин
ос карда, баъд аз мавзеъро бо равғани бодоми талх
чарб кардан ба бавосир ва дигар варамҳо бипошанд,
фоида дорад.
Чун бодинҷонҳои кӯчакро дар андак обе ва каме
намак андохта бипазанду фишурда оби онро бигиранд
ва бо ҳамвазни он равғани зайтун бо оташи мулоим
биҷӯшонанд, то об бухор шаваду равған бимонад. Ин
равғанро рӯзона бар озахҳо бимоланд ва шаб суфли
онро, ки баъд аз фишурда обашро гирифтан мондааст,
ба озах гузошта банданд, онро хушк карда меафто-
над. Агар ба ҷойи равғани зайтун равғани зағирро дар
ин амал ба кор баранд, барои тарқидан ва варамҳои
асаб, инчунин ба сармозадагӣ муфид мебошад.
Чун бодинҷони зардшударо бо тухмаш то муҳарро
шудан бипазанд ва баъд тухми онро маҳин ос карда,
бо мумравған даромехта, ба тарқишҳои миёни ангуш-
тон ва пошнаи по бимоланд, дарҳол сиҳат мегардонад.
Чун даруни бодинҷони зардшударо холӣ карда, ко-
вокии онро аз равғани каду пур намуда, дар зери ота-
ши танӯри нимгарм муддати як рӯз бигузоранд, баъд
равғанро бароварда, нимгарм дар гӯш чаконанд, дар-
ди ин узвро дафъ мекунад. Агар ба ин равған коса-
барги гулашро кӯфта изофа намоянд, барои бавосир
давои бемисл хоҳад гашт.

251. Боқило

Инро дар мавзеъҳои кӯҳистони Республикаи Тоҷи-
кистон зироат мекунанд. Донааш ба андозаи донаи
нахӯд ва ба он андаке шабоҳат дорад. Дар як ғилоф
аз чор то ҳафт адад дон мегирад. Ин аз тухмиҳои ду-
табақа (дуҳиссагӣ) аст. Рангаш гоҳ пуштии ба зардӣ
моил ва гоҳ сиёҳ мешавад.
Мизоҷи наврасидаи он дар дараҷаи якум сард ва
тар аст ва мизоҷи хушки он дар дараҷаи якум сард
ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар аз орди боқило
нон пухта, пагоҳӣ сер шуда бихӯранд, то дер хӯрок
намехоҳанд. Инро бихӯранд, узвҳои даруни сина ва
шушро аз моддаҳои зарарнок пок месозад ва инчу-
562
нин ин узвҳоро қувват мебахшад, аз майна рехтани
моддаҳои рақиқро манъ мекунад, сурфаро таскин ме-
диҳад, боҳро қавӣ мегардонад, захми рӯдаҳоро сиҳат
мебахшад, исҳолро мебандад ва қайро манъ мекунад.
Агар боқилоро бо об ва сирко пухта, бо пӯсташ бихӯ-
ранд, исҳолеро, ки сабабаш захми рӯдаҳо бошад ва
агарчи кӯҳна шуда бошад, қатъ менамояд. Орди онро
бо равғани бодом ва қанди сафед даромехта бихӯранд,
барои сурфа, дағалии узвҳои даруни синаву ҳалқум
фоида дорад.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, барои
дағалии ҳалқ ва пок кардани бадан аз рутубатҳо дар-
мон мешавад ва намегузорад, ки дар гурда ва хичак
санг пайдо гардад, инчунин гиреҳҳои баданро меку-
шояд.
Орди онро бо орди ҷав бо каме об хамир карда,
ба пистони зарбхӯрда ва варамида, ки сабаби варам
шах шудани шир дар он бошад, шифо мебахшад.
Агар инро бо сирко, наъно, ҳулба ва асал хамир
карда гузошта банданд, пучак, варами буни гӯш ва
зери чашмро таҳлил медиҳад. Орди инро бо мустако,
кӯфтаи гулисурх ва сафедаи тухми мурғ хамир сохта,
гузошта банданд, саққои чашмро, ки аз косахонааш
баромада бошад, ба ҷояш мебарад. Бо гули гулихай-
рӣ хамир карда гузошта банданд, варами хоя ва ва-
рамҳои гармро таҳлил медиҳад. Агар инро бо шароб
пухта гузошта банданд, варамҳои рагҳои буни ронро
ба ибро меоварад; ба доғҳои кунҷидак гузошта бан-
данд, онҳоро аз пӯсти рӯ пок месозад, ба ханозер гу-
зошта банданд, низ онро таҳлил медиҳад
Чун донаи боқилои навро ду ҳисса карда, тарафи
даруни онро ба захме, ки аз ҷойи зулукгузошта хун ра-
вон бошад, бигузоранд, хуни онро манъ мекунад ва
инчунин ба дигар ҷароҳатҳо низ бигузоранд, монеи
рафтани хуни онҳо мешавад. Агар инро ба ҷое, ки
саги девона газида бошад, бибанданд, заҳри онро ме-
кашад.
Боқилоро маҳин ос карда, дар чашм бипошанд,
рехтани моддаҳои зарарнокро ба чашм манъ мекунад.
Пӯсти онро ба доғи сафеди пӯсти бадан гузошта
банданд, онро аз пӯст дур месозад.
Барг ва пӯчоқи ғилофи онро кӯфта гузошта бан-
данд, доғи сафеди пӯсти бадан ва сӯхтагии оташро
шифо мебахшад.
563
Гулашро кӯфта, ба сар гузошта банданд, ҳарора-
ти баланди мағзи сарро паст мекунад.
Чун донаҳои боқилоро кӯфта, ба ҳар узве, ки хо-
ҳанд, гузошта банданд, мӯй намерӯяд ва агар ба мав-
зеи мӯяш тарошидашуда бибанданд, мӯйро аз баро-
мадан манъ месозад.
Хӯрдани боқило шикамро дам мекунад, париши
пӯсти баданро ба амал меоварад, ба майна гаронӣ ме-
бахшад, зеҳнро ҳам кунд мекунад. Барои ин тавр за-
рар накарданаш онро кӯфта, аз пӯст ҷудо сохта, дар
об ҷӯшонида ва он обро партофта ва баъд бо равғани
бодом ва давоҳои гарммизоҷи монанди: кокутӣ, мурч,
дорчинӣ, қаранфули гардан ва пудина хӯрдан аст. Ин-
чунин хӯрдани боқило хобҳои мушавваш мебинонад ва
дар бадан хориш пайдо мекунад.
Дар боқилои кӯҳна боднокӣ назар ба наваш кам-
тар аст. Инчунин муқашшари он, яъне аз пӯст ҷудо-
кардаи он камбодтар мебошад.
Хокистари гиёҳи боқилоро бипошанд, доғеро, ки аз
қӯтури сиёҳ боқӣ монда бошад, пок мекунад.

252. Сунбул

Ин растаниест баргаш ба барги кашниз монанд,
поя надорад. Тухмаш дар гирдогирди баргҳои боли-
ғаш ҷой гирифтааст, ки аз спораҳо иборат мебошад.
Ин дар ҷоҳои намнок, дар санг ва шӯхсангҳои тар ме-
рӯяд. Банди баргаш ришта барин борик ва сиёҳи бар-
роқ мебошад.
Қувваташ то шаш моҳ боқӣ мемонад.
Мизоҷаш мӯътадил ва андак моил ба гармӣ ва хуш-
кист.
Хислатҳои шифобахши он: инро дар об ҷӯш дода,
он обро бинӯшанд, ахлоти сафро, савдо ва балғамро
аз меъда ва рӯдаҳо ронда, бо исҳол дафъ мекунад,
инчунин ба иллатҳои узвҳои даруни сина ва шуш,
дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун-нафас ва зардпарвин даво мешавад;
ҳайз ва пешобро ҷорӣ мекунад, сангҳои гурда ва хи-
чакро майда карда мерезонад; зиёни саги девона га-
зидаро дафъ мекунад.
Оберо, ки сунбул дар он ҷӯшонида шуда бошад,
дар бинӣ кашанд, зукомро дафъ мекунад. Ин обро дар
бинӣ ва бар сар бирезанд, бастагии сӯрохи биниро
мекушояд ва зукомро ба ибро меоварад.
584
Сунбулро кӯфта гузошта банданд, дарди сареро,
ки аз бисёр ҷамъ шудани моддаҳои сардмизоҷ ба
амал омада бошад, шифо мебахшад. Вале пухтаи он-
ро бо равған хамир карда гузошта банданд, ба ҷоҳои
гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад;
ханозер (хукгардан), носурҳо ва дубайлаҳои (кӯряра-
ҳои) гуногунро дору мешавад.
Ин гиёҳро дар даҳан хойида, оби онро ба ғараб (ра-
ги обрав) ва носури чашм бичаконанд ё хойидаи онро
бар он ҷо гузошта банданд, шифо мебахшад.
Онро пухта гузошта банданд, варам ва сахтиҳои
хояҳоро таҳлил медиҳад, мулоим мекунад.
Сунбули тарро кӯфта гузошта банданд, захмҳои
хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад;
заҳри газидаи саги девонаро барҳам медиҳад; ба ҷо-
ҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта бан-
данд, хусусан ки тарашро ба ҷоҳои мӯйрехта сахт би-
моланд, мӯй мерӯёнад.
Сунбулро кӯфта, бо мағзи соқи гов даромехта би-
моланд, барои дарди сар беҳад фоида мебахшад.
Оберо, ки дар он сунбул ҷӯшонида шуда бошад, бо
хокистари гиёҳи он даромехта, бо шароб ва асал якҷо
карда, сар ва мӯйро бо ин таркиб бишӯянд, барои
захмҳои сар дармон мегардад.
Гиёҳи инро сӯхта, ба сар гузошта банданд, рехтани
мӯйро манъ мекунад ва агар рехта бошад, аз нав ме-
рӯёнад, сар сабӯсак дошта бошад, дафъ мекунад.
Агар сӯхтаи инро бипошанд, захмҳои хабисаро хушк
ва сиҳат месозад, инчунин захмҳои хӯрандаро ба ибро
меоварад.
Лекин хӯрдани сунбул ба сипурз зарар дорад. Дар
ин ҳолат гули бунафшаро истеъмол намоянд, зиёнаш
ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сунбул дар як рӯз то 25
грамм аст. Ва агар оберо, ки ин гиёҳ ҷӯшонида шуда-
аст, нӯшиданӣ бошанд, аз он дар об то 70 грамм ан-
дозанд.
Агар ёфтани сунбул душвор гардад, ба ҷойи ин ба-
рои бемориҳои шуш баробари вазни он гули бунафша-
ро ва нисф вазни он решаи бепӯсти ширинбияро ис-
теъмол фармоянд, равост.
Яке аз хислатҳои сунбул чунин аст, ки агар дар
бадан тир даромада бошад, гиёҳи тари инро кӯфта, аз
ҷониби баройиши тир гузошта банданд, тирро кашида
585
берун меоварад. Боз як хислати наҷибе дорад, ки ин-
ро кӯфта, ба нохунаки чашм бичаспонанд, онро сиҳат
мебахшад.

253. Бӯймодарони маҳинбарг

Ин гиёҳест аз ҷинси бӯймодарони дуруштбарг.
Фарқ миёни ин ва бӯймодарони дуруштбарг дар он
аст, ки баргҳои ин монанди сӯзан маҳин ва борик-бо-
рики гӯё аз ду паҳлу шоҳбаргаш чун риштаҳои кӯ-
тоҳ-кӯтоҳ қатор чида шуда бошад ва маҷмӯаш пари
мурғи паҳнро ба хотир мерасонад, ки дар рӯйи замин
аз атрофи пояи гулаш паҳн гаштаанд. Гулаш чатрии
зич, тиллоранг ва монанди гули навъи дуруштбарги
он аст. Боз фарқ дар он, ки ин як поя дорад ва дар
сари он поя як адад гул. Инро ба руси тысячелистник
меноманд. Навъи дуруштбаргаш аз як бех чанд поя-
шохҳо бароварда, дар ҳар шох монанди баргҳои сабзӣ
ва дурушттар аз он баргҳо дорад ва дар сари он шох-
ҳо яктогӣ гул мекунад. Ҳар ду навъро ҳам бӯяш тез
ва таъмаш талх аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, ба
қавли баъзеҳо дар дараҷаи якум гарм ва дар саввум
хушк низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро дар об ҷӯшо-
нида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди
сареро, ки аз сардӣ бошад, шифо мебахшад.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дарди узв-
ҳои даруни синаро таскин медиҳад, зиқ-ул-нафасро ши-
фо мебахшад, ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро
кушта хориҷ мекунад, пешобро равон месозад, душ-
вории шошиданро осон мекунад, сангҳои гурда ва хи-
чакро майда карда мерезонад, мушакҳои нотавонгаш-
таи баданро ислоҳ мекунад; бодҳои пайвандҳо, ирқун-
насо (радикулит)-и кӯҳна, зарари давоҳои кушанда
ва ларзи табҳоро дафъ мекунад, барои таб хусусан бо
равған биёшоманд, таъсираш қавитар мегардад. Агар
инро бо шароб бинӯшанд, зарари ҳамаи заҳрҳоро, ин-
чунин газидани каждум ва ғундаро дафъ мекунад. Ва
агар барои газидани ҷонварони заҳрнок гузошта бан-
данд ҳам, кифоя мебошад.
Гули инро бо равғани зайтун пухта гузошта бан-
данд, майна ва меъдаро гарм мегардонад ва рутубати
зарарноки ин ҳар ду узвро дафъ мекунад.
586
Агар инро маҳин кӯфта, занҳои ҳомила аз таг бар-
доранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад.
Ва инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гуно-
гунро таҳлил медиҳад, ҷароҳати навро ба ҳам оварда
сиҳат мебахшад.
Агар ҳар як қисми ин гиёҳро бо биҳӣ пухта, батак-
рор гузошта банданд, варамҳои душвор таҳлилшаван-
даро мегардонад.
Агар хушки инро кӯфта бипошанд, ё сӯхтаи онро
гузошта банданд, рафтани хунро аз ҳамаи ҷоҳои ба-
дан, ки бошад, манъ мекунад ва ба ҷоҳои гирдак-гир-
дак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; агар инро
бо равғани турб даромехта гузошта банданд, барома-
дани ришро метезонад.
Онро дар ҳар ҷое паҳн кунанд ё сӯхта дуд гардо-
нанд, ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд.
Вале истеъмоли ин ба дарун ба шуш зарар дорад—
давои ин зиёнаш катиро хӯрдан аст; ба меъда ҳам за-
рар мекунад — дар ин ҳолат асал бихӯранд, кифоят
аст, ки ислоҳи зарар намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз то 7
грамм аст.
Ба ҷойи ин талхшувоқ ва бобунаро истеъмол намо-
янд, раво мебошад.
Аз бӯймодарони маҳинбарг равған ҳам тайёр меку-
нанд ба ин тариқ. Барг ё гули онро ва ё ҳар дуро як
миқдор гирифта, дар шаш баробар оби ширин як ша-
бонарӯз тар мекунанд. Баъд онро то сеяки об мондан
меҷӯшонанд. Охирон онро молида, аз матои бофташ
зич гузаронида, соф карда, аз болои он об баробари
миқдори об равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун
мерезанду дар зарфе бо оташи мулоим меҷӯшонанд,
то об батамом бухор шаваду равған бимонад. Вале эҳ-
тиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Аломати тамо-
ман бухор шудани об он аст, ки равған аз ҷӯш мемо-
над.
Аз ин равған 4,5 грамм бихӯранд, аксари бемори-
ҳои асабониро шифо мебахшад, ҳайзи бандгаштаро
равон мекунад, бачадонро гарм мегардонад, даҳани
бачадон баста бошад,— мекушояд, сахтиҳои гуногунро
мулоим месозад ва ларзи табҳоро дафъ мекунад.
587

254. Бӯймодарони дуруштбарг

Барги ин гиёҳ монанди барги сабзӣ, вале аз он ду-
рушттар аст. Гулаш зард, монанди бӯймодарони ма-
ҳинбарг аст. Ин аз як бех бисёр шох, яъне пояҳо бар-
меоварад ва дар сари ҳар поя яктоӣ гул мекунад.
Адади гулҳо дар як бех то 10—12 мерасад. Бӯйи гулаш
тез аст. Қадаш то як метр мехезад. Дар кӯҳсор ва
саҳроҳои намнок мерӯяд.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 7 грамм гули зарди ин
гиёҳро кӯфта, бо асал бихӯранд, ҳамаи навъҳои кир-
ми меъда ва рӯдаҳоро, ҳатто кирми кадудонаро ҳам
мерезонад.
9 грамм гули онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯ-
шанд, инчунин дар обе, ки ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бо-
шад, то ноф даромада нишинанд, ҳайзи бандшударо
мекушояд, зойиданро осон мекунад, даҳани бастаи ба-
чадонро мекушояд ва варами ин узвро таҳлил меди-
ҳад, санги хичакро майда карда мерезонад, бачаро
аз шиками занони ҳомила меафтонад, вале агар ҳам-
роҳаки (ёраки) тифл набаромада бошад, хориҷ меку-
над, инчунин захмҳои бачадонро нафъ мебахшад.
7 грамм гули онро як шабонарӯз дар об тар кар-
да, он обро бинӯшанд, ҳамаи навъҳои табро дафъ ме-
созад.
9 грамми онро дар об ҷӯшонида, он обро бо мудо-
вамат биёшоманд, хусусан бемориҳои бачадонро зуд-
тар сиҳат мебахшад. Дар рӯзҳои нӯшидани ин бояд
ҳамон рӯзҳо ғизои беравған истеъмол намоянд — ин
шарт аст.
Ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд, ҳамаи навъҳои
дарди сарро таскин медиҳад, гиреҳи даруни майна-
ро мекушояд ва ин узвро қавӣ мегардонад; варами
пардаҳо ва худи майнаро, ки сабабаш ҷамъ шудани
балғам дар ин узв бошад, таҳлил медиҳад ва хоби
сахт ва дуру дарозро ба ислоҳ меоварад. Агар кӯфтаи
инро бар сина гузошта банданд, дарди узвҳои даруни
синаро дафъ мекунад; ба зери шикам гузошта бан-
данд, пешоб ва ҳайзи бандшударо мекушояд, инчу-
нин варамҳои узвҳои дар ин мавзеи шикам бударо,
яъне варамҳои хичак ва бачадонро таҳлил ва дардҳо-
яшро низ таскин медиҳад.
Агар ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам
588
ва бардавом бирезанд ё ин гиёҳро гарм карда, чун
гармбандӣ ба ин узвҳо бигузоранд, бемориҳои дар бо-
ло зикрёфтаро ба ибро меоварад, гирифтагии сӯрох-
ҳои биниро мекушояд, зукомро сиҳат мекунад, чарх
задани сар ва сиёҳ задани чашмро ба ибро меоварад.
Оберо, ки дар он гули ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бо-
шад, ба даруни бинӣ бикашанд, зукомро дур месозад
ва бемориҳои майнаро сиҳат мебахшад.
Ҳар як қисми ин гиёҳро сӯхта, ос карда, бипо-
шанд, захмҳоро хушк мекунад.
Решаашро кӯфта, ба зери шикам гузошта банданд,
пешоб ва ҳайзи бандшударо равон мекунад. Аммо
шарташ чунин аст, ки дар вақти пурра будани бадан
аз ахлот ва ҳамчунин ягон модда аз ҷойи дигари бадан
ба он узв рехта банд шуда бошад, ин амалро набояд
баҷо оваранд. Аломати пурра будани бадан аз ахлот
касолат ва танбалии ҳол аст ва аломати рехта шуда-
ни модда ба ягон узв торафт ва рӯз ба рӯз бадтар
гаштани ҳоли он кас аст.
Ошомидани ин ба гурда зарар дорад — дар ин мав-
рид арпабодиён истеъмол фармоянд, зиёнаш ислоҳ ме-
гардад. Ва агар ба дигар узвҳо зарар расонад, талх-
шувоқ истеъмол бинамоянд.
Миқдори як бор хӯрдан аз гули он дар як рӯз то
15 грамм аст.

Ба мундариҷа


error: Content is protected !!