Канзи шифо. Давоҳои беҷон 311-322


311. Рими оҳан

312. Сурма

313. Тӯтиё

314. Даҳанифаранг

315. Зар

316. Қалъаӣ

317. Сурб

318. Хокистар

319. Пар

320. Зоки сафед

321. Зоки сурх

322. Зоки зард

311. Рими оҳан

Инро чирки оҳан низ меноманд, ин чизест, дар вақ-
ти гудохтани оҳан ё сахт тафсонидан аз он ҷудо ва
дар таги кӯра шах шуда мемонад. Инро дажғоли оҳан
ҳам мегӯянд ва ба русӣ шлак мехонанд. Ин беҳтарини
римҳои фулузот аст. Инро дар сирко парварда, яъне
як шабонарӯз дар он тар карда, баъд хушк намуда, шус-
та ва хеле маҳин ос карда сонӣ истеъмол мекунанд.
Дар ос кардани он ҳар чӣ қадар бисёр бикӯшанд, ҳа-
мон қадар сифатноктар мегардад. Вале агар барои бе-
мориҳои чашм ва гӯш истифода карданаш лозим бо-
шад, бояд ки бе сирко бошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин доруи бисёр қавӣ
мебошад, хусусияти хушккунандагӣ дорад. Агар бихӯ-
ранд, меъда, дил ва майнаро пурқувват мегардонад,
хунравиҳои гуногун ва беҷо равон шудани ҳайзро манъ
менамояд, инчунин ҳомила шуданро манъ месозад; ба-
восир ва бемориҳои сипурзи тармизоҷро даво мешавад,
рутубатҳои дохилиро хушк мегардонад, захми рӯдаҳо
ва хичакро шифо мебахшад, сустии мақъадро ислоҳ
мекунад, беихтиёр равон шудани пешобро ба ибро ме-
оварад, варамҳоро таҳлил медиҳад.
Сойидаи инро чун сурма ба чашм кашанд, дағалии
пилкҳои чашмро ислоҳ менамояд. Инро бо об даромех-
та, дар гӯш чаконанд, гӯшро аз чирк пок мекунад.
699
Вале бо асал даромехта бихӯранд, овозро соф ме-
гардонад. Ним граммашро бо зардаи тухми мурғ би-
хӯранд, қуввати боҳи одамони тармизоҷро ба ҳаракат
меоварад ва инчунин аз хислати мардӣ маҳрум гашта
бошанд, аз нав барқарор мекунад. Агар инро бо сикан-
ҷабин бихӯранд, азият ва газанди давоҳои қаттолро
нест месозад; бо шароби кӯҳна бихӯранд, хуни равони
бавосирро қатъ мекунад.
Пашмпораеро ба он олонда, занҳо аз таг бардо-
ранд, хунравиро аз бачадон қатъ мегардонад.
Худи инро батанҳоӣ гузошта банданд, варамҳои
гармро таҳлил медиҳад, шири дар пистон шахшударо
мегудозад ва равон мекунад.
Чун инро бист бор бо обу асал бисоянд, хушк ку-
нанд, баъд дар равғани зайтун ба миқдоре, ки се ан-
гушт аз он боло бошад, биҷӯшонанд ба ҳадде, ки се-
яки равған аз доғ парида равад. Баъд онро бо тухми
индов ва асал даромехта лесиданӣ созанду ҳар рӯз ду
бор ангуштпеч гирифта тановул намоянд, барои соф
кардани овоз, некуии ранги рухсор, дафъ кардани мод-
даҳои нодаркори бадан давои бемисл аст. Ё ки чун бо
равғани зайтун биҷӯшонанду бо асал даромехта, ҳар
рӯз кам-кам аз он бихӯранд, низ овозро соф ва ранги
рӯйро неку мегардонад.
Вале хӯрдани рими оҳан ба шуш зарар дорад. Дар
ин маврид катиро ё асал бихӯранд, зиёнаш ислоҳ ме-
гардад.
Миқдори як бор хӯрдан аз рими оҳан дар як рӯз
аз 0,5 то 1 грамм аст. Зиёда аз ин ба дарун истеъмо-
лаш ҷоиз нест. Зеро оқибатҳои бадро ба амал меова-
рад.

312. Сурма

Маълум, ки инро аз кон пайдо мекунанд. Санги
сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд онро дар
об андохта шустушӯй медиҳанд. Сурмаи шустагӣ ба-
рои даво латифтар ва форамтар мегардад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва дар саввум
хушк аст. Ба қавли Абӯалӣ ибни Сино мизоҷи ин дар
дараҷаи якум хунук ва дар дуввум хушк аст. Вале Ха-
ким Муҳаммад бинни Ҳасан гуфтааст ки сард ва хушк
дар дараҷаи чаҳорум мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: сурмаро ба дарун бануд-
700
рат истеъмол мекунанд. Зеро агар бихӯранд, овозро
мегирад, ба узвҳои даруни сина ва шуш, инчунин ба
буғумҳо зарар дорад. Агар инро бисёртар бихӯранд,
қотил аст.
Сурмаро ба чашм кашанд, саломатии чашмро ни-
гоҳ медорад, асабҳои ин узвро қавӣ мегардонад, би-
ноии пиронро меафзояд, инчунин ҳарорат, рутубат ва
хирми чашмро дафъ мекунад, захмашро шифо мебах-
шад. Барои дарди сар, хунравӣ аз ҳар ҷойи бадан, ки
бошад, барои пок намудани рими решҳо ва нест кар-
дани гӯшти ҳароми онҳо, қатъ кардани ҷараёни ҳайз
ва ба ҳам оварда сиҳат кардани реши мақъад, ба ҳам
часпонидани даҳани ҷароҳатҳо ва куштани шупуш да-
во мешавад.
Инро бо андак мушки сойида даромехта, ба чашм
кашанд, биноии чашм ва асабҳои онро қувват мебах-
шад, хирмашро ҳам нест мекунад. Агар бо марворид,
саргини калтакалос ва наботи сафед даромехта, ба
чашм кашанд, пардаи бар он афтодаеро, ки чашмро
торик мегардонад ва инчунин гули чашмро дафъ ме-
намояд. Агар инро бо татуми сойида якҷо карда ба
чашм кашанд, обравӣ ва қӯтури чашмро ислоҳ месо-
зад. Чун иқлимиё ва сурма — ҳар дуро баробарвазн
гирифта, нарм ва маҳин сойида, бо асали кафкгириф-
таи рақиқ (суюқ) даромехта, ба чашм кашанд, дар-
ди сарро ба ибро меоварад ба шарте, ки агар сар аз
тарафи рост дард мекарда бошад, ба чашми рост ва
агар тарафи чапи сар дардманд бошад, ба чашми чап
мекашанд, вале агар дард дар ҳар ду ҷониб бошад —
ба ҳар дуи чашм.
Акнун дар омади гап, мафҳумеро муайян намоем.
Иқлимиё — ин моддаест, ки дар вақти гудохтани тилло
ва нуқра ҳамчун чирк ва рими фулузоти дигар ба рӯйи
нуқра ва тиллои гудохташуда бармеояд.
Агар сурмаро бо оби кашнизи тар ҳамроҳ карда,
хусусан ба он каме кофур низ илова намуда, дар ав-
вали бемории нағзак (гулак) ва сурхича (қизомуқ) ба
чашм кашанд, намегузорад, ки обилаи онҳо дар даруни
чашм пайдо шаванд, низ ҳарорат ва рутубати чашмро
дафъ мекунад, захмашро низ шифо мебахшад. Анорро
бо пӯсташ кӯфта, обашро фишурда гирифта, сурмаро
бо ҳамин оби анор ё бо оби татум даромехта, ба чашм
кашанд, ҳамаи бемориҳои номбаршудаи чашмро шифо
мебахшад. Инчунин сурмаро бо оби чизҳои номбурда
701
даромехта, ба беруни чашм ва таги он, ба параҳои би-
нӣ, лаб, гӯш, таги ҳалқум ва ба сина бимоланд, наме-
гузорад, ки донаҳои обила дар он ҷоҳо пайдо гарданд
ва шарташ чунин аст, ки батакрор бояд молид. Ва агар
донаҳои нағзак пайдо шуда бошанд, сурмаро бо оби
барги кашнизи тар, андак кофур ва каме гулоб даро-
мехта бимоланд, он донаҳоро дафъ мекунад.
Сурмаро ба пешонӣ ва нисфи сар гузошта банданд,
хуни биниро, ки аз пардаҳои мағзи сар меомада бо-
шад, қатъ мекунад.
Агар сурмаро батанҳоӣ ба захмҳои қарнияи чашм
бипошанд, онҳоро хушк мекунад ва сиҳат мебахшад,
инчунин ба захмҳои ҷоҳои дигар ҳам даво мешавад.
Аммо баъд аз сиҳат ёфтани захм дар он ҷо доғи сур-
ма боқӣ мемонад. (Қарния — ин сиёҳии чашм аст, дар
баъзеҳо қарния кабуд ё гӯсфандӣ ҳам мешавад).
Сурмаро занҳо аз таг бардоранд, сахтии бачадонро,
ки дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон (неразвитость
матки) меноманд, мулоим мекунад ва ҷараёни хуни
ҳайзро қатъ месозад.
Нозукии хосеро дар хусуси сурма маълум намоем,
ки барои сурмаро пок ва форам кардан онро месӯ-
зонанд. Ҳангоми сӯхтан дар таркибаш қисмҳои гӯгирд
ва нефт, ки ҷой гирифта бошанд, дафъ мегарданд.
Сӯхтани сурма ба ин тариқ аст. Санги сурмаро мисли
донаҳои нахӯд ва писта реза-реза мекунанду ба чарбии
буз печонида, ба оташ мегузоранд, то он, ки аз он
аланга зоҳир гардад, вале набояд бисёр сӯзад. Баъд
онро дар шароб ё дар гулоб, ё дар шири хар андохта,
хунук месозанду сонӣ ос мекунанд. Баъди ҳамаи ин
амал онро мешӯянд. Баъди ҳамаи ин коркардҳо сурма
барои истеъмол тайёр мегардад.
Тариқи дигари сӯхтанаш ин тавр аст. Санги сур-
маро чун гуфтаи боло реза-реза карда, бо равғани гов
хамир сохта, дар оташ месӯзонанд, то шӯълавар гар-
даду дудаш бартараф равад.
Акнун сурмаро баъд аз сӯхтан шустан даркор, ки
шустанаш чунин аст. Онро маҳин кӯфта, дар зарфе
об бар рӯйи он мерезанду барҳам мезананд, яъне меко-
ванд. Баъд ҳамон тавр мегузоранд, то таҳшин гардад.
Ва оби онро, ки қисмҳои гӯгирдӣ омехта аст, дур ме-
намоянд. Боз як бор ин амалро такрор мекунанд. Чун
аз он, ки қисмҳои гӯгирдиаш нест шуданд, хотирҷамъ
шаванд, пас онро мартабаи дигар дар об ос мекунан-
702
ду баъд дар пиёла андохта мекованд. Он чӣ сурмаи
омехта ба об аст, дар пиёлаи дигар рехта, он чи таг-
нишин аст, бори дигар сойида, чун пешина шуста ва бар
рӯйи таҳшинаш боз об рехта, аз нав мекованд. Баъд аз
кофтан чизҳои ба об омехта гаштаро бар болои оби
пешина рехта, ба таҳшин боз об дохил карда, чун пе-
шина ос кардан мегиранд, то он вақт, ки дар таҳти пи-
ёла ба ғайр аз моддаи сангӣ ва регӣ ҳеҷ чиз боқӣ на-
монад. Баъд онҳоро партофта, обҳоро, ки сурма дош-
танд, то таҳшин гаштан мегузоранд. Баъди таҳшин шу-
дан обҳоро рехта дур карда, таҳшинро дар зарфе ан-
дохта, аз болои он ягон матои нафис мепартоянду ҳа-
мон тавр мегузоранд, то он, ки хушк шавад. Ин хушк-
шуда сурмаи тайёр аст.

313. Тӯтиё

Асли ин калима тоҷикӣ — дудиё мебошад, вале дар
таъсири забони арабӣ монда тӯтиё гаштааст.
Тариқи гирифтани тӯтиё чунин аст:
1. Вақти сурбро аз маъданаш бароварда, ҳангоми
гудохтан кӯраи оташдони онро дутабақа месозанд.
Қабати якум ҷоест, ки оташ меафрӯзанд. Ба даро-
зии як ваҷаб аз лойи часпак қаламҳо сохта, хушкони-
да, дар намакоб тар сохта, аз нав хушк карда, сонӣ
дар табақаи дуввуми кӯраи сурбгудозӣ, яъне бар бо-
лои кӯра ин қаламҳоро чапу рост монанди чалипо
болои ҳам мегузоранд. Баъд дар кӯра ба рӯйи ангишт
сурби хомро гузошта оташ меафрӯзанд, то сурби хо-
лис гудохта ва ҷудо гардад. Дар натиҷаи бисёр гудох-
тани сурб дуди он аз кӯра хеста, ба он қаламҳои ги-
лии бархӯрда мечаспад ва ҷамъу шах мегардад. Вақ-
те ки миқдори муайяни дуда ба он қаламҳо бичаспад,
он қаламҳоро берун оварда, дудаашро тарошида меги-
ранд. Ин дударо тӯтиёи кирмонӣ меноманд. Баъд он-
ро ос карда, монанди шустани сурма дар оби оҳак ме-
шӯянду истифода мебаранд.
2. Тӯтиёи сабз, ки тӯтиёи ҳиндӣ мебошад, ба ин усул
тайёр карда мешавад. Мисро бо зоки сафед якҷо сӯх-
та тӯтиёи ҳиндиро ҳосил мекунанд. Ин дар бемориҳои
чашм назар ба тӯтиёи якум камтар ба кор меравад.
Дар бемориҳои чашм аксар тӯтиёи кирмониро истеъ-
мол мекунанд.
703
Мизоҷи тӯтиёи кирмонӣ ба қавли Ҷолинус дар да-
раҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст ва шустааш
сардтар дар мизоҷ мебошад. Мизоҷи тӯтиёи ҳиндӣ гарм
ва хушк дар дараҷаи чорум мебошад.
Хислатҳои шифобахши тӯтиёи кирмонӣ: ин аз беҳ-
тарин давоҳои чашм аст. Агар инро чун сурма ба чашм
кашанд, рӯҳи чашмро қавӣ мегардонад ва саломатии
чашмро нигоҳ медорад, инчунин намегузорад, ки мод-
даҳои зарарнок аз боло ба чашм фурӯд оянд. По-
шиданаш барои решҳои чашм, бинӣ, закар, зери ноф,
мақъад, саратони решгашта ва захмҳои дигар узвҳо
дору мешавад; захм, ҷароҳат ва решҳои хӯрандаро си-
ҳат мегардонад; ба зери бағал бимоланд бӯйи бади он
ҷоро дафъ мекунад. Агар инро бо равғани гулисурх
хамир карда бимоланд, захмҳои асабро шифо мебах-
шад; агар бихӯранд, хун қай карданро манъ мекунад,
меъдаи сустро ба ислоҳ меоварад. Хӯрдани ин захм-
ҳои ботиниро шифо мебахшад ва барои захмҳои зо-
ҳирӣ гузошта банданд, онҳоро ба ибро меоварад.
Пахта ё матои нафисро ба тӯтиёи кирмонӣ олонда,
ба сӯрохи закар гузаронанд, захми роҳи пешобро, ки
сӯзок ном дорад, сиҳат мекунад. Агар инро занҳо аз
таг бардоранд, рутубати беҷо равонро аз бачадон қатъ
мегардонад.
Вале хӯрдани тӯтиёи кирмонӣ дар узвҳои бадан ги-
реҳҳо пайдо мекунад. Ин хосияти бади он бо воситаи
асал хӯрдан ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тӯтиёи кирмонӣ то 2,25
грамм аст.
Хислатҳои тӯтиёи ҳиндӣ: ин заҳр аст, бинобар ҳа-
мин инро ба дарун истеъмол намекунанд.

314. Даҳанифаранг

Ин чизи маълум аст, ки ба русӣ медный купорос
меноманд. Рангаш сабзи тира.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст. Ҳа-
маи давоҳо, ки мизоҷи дараҷаи чорум дошта бошанд,
аз ҷумла даҳанифаранг ҳам хислати заҳрнокӣ доранд
Бинобар ҳамин инро ба дарун банудрат истеъмол ме-
кунанд.
Хислатҳои шифобахши он: 1,75 грамми онро кӯфта
бихӯранд, заҳрхӯрдагонро аз марг наҷот медиҳад. Ин
704
миқдор даҳанифарангро бо оби лиму сойида, каси аф-
юнхӯрда бихӯрад, қай мекунад ва ом заҳр бо қай дафъ
мегардад. Инро маҳз барои дафъ кардани заҳр аз ба-
дан хӯрдан мумкин аст. Дар дигар ҳолатҳо бихӯрад,
мекушад. Аз ин агар заҳролуд гарданд, илоҷпазир нест
Ҳатто инро дар даҳан нигоҳ дошта, оби онро фурӯ
бурдан ҳам заҳри қотил аст.
Инро сойида, бо оби судоб даромехта, дар бинӣ би-
резанд, иллати саръ (припадка)-ро шифо мебахшад.
Агар инро бо мушки суда даромехта, се рӯз пайдар-
ҳам бо воситаи найча ба даруни бинӣ пуф кунанд, низ
ҳамин гуна таъсир дорад.
Сойидаи инро чун сурма ба чашм кашанд, чашмро
пурқувват мегардонад, гули ба ин узв афтодаро дафъ
мекунад.
Яке аз хислатҳои аҷоиби даҳанифаранг чунин аст,
ки чун инро ос карда ба чашми ҳайвонот бикашанд,
пешоби бандшудаи ононро мекушояд. Инро бо сирко
сиришта бимоланд, шукуфаи пӯст, ширинчаи савдовӣ
дар сар ва дар узвҳои дигар бударо шифо мебахшад
доғи сафеди пӯст, пес ва азияти каждумгазидаро дафъ
мекунад.

315. Зар

Инро тилло ҳам меноманд, ки номи дуввумаш аз за-
бони ҳиндӣ ба тоҷикӣ гузаштааст.
Зарро дар намуди холис дарёфт мекунанд, аз рег-
ҳои дарёҳо ҷудо карда мегиранд ва инчунин аз тар-
киби сангҳо ҷудо карда ҳосил менамоянд
Мизоҷаш мӯътадил аст, каме моил ба гармӣ ва ан-
дак рутубати табиӣ дорад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, мод-
даҳои ғафси дар бадан бударо рақиқ мегардонад, дил
ва майнаро қувват мебахшад; ҳарорати табиии баданро,
яъне гармии модарзодиро устувор медорад; фикрро қа-
вӣ ва фаросат (фаҳм)-ро тез мекунад; барои бемори-
ҳои дил, майна, ҷигар, меъда, заҳра, сипурз, гурда,
хичак, бачадон, боҳ, бемориҳои сафровӣ ва савдовии
монанди: дилтапак (дилбозӣ), васвос, тарсончакӣ, ваҳ-
мак, ғам, ҳузн, девонагӣ, саръ, чарх задани сар, сустии
меъда ва ҷигар, зардпарвин, бавосирҳои гуногун, сус-
тии гурда давои хуб мебошад, баданро фарбеҳ месозад
ва барои иллати махав доруст.
705
Зари холисро бо марворид дар оби турунҷ ҳал кар-
да бихӯранд, барои бемориҳои дар боло зикрёфта
даво мешавад, инчунин рафтани дарун, исҳоли хунин
ва махавро дафъ мекунад.
Тиллоро бо навшодир ҳал карда бихӯранд, заҳрро
аз бадан хориҷ мегардонад ва қуввати боқимондаи он-
ро дар бадан мешиканад.
Аз тилло мили сурма бисозанд, чашмро қавӣ ме-
гардонад, дарди чашмро манъ мекунад. Агар ин милро
ба чашм кашанд, ғафсӣ ва дағалии пилкҳои чашмро
ислоҳ мекунад, гул ва пардаи ба чашм афтодаро дафъ
мекунад, кабудии зери чашмро мебардорад. Дар сӯро-
хии (раги) чашм, ки аз он об ва хирм муттасил баро-
мада меистанд, тиллоро пур намоянд он иллатро дафъ
мекунад.
Зарро бимоланд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Онро дар даҳан нигоҳ доранд, бӯйи бади даҳанро дафъ
мекунад. Ордаки онро бипошанд, решҳои хӯрандаро
сиҳат мебахшад.
Оберо, ки муттасил тиллои тафсонро дар он сард
карда бошанд, бинӯшанд, ҳарорати модарзоди бадан,
дил ва меъдаро қавӣ мегардонад, исҳолро манъ ме-
кунад.
Ҳалли тиллоро бимоланд, фолиҷро шифо мебахшад,
варамҳоро таҳлил медиҳад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак
мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, ирқуннасо (ради-
кулит)-ро ба ибро меоварад, доғҳои сафеди пӯст ва
песро дафъ мекунад.
Аз зар ангуштар сохта, дар ангушт бидоранд, мил-
каки нохунро шифо мебахшад, саръ (припадка)-и тиф-
лон ва дардҳои гуногуни буғумҳоро дафъ мекунад.
Зари холисро ба гардани тифлон овезанд, дар вақ-
ти хоб тарсидани онҳоро дафъ мекунад ва умуман тар-
сончакии онҳоро ба ибро меоварад. Вале Ҳаким Яшо-
вус ин хосиятро ба донаи санги он, ки ба қадри тухми
хардал (горчица) бағоят сахт буда, дар кони тилло
мешавад, мансуб донистааст ва ба зери холис.
Доштани тилло ва нигоҳ кардан бар он сурур ме-
бахшад, андӯҳро дур мекунад, дилро қувват медиҳад,
хандон мегардонад.
Чун гӯшро бо сӯзани тилло сӯрох кунанд, ҳеҷ вақт
он сӯрохӣ баста намегардад.
Ба қавле зарро хӯрдан ба хичак ва узвҳои пешоб
зарар дорад, агар ин тавр асар кунад, барои ислоҳи
706
зиёнаш асал, мушк, кастона ва самари мӯрд бояд би-
хӯранд. Вале аксари ҳакимонро эътиқод он аст, ки ас-
ло зарар надорад.
Чун тиллоро маҳин ос намоянд, то дар дохили он
чизи дигар, хусусан давои заҳрнок мавҷуд набошад,
баъд бихӯранд, боиси ҳифзи сиҳат ва дароз шудани
умр мегардад, ҳамаи бемориҳои савдовиро дафъ месо-
зад— дар ин амал ҳеҷ чиз ба ин баробар гашта наме-
тавонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тилло дар як рӯз аз 0,19
то 0,38 ва ҳатто то 0,5 грамм равост.
Чун тифлонро дар зарфи тилло шир, таом, шароб
ва дору бидиҳанд, зуд забонашон баромада ба сухан
меоянд, фарбеҳ, пурдил ва далер мегарданд ва аз саръи
тифлона эмин мешаванд.
Агар зангӯлачаи зарин ба пойи боз ё ба гарданаш
биёвезанд, он боз дар шикор далер ва гиро мегардад.
Тиллоро ба шакли ҳалила сохта, дар вақти хоб ва
бедори беморони тарсончакии кӯҳнадошта, хаёлотгӯйи
савдовӣ дар даҳан нигоҳ доранд, аз ин иллатҳо халос
меёбанд.

316. Қалъаӣ

Ин фулузи маълум аст, рангаш сафед, аз оҳан
нармтар ва аз сурб сахттар аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум сард, хушккунанда
бо ҷавҳари тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро ба дарун истеъмол
кардан ҷоиз нест, зеро кушанда мебошад.
Агар қалъаиро чун сурма ба чашм кашанд, сурхии
чашм, обравӣ ва дағалии пилкҳои онро дафъ меку-
над. Агар инро бо оби кашнизи тар, оби барги коснии
тар, оби барги зуф, оби ғӯраи ангур, оби сагангур ва
монанди инҳо, ки сардмизоҷ бошанд, ҳар як батанҳоӣ
ё бо ҳамаи инҳо сойида бимоланд, ё бо равғани гулисурх
сойида бимоланд, барои банд кардани назла, ба сарато-
ни решгашта, варами мақъад, қӯтур, бавосир, ҷароҳат-
ҳои пистон, бачадон, закар, сурхбод ва варамҳои гарм-
ро шифо мебахшад. Агар инро бо шароб сойида бимо-
ланд, барои дарди асаб ва варамҳои мураккаб дору
мешавад. Агар сафҳаи, яъне варақи онро ба ханозер,
асабҳои шахшуда ва печидани онҳо бибанданд, шифо
707
мебахшад ва агар бар камар бибанданд, шаҳвати ҷи-
моъро сокин мекунад, агар ҳаминаш матлуб бошад.
Қалъаиро бо равған чарб карда бигузоранд, то ран-
ги он ба равған гузарад, ин равғани ранггирифтаро ба
ҳар оҳан, ки бимоланд, ҳаргиз дигар рангро намека-
над.
Агар аз ин ангуштар сохта, ба ангушт гузоранд, ба-
данро лоғар мегардонад. Агар қалъаиро ба дарахти
самарнок биёвезанд, меваашро аз рехтан нигоҳ медо-
рад.
Аз қалъаӣ мил сохта, дар гӯши касе, ки симоб рех-
та бошанд, бигузоранд симобро ба худ часпонида бе-
рун меоварад.

317. Сурб

Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон аз ӯзбекӣ ги-
рифта қӯрғошим ҳам мегӯянд. Сурб фулузи нарми
зудгудоз аст, рангаш ба сиёҳи хокистарӣ моил мебо-
шад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бо равғани гу-
лисурх ё бо оби барги коснии тар, ё оби барги зуф, ё
оби барги тугмачагул, ё оби сагангур, ё оби ғӯраи ан-
гур ва ё бо оби кашнизи тар сойида, батакрор ба сара-
тони решгашта бимоланд, шифо мебахшад; ба варам-
ҳо бимоланд, онҳоро таҳлил медиҳад, ба захм ва
дардҳои пайвандҳо бимоланд, шифо мебахшад.
Сурбро ба кафи даст молида, кафро сиёҳ гардони-
да, сиёҳии онро бо обҳои гиёҳҳои номбаршуда бишӯян-
ду он оби шустаро ба чашм бимоланд, дарди чашм,
сӯзиш ва қӯтури чашмро дарҳол сокин мекунад.
Чун сурбро бишӯянд ба ҳадде, ки сиёҳии он аз рӯ-
яш зидуда гардад, баъд онро ба чашм кашанд, реши
бадфиол ва раддии чашмро дафъ мекунад. Агар онро
сойида бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат ме-
бахшад, хуни равонро манъ мекунад; ба қӯтур ва пу-
чакҳо бимоланд, низ фоида дорад.
31 грамми онро бар миён бибанданд, иҳтиломро,
яъне ҳангоми хоб шайтонӣ шуданро манъ мекунад.
Агар сафҳаи (варақи) онро ба ғуддаҳо, ханозер гу-
зошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад, асабҳои печ-
хӯрдаро рост мегардонад, варамҳоро пас мегардонад.
708
Чун ҷавони сиҳат ва дар камоли қувват 31 грамм ё
52 грамм ва ё 63 грамми онро бар камари худ то 4—5
рӯз бибандад, бинобар шиддати сардии мизоҷ ва хуш-
кии мизоҷаш, шаҳвати мардии онро тамоман нест ме-
гардонад, яъне аз хислати мардиаш маҳрум мегардо-
над.
17,5 грамми онро дар зери болини касе дафн ку-
нанд, ки худаш надонад, хобҳои парешон мебинад.
25 грамми онро сафҳа карда, дар кӯзаи обнадида
андохта, вақте ки сайёраи Зуҳал дар баландии фалак
бошад, дар миёни дарахтон дафн кунанд, дарахтонро
аз ҳамаи офатҳо манъ месозад.

318. Хокистар

Ин маълум аст, ки ҷисмҳо сӯхта мисли хок мегар-
данд. Хокистар аз ҳар ҷисме, ки бошад, хосияташ ба
он мансуб аст, яъне аз чӯби ток бошад, хокистари ток,
аз чӯби тут бошад, хокистари тут ва ғайра меноманд.
Беҳтарини хокистарҳо аз чӯби дарахти солхӯрда ҳо-
силгаштаи он аст.
Мизоҷаш хушки моил ба ҳарорат. Мизоҷи хокиста-
ри ҳар ҷисм ба асл-—худи он вобаста аст.
Хислатҳои шифобахши он: хокистарро бо сирко ха-
мир сохта гузошта банданд, байзаро, ки дарди тамоми
сар ва муттасилгиранда ва дарди нимсарро шифо ме-
бахшад, варамҳоро таҳлил медиҳад, ҷонварони заҳрнок
ва саги девона газида бошанд, дору мешавад.
1,75 грамми онро бо об биёшоманд, захм ва ҷаро-
ҳати гурдаро шифо мебахшад, сангҳои гурда ва хичак-
ро майда карда мерезонад.
Чун бо натрун (танакори арманӣ, яъне танакори
сурх) ва сирко сиришта, ба гӯшти зоиди пӯсти хояҳо
гузошта банданд, онро дафъ мекунад; бо равғани зай-
тун ё равғани кӯҳна ва асал хамир карда гузошта бан-
данд, даридани мушакҳо, суст ва нотавон гаштани пай-
вандҳо ва шах шудани асабҳоро ба ибро меоварад.
Истеъмоли хокистар ба дарун барои шуш зарар до-
рад— дар ин ҳолат катиро бояд хӯрд, ки ислоҳи зарар
намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз хокистар дар як рӯз го
1,75 грамм аст.
1. Хокистари най.
709
Тариқи тайёр кардани ин хокистар чунин аст: поя
ва баргҳои онро қима карда, дар кӯзача, ки аз рӯяш
гили бӯта молида бошанд, андохта, дар оташи танӯр
гузоранд ва баъд аз як соат бароваранд. Баъди ху-
нук шуданаш онро ос карда истеъмол намоянд.
Мизоҷи хокистари най дар дараҷаи дуввум сард ва
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро биёшоманд,
душвории зойиданро осон мекунад. 0,5 грамм хокистари
барги найро бо об биёшоманд, гиреҳи талхадонро ме-
кушояд.
Хӯрдани хокистари най ба шуш зарар дорад—дар
ин ҳолат сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, ислоҳи
зарар менамояд.

319. Пар

Яъне пари парандаҳост.
Хислатҳои шифобахши он: ҳар як навъ парро сӯхта
бипошанд, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Мӯйи бисёр маҳин ва нарми бозро, ки кажак мено-
манд, ба ҷойи мӯйи харгӯш метавон истифода кард.
Чун бехи парҳои калони парандагонро, ки сафед ва
миёнхолӣ аст, сӯхта, дар об шуста, хушк карда, бо во-
ситаи найча ба даруни бинӣ пуф кунанд хуни биниро,
ки бо ҳеҷ як даво банд нагашта бошад манъ мекунад
ва инчунин ба ҳамаи хунравиҳо аз дарун фоидаи бе-
мисл дорад.

320. Зоки сафед

Ин чизи сафеди монанди намаксанг аст. Зоки са-
федро ба забони ӯзбекӣ аччиқтош (яъне санги турш)
мегӯянд, дар ҳақиқат таъмаш турш аст ки аз конаш
гирифта мешавад. Агар ягон матоъро ранг кардани бо-
шанд, аввал дар об ин зокро ҳал карда, он матоъро
дар ин маҳлул тар намуда ва хушконида баъд дар оби
рангин андозанд, ҳамаи ҷояш баробар ва ҳамвор ранг
мегирад.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: аз 1,2 то 1,75 грамм
зоки сафедро кӯфта, ду баробари ин наботи сафедро
кӯфта—ҳар дуро даромехта, каф зада бихӯранд ва аз
710
болояш 400 грамм шири гови навдӯшида ва ҳамин миқ-
дор об даромехта, ба дили наҳор бинӯшанд (агар ин
миқдор обу ширро ба як дафъа нӯшида натавонанд, дар
чанд дафъа биёшоманд), аз чизҳои турш, боднок ва гӯшт
парҳез намоянд ва ин амалро то ҳафт рӯз пайдарҳам
такрор кунанд, захмҳои гурда, хичак ва сӯрохи закар-
ро дафъ мекунад, инчунин бодҳои ин узвҳоро таҳлил
медиҳад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда ме-
резонад.
Чун ду ҳисса зоки сафед ва як ҳисса иқлимиёро бо
сирко сойида, дар зарфи сафолин, дар фасли тобистон
чил рӯз дар зери саргини асп гӯр кунанд, бағоят тунд
ва поккунанда мегардад. Агар инро бимоланд, гули
чашмро, ки бисёр ғафс бошад ва нохунаки чашмро
дафъ мекунад, гӯшти ҳароми захмҳоро мехӯрад —дар
ин қисматҳо давои бемисл аст.
Зокро сӯхта, чун сурма ба чашм кашанд, гӯшаҳои
чашмро аз хирм пок мекунад; агар инро бо асал си-
ришта кашанд, ғафсӣ ва дағалии пилки чашмро ислоҳ
менамояд. Агар инро бо воситаи найча ба даруни бинӣ
пуф кунанд, хуни биниро манъ месозад. Инро бо оби
пиёзи гандано ё бо мумравған хамир сохта, ба тораки
сар бардавом бимоланд, хӯраи даруни даҳанро, ки
гӯштҳои ком ва ҷоҳои дигари даруни даҳанро мехӯ-
рад, шифо мебахшад. Баъзе табибон инро бо шароб
хамир сохта тайёр мекунанд ва молидани ин барои
қӯтур давои аҷибест.
Зокро ос карда, бо оби кашниз сиришта бимоланд,
сурхбод, салъа (жировик), қӯтур ва хоришро даво ме-
шавад ва захмҳои тарро карахш мебандонад.
Зоки сафедро кӯфта бипошанд, барои решҳои рад-
дӣ, хунравӣ аз ҳамаи узвҳо, варами буни дандон ва
мушакҳои ҳалқ даво мешавад.
Кӯфтаи инро бо оби гандано даромехта, занҳо аз
таг бардоранд, рафтани хунро аз бачадон манъ ме-
кунад.
Зоки сафедро кӯфта, бо асал хамир сохта, фатила-
ро ба он олонда, дар гӯш гузоранд, захми даруни гӯш-
ро шифо мебахшад ва даруни онро аз риму чирк пок
мекунад ва агар дар носурҳо гузоранд, инчунин дар
мақъад, ки бавосир дошта бошад, бардоранд, фоида ме-
бахшад.
Камтареро аз зоки сафед дар оби борон ё оби му-
қаттар ҳал карда, дар чашм чаконанд, чашмро пок ва
711
пардаеро, ки чашмро торик мекунад, агар тунук бо-
шад, дафъ мекунад, инчунин гули чашмро ҳам дур
месозад.

321. Зоки сурх

Ин қисмест аз зоки сафед, вале рангаш моил ба
сурхӣ мебошад, ковокиҳои бисёр дорад.
Абӯалӣ ибни Сино дар «Алқонун»-и худ гуфтааст,
ки табибони пеш аз мо гузашта ва табибони даврони
мо таҷрибаҳо кардаанд, ки агар 3,5 грамм зоки сурх-
ро, ки зоки балхӣ меноманд, бихӯранд, мӯйи сафедро ре-
зонида, ба ҷояш мӯйи сиёҳ мерӯёнад. Ин амалро фақат
касони қавибадани тармизоҷ бардошт карда метаво-
нанд, зеро ин хеле қавӣ мебошад.

322. Зоки зард

Зоки зард беҳтарин навъест дар байни зокҳо ва беҳ-
тарини зоки зард тиллоранги он аст, ки дурахшанда
бошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро биёшоманд, ҳамаи
навъҳои кирми меъдаро мерезонад, варам ва сахтии
сипурзро таҳлил медиҳад.
Ҳар як намуди зокро дар сирко ҳал карда, бо он
ғарғара намоянд, зулуки дар ҳалқ часпидаро дафъ ме-
кунад.
Чун ду ҳисса аз зоки зард ва як ҳисса иқлимиё—
ҳар дуро бо сирко сойида, дар зарфи сафол мавсими
тобистон чил рӯз дар офтоб гузоранд ё дар зимистон
ҳамин муддат дар саргини асп гӯр кунанд, бағоят тунд
ва поккунанда мегардад. Агар инро ба чашм кашанд,
пардаи сафеди ғафси ба чашм афтода ва нохунаки ин
узвро дафъ менамояд ва агар ба захмҳо бимоланд,
гӯшти ҳароми онҳоро хӯрда нест мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз зоки зард, ки бехатар
бошад, то 0,5 грамм аст ва аз ин зиёдаш хатарнок аст.
Агар инро зиёд хӯрда бошанд, илоҷаш шири нав-
дӯшида хӯрда қай кардан, равғани маска хӯрдан ва
ширинӣ истеъмол кардан аст.
712

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!