Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 148-157


148. Обсабз

149. Шумгиёҳ

150. Оқирқирҳо

151. Наск

152. Зардчӯба

153. Сарсабил

154. Мозу

155. Мармиҷон

156. Челон

157. Ангур

148. Обсабз

Инро дар баъзе мавзеъҳо тоҷикон ҷома (чапон)-и
қурбоққа ҳам меноманд, дар обҳо, одатан, пайдо меша-
вад. Беҳтаринаш он аст, ки дар обҳои ширин ба ҳам
расида бошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: онро кӯфта, батанҳоӣ ё
бо орди ҷав якҷо карда гузошта банданд, хунравиро
аз ҳар узве, ки бошад, манъ мекунад, сурхбодро дафъ
менамояд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад; табҳои
гарм, ниқрис (подагра) ва ҷурраи (даббаи) кӯдакон-
ро шифо мебахшад. Агар инро дар равғани зайтун
ҷӯшонида, гузошта банданд, асабҳоро башиддат муло-
им мекунад.
Чун обсабзро дар равғани зайтун ҷӯшонида фурӯ
баранд ва аз болояш оби гарм бинӯшанду қай кунанд,
зулуки дар гулӯ часпидаро ихроҷ мекунад.
Обсабзи хушкро кӯфта бихӯранд, исҳоли сафрови-
ро мебандад.
Он чӣ обсабзеро, ки монанди ришҳо бошад 3,5
грамм аз он бо се-чор дона мурч ва камтар тамокуи
хушк, ки ҳамаро бо оби чилим маҳин сойида, ҳабҳо
баста, субҳ ба дили наҳор фурӯ баранд, барои ҳамаи
иллатҳои сипурз, ки аз хӯрдани алафҳои бисёр бемо-
рӣ ба он расида бошад, шифо мебахшад.

149. Шумгиёҳ

Ин гиёҳест аз ҷинс ва монанди занбӯруғи ба за-
мин фурӯрафта, ки навъҳои сурх ва сафед дорад. Гиё-
ҳаш монанди барги печида ғӯлашакл. Ин дар байни
358
нахӯдзор ва баъзан дар байни палакҳои харбуза ва
каду бармеояд. Таъми сурхи он ширин — инро мехӯ-
ранд, вале таъми навъи сафеди он талх — инашро на-
мехӯранд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, ис-
ҳолро манъ мекунад ва хуни рафтаистода, инчунин
арақро банд менамояд; ҷигар ва меъдаро қувват ме-
бахшад ва сустии меъдаро ба ислоҳ меоварад; монда-
гиро хориҷ ва моддаҳои гарммизоҷро аз дохил гаш-
тан радд мекунад, сахтиҳоро таҳлил медиҳад, буғум
ва пайвандҳои сустгаштаи баданро мустаҳкам мегар-
донад. Барои банд кардани хуни рафтаистода ва арақ
гузошта банданд, низ ҳамон таъсирро дорад.
Чун инро бо шири бузи навдӯшида бипазанд ё бо
дӯғи ҷуғроти гов биёшоманд, барои қувват бахшидани
меъда ва ҷигари сустгашта давост.
Вале истеъмоли ин ба дарун барои шуш зарарнок
аст —давои ин зарараш шакар хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз шумгиёҳ дар як рӯз то
7 грамм аст.
Ба ҷойи ин сеяк вазнаш мозу, нисф вазни он пӯчоқи
сӯхтаи тухми мурғ ва баробари вазни он шилми бо-
домҳоро бихӯранд, ҷоиз мебошад.

150. Оқирқирҳо

Ин гиёҳест, ки дар ҳамаи кӯҳистон ва баландиҳои
Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон мерӯяд. Ре-
шааш, ки дар тиб ҳамин қисмаш истифода мешавад,
ба дарозии ангуште, каме бориктар аз он, хушбӯ ме-
бошад. Қуввати он то ҳафт сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: решаи инро кӯфта гу-
зошта банданд ва инчунин хушкашро кӯфта бипо-
шанд, гиреҳҳоро мекушояд, майна ва узвҳои онро аз
моддаҳои бегона пок мегардонад, баданро аз балғам
пок месозад.
Агар инро бихӯранд, барои бемориҳои каҷ шудани
рӯй, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), лар-
зак, кузоз (столбняк), сустӣ ва лукнати забон, дарди
узвҳои даруни оина, дарди дандон ва буғумҳои бадан,
359
ирқуннасо (радикулит), истисқо (водянка) даво ме-
шавад, боҳи одамони хунукмизоҷро қувват мебахшад,
балғамро бо исҳол дафъ мекунад; пешоб, ҳайз, шир ва
арақро равон месозад, табҳоро шифо мебахшад ва ғай-
ра.
Агар сойидаи онро бо равғани зайтун сиришта би-
моланд, гузоз, карахтӣ, нотавон ва суст гаштани узв-
ҳо ва беҳиссии аъзоро дафъ мекунад. Агар инро дар
об ҷӯшонида, дар он об даромада нишинанд, низ, аз
иллатҳои номбаршуда наҷот меёбанд.
Кӯфтаи хушки онро ба тораки сар бипошанд ё би-
моланд, майнаро гарм мекунад, назларо аз пайдо шу-
дан манъ месозад ва барои иллати саръ, ки аз ҷамъ
шудани моддаи ғализ дар майна бошад, даво меша-
вад. Агар инро бо мустако пай дар пай бихоянд, низ
ҳамин таъсирро дорад.
Хушки онро кӯфта, бо воситаи найча дар бинӣ пуф
кунанд, бастагиҳои сари бинӣ ва сӯрохи биниро меку-
шояд. Кӯфтаи инро бо равғани гулисурх даромехта
дар бинӣ бирезанд, дарди нимсар, дарди сари балға-
мии шадидро дафъ мекунад.
Чун решаи оқирқирҳоро як шабонарӯз дар сирко
тар карда, ба зери дандони дарднок гузоранд, дарди
онро таскин медиҳад. Чун онро бихоянд ё хушкашро
кӯфта, ба таги забон бипошанд, рутубатҳоро аз он ҷо
мекашад ва лакнати забонро дафъ мекунад.
Чун пухтаи онро дар даҳан нигоҳ доранд, дандони
ҷунбонакро мустаҳкам мегардонад. Агар инро дар об
ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта, дар даҳан би-
гардонанд ё бо он об ғарғара кунанд, дарди гулӯ, аф-
тодани забончаи ҳалқ ва сустию нотавонии забонро,
ки сабабаш ҷамъ шудани балғам дар ин мавзеъ бо-
шад, шифо мебахшад.
Сойидаи хушки онро бар бадан бимоланд, арақ мео-
варад.
Решаи оқирқирҳоро ба гардан овезанд, саръи (при-
падкаи) тифлонро шифо мебахшад.
Решаи хушки онро маҳин ос карда, бо асал хамир
сохта, лесида бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз оло-
йишҳо пок мегардонад, дарди узвҳои даруни сина, сур-
фаи сарди кӯҳнаи балғамӣ ва сардии меъдаро ба иб-
ро меоварад, инчунин балғамро аз меъда хориҷ месо-
360
зад; боҳи одамони сардмизоҷ ва тармизоҷро зиёда ме-
гардонад.
1,75 грамм хушки онро биёшоманд, балғамро бо
оҳистагӣ бо исҳол дафъ мекунад.
Кӯфтаи онро бо равғани зайтун сиришта, пеш аз
гирифтани таб бар тамоми бадан бимоланд, табро
нест менамояд.
Чун пеш аз муҷомаат равғани оқирқирҳоро ба за-
кар бимоланд, онро мустаҳкам мегардонад ва шаҳват-
ро бармеангезад, инчунин дар ин амал лаззат мебах-
шад, вале маниро зуд фурӯд меоварад, агар ҳаминаш
мурод бошад.
Оқирқирҳоро маҳин кӯфта, бо об ва орди боқило
хамир карда, онро ба даруни халтачаи матоӣ моли-
да, закар ва хояҳоро дар он ҷо карда, як рӯзи комил
ҳамон тавр бигузоранд ва ҳамон тавр бидоранд, дар
одамони сардмизоҷ боҳро афзун мегардонад ва барои
касоне, ки дар хояҳои худ мавҷуд будани сардиро ҳис
мекарда бошанд, давои аҷиб мешавад.
Оқирқирҳоро бо навшодир маҳин ос карда, ба ко-
ми даҳан бимоланд, онро аз сӯхтани оташ манъ меку-
над, инро ҳамин тавр бозингарон истеъмол мекунанд.
Чун оқирқирҳоро дар хамир бипазанд, то он, ки
монанди хамир гардад, баъд онро ба дандони кирм-
хӯрда бигузоранд, кирмашро мерезонад.
Вале ба дарун истеъмол кардани оқирқирҳо ба
шуш зарар дорад —давои ин зиёнаш катиро хӯрдан
аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз оқирқирҳо дар як рӯз
то 3 5, грамм аст.
Аз оқирқирҳо равған ҳам тартиб медиҳанд ба ин
тариқ. 25 грамм решаи хушки онро кӯфта, дар 300
грамм об то 25 грамми он об мондан биҷӯшонанд
Баъд хуб молида, аз матои бофташ зич гузаронида
соф карда, бо 50 грамм равғани зайтун бо оташи му-
лоим то тамом бухор шуда рафтани об биҷӯшонанд,—
аз ҷӯш, ки монд — ин аломати тамом гаштани об аст.
Ин равғани оқирқирҳо ҳисоб меёбад. Дар шиша нигоҳ
доранд ва вақти ҳоҷат ба кор баранд.
Агар инро бимоланд ва биёшоманд, ҳамаи бемори-
ҳои аз сардӣ содиргаштаро, аз ҷумла карахтӣ, каҷ шу-
дани рӯй, фолиҷ ва ғайраро шифо мебахшад, табҳои
хунукро дафъ мекунад, боҳро қавӣ мегардонад; дарди
361
сар, дарди нимсар, инчунин саръро, ки ҳама аз сардӣ
бошанд, дафъ менамояд, майнаи хунукро қувват ме-
бахшад.

151. Наск

Ин растанӣ ду навъ аст: саҳроӣ ва бӯстонӣ, ки зи-
роат мекунандаш. Тухми саҳроии он назар ба бӯстони-
аш майдатар ва гирдак мешавад, вале тухми бӯстонӣ-
зироатии он кулӯла не, балки паҳнтари гирдак ва ка-
лонтар аз саҳроӣ мебошад, саҳроияш талх аст.
Мизоҷаш дар гармиву сардӣ моил ба эътидол ва
дар дараҷаи дуввум хушк аст. Ба қавли баъзеҳо дар
дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусияти поккунан-
дагӣ дорад, боднок, дерҳазм, хуни савдовӣ ва худи
савдоро дар бадан пайдо мекунад; фишори баланди
хунро паст мегардонад ва хунро ғафс менамояд, инчу-
нин ҳаракати хунро дар рагҳои бориктарин манъ ме-
кунад, боиси дидани хобҳои бад ва мушавваш, инчу-
нин сабаби торикии чашм мегардад.
Наскро бо юнучқаи зардак якҷо кӯфта гузошта
банданд ва бо оби биҳӣ ё бо равғани гулисурх сириш-
та гузошта банданд, назла ва варамҳои гарми чашмро
дафъ мекунад. Инро бо сирко пухта гузошта банданд,
барои варамҳои гарм, шаро (аллергия). сурхбод ва
ханозер (хукгардан) даво мешавад; ва агар танҳо бо
об пухта гузошта банданд, назлаҳоро манъ мекунад.
Агар сӯхтаи онро бимоланд, сустӣ ва гаронии пилкҳои
чашмро шифо мебахшад, дандонҳоро сафед мегардо-
над.
Наскро дар об ҷӯшонида, бо он об ғарғара кунанд
ё он обро дар даҳан гардонанд, пухтани даҳан ва дар-
ди гулӯро шифо мебахшад ва агар ба ин об оби шоҳ-
тут илова намоянд, зудтар асар мекунад.
Хӯрдани наск барои бемориҳои узвҳои даруни си-
на, шуш, сурфа ва дарди узвҳои даруни сина даво ме-
гардад.
Сӣ адад наски муқашшарро фурӯ баранд, вайрон
шудани феъли меъдаро ислоҳ мекунад.
Наскро бо сирко муҳарро пухта бихӯранд, меъдаро
қувват мебахшад, боднок намекунад, вале бе сирко
пухта бихӯранд, бодангез аст.
362
Наскро кӯфта, бо оби карами тоҷикӣ хамир сохта
гузошта банданд, варами пистонро мегардонад ва ши-
ри дар он шахшударо таҳлил медиҳад; агар онро бо
асал хамир карда гузошта банданд, захмҳои чуқур ва
фурӯрафтаро шифо мебахшад.
Хоми онро ҳангоми дар пӯсташ будан бо чанд до-
на мурч кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил
медиҳад ва дарди онҳоро низ сокин мекунад.
Агар онро бо пӯсташ пухта бихӯранд, ҳамаи навъ-
ҳои нағзакро (гулакро) шифо мебахшад, хусусан бо
сирко ё бо оби ғӯраи ангур пухта бошанд, дар ин бо-
бат қавитар мегардад. Аз он оши суюқ пухта, турш
карда, бо равғани бодоми ширин барои одамони аз
беморӣ навхеста ҳамчун ғизои сабук дода мешавад
ва инчунин пеш таб мегирифта бошад, дигар наме-
гардад.
Наскро кӯфта, бо сафедаи тухми мурғ хамир сохта
гузошта банданд, доначаҳои мӯрчагазак, сурхбод ва
кафидагии пойро шифо мебахшад; чун бо сирко пухта
гузошта банданд, аз таъсири сармо кафидани пӯст, ха-
нозер ва варамҳои сахтро сиҳат мебахшад; инро бо
равғани гулисурх сиришта бибанданд, варамҳои меъ-
даро таҳлил медиҳад; бо орди тафсонида даромехта
гузошта банданд, ниқрис (подагра)-ро шифо мебах-
шад.
Наскро бо тухми харбуза якҷо кӯфта гузошта бан-
данд, башараро аз ҳар гуна доғҳо пок месозад ва зар-
дии рухсораро дафъ мекунад.
Хӯрдани наск ба одамони савдовимизоҷ, меъда ва
чашми заиф, гирифтори иллатҳои қулинҷ, бавосир ва
душвор пешобкунанда зарар дорад. Агар наскро бис-
ёр ва бардавом бихӯранд, дар бадан хуни савдовӣ пай-
до мекунад, хунро месӯзонад, чашмро хира мегардо-
над, ба иллати молихулиё гирифтор мекунад, мумкин
аст иллатҳои саратон ва махавро ба амал оварад ва
инчунин варамҳои сахтро ба ҳам мерасонад; агар хӯ-
роки наскиро бо шириниҳо бихӯранд, ба иллатҳои ис-
тисқо, қулинҷ, бавосир ва душвор шошидан гирифтор
мекунад, ҳатто пешобро мебандад, ҳайзро қатъ мена-
мояд, баданро қоқ месозад, боҳро ҳам сокин меку-
над, инчунин боиси дидани хобҳои мушавваш мегар-
дад, чашмро торик мегардонад. Давои ҳамаи ин зиён-
ҳояш наскро муҳарро пухта, бо равғани кунҷиди то-
363
за ё бо равғани бодоми ширин ва ё бо сирко ва гӯшти
фарбеҳ пухта хӯрдан аст. Бадтарини ҳамаи он бо мо-
ҳии намакин хӯрдан мебошад.
Ба ҷойи наск мошро истеъмол фармоянд, раво ме-
бошад.
Оберо, ки дар он наски бӯстониро бо пӯсташ пухта
бошанд, биёшоманд, дарунро мебандад ва ҳайзу пе-
шобро кам мекунад, вале оби пухтаи саҳроияш баръ-
акси он: ҳайз ва пешобро равон месозад, исҳол меова-
рад.

152. Зардчӯба

Зардчӯба ду навъ аст: кӯчак ва калон. Навъи хур-
дашро момирон меноманд, ки ин зардчӯба нест. Вале
бузурги он решаи гиёҳест, ки пояаш то 1,5 метр мехе-
зад. Пасту баланд рӯйидани он ба обу ҳаво ва қувва-
ти хок вобаста аст. Баргаш васеъ ва дароз-дароз, қа-
риб ба барги банан дар бузургӣ аст, гулаш зард, дар
хӯша ба қадри як ваҷаб, тухмаш сиёҳранг ва бисёр
майда, решааш зард, ки зардчӯба худи ҳамин решааш
мебошад. Ҳамин решаашро аз пӯст ҷудо сохта, дар
соя хушк мекунанд. Дар кӯҳистонҳо мерӯяд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар 3,5 грамми онро бо
шароби сафед ва бо ҳамвазни он арпабодиён биёшо-
манд, чашмро равшан мегардонад, гиреҳи ҷигарро ме-
кушояд, истисқо ва зардпарвинро даво мешавад. Онро
андак бирён карда, нимгарм бихоянд, дарди дандон-
ро таскин медиҳад.
Агар инро чун гард маҳин ос карда, монанди сур-
ма ба чашм кашанд, қӯтури чашм ва гули тунуки он-
ро, ки пайдо шуда бошад, дафъ мекунад, чашмро ка-
вӣ мегардонад. Оби онро дар офтоб қивом кунанд,
яъне ғафс гардонанд, онро усораи зардчӯба меноманд.
Усораи инро ба чашм кашанд, рӯшноии чашмро ме-
афзояд, гули дар он афтодаро бартараф мекунад.
Кӯфтаи онро бипошанд, решҳоро хушк ва дарду
варами онҳоро дафъ мекунад, инак, аҳли Ҳиндустон
баъди ҳиҷомат кардан, яъне баъд аз хун гирифтан,
кӯфтаи онро ба он ҷойи ҳиҷомат мемоланд. Кӯфтаи он-
ро бо шароб хамир сохта гузошта банданд, доначаҳои
мӯрчагазак ва решҳоро сиҳат мебахшад.
364
Агар инро дар оташ тафсонида, бо он гармбандӣ
кунанд, дардҳои гуногунро сокин мекунад ва варами
ҷойи хун гирифтаро таҳлил медиҳад.
Оби гули онро бимоланд, доғҳои кунҷидак ва доғи
сафеди пӯстро дафъ мекунад, инчунин дигар доғҳоро
ҳам барҳам медиҳад.
Зардчӯбаро ба дарун бо камоли эҳтиёт ва дар ҳад-
ди меъёр истеъмол бояд кард, зеро барои дил хеле за-
рарнок аст. Давои ин зиёнаш оби лиму нӯшидан ме-
бошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз зардчӯба дар як рӯз то
7 грамм аст. Ба ҷойи ин рӯянро истеъмол кунанд, ра-
вост; дар бемориҳои чашм баробари ним вазни он мо-
мирон (чистотел большой) аст, барои дигар бемори-
ҳо ним баробари вазни ин оқирқирҳост.

153. Сарсабил

Дар дашт, боғистон ва кӯҳсорҳои Осиёи Миёна ду
навъи сарсабили шифобахш мерӯяд. Як навъро шох-
ҳояш борик, баргаш монанди баргҳои морчӯба риш-
тавор борик-борик, навъи дигараш бо ҳамон сифат,
вале шохҳояш хор дорад. Сохт ва намуди решаи ҳар
дуяш ҳам қариб ба ҳамдигар шабоҳат дорад, яъне
сиёҳ аст; самараш ба андозаи нахӯд ва гирдак (кулӯ-
ла), дар хомӣ сабз ва бирасад, сурх мегардад, гулаш
зардтоби хушбӯй мебошад. Қувваташ то бист сол
боқӣ мемонад.
Мизоҷи гулаш дар охири дараҷаи дуввум гарм
ва дар ҳамон дараҷа хушк аст ва агар кӯҳна шавад,
хушкиаш меафзояд. Мизоҷи решааш дар охири дара-
ҷаи саввум гарм на хушк аст. Қисмҳои дигари ин
гиёҳ дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: сарсабил таҳлилдиҳан-
да, рақиқ (суюқ)-кунандаи моддаҳои ғафс, арақовар,
пешоброн, ҷорикунандаи ҳайз ва барои аксари бе-
мориҳои сарди тармизоҷи майна, узвҳои даруни сина,
меъда, ҷигар, гурда, хичак, бачадон, дардҳои пай-
вандҳо ва монанди инҳо дору мешавад.
Гулашро бибӯянд, барои дарди сар ва дарди ним-
сари аз хунукӣ баамаломада шифо мебахшад. Гу-
лашро дар об ҷӯшонида, он обро бо сиркои ангурӣ да-
365
ромехта, дар даҳан гардонанд, дарди дандонро, ки аз
хунукӣ сар зада бошад, таскин медиҳад.
12,5 грамм шох ё решаи онро дар 300 грамм об то
нисфи об мондан биҷӯшонанд, баъд соф карда, бо ша-
кар ва монанди он чизҳо бинӯшанд, барои иллатҳои
фолиҷ, нотавон ва бемадоргаштаи узвҳо, ки кӯҳна шу-
да бошад, зиқ-ун-нафас ва сурфаи кӯҳна дармон ме-
шавад.
0,35 грамм решаи онро кӯфта, бо равғани бунафша
сиришта, дар бинӣ бирезанд, дарди нимсарро, ки са-
бабаш сардӣ бошад ва инчунин дарди буғумҳоро ши-
фо мебахшад.
Ҳар рӯз аз кӯфтаи хушки сарсабил 4,5 грамм бо
набот то як ҳафта ва зиёда аз он бихӯранд, дарди бу-
ғумҳоро, ки кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад.
Кӯфтаи онро бо гулоб сиришта гузошта банданд,
барои фолиҷ ва таскин додани дардҳои гуногуни бу-
ғумҳо, ирқуннасо, ниқрис, варамҳои гуногун ва ғайра-
ҳо шифо мебахшад.
Кӯфтаи онро занҳо аз таг бардоранд, пешоби бас-
таро меронад, бачаро аз шиками ҳомила меафтонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сарсабил дар як рӯз аз
4,5 то 9 грамм аст.
Вале хӯрдани сарсабил ба одамони гарммизоҷ, ҷа-
вонон, дар фаслҳои гармо, бемориҳои гарми монанди:
табҳои гарм ва сафровӣ, фишори баланди хун дошта-
гон, сурхича, нағзак (гулак) ва монанди инҳо зарар
дорад.
Агар 10,5 грамм барг ва шохи онро дар об ҷӯш до-
да, он обро бо мустако бихӯранд, моддаи савдоро бе
ҳеҷ гуна азият аз бадан бо исҳол дафъ мекунад.
Камтареро аз барги он бо равғани зайтун биёшо-
манд, қайи сахт меоварад, барои газидани саги дево-
на, махав, инчунин барои ҳамаи бемориҳои савдовӣ,
масалан, васвос, тарс, девонагӣ, молихулиё ва ғайра
давои қавӣ мебошад, вале дар айни ҳол хатарнок ҳам
аст.
Барги онро кӯфта гузошта банданд, реш ва захм-
ҳои хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад.
Решааш бисёр тез, захмовар ва сӯзонанда аст.
Агар инро кӯфта бимоланд ва молиш диҳанд, доғи са-
феди пӯст ва песро дафъ мекунад. Ва агар инро бо
сирко даромехта бимоланд, ирқуннасо (радикулит)-ро
366
шифо мебахшад ва ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи
сар ва риш ба ҳадде бимоланд, ки хунолуд гардад,
дар як-ду дафъа мӯй мерӯёнад.
1,75 грамми онро, ки миқдори мӯътадили хӯрдани
он аст аз решааш, биёшоманд, сахт исҳол меоварад,
балғам ва савдоро аз бадан дафъ мекунад; агар ин
миқдорро бо оби тугмачагули тару тоза бинӯшанд,
низ қайи башиддат меоварад.
4,5 грамм решаи онро батанҳоӣ бихӯранд, қай ку-
нонида, ғамгин сохта ва рӯдаҳоро ба дард оварда ме-
кушад. Агар касе аз решаи ин ин миқдор хӯрда
бошад, давояш равғани бодоми ширин хӯрдан аст.
Огоҳ кунем, ки фоидаи сарсабил барои бемориҳои
балғамӣ равшан аст — ин бинобар кайфиятҳои гармӣ
ва хушкӣ доштанаш, ки зидди кайфияти балғам аст,
аммо бар зидди хилти савдо, азбаски мизоҷи савдо
хушк мебошад, ошомидани ин гӯё зарар мекардааст,
вале ин тавр нест. Бинобар он, ки моддаи ғафсро таҳ-
лил медиҳад, вале ин бар зидди бемориҳои савдовӣ
фоидабахш мебошад, зеро ки хилти савдо ҳам ғафс
аст.
Аз сарсабил равған ҳам тартиб медиҳанд ба ин та-
риқ. Як миқдор сарсабили хушкро дар шаш баробари
вазни он оби ширин як шабонарӯз тар намуда, баъд
то чоряки об мондан меҷӯшонанд. Сонӣ он обро соф
карда, дар зарфе бо ду баробари вазни он равғани
кунҷиди нав ё равғани зайтун дохил намуда, бо ота-
ши мулоим оҳиста меҷӯшонанд, то ки об бухор шуда
раваду равған бимонад. Аломати тамом шудани об аз
ҷӯш мондани сатҳи равған аст. Вале эҳтиёт кунанд,
ки равған доғ нагардад.
Молидан ва хӯрдани ин равған барои иллатҳои аз
сардӣ сарзада, дамкӯтаҳӣ, сурфаи кӯҳна, фолиҷ, каҷ
шудани рӯй ва ғайра шифо мебахшад.

154. Мозу

Ин самари дарахти ҳиндист. Қувваташ то се сол бо-
кӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум
хушк аст. Вале баъзеҳо дар дараҷаи дуввум сард ва
дар саввум хушк гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: инро кӯфта, бо воситаи
367
найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро манъ меку-
над.
Агар мозуро маҳин ос карда чун сурма ба чашм
кашанд, шилпуқӣ, обравӣ ва қӯтури чашмро шифо ме-
бахшад. Кӯфтаи онро бо оби чилмангӯштак (семизут)
дар гӯш чаконанд, хунравӣ ва рафтани римро аз да-
руни он бозмедорад.
Кӯфтаи онро ба дандон ва милки он бимоланд ва
дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта, дар да-
ҳан гардонанд, дандон ва милки онро мустаҳкам ме-
кунад, рутубатҳои мурдорро аз забон ва милки дан-
дон мекашад, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо ме-
бахшад, рутубати зарарноки узвҳои даруни даҳанро
дафъ мегардонад. Сӯрохи дандони кирмхӯрдаро аз
кӯфтаи ин пур кунанд, пӯсиши онро манъ мекунад.
Сойидаи онро бо об биёшоманд, захмҳои гуногуни
рӯдаҳоро ба ибро меоварад, исҳоли кӯҳнаро банд ме-
кунад, беҷо равон шудани ҳайзро ислоҳ менамояд ва
инчунин рутубати зиёдатӣ ва беҷоояндаи бачадонро
хушк мегардонад. Агар мозуро бо таомҳо бардавом
бихӯранд, низ ҳамин таъсир дорад.
Мозуро дар об пухта, молида гузошта банданд, ва-
рамҳои мақъадро таҳлил медиҳад, мақъади (кӯтани)
беруномадаро ба ҷояш мебарад ва бардамидани нофи
тифлонро ба ислоҳ меоварад ва агар ба он сирко ҳам-
роҳ кунанд, таъсираш зудтар мерасад ва қавитар ме-
гардад.
Мозуро сойида, бо сирко сиришта бимоланд, шуку-
фаи пӯст ва сурхбодро, ки дар вақти ибтидо бошад,
шифо мебахшад; ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи
сар ва риш мӯй мерӯёнад, доғҳои кунҷидак ва доғи
сафеди пӯстро дафъ мекунад.
Кӯфтаи мозуро ба гӯшти зоиди ҳар ҷо, ки бошад,
бипошанд, онро лоғар сохта таҳлил медиҳад, вале
агар сӯхтаи онро бипошанд, дар ин бобат боз ҳам хуб-
тар аст. Инро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳ-
лил медиҳад ва реши давандаро аз давидан манъ ме-
кунад, доначаҳои мӯрчагазак ва решҳои хӯрандаро ши- ,
фо мебахшад.
Агар мозуро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко
бинӯшанд, ҳам ҳамин таъсирро дорад. Кӯфтаи онро
бо сирко хамир карда бимоланд, устухони шикастаро
ба ҳам мечаспонад.
368
Мозуро дар об ҷӯшонида ё онро як шабона рӯз дар
об тар карда, бо он об мӯйро бишӯянд мӯйро сиёҳ
мегардонад.
Агар инро кӯфта бимоланд, арақро манъ мекунад
ва бадбӯйии онро ба ислоҳ меоварад.
Мозуро дар равғани зайтун бисӯзанду баъд фи-
шурда аз он равғанро ҷудо карда, он равғанро бимо-
ланд, барои сиёҳ кардани мӯй ранги неку мебошад.
Ба дарун истеъмол кардани мозу барои узвҳои до-
хили сина ва ҳалқ зарар дорад. Давои ин зиёнаш ка-
тиро ва шилми бодомҳоро хӯрдан аст, инчунин онро
бо тухми мурғи нимпухта якҷо бихӯранд, зарараш ис-
лоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз мозу дар як рӯз 4.5
грамм аст.
Агар ёфтани мозу мушкил гардад, ба ҷойи ин ба
вазни он пӯсти анор, самари балут (ҷуфти балут), са-
мари газ ва ҳалилаи зардро истеъмол намоянд, раво
мебошад.
Тариқи сӯхтани мозу чунин аст, ки дар рӯйи ахгар
бисӯзонанд ё зарфи сафолро дар оташ гузошта, дар
рӯйи он бирён намоянду дар шароб ё дар сирко хунук
кунанд.
Барои банд кардани хун ва хушк гардонидани
захмҳо, инчунин барои таҳлил додани варамҳо назар
ба носӯхтаи он сӯхтааш таъсирноктар мебошад.

155. Мармиҷон

Ин ду навъ аст: кӯҳӣ ва бӯстонӣ. Мармиҷон раста-
ниест хорнок, гулаш сафед, шакл ва таъми самараш
ба тути сиёҳ наздик аст, андак кулӯла ва сепаҳлу.
Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват, сардӣ ва хушкӣ бар
ин ғолиб то ба дараҷаи дуввум.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи қисмҳои он хусу-
сияти хушккунандагӣ ва хунукнамояндагӣ дорад; хун
қай карданро манъ месозад, рутубати барзиёди бача-
донро хушк мегардонад ва узвҳои дохили баданро
қувват мебахшад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, захмҳои сарро
хушк мекунад, чашми аз косахонааш баромадаро, ки
дар тибби қадим ҷуҳуз-ул-айн меноманд, ба ҷояш ме-
барад.
369
Усораи мармиҷонро, яъне оби барг ва пояи тару
тозаашро дар офтоб ғафсгардонидаашро бо андак
шилми бодомҳо даромехта гузошта банданд, ҳамаи
бемориҳои гарм ва сарди чашм, хусусан захм, обравӣ,
нохунак ва варами бардамидагии чашмро шифо ме-
бахшад.
Баргашро бихоянд, решҳои милки дандон, сустии
милк, пухтан ва бадбӯйии даҳан ва ҷароҳатҳои нави
онро шифо мебахшад ва хойидани меваи пухтагии он
низ ҳамчунин таъсир дорад.
Оби барг ва пояи тару тозаи онро бо андак шилми
бодомҳо даромехта биёшоманд, меъдаро қувват ме-
бахшад ва қай кардани хунро манъ мекунад, исҳолро
мебандад ва моддаҳои нодаркор, инчунин бавосирро
манъ месозад.
Барг ва самарашро дар об ҷӯшонида, он обро бо
гулоб якҷо карда, дар рӯзҳои омадани ҳайз биёшо-
манд, ҳомила шуданро манъ мекунад. Гулашро би-
хӯранд ҳам, исҳолро мебандад.
Баргашро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, меъдаро
қувват мебахшад ва бавосирро, ки хун аз он равон
бошад, фоида дорад.
Оби барги онро дар соя хушк карда бихӯранд, қув-
ваташ зиёда мегардад.
Мевааш қабзкунандатарин назар ба қисмҳои дига-
ри ин гиёҳ аст. Агар инро бихӯранд, рӯдаҳоро қувват
мебахшад.
Решаашро кӯфта, чун талқон бо об бихӯранд, сан-
ги гурдаро майда карда мерезонад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳ-
лил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мекафонад, реши
хӯрандаро аз афзудан нигоҳ медорад, мӯрчагазакро ши-
фо мебахшад, решҳои давандаро аз ҳаракат бозмедо-
рад.
Усораи оби самари мармиҷонро, яъне оби самари
онро дар офтоб ғафс гардонида бимоланд, решҳои тар-
ро хушк мекунад ва аз онҳо равон шудани рим ва ру-
тубатҳоро манъ месозад. Гулашро ҳам кӯфта гузошта
банданд, ҳамин таъсирро дорад.
Барг ва шохҳои борики тари онро кӯфта гузошта
банданд, харошида шудани ронҳоро, ки дар ҳангоми
сафар ба ҳам расида бошад, шифо мебахшад.
Барг ва самари онро пухта ба сар бимоланд ё гу-
370
зошта банданд, мӯйро сиёҳ мекунад ва дар ин бобат
ин ранги хубест.
Нақл аст, ки ҳар кас баъди ҳар мартаба ҳаммом
кардан бо оби ин пойҳои худро бишӯяд, мӯяш сафед
намегардад.
Истеъмоли мармиҷон ба дарун барои гурдаҳо за-
рарнок аст — давои ин зиёнаш шакар хӯрдан мебо-
шад.
Миқдори як бор хӯрдан аз оби барг ва мевааш ва
аз гули он, ки дар офтоб ғафс карда бошанд, яъне аз
усораи барг, мева ва гулаш то 10,5 грамм аст.

156. Челон

Ин самари дарахтест баргаш дарозак, пӯстлохи чӯ-
баш сурхи холдор, инчунин чӯбаш ҳам сурхранг аст.
Самараш ба самари санҷид шабоҳат дорад, баъди ра-
сидан, яъне баъди пухтан сурх мегардад, ширин ме-
шавад.
Мизоҷи навпухтаи он дар гармиву сардӣ мӯътадил,
вале моил ба тарӣ мебошад. Аммо Абӯалӣ ибни Сино
дар дараҷаи якум сард ва мӯътадил дар хушкӣ ва ка-
ме рутубат дорад, гуфтааст.
Хислатҳои шифобахши он: самари челонро бихӯ-
ранд, ахлоти ғализро дар бадан мепазонад ва барои
дафъ гаштани онҳо муҳайё месозад; узвҳои даруни си-
на ва шикамро мулоим мекунад; ахлот (моддаҳо)-и
рақиқ (суюқ)-ро бо исҳол дафъ менамояд: дағалии узв-
ҳои даруни сина, ҳалқ ва овозро, ки сабабаш ҳарорат
бошад, шифо мебахшад; сурфа, дамкӯтаҳӣ ва дардҳои
узвҳои даруни синаро дафъ мекунад; хунро соф мена-
мояд ва хуни солим аз он пайдо мешавад; тафс ва
ташнагиро таскин медиҳад, фишори баланди хунро
паст мегардонад; гармӣ ва дарди ҷигар, гурда ва хи-
чакро сокин мекунад; бемориҳои мақъад, сӯзиши меъ-
да ва рӯдаҳоро дафъ мекунад, мизоҷи вайронгаштаи
ҷигарро ба ислоҳ меоварад.
Челонро сойида, батанҳоӣ ё бо донакаш кӯфта гу-
зошта банданд, тафс ва варами гарми чашмро таскин
медиҳад.
Хӯрдани самараи челон барои бемориҳои узвҳои да-
руни сина, шуш, монанди: сурфа, дамкӯтаҳӣ ва дарди
371
узвҳои даруни сина даво мебошад; дағалии узвҳои да-
руни сина, ҳалқ ва овозро дафъ мекунад. Хушки онро
бо давоҳои муносиб ҳамроҳ карда бихӯранд, аз барои
иллатҳои узвҳои даруни сина ва шуш беҳтар аз тару
тозаи он аст.
Челон бодангез, дерҳазм ва раддӣ аст барои меъ-
да, вале баъд аз хӯрдан аз он моддаи сара дар бадан
пайдо мегардад, андак часпак аст, узвҳои даруни ши-
кам ва синаро мулоим менамояд, ахлоти рақиқро бо
исҳол дафъ мекунад, моддаҳои нодаркор ва зарарнок-
ро мепазонад ва он моддаҳоро барои дафъ шудаи тай-
ёр месозад; тафси меъда, ҷигар ва ташнагиро таскин
медиҳад, фишори баланди хунро паст мегардонад, ҳо-
ли ҷигар ноҷӯр шуда бошад, ислоҳ мекунад, бемори-
ҳои мақъадро шифо мебахшад (хусусан пухтаи ним-
хушки он дар ин бобат хубтар аст).
Агар нимраси онро бихӯранд, дарунро мебандад.
Инро бо донакаш сойида бихӯранд, захми рӯдаҳоро ши-
фо мебахшад; челони донакдорро монанди орд ос кар-
да ва андак тафсонида, бо оби сард бихӯранд, дарун-
ро мебандад ва исҳолро дафъ мекунад.
Ба қавле хӯрдани челони нимрасида барои бемори-
ҳои ҷигар, гурда ва хичак фоида дорад.
Челонро дар арақи коснӣ як шабонарӯз тар карда
ё дар он арақ ҷӯшонида, он арақро бо сиканҷабин
биёшоманд, барои шаро (аллергия), нағзак (гулак),
сурхича (сурхакон)-и сафровӣ дору мебошад; шидда-
ти ҷӯшиши сафро ва хунро таскин медиҳад. Челонро
як шабонарӯз дар гулоб тар карда, баъд он гулобро
бо шакар биёшоманд, аксари бемориҳои номбурдаро
шифо мебахшад, инчунин зарари шаробро дафъ ме-
кунад ва кӯряраҳоро фоида дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз челон дар як рӯз то 50
адад аст. Ба ҷойи ин сагпистонро истеъмол фармоянд,
раво мебошад.
Вале хӯрдани челон ба меъдаи хунукмизоҷи тар за-
рар дорад, бодангез аст, хусусан аз ҳад зиёд бихӯ-
ранд, ин хислаташ бештар зоҳир мегардад. Давои ин
зиёнаш шакар, мавизи тоифӣ ва гулоб хӯрдан аст. Ин-
чунин хӯрдани челон маниро кам мекунад, боҳро суст
мегардонад. Ва давои ин зарарҳояш асал ва давоҳои
қувватбахши боҳ хӯрдан аст.
Чун барги онро дар об ҷӯшонида, он обро соф кар-
372
да, ҳар рӯз аз он то панҷ рӯз 150-граммӣ бо каме ша-
кар пай дар пай биёшоманд, хориши баданро дафъ
мекунад.
Барги хушкашро маҳин ос карда, бехта, бипошанд,
решҳои хӯранда ва решҳои хабисаро хоҳ дар даҳан
бошанд ва хоҳ дар узви дигар, шифо мебахшад — ин
беҳтарин давоест ба шарте, ки аввал ба он ҷо асал
бимоланду баъд бипошанд.
Чун пӯстлохи дарахти челонро маҳин сойида, дару-
ни решҳои раддӣ ва хабисаро аз он пур кунанд, он-
ҳоро аз риму рутубат пок месозад ва шифо мебах-
шад— дар ин бобат давои беҳамто аст. Аррамайдаи
чӯби онро биёшоманд, харошида шудани сатҳи даруни
рӯда, хориши бадан ва қӯтурро дафъ мекунад. Агар
инро гузошта банданд, устухони шикастаро ба ҳам пай-
васт менамояд ва агар инчунин устухон беҷо гашта
бошад, ба ҷояш мебарад.
Шилмашро батанҳоӣ ба чашм бимоланд, ҳамаи бе-
мориҳои онро шифо мебахшад; агар бо сирко сириш-
та бимоланд, барои шукуфаи пӯст дармон мешавад.
Барги тарашро бихоянд, забонро карахт ва беҳис
мегардонад, бинобар ин пеш аз истеъмоли давоҳои ис-
ҳоловар онро мехоянд, то ки забон таъмҳои ногувори
он давоҳоро ҳис нанамояд.

157. Ангур

Маълум аст, ки ин самари дарахти ток мебошад.
Бештарини он пухтарасида ва ширини он аст, ки аз
ҷинси аскарӣ, соҳибӣ, риши бобо ва кишмиш аст. Баъд
аз инҳо навъҳои дигараш мақом дорад.
Мизоҷаш гуногун аст бинобар ранг ба ранг буда-
ни навъҳои он. Мутлақан пухтаи он дар дараҷаи якум
гарм ва тар аст; баъзеҳо бисёр ширини онро то да-
раҷаи дуввум гарм донистаанд.
Хислатҳои шифобахши он: ин беҳтарини меваҳо ба
ҳисоб меравад ҳамчун ғизо ва пайдо кардани хуни со-
лим; мизоҷҳои ғализро ба эътидол меоварад, хунро
соф мекунад, моддаҳои савдовӣ ва сӯхтаро аз бадан
дафъ месозад; ҳоли бади узвҳои даруни сина ва шуш-
ро ислоҳ менамояд, баданро фарбеҳ мегардонад; агар
онро макида оби онро биёшоманду пӯсташро парто-
373
янд, чарбии гурдаро зиёда мекунад. Вале хӯрдани ин
ба меъдаи тармизоҷ ва боднок зарар дорад ва инчу-
нин дар он бодро ба амал меоварад—давои ин зиё-
наш зира ва арпабодиён хӯрдан аст. Ва агар дар ҷи-
гар ва сипурз гиреҳ пайдо шуда бошад, низ зиён ме-
кунад, ба қулинҷи бодӣ ва гурда низ зарарнок аст —
дар ин мавридхо тухми карафс бихӯранд, кифоя аст,
ки ислоҳи зарар намояд. Инчунин дарунро мулоим вз
хӯрандаашро ташна мекунад —дар ин ҳолат сиканҷа-
бин ва ғизоҳои турш истеъмол бояд намуд.
Агар ангур хӯрда, аз болояш оби хунук бинӯшанд,
бағоят зарарнок аст: мумкин аст ба иллати истисқо ва
табҳои бадбӯ гирифтор намояд. Бояд ки ангурро баъди
аз дарахташ ҷудо кардан дарҳол тановул накунанд,
балки як-ду рӯз истода бошад, баъд бихӯранд ва инчунин
мобайни ду таом, ки таоми аввал хӯрдашуда ҳазм
ёбад, баъд онро бихӯранд. Ангури нав бодангез аст.
Агар пӯсти он андак пажмурда гардад, баъд бихӯ-
ранд, дар ғизоият қавитар мешавад назар ба анҷир, бо-
даш ҳам кам мебошад, баданро қувват мебахшад,
фарбеҳ мекунад, хуни солимро зиёда менамояд; мод-
даҳои нодаркор ва зарарнокро пазонида, барои дафъ
шудан муҳайё месозад; дарунро мулоим мекунад, ба-
рои беморони нимҷон ва ба касони аз беморӣ навхеста
ва инчунин таби хунуки доимӣ гирандагон фоида до-
рад.
Оби ангур зуд нуфузкунанда ва ба тезӣ аз меъда
гузаранда аст, барои бемориҳои узвҳои даруни сина ва
шуш бисёр фоидабахш аст ва бояд оби онро макида,
пӯсташро бипартоянд.
Мавиз, хусусан мавизи тоифӣ барои меъда, ҷигар,
гурда ва хичак мувофиқтар мебошад.
Агар ангур баъди аз сараш чидан ду рӯз монда
бошад, онро ва ё мавизашро бардавом бихӯранд, дард-
ҳои меъда, рӯдаҳо ва хичакро шифо мебахшад.
Аз ангур равған ҳам тайёр мекунанд ба ин усул.
Оби ангурро бо равғани зайтун якҷо ҷӯшонида, обаш
бухор шуда равад, баъд равғанро соф карда меги-
ранд. Ин равған бағоят гармкунандаи бадан, таҳлил-
диҳандаи моддаҳои ғафс, гардонандаи варамҳо ва му-
лоимкунандаи пӯст аст.
Мизоҷи тухми ангур дар дараҷаи дуввум сард ва
хушк аст. Агар инро бихӯранд, бод пайдо мекунад, да-
374
рунро мебандад, пешоб ва маниро нигоҳ медорад, ху-
сусан тухми ангуре, ки аз хуми сирко бароварда бо-
шанд, дар ин бобат қавитар аст. Вале ин ба хичак ва
гурда зарар дорад.
Мизоҷи пӯсти меваи ангур дар дараҷаи якум ху-
нук ва хушк аст. Агар инро бихӯранд, аз меъда дер
фурӯд меояд, бод пайдо мекунад.
Пӯсти меваи ангурро сӯхта, ос карда бипошанд,
пӯсти баданро ҷило медиҳад, рутубатҳои чашмро хушк
мегардонад ва аксари захмҳоро дар ҳар як узве, ки
бошанд, хушк месозад.
Ангури хом ва ғӯраи он дар таъм тунҷ ва мизоҷаш
хунук мебошад.
Хӯрдани ангури сурх, ки нисбатан турштар аст, аз
меъда дер мефурояд, вале ба меъда қувват мебахшад.
Аммо навъи сафеди он латиф ва аз меъда ба зудӣ по-
ён фурӯд меояд.
Хокистари чӯби токро бихӯранд, сангҳои гурда ва
хичакро майда карда мерезонад. Агар инро гузошта
банданд, варамҳои сарди хояҳоро таҳлил медиҳад;
дарди сар, дарди нимсар ва бавосирро шифо мебах-
шад.

Ба мундариҷа


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ

Ёбед: