Канзи шифо. Давоҳои беҷон 304-310


304. Ёқут

305. Шӯра

306. Хишти пухта

307. Мӯмиё

308. Гӯгирд

309. Сафол

310. Оҳан

304. Ёқут

Ин аз сангҳои нодир ва гаронбаҳо мебошад. Инро
аз кон ва маъдан ҳосил мекунанд, дар ҳаҷм гуногун
мебошад; калон, миёна ва реза. Рангҳояш ҳам гуногун
аст: сурх, зард, кабуд, сабз, пуштӣ ва сафед. Ва ҳар
яке аз инҳо рангин, миёна ва камранг мешавад. Беҳ-
тарини ҳамааш ёқути руммонӣ (сурхи хушранги оби
анор), обдор ва сахти шаффофи он аст. Вале навъҳои
кабуд, ҳаворанг, сурмаранг, лоҷвардӣ ва пуштии он
камёб мебошад. Лаъл ҳам як навъи ёқути сурх аст.
Беҳтарини ҳар як намудаш он аст, ки сахти соф, шаф-
фофи якранг бошад. Ёқут аз ҳамаи сангҳо сахттар аст
ва дар сахтӣ баъд аз алмос мақом дорад. Ҳарчанд
дар ҳаҷм калонтар бошад, қиматтар мегардад. Навъи
кабудаш сахттар назар ба сурхи он, сурхаш аз зарди
он ва пуштиаш дар сахтӣ ба сурх наздиктар аст, вале
сафеди он аз ҳама мулоимтар ва дар конаш хом ва
ноқис мондааст. Ранги ёқут аз равған молидан тира
мегардад.
Мизоҷаш дар гармиву сардӣ мӯътадил аст ва дар
дараҷаи дуввум хушк мебошад. Зардаш дар дараҷаи
дуввум гарм ва хушк аст, кабудаш дар дараҷаи якум
гарм ва дар саввум хушк аст, навъи сафедаш дар гар-
миву сардӣ мӯътадил ва дар аввали дараҷаи дуввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 3,5 грамми онро биёшо-
манд, саръ, васвос, дилтапак (дилбозӣ), тоун (чума),
шах шудани хун дар дарун, хунравӣ ва заҳрҳоро дафъ
мекунад; ҳавои вабоиро табдил медиҳад, хунро соф
мегардонад, ҳарорати модарзодии баданро нигоҳ ме-
дорад; қувватҳои баданро, ки қуввати нафсонӣ (қувва-
ти рӯҳӣ), қуввати ҳайвонӣ (қуввати ҷисмонӣ) ва қувва-
ти табиӣ мебошанд, устувор медорад. Агар ангуштари
онро ба даст бипӯшанд, ҳоҷатҳо иҷро мегарданд, зара-
ри барқ ва тоунро дафъ мекунад. Агар ёқутро дар да-
685
ҳан нигоҳ доранд, бадбӯйии ин узвро нест мекунад, таш-
нагиро мешиканад, дилро қавӣ мегардонад, фараҳ ва
нишот меоварад.
Ёқутро ба худ овезанд, чашми бад намерасад, аз
офати тоун эмин мешаванд, ҳавои вабоиро тағйир мо-
диҳад; ба иллатҳои васвос, саръ ва дилтапак гирифтор
намегардонад, дар назари мардум бошукӯҳ метобанд,
низ хунравиро қатъ мекунад ва хуни шахшударо ме-
гудозад, гуфтаанд.
Ёқутро чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро
қавӣ мегардонад ва саломатии ин узвро нигоҳ медо-
рад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ёқут дар як рӯз аз 0,19
то 0,5 грамм аст.

305. Шӯра

Ин чизе мебошад, ки мо дар заминҳои шӯразор
мебинем, рангаш монанди қирав аст. Агар намии за-
мини шӯразор тамоман кам, яъне қоқ гардад, он гоҳ
хокаш ба ранги сиёҳ метобад.
Дар вақти қадим ана ҳамон хоки шӯразорро дар об
ҷӯшонида, оби софи онро ба ҷойи салқин мегузоштанд.
Шӯрааш монанди намак шах шуда, дар рӯйи об қарор
меёфт; ё монанди қилҳои сафед, ё мисли намаки реза
мегашт. Онро ҷудо карда истифода мебурданд; ҳам дарк
корҳои тиббӣ ва ҳам барои тайёр кардани борут. Ин
боз як навъи дигар ҳам дорад, ки онро шӯраи қаламӣ
мегӯянд. Тайёр кардани ин чунин аст. Оби софи шӯра
ҷӯшонидашударо дубора меҷӯшонанду хунук меку-
нанд. Шӯраи аз ин баста борик-борики дарозак аст,
ғафсӣ ва дарозиаш ними чӯби гӯгирд барин, вале ан-
дак нӯгтез аст. Ана ҳаминро шӯраи қаламӣ меноманд.
Алҳол шӯраро дар замони мо селитра мегӯянд — ҳа-
мон селитрае, ки ҳамчун нурии минералӣ ба заминҳои
зироат мепошиданд.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, ги-
реҳҳои дар рагҳо ва дар дигар ҷоҳои дохили бадан
пайдошударо мекушояд, баданро аз балғам аз римҳо
пок мекунад. Хусусияти поккунандагӣ ва инчунин да-
рунро поккунандагии он аз намак ва танакор қавитар
аст. Барои иллатҳои сипурз ва дарди миён фоида до-
686
рад. Агар инро бо шакар бихӯранд, пешоби бандшудае,
ки бо ҳеҷ як даво кушода нагашта бошад, ба зудӣ ра-
вон мегардонад. Барои ин бояд, ки шӯра як грамм ва
шакар 7 грамм бошад. Боз як намуди табобати пешо-
би бандгашта аз ҳамин иборат аст, ки агар каси пешо-
баш бандшуда 4,5 грамм шӯраи қаламиро бо 9 грамм
хардал (горчица) бо он миқдор об, ки ба як дафъа
нӯшида тавонад, биёшомад, ҳамон соат пешобаш кушо-
да мегардад.
Миқдори як бор хӯрдан аз шӯра дар як рӯз то 1,75
грамм аст. Вале хӯрдани ин ба сурхрӯда (сурхной)
ва гурда зарар мекунад. Дар ин гуна зарарҳояш асал
ё катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад.

306. Хишти пухта

Ин ду хел аст: сафед ва сурх. Қисми сафеди хиш-
ти пухта он аст, ки онро дар кӯраи оҳакпазӣ мепазанд.
Қисми дуввум хишти сурх аст, ки онро дар хумдони
хиштпазӣ мепазанд ба ин тариқ. Як қабат ҳезуми
хушк ё саргини хушки гов ва ғайра гузошта, аз болои
он хишти хоми хушкро пай мечинанд. Аз рӯйи он боз
ҳезум меандозанд ва бар болои он боз хишт пай чида
ва ҳамин тариқ чанд қабат, ки хоҳанд, ҳамчунин таҳ
бар таҳ сохта, ҳезумҳоро оташ медиҳанд, то ки ҳезум
батамом бисӯзад ва ҳамаи хиштҳо пухта гарданд.
Мизоҷи ин дар дараҷаи дуввум гарм ва дар чорум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хишти пухтаи сафедро,
ки об нарасида бошад, дар оташ монанди ахгар сурх
кунанд ва баъд онро ба он миқдор об андозанд, ки об
ба ҷӯш ояд. Сонӣ чодаре ё кампале бар сар гирифта,
сарро ба бухори он бидоранд, то он ки арақ ояд. Ин
барои дур кардани моддаҳои зарарноки майна, ки сард-
мизоҷ бошанд, назлаҳои кӯҳна, ки касро ҳамеша бемо-
рӣ медоранд, инчунин дарди сари дерина — барои ҳа-
мааш давои бемисл мебошад, ки ин дар муддати аср-
ҳои дароз озмуда шудааст. Агар ин хиштро бо намак
якҷо кӯфта, бо сирко хамир карда гузошта банданд,
сабӯсаки сарро нест мекунад.
Ин хишти пухтаи обнадидаро ё порчаеро аз он, ху-
сусан, ки сафед бошад, дар оташ гарм карда, қадаре
об ё шароб ба он пошида, дар миёни як намад ё кӯр-
687
паи пахтадор печонида, ба узве, ки аз сардӣ ё аз
зиёд гаштани моддаҳои хунукмизоҷ газак гирифта ё аз
бод пайдо кардан дард мекарда бошад ва ё ба мав-
зеи бавосире, ки дарди шадид дошта бошад, гармбан-
дӣ кунанд, он узв арақ меоварад, бо ин восита модда-
ҳои сардмизоҷи онро дафъ мегардонад, дарди шадиди
онро таскин медиҳад ва худи бавосирро гудохта нест
мекунад. Агар онро кӯфта, бо оби ғӯраи ангур хамир
карда гузошта банданд, дона ва обилаҳои дар пӯст
пайдошударо шифо мебахшад ва намегузорад, ки дигар
ба беруни пӯст зада бароянд. Агар инро бо саргини
тари гов хамир карда, ба варамҳо, доначаҳои беранги
дар пӯсти бадан пайдошаванда, истисқо (водянка)-и
обӣ, истисқои гӯштӣ ва сустии ҷигар, ки касро аз кору-
бор бозмедорад, гузошта банданд, шифо мебахшад.
Хишти пухтаро кӯфта, ба ҷароҳатҳо бипошанд, ху-
нашро аз рафтан манъ мекунад. Ҳар гуна хишти пух-
таро, ки оташ бар он нарасида бошад, гарм карда, ни-
шастгоҳи худро бар болояш бидоранд, исҳолро, ки аз
зиёд гаштани рутубат бошад ё дар натиҷаи афзудани
боди сардмизоҷ сурат гирифта бошад, ё бавосири дард-
нок пайдо шуда бошад, таскин медиҳад. Агар ба он
хишти гарм равғани гулисурх бирезанд, таъсираш зуд-
тар зоҳир мегардад. Чун ду хишти пухтаи обнадидаро
ба ҳамдигар бимоланд ва гардеро, ки аз ин сойиш пай-
до шуда бошад, ба узве, ки аз сардӣ дард кунад ва ва-
рамида бошад, аввал асал бар он молида, баъд он
гардро аз рӯяш бипошанду дар офтоб нишинанд, дард
ва варами онро дафъ мекунад.
Табибони ҳозиқ инро озмуданд, ки агар хишти пух-
таро реза карда, дар дӯғи гов андозанду як шаб ҳамон
тавр гузоранд, пагоҳӣ он дӯғро соф намуда бинӯшанд,
захми кӯҳнаи сиҳатнашавандаро шифо мебахшад.
Аз хишти пухта равған ҳам тайёр мекунанд. Ин
равғанро бинобар манфаати баланд ва бисёр дошта-
наш равғани муборак ҳам меноманд. Санъати тайёр
кардани ин равған ба ин тариқ. Хишти пухтаи сурхи
обнадидаро ба андозаи санҷид реза-реза мекунанд.
Баъд онро дар оташ сурх гардонида, ба даруни равға-
ни зайтун меандозанд, то он ки равғанро ба худ ҷазб
кунад. Сонӣ онро аз равған берун оварда, кӯфта, дар
колбае, ки гили бӯта андуда шуда бошад, пур меку-
нанд. Дар гулӯи колба нахи зағирпоя ё лифи канаф ҷо
мекунанд. Баъд дар як табақи фулузӣ, ки миёнаҷойи
688
табақ барои гулӯи колба сӯрох дошта бошад, колбаро
сарозер гулӯи онро ба сӯрохи табақ ҷо мекунанду ба
зери даҳани колба қиферо мегузоранд ва дар зери қиф
зарферо ҷо медиҳанд. Баъд дар табақ аз атроф ва бо-
лои колба ангишт гузошта, оташ медиҳанд. Аз гармии
оташ дар колба кӯфтаи хишт тафсида, равғанро берун
медиҳад ва дар гулӯи колба равған аз нах гузашта
софшавон ба даҳани қиф мечакад ва аз қиф ба зарфи
поёнӣ меояд.
Мизоҷи ин равған бағоят гарм аст, зуд таъсирку-
нанда, таҳлилдиҳандаи варамҳо ва парокандакунандаи
моддаҳои зарарнок дар бадан мебошад ва арақ мео-
варад. Агар аз он 4,5 грамм бихӯранд, сангҳои хичакро
майда карда мерезонад, пешобро равон мекунад на та-
моми бемориҳои аз сардӣ суратгирифтаи хичакро нафъ
дорад, кирмҳои дар меъда ва рӯдаҳо пайдошударо ме-
кушад; барои дарди аз хунукӣ баамаломадаи рӯдаҳо,
бод ва боднокшавии ботинӣ ва зоҳирӣ давои хубест.
Қуввати заҳрҳоро, аз ҷумла заҳри каждумро мешика-
над. Ба миқдори дар боло гуфта бихӯранд, барои ил-
латҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ),
каҷ шудани рӯй, ларзак, карахтӣ, нотавон гаштани
узвҳо, ирқуннасо (радикулит) ва дарди буғумҳо шифо
мебахшад, инчунин хуни дар ягон ҷойи бадан шахшуда-
ро мегудозад.
Агар ин равғанро ба чашм кашанд, аз боло фуро-
мадани зардобро, ки гавҳараки чашмро тира мегардо-
над ва соҳибаш аз ин кӯр мешавад, дафъ мекунад ва
дар ин амал бемисл аст. Агар ба он равған пахтаеро
олонда ба даруни мақъад бардоранд, хуни бавосирро,
ки банд шуда бошад, мекушояд, донаи бавосирро ме-
афтонад, кирмҳои рӯдаи ростро мерезонад. Агар ҳамин
тавр пахтаро ба ин равған тар карда занҳо аз таг бар-
доранд, ҳайзи бандшудаи онҳоро мекушояд, бачаро аз
шиками ҳомила меафтонад, хоҳ мурда бошад ё зинда,
инчунин ҳамроҳаки (ёраки) тифлро низ зуд берун ме-
оварад. Агар ин равғанро ба пушти сар бимоланд,
нисён (фаромӯшхотирӣ)-ро шифо мебахшад. Ин рав-
ғанро дар бинӣ чаконанд, бемории саръ (припадка) ва
нисёнро сиҳат мебахшад. Агар инро ба дандонҳо би-
моланд, кирми дандонро мекушад, дардашро ҳам тас-
кин медиҳад, инчунин ба решҳои бадфиол бимоланд,
онҳоро дафъ мекунад.
Ҳар рӯз аз ин равған ба миқдори 4.5 грамм бихӯ-
689
ранд, иллати саръро нест мекунад. Ва чанд қатра аз
ин то чанд рӯз ба даруни бинӣ бичаконанд, низ аз ил-
лати саръ наҷот меёбанд. Агар инро ба даруни бинӣ
кашанд, барои фолиҷ фоида дорад. Агар инро дар гӯш
чаконанд, гаронии гӯшро бартараф менамояд. Инак,
агар инро дар бинӣ бикашанд, бемориҳои аз сардӣ ба-
амаломадаи бинӣ ва майнаро сиҳат мебахшад.
Аммо ин равғанро бесабаб хӯрдан ҷоиз нест. Зеро
ба меъда зарар дорад, дар ин ҳолат сирко нӯшида ис-
лоҳ метавон кард.

307. Мӯмиё

Ин калима аслан юнонӣ буда, маънояш баданро аз
бадиҳо нигоҳдоранда мебошад. Баъд ин калима ба
халқҳои форсизабон гузашта ва онҳо ба охири ин ка-
лима «И»-и масдарӣ илова намуда «мӯмиёӣ» гуфтанд.
Дар тибби қадим низ ҳамин тавр номида шудааст. Ва-
ле дар забони тоҷикӣ шакли юнониаш устувор монда-
аст.
Ин чизест, ки аз ҷисмҳои кӯҳӣ, яъне аз мағзи санг
дамида ва гоҳо ба обҳои мағзикӯҳӣ ҳамроҳ шуда, та-
ровиш мекунад, гоҳе дар мағораҳо, зери кӯҳпораҳо ва
шикофу тарқишҳои кӯҳ, ки ҷонварон расида наметаво-
нанд, сип-сиёҳ ҷамъ ва хушк шуда мемонад. Дар баъзе
мавзеъҳои кӯҳистон мӯмиё ба рӯ медамад. Он дамида-
ҳоро ҷонварони гуногун ёфта мехӯранд Дарҳол дару-
ни онҳоро меронад ва мӯмиёи хӯрдаашон ба онҳо хис-
латҳои шифобахши худро дода, дар ҳамон ҷо бо сар-
гин якҷо хориҷ мегардад ва баъд монанди саргини муш
шах ва ҷамъ гашта мемонад. Инро маҳсули таккаи бу-
зи кӯҳӣ гуфтан ва ғайра гумон кардан тамоман беасос
аст. Арабҳо инро «арақ-ул-ҷибол», яъне арақи кӯҳсор
меноманд. Одамони кордон ҳамаи инро ҷамъ карда мӯ-
миё тайёр мекунанд.
Хубтарин мӯмиё аз ҷоҳое, ки ҷонварон расида на-
тавонанд ва дар минтақаҳои сардтар мебошанд, гириф
та, баъд тайёр карда мешавад. Аз он чӣ, ки монанди
саргини муш бошад, тайёр намоянд, он дараҷа аълоси-
фат намешавад.
Тариқи тайёр кардани мӯмиёи ҳақиқӣ ин тавр аст.
Мӯмиёи хоми кӯҳиро ҳар яке ба миқдори санҷид реза-
реза карда, дар оби нимгарм тар мекунаду бар боло-
690
яш дока пӯшида, ҳашт ё даҳ рӯз мегузоранд. Дар ин
муддат ҳамаи ҷавҳари мӯмиё чун қанд ҳал гашта, ба
таркиби об мегузарад ва чизҳои нодаркораш хуб таҳ-
шин мешавад. Баъд он обро ба зарфи дигар мерезанду
дар ҷойи бодваз ва ё ба офтоб мегузоранд. Обаш ба-
тадриҷ бухоршавон парида, мӯмиёи холис дар таги
зарф ба қивом мерасад. Агар он оберо, ки мӯмиёи хом-
ро тар мекунанд, ақаллан то чил дараҷа гарм кунанд,
ҷавҳари пурқимати нозукаш парида меравад — аз ин
мӯмиёи аълосифат тайёр намегардад.
Имтиҳони мӯмиёи волосифат ин тавр аст. Як миқ-
дореро аз он дар миёни ду ангушти даст бигиранд, мӯ-
миёи хушк ва шах худ аз худ мулоим мегардад. Имти-
ҳони дуввум он аст, ки пойи мурғ ё хурӯсро шикаста,
ба он донаи биринҷ барин аз мӯмиё мехӯронанд. Агар
дар муддати як шабонарӯз пояш сиҳат ёбад, мӯмиёи
холис аст. Имтиҳони саввум чунин аст, ки ҷигари гӯс-
фанди нав кушташударо бо пораи най чок карда, ба
он чок мӯмиёро мемоланд. Агар аз ин кор чоки ҷигар
ба ҳам бичаспад, мӯмиёи волосифат аст.
Вале баъзе одамони қаллоб мӯмиёи хомро аз кӯҳ
ёфта, ба он панҷ-шаш тор мӯйи бузро часпонида, «мӯми-
ёи такагӣ» гӯён ба нархи қимат мефурӯшанд ё чизи
дигарро, мутаассифона, бо унвони мӯмиё пул мекунанд.
Ин, албатта, дар навбати аввал фиребгарист!
Ранги мӯмиёи аълосифат сип-сиёҳи барроқ ва таъ-
маш талхи форам мебошад. Мӯмиёи ҳақиқӣ бӯйи бад ва
нохуш надорад, балки андак бӯйи нефтӣ аз он шамида
мешавад. Мӯмиё қуввати шифобахши худро то чил сол
нигоҳ медорад ва баъд бекора мегардад.
Мизоҷи мӯмиё дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани мӯмиё рӯҳ ва
дилро қавӣ мегардонад, фараҳ мебахшад, моддаҳои ху-
нукмизоҷи дар бадан бударо пароканда мегардонад,
ба узвҳои дохилӣ ва берунӣ қувват мебахшад, рутубат-
ҳои нодаркори баданро хушк мекунад, ҳамаи қувват-
ҳои баданро нигоҳ медорад; агар моддаҳои ғафс мав-
ҷуд бошанд, онҳоро рақиқ (суюқ) мегардонад, зуд таъ-
сир мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, узвҳои до-
хилиро аз моддаҳои зарарнок пок месозад; барои ҳик-
как (ҳиқичоқ), фолиҷ, ларзак ва каҷ шудани рӯ даво
мешавад, ҳар гуна заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад;
дарди меъда ва дарди дилро шифо мебахшад, меъда-
691
ро мустаҳкам менамояд; гулӯгоҳи бачадони занҳо бӯғ-
ма шуда бошад, мекушояд ва ҳамаи бемориҳоеро, ки
аз хунукӣ бошанд, шифо мебахшад; иллати хун қай
кардан, ҷароҳати хичак, беихтиёр равон шудани пе-
шоб, махави нав саршуда, филпо ва гаронии забонро
даво мешавад; аз газидани каждум озор расида бо-
шад, онро дафъ мекунад, варамҳои хунук ва мулоим-
ро таҳлил медиҳад, устухони шикастаро ба ҳам мечас-
понад, зарб хӯрданро (хоҳ майна бичалакад ё ҷойи ди-
гар лат хӯрад) нафъ дорад.
Баробари як вазни ҷави онро бо оби райҳони гӯши
муш бихӯранд, барои дарди сари аз хунукӣ суратги-
рифта, дарди нимсар, саръ, чарх задани сар, каҷ шу-
дани рӯй, фолиҷ, суст ва нотавон мондани ягон узв да-
во мешавад. Ба вазни ду ҷави онро бо обе, ки дар он
кокутӣ ва чоқулаи кӯҳӣ ҷӯшонида шуда бошад, бинӯ-
шанд, дуру дароз ва бемаврид сахт хобиданро ба ис-
лоҳ меоварад.
Ба вазни як ҷави онро бо обе, ки дар он райҳони
гӯши муш ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, бимоланд,
дар бинӣ бирезанд ва дар гӯш бичаконанд, инчунин ба
ҷойи оби он райҳон ҷӯшёфта равғани савсани сафед
даромехта, дар гӯшу бинӣ бичаконанд, дардҳои кӯҳнаи
сарро, ки аз хунукӣ бошанд, инчунин боди майна ва
хунукии мағзи сарро шифо мебахшад. Миқдори як ҷа-
ви мӯмиёро дар равғани зайтун ва асал ҳал карда,
дар бинӣ ва гӯш бичаконанд, бодҳои дар майна ҷамъ-
шударо пароканда мекунад.
Дар омади гап, гирифтани равғани савсани сафед
чунин аст. Масалан, ним литр равғани кунҷиди навро
дар зарфи шиша рехта, даруни он равғанро аз гули
савсани сафед пур намуда, ба офтоб мегузоранд. Дар
муддати панҷ-шаш рӯз рангу бӯй ва қуввати гул ба
равған мегузарад. Гулро фишурда дур намуда, аз нав
гули дигар меандозанд ва ҳоказо, то панҷ-шаш навбат
гулро дигар карда, баъд равғанро соф карда мегиран-
ду нигоҳ медоранд.
Миқдори як биринҷ мӯмиёро бо обе, ки дар он ка-
рафс ҷӯшонида шуда бошад, андохта, ба инҳо зираи
сиёҳ дохил карда биёшоманд, барои каҷ шудани рӯй
дору мешавад. Чоряк грамми онро бо обе, ки дар он
кокутӣ ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, иллати лар-
закро дафъ мекунад. Миқдори як биринҷи онро дар
равғани гулисурх ҳал карда, нимгарм дар гӯш чако-
692
нанд ё фатиларо дар он тар карда ба даруни гӯш гузо-
ранд, гаронии гӯш, реш, захм ва омадани римро аз он
шифо мебахшад. Табиби машҳур Аристотолис гуфта-
аст, ки мӯмиёро дар равғани бенамаки хук ҳал карда,
дар гӯш чаконанд, кариро, ҳатто кари модарзодро ши-
фо мебахшад. Инро бо кофур ё бо оби райҳони гӯши
муш даромехта, ба даруни бинӣ чаконанд, хуни бини-
ро манъ мекунад, инчунин дигар бемориҳои биниро
шифо мебахшад. Миқдори як биринҷ мӯмиёро дар рав-
ғани сир ҳал карда, дар бинӣ чаконанд, чарх задани
сарро нест мекунад.
Мӯмиёро бо асал даромехта, ба забон бимоланд,
лукнати забонро ислоҳ мекунад ва гаронии онро дафъ
месозад.
Миқдори як ҷави онро бо шири хар бихӯранд, илла-
ти хун қай карданро дафъ мекунад, инчунин хуни би-
ниро ҳам манъ менамояд ва агар дар бинӣ чаконанд,
низ хуни биниро мебандад.
Донаи ҷав барин мӯмиёро бо сиканҷабин ё бо оби
наъно биёшоманд, дарди шадиди гулӯро, ки аз ҷамъ
шудани хун дар он ҷо ба амал омада бошад, дафъ
мекунад. 0,2 грамм мӯмиёро бо ширинии тут бихӯранд,
дард ва варами ҳалқумро шифо мебахшад. Миқдори як
биринҷи онро бо оби челон ё бо оби сагпистон, ё бо
оби ҷав, ё бо оби решаи бепӯсти ширинбия биёшоманд,
барои дарди гулӯ, ки сабабаш ҷамъ шудани хун бо-
шад, дармон мешавад. Миқдори як биринҷи онро бо
оби сагпистон ё бо оби ҷав се рӯз пайдарҳам ба дили
наҳор бихӯранд, сурфаро нест мегардонад. 0,2 грамми
онро бо оби наъно бихӯранд, дилтапак (дилбозӣ)-ро,
ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунукмизоҷ дар
дил бошад, нафъ дорад.
0,2 грамм мӯмиёро бо обе, ки дар он зираи сиёҳ
ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, беҳузур (беҷо) шу-
дани дил, дилтапак, сустӣ ва қароқури меъда ва бод-
нокшавии шикамро, ки сабабаш зиёд шудани балғам
бошад, шифо мебахшад ва рутубати зарарноки сари
меъдаро хушк мекунад; узвҳои даруни сина ва меъда
зарб хӯрда бошанд, дармон мегардад. Миқдори як би-
ринҷи онро бо обе, ки дар он зираи сиёҳ ё тухми ка-
рафс ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, дарди сипурзро
ба ибро меоварад. Миқдори як биринҷи онро бо оби
кашнизи тар ё бо оби решаи кавар бихӯранд, дард,
пурбод ва бузург гаштани сипурзро ислоҳ мекунад.
693
0,2 грамми онро бо оби карафси тар ё бо пӯсти решаи
кавар бихӯранд, варами ҷанинро шифо мебахшад.
0,2 грамми онро бо шири навдӯшида бихӯранд ё
бо камтар шакар фурӯ баранд, барои захм ва дардҳои
сӯрохи закару хичак дору мешавад. Ҳар ҳафта як мар-
таба ба миқдори ду биринҷи онро бо равғани гов би-
хӯранд, боди бавосирро, ки дарди дар ҳама ҷоҳои ши-
кам даврзананда мебошад, шифо мебахшад, инчунин
дардҳои меъдаро низ дафъ мекунад.
Камтареро аз мӯмиё бо орди гандум хамир карда,
дар сӯрохи пушт бардоранд, барои касоне, ки барои
нигоҳ доштани пешоби худ сабр надоранд ва касонеро,
ки пешобашон беихтиёр равон мегардад, дармон меша-
вад. Инчунин камтар мӯмиёро бо равғани зайтун даро-
мехта, дар сӯрохи пушт бардоранд, чакмезак ва бесаб-
риро дар пешоб кардан сиҳат мебахшад, инчунин сус-
тии мақъадро (кӯтанро) дар соҳибаш ҳангоми мубоша-
рат баробари хориҷ гаштани манӣ саргинаш ҳам бар-
меояд, шифо медиҳад.
Ҳаким Муҳаммади Закариё нақл кардааст, ки ка-
серо маниаш харҷ шуда бошад, хоҳад ки ба зудӣ ба
ҳоли аслиаш баргардад, дар вақти ҳаракати мубоша-
рат ҳангоми хориҷ шудани маниаш миқдори ду ҷави
мӯмиёро дар 17,5 грамм асали сафед ҳал карда бихӯ-
рад, агар он кас гарммизоҷ бошад, бо шарбатҳои ху-
нукмизоҷ биёшомад, аз нав ҳоли аслиаш барқарор ме-
гардад.
0,5 ё 0,7 грамм мӯмиёро дар равғани гулисурх ё дар
се адад зардаи тухми мурғ ҳал карда бихӯрад, барои
дарди буғумҳо, беҷо шудани буғумҳо, лат хӯрдани му-
шак ва асаб, даридан ва канда шудани асаб, шикаста-
ни устухон, чалакидани майна ва монанди инҳо даво
мешавад. Инчунин хӯрдани он бо шароби соф барои бе-
морӣ ва офатҳои мазкур шифо мебахшад. Барои ҷаро-
ҳат ва захмҳои кӯҳна ва носур ба вазни 0,5 грамми
онро бо 3,5 грамм равғани обкардаи хук ва ин миқдор
мӯмиёро бо равғани зайтун даромехта, аз рӯ бимоланд,
шифо мебахшад. Барои иллатҳои ботинӣ ва лат хӯр-
данҳо 0,5 грамм мӯмиёро дар равғани гулисурх ё рав-
ғани кунҷид ҳал карда бимоланд, нафъ дорад. Агар
ба касе тир зада ё ягон ҷойи бадан чок шуда бошад,
ба он ҷо бимоланд ва аз дарун низ бихӯранд, сиҳат ме-
гардонад. 0,25 грамми онро бо обе, ки дар он зарпе-
чак ҷӯшонида шуда бошад, ҳафт рӯз пайдарҳам бихӯ-
694
ранд, доғи нави пес, махави нав ва филпоро шифо ме-
бахшад. 0,2 грамми онро бо равғани гов биёмезанду
бимоланд, заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад. 0,2
грамми онро бо қанди сафед ё ҳамин миқдорашро бо
оби кашнизи тар бихӯранд, газанди заҳрҳоро бартараф
менамояд. Миқдори ду биринҷи онро бо оби пудинаи
кӯҳӣ (кийикӯтӣ) бинӯшанд, низ таъсири ҳамаи заҳрҳо-
ро аз бадан дафъ мекунад.
Ҳар рӯз ба дили наҳор ним ё як соат пеш аз ноши-
то ба миқдори донаи биринҷи онро бихӯранд, аз вара-
ми ҷигар наҷот меёбанд.

308. Гӯгирд

Ин калимаи қадими тоҷикӣ мебошад. Баъдтар ба
сабаби пайдо гаштани гӯгирди оташзада инро олтингӯ-
гирд ва хомгӯгирд ҳам номидан гирифтанд, инро ба за-
бони арабӣ кибрит мегӯянд ва ба русӣ сера мехонанд.
Гӯгирд чор навъ аст: сафед, зард, сурх ва сиёҳ. Сурхи
он шаффоф, софи барроқ ва дар кони худ ҳангоми шаб
монанди ахгар медурахшад. Кони ин дар Ҳурмузи Форс
ва дар ҷазираҳои Уммон аст.
Ҳакими асри якуми милод Ҷолинус навиштааст, ки
гӯгирдро аз конҳои чуқур берун меоваранд ки он сурх,
зард, сафед ва сиёҳ мебошад. Навъи зардаш моил ба
сабзист — онро сабеӣ, сафедашро гӯгирди форсӣ ва мо-
ил ба кабудиро гӯгирди тира меноманд. Беҳтарини ҳа-
ма сурхи пурнури он аст, ки соф ва сахт бошад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст, бо вуҷуди ин дараҷаи гармиаш аз хушкии он зиёд-
тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар кӯфтаи инро бо
зардаи тухми нимбирён (нимпухта) даромехта бихӯ-
ранд, зуком, назла ва сурфаи тарро шифо мебахшад,
аз узвҳои даруни сина ва шуш рим ва балғамро хориҷ
мегардонад, зардпарвин ва заҳрҳоро аз бадан дафъ
мекунад.
Худашро танҳо ё бо об ва ё бо давоҳои муносиб
биёшоманд, зардпарвинро шифо мебахшад, ҳайзи банд-
шударо мекушояд, инчунин бар зидди заҳрҳо тарёқ
мебошад. Кӯфтаи онро бипошанд, низ зарари заҳри
ҷонваронро дафъ мекунад.
Як миқдор гӯгирд, ним вазни он шилми бодомро бо
695
ҷуғрот сиришта бимоланд, ширинча, захмҳои сар, шу-
куфаи пӯст ва қӯтури тарро шифо мебахшад.
Кӯфтаи гӯгирдро дар бинӣ бирезанд, барои иллати
саръ (припадка), сакта (мурда барин беҳаракат мон-
дан) ва дарди нимсар даво мешавад.
Агар дуди онро ба ҷоҳои даркории бадан бигиранд,
дарди сарро дафъ мекунад, назла ва зукомро мебан-
дад, карии гӯшро шифо мебахшад, бачаро аз шиками
занони ҳомила меафтонад (дар ин бобат хусусан навъи
сурхи онро дуд кунанд, беҳтар аст).
Гӯгирдро бо равғани тухми арча даромехта, ба да-
руни гӯш чаконанд, карии гӯш ва гаронии онро дафъ
мекунад.
Гӯгирдро бо асал, пешоб ё бо оби даҳан сиришта
бимоланд, газидани ҷонварони заҳрнокро шифо мебах-
шад; инро бо шилми санавбар даромехта бимоланд,
заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад, инчунин бо
сирко омехта бимоланд, барои газидани каждум даво
мебошад.
Гӯгирдро дар тухми мурғи нимпухта ё тухми ним-
бирён даромехта бихӯранд, ҳамаи навъҳои қӯтури тар
ва хоришҳои баданро дафъ мекунад.
Агар инро бо оқирқирҳо, асал ва сирко сиришта
бимоланд, барои иллати махав ва ҷӯшишҳои савдовӣ
бо як аҷобате таъсир мебахшад; бо сирко сиришта би-
моланд, барои доғи сафеди пӯст даво мебошад; бо ҳи-
но даромехта бимоланд, шукуфаи пӯстро шифо мебах-
шад; бо хояи сагобӣ даромехта гузошта банданд, сах-
тиҳоро таҳлил медиҳад, яъне мегудозад.
Агар инро сойида, бар бадан бипошанд, арақро қатъ
мекунад ва агар бар рӯй бипошанд, онро сафед мегар-
донад.
Инро дуд кунанд, ҷонварони заҳрнок аз он ҷо мегу-
резанд, вале мӯйро сафед мекунад. Агар бо ин бишӯ-
янд, хоришро дафъ мекунад.
Вале хӯрдани гӯгирд ба меъда зарар дорад. Давои
ин зиёнаш катиро ва шири навдӯшида хӯрдан аст. Ба
майна ҳам зарар дорад — дар ин маврид бунафша ва
шакар бихӯранд, ислоҳи зарари он менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз гӯгирд дар як рӯз аз 1
то 4,5 грамм аст.
Аз гӯгирд равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ:
1. Гӯгирди зардро маҳин кӯфта, дар чор баробари
он равғани дунба даромехта, як пора карбосро ба он
696
олонда, фатила сохта, онро оташ гиронида, бар рӯйи
тахта сарозер биёвезанд ва ба тагаш зарфи мисие гу-
зоранд. Ҳар чӣ аз ин фатилаи сӯзон бичакад — ҳамон
равғани гӯгирд аст. Агар инро бимоланд, ширинча, қӯ-
тур, шукуфаи пӯст, хориш ва ҳамаи дардҳои баданро,
ки аз сардӣ бошанд, дафъ мекунад.
2. Тариқи дигари гирифтани равғани гӯгирд. Гӯгир-
ди зарди софро як миқдор гирифта, бо ним вазни он
рег сойида, дар колбаи гарданкаҷ меандозанд, ки онро
ба рӯяш гили бӯта молида бошанд. Баъд онро бо ота-
ши мулоими баробарҳарорат, яъне якзайл гармидиҳан-
да тафсонидан даркор аст, то ки гӯгирд аз ҷойи худ
боло хезад ва аз гардани каҷи шиша дар давоми ду
шабонарӯз берун бичакад. Сонӣ ҳамаи чакидаи онро
бардошта, дар шиша нигоҳ медоранд — ҳамин равғани
гӯгирд аст, ки вақти ҳоҷат ба кор мебаранд.
Ин равған дору мебошад барои бемориҳои сарди
бадбӯ, ҳамаи табҳои бадбӯ, таби дурӯздармиёнгиран-
да, бемориҳои балғамии доимӣ, тоунҳо (чума), захмҳо,
ҷароҳатҳо, бавосир, пӯсидани милки дандон, захмҳои
даруни даҳан; бемориҳои меъда, ҷигар, сипурз, бача-
дон, хичак ва буғумҳо шифо мебахшад. Ва хӯрда ме-
шавад миқдори камакак аз ин равған бо оби давоҳои
муносиб: аз барои таби дурӯздармиён бо обе, ки дар
он говзабон ҷӯшонида шуда бошад; барои тоун бо обе, ки
дар он турб ҷӯшонида шуда бошад; барои гум шудани
шаҳват, яъне барҳам хӯрдани хислати мардӣ бо оби
талхшувоқ; барои дарди меъда ва қулинҷ бо оби пу-
дина; барои сардии ҷигар ва истисқо (водянка) бо оби
савсани кӯҳӣ; барои гиреҳ ва дарди сипурз бо обе, ки
дар он кавар ҷӯшонида шуда бошад; барои оташак
(сифилис) бо оби шоҳитара; барои ихроҷ кардани
кирмҳои меъда ва рӯдаҳо бо оби талхшувоқ; барои
дарди бачадон бо обе, ки дар он бобунаи говчашм ҷӯ-
шонида шуда бошад ва барои пешоби бандшуда бо
шароб мехӯранд. Ва ба решҳои хабиса молида меша-
вад.

309. Сафол

Ин зарфест маълум, ки аз гили пухта ва маҳсули
кулол мебошад.
Мизоҷаш бисёр хушк аст ва бо андак гармӣ.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи навъҳои онро
697
кӯфта гузошта банданд, варамҳои мулоимро таҳлил
медиҳад, захмҳои узвҳои хушкмизоҷро, ки монанди:
ғузруф (тағояк) ва барои даридани пӯсти бадан даво
мешавад. Сафоли навро кӯфта, бо марҳамҳо даромехта
гузошта банданд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат ме-
бахшад; бо сирко хамир сохта гузошта банданд, хо-
риш, ҷӯшишҳо, пучак, решҳои сар, қӯтур ва ниқрис
(подагра)-ро шифо мебахшад; бо мумравған сиришта
гузошта банданд, варамҳои кӯҳнаро таҳлил медиҳад,
ханозер (хукгардан) ва ғуддаҳоро дафъ мекунад.
Сафоли чиниро маҳин кӯфта, ба чашм кашанд, гу-
ли чашми табақаи қарнияро дафъ менамояд. Агар ин
кӯфтаро ба дандон бимоланд, онро аз доғҳои гуногун
пок мекунад, милки дандонро мустаҳкам мегардонад
ва омадани хунро аз он қатъ месозад
Сафол ба узвҳои мағзи сар зарар дорад — дар ин
маврид равғани бунафша ва равғани нилуфар зиёни он-
ро ислоҳ мекунад.
Сафолеро, ки дар он муддати дароз намак нигоҳ
дошта бошанд ё сафолпораҳоеро, ки аз даруни намак
ёфта бошанд, инчунин сангрезаҳоеро, ки аз даруни на-
мак ёфта бошанд, ос карда бимоланд ё гузошта бан-
данд, варамҳои нарми сардро, ки дар ҳар узве ба ҳам
расида бошанд, хушк мекунад, инчунин онро маҳин ос
карда, чун сурма ба чашм бикашанд, обравии чашмро
ислоҳ мекунад.

310. Оҳан

Ин фулузи машҳур аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби оҳантофтаро, яъне
оберо, ки оҳангарон оҳан ё фӯлоди тафсонро дар он
сард мекунанд, биёшоманд, боҳро бағоят қувват ме
бахшад, дарунро мебандад, ҷароҳати рӯдаҳоро ба ибро
меоварад, бавосирро дафъ мекунад, варами сипурзро
таҳлил медиҳад, меъдаро қавӣ мегардонад, беихтиёр
равон гаштани пешобро ислоҳ медиҳад, дарди мақъад-
ро таскин медиҳад, зарари саги девона газидаро дафъ
менамояд; зардии ранги рухсораро мебарад, исҳолро
манъ месозад; дилтапак (дилбозӣ), истисқо (водянка),
сустии ҷигар, заифии меъда ва исҳоли хунин дору ме-
шавад, ки хубтарин аст. Агар оҳани тафсонро дар дӯғ
698
сард карда, он дӯғро бинӯшанд, барои бемориҳои ис-
ҳоли хунин, беҷо равон шудани ҳайз, хунравиҳо аз поё-
ни бадан ва иллатҳои мақъад қавитар аз оби оҳанга-
рон аст.
Оҳансоваро дар шаробе, ки заҳролуд бошад, биян-
дозанд, заҳрро аз он шароб ба худ ҷазб мекунад ва
дигар асари заҳр дар он намемонад. Соваҳои оҳанро
дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро нимгарм дар гӯш ча-
конанд, омадани римро аз он қатъ мекунад ва иллати
гӯшро сиҳат мебахшад, агарчи кӯҳна ҳам шуда бошад.
Хӯрдани оҳан шикамро ба дард меоварад, даҳанро
хушк мекунад, дарди сар медиҳад. Дар ин ҳолатҳои
рӯйдода шири тозадӯшида бинӯшанд, ислоҳи зарар ме-
намояд.

Ба мундариҷа


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ

Ёбед: