Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 3.2.

Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби сеюм.
Оинҳои тозардуштӣ

Меҳрпарастӣ

Меҳр яке аз худовандони бузурги то замони Зардушт буда, дар атрофи худ гурӯҳи худоёни дигарро низ муттаҳид кардааст. Калимаи меҳр аз решаи ҳиндуориёии Mith буда, ба маънии асос, реша ва бун аст. Аз ҳамин реша дар Авесто калимаи маесаня (maethanya), ки зиёд истеъмол шуда, мафҳуми хона, бум, маконро доро аст, имрӯз дар забони тоҷикӣ ба меҳан мубаддал гардидааст. Меҳмони имрӯзаи мо ҳам аз ҳамин реша буда, маесман (maethman)-и авестоист. Юсти Меҳрро ба маънии зикршуда баён карда, онро воситае миёни олами моддӣ ва нури азалӣ медонад. Маънии он робита миёни парвардигор ва офаридагон аст.

Эътиқод ба ин худованд дар замонҳои ниҳоят куҳан падид омада, решаи амиқи табиӣ ва таърихӣ дорад. Боварӣ ба ин илоҳӣ марбут ба замоне мебошад, ки ҳанӯз ҳиндуҳо ба сарзамини имрӯзаи худ – Ҳиндустон ва эрониён ба ватани муосирашон – Эрон кӯч набаста буданд. Осори бостонитарин бо номи ин худованд, лавҳаҳои гилие мебошад, ки дар соли 1907 мелодӣ дар Каппатука, дар ҷое бо номи Бағозкӯй, воқеъ дар Туркияи имрӯза кашф ва ба асри XIV то м. нисбат дода шудааст.[1]

Ин эътиқод дар ҳазораи 2 то м. дар дили Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омада,[2] оҳиста-оҳиста тамоми Осиё ва баъдан Аврупоро фаро гирифт ва дар асрҳои нахустини мелодӣ бо дини насронӣ ба мубориза бархост. Чун ин дин эътиқоди политеистӣ ва бисёрхудоӣ буда, дар таи ҳазораҳо ба он дар Осиё ва Аврупо шоху баргҳои наве илова карда буданд, дар садаи IV мелодӣ тоби муқовимати дини ҷадиди насрониро пайдо накарда, ҷойи худро ба он дод. Оини меҳрпарастиро барои он дини пуррамзу роз хондаанд, ки дар худи ҳамон замонҳои қадим барои пайравони он низ дар атрофи оин ҳиҷоби сирру асрор ба вуҷуд оварда, маросим ва расму суннатҳои намозу ситойиш дар ғорҳо ва зерзаминҳои махсус, ки муносиби қонунҳо ва дастури дини меҳрпарастӣ канда мешуд, пӯшида ва сиррӣ анҷом мегирифтанд. Авестошиноси шведӣ Ҳ. Нюберг ва шогирдони ӯ оини меҳрпарастиро яке аз оинҳои қадимтарини пеш аз Зардушт ҳисоб мекунанд.[3]

Дини яктопарастии зардуштия минбаъд ҷойи оини Меҳрро гирифт ва мақому мартабаи Меҳрро ҳамчун худованд бикост, вале чун ба вай эътиқоди фаровон доштанд, ақидаю тасаввуроти мардумро дар бораи меҳрпарастӣ дигар накарда, онро ҳамчун ёвари Аҳуромаздо дар Авесто дохил кард.

Аз ин рӯ, дини ҷадиди яктопарастии маздаясно дар Авесто симо ва вазифаҳои пештараи Меҳрро нигоҳ дошт. Дар Авесто Аҳуромаздо худованди яккаю ягона эълон карда шуда, дар асоси бандҳои 1 ва 82 Меҳряшт Меҳр ба офарида ва ёвари Аҳуромаздо мубаддал гардид. Вале агар ба Авесто амиқ назар афканем, мушоҳида хоҳем кард, ки бо вуҷуди он ки Меҳр дар он бузургии пештараи худро аз даст додааст, вале дар Меҳряшт эътибор ва мақому манзалати баланди худро ҳифз кардааст. Дар банди аввали ин яшт Аҳуромаздо дар суҳбат бо паёмбари худ Зардушт мегӯяд, ки фариштаи Меҳрро дар эҳтиром, намоз ва ситойиш баробари худ офаридааст. Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки Аҳуромаздо дар Авесто фақат ду фариштаро, ки худоёни бозмондаи то давраи Зардушт ҳастанд, ҳамтирозу ҳамвазни худ медонад: Апам Напот ва Меҳр. Маҳалли пайдоиш ва ватани оини меҳрпарастӣ дар Меҳряшт чунин баён карда шудааст: Нахустин эзиди минавӣ, ки пеш аз дамидани хуршеди ҷовидонаи тезасп бар фарози кӯҳи Ҳара барояд. Нахустин касе, ки ороста бо зеварҳои заррин, аз фарози он кӯҳи зебо сар бароварад. Аз он ҷост, ки Меҳри бисёр тавоно бар ҳамаи хонумонҳои ориёӣ бингарад (Банди 13); Он ҷо, ки шаҳриёрони далер, размоварони бисёр иҷтимоъ кунанд (саф ороянд), он ҷо ки чорпоёнро кӯҳсорони баланд ва чарогоҳҳои фаровон аст; Он ҷо ки дарёҳои жарфу паҳновар аст, он ҷо ки рӯдҳои паҳновар ва Новтог ба анбӯҳи ҳезобҳои хурӯшон ба Ишката, Парута бархӯрда ва ба сӯйи Марв, Ҳирот ва Суғду Хоразм мешитобад. (Банди 13, 14). [4]

Меҳрро фариштае медонанд, ки пеш аз баромадани Офтоб бо ҳолаи дурахшон аз болои кӯҳи Ҳара Березайти сар бароварда, ба ободгоҳҳои ориёӣ назар мекунад. Дар банди 14 аввалин номи ҷуғрофие, ки зикр гардидааст, Новтог мебошад. Бино ба маълумоти Бундаҳишн боби 20, банди 24 (чопи Вэст ва Анклессария), Минӯи хирад, боби 27, банди 44 Новтог рӯде аст, ки Афросиёб подшоҳи Тӯрон хатти сайри онро тағйир дода, ба кӯли муқаддаси Чаечест пайваст кард. Ин далелро муҳаққиқони аврупоӣ низ таъйид кардаанд.[5] Ҳамаи сарчашмаҳо аз ҷумла муаррихони тоҷик мавқеи Тӯронро дар Осиёи Марказӣ муайян кардаанд.[6] Ҳ. Мӯъминҷонов кӯли Иссиқ ва гирду атрофи онро ватани Афросиёб медонад.[7]

Аксари аъзами номҳои ҷуғрофии дигаре, ки дар банди 14 Меҳряшт зикр шудаанд, ҳамчунин дар ҳудуди Осиёи Марказӣ воқеъ мебошанд. Яке аз муҳаққиқони франсавӣ Франс Куман, ки дар ин замина дар охири асри XIX ва аввали асри XX тадқиқоти ҷолибе анҷом додааст, ватани дини Меҳрро Осиё медонад.[8]

Зеҳнер Р.С. бошад ба Осиёи Миёна ҳамчун хостгоҳи оини меҳрпарастӣ ишора кардааст.[9] Нисбати ин ки оини меҳрпарастӣ аз ҳисоби сарватҳои маънавии динҳои маҳаллӣ дар Байнаннаҳрайн ва Осиёи Хурд ташаккул ёфта, ба Аврупо рахна кард, дар мавзӯи ватани ин оин ақидаҳои дигар низ мавҷуд аст. Масалан, Плутарх – муаррихи юнонӣ, ки дар садаи аввали мелодӣ зиндагӣ кардааст, хостгоҳи оини меҳрпарастиро Анатолия (Осиёи Хурд) медонад. Муҳаққиқи муосир Викандер С. бошад, нимҷазираи Балканро ҳамчун ватани аслии дини меҳрпарастӣ пешниҳод мекунад.[10]

Устурашиноси маъруфи эронӣ Меҳрдоди Баҳор зуҳури дини Меҳрро ба марҳилаи муайяни инкишофи ҷамъият пайваста, чунин менависад: «Аз ин рӯ, бояд таҳаввули шахсияти Меҳрро дар Меҳряшт натиҷаи вазъи хос ва тозаи ориёиён дар Осиёи Миёна донист. Дар ин давра дар Осиёи Миёна шаҳракҳо ва қабилаҳо бо якдигар муттаҳид мешаванд ва даврони падид омадани шоҳаншоҳӣ дар миёни қавмҳои ориёӣ оғоз мешавад».[11] Ҳошим Разӣ донишманди дигари эронӣ, ки дар меҳрпарастӣ тадқиқотҳои фаровон анҷом додааст, Варорӯд — сарзамини миёни дарёҳои Сиру Ому, дақиқтараш Суғдиёна — ҳудуди Самарқандро сарзамини хостгоҳи дини меҳрпарастӣ медонад. Нисбати ин ки маросими асосии дини меҳрпарастӣ марбут ба Гов, кушта шудани он ва аз ҷисми ӯ падид омадани ашёи мухталифи ҷаҳони моддӣ аст, дар Авесто Суғд ё Суғдиёна бо исми Гава ё Гава шаена омадааст. Ҳошим Разӣ барои исботи ақидаи худ чунин менависад: «Гава исми ҷинс аст ва бо маънои чорпоён чун гову гӯсфанд ва ба эҳтимол гов, ки дар мавридҳои гуногун шоҳидҳое ҳам барои он ҳаст, дар таркиби Гава шаена ва Гава шити, ки бештар барои сарзамини Суғд корбурд дорад, мафҳуми сарзаминеро ифода мекунад, ки чарогоҳ аст ё сарзамине, ки дар он чарогоҳи фаровон дорад. Дар ин ҷо низ ҳамчун низоми зиндагӣ ва маишатии мардуми даврони госоии зардуштӣ бо мардуми чӯпон ва галадор рӯ ба рӯ ҳастем, ҳарчанд соҳаи кишоварзӣ низ дар канори чӯпонӣ гоҳ-гоҳ ба назар мерасид ва истилоҳоте далел бар он аст, ки дар Авесто ҳаст».[12]

Мувофиқи ақидаи аксари донишмандони авестошинос, тамоми матнҳои Авесто арзиши якранг надошта, бахшҳои мухталифи он ба замонҳои гуногун мансуб мебошанд.[13] Онҳо танҳо таронаҳои шахсии Зардушт, Ҳафтҳот, Яштҳои 5, 10, 13, 14 ва 19-ро аз қисматҳои куҳани Авесто ҳисоб мекунанд.[14] Яшти даҳум, ки мавсум ба номи фариштаи Меҳр аст, аз ҷумлаи онҳо мебошад. Дар ин яшт, ки ба замони пеш аз ҳазрати Зардушт мансуб аст, симо ва вазифаҳои асосии худои Меҳр инъикоси худро пайдо кардааст. «Меҳряшт» яке аз яштҳои зеботарин, ҷолибтарин ва дилкаштарини Авесто буда, дар он пиромуни гузаштагони дури мо, тарзу усули зиндагии содда, вале сарбаландонаи онҳо маълумоти гуногун нуҳуфта аст. Яшти мазкур аз ҷиҳати ҳаҷм низ калон буда, дорои 146 банд мебошад.

Зикр кардан зарур аст, ки мақоми худои Меҳр дар Ведоҳо низ баланд мебошад. Бо вуҷуди он ки ду оини ҳиндуориёиҳо аз ҳамдигар тафовутҳои куллӣ доранд, вале дар мавриди худованди Меҳр аксаран дорои нуктаҳои муштарак мебошанд. Меҳр (Митра) дар ҳар ду оин худовандгори рӯшноӣ, нур ва осмон аст. Аз дидгоҳи симо ва вазифа вайро пуштибони ростӣ ва душмани сарсахти дурӯғ ва роҳи каҷ муаррафӣ кардаанд.

Дар Меҳряшти Авесто Меҳр ҳамчун худои нуру равшаноӣ пеш аз баромадани Офтоб аз фарози қуллаҳои кӯҳ медурахшад. Дар бисёр мавридҳо дар адабиёти классикӣ ва имрӯзаи тоҷик Меҳр муодили Офтоб ва Хуршед омадааст. Дар Меҳряшт Меҳр равшаноӣ ва фурӯғест, ки пеш аз баромадани Офтоб зуҳур карда, файз, баракат, фазояндагӣ ва боландагии ҷаҳони моддиро таъмин мекунад (банди 5).

Дар саросари Меҳряшт вай ҳушёру бедор дар фарози осмон бо гардунаи чаҳораспаи худ метозад ва зиндагии муътадили мардумро посбонӣ мекунад (банди 7). Вай тамоми рӯз рӯйи тезаспи худ осмони паҳноварро гардиш карда, шабҳангом низ бо анвори хеш ба ҷаҳон равшаноӣ мебахшад (банди 7).

Дар Авесто фариштаи Меҳр бо ду унвони бузург ва ифтихорӣ хитоб шудааст: дорандаи даштҳои васеъ ва соҳиби ҳазор гӯшу ҳазор чашм (банди 35) На хуршед, на моҳ, на ситора, балки Меҳр бо ҳазор гӯшу ҳазор чашм ҷаҳонро назорат мекунад, ҳама чизро мешунавад, ҳама чизро мебинад ва ҳеҷ кас вайро фиреб дода наметавонад. (банди 24) Аз ин рӯ, вай худовандгори бузург буда, тамоми аъмолу кирдори мардумро мушоҳида мекунад. Вай душмани сарсахти дурӯғ ва паймоншиканон аст.

Ҳамон худованди бузурге, ки мардум ҳангоми паймон бастан, қарор гузоштан, ваъда кардан вайро ҳамчун шоҳид дар миён меоваранд (банди 26) Вай пуштибон ва ҷонибдори касест, ки ба аҳд вафо кунад, қарори гузоштаро иҷро намояд, ваъдаро анҷом диҳад. Вай душмани сарсахти паймоншиканон аст (банди 23). Вай хуршед нест, вале нуру равшаноие аст, ки торикиро пароканда месозад. Ба замин зиндагӣ ва шодмонӣ ҳадя мекунад. Бо ҳаракати нури худ табиатро афзоянда ва файзбор мегардонад (банди 16). Чун Меҳр фармонравои даштҳо ва майдонҳои васеъ аст, рушду боландагӣ ва неъмату баракати гала, ҳайвонот ва фарзандонро таъмин мекунад (банди 65). Обро аз осмон ба замин ҷорӣ карда, сабаби рӯйиши гиёҳ мешавад ва ба пайравон ва ситояндагони худ тандурустӣ, сарват, фарзанд ва гала мебахшад, (банди 61) дороӣ ва сарватро дар сари роҳи зиндагии муъминон пароканда, ба онҳо баракати маънавӣ эҳдо мекунад (банди 66).

Худованди Меҳр сарват, фарзанд ва хонаводаи некро бо оромии равонӣ, хирадмандӣ, некномӣ, беҳрӯзӣ ва беҳкомӣ пайваст намуда, сабаби ҳамбастагӣ, якдилии муъминон ва ситойишгарони худ мешавад (банди 73, 74).

Меҳр девҳоеро, ки дар торикӣ ба сар мебаранд ва сабаби интишори гуноҳу нофармонӣ, нопокӣ, хушкӣ ва бебаракатии замин мешаванд, дур меронад (банди 99). Вай бо бедорӣ ва ҳушёрии ҳамешагӣ офариниши Аҳуромаздоро нигоҳбонӣ мекунад. Ҳамеша бо амалу бадкинагии Аҳриман ва ҳамкорони гуноҳпешаи ӯ дар мубориза аст (банди 97). Фариштаи Меҳр бо аслиҳа ва ҷангафзорҳои беҳтарин оростаю мусаллаҳ буда, аз фарози Осмон душманонро мепояд (банди 96). Ба каҷраҳон ва душманон якбора чун тӯфон ҳамла намуда, онҳоро шикаст медиҳад ва нобуд месозад. Ҳангоми ҷанг чун лашкари душман саф орояд, тиру хадангҳои онҳоро ба ҷониби дигар баргардонида, пайравони худро муҳофизат мекунад (банди 91). Вай ба касоне навиди ғалаба ва пирӯзиро мерасонад, ки неккирдору покдин буда, вайро бо ситойишу маросим ибодат намоянд, бо эҳтиром барояш қурбонӣ кунанд (банди 119, 120).

Агар аз як сӯ мушаххасоти табиат ва хислату вазифаҳои Меҳр, ки дар боло зикр гардид ва дар Авесто сабт шудаанд, заминаи мустаҳкаме барои интишори минбаъдаи он дар Осиёи Ғарбӣ, шимоли Африқо ва Аврупо гардида бошад, сиёсати мазҳабии подшоҳони ҳахоманишӣ заминаи хуби дигари он гардид.[15] Дини зардуштӣ, ки бо қабилаҳои эронӣ аз Балх ба сарзамини муосири Эрон интиқол дода шуд, мазҳаби нахустин подшоҳони ҳахоманишӣ гардид. Дорои I дар сангнавиштаҳои худ дар кӯҳи Беҳсутун Аҳуромаздоро беш аз 20 маротиба зикр карда, вайро худованди бузург меномад. Зоҳиран қабилаҳои эронӣ ба ватани ҷадиди худ на танҳо дини Зардушт, балки эътиқодҳои қадимаи ориёиро низ бо худ оварда буданд. Дар Бобул, Калда, ки яке аз марказҳои мазҳабии ҷаҳони бостон буд, ҳанӯз бовариҳои қадима, ки бо расму суннатҳои меҳрпарастӣ наздик ва ҳамранг буданд, вуҷуд доштанд. Баъд аз Дорои I миёни подшоҳони ҳахоманишӣ эътиқодот ба Меҳр ва Ардвисура Анаҳито торафт бештар шуда, онҳо оҳиста-оҳиста мавқею манзалати пештараи худро ба даст меоварданд.[16]

Дяконов И.М. дар садаҳои VI-IV то м. дар қаламрави Мод истеъмоли васеи номҳо бо таркиби Митраро хотирнишон карда, хулоса баровардааст, ки аз рӯи далелҳои мавҷуд дар асрҳои IX-VI то м. номҳое, ки эътиқод ба Аҳуромаздоро нишон медиҳад, бештар истеъмол мешудааст.[17] Дар Бобул Калда ва баъдан дар Осиёи Хурд бошад пайравон аз Меҳр худои бузург ба вуҷуд оварда, дар атрофии ӯ суннатҳои дини алоҳидаро танзим намуданд ва маросимҳои фаровони қурбонӣ мураттаб карда, вазифаҳои Аҳуромаздоро низ ба ӯ вогузор намуданд.[18]

Дар сарзамини ориёиҳо, бахусус дар асри авестоӣ сол ба ду фасл тақсим мешуд: тобистон (ната) ва зимистон (заяна). Ҷашни Наврӯз ҷашни оғози тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон буд. Ба ифодаи Абӯрайҳони Берунӣ аз замонҳои қадим шонздаҳуми моҳи меҳр (2 октябр) ҷашни бузурги Меҳргон доир мегардид, ки дар Эрони бостон онро митракана (ҷои Меҳр, ҷони Меҳр) мехонданд.[19] Ин ҷашн дар саросари Осиё, бахусус дар Бобул ва Осиёи Хурд васеъ ҷашн гирифта мешуд. Дар чунин ҷашнҳо рӯҳониёни оини меҳрпарастӣ пеш-пеши ҷамъият ҳаракат мекарданд.

Ктесий – муаррихи юнонӣ, ки дар дарбори подшоҳони ҳахоманишӣ зиндагӣ кардааст, навиштааст, ки ҷашни рӯзи Меҳрро подшоҳон бо фарру шукӯҳи хоссае баргузор мекарданд. Шоҳон ҳеҷ гоҳ дар бодахорӣ ифрот намекарданд ва маст намешуданд, ба истиснои рӯзи ҷашни Меҳр. Дар чунин рӯз онҳо ҷомаи арғувонӣ бар тан карда, бода менӯшиданд ва дар ҷамъомадҳои шодию сурури умумӣ ширкат меҷустанд. Дар ин маросим қурбонӣ фаровон анҷом мегирифт.[20] Бино ба навиштаи Ҳеродот ҳатто Хишоёршо пас аз забти Юнон ба Афинаи Троя 1000 гов қурбонӣ карда буд.[21]

Аммо ба ақидаи донишманди франсавӣ Франс Куман дар Аврупо ҷашни Митра 25 декабр, ки рӯзи таваллуди ӯ буд,[22] доир мегардид. Маросими маъруфи куштани Гови нахустин, ки дар садҳо ҳайкал, муҷассама ва тасвирҳои Митра, ки аз саросари меҳробаҳои Аврупо пайдо шудааст, дар ин рӯз баргузор мегардид.[23]

Дар давлати Мод (асрҳои VII-VI то м.) низ, ба ифодаи олими рус Дяконов И.М., дар миёни эзидони дигари маздоӣ ба Меҳр бартарӣ дода мешуд.[24] Донишманди дигари рус Иванов М.С. чунин мешуморад, ки интишори дини Зардушт дар сарзамини имрӯзаи Эрон дар садаҳои VI-V то м. оғоз гардида, қабл аз он мардум ба худоёни дигаре, ки аз Осиёи Миёна бо худ бурда буданд, яъне Аредвисура Анаҳито ва бахусус Митра эътиқоду боварии хосса доштанд.[25]

Баъд аз Бобул ва Калда маҳалли пешрафти оини меҳрпарастӣ Осиёи Хурд гардид. Дар сарзамини Лидия, ки ҳанӯз аз ҷониби подшоҳи нахустини империяи ҳахоманишӣ Куруш тасарруф шуда буд,[26] аҷром ва аносури самовиро парастиш мекарданд. Аз ин ҷиҳат дар ин ҷо ба зудӣ Меҳр ҳамчун худованди асосӣ пазируфта шуд. Дар ин ҷо худованди дигари бостонӣ Аредвисура Анаҳито низ амиқан рахна карда ва мавриди ситойиш қарор гирифта буд.[27]

Страбон — ҷуғрофиядони юнонӣ, ки дар охири ҳазораи аввали пеш аз милод дар Каппадокия зиндагӣ кардааст, ҳамчунин ин ҷашнро митракана номида, зикр намудааст, ки подшоҳи Арманистон ҳар соле дар рӯзи ин ҷашн ба шоҳаншоҳи ҳахоманишӣ 20 ҳазор той ё кураасп туҳфа равон мекард.[28] Чун ин донишманди бостонӣ солҳои тӯлонии зиндагии худро дар Эроншаҳр гузаронда, ба омӯзиши таърих ва расму оинҳои халқҳои гуногун, бахусус ориёиҳо вақф карда буд, дар ҷои дигари асараш дар бораи анъанаҳои мардуми форс чунин менигорад: «Расму суннатҳои форсӣ дар миёни ин халқҳо (ориёӣ), модҳо ва бисёр халқҳои дигар якранг аст… Онҳо Гелиосро, ситойиш карда ӯро Мифра (Митра) меноманд, ҳамчунин Селена ва Афродитаро (Анаҳито). Аз он баъд оташ, замин, бодҳо ва обро (ситойиш мекунанд)». Вай анъанаҳои муғонро дар замони худ дар Каппадокия (Осиёи Хурд) батафсил баён карда, қайд мекунад, ки ҳамаи ин расму оинҳоро бо чашми худ дидааст.[29]

Аз гузориши ҷуғрофиянависи юнонӣ маълум мешавад, ки дар эътиқоду бовариҳои ин минтақа дар охири ҳазораи аввали пеш аз мелод худованди Митра дар мақоми муҳиме қарор доштааст. Ба ақидаи муҳаққиқи асри XIX-и рус Максутов В.П., Меҳр дар Рум тамоми салоҳиятҳои Аҳуромаздоро ба дӯши худ гирифта буд. Меҳрро дар он ҷо ҳамчун офарандаи ҷаҳон, Офтоб, сарчашмаи зиндагӣ ва поку беолойиш парастиш мекарданд2. Муҳаққиқи меҳрпарастӣ Ф. Куман чунин менависад: «Сабабу омили ин ки чаро то ин таърих оини меҳрпарастӣ дар мағрибзамин интишор наёфта буд, бегумон бояд сабабе дошта бошад». Ва ба суханони худ давом медиҳад; «Гап дар сари ин аст, ки соли 204 пеш аз милод ситойиши Бузургмодар (Magna Mater) дар Рум ба сурати расмӣ даромад».[30] Дар ин ҷо саволе пеш меояд: империяи бузурге, кӣ бахшҳои се қитъаи бузурги ҷаҳонро дар зери тасарруфи худ дошт, ба ки эътиқод доштааст? Олиҳаи Бузургмодар ё Магна Матер кист? Муаллифи боло дар саҳифаи 186-и асар ба саволи худ чунин ҷавоб медиҳад: «Куҳантарин меҳробае (маъбаде), ки шинохта шуда, меҳробаест дар муҷовирати Митрон (маъбади Митра) маъбади Сибила (Анаҳито), ки дар Остия дорад. Ҳамин тавр шуд, ки парастиши Митра дар канори ин эзидбонуи фриягӣ дар саросари империя бо майлу рағбат густариш ёфт ва бо ҳамкориҳои шавқангезе идора ва роҳбарӣ мешуд… Пайравони Митра тавонистанд бо равиши муносиб ҷалби таваҷҷуҳи коҳинони Бузургмодарро ҷониби худ ҷалб намоянд. Ба ҳамин ҷиҳат тавонистанд аз ҳимояту пуштибонии ҳукумат ва аз дӯстии ҷомеаи оинии Бузургмодар баҳраманд шаванд. Дар низоми оини митроӣ фақат мардон ҳаққи ширкат ва узвият дар маросими розомези Митраро доро буданд. Ба ҳамин ҷиҳат андешаи интишор ва вусъати бештар талаб мекард, ки занон низ ба оини Меҳр ҷалб шаванд. Дар ин оини ориёӣ, ки дар канори оини Меҳр ба шукуфоӣ расид, (Аредвисур) Анаҳито то пойгоҳи Бузургмодар (Magna Mater) ҷойгоҳ ёфта ва шинохта шуд».[31] Сарфи назар аз он ки Зардушт парастиши худоёни пеш аз худро манъ карда буд, имону эътиқод нисбат ба баъзе аз онҳо дар дили мардум пойдор монда буд. Аз ҷониби дигар тағйири самти эътиқодоти подшоҳони ҳахоманишӣ ба интишори дини меҳрпарастӣ шароити мусоид фароҳам намуд. Масалан, подшоҳони ҳахоманишӣ Ардашери II (405-359) ва Ардашери III (359-338) кушоду равшан дар катибаҳои худ ба Аредвисура Анаҳито рӯ оварда буданд.[32]

Бостоншинос ва авестошиноси франсавӣ Роман Гиршман дар ин мавзӯъ менависад, ки худои Дорои I ва ду ҷонишинони ӯ аз рӯи сангнавиштаҳо Аҳуромаздо будааст. Баъдан ба суханони худ чунин идома медиҳад: «Аз замони Ардашери дуюм оини расмӣ бо бағоне, ки дар радифи Аҳуромаздо дар китобҳо ёд шудаанд, васеъ шуда меравад. Онҳо иборатанд аз Меҳр худои Хуршед, худои адолат ва қурбонӣ, ки худои бисёр куҳани ориёист ва Аноҳид (Аредвисура Анаҳито)- худои обҳо, ҳосилхезӣ ва тавлид, ки таъсири ақоиди ғайри эрониро нишон медиҳад».[33] Гиршман Аредвисураро Артемиси юнонӣ мегӯяд, ки бо ҳақиқат мувофиқат намекунад.

Хусусиятҳои дар боло зикршудаи Меҳр сабаб шуд, ки ситойиши ӯ на танҳо дар миёни табақаҳои иҷтимоии Эрон, балки дар миёни ҳамаи табақаҳои иҷтимоии Осиёи Ғарбӣ ва империяи Рим низ густариш ёфта, деҳқонон, сарбозон, ҳунармандон ва ҳатто подшоҳонро пайрави худ намояд ва ҳар як мувофиқи мавқеияти иҷтимоияш ба ин ё он хусусияти худои Меҳр такя кунад.[34] Ин оини нав дар Эрон бештар тобиши зурвонпарастӣ пайдо карда, дар Аврупо, ки ҷанбаҳои нав гирифта буд, бо номи меҳрпарастӣ ё митраизм маъруф гардид.[35]

Дар оини Меҳр Зурвон (дар Авесто, Зрвана акарена-замони бекарон) худои бузург буд. Пайравони худои Меҳр Аҳуромаздоро низ ситоиш ва барои дур кардани шарри Аҳриман қурбонӣ мекарданд. Дар ин дин Меҳр, ки мазҳари равшаноӣ буд, дар миёни биҳишти Аҳуромаздо ва дӯзахи Аҳриман қарор дошт. Бинобар ин ба ӯ бо номи Меҳри миёнарав, Меҳри восита ва Меҳри миёнҷӣ муроҷиат мекарданд. Вай дар Авесто низ дорои чунин хосият буда, вайро неруи воситае миёни Худои Бузурги диданашаванда ва мардум медонистанд.

Меҳрпарастон ба худованди Меҳр афсонаҳои зиёдеро нисбат дода буданд. Яке аз ривоятҳои маъруфе, ки ба ӯ нисбат медоданд, иборат аз он буд, ки Меҳр аз сахрасанге таваллуд шуда, ҳангоми зода шудан бараҳна буд ва дар дасти рости худ ханҷаре дошт. Ривояти дигар ин буд, ки вай пас аз таваллуд шудан тасмим гирифт, ки қуввату неруи худро озмойиш кунад. Аз ин рӯ, вай бо Офтоб зӯрозмойӣ кард. Офтоб ба неруи вай тоб наоварда, ба замин афтод. Баъдан Меҳр ба вай ёрӣ дода, аз ҷой бархезонд ва ба ӯ дасти рости хешро дароз кард. Ду эзид дасти ҳамдигар гирифтанд. Ин амал мазҳари иттиҳоду иттифоқи Офтоб ва Меҳр буд.

Устураи дигари Меҳр, ки дар дини меҳрпарастӣ мақому мартабаи хоссае дорад, муборизаи эзиди Меҳр бо Гов мебошад. Мо ба ин масъала баъдан таваққуф хоҳем кард. Дар ин ҷо фақат чунин нуқтаро хотирнишон мекунем, ки дар оини меҳрпарастӣ мисли дини маздаясно кушта шудани гови нахустин сароғози офариниш ҳисоб мешавад.

Пайравони оини Меҳр дар рӯҳияи диловарӣ, нотарсӣ ва ҷанговарӣ тарбия мешуданд, зеро чунин гумон мекарданд, ки танҳо бо муборизаи оштинопазир бо неруҳои аҳриманӣ метавон ба пирӯзии охирин расид. Нисбати ҳамин хосияти худ, оини меҳрпарастӣ миёни сарбозон ва ҷанговарони империяи Рим таъсири васеъ пайдо карда буд.[36] Дар маросимҳои ин оин фақат мардоне иштирок карда метавонистанд, ки ба синни балоғат расида бошанд. Дар маросимҳои меҳрпарастӣ ба занон ҳаққи ширкат намедоданд. Дар миёни пайравони Меҳр, мақоми иҷтимоӣ ва сарвату бойигарӣ аҳамият надошт ва ҳамаи онҳо якдигарро «бародар» мехонданд. Вале дар баробари ин сарварон ва роҳбарони дин аз эҳтиром ва ситоиши фаровон бархурдор буданд.

Маросимҳои эзиди Меҳр маъмулан дар ғорҳои табиӣ анҷом мегирифт. Ин ғорҳо мазҳари осмони зебо буд. Сақфҳои маъбадро бо ситораҳо ва манзараҳои гуногуни осмонӣ оройиш медоданд. Чун покии ҷисму рӯҳ яке аз шартҳои асоси пайравони Меҳр буд, дар дохил ё наздики маъбад мебоист оби равон мегузашт. Аммо чун дар минтақаҳои ҳамвор ва шаҳрҳо, аксаран ғорҳои табиӣ вуҷуд надоштанд, ба шабоҳати ғорҳо дар зерзаминҳо бино месохтанд. Пайравон бо ёрии зинаҳои тӯлонӣ ба маъбад ворид мешуданд. Гоҳ зинаҳо то хонае мерасид, ки дар он ҷо пайравонро ба маросими динӣ тайёр мекарданд. Аз ин ҷо ба толори асосии маъбад ворид мешуданд. Сақфи маъбадро мисли осмони шабонгоҳ меоростанд.[37]

Аввалин маҳалҳои муносибе, ки дини меҳрпарастӣ дар онҳо интишор ёфт, Калда, Бобул ва Арманистон буд. Дар ин ҷо вай ҷои Баал — худои Осмон ва Шамаш худои Хуршедро гирифт. Дар харобаҳои як маъбади зардуштӣ воқеъ дар наздикии шаҳри Порса, катибаҳое ба забони юнонӣ ёфтанд, ки дар он Аҳуромаздо, Меҳр ва Анаҳито бо номҳои юнонии Зевс, Аполлон ва Афина зикр шуда буданд.[38] Худоёни бобулӣ ва юнониро бо худоёни ориёӣ иваз карда буданд. Масалан, Аҳуромаздо бо Баал, Меҳр бо Шамаш, Анаҳито бо Иштар яке дониста шуда буданд.[39] Худои Шамаши бобулӣ мисли фариштаи Меҳр эзиди аҳду паймон ва адлу дод буд, мисли Меҳр дар фарози кӯҳсорон падидор мешуд ва мисли Меҳр масири ҳаррӯзаи худро бо гардунаи дурахшонаш дар Осмон мепаймуд. Чун подшоҳони ҷудогона дини Зардуштро мунҳариф сохта, фариштагони ҷудогонаи ин оинро ситойиш мекарданд, заминаи муносиби инкишофи меҳрпарастиро ба вуҷуд оварданд. Онҳо мубадони гумошта доштанд, ки муғ ё маҷус номида мешуданд.[40] Мақоми ин муғҳо нисбат ба рӯҳониёни маҳаллӣ баландтар буда, имтиёзҳое доштанд, ки метавонистанд қудрату нуфузи муғҳои маҳаллиро маҳдуд кунанд. Аз ин рӯ, Бобул, Калда ва Арманистон ҷойгоҳе гардид, ки дини меҳрпарастӣ аз ин ҷо ба суръат густариш пайдо кард. Дере нагузашта он Байнаннаҳрайнро зери таъсири худ оварда, ба зудӣ дар Фригия, Галатия ва саросари Осиёи Хурд паҳн гардид.

Аз миён рафтани империяи ҳахоманишӣ сабаби дигари босуръат паҳн шудани ин дин гардид. Искандар Эронро забт карда, бо дини неруманди маздаясно рӯ ба рӯ шуд. Вай китобҳои муқаддаси онро сӯхта, ба он мубориза оғоз кард. Сиёсати ӯро сарлашкарони юнонӣ, ки қариб 200 сол дар Осиё ҳукмронӣ карданд идома дода, дар Шарқ пуштибон ва тарафдори неруманди оини буддоӣ ва дар Ғарб оини меҳрпарастӣ буданд.[41]

Хонадонҳои подшоҳони юнонӣ, ки дар Понт, Каппадокия, Арманистон, Коммаген ва ғайра боқӣ монда буданд, гузаштаи худро бо Ҳахоманишиён пайваста, аз лиҳози фарҳанг, ахлоқ, маросим ва одоб бо ориёимаобӣ ифтихор мекарданд.

Бинобар ин онҳо аз парастиш ва эҳтироми эзидону худоёни куҳани ориёӣ як навъ эҳсосу ғурури ашрофӣ карда, ба ин васила худро ба нажоди ориёӣ мепайвастанд.[42]Мувофиқи одати меҳрпарастӣ, ки ростию покӣ пойдоркунандаи тоҷу тахти подшоҳӣ ва комёбию муваффақиятҳои он аст, ин тамоюл дар як сангнавиштаи Антиохи I Эпифан (69-34 то м.), ки дар Коммаген ҳукмронӣ мекард, боқӣ мондааст. Вай ба ҷойи Антиох номи Митридасро интихоб карда, рӯзи 16 меҳрро, ки рӯзи ҷашни Меҳргон буд, рӯзи таваллуди худ эълон кард. Вай дар ин лавҳа навишта буд, ки аз ситойиши эзидони мавриди парастиши ниёгони худ, ки дорои анъанаҳои ориёӣ ва юнонӣ аст, бисёр хушнуд мебошад. Вай барои Митра маъбадҳои ҷадид бунёд карда, аз муғон тақозо карда буд, ки дар маросимҳои мазҳабӣ бо либосҳои махсуси мубадони ориёӣ ҳозир шаванд ва маросими расму одоби он низ ба ҳамон шакл анҷом дода шавад.[43]

Тавре ки зикр гардид, қадимтарин далели ошкоре, ки дар бораи ин дини ориёӣ мавҷуд аст, паймонномае аз соли 1380 то м. мебошад, ки дар Осиёи Хурд пайдо шуда, миёни подшоҳи Хетҳо – Суппилулиум ва подшоҳи сарзамини Митонӣ Маттиваза баста шудааст. Дар ин паймон бори нахуст номи худовандони Митра ва Варуна, Индра ва Насатя оварда шуда, пайванди муштараки ин ду ҳанӯз ба даврони ҳиндуориёӣ ишора мекунад.[44] Чун Митра дар эътиқоду бовариҳои ҳиндуориёиҳои бостон мазҳари ростӣ ва аҳду паймон буд, зоҳиран номи ӯ ба хотири нигоҳбонӣ ва назорат болои иҷрои паймон оварда шудааст. Дар бораи сарнавишти минбаъдаи оини меҳрпарастӣ дар ин сарзамин то даврони забти он аз ҷониби империяи ҳахоманишӣ, ки дар миёнаҳои садаи VI то м. сурат гирифт, маълумоти дақиқ надорем. Вале маълум аст, ки забти ин сарзамин омили густариши фарҳанги ориёӣ гардид.

Тавре ки дар боло зикр шуд, сиёсати мазҳабии подшоҳони ҷудогонаи ҳахоманишӣ ва бахусус суқути ин силсила шароити маънавии навине падид овард. Агар дар давраи Ҳахоманишиён сарзамини Бобул, Калда (Мод) ва Арманистон ба марказҳои меҳрпарастӣ мубаддал гардида бошанд,[45] дар охири салтанати онон, бахусус дар давраи ҳукмронии сарлашкарони юнонӣ чунин марказ ба Осиёи Хурд интиқол ёфт.

Франс Куман дар бораи мақоми меҳрпарастӣ дар Осиёи Хурд дар миёни шоҳон ва аҳолии ин минтақа менависад: «Аммо Митра дар миёни эзидони ориёӣ мақоми бартару арҷмандтар пайдо карда ва ӯро ба навъе бузург донистанд, ки ба зудӣ мушаххас шуд, ки монанди такрору эътибори номи Митрадас дар ҳамаи савгандҳо, паймонҳо ва ҳузури вай дар ҳамаи зиндагии хонаводаҳои фармонравоёну ашроф, он чунон ки дар назди шоҳони ҳахоманишӣ чун Доро, Ардашер, бахшандаи пирӯзӣ, комёбӣ, фарр ва пуштибони устуворе барои онон маҳсуб мешуд».[46] Маҳз чунин шароити мусоид боис гардид, ки бисёре аз муғони Арманистон, Фригия ва Лидия аз равишу суннатҳои гузаштаи худ бе ҳеҷ таассуб дар падид овардани оинҳои таркибӣ ва тоза иқдом кунанд ва муваффақ шуданд, дар атрофи худ барои омӯхтани шумораи зиёди навомӯзон мадрасаҳо ташкил намоянд. Ба ақидаи муҳаққиқи фаронсавӣ, чун муғон аз эътиқодоту бовариҳои ҳамсояҳои аврупоии худ иттилои комил доштанд, бо назардошти он одоб, усул, маросиму ниёишҳои дини меҳрпарастиро пеш аз интишори он дар Рум тадвин ва муқаррар карда буданд.[47]

Артур Кристенсен дар бораи омезиши боварию эътиқодҳои гуногуни ин минтақа чунин менависад: «Асотири ориёӣ, бобулӣ ва юнонӣ бо ҳам даромехта, ашхоси афсонаҳои шарқӣ дар либоси худоёни юнонӣ пинҳон гашт. Эътиқод ба ду олами ҷудо аз якдигар, яке олами некӣ ва дигар бадӣ ё олами нуру зулмат ва эътиқод ба биҳишту дӯзах, рӯзи ҳисоби растохези ҷаҳон, эътиқод ба робитаи тому пайванди ом мобайни афроди инсон ва қувваҳои малакутӣ, ҳамаи ин муътақидот, ки махсуси дини маздоии ориёиён буд, дохили афкори динии Осиёи Сағир шуд».[48]

Дини маздоӣ ва меҳрпарастии муғон дар ин сарзамин бо эътиқоду бовариҳои маҳаллии қавмҳои гуногун, ақидаҳои бостонии сомӣ ва суриёнӣ ва худоёни онҳо омехта гардида, дигаргуниҳоеро ба вуҷуд овард. Тавре ки ишора шуд, яке аз марказҳои ғановати дини меҳрпарастӣ Бобул ва Калда буд. Артур Кристенсен дар ин хусус менависад: «Яке аз фирқаҳои маздаясно, ки нуҷуми калдонӣ дар он нуфузи куллӣ карда ба назди маҷусҳои Осиёи Сағир такомул ёфта буд, маншаи оини меҳрпарастӣ аст, ки дар империяи Рум вусъат ёфт. Дар ин оин Меҳрро худои Офтоб медонистанд».[49] Натиҷаи ҳамин омезишҳо ва таъсири мутақобилаи бовариҳои гуногун буд, ки дар бораи Митра ривоятҳои фаровон, афсонаҳо, устураҳо падид омаданд.

Аз ин ҷиҳат, вақте ки меҳрпарастӣ дар Аврупо интишор ёфт, баъзеҳо Митраро ҳамчун гавҳари оташ, гурӯҳи дигар ҳамчун хуршед, гурӯҳи сеюм ҳамчун худованди ростию дурустӣ қабул карданд.[50] Бо вуҷуди он ки оини Митра дар тӯли беш аз се садаи мелодӣ бисёр кишварҳои Аврупоро тасхир карда буд, дар бораи сароғози нуфузи он ба ин минтақа маълумоти дақиқе вуҷуд надорад. Дар асоси маълумоти яке аз фарҳангҳои муътабари Русия, ки дар авали асри ХХ ба чоп расидааст, оини Меҳр, ки маркази ситойиши он Офтоб аст, бо маросимҳои сиррӣ ва пӯшидаи худ, дар садаҳои III-I то м. дар тамоми империяи Рум интишор пайдо кард.[51] Плутарх менависад, ки нуфузи меҳрпарастӣ ба Аврупо ба василаи раҳзанони дарёӣ сурат гирифт. Донишманди диншиноси рус Л.С.Василев чунин ақида дорад, ки дини меҳрпарастӣ ба Аврупо дар асрҳои охирини ҳазораи I то м. нуфуз пайдо кард.[52]

Мувофиқи тадқиқоти донишмандон, агар давраи ҳукумати сулолаи ҳахоманиширо замони интишори дини Меҳр дар Осиёи Наздик ва Ғарбӣ бигирем, пуштибонии Искандари Мақдунӣ ва давлатҳои юнонии пас аз ӯ ба вуҷудомада аз дини меҳрпарастӣ, оғози нуфузи митраизм ба Аврупо шуда метавонад. Мувофиқи маълумоти Ф. Куман дар садаи II то м. дар ин ҷо мактаби пайкартарошии Пергамон бори нахуст нақши Митраро дар ҳолати куштани гов ба вуҷуд овард, ки ин нақш баъдан ба расму суннат мубаддал гардида, он дар тамоми толорҳои меҳробаҳо аз ҳама боло, дар ҷои шоҳнишини меҳроба гузошта мешуд.[53]

Дар асоси навиштаи устурашиноси дигари аврупоӣ Ҷон Ҳиннелз, худои Меҳр ба василаи бузургони эронӣ дар Осиёи Хурд, Арманистон, Киликия ва Понт ба сарзаминҳои Ғарб густариш пайдо кард. Вай мисол меоварад, ки соли 66 то м. Тирдод — подшоҳи Арманистон барои дарёфти тоҷи подшоҳӣ аз дасти Нерон ба Рум рафт ва дар вақти боздид бо Нерон, ба вай бо чунин суханон муроҷиат кард; «Ман ба пешгоҳи Шумо, мисли ин ки ба пешгоҳи худои хеш омадаам, то ки ниёиш кунам, ҳамон тавре, ки Меҳрро ниёиш мекунам…».[54]

Яке аз омилҳои дигари густариши оини Меҳр дар Аврупо ҷангҳои доимии империяи Ашконӣ ва Византия бо Рум ва фатҳи иёлатҳои шарқӣ аз ҷониби Рум мебошад. Масалан, дар давраи подшоҳии Тибериус (14-38) вилояти Катпатука ба Рум даромад. Дар давраи қайсарии Нерон (54-68) қисматҳои ғарбии Понт то соҳили баҳри Сиёҳ ба қаламрави Рим ворид гардид.

Дар давраи Виспасиан (69-79) бахше аз Арманистон ва Коммаген фатҳ карда шуд. Дар ин набардҳо аксаран аз ҳарду ҷониб аскарони кироя, ки бештарашон аз мамлакатҳои Аврупо, бахусус аз Италия буданд, ҷанг мекарданд. Франс Куман интишори босуръати ин мазҳабро дар Аврупо пас аз шикасти ҳукумати Меҳрдоди Евпатор (соли 66 то м.) медонад.[55] Аз номаш маълум мешавад, ки мазҳаби душмани сарсахти империяи Рим меҳрпарастӣ мебошад.

Меҳрпарастӣ, ки дар Ғарб бо номи митраизм ва номҳои дигар маъруф гардид, дар охири ҳазораи I то м. кушоду равшан ба таблиғи ақидаҳои худ оғоз кард. Чун ин оин ормонҳои дӯстӣ, баробарӣ, бародарӣ, ростӣ ва дурустиро тавсия мекард, дар минтақаҳои Аврупо бо суръати тез интишор пайдо кард. Аллакай дар соли 68 мелодӣ он ба Аврупои марказӣ рахна карда, дар соли 107 мамлакатҳои шимоли нимҷазираи Балканро фаро гирифт.[56] Дере нагузашта он ба Олмон, Австрия, Франция ва Англия роҳ ёфт. Плутарх чунин мешуморад, ки яке аз шохаҳои дини маздаясно (мақсадаш оини меҳрпарастӣ аст) дар миёнаҳои садаи аввали мелодӣ дар Аврупо дорои мақоми баланде мебошад.[57]

Нисбати густариш ва нуфузи васеи дини Меҳр дар ин давра дар Осиё, Аврупо ва шимоли Африқо, муаррихи маъруфи асри XIX Франция Э.Ренан (1823-1892) навишта буд, ки агар сабабу ҳодисае рӯй дода, исавиятро бозмедошт, дар ҳар ҳолат ҷаҳон аз оини Меҳр буд.[58] Оғози равнақу инкишоф ва шукуфоии дини меҳрпарастӣ дар Румро бояд асри I мелодӣ донист.[59] Муҳаққиқи рус Редер Д.Г. чунин ҳисоб мекунад, ки дини меҳрпарастӣ дар аввалҳои солшумории мелодӣ империяи Рум ва тамоми Аврупои бостонро таҳти шуои комили худ қарор дода, динҳои куҳанро танг карда баровард. Дар ин дин салоҳияту вазифаҳои Аҳуромаздо – худованди якто пурра ба ихтиёри Меҳр гузашт. Дар ин дин Меҳр офарандаи ҷаҳон, наҷотдиҳанда ва неруи асосии мубориза ба муқобили Аҳриман муаррафӣ мегардид. Меҳрпарастӣ дар сари роҳи худ то ба Аврупо ақидаҳои нуҷумӣ ва ситорашиносии Калда ва Бобулро ба худ ҷалб намуда буд.[60]

Муҳаққиқи оини Меҳр барои густариши васеи меҳрпарастӣ дар Аврупо се омили муҳимро номбар мекунад: сиёсати императорони Рум ба хотири забти заминҳои нав дар Шарқ ва дар тобеият нигоҳ доштани халқҳои гуногуни қаламрави васеи империя, муҳоҷиратҳои мухталиф, дар миқёси васеъ ба роҳ мондани тиҷорат ва муносибатҳои молию пулӣ ва истифодаи васеи артиш дар саросари минтақаи густурдаи давлат, ки дар ҳудуди қитъаҳои Осиё ва Аврупо қарор дошт.[61]

Дар оғози интишори дини Меҳр дар садаҳои охирини ҳазораи I то м. қайсарони Рум ба динҳои ориёӣ муносибати гуногун ва аксаран хайрхоҳона доштанд. Аз даврони ҳукмронии Коммодос (180-192) сар карда ҳимоя ва пуштибонии шадиде аз дин оғоз гардид. Ин қайсар расман ба анҷумани меҳрпарастӣ ворид гардида, дар маросимҳои пинҳонии онҳо ширкат намуд. Аз замони ӯ бисёр катиба ва сангнавиштаҳои меҳрпарастӣ боқӣ мондаанд. Аврелиан (270-275) бошад оини парастиши хуршеди шикастнопазирро ба мартабаи расмӣ даровард. Дар садаи III чанд қайсари Рум кӯшиданд, то сарнавишти тоҷу тахтро бо меҳроби дини Меҳр бо ҳам бипайванданд. Аврелиан ҳам дар тӯли зимомдории кӯтоҳи худ кӯшиш кард, ки дар тамоми сарзаминҳои таҳти фармони империя як дини расмиро бунёд гузошта, ҳамаи динҳои мавҷударо бо ҳам муттаҳид намояд. Меҳрпарастӣ бо вуҷуди он ки дар Аврупо шаклу намудҳои ҷадид ба худ гирифт, аммо муҳтавои осиёгии худро комилан ҳифз намуда буд. Франс Куман дар ин бора менависад: «Бо дар назар гирифтани асароти юнонӣ, мушоҳида мекунем, ки оини ориёӣ ҳеҷ гоҳ ба пазириши ормонҳои юнонӣ тан дарнадода ва фарҳанги ориёӣ юнонимаоб нашуд, балки то андозаи маҳдуде дар мавқеияти муайяне аз замон Юнон буд, ки ба ориёимаобӣ таслим шуд»[62]

Сарфи назар аз он ки дар атрофи Меҳр худовандони мухталифи маҳалҳои гуногуни Аврупо ҷамъ шуда, дар баробари ӯ қарор гирифта буданд, хусусиятҳои беҳтарини шарқии ин худованд таваҷҷуҳи пайравонро бештар ҷалб менамуд. Оини Меҳр дар тӯли асрҳо дар Шарқ, бахусус дар Осиёи Хурд сохтор, маросимҳо, ташрифотҳо ва назму тартиби мушаххасе ба вуҷуд оварда, вориди Аврупо гардида буд. Бо вуҷуди он ки маросимҳои он пинҳонӣ гузашта, бисёр расму анъанаҳои он дорои рамзу кинояҳои шарқӣ буд, онҳо бо табиат ва ниҳодҳои ғарбӣ баробар омада, кӯшиш, ҷидду ҷаҳд, талош ва моҳияти зиндагии ҳамон давраи мардуми Аврупоро ифода мекарданд.

Франс Куман оини меҳрпарастиро оини густурдаи бидъат, навоварӣ, рӯҳбахш, ҷунбиши фикрӣ ва бисёр пуртавон номида, ба суханони худ чунин идома медиҳад: «Ҳамчунин аз ҷиҳати дигар, дар империяи Рум, аксари худоёни маздоӣ ночор бо рахт ва шамоилу пӯшоки худоёни Олимп намойиш дода мешуданд, дар ҳоле ки табори асили ориёӣ доштанд.» Дар бораи таъсирнопазирӣ ва тағйирнопазирии тамаддуни ворида ба Аврупо мегӯяд: «Ҳар гоҳ барои ин худоён ва муқаддасони тоза қолибҳои навфикрӣ, баёни ҳунарии мувофиқ ва ҷадиде тарроҳӣ мешуд, ҷиҳати арзаи муҳтавои навин ҳама чиз фароҳам буд. Аммо ду сабаб садде ҷиҳати ин шукуфоиро фароҳам овард. Яке рифоҳу сарвати фаровоне, ки аз ниёгони бостонӣ мерос бурда буданд ва он худ бидуни ниёз ва навҷӯйӣ роҳи тақлидро ҳамвор мекард, дигар он ки ҳунар ҳамчун моле арза мешуд, ки харидорон онро аз фурӯшгоҳҳо ба таври омода таҳия мекарданд ва ин роҳи ҳар нав талошу кӯшишеро дар навоварии ҳунарӣ масдуд мекард».[63]

Меҳроба ё маъбад маҳалли ҷамъомади пайравони дини меҳрпарастӣ ва ҷойи баргузории маросиму ташрифотҳои мухталифи мазҳабӣ буда, ҷой, асбобу анҷом ва мавқеи он дорои рамз ва кинояи махсус мебошад. Порфирий дар китоби худ аз шахсе бо номи Обулус нақл кардаст, ки маросими ибодат барои Митраро дар ғорҳои табиӣ анҷом медодааст. Чунин ғор-меҳробаҳо дар бисёре аз минтақаҳои Аврупо дар Фаронса, Олмон, Югославия, Италия, Руминия, Англия, Байнаннаҳрайн, Эрон ва ғайра кашф шудааст.

Дар дохил ё наздики ғор бояд оби равони рӯд ё чашмае мавҷуд бошад. Нисбати ин ки дар ҳама ҷой ғори табиӣ пайдо намешуд, пайравон бо назардошти мавҷудияти оби равон, зерзаминҳо бунёд карда буданд. Кӯшиш мекарданд, ки ғорҳои зеризаминиро дар шакли ғорҳои табиӣ бунёд кунанд. Кашфиётҳо ва маъхазҳои боқимонда нишон медиҳад, ки шахсони баландмартаба чунин меҳробаҳоро дар зерзамини хонаҳои истиқоматии худ месохтанд.

Дари даромадгоҳ ва зинаҳои фаромад тавре сохта мешуд, ки ба он нур ва рӯшноӣ дохил нагардад. Яке аз шартҳои меҳроба торикию зулмати он буда, ба толори асосии он дару тирезае гузошта намешуд. Аз ҳамин ҷиҳат Тартулиан дар китоби худ бо номи «Тоҷ» тааҷҷуб карда буд, ки худованди нурро дар маъбаде парастиш мекунанд, ки воқеъ дар зерзамини торик аст.[64] Даҳонаи дари вурудиро ҳилолишаклу хурд ба тақлиди ғорҳои табиӣ месохтанд. Пеш аз толори асосӣ, ки дар он ҷо маросиму ҷамъомадҳо доир мегардид, хонае қарор дошт, ки барои нигоҳдории асбобу олоти намозу парастиш муайян шуда буд. Пайравони дин пеш аз даромадан ба толор дар ҳамин хона либоси худро иваз карда, либосу пӯшоки махсуси худро мепӯшиданд. Дар ду тарафи толор хонаҳои гуногуне мавҷуд буд. Тадқиқи меҳробаҳои кашфшуда нишон доданд, ки тартибу танзими чунин хонаҳо дар тамоми меҳробаҳо яксон аст.[65] Бари толор дароз буда, дар ду ҷониби он аз санг нишастгоҳҳои пурнақшу нигор гузошта мешуд. Дар меҳробаи Остия дар Италия зери толор дорои нақшу нигорҳои рамзӣ буд ва рӯйи нишастгоҳҳои сангӣ сангҳои дароз, зерсарӣ ё зердастӣ ва такягоҳҳо гузошта шуда буд, ки аксаран ба он такя карда, хӯроки муқаддас тановул мекарданд. Дар охири толор меҳроби махсусе қарор дошта, дар девори рӯ ба рӯйи он тасвири аз тарафи Меҳр анҷом гардидани қурбонии гов наққошӣ гардида буд. Аз мушоҳидаи меҳробаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мақсади асосии бинои меҳроба ба воситаи наққошӣ ё ҳаҷҷорӣ ба вуҷуд овардани саҳнаи қурбонии гов тавассути Митра аст. Аксаран нақши худои Митра аз санги мармар ва бо рангҳои гуногун зиннат дода мешуд. Ҳунару санъати зебои меҳрпарастӣ дар ҳамин ҳаҷҷориҳо, наққошиҳо ва мозаика боқӣ мондааст.

Дар ду сӯйи меҳроб ду оташдон қарор дошта, дорои оташи муқаддаси фурӯзон будааст. Пас аз дари даромад дар поён сангтахтаи мутавассите ҷой дода мешуд, ки шакли рамзӣ дошта, дорои шакли садаф ё гули нилуфар буд ва дар он маросимҳои махсусе анҷом мегирифт. Сақфи меҳроба аз тасвирҳои гуногуни Меҳр пӯшида мешуд, ки аксаран аз ҷониби муҷассамасозон ва наққошҳои меҳрпараст анҷом мегирифт. Назди меҳроба пояҳое мегузоштанд, ки рӯйи онҳо муҷассамаҳои эзидони ёвари Меҳр, ки дар даст машъалаи фурӯзон доранд, ниҳода мешуд. Дар пеши меҳроба устадон мегузоштанд ё чуқурие ҳафр мекарданд, ки дар он ҷо устухони чорпоёни қурбонишударо мерехтанд. Меҳробаҳои машҳур, ки тасвирҳои фаровон доранд, калонтар буда, бештар дар қаламрави Рум боқӣ мондаанд.[66] Аксаран ҳудуду андозаи меҳроба чандон васеъ набуда, то сад нафар ғунҷоиш доранд. Ба назар чунин мерасад, ки ҳангоми зиёд шудани миқдори пайравон онҳо аз паи сохтани меҳробҳои ҷадид мешуданд.

Муҳаққиқони муосир Виндишман ва Гейгер дар асари худ «Асри Авесто» дар бораи одоб, розу ниёз ва иборати оини меҳрпарастӣ ҳикоятеро аз китобе таҳти унвони «Саёҳатномаи Пифагор», ки пас аз файласуфи маъруф аз ҷониби пайравони ӯ дар асрҳои баъдӣ навишта шудааст, мавриди баррасӣ қарор додаанд .

Дар ин китоб Пифагор, ки дар асри VI — V то м. зиндагӣ кардааст, бо роҳбаладии Забратос[67] ба маъбади зерзаминии Митра меравад.[68] Бо вуҷуди он ки ин китоб ва ҳикояте, ки оварда мешавад, ҷаълу сохта аст, вале барои дарки ҳаматарафаи расму одоби меҳрпарастӣ дар Аврупо ва таҳқиқу муқоиса ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад. Дар ин ҳикоят аз забони Пифагор чунин оварда шудааст: «Дар беруни шаҳр ба дохили ғори торик ҳозир шудам. Аз ғаробати таъини ин маҳал барои барпо доштани ҷашни дурахшандатарини ситорагон (Хуршед, Меҳр) мутааҷҷиб будам. Бо чанд нафар тамошобинон ба дарун рафтам. Аз пеши чашмам он қадар амал, шиор ва маротиби ситойиш гузашт, ки хотираи дурусткори ман тавоноии баёни онро надорад. Воқифони асрорро дидам, ки дар атрофи чашмаи оби равон баданро мешустанд ва покизагии равону хирадро аз яздон дархост мекарданд (Меҳряшт банди 122). Зардушт[69] вазифаи пешвои мазҳабиро ба ҷо меовард ва аломати заволнопазир бар синаи ҳозирин мегузошт.[70]

Зимни ба даст омадани ин мартаба дар чеҳраи онҳо ғуруре ба вуҷуд меомад. Ҳар яке ноне хӯрда, обе ошомиданд. Ин нишонаи вуруд ё рамзи мурур ба ҳаёти ҷадид буд, тавре ки Хуршед соли навро ба ҷаҳониён ва ҷаҳон мекушояд. Ҳозирон ҳамин ҳодисаро дар суруди яздонӣ ва дуоҳо хонда тасвир мекарданд. Як нафар рӯҳонӣ, ки зердасти ӯро зоғи муқаддас меномиданд, дар нӯги теғ тоҷе овехта, ба онҳо тақдим кард, қабул накарданд ва бо лаҳни махсус гуфтанд: Меҳр тоҷи ман аст. Дар дохили дахмаи мармуз ба ташхиси намояндаи Меҳр муваффақ шудам, он муҷассама набуд, балки ҷавоне буд далеру зебо, ки болои гов нишаста, шамшери Ариес ба даст гирифта ва он ишорати махсусе буд ба офариниш. Шоҳро ба сурати шере дидам,[71] ки занбӯре дар даҳон дошт. Гурӯҳи дарбориён дар сурати уқоб, шоҳин, саг ва каргас аз пушти вай ҳаракат мекарданд.[72] Маҳбубаҳои шоҳ ворид шуданд, ҳама ниқоби кафтор бар чеҳра ва ба ҳамин исм ном бурда мешуданд. Ҳама аз озмойишу имтиҳон гузаштанд. Роҳи торику пурпечу хамро ба мушкилот паймуданд. Рӯйи пораҳои барфу яхи сохта пои бараҳна роҳ рафтанд. Ба дӯши лучашон понздаҳ чӯб зада шуд, ки номаш тозиёнаи Меҳр ё Офтоб буд.

Ба кӯмаки ҷомаи пашмини хеш, ки монанди ҷомаи ҳозирон буд, тавонистам ба пайкари муқаддаси Митра наздик шавам, то ки чигунагии кори ӯро дарёбам. Худои ҷавон, ки номаш Ягонаи Ҷовид аст, мекӯшад то гови нари зӯрмандеро таслим кунад ва бикушад. Тоҷи ориёӣ мисли афсари шоҳон дар сар, нимтанаи кӯтоҳ ва зери он ҷомаи фарохи ориёӣ дар тан ва ба сози ҷангии ориёӣ мусаллаҳ. Гӯё болопӯше дар тани вай мушоҳида кардам. Ду пайкари дигар ҳамроҳи ӯ, агарчи ҳамон ҷомаро доштанд, аммо аз ҷомаи рӯйин маҳрум буданд. Яке аз ин ду ёварон машъали афрошта ба самти боло ва дуюмӣ машъали вожгун (дар поён) ба даст гирифта буданд. Ҷинсияти онҳо маълум набуд. Гуфтанд, ки он ишорате ба силсилаи наслҳост. Аз гулуи гови маҷрӯҳ чанд қатра хун ҷорист. Атрофиён онро барои ман чунин маънӣ карданд: жолаи осмон.[73] Некутару ҷозибтар аз ҳама, расму қоидаи савгандест, ки ҳар марду зан онро азёд мехонанд ва Меҳрро мухотаб қарор дода чунин мегӯянд: «Барои афзойиши шумораи офаридагони хирадманд, ки заминро маъмуру маскун медоранд, савганд ёд мекунам. Барои куштани ҳар ҳайвони зиёнкор[74] савганд ёд мекунам. Барои шудгор кардан, зироати замин, рӯёндани дарахти мева савганд ёд мекунам.

Барои ҷорӣ кардани оби хунук дар замини хушк ва сохтани як роҳ савганд ёд мекунам. Агар дар аснои зиндагӣ ин фарзҳои муқаддасро анҷом надиҳам, розӣ ҳастам, ки пас аз марг аз ҷойгоҳи некбахтон ронда шавам. Донистам, ки Зардушт (Забратос дар назар дошта шудааст) аз рӯйи хоҳишу мувофиқат бо майли шоҳ ва атбои вай озмойишҳои ҳақиқатан бузургро дар ҳаққи онон раво надоштааст. Дарбориён ва занони нозпарвардаро[75] чиҳил рӯз аз таомҳои лазиз боздоштан, муддати ду рӯз тозиёна задан, бист рӯз рӯйи тӯдаҳои барф роҳ рафтан, ногаҳон дар миёни чанд оташи шуълавар қарор гирифтан кори бас душвор буд.[76]

Аз ҷумлагон ҳеҷ кас ба дараҷоти ҳафтгонаи сайёраҳо ноил нагардид ва ба мартабаи охирини камол нарасид. Барои хатми маросим мувофиқат карданд. Шоҳ ва муқаррабони ҳазрат пас аз огоҳон андаке бодаи омехта бо об дар қадаҳи заррини тухмшакл ошомиданд. Маро иҷозат доданд, наздик рафта, ин соғари зарифро тамошо кунам. Дар миёни нақшҳои мухталифаи он барзгари нимурён ва ба иборати беҳтар, худое чун Приап[77] мушоҳида кардам, ки мисли марди неруманду қавиҷусса дар замин базрафшонӣ мекард.

Бо низому тартибе, ки аз рӯйи эҳтирому эҳтишоми мазҳаб аст, аз дахма хориҷ шуданд. Мардум бо порае булӯр (шишае) дар даст дар берун мунтазир буданд. Ҷавони зебочеҳрае савори аспи сафед, бодбизани пардор дар даст роҳро боз кард. Ҷамъият ба дунболи ӯ рафтанд ва пораҳои булӯрро ба сӯи ӯ андохтанд. Ин расми дерине будааст, ки маънои он ҷуз ба орифони рамузу ҳақоиқ ба дигарон пӯшида аст. Дар мавсиме будем, ки зимистон ба поён расида буд, аммо дар чанд ноҳия сипоҳи дай бар муқаддами зеботарин фаслҳо ҳамла мекард. Эрониён дар намозу муноҷот ба Митраи сегона таваҷҷуҳ доштанд. Ҳамин тавр, гоҳ рӯшноию ҳарорат ва замонро, ки диҳишҳои Офтоб аст, ирода мекунанд ва гоҳ дониш, тавоноӣ ва некукориро, ки аз хислатҳои арҷманди табиат аст, меситоянд. Рақсҳое, ҳикояткунанда аз ҳаракатҳои солона ва рӯзонаи Офтоб буд, ҷашни муқаддас ба интиҳо расид, аммо на мисли Ҳелиополис, ки ман дар соҳили Нил дида будам ва дар он ҷо соатҳо ва фаслҳоро муҷассам карда буданд».[78]

Пеш аз ин ҳикоят, ҳангоме ки Забратос Пифагорро ба ҷашни Митра даъват мекунад, суханоне мегӯяд, ки барои фаҳмидани ҷанбаҳои дигари дини меҳрпарастӣ кӯмак мекунад. Забратос мегӯяд: «Пифагор гӯш кун, агарчи ман ба ту баъзе суханонро гуфта наметавонам,[79] аммо аз даъвати ту ба ҷашни бошукӯҳ дареғ намекунам. Агар қавмҳои бегона дар айни муқоисаи ин ҷашн бо ҷашнҳои хеш бихоҳанд ҷараёни онро ба сурати дигар тасвир кунанд, ту гувоҳи мо хоҳӣ буд. То се рӯз барои дидани оини муқаддаси Митра муҳайё бош. Ин ҷашн туро хурсанд хоҳад кард. Ман дар он ҷо баргашти ояндаи Офтоб ва баландии гузаштани онро аз бурҷи ҳамал ба бурҷи савр, ки нишони тозагии табиат аст, тақдис мекунам. Дахмаи Митра намояндаи ҷаҳон аст. Ашёе, ки дар он ҷо дар фаслҳои собит аз якдигар ниҳода шуда, рамузи иқлимҳо ва унсурҳоро ба ту муаррафӣ мекунанд…»

Бо вуҷуди он ки ин китоб пас аз чанд сада баъд аз марги Пифагор навишта шудааст, бозгӯйи тафсилоти нуктаҳои муҳими маросими намозу қурбонӣ дар меҳробаи оини меҳрпарастӣ мебошад. Чун аз дини меҳрпарастӣ дар Аврупо ғайр аз садҳо меҳроба, муҷассама, тасвир ҳайкал, нақшу нигор ва манзара дигар сарчашмаи хаттӣ боқӣ намондааст, баъзе нукоти тасвирҳои Пифагор то ба ҳол норавшананд.

Оини Митра оини асроромез буда, ҳар амали расму оинҳои он дорои мӯҳтаво ва рамзҳои гуногун мебошад. Ҷолиб аст, ки пайравони он низ сирру асрори ин дини куҳанро пайгирона ва бо исрор ҳифз мекарданд ва асрори умдаи он фақат барои ононе, ки то ба дараҷаи олӣ пешрафт мекарданд, маълум мегардид. Агар аз як сӯ, бо аз байн рафтан ва нобуд гардидани осори хаттии меҳрпарастӣ дар Аврупо муносибати ошкоро душманонаи рӯҳониёни дини масеҳӣ сабаб шуда бошад, аз ҷониби дигар худи назми пӯшида ва сиррии аслҳои меҳрпарастӣ боис шудааст, ки маълумоти муфассале дар бораи бисёр ҷанбаҳои ин оини куҳан боқӣ намонад. Танҳо чизе, ки дар бораи ҷараёни меҳрпарастӣ дар ин минтақа ба мо маълумот медиҳад, садҳо асари наққошӣ, муҷассамаҳо, ҳайкалҳо, тасвирҳо ва манзараҳои гуногуни воқеъ дар меҳробаҳост.[80]

Аз рӯйи нақшҳо ва тасвирҳое, ки имрӯз дар куштани гов музейҳои мамлакатҳои Аврупо ҳифозат ва нигаҳдорӣ мешаванд, тафсилоти моҷарои Гов ва кушта шудани он чунин аст: Гов дар чарогоҳе бо осудагӣ мечарид. Эзиди Меҳр вайро ғофилгир карда, шохҳои вайро гирифт ва ба пушташ савор шуд. Ҳайвон аз ин амал хашмгин шуда, ба давидан шурӯъ мекунад. Меҳр бо далерӣ аз шохҳои устувори ӯ гирифта, вайро хаста кард ва Гови хастаро, ки пои пешашро ба шона гирифта буд, ба ғоре буд. Гов пас аз муддате фурсати муносиб ёфта ба чарогоҳи аввалини худ гурехт. Хуршед ба ёрии Меҳр шитофта, Зоғ — пайки худро ба назди вай равон кард ва маҳалли чарогоҳи говро нишон дода, зарурати қурбонии говро таъкид кард. Меҳр дастури қурбонӣ кардани говро пазируфта, бо сагаш Силванус Говро дунбол карда, ба ғор бурд ва бо як даст бинии ҳайвонро боло кашида, бо дасти дигар кордро дар паҳлуи поёнии гардани вай фурӯ бурд. [81] Дар ҳамин ҷо моҷарои ҷолибтарини Меҳр оғоз гардида, саҳнаи пурбори офариниши оғоз мешавад. Аз қатраҳои хуни Гов растанию гиёҳон сабзида, рӯйи заминро пӯшонид. Аз ҳароммағзи ӯ гандум, аз ҷисми ӯ офаринишҳои дигар падид омад. Аҳриман ёварони худро фармон дод, ки ҷисми ӯро заҳролуд карда, сарчашмаи зояндаи зиндагиро ифлос намоянд. Вале онҳо натавонистанд пеши ҷараёни муъҷизаи офаринишро бигиранд. Нутфаи Гов ба василаи Моҳ ҷамъоварӣ ва поку татҳир шуда, ба ҳайвоноту ҷонварон мубаддал гардида, дар сатҳи замин паҳн шуданд. Хулосаи ин ривоят иборат аз он аст, ки амали қурбонии Гов, ҳаёти судманду зояндагӣ ва физояндагиро дар рӯйи замин интишор додааст.[82]

Дар асоси устураи меҳрпарастӣ Митра пас аз куштани Гов маросими динӣ ва зиёфат гузаронида, бо гардунаи Хуршед ба фарози Осмон сууд мекунад. Мувофиқи ривоят, вай ҳангоми растохез ба унвони наҷотдиҳандаи[83] инсон ба замин хоҳад баргашт. Митра дар осмон раҳнамо ва ҳидояткунандаи муъминон буда, арвоҳи пайравони худро аз ҳафт сипеҳр ё фалак мегузаронад. Дар ҳар фалаке онҳо яке аз аносири фониро аз худ дур карда, ба фалаки ҳаштум, ки рӯшноии бепоён ва маҳаллу ҷойгоҳи Аҳуромаздост, ворид мешаванд.

Маротиби сайру сулуки муридон ва пайравони дини меҳрпарастӣ низ аз ҳафт зина иборат буда, дар ҳар зина онҳо аз озмойишҳо, ки дорои сахтиҳо, мушкилот ва шиканҷаҳо буд, мегузаштанд. Ин ҳафт зинаи мақом ё мансаб ва шароите, ки ҳар меҳрпараст аз мақоми аввал ба мақоми баъдӣ чи гуна иртиқо меёфт ва дар ҳар марҳилае чӣ вазифаҳо ва амалро анҷом медод ва чӣ тавр дар ҳар яке аз онҳо рӯҳу равонашро поку тасфия мекард ва аз сирру асрори дин бохабар мегардид, барои мо дар ин бора маълумоти бисёр ночизе мавҷуд аст.

Бояд зикр кард, ки он чи то ба рӯзгори мо дар бораи оини меҳрпарастӣ расида, ба забони юнонӣ будааст.[84] Дар номгузории ин мақомҳо низ забони юнонӣ истифода шудааст.

Мақоми ҳафтгонаи меҳрпарастӣ аз зинаҳои зерин иборат аст: мақоми аввал Зоғи ало[85] ё Калоғ аст. Онро пайк ҳам мегӯянд, зеро ӯ пайк миёни Меҳр ва Офтоб аст. Дар асоси маълумоти Порфирий ин мақом мақоми хизматгузорони меҳроба ё маъбад будааст. Касоне, ки мехостанд дар зумраи пайравони оини меҳрпарастӣ дароянд, пас аз иҷрои маросими «Корвина» таҳти назари падари муқаддас ба ҷумлаи муъминон пазируфта шуда, номи Калоғи муқаддасро дарёфт мекарданд. Аз ин ҳангом онҳо дар меҳроба либоси махсуси ин зинаро пӯшида, ниқоби калоғро ба сар мекарданд ва дар ҷараёни маросиму ташрифот ба садову ҳаракатҳои ин паранда тақлид менамуданд. Зинаи Калоғ зинаи поёнтарини оини меҳрпарастӣ буда, аз рӯи тасвирҳои боқимонда ҳангоми ҷамъомадҳо зимни хӯрдани таоми муқаддас ба меҳмонон ва пайравон хизмат мекарданд.

Мақоми дуюм каргас буд. Ин зинаро хоси мастурон ва пӯшидагон медонанд. Онҳо ҳанӯз ҳаққи иштирок дар маросимҳои мазҳабиро надошта, дар марҳилаи таълиму тарбия мебошанд. Дар ин зина истилоҳи нимф (Nymphe) васеъ истифода гардида, вазифаи онҳо норавшан аст. Нақшу тасвирҳое, ки аз ин гурӯҳ пайдо шуда, фақат дар зери ниқобу чеҳраи пӯшида ҳастанд. Ҷинсияти онҳо низ ташхис намешавад. Вале аломатҳои алоҳида аз ҷинси музаккар будани онҳо гувоҳӣ медиҳад. Ин истилоҳ мафҳуми ҳамсар ё завҷаро медиҳад. Вале тавре ки маълум аст, дар дини Меҳр ва маросими мазҳабии меҳрпарастӣ занон ширкат намеҷустанд. Баъзе донишмандон чунин ақида доранд, ки ҳамсарон касоне ҳастанд, ки аз асрори дин ва рамузи он огоҳ гардида, ба василаи падарони муқаддас бо Меҳр паймон мебастанд ва ин аҳду паймон кинояи ирфонӣ аз худованд ва бандаи муқаррибаш мебошад.[86] Ин марҳилаи сулуки меҳрпарастӣ бо яке аз дараҷаҳои сулук дар тасаввуф шабоҳат дорад, ки бо иттиҳоди холиқу махлуқ таъбир мешавад. Дар ин зина пайравон худро вақфи Меҳр мекардаанд. Онҳо аксари вақти худро дар меҳроба гузаронда, ҳамаи корҳо ба василаи онҳо идора мегардид. Ҳангоме ки дар меҳробаҳо сурудҳои динӣ хонда мешуд, зоҳиран гурӯҳи сарояндагон ва навозандагон аз ҳамин нимфҳо буданд. Дар поёни суруд занг ва садои ноқус баланд мешуд. Асли навохтани зангу ноқус аз анъанаҳои зардуштӣ буда, яке аз маросимҳои мазҳабӣ, ки ҳанӯз ҳам дар оташкадаҳо анҷом мегирад, навохтани занг мебошад. Ба гуфтаи Тартулиан авҷи маросим ҳангоми сарфи таом ва шароби муқаддас сурат гирифта, барои нишон додани авҷи ташрифот занг менавохтанд.[87] Сарфи таом ва шароби муқаддас дар Авесто низ омада, ки дар он нони муқаддас-драуна ва шароб- ҳаума номида мешавад.

Мақоми сеюм сарбоз ном дорад. Дар Меҳряшти Авесто Меҳр фариштаи шикастнопазири ҷанг аст. Сарбозону далерон дар майдони ҷанг аз ӯ ёрӣ меҷӯянд (бандҳои 76-78). Пайравони оини меҳрпарастӣ низ ба пирӯзию ғалабаи худ муътақид буданд ва боварӣ доштанд, ки Меҳр ва ёронаш ҳамеша дар канори онҳо меҷанганд ва онҳоро ба ғалаба ноил мегардонанд. Рақибони онҳо бошанд, аз тарсу ҳайбати ин худо ба ваҳму ҳарос меафтиданд.

Тавре ки Ф. Куман зикр мекунад, чун аслу бунёди оини маздаясно рӯйи таҳкурсии ахлоқ бино ниҳода шудааст, асоси дини меҳрпарастӣ низ мубтанӣ бар ахлоқ мебошад.[88] Аз ин рӯ, сарбозони Меҳр низ дар ду ҷабҳаи ахлоқӣ меразмиданд: барои ҳифзи ватану кишвар ва зидди неруҳои бадгуҳари аҳриманӣ. Расман ворид гардидан ба табақаи сарбозӣ дорои ташрифоту озмойишҳои зиёде буд. Дар ҳамаи меҳробаҳое, ки кашф шудааст, чуқурие дар шакли тобут дида мешавад. Довталабонро лозим буд, ки ба гуруснагӣ, зулмат ва ҳавлу ҳаросе, ки падид меомад, сабру таҳаммул ва бебокию нотарсӣ нишон диҳанд. Сарбоз дар ин ҷо бояд муддате беҳаракат мехобид ва вақте ки ба ӯ дар нӯги шамшери хунолуд тоҷеро медоданд, мепазируфт, вале онро ба сар нагузошта, рӯйи сина қарор медод ва мегуфт; «Меҳр тоҷи ман аст».

Ғайр аз ин онҳо дар шароити сахте мебоист бо гург биҷанганд, вақте ки дастҳояшонро бо рӯдаи чӯҷа баста, ба об мепартофтанд, лозим буд, то бо дасти баста коре кунанд, ки худро наҷот диҳанд, муддате бо пои бараҳна рӯйи барфу ях қадам зананд, гуруснагӣ ва ташнагии тӯлониро таҳаммул намоянд. Вақте ки онон аз чунин озмойишҳои шадид мегузаштанд, воқеан гузаштаи худро фаромӯш карда, ба сарбози сарсупурдаи худованди Меҳр мубаддал мегардиданд. Онҳо аз тамоми озмойишҳо гузашта дар пешониашон муҳри Меҳр доғ карда мешуд. Пас аз доғи пешонӣ маросими савганд анҷом мегирифт, ки онро сакраментум мегуфтанд.[89] Пайравоне, ки аз тамоми озмойишҳо мегузаштанд, соҳиби масъулият ва вазифа дониста мешуданд.

Мақоми чорум мақоми шер аст. Дар бораи мақому вазифаҳои шер маълумот ночиз аст. Чизе ки маълум аст, иборат аз он аст, ки шер бо оташ робитае дорад. Манзараи нақшҳо ва муҷассамаҳои боқимонда аз он ҳикоят мекунанд, ки шер бо Меҳр наздик аст. Дар ин манзараҳо шерҳо дар ҳоли хизмат кардан, ҳадя, туҳфаҳо ва ғайра тарсим шудаанд. Зинаи шер ё шермардӣ низ дорои як силсила озмойишҳо ва имтиҳонҳо буд, вале дар он акнун мушкилиҳо ва шиканҷаҳои баданӣ вуҷуд надоштанд. Дар ин марҳила пайравон бояд неру ва варзидагиҳои маънавӣ, шойистагиҳои ахлоқӣ, вусъати фикр, ваҳдати зеҳнӣ, фаҳми асрор ва дигар хислатҳои беҳтарини маънавӣ нишон медоданд. Чун шер бо оташ робита дорад, мутобиқи ривояти меҳрпарастӣ, ки бо устураи зардуштӣ комилан мувофиқ аст, дар поёни ҷаҳон сӯхтор ё оташсӯзии бузурге барпо мешавад. Дар ин оташсӯзӣ нопокон сӯхта нопадид мешаванд, вале покон бошанд, гӯё дар оби зулоле шустушӯ мекунанд. Зоҳиран шер дар ин маросим нақши муайянеро иҷро мекунад.

Дараҷаи панҷум порсоӣ номида мешавад. Ин мартаба мафҳуми рамзӣ дошта, киноя аз табиат, рӯйиши гиёҳҳо, нишони озодию озодагӣ будааст. Касоне ки ба ин мақом мерасиданд, дар ҷараёни маросиме дастонашонро бо асал пок мекарданд ва ба сарашон кулоҳи фригиягӣ, ки худи худованди Меҳр бар сар дошт ва киноя аз озодию озодагӣ буд, мепӯшиданд. Нишони махсуси дигари мартабаи порсоӣ моҳи ҳилол ва дос буд, ки ҳарду ба дараву даравгарӣ муносибат дорад. Чун бо қурбонии Гов, гиёҳону наботот сарсабз мешаванд, порсоӣ бо дос растаниҳои хӯрданбобро дарав карда, барои таъмини зиндагӣ анбор мекунад. Бо асал пок кардани даст киноя аз вуҷуди хайру баракат ва сарвату неъмат дар вуҷуди ориёиён буд. Моҳ бошад, тавре ки дар Авесто ва сарчашмаҳои паҳлавӣ ишора шудааст, нигоҳдоранда ва парокандакунандаи гиёҳҳо ва чорпоён аст. Дар миёни деҳқонони тоҷик то ҳанӯз ақидаи куҳна побарҷост, ки нури моҳ дар рӯёндан ва ҳосилбандии киштзорҳо ва меваҳо таъсир мерасонад.

Мақоми шашум Хуршед номида мешавад. Дар Авесто, бахусус Меҳряшт, Меҳр ва Офтоб ё Хуршед бо ҳам алоқаи бисёр наздик дошта, муттаҳиди ҳамдигар ҳастанд ва нисбати қаробати онҳо Меҳр зуҳури партав ва нури Хуршед муаррафӣ шудааст. Хуршед ба Рум ва Юнон рафта, хусусиятҳои худро ба худоӣ Сул ва Ҳелиос супорид.

Мувофиқи ривояте, ки гузашт, Меҳр пас аз таваллуд ҳамаи мавҷудот ва унсурҳоро ром кард. Баъдан бо Хуршед зӯрозмойӣ карда, вайро низ ба зери фармони худ овард. Мувофиқи ин устура пас аз кушта шудани Гов дар маҷлиси зиёфати таоми муқаддас, Меҳр ва Сул (Ҳелиос) ҳамроҳи гурӯҳи пайравон таоми муқаддас аз хуни Говро тановул карда, баъдан бо меҳвари Хуршед ба Осмон уруҷ карданд.

Мақому мансаби ҳафтум мартабаи олитарини пайравони оини меҳрпарастӣ ҳисоб мегардад. Ин мақомро бо номи Падар (Pater) ё падари падарон зикр мекарданд. Бузургтарин мансаби дини исавӣ папа (падари падарон) номида шуда, рӯҳониёни мазҳабӣ низ бо ин ном хитоб мешаванд. Дар ин ҷо бояд гуфт, ки мақоми пири тасаввуф ҳам мисли падари меҳрпарастӣ бо мафҳуми «Уқоб» шинохта мешуд. «Уқоб» олитарин мартабаи меҳрпарастӣ буд. Дар «Мантиқ-ут-тайр»-и Ф. Аттор Симурғ ё Уқоб ҳамчунин баландтарин мартабаи сӯфия мебошад.[90]

Ҳангоми бузургтарин маросими ташрифотӣ падар либоси ҳамгуни Меҳр ба бар мекард ва кулоҳи шикастаи меҳрӣ ба сар мениҳод ва нишонаҳои муайянкунандаи мартабаи олии оинро, ки аз асо ва ҳалқа иборат буд, ба даст мегирифт. Вай донандаи асрор, муршиди аъзам ва рӯҳонии бузург ба шумор мерафт. Ҳамаи корҳои меҳроба дар зери назорати ӯ ҷараён пайдо мекард, одамони нав ва пайравони ҷадид бо розигии вай пазируфта мешуданд. Болоравии рутба зери назорати ҷиддии ӯ қарор дошт. Чун намояндаи Меҳр ҳисоб мешуд, маросимҳои олии диниро шахсан иҷро мекард. Сарфи назар аз ин дар меҳроба баробарию бародарӣ барқарор буд. Дар меҳроба рутбаи давлатию мақоми иҷтимоӣ вуҷуд надошта, ҳама якдигарро «бародар» хитоб мекарданд.

Тавре ки дар пардаҳои наққошӣ ва тасвирҳо мушоҳида мешавад, падар низ дар миёни пайравон мегашт ва ба вай низ бо унвони «бародар» муроҷиат мекардаанд. Асою ҳалқаи падари меҳроба низ решаи амиқи ориёӣ дорад. Дар фаргарди дуюми Вандидод (банди 6) Аҳуромаздо ба Ҷамшед нахустин подшоҳи ориёиҳо ду ашё тақдим мекунад, ки сувра ва аштра номида шуда, ҳамон асо ва ҳалқа мебошад. Асо нишони салтанат ва фармонравоӣ ва ҳалқа нишони ҳикмат, рӯҳоният ва меҳрубонӣ аст. Ба иборати дигар, асо аломати ҳокимияти дунявӣ ва ҳалқа аломати ҳокимияти рӯҳонӣ. Дар дини меҳрпарастӣ ҳалқа нишони меҳру вафо, аҳду паймон, дӯстӣ ва бародарӣ аст. Дар Меҳряшт низ фариштаи Меҳр нигаҳбони унсурҳои зикршуда мебошад. Мутобиқи он дар аснои бастани ҳар аҳду паймон вайро ба шоҳидӣ даъват мекарданд. (банди 44-45) Касоне, ки онро мешикастанд, аз ҷониби Меҳр шадидан ҷазо дода мешуданд. Аҳду паймон сарфи назар аз он ки бо дӯст баста мешавад ё душман, сухани муқаддаси худованд аст (банди 2). Касе, ки онро вайрон мекунад, ба ғазаби сахти Меҳр рӯ ба рӯ мегардад (банди 19). Воқеан дар Рум пайравони меҳрпарастӣ ҳангоме ки паймоне мебастанд, ба нишони аҳду вафо ба якдигар ҳалқае мубодила мекарданд.[91]

Дар Рум Меҳр таҷаллии Хуршед буд. Хуршедпарастӣ дар он замон бо андешаҳои фалсафӣ мувофиқат карда, аз ҷониби дигар талаботи сиёсии аср низ онро барои вусъату густариши қудрати империя василаи судманд ҳисоб мекард. Хуршед аз дидгоҳи ҳаракати худ дар қаламрави осмонӣ, фармонраво ва сарвари ҳамаи аҷроми фалакӣ буд. Подшоҳони Рум, ҳангоме ки дар асри III мелодӣ иддао карданд, ки намояндагони худованд дар замин ҳастанд, маҳз мавқеи Хуршедро дар назар доштанд.[92] Аз ин ҷиҳат онҳо ба хотири дарёфти хотири худованди Меҳр ба ӯ маъбадҳо ва меҳробаҳои мӯҳташам бунёд мекарданд. Яке аз чунин қайсарон Макробий ё Макробиус (с. 400) мақоми Меҳр – Хуршеди шикастнопазирро чунин муайян карда буд: худоён дар марҳилаи вопасин ба мавҷуди ягона, аммо вазифаҳои гуногун хулоса мешаванд ва ҳамаи номҳо ва вазоифашон дар Ҳелиос (Хуршед) ҷамъ аст.[93] Чун дар мамлакат динҳои мухталиф амал карда, нобасомонии муайяне эҷод мекарданд, онҳо ба ин васила талош доштанд, ки дар қаламрави империяи бузурги Рум ҳукмронии дини воҳидеро татбиқ намоянд.

Дар аввали асри IV дар Рум муҳити мусоиде фароҳам гардид, ки оини Митра ё Хуршеди шикастнопазир ба мартабаи худои ягона пазируфта шавад. Вале дар соли 306 ба сари қудрат омадани Константин (285-337) ва аз ҷониби ӯ қабул гардидани дини насронӣ мавқеи оини Меҳрро дигаргун сохт. Зиддият ва муқобилгаройии шадиди дини меҳрпарастӣ ва насронӣ дар ҳамин давра оғоз гардид. Бо вуҷуди он ки қайсари мазкур нисбат ба ҳамаи динҳо ва эътиқодҳо муносибати бетарафӣ ишғол карда буд, пешрафти рӯзафзуни оини меҳрпарастӣ мутаваққиф гардид. Юлиан Апостат (331-363) бародарзодаи Константин, ки аз ҷавонӣ шефтаи Ҳелиос — худованди Офтоб буд ва худро расулу пайки он медонист мегуфт, ки худованд вайро ба ин вазифа мансуб карда, рисолати осмониро ба унвони намояндаи вай дар рӯйи замин ба ӯ супоридааст. Вай оини меҳрпарастиро оини ягона ва расмии Константинопол эълон кард. Дар солҳои баъдӣ бо вуҷуди он ки подшоҳони империяи Рум гоҳ меҳрпараст ва гоҳ насронипараст буданд, тазоду муқобилгаройии ду дин шадидтар ва оштинопазиртар гардид.

Бо ба тахт нишастани подшоҳи меҳрпараст ҷонибдорони оини насронӣ мавриди қатлиом ва таъқиб қарор гирифта, бо омадани қайсари насронӣ меҳрпарастон ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ мегардид. Яке аз нависандагони румии ҳамон давра навишта буд, ки дар замони ҳукумати Константин ва ба хусус ҷонишинони ӯ ҳеҷ кас ҷуръати онро надошт, ки ба осмон нигоҳ кунад, тулӯъ ва ғуруби Офтобро бубинад. Ҳатто деҳқонон ва дарёнавардон, ки киштукор ва роҳи худро аз рӯйи ҳаракати сайёраҳо ва обу ҳавои осмон идора мекунанд, бо тарсу ҳарос ба замин менигаристанд.[94] Дар охири асри IV калисои насронӣ, бар рақибони меҳрпарасти худ дастболо гардида, ба таъқиби шадид ва несту нобуд кардани на танҳо меҳрпарастӣ, балки маъбад, меҳроба ва осори мадании Хуршеди шикастнопазир гузашт. Ҳар чизе, ки ёдовари дини меҳрпарастӣ буд, шикаста, ғорат карда ва аз байн бурда мешуд. Бо ифодаи Франс Куман, калисо ва таассуби масеҳиён чандон хушунатбору бераҳмона буд, ки баъзан ба он бовар кардан душвор буд.[95]

Пайравони Митра барои муҳофизати меҳробаҳо аз оташ, нобудӣ ва вайронӣ дару дарвозаҳои даромадгоҳҳоро баста, маъбадҳои аксаран дар ғорҳо ва зерзаминҳо қарор доштаро бо сангу хок мепӯшониданд ва тавре нишон медоданд, ки аз чашм нопадид бошад. Чун онҳо медонистанд, ки дуруштӣ, инҳидом, вайронсозӣ ва қатлу куштор вусъат пайдо мекунад, осори гаронбаҳо ва ҳунарии меҳробаҳоро ба ҷойҳои дигар интиқол медоданд. Аммо ҳангоме ки он осори пурқимат, муқаддас ва нафисро пинҳон мекарданд, эътиқод доштанд, ки оқибат чунин даврони пуразобу ранҷ поён ёфта, худовандашон аз нав растохез хоҳад кард. Масеҳиён медонистанд, ки дар оини маздаясно ва Меҳр барои онҳо яке аз бузургтарин ва хатарноктарин девҳо ба шумор меравад, ба хотири олуда кардани маконҳои муқаддаси меҳробаҳо, пайравонро нобуд карда, ҷасадашонро дар он ҷо боқӣ мегузоштанд.[96] Бисёре аз меҳробаҳо комилан вайрон карда шуда, қисме аз онон ба калисо мубаддал гардиданд.

Чун дар замони бостон аксари мардумон ба табиат пайванди бештар доштанд, дини маздаясно ва аз ҷумла худои Меҳрро ба худ наздик қабул мекарданд. Зоҳиран худои Офтоби онон мисли Меҳр мазмуну ифодаи васеъ надошта, орзую омоли онҳоро пурра ифода карда наметавонист. Меҳр ва муҳтавои маънавии он ба ҳар минтақае, ки рахна мекард, аз ҳисоби фазилатҳои худоёни маҳаллӣ ғанитар шуда, нерумандтар ва тавонотар мегардид ва дар паҳлуи онҳо ҷой гирифта ва ё онҳоро барканор мекард. Аз ҳамин ҷиҳат буд, ки мактабҳои мазҳабии калдониҳо ва бобулиҳо бо андешаҳои аввалияи маздопарастӣ ҳамоҳангӣ пайдо кард.

Ҳамин тавр Аҳуромаздо бо Баал, ки худои Осмон буд, яке шуд. Аредвисура Анаҳито бо Иштар, ки сайёраи Зӯҳра ва фариштаи муваккили ишқ буд, пайваст. Митра бошад ба Шамаш-худои Офтоб мубаддал гашт.[97] Вале Митра дар Авесто фариштаи Хуршед нест, вай фариштаи фурӯғ аст, ки пеш аз офтоб мебарояд. Ба илова Митраи ориёӣ фариштаи нигоҳбони додгарӣ ва паймон буда, аз сӯйи Шарқ дар болои кӯҳсорон падидор мегардид. Дар Понт (Туркияи муосир) Митраро мисли инсон аспсавор таҷассум карда, ба унвони эзид ё фариштаи муваккили Моҳ ситойиш мекарданд. Дар маҳалҳои дигари Осиёи Хурд вайро дар ҳоле ки шалвори васеъ ва почабаста дорад, нишон дода, ба худованди Аттис баробар карда буданд. Дар Лидия Митра-Анаҳито бо Сабазиус – Анаито мубаддал шуд. Ҳамин тариқ, худоёни дигари маҳаллии ин сарзаминҳо дар хизмат ва перомуни Митра қарор гирифтанд.[98]

Вақте фариштагон ва эзидони дини маздаясно, бахусус худованди Митра ба Аврупо, аз ҷумла ба Юнон сироят кард, дар кӯҳи маъруфи Олимп, ки бошишгоҳи муқаддаси худоёни юнонӣ буд, дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар он ҷо Аҳуромаздо бо Зевс, Баҳром (ав. Веретрағна) бо Геракл, Аредвисура Анаҳито бо Артемис пайваст шуданд. Митра бошад, дар он ҷо бо Гелиос – худои хуршеди юнонӣ якҷо шуд.[99] Аммо чун Митра, дорои хусусиятҳое, ки ифодагари ормонҳои тӯдаҳои бештари мардум буд, дере нагузашта мақоми бартар ва арҷмандтаре пайдо карда, бо номи Митридат (Меҳрдод) маъруф гардид. Ҳолате ҳукмрон гардид, ки дар ҳамаи савгандҳо ва паймонҳо, ки дар ҳамаи зинаҳои иҷтимоӣ, дар хонаводаҳои фармонравоён ва ашроф доир мегардид, номи Митра ба забон оварда шуда, ҳузури вайро дархост мекарданд. Шоҳону фармонравоён ва сарлашкарон вайро бахшандаи пирӯзӣ ва комёбию муваффақият медонистанд.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи худоёни шарқӣ аз ғарбӣ иборат аз он буд, ки онҳо бо чеҳраҳои инсонӣ тасвир карда намешуданд. Митраи ориёӣ дар ғарб мисли худоёни юнонӣ заминаи ҳунарӣ пайдо карда, дар образҳои гуногун ба шакли муҷассама, ҳайкал, нақшҳои барҷастаи сангӣ ва меъморӣ даромад. Тавре ки зикр гардид, ин замина замоне падидор шуд, ки дар садаи дуюми пеш аз милод пайкартароше аз мактаби Пергамон нақши Митраро дар ҳолати куштани Гов ба вуҷуд овард ва аз он пас ин суннат чандон ривоҷ пайдо кард, ки дар бахши болоӣ ё садри ҳар меҳроба ин нақш кашида мешуд.[100] Ба ифодаи Ф. Куман интишори дин фарҳанг ва фалсафаро низ маҷбур сохт, ки таълимоти худро бо омӯзишҳои оини митраӣ ҳамоҳанг кунанд. Дар маъбад ва меҳробаҳои митраӣ дар Рум маросим, одоб ва намозеро, ки оини маздаясно дар замонҳои қадим иҷро мекард, ситойиши Митраро нигоҳ дошта буд. Навоварии асосие, ки дар ин ҷо сурат гирифт, иборат аз он буд, ки ба ҷойи забони авестоӣ ва паҳлавӣ, забонҳои лотинӣ ва юнонӣ ба унвони забони динӣ хизмат мекарданд.[101] Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки дар мавридҳои алоҳида забонҳои авестоӣ ва паҳлавӣ истифода мегардиданд. Ҳамин масъала сабаб шуд, ки миқдоре аз матнҳои куҳани эронӣ дар Аврупо ҳифз гарданд.

Вале асли дини Меҳр дар замони пеш аз ҳазрати Зардушт дар дашту сарзаминҳои васеи Осиёи Марказӣ ва Миёна ташаккул ёфта, густариш пайдо карда буд. Зардушт дар Готҳо (ҳоти 29) кушоду равшан бар зидди қурбонии Гов баромад карда, онро барбоди неъмат ва файзу баракати ҷамъиятӣ эълон кард. Дар ин ҳот рӯҳи Гови нахустини қурбоншуда, ба Аҳуромаздо — худованди бузург муроҷиат карда, аз муносибати бади одамиён дар замин нисбат ба ҳайвонот шикоят мекунад ва мегӯяд; «Маро барои чӣ офаридӣ? Кӣ маро сохт? Хашм, ғоратгарӣ, хислати тунду тез, густохӣ, дастдарозӣ маро яксара иҳота кардааст».

Ин нукта нишондиҳандаи он аст, ки пеш аз зуҳури дини маздаясно гузаштагони мо пайравони дини политеистии меҳрпарастӣ буда, маросими асосии он қурбон кардани Гов будааст. Дар матнҳои куҳани Авесто, ки марбут ба замони пеш аз паёмбари ориёист, дида мешавад, ки подшоҳон, паҳлавонон, номварон ба пешгоҳи худоён ва фариштагони гуногун ҳазорҳо сар ҳайвонотро қурбон мекарданд. Зардушт на танҳо бар зидди дини бисёрхудоии меҳрпарастӣ, балки бар зидди маросимҳои манфию зараровари он бо тамоми ҷиддият баромад карда, иҷрокунандагони онро дев ва шайтон меномад ва чунин мешуморад, ки онҳо ба мардум табоҳӣ, вайронӣ ва хонабардӯшӣ меоваранд. (ҳоти 24 банди 8,9)

Франс Куман инъикоси расму оинҳои меҳрпарастиро дар шароити ҳамон вақти Аврупо ҷамъбаст карда, чунин менависад: «Аксари маросиму маносики бунёдӣ, ки мушаххасаи оини митрои маҳаллӣ буд, ба навъе, ки шинохти решаҳои осиёии он қобили ташхис аст. Пӯшокҳои намойишӣ, ниқобҳои ҳайвонӣ, ки дар маросим аз онҳо истифода мешуданд, ба суннатҳои бисёр куҳан бармегашт. Маросиме, ки дар меҳробаҳо (маъбадҳо) иҷро мешуд, бегумон бозмондаи мероси бисёр дур аст. Озмунҳои бисёр душвор ва пурхушунате, ки манзури ташарруф ва аҳлияти пайравон барқарор буд, ёдовари маросими хунин аст, ки пайравон бо буридану чок задани аъзои бадан анҷом медоданд. Ва ҳамин тавр метавон ба ин натиҷа расид, ки розу рамзҳо ва афсонаҳое, ки Митра қаҳрамони онҳост, аз давраи рӯзгори кӯчӣ сарчашма гирифтааст. Чунин маросиму одоби рӯзгори деринае, ки аз сохтори зиндагии ҷомеаи ибтидоӣ истимрор ёфта буд, зери ҳимояту иқтибоси сомонёфтаи яздоншиносӣ ва низ низоми пардохтаи як равиши ирфонӣ ва ахлоқӣ, ки оини митроӣ буд, боқӣ монд».[102]

Нуктаи муҳиме, ки ҷалби таваҷҷуҳ мекард, иборат аз ин буд, ки сабабҳои шиддати муносибати дини насронӣ ва меҳрпарастӣ маҳз шабоҳату монандии боварҳо ва маросимҳои онҳо буд.[103] Пайравони ҳарду оин фаъолият, таблиғ, маросим ва анҷуманҳои худро пинҳонӣ анҷом медоданд. Қобили зикр аст, ки пайравони ҳарду оин ҳамдигарро бародар хитоб мекарданд. Маросими ғусл, шустушӯ ва таҳорат комилан ҳамгун буд. Муборизаи онон бо деву ҷин ва арвоҳи хабис, бо зуҳуроти мухталифи аҳриманӣ шабоҳат дошта, рӯзи якшанбе рӯзи Хуршед ё Офтоб барои ҳарду рӯзи муқаддас ва қобили эҳтиром буд. Қонунҳои созмондиҳандаи онҳо дар ҷиҳати идора ва ҳамбастагии пайравон, ахлоқу одоб, тарғиби покӣ, парҳезкорӣ, мубориза бо ҳавову ҳавас ҳамсон буд.

Чун Меҳр дар Аврупо тамоми вазифаҳои Аҳуромаздо ва сарватҳои маънавии дини маздаясноро дар худ таҷассум мекард, принсипҳои умдаи онро ба дини масеҳӣ интиқол дод. Рукнҳои офариниши ҷаҳон, сарнавишти инсон, биҳишту дӯзах, подошу азоби ухравӣ, табақоти зерину забарини осмон, дӯзах — макони Аҳриман, мабдаи ҷаҳон, тӯфони сангин, поёни ҷаҳон, оташсӯзии ҳавлнок, растохез, доварӣ, навшавии ҷаҳон, ақидаи миёнравии (восита) байни инсон ва худованд, ки яке аз номҳои Меҳр дар Авестост, мақоми паёмбар ва расул, рӯшноӣ ё ҳолаи атрофи сари Исои Масеҳ, ҳаммонандиҳои меҳроба ва калисо ва ғайра аз ҷумлаи онҳоест, ки оини навпардози насронӣ аз дини меҳрпарастӣ ба орият гирифтааст.[104] Таъсири бечуну чарои меҳрпарастиро ба дини масеҳӣ бо мисолҳои гуногун тамоми сарчашмаҳо хотирнишон кардаанд.[105] Муҳаққиқи рус Редер Д.Г шомхӯришҳои муштараки меҳрпарастонро, ки бо нон ва шароб сурат мегирифт, рӯза ва шаллоқзаниҳоро ёдоварӣ карда, навиштааст, ки ҳатто нишонаи муқаддаси Митра бо салиби ҳаштгӯшаи дини насронӣ шабоҳати комил дорад. Ба ақидаи ӯ митраизм ҳатто таълимот дар бораи «обастании муқаддас»-ро низ доро буд, ки баъдан ба дини масеҳӣ интиқол ёфт.[106]

Дини меҳрпарастӣ то асри V дар гӯшаю канорҳои Аврупо боқӣ монда, дар асари муборизаи шадид ва оштинопазири калисои насронӣ оҳиста-оҳиста нопадид гардид.[107] Муаллифи «Донишномаи Эрони бостон» 20 нишонаҳои умдаи дини меҳрпарастиро, ки дини насронӣ ба орият гирифтааст, баршумурдааст.[108]

Франс Куман роҷеъ ба таъсири оини меҳрпарастӣ ба масеҳият чунин навиштааст: «Дини Масеҳ ҳатто шахсиятҳои мустаор ва тамсилии доираи кайҳониро, ки меҳрпарастон танзим ва мураттаб карда буданд (ба муносибати он, ки тамоми ҳастию табиат аз дидгоҳи эътиқодашон, эзидӣ ва худовандӣ буд), аз худ карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ҳарчанд ки ба чорчӯби дини масеҳӣ ин маҷмӯа ҷойгир намешуд ва ба таълимоти дини номувофиқ буд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки суннати меҳрпарастӣ пас аз инқирози оин дар динӣ масеҳӣ зинда монд ва такрор шуд».[109]

Тавзеҳот

_______________

[1] Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков М.-Л., 1938. – с. 88

[2] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 15; Разӣ Ҳ. Оини меҳр ҷ. I. – с. 55-56. Ризоӣ А. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Эрон. Теҳрон, 1381. – с. 704

[3] Нюберг Ҳ. С. Динҳои Эрони бостон. – с. 79

[4] Авесто. Тарҷумаи Ҷ. Дӯстхоҳ ҷ. 1. – с. 356.

[5] Кристенсен А. Каёниён. Теҳрон. 1381. – с. 129.

[6] Яқубов Ю. Религия древнего Согда. – с. 31.

[7] Мӯъминҷонов Ҳ. Тӯрон – гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. – с. 206.

[8] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 15.

[9] R.S. Zaehner. Zurvan. A Zoroastrian Dilemma. 1972. — p. 18.

[10] Стеблин-Каменский И. М. Авеста. М., 1993. – с. 6-7.

[11] Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381. – с. 30.

[12] Разӣ Ҳ. Оини Меҳр. Ҷ. 1. – Теҳрон, 1381. – с. 55-56.

[13] Стеблин-Каменский И. М. Авеста. М. 1993. – с. 6-7.

[14] Кристенсен А. Каёниён. Теҳрон, 1381. – с. 14; Маздопарастӣ дар Эрони қадим. Теҳрон 1376. – с. 77.

[15] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. IV. – с. 2020 – 21.

[16] Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. М., 1985. – с. 73.

[17] Дьяконов И. М. История Мидии. – с. 373

[18] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 31

[19] Берунӣ А. Осор-ул-боқия. чопи Захау. Теҳрон. 1331. – с. 222-225

[20] Донишномаи Эрони бостон. ҷ. 4 Теҳрон, 1381. – с. 2020-2021.

[21] Дьяконов И. М. История Мидии. – с. 396.

[22] Баъдан бо зуҳури дини насронӣ, рӯзи таваллуди эзиди Митра ба рӯзи сууди ҳазрати Исо ва рӯзи аввали солшумории мелодӣ баргардонида шуд.

[23] Куман Ф. Оини пурразму рози митроӣ. – с. 31-171.

[24] Дьяконов И. М. История Мидии. – с. 402.

[25] Иванов М. С. Очерк истории Ирана. М. 1952. – с. 16

[26] Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. – с. 23.

[27] Гиршман Р. Эрон аз оғоз то ислом. Теҳрон, 1383. – с. 312.

[28] Страбон. География. М. 1994. – с. 499.

[29] Страбон. География. – с. 680.

[30] Куман Ф. Оини розомези митроӣ. – с. 186.

[31] Дар ҳамон ҷо. – с. 186.

[32] Розӣ Ҳ. Оини Меҳр. Ҷ. 1. – Теҳрон 1381. – с. 227.

[33] Гиршман Р. Эрон аз оғоз то ислом. Теҳрон. 1383. – с. 183.

[34] История древнего мира. М. 1981. – 285 – 286.

[35] Баҳор М. Пажӯҳише дар асотири Эрон. Теҳрон, 1362. –с. 15-56.

[36] Махсутов В.П. История древнего Востока. – с. 391-392.

[37] Баҳор М. Аз асотир то таърих. – с. 32-33.

[38] Хртсфельд. Таърихи Эрони бостон. – с. 44.

[39] Кристенсен А. Эрон дар замони сосониён. – с. 56.

[40] Куман. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 32.

[41] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 33.

[42] Ҳамон ҷо. – с. 34.

[43] Ҳамон ҷо. – с. 35-45.

[44] Нейберг. Динҳои Эрони бостон. – с. 97 ба баъд: Гиршман Р. Эрон аз оғоз то ислом Т. 1383. – с. 71.

[45] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 33.

[46] Ҳамон ҷо. – с. 33.

[47] Ҳамон ҷо. – с. 34-35.

[48] Кристинсен А. Эрон дар замони сосониён. – с. 59.

[49] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 55.

[50] Разӣ Ҳ. Оини Меҳр. Ҷ. 1. – с. 62-63.

[51] Малый энциклопедический словарь. Санкт-Петербург, 1906. – с. 584.

[52] Васильев Л. С. История религии Востока. М. 1983. – с. 64.

[53] Куман Ф. Оини пурразму рози митроӣ. – с. 41.

[54] Ҳиннелз Ҷ. Шинохти асотири Эрон. Теҳрон, 1383. – с. 221-222.

[55] Куман Ф. Оини пурразму рози митроӣ. – с. 48.

[56] Қадиёнӣ А. Таърихи адён ва мазоҳиб дар Эрон. Теҳрон, 1352. – с. 97.

[57] Пурдовуд. Яштҳо ҷ.1. Теҳрон, 1377. – с. 406.

[58] Ҳамон ҷо. – с. 10.

[59] Куман Ф. Оини пурразму рози митроӣ. – с. 244-245.

[60] Разӣ Ҳ. Оини Меҳр. ҷ. I. – с. 274.

[60] Дар ҳамон ҷо. – с. 40.

[61] Ҳамон ҷо. – с. 274.

[62] Разӣ Ҳ. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 40.

[63] Куман Ф. Оини пурразму рози митроӣ. – с. 244-245.

[64] Разӣ Ҳ. Оини Меҳр. ҷ. 1. – с. 274.

[65] Дар ҳамон ҷо. – с. 275.

[66] Разӣ Ҳ. Оини Меҳр. ҷ. 1. – с. 275.

[67] Бисёре аз муҳаққиқон Забратосро ҳамчун Зардушт муаррифӣ кардаанд.

[68] Саёҳатномаи Пифагор. Тарҷумаи Ю. Эътисомӣ, Теҳрон, 1364. – с. 66.

[69] Дар асл Забратос аст.

[70] Муҳри Меҳр.

[71] Дар поён унвону мақомоти рӯҳонии меҳрпарастӣ оварда шудааст.

[72] Ишора ба марҳилаи ҳафтгонаи пайравон аст, ки ҳар яке ниқоби ҷонвареро мепӯшид.

[73] Киноя аз тулӯъ ва ғуруби офтоб.

[74] Аз хуни Гови муқаддас, ки бар замин ҷорӣ мешавад, гиёҳон ва тамоми мавҷудот падид меоянд.

[75] Дар оини меҳрпарастӣ занон ширкат намеҷустанд.

[76] Озмойишҳое, ки барои пайравон муайян шуда буд.

[77] Худои киштзорҳои Юнони қадим.

[78] Саёҳатномаи Пифагор, Тарҷумаи Ю. Эътисомӣ. – с. 66-76.

[79] Пайравон худро ифшо накарда, ҷашну маросимҳои меҳрпарастӣ пӯшида ва сиррӣ мегузаштанд.

[80] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 11.

[81] Дар Авесто Гови нахустинро Аҳриман ба қатл мерасонад. (Бундаҳишн, т. 1378. с. 65). Вале идомаи масъала бо дини меҳрпарастӣ ҳамгун буда, аз бадани Гов ҷумлаи офариниш пайдо мешавад.

[82] Разӣ Ҳ. Оини Меҳр. ҷ. 1. – с. 305-306.

[83] Дар Авесто Сушиёнс аст. Аммо дар ин ҷо ба ҳазрати Исо-пайғамбари масеҳӣ шабоҳати комил дорад.

[84] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. IV. – с. 2056.

[85] Ин парранда ду хел аст. Он ки парҳои сиёҳу сафед ва минқори сиёҳ дорад, калоғ, шӯрнӯл ё зоғи ало аст, ки гӯшташ ҳаром аст. Он ки комилан сиёҳ аст ва тобистон ба минтақаҳои хунук меравад, гӯшташ ҳалол ва он зоғ мебошад.

[86] Куман Ф. Оини пурразму рози митроӣ. – с. 11.

[87] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. IV. –с. 2058.

[88] Куман Ф. Оини пурразму рози митроӣ. – с. 145.

[89] Разӣ Ҳ. Оини Меҳр. ҷ.1. – с. 569.

[90] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. IV. – с. 2062.

[91] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 155; Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. IV. – с. 2056.

[92] Ҳамон ҷо. – с. 155; Ҳамон ҷо. – с. 2056.

[93] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. –с. 155; Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. IV. – с. 2056.

[94] Ҳамон ҷо. – с. 218; Ҳамон ҷо. – с. 2056.

[95] Ҳамон ҷо. – с. 220.

[96] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 220.

[97] Ҳамон ҷо. – с. 32.

[98] Ҳамон ҷо. – с. 38.

[99] Ҳамон ҷо.– с. 40-41.

[100] Разӣ ҳ. Оини Меҳр. ҷ. I. – с. 229.

[101] Куман Ф. Оини пурразму рози митроӣ. – с. 46.

[102] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ – с. 198.

[103] 25 декабр шаби дарозтарин дошта, Офтоб ба бурҷи ҷадид ворид мешавад ва соли навинро оғоз мекунад.

[104] Ҳамон ҷо. – с. 198-202.

[105] Васильев Л. С. История религий древнего Востока. – с. 64.

[106] Краткий научно-атеистический словарь. – с. 439.

[107] Краткий научно-атеистический словарь . – с. 439.

[108] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. IV. Теҳрон, 1381. – с. 2072.

[109] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ – с. 247-248.

← Ба пас, ба мундариҷа

Навиштаҳои дигар

Чанд ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ... Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492), ки 600 сол муқаддам чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст, аз адибон охирин абармардест, ки як бахши рӯзгори адабив...
Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-3...   1    2    3    4    5    6   7   8 Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойиш...
Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ-4... ←   Ба пас   <4>   Ба пеш   → Бас хуни касон, ки чархи бебок бирехт, Бас гул, ки баромад аз гилу пок бирехт. ...
Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 134-140... 134. Кунҷид 135. Савринҷон 136. Ширинбия 137. Савсан 138. Савсани кӯҳӣ 139. Ҷамилак 140. Шоҳитара 134. Кунҷид Ин т...
Диданд: 170

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>