Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 212-217


212. Ревоҷ

213. Болдирғон

214. Пиёзи ансул

215. Арча

216. Газ

217. Гази калони кӯҳӣ

212. Ревоҷ

Инро тоҷикон чукрӣ ҳам меноманд, гиёҳи кӯҳии
машҳур аст. Гулаш сурх ва чун гӯшвораи духтаракон
зебанда мебошад. Таъмаш турш, мардум онро бо завқ
мехӯранд.
Мизоҷи банди барг ва пояаш дар дараҷаи дуввум
сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, модда-
ҳои ғафсгаштаи баданро тит ва пароканда мегардо-
над, дарунро мебандад, фараҳ мебахшад; меъда, ҷи-
гар ва дигар узвҳои гарм мизоҷи даруни шикам ва си-
наро қавӣ мегардонад; иштиҳоро мекушояд, шиддати
ҷӯшиши сафроро таскин медиҳад, қайи сафровӣ, таш-
нагӣ, беҳузур (беҷо) шудани дилро қатъ мекунад; фи-
шори баланди хунро паст мегардонад ва хуну саф-
ровиро соф менамояд, мастӣ ва хуморро барҳам ме-
диҳад, дилтапак (дилбозӣ), васвос, бавосир, тоун (чу-
ма), вабо, нағзак (гулак), сурхича (қизомуқ), исҳоли
гарми сафровӣ, зардпарвин, табҳои гарм ва сафровиро
дафъ мекунад. Агар инро бардавом бихӯранд, баро-
мадани пучак ва чиртакҳоро монеъ мешавад, яъне
моддаи қандро дар таркиби хун кам мекунад.
Оби чукриро дар офтоб хушк карда, чун сурма ба
чашм кашанд, чашмро қувват мебахшад, гули чашмро
нест мекунад. Агар инро кӯфта, бо орди ҷав хамир
484
карда гузошта банданд, барои сурхбод даво мешавад
ва мӯрчагазакро шифо мебахшад.
Вале қисми рӯйизаминии чукриро аз ҳад зиёд ва
бардавом бихӯранд, ба узвҳои даруни сина, ба одамо-
ни сардмизоҷ ва боҳ (пушти камар) зарар дорад; асаб-
ҳоро хушк мекунад, қулинҷро, ки варам ва дарди рӯ-
даҳои ғафс аст, пайдо менамояд. Дар ин маврид асал
бояд хӯрд, ки ислоҳи зарари он намояд.
Миқдори як бор ошомидан дар як рӯз аз оби чук-
рӣ то 100 грамм аст.
Агар ёфтани ревоч душвор гардад, ба ҷойи ин тур-
шак (щавель) ва оби ғӯраи ангур нӯшидан раво ме-
бошад.
Оби чукриро ҷӯшонида ғафс гардонанд — инро руб-
би чукрӣ меноманд. Рубби ревоч қавитар аз оби он
аст. Инро бинӯшанд, тарсончакӣ, девонагиро дафъ ме-
кунад ва инчунин сӯхтани ахлот (моддаҳо)-ро дар ба-
дан ислоҳ мекунад.
Решаи ин гиёҳ бисёр чуқур меравад ва дароз ме-
бошад. Замини ин гиёҳ рӯйидаро то поёни решаҳояш
бикобанд, дар сари решаҳо монанди шалғам гиреҳҳо
дорад. Ин чизи шалғамшакл ва ҳамаи қисмҳои дигари
решааш дар давогӣ қавитар мебошад назар ба қисм-
ҳои дигари он. Инро қитъа-қитъа бурида, хушк карда
мегиранд ё хушки онро кӯфта, дар зарфҳои шиша ва
чинӣ нигоҳ медоранд барои ҳоҷатҳои минбаъда.
Мизоҷи решааш мураккаб-ул-қувват аст, дар дара-
ҷаи дуввум гарм ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, рутубат-
ҳои зарарноки баданро хушк мегардонад, исҳолро ме-
бандад, узвҳои дохилиро аз олойиш пок мекунад; мод-
даҳои бегонаро пазонида, барои дафъ шудан муҳайё
месозад, бар зидди ҳамаи заҳрҳои сардмизоҷ тарёқ
мешавад, хусусан заҳри каждумро ба зудӣ дафъ ме-
кунад; агар ахлоти (моддаҳои) ғализ (ғафс) ва рақиқ
(суюқ) мавҷуд бошанд, бо воситаи исҳол дафъ мена-
мояд, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, қуввати ҷо-
зибаи ҷигарро меафзояд ва гиреҳҳои рӯдаҳо ва сипурз-
ро мекушояд; бодҳои гурда, хичак ва бачадонро паро-
канда месозад, инчунин дардҳои ин аъзоро таскин ме-
диҳад; барои дилтапак (дилбозӣ), ки аз сардӣ бошад,
дармон мешавад, сардии меъда ва ҷигарро дафъ ме-
кунад; сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ, сил, яъне захми шуш
ва рӯдаҳоро, инчунин ҳамаи навъҳои истисқо (водян-
485
ка) ва зардпарвинро, ки аз афтодани гиреҳ бошад ва
ҳар навъ исҳол, гиреҳҳои мосорико — ҳамаи инро ба
ибро меоварад, исҳоли хунинро мебандад, рӯдаҳо ва
узвҳои дигари даруни шикам ва даруни синаро аз оло-
йиш пок мегардонад, инчунин бодҳои ин узвҳоро паро-
канда месозад; варамҳои сардро таҳлил медиҳад; ис-
ҳол, дарди рӯдаҳо, бавосир, решҳои бедаво, таби ду-
рӯздармиён — ҳамаашро шифо мебахшад.
Мо дар боло мосорико гуфтем — ин мӯрагҳоест, ки
ғизои дар рӯдаҳо ҳазмёфта бо воситаи ин рагҳо ба
даруни ҷигар кашида мешавад.
Агар кӯфтаи решаи ревоҷро бо луоби тухми биҳӣ
ҳабҳо (пилюлаҳо) баста, як ҳабро дар зери забон ни-
гоҳ доранд ва оби онро фурӯ баранд, барои сурфаи
тари сардмизоҷ, зиқ-ун-нафас (астма)-и сарди тар, ҷӯ-
шиши (пухтани) даруни даҳан, ки аз сардӣ бошад, ин-
чунин монанди ин иллатҳоро дафъ мекунад.
Агар инро бо кӯфтаи ҳалилаи кобулӣ, замбӯруғи
сафеди танаи дарахт ва сабир (алоэ) қурсҳо сохта фу-
рӯ баранд, барои аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор
пок гардонидани майна, дарди сари аз хунукӣ ва саф-
ровӣ (гарммизоҷ), дарди нимсар, фолиҷ (шал шуда-
ни нимаи бадан ба дарозӣ), чарх задани сар, кузоз
(столбняк), тарсончакӣ, девонагӣ, назлаҳои сардми-
зоҷ, ҷарангҳои гуногуни гӯш ва дарди чашми аз наз-
ла баамаломада дору мешавад. Агар талқони инро
бо решаи чоқула ҳамроҳ карда бихӯранд, бемориҳои
даруни синаро, монанди: сурфа, зиқ-ун-нафас, гириф-
тагии овоз ва ғайраҳоро дафъ мекунад Агар инро бо
шароби себ бихӯранд, барои нест кардани оруғ, сус-
тии мушакҳо ва асаб, инчунин барои даридану нота-
вон гаштани онҳо, зарба хӯрдани ҳар як узв (аз ҷум-
ла чалақидани майна) давои бебадал аст Инро бо оби
гарм бихӯранд, оруғҳои гуногун (аз ҷумла оруғи
турш), таранг ва беҳаракат мондани узве, даридани
пардаи шикам (ҷурра, дабба) ва дарди рӯдаҳоро дафъ
мекунад.
Аз 4,5 то 7 грамми онро бо шираи тухми харбуза
бихӯранд, инчунин бо шираи тухми хори хасак биёшо-
манд, пешоби бандшударо, ки бо ҳеҷ як даво кушода
нашуда бошад, равон ва кушода мегардонад. Агар бо
оби сунбул бихӯранд. ирқуннасо (радикулит), табҳои
балғамӣ, сустии пайвандҳо ва дардҳои онҳоро шифо
486
мебахшад; бо зирк бихӯранд, варами ботиниро таҳлил
медиҳад.
Як қитъа решаи онро дар даҳан нигоҳ доранду оби
онро фурӯ баранд, барои хун қай кардан, гиреҳ ва
варами узвҳои даруни сина, дамкӯтаҳӣ ва гирифтагии
нафас дору мешавад.
Ҳар рӯз аз решаи хушки кӯфтагии он 4,5 грамм
бихӯранд, дардҳои меъда ва пурбодшавии онро дафъ
мекунад, инчунин оруғро таскин медиҳад. Ва агар
кӯфтаи онро дар бинӣ бирезанд, бемориҳои мағзи сар
ва назларо фоида мебахшад.
Кӯфтаи мазкурро бо сирко хамир карда гузошта
банданд, доғи кунҷидак, шукуфаи пӯст ва доғҳои аз
зарба ва лат хӯрдан ба амал омадаро дур мекунад.
Агар бо орди ҷав, тухми тугмачагул ва тухми гули-
хайрӣ даромехта, гузошта банданд, устухони беҷошу-
даро ба ҷояш мебарад.
Инро кӯфта, бо оби гарм хамир сохта бимоланд,
лат хӯрдагиро ба ислоҳ меоварад, варамҳои сардро
таҳлил медиҳад ва инчунин ҳамаи дардҳоеро, ки аз
гармӣ набошанд, таскин медиҳад; заҳрҳои сардмизоҷ,
хусусан заҳри каждумро дафъ мекунад; агар ба миё-
ни китфон бимоланд, хавфи дар дил афтодаро дафъ
мегардонад.
Кӯфтаи онро бипошанд, реш ва захмҳои тарро хушк
мегардонад.
Мегӯянд, ки решаи ин ҳангоми хӯрдан ба бирози
(саргини) дар дарун шахшуда зарар дорад — давои
ин зарараш шилми бодомҳо хӯрдан аст, ки ислоҳи за-
рар намояд, инчунин ба тифлони заифмизоҷ зиён ме-
кунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи ревоч дар як рӯз
аз 4,5 то 7 грамм аст.
Ба ҷойи ин дар бемориҳои меъда ва ҷигар баробари
якуним вазни он гулисурхро истеъмол кардан раво
мебошад.

213. Болдирғон

Ин растаниро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон куруш
низ меноманд. Гиёҳаш баланд баробари қадди одам
ва баландтар низ, пояаш миёнхолӣ. Ин ду навъ аст:
яке хушбӯй, дигаре бадбӯ. Қисмеро баргаш монанди
барги карам ва он кӯчактар, гулаш чатрӣ монанди
487
гули шибит, вале назар ба гули шибит хеле азим, са-
фед аст.
Самараш баъди расидан сафед паҳни гирдак,
бисёр хушбӯй мебошад. Шилми ин навъашро хилтити
тайиб, яъне хилтити хушбӯ мегӯянд. Ин навъаш асо-
сан дар Эрон мерӯяд. Қисми дуввум баргаш монанди
саҳифаҳои коғази сӯхта пурсӯрох, пояаш заифтар аз
қисми якум. Самари он сиёҳ ва бисёр бадбӯ, ки ин-
ро хилтити бадбӯ, гиёҳи онро камоҳ меноманд ва шил-
ми онро, ки бисёр бадбӯ аст, хилтити бадбӯ мегӯянд.
Навъи якумаш дар ҷоҳои намнок ва низ наздики об
ва чашмаҳо мерӯяд, қисми дуввумаш бошад, дар мав-
зеъҳои даштнамо ҳам месабзад.
Мизоҷи навъи хушбӯйи он дар дараҷаи дуввум гарм
ва хушк аст, вале мизоҷи бадбӯйи он дар саввум гарм
ва қавӣ. Ба қавли баъзеҳо мизоҷи болдирғон ва ка-
моҳро дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк медонанд
умуман.
Хислатҳои шифобахши он: болдирғонро бихӯранд,
зеҳнро сара, ҳофизаро зиёда ва мустаҳкам мекунад;
нисён (фаромӯшхотирӣ), аҳмақию кундфаҳмиро дафъ
месозад; фолиҷ, каҷ шудани рӯй ва сусту нотавон гаш-
тани узвҳоро ба ибро меоварад.
Бинобар дар меъда муддати дароз монданаш ва га-
ронҳазм буданаш меъдаро дағал мегардонад, рутубат-
ҳоро хушк мекунад, таомро сабукҳазм менамояд, бӯйи
даҳанро дигар месозад, меъдаро қувват медиҳад, бал-
ғамро меканад, бодҳоро пароканда мекунад, иштиҳои
таомро бармеангезад; узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз
меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз мебошанд, қавӣ ме-
гардонад, зарари давоҳои бадҳазм ва заҳрнокро дафъ
мекунад, бар зидди заҳр тарёқ мебошад, ҳиккакро
нест мекунад; душвор шошиданро, ки сабабаш зиёд
гаштани балғам бошад, ба ислоҳ меоварад, шир ва
ҳайзро равон мекунад, гурда ва рӯдаҳоро гарм мегар-
донад; боҳро, яъне пушти камарро ба ҳаракат меова-
рад ва дарди буғумҳоро, ки сабабаш сардӣ бошад,
дафъ мекунад.
Болдирғонро дар сирко парварда карда, яъне он-
ро як шабонарӯз дар он тар карда, баъд он сиркоро
истеъмол, намоянд, дар ҳама ҳолат, инчунин сирко-
асали (сиканҷабини) онро, ки асалро бо майи пухтагӣ
пухта бошанд, барои таби дурӯздармиён, табҳои бал-
ғамӣ ва табҳои мураккаб, дарди узвҳои даруни си-
488
на, истисқо ва зардпарвин даво мешавад, инчунин
ҳиккакро, ки аз зиёд шудани балғам дар меъда ба
амал омада бошад, дафъ мекунад; ирқуннасоро шифо
мебахшад. Агар инро бо шароб бихӯранд, бачаи зан-
ҳои ҳомиларо аз шикам зуд меафтонад
Болдирғонро кӯфта гузошта банданд, моддаҳоро ба-
шиддат аз таг ба рӯйи пӯст мекашад; бо мумравған си-
ришта бибанданд, барои ханозер, ҷароҳатҳо ва ирқун-
насо даво мешавад. Агар инро бо равғани зайтун як-
ҷо кӯфта гузошта банданд, кабудии зери чашмро нест
мекунад.
Онро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромех-
та ва бо кӯфтаи пӯсти анор хамир сохта, бимоланд,
бавосирро фоида дорад.
Барги хушкашро кӯфта, ба решҳои хӯранда бипо-
шанд, онҳоро сиҳат мекунад. Агар инро бибӯянд, ба-
рои ҳиккак даво мешавад.
Вале хӯрдани гиёҳи ин ба хичак зарар дорад —
дар ин ҳолат тухми харбузаро бихӯранд, ислоҳи зарар
мекунад; ба рӯдаҳо низ зиёнкор аст—инро бо хӯр-
дани шилми бодомҳо ислоҳ метавон кард, ба одамони
гарммизоҷ ҳам зарар дорад — дар ин ҳолат шарбати
анор ва сиканҷабин бояд бихӯранд.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи он дар як рӯз аз
7 то 9 грамм аст.
Шилми болдирғон ва камоҳ ҳам ду навъ аст: хуш-
бӯй ва бадбӯ. Навъи хушбӯяш шилми болдирғони са-
фед аст, вале бадбӯйи он шилми камоҳ, ки сурхи сиёҳ-
тоб мебошад.
Шайх Довуди Антокӣ навиштааст, ки мегӯянд: чун
зан баъд аз ҳайз бефосила ҳар рӯз 3,5 грамм то як
ҳафта бихӯрад, ҳаргиз ҳомила нахоҳад шуд.
Феъли решааш назар ба қисми рӯйизаминиаш қави-
тар аст. Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳо-
ро таҳлил медиҳад, зиёд гаштани ханозерро манъ ме-
кунад ва даҳани захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мена-
мояд.
Мизоҷи шилми сафеди болдирғон, ки хилтити хуш-
бӯй меноманд, гарм дар аввали дараҷаи чаҳорум ва
хушк дар охири дараҷаи дуввум; мизоҷи шилми ка-
моҳ, ки бадбӯй аст, дар аввали дараҷаи чорум гарм
ва хушк дар саввум аст, ки ҳам қуввати тарёқӣ ва
ҳам хислати заҳрнокӣ дорад.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин бемориҳои
489
аз сардӣ баамаломадаи вобаста ба майна бошанд, мо-
нанди: фолиҷ, ларзак, саръ (припадка), карахтӣ, бе-
ҳаракат мондани узвҳо, саръи тифлон ва монанди ин-
ҳоро шифо мебахшад. Агар инро бо мурч ва судоб би-
хӯранд, барои кузоз (столбняк); бо шароб бихӯранд,
барои бемориҳои асаб дору мешавад. 0,6 грамми он-
ро бо муми занбӯри асал даромехта фурӯ баранд, фо-
лиҷро сиҳат мекунад.
Ин шилмро бо асал даромехта, ба чашм кашанд,
қуввати биноиро зиёда мегардонад ва зардоберо, ки
дар гавҳараки чашм фуромада, ранги гавҳаракро ти-
ра ва чашмро нобино мекунад, дафъ месозад, инчунин
гули чашм ва нохунаки онро нест мекунад.
Ин шилмро дар равғани зайтун ҷӯшонида, он рав-
ғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди гӯш, карии
кӯҳна ва ҷарангҳои гуногуни онро дафъ менамояд.
Агар ин шилмро бо зангор (ярь-медянка) ва зок
даромехта, дар бинӣ андозанд, гӯшти зиёдатиро, ки
дар он пайдо шуда бошад, мехӯрад. Инро батанҳоӣ
ба дандони кирмхӯрда гузоранд, дардашро таскин ме-
диҳад ва кирмашро ҳам мерезонад, инчунин аз берун
бар дандон бимоланд, дардашро сокин мекунад.
Шилми мазкурро бо асал якҷо дар об ҳал карда,
бо ин таркиб ғарғара кунанд, варами забончаи ҳалқ-
ро таҳлил медиҳад; агар бо сирко даромехта ғарғара
кунанд, зулуки дар ҳалқ часпидаро берун меоварад;
бо зардаи тухми мурғ даромехта ғарғара кунанд, сур-
фаи хушк ва дарди паҳлуро дафъ мекунад. Танҳо ху-
дашро дар об ҳал карда, бо он об ғарғара кунанд,
овози гирифтагиро мекушояд, дағалии ҳалқро ислоҳ
мекунад, дард ва варами пардаҳои паҳлуи даруни си-
наро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам бошад, шифо
мебахшад.
Шилми болдирғонро дар об ҳал карда, он обро би-
нӯшанд, овозро мекушояд ва онро соф мекунад.
Агар ин шилмро бихӯранд, ҳар як моддаи дар да-
рун шахшуда ва сахтгаштаро мегудозад, бодҳоро таҳ-
лил медиҳад ва пароканда мекунад; агар инро бо си-
канҷабин бихӯранд, шири шахшударо дар ҳар як ҷойи
бадан, ки бошад, рақиқ (суюқ) мекунад; ва агар бо
шоҳтут, мозу ва инчунин чизҳои турш бихӯранд, исҳо-
ли рутубиро мебандад; бо чормағз ё оби аҷириқ
биёшоманд, дарди рӯдаҳоро, ки сабабаш ҷамъ шудани
бод ва балғам бошад, шифо мебахшад ва қулинҷро,
490
ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, мекушояд; бод-
ҳоро таҳлил медиҳад ва пароканда месозад, ҳамаи
навъҳои кирми меъдаро ихроҷ мекунад, хуни баво-
сирро равон менамояд; сардии меъда, ҷигар ва си-
пурзро ба ислоҳ меоварад, истисқо ва сустии баданро
шифо мебахшад.
Шилми болдирғонро ба миқдори нахӯд ва камтар
мувофиқи бардошти мизоҷ дар миёни хамир гирифта,
нон пухта, баъд фурӯ баранд, ҳамин тариқ бо он му-
довамат намоянд, ҳамаи навъҳои истисқоро, хусусан
истисқои обӣ ва бодиро шифо мебахшад. Агар ин
миқдор шилми онро бо анҷир тановул намоянд, зард-
парвинро дафъ мекунад; бо оби барги зуф биёшоманд,
римҳои дар даруни бадан ҷамъшударо хориҷ мекунад
ва дубайла (кӯряра)-ҳои ботиниро кафонида сиҳат ме-
бахшад.
Шилми мазкурро бо мурч якҷо кӯфта бихӯранд, пе-
шоб ва ҳайзи бастаро мекушояд.
Инро батанҳоӣ занҳо аз таг бардоранд, бачаи он-
ҳоро аз шикам меафтонад.
Варамҳоро чок карда, шилми болдирғонро дар миё-
ни онҳо гузоранд, ҳамаи чизҳои мурдори даруни ва-
рамро ихроҷ мекунад.
Ин шилмро бо анҷири хушк кӯфта, баъд бо сирко
хамир карда, гузошта банданд, шукуфаҳои пӯстро нест
мегардонад; бо мумравған даромехта гузошта банданд,
ҳамаи намудҳои озахро хушк карда мерезонад ва ғуд-
даҳоро таҳлил медиҳад. Агар худашро танҳо гузошта
банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва
риш мӯй мерӯёнад; бо оби хокистар ё оби баҳр даро-
мехта гузошта банданд, гӯшт ва мушакҳои чокшудаи
баданро ба ҳам меоварад. Агар инро ба захми саги
девона газида бимоланд, онро сиҳат мекунад; ба ҷое,
ки инро молида бошанд, ҷонварони заҳрнок наздик
намеоянд, инчунин молиданаш зарари тири заҳрнокро
дафъ мекунад. Бо равғани зайтун даромехта бимо-
ланд, азияти ғунда ва каждумгазидаро дафъ мекунад.
Андакеро аз ин шилми болдирғон дар сӯрохи за-
кар гузоранд, боиси қавӣ гаштан ва тамоман дар ҳа-
ракат шудани он мегардад.
Хӯрдани ин таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад.
Агар инро бо таомҳо бихӯранд, ранги рухсораро неку
мегардонад.
Вале истеъмоли ин ба дарун барои майна ва ҷи-
491
гар зарар дорад — давояш анорҳои хоҳ ширин ва хоҳ
турш хӯрдан аст. Агар ба одамони гарммизоҷ зиён ку-
над, давояш бунафша, нилуфар ва оби себ ошомидан
аст; инчунин ба узвҳои поёни бадан ҳам зарар дорад —
давои ин зиёнаш катиро хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин шилм дар як рӯз аз
миқдори донаи наск то 2 грамм аст.
Агар шилми болдирғон ёфт нашавад, ба ҷояш ре-
шаи ин гиёҳро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Яке аз хислатҳои ин чунин аст, ки агар камеро дар
латта баста, ба даруни об андозанд, кирм дар он пай-
до намешавад. Ҳамчунин дар миёни зироат гузоранд,
ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд. Ва агар ин-
ро ба ҳар чӣ бимоланд, низ ҷонварони зарарнок аз он
ҷо мегурезанд. Камтареро аз он дар решаи дарахте,
ки нест карданаш лозим бошад, бигузоранд, он дарахт-
ро мепӯсонад.

214. Пиёзи ансул

Номи инро барғалат «анзур» мегӯянд, ки ҳатман
таҳриф аст.
Ин гиёҳест кӯҳӣ ва даштӣ, ки баргҳояш монанди
баргҳои савсани кӯҳӣ ва наргис, вале дарозтар аз он-
ҳо, дар сари пояаш монанди сари пиёз гул мекунад.
Барои даво пиёзи қисми заминиашро ба кор меба-
ранд.
Мизоҷи пиёзи ансул дар дараҷаи саввум гарм ва
дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: пиёзи ансулро дар ха-
мир ё латтаи тар печонда, дар қӯри оташ бипазанду
бо шаш миқдори он намак ва камтар равған даромех-
та, 8 грамм аз он ба дили наҳор бихӯранд, дарунро
хуб меравонад ва бемориҳои вобаста ба узвҳои сар,
монанди: лисарғус (летаргия), саръ (припадка), моли-
хулиё (меланхолия), дарди нимсар, дарди сари аз ху-
нукӣ, хоби сахт ва дуру дарози бехудона чарх задани
сар, сиёҳ задани чашм, паридани аъзо, нотавон гашта-
ни узвҳо, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба даро-
зӣ), каҷ шудани рӯ, нисён (фаромӯшхотирӣ)—ҳа-
маашро шифо мебахшад; чашмро қавӣ ва тез меку-
над; ба даруни гавҳарак фуромадани зардобро, ки
чашмро нобино мегардонад, манъ месозад; дарди гӯш,
зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма), сурфаи кӯҳна,
492
дамкӯтаҳӣ, дағалии узвҳои даруни сина — ҳамаашро
ба ибро меоварад; меъда ва ҳалқумро қувват мебах-
шад, хун қай карданро манъ мекунад, хӯрокро нағз
ҳазм мекунад, дар сари меъда истодани таомро дафъ
мегардонад; зардпарвин, истисқо, сахтии сипурз, дар-
ди рӯдаҳо, дарди буғумҳо ва ирқуннасоро (радикулит-
ро) даво мешавад, санги хичакро майда карда мере-
зонад, душвор шошиданро ба ислоҳ меоварад, ҳайзи
занонро равон мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз ши-
кам меафтонад, захмҳои ботиниро шифо мебахшад,
дарди асабҳоро таскин медиҳад, ба ҷоҳои гирдак-гир-
дак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, аъзои ба-
данро аз ахлоти ғафси часпаки бемориовар пок мегар-
донад.
Даворо дар мағзи хамир ё латтаи тар печонида,
дар қӯри оташ пухтанро дар тибби қадима ташвия
мегӯянд ва он чиро, ки бо ҳамин усул пухта шудааст,
машвӣ меноманд.
Чун 4,5 грамм пиёзи ансули машвиро бо асал би-
хӯранд, барои чарх задани сар, сиёҳ задани чашм,
саръ, молихулиё, суст ва нотавон шудани узв ё аъзо,
фолиҷ ва каҷ шудани рӯй фоида дорад.
Ин пиёзро маҳин кӯфта, батанҳоӣ ё бо сиркои ан-
гурӣ хамир сохта, ба сари бемори лисарғус гузошта
банданд, ҳамчунин ба соқҳои пойҳои гирифтори ин ил-
лат ё ба ронҳояш ва ё ба кафи пойҳояш гузошта бан-
данд, моддаи зарарнокро ба худ мекашад ва боиси ба
ҳуш омадану бедор шудани он мегардад.
Як дона пиёзи ансулро бо дучанди он асали каф-
каш гирифташуда пухта бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ,
зиқ-ун-нафас ва гирифтагии овоз давои хубест.
Агар ба даруни як пиёзи ансул ду тухми мурғро
рехта, ташвия намоянд, то тухми мурғ дар он бипа-
зад. Баъд он тухмро ҷудо карда бихӯранд, исҳол мео-
варад, яъне дарунро меронад, иллати замингирро ши-
фо мебахшад. (Замингир — ин бемориест, ки гирифто-
раш барои хестан ва роҳ гаштан қодир нест. Инро то-
ҷикон барҷомонда низ мегӯянд).
Чун 2 грамм аз пиёзи ансул дар асал пухта бихӯ-
ранд, дарди меъда, суҳазм (бадҳазмӣ), зардпарвин,
сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ, аз шуш рим қай кардан,
дарди рӯдаҳо ва банд шудани пешобро дору меша-
вад ва меъдаро қавӣ мегардонад. Ҳамин миқдор аз ин
493
пиёз бо шаҳдоб (асалоб) бихӯранд, барои иллати ма-
хав фоида мебахшад.
Як миқдор оби баргашро гирифта, бо дучанди он
асал ба қивом оварда, мувофиқи бардошти табъ би-
хӯранд, барои дамкӯтаҳӣ ва зиқ-ун-нафас даво мебо-
шад.
Пиёзи ансулро бо ташвия пухта, бо камтар сир
(чеснок) ва намак даромехта, ҳамааш 15 грамм бо-
шад, бо палави равғанӣ бихӯранд, кирмҳои шикамро
ҳар навъ, ки бошанд, дафъ мекунад.
Агар мақсади касе қай кардан бошад, 0,2 грамм
аз пиёзаш ва ҳамин миқдор решаҳояшро гирифта —
ҳар дуро якҷо кӯфта, бо об биёшоманд, сахт қай мео-
варад ва меъдаро аз чизҳои бегона пок мегардонад.
Чун тухми онро бо сирко кӯфта, дар ҳаммом ба
доғи сафеди пӯст, ки бо ҳеҷ як даво сиҳат наёфта бо-
шад, бимоланд, он доғҳоро ҳатман нест мекунад.
Ин пиёзро реза-реза карда, дар равғани савсани
сафед ё савсани кӯҳӣ биҷӯшонанд ба дараҷае, ки пиёз
хушк ва нимсӯхта гардад, баъд он равғанро ба узвҳое,
ки аз таъсири сармо шах шуда бошанд, дарди буғум-
ҳо ва ниқрис бимоланд, ба ибро меоварад; агар дар
гӯш бичаконанд, дардашро таскин медиҳад ва гиреҳ-
ҳои дар пардаҳои он баамаломадаро мекушояд. Ин
равғанро бо муми занбӯри асал ва камтар гӯгирд ҳам-
роҳ карда, ба решаҳое, ки рутубаташон монанди шир
аст ва қӯтури решгашта, инчунин қӯтури хушк, ба хо-
ришҳои пӯст ва сабӯсаки сар бимоланд, сиҳат мебах-
шад. Бо зифт ва ҳино сиришта бимоланд, доначаҳои
хушки ба сари тифлон баромадаро нест мекунад.
Акнун дар омади гап, тарзи тайёр кардани рав-
ғани савсани сафедро баён мекунем. Ба даруни зарфи
шиша то нима равғани кунҷиди тоза мерезанд ва он-
ро аз гулҳои тару тозаи савсани сафед пур карда, ба
офтоб мегузоранд. Вақте ки ранги гул дигар шавад,
яъне бипарад, қувваташ ба равған бигузарад, гулро
фишурда дур мекунанду ба ҷойи он гули нав меандо-
занд. Ҳамин тавр панҷ-шаш маротиба гулҳоро нав ме-
кунанд, баъд равғанро соф карда мегиранд — ҳамин
равғани савсани сафед мебошад.
Агар ин пиёзро пухта, бо сирко хамир сохта гузош-
та банданд, газидани мори афъиро шифо мебахшад.
Бӯйи пиёзи ансул кушандаи магасҳои газанда ме-
бошад ва мушро ҳамон дам ҳалок мекунад.
494
Агар ин пиёзро наздики ток бишинонанд, ангураш-
ро ба ислоҳ меоварад ва агар дар пойи дарахти анор
ва биҳӣ бишинонанд, рехтани гули онҳоро манъ ме-
кунад.
Тухми ансул дарунро мулоим мекунад ва барои
дарди рӯдаҳо, мақъад ва дарди чашм дору мешавад.
Чун тухми ансулро кӯфта, бо сирко хамир карда
ҳабҳо созанд, яъне онро ба андозаи ғӯраи олуча кулӯ-
лаҳо сохта, як адади онро дар миёни анҷири пухтагӣ
гузошта, як рӯзи пурра дар асали рақиқ (суюқ) тар
намоянд, баъд он анҷирро аз асал берун карда бима-
канд, аз болояш оби гарм ё оберо, ки дар он навшо-
дир ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, шадидтарин
қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, дафъ
мегардонад.
Вале хӯрдани пиёзи ансул барои одамони гармми-
зоҷ зарар дорад: ғамгин мекунад, ба асабҳояшон низ
зиён меоварад. Дар ин ҳолатҳо қанд ва набот бояд
хӯрд ё сиканҷабин биёшоманд, зарари онро дафъ ме-
созад. Инчунин шири навдӯшида ва обҳои меваҳо зиё-
ни онро ба ислоҳ меоварад.
Бояд огоҳ кунем: пиёзи ансулро, ки танҳо дар май-
дон рӯйида бошад, набояд бихӯранд, зеро ки вай хис-
лати заҳр пайдо мекунад — мекушад.
Миқдори як бор хӯрдан аз пиёзи ансул дар як рӯз
то 7 грамм аст. Агар аз ин зиёд бихӯранд, зарар ме-
кунад, ҳатто мӯҳлик аст, хусусан ғайримашвии он.
Агар зарар оварад, зудтар қай карда партоянд ва чиз-
ҳои хунукмизоҷ бихӯранд, оби меваҳои сардмизоҷ би-
нӯшанд.
Аз пиёзи ансул равған ҳам тайёр мекунанд ба ин
тариқ:
1. Пиёзи ансулро бо корди чӯбин варақ кунанду аз
он 25 граммашро дар 100 грамм равғани зайтун биҷӯ-
шонанд, то пиёз бипазад. Пас равғанро соф намуда,
дар шиша нигоҳ доранд ва вақти ҳоҷат ба кор ба-
ранд.
2. Равғани ансул ба тариқи дигар. Ансули навро
бо корд варақ-варақ карда, дар равғани зайтун ан-
дохта, чил рӯз дар офтоб мегузоранд.
3. Нусхаи дигари равғани ансул ин тариқ аст. Ан-
сули навро бо корди чӯбин варақ-варақ карда, дар
зарфе ба об андозанд, аз болояш равғани зайтунеро,
ки баъд аз кашида шуданаш шаш сол ва зиёда гу-
495
зашта бошад, дар таносуби ба як ҳиссаи ин пиёз чор
баробар равғани зайтун бирезанд. Баъд бипазанд, то
пиёз муҳарро шавад ва об дар равған намонад. Пас
равғанро соф карда, дар шиша нигоҳ доранд.
Равғани ансулро шаб бар кафи ҳар ду поҳо бимо-
данд ва поҳоро то субҳ ба замин нагузоранд, олати
мардӣ хоб намекунад, тамоми шаб онро бархоста ме-
дорад. Агар то як ҳафта ҳамин амалро баҷо ова-
ранд, аз хислати мардӣ маҳрумшудагонро ба ҳоли ас-
лиашон барқарор мекунад. Барои шах шудан ва дар-
ди поҳо, сармозадагӣ, дарди буғумҳо, ниқрис, дарди
гӯш ва гиреҳи пардаҳои даруни он низ молиданаш
фоида дорад.
Агар ин равғанро ба сар бимоланд, барои иллатҳои
сакта (мурда барин беҳаракат мондан) ва фолиҷ ши-
фо мебахшад, хусусан, ки кӯҳна шавад, қавитар ме-
гардад. Агар аз ин равған миқдори сарро чарб кар-
данӣ гирифта, андаке муми зарди занбӯри асал дар
он гудохта, ба сар бимоланд, бемориҳои зикрёфтаро
шифо мебахшад.

215. Арча

Ин дарахти маълум аст, ки дар кӯҳистонҳо мебо-
шад. Дар тиб аз ҳама бештар самарашро ба кор ме-
баранд. Самараш кулӯла ва каме калонтар аз нахӯд,
дар аввал сабз ва баъди расидан сиёҳ мегардад. Ин-
ро баъди сиёҳ шуданаш ҷамъ мекунанд ва дар соя
хушк карда, дар зарфи маҳкам нигоҳ медоранд. Агар
ҳамин тавр накунанд, зуд кирм мехӯрадаш.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
бисёр форам аст, қувватҳои таҳлилдиҳандаи варамҳо
ва моддаҳои ғализи бадан дорад. Агар гузошта бан-
данд, хушккунандаи решҳои тар мебошад.
Барои нест кардани варами гарми майна ва пар-
даҳои он, фолиҷ, нотавон гаштани ягон узви бадан,
карии гӯш, реш ва захмҳои буни дандон, дамкӯтаҳӣ,
истисқо, бавосир, равон кардани ҳайзи бандшудаи за-
нон, афтонидани бача аз шиками занони ҳомила, ба-
рои нест кардани бӯйи бади захмҳои раддии бадфиол,
барои мӯй рӯёнидан ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрех-
таи сар ва риш, шах шудани узвҳои бадан, дафъ кар-
496
дани доғҳои пӯсти бадан ва таҳлил додани варамҳои
гарм фоида дорад.
Агар барги тари арчаро кӯфта гузошта банданд,
варами гарми майна ва пардаҳои онро, ки дар тибби
ҳозира менингит меноманд, дафъ мекунад.
Самарашро бихӯранд, барои иллати фолиҷ ва нота-
вон шудани ягон узви бадан шифо мебахшад.
Самари арчаро дар равғани кунҷид то сиёҳ гашта-
ни равған биҷӯшонанд ва баъд он равғанро соф на-
муда, нимгарм дар гӯш чаконанд, карии гӯшро бағо-
ят фоида дорад.
Ин самари арчаро маҳин кӯфта, бо асал хамир
карда, ба дандон ва милки он бимоланд, ҷароҳати бе-
хи дандон ва бадбӯйии бодхӯрдаи онро дур мекунад.
35 грамм самари арчаро маҳин кӯфта, бо 18 грамм
равғани гов ва 18 грамм асал хамир карда, лесида би-
хӯранд, барои иллатҳои дамкӯтаҳӣ ва бавосир даво
мешавад. Агар самари арчаро танҳо дар об ҷӯшонида,
он обро бинӯшанд, боди меъдаро дафъ мекунад ва ис-
тисқоро шифо мебахшад; ҳайзи бандшудаи занҳоро
мекушояд, инчунин бачаи онҳоро аз шикам меафто-
над. Агар кӯфтаи инро бо асал хамир карда, занҳо
аз таг бардоранд, низ таъсираш ҳамин тавр аст.
10,5 грамм самари арчаро кӯфта бихӯранд, тамоми
кирмҳои меъдаро мекушад.
Чун 35 грамм самари арчаро аз тухмаш пок карда,
дар зарфе аз болояш он миқдор равғани гов бире-
занд, ки онро бипӯшонад, баъд дар оташ ба дараҷае
бипазанд, ки равғанро тамоман ба худ ҷазб намояд,
пас сойида, бо 35 грамм қанди сафед кӯфта даромехта,
ҳар пагоҳ ба дили наҳор одамони сардмизоҷ бо оби
гарм бихӯранд, дардҳои поёни бадан ва бавосирро ши-
фо мебахшад ва ҳамаи кирмҳои рӯдаҳоро мерезонад.
Самари инро кӯфта, ба захмҳои даванда ва хӯранда
бипошанд, онҳоро хушк ва сиҳат мекунад, вале агар
ба ҷароҳатҳо бипошанд, даҳани онҳоро ба ҳам мео-
варад, инчунин захмҳои бадбӯгаштаро ба ибро меова-
рад.
Кӯфтаи онро бо асал сиришта, ба захмҳои даванда
гузошта банданд, давидани онҳоро манъ мекунад ва
намегузорад, ки пӯст сиёҳ гардад.
Инчунин баргашро кӯфта, ба варамҳои гарм гу-
зошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад ва сиёҳии
пӯстро дафъ мегардонад, инчунин доғи сурхро, ки
497
баъд аз беҳ шудани захм боқӣ монда бошад, дур ме-
кунад. Агар ин баргро бо анҷир якҷо кӯфта, ба узв-
ҳои шахшуда гузошта банданд, онҳоро ба ҳоли аслии
сиҳаташ меоварад.
Самарашро кӯфта, бо сирко хамир карда, ба ҷо-
ҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш бимоланд,
мӯй мерӯёнад.
Миқдори як бор хӯрдан аз самари арча дар як
рӯз то 10,5 грамм аст. Агар ёфтани ин муяссар нагар-
дад, ба ҷойи ин ғӯраи сарвро метавон истифода кард.
Аммо инро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба меъда ва ҳал-
қум зарар мекунад. Дар ҳолати зарар карданаш асал
бихӯранд, ислоҳи он газанд менамояд.
Аз самари арча равған ҳам тайёр мекунанд ба ин
тариқ:
1. 60 адад самари арчаро дар 300 грамм равғани
кунҷид ё равғани зайтун бирён мекунанд, то он са-
марҳо сӯхта гарданд. Баъд равғанро соф намуда, дар
вақти ҳоҷат ҳангоми холӣ будани меъда аз таом, ан-
даки онро гарм намуда, чанд қатра дар гӯш чако-
нанд, кариро дафъ мекунад.
2. Самари арчаро нимкӯфта дар равғани зайтун
биҷӯшонанд, то равған сиёҳ шавад ва баъд равған-
ро соф карда бигиранд. Ин ҳам равғани тухми арча
аст, ки монанди равғани боло зикрёфта хосият дорад,
яъне ҳамаи навъҳои кариро сиҳат мекунад.

216. Газ

Газ хелҳои гуногун дорад: баъзе босамар, баъзе
бесамар; баъзеаш пуштиранги майда дар хӯша гул
мекунад ва баъзеаш гул намекунад. Баргаш монанди
барги арча. Беҳтаринаш дар канорҳои обҳои ширин
рӯйидан он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст, вале
баъзеҳо сардии мизоҷи онро дар дараҷаи дуввум ме-
донанд.
Хислатҳои шифобахши он: решаашро дар равғани
зайтун пухта, ҳар дуро, яъне реша ва равғанро бихӯ-
ранд, иллати махавро, ки аз варами заҳрнокии сипурз
ва аз гиреҳ пайдо кардани ин узв ҳодис шуда бошад,
шифо мебахшад; агар решаи онро бо сирко пухта би-
хӯранд. зардпарвинро, ки сабабаш сустии заҳрадон
ва банд шудани моддаи сафро дар он бошад, дафъ
498
мекунад. Барои кушодани гиреҳҳо ва таҳлил додани
варами сахти ҷигар ҳар рӯз 150 грамм сиркоеро, ки
решаи газ ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, шифо ме-
бахшад.
Баргҳояшро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан
гардонанд, дандон ва милки онро мустаҳкам меку-
над. Ва агар ин обро биёшоманд, исҳолро банд месо-
зад ва рафтани хунро аз бачадон мебандад, инчунин
рафтани рутубатро аз он хушк мекунад.
Усораи барги онро, яъне оби барги онро дар оф-
тоб ғафс гардонида ё баргҳояшро дар об ҷӯшонида,
он обро, ё гулаш ва ё тухмашро биёшоманд, сипурзи
сахти беҳад васеъгаштаро кӯчак мегардонад, хусусан
онро дар сирко ва бо анҷир ҷӯшонида бошанд, зудтар
таъсир мекунад.
Ҳар як қисми газро дар об ҷӯшонида, дар он об то
ноф даромада нишинанд, хунравиро аз мақъад, бача-
дон ва инчунин аз бавосир манъ мекунад. Агар бо он
об сарро бишӯянд, шапуш ва ришкро дафъ месозад.
Баргҳояшро пухта, кӯфта, бо сирко ва решаи ка-
вар ё сабир (алоэ) хамир сохта гузошта банданд, ва-
рами гарм ва сахтии сипурзро таҳлил медиҳад. Ин
баргҳои пухтагиро аз рӯ гармбандӣ кунанд, иллатҳои
сипурзро дафъ мекунад.
Гази хушкро кӯфта бипошанд, решҳои тар ва зах-
ми обилаи дар оташ сӯхтагиро хушк мекунад.
Шох ва баргҳои онро сӯхта, дудашро бигиранд, зу-
комро шифо мебахшад, зулуки дар ҳалқ мондаро их-
роҷ мекунад ва инчунин обила ва захмҳои тарро хушк
мегардонад.
Се дафъа баргашро сӯхта, мақъадро ба дудаш би-
доранд, донаи бавосирро меафтонад ва озахҳоро хуш-
конида мерезонад.
Хокистари чӯби газро дар мақъад бардоранд, ил-
лати сустии мақъад (кӯтан) ва баромадани онро ба
ибро меоварад. Агар инро бипошанд, решҳои тарро
хушк мекунад ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Самари газро кӯфта бихӯранд, хун қай карданро,
ки кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад, милкҳои сус-
ти дандонро мустаҳкам мекунад ва фасоди ҳавои ва-
боиро дафъ менамояд, инчунин заҳри ғундаро аз ба-
дан хориҷ мегардонад.
Агар аз зарфи чӯби газӣ об ва таом бихӯранд, ба-
рои бемориҳои сипурз фоида дорад.
499

217. Гази калони кӯҳӣ

Ин дарахт дар кӯҳистонҳо мерӯяд, баландиаш зи-
ёдтар аз дарахти шафтолу, вале сершох мебошад. Бар-
гаш монанди баргҳои гази оддӣ ва арча аст, бе гул
мебошад; самараш ба андозаи нахӯде, сабзи зардтоб.
Таъми баргаш ҳам, самараш ҳам ба тунҷӣ моил ва
каме талхӣ низ дорад. Самараш аз гиреҳҳои шохи он
пайдо мешавад, дар фасли тобистон расида мегардад,
даруни он тухмҳои резаи ба ҳам часпида дорад.
Мизоҷи шоху баргҳояш дар дараҷаи якум сард ва
дар дуввум хушк аст, вале мизоҷи самараш дар дара-
ҷаи дуввум сард ва дар саввум хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: барг ва навдаҳои онро
бихӯранд, дарунро аз чизҳои бегона ва нодаркор пок
мекунад, гиреҳҳои дар сипурз пайдошударо мекушо-
яд, ҷигарро қавӣ мегардонад ва варами онро таҳлил
медиҳад; барои иллати махав ва сиёҳ кардани мӯйи са-
федшуда нафъ дорад. Агар онро дар об ҷӯшонида, он
обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин ме-
диҳад.
Онро сӯхта, ба дудаш ва дар об ҷӯшонида, ба бу-
хораш бидоранд, каҷ шудани рӯйро ислоҳ мекунад.
Реша, шоху навдаҳо ва барги онро дар об ҷӯшони-
да он обро бинӯшанд, гиреҳҳои сипурзро мекушояд
ва варами ин узвро таҳлил медиҳад, мӯйи сафедшударо
сиёҳ менамояд, барои иллати махав дору мешавад.
Агар онро дар сирко ё дар шароб ҷӯшонида, он сирко
ё шаробро бинӯшанд, ҷигарро қувват мебахшад ва
варами онро мегардонад. Ва агар инро кӯфта, аз рӯ
гузошта банданд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад.
Онро сӯхта, ба дудаш то ҳафт дафъа бидоранд,
каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад, донаҳои дами-
даи иллати нағзакро мерезонад; бавосир ва ҷӯшиш-
ҳои майдаи пӯстро, ки зардоб аз онҳо таровиш кунад,
шифо мебахшад.
Хокистарашро ё оберо, ки ҳар як қисми гази кало-
ни кӯҳӣ ҷӯшонида шуда бошад, бимоланд, мақъади ба-
ромада (кӯтани беруномадаро) ба ҷояш мебарад, мӯй-
ро қувватнок мекунад. Хокистарашро ба ҷое, ки хун
рафтан дошта бошад, бипошанд, хунро зуд манъ меку-
над.
Миқдори як бор хӯрдан аз обе, ки дар он гази ка-
лон ҷӯшонида шуда бошад, дар як рӯз 250 грамм аст.
500
Агар оби баргашро нӯшиданӣ бошанд, 130 грамм ошо-
мидан кофист.
Вале истеъмоли ин ба дарун меъдаро заиф мегар-
донад. Дар ин ҳолат шилми бодомҳоро бихӯранд, зиё-
наш ислоҳ меёбад.
Агар гази калони кӯҳиро ёфтан душвор гардад, ба
ҷойи ин самари сарвро истифода баранд, раво мебо-
шад.
Самари ин газ назар ба маҳсулоти дигари дарах-
таш бештар давогӣ дорад. Онро бихӯранд, моддаҳои
зарарноки аз ҷоҳои дигари бадан ба узв рехташаван-
даро рад мекунад; милки дандон, чашм, меъда, ҷигар
ва сипурзро қавӣ мегардонад; рафтани хунро аз ҳар
ҷойи аъзо, ки бошад, инчунин хун қай карданро манъ
мекунад, намегузорад, ки назла аз сар ба поён фуро-
яд, исҳолҳои сафровӣ ва рутубиро банд менамояд,
зардпарвинро дафъ мекунад, рутубати беҷо равонша-
вандаи бачадонро хушк мегардонад.
Самари инро як шабонарӯз дар гулоб тар карда,
баъд он гулобро соф намуда, дар чашм чаконанд, мод-
даҳои ба чашм фурояндаро пас мегардонад, ба пилк-
ҳои чашм қувват медиҳад, инчунин чашмро тез меку-
над. Ва агар онро дар об ҷӯш дода, он обро дар да-
ҳан гардонанд ва ё худашро батакрор бихоянд, милки
дандонро мустаҳкам месозад, дандонро аз хӯрда шу-
дан нигоҳ медорад ва агар он ҷунбонак бошад, сахт
менамояд. Агар инро бихӯранд, барои хун қай кар-
дан, иллатҳои дамкӯтаҳӣ, бевақт равон шудани ҳайз
ва хуни бавосир даво мешавад: хунравиро аз ҳар узв,
ки бошад, манъ мекунад; намегузорад, ки назлаҳо аз
боло ба пойини бадан рехта шаванд, инчунин исҳолҳои
сафровӣ ва рутубиро манъ мекунад. 25 граммашро
дар об ҷӯш дода ё дар оби гарм як шабонарӯз тар
карда, он обро бо шакар ширин карда бинӯшанд, зард-
парвинро дафъ мекунад; қуввати заҳри ғундаро ме-
шиканад, агар газида бошад; қӯтури тарро сиҳат ме-
бахшад, рутубати бемаврид ва бисёри равоншаван-
даи бачадонро хушк мекунад ва дар мизоҷи тифлон
барои дафъи рутубати ғализи бадбӯйи онҳо доруи ху-
бест; ранги рӯйро пок, неку ва тару тоза мегардонад:
бадани беморони силро фарбеҳ месозад ва баъд аз он
ҳафт рӯз ё зиёда дар дӯғ катиро ҳал карда, бо 25
грамм самари ин дарахт пай дар ҳам биёшоманд ва
аз болояш нони тунуки аз орди маҳини гандум тайёр-
501
кардаро кӯфта бихӯранд, бисёр фарбеҳ мегардонад,
инчунин ранги рӯйро пок, неку ва баравнақ месозад.
Хулласи калом ин аст, ки чун касеро дар баданаш
рутубати мурдор бошад, инро бихӯранд, баданро оз он
пок месозад ва меъдаро қавӣ мегардонад. Касеро, ки
меъда ва баданаш аз моддаҳои бегона пок бошад,
агар бихӯрад, онро қувват мебахшад, фарбеҳ меку-
над; исҳол, пешобравии беиродӣ, инчунин бемаврид
равон шудани ҳайзро манъ мекунад. Агар инро дар
зарфе битафсонанд, то он, ки бӯяш барояд, онро бо
35 грамм гулнор ҳар дуро якҷо кӯфта бихӯранд ва ду-
се ҳафта ҳамин миқдор истеъмол намоянд, исҳолро
манъ мекунад ва равон шудани хунро бозмедорад.
Агар асабҳо нотавон гашта бошанд, инро кӯфта гу-
зошта банданд, ба ибро меоварад. Агар инро дар об
ё дар сирко ҷӯш дода, баъд кӯфта аз рӯ гузошта бан-
данд, варами сипурзро мегардонад. Ва онро дар об
ҷӯш дода, бо он об бишӯянд, қӯтури тарро шифо ме-
бахшад, ранги рӯйро неку мегардонад, шапушҳоро
нест мекунад. Агар инро кӯфта бипошанд, хуни ҷа-
роҳатҳоро аз рафтан манъ месозад, гӯшти зоиди он-
ҳоро мехӯрад. Ва агар кӯфтаи онро занҳо аз таг бар-
доранд, рутубати беҷо, равони андоми шарм ва бача-
донро нест менамояд.
Чӯби гази калонро сӯхта, ба дудаш бидоранд, ба-
рои одамоне, ки рӯяшон каҷ шуда бошад, нафъ меку-
над.
Аммо хӯрдани гази кӯҳӣ ва самари он ба сар за-
рар дорад. Дар ин маврид тухми сабзии саҳроиро би-
хӯранд, зиёнашро ислоҳ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз самари он дар як рӯз
аз 7 то 15 грамм аст. Агар самари гази калони кӯҳӣ
ёфт нашавад, ба ҳамон вазн мозу ҷойи онро гирифта
метавонад. Агар мозу ҳам дастрас нагардад, қисми да-
руни анор ба ғайр аз донаҳояшро ба ҷойи ин истеъмол
намоянд, раво мебошад.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!