Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 1.1.


Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби аввал.
Муруре ба сароғози таърих ва фарҳанги ориёиҳо

Ҳиндуаврупоиҳо

Фарҳанги ниҳоят рангин ва нотакрори ҷаҳони муосир маҳсулу офаридаи халқ ё миллати ҷудогона, мамлакат ё кишвари мушаххас набуда, дастранҷи муборизаҳо ва кӯшишҳои хастагинопазири тамоми мардуми ҷаҳон аст. Ғаномандӣ ва зебоии фарҳанги муосир марбути он аст, ки ҳар қавму халқ, миллат дар тӯли таърих роҳи мушаххаси худро паймуда, дар фарозу нишеби зиндагӣ асолату ҳувияти собит ва соҳиби расму анъана ва суннатҳои нотакрори худ мегардад, ба забони хеш такаллум мекунад ва ганҷинаҳои арзишманд эҷод менамояд ва дар ташаккули фарҳанги бузурги инсонӣ саҳми худро мегузорад.

Мутахассисон теъдоди забонҳои халқҳою қавмҳои ҷаҳонро байни 4 то 5 ҳазор тахмин кардаанд[1]. Ҳар яке аз онҳо мисли фарҳангашон, сарфи назар аз замони пайдоиши худ ва таъсир дар умури ҷаҳони муосир, саҳифаҳои гаронбаҳо ва қисми таркибии таърихи инсоният буда, манзараи умумӣ ва рангоранги ҷаҳони маънавии халқҳоро инъикос мекунанд.

Барои шинохти айнӣ ва дурусти тамаддунҳо ва таҳаввулу нақши онҳо дар ташаккули қавму миллатҳо решаҳои қавмӣ ва забонии онҳоро муайян кардан муҳим аст. Зеро маҳз ба ҳамин восита наздикию хешутабории қавмҳою халқҳо ва таърихи инкишофи забонҳои онҳоро фаҳмидан имконпазир мебошад. Бинобар ин, ба назари мо, муруре ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ зарур аст, зеро он таърихи дури халқҳои ориёитаборро беҳтар муаррифӣ менамояд ва пайвандҳои онҳоро бештар аз падидаҳои дигари таърихӣ нишон медиҳад.

Хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ аз ҷумлаи бузургтарин хонаводаҳои забонии ҷаҳон буда, таърих ва таркибу сохти он беш аз ҳама мавриди омӯзишу тадқиқ қарор гирифтааст.

Мувофиқи тадқиқоти ҷадид, дар ҳудуди ҳазораи панҷуми пеш аз мелод модарзабони ибтидоии воҳиду ягонаи ҳиндуаврупоӣ арзи вуҷуд карда, баъдан ба гурӯҳҳо тақсим шудааст.[2] Нишонаҳои умумии забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ки аз хонаводаҳои забонҳои дигар фарқ дорад, мавҷудияти муносибати наздик ва робитаи раднопазири зоҳирии ин хонаводаи забонҳоро дар зинаҳои гуногуни инкишофашон нишон медиҳад.

Умумияту шабоҳат ва иттисолу пайвастагиҳои он касро ба фикре водор мекунад, ки замоне забони ягона ва воҳиди ҳиндуаврупоӣ мавҷуд буда, сарчашмаи шабоҳату наздикии забонҳои ҳиндуаврупоии муосир ҳамон забони воҳиди ҳиндуаврупоист. Гурӯҳи забонҳо барои он хонавода номида мешаванд, ки сохтори дохилии онҳо ва ба хусус грамматика ва лексикаашон шабоҳати возеҳ доранд. Ба ифодаи яке аз мутахассисони маъруфи забоншиносии муқоисавӣ, донишманди франсавӣ Антуан Мейе, ду забон дар он ҳолат хешованд гуфта мешавад, ки натиҷаи инкишофи мустақили ҳар яке аз онҳо за забоне бошад, ки пештар бо он гуфтугӯ мекарданд. Маҷмӯи забонҳои хешованд бо номи хонаводаи забонҳо ёд мешавад. Масалан, забони франсавӣ ва форсии ҷадид забонҳои хешованд буда, ҳардуи онҳо шаклҳои гуногуни забони хонаводаи ҳиндуаврупоӣ мебошанд. Аз ин ҷиҳат, мафҳуми хешовандии забонҳо мутлақ буда, онҳоро ба зинаҳои гуногун тақсим намекунад.[3]

Мутахассисони забоншиносии муқоисавӣ дар таркиби луғавии гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шабоҳату наздикии фаровон кашф кардаанд. Чунин шабоҳат тамоми бахшҳои забон, яъне фонетика, морфология ва грамматикаро дар бар мегирад. Аз ин ҷиҳат мутахассисон чунин ақида доранд, ки дар ҳудуди ҳазораҳои V-IV пеш аз мелод забони ҳиндуаврупоӣ қабл аз тақсими он ба шохаҳо забони воҳиде будааст. Дар асрҳои XVIII-XIX мелодӣ аксари ақидаҳо чунин буданд, ки Осиё на танҳо ватани хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоиҳо аст, балки бештари мардуми ҷаҳон низ аз ин минтақа бархоста, решаи тамаддуни ҷаҳонӣ низ дар ҳамин маҳал қарор дорад. Масалан, Адольф Пикте дар соли 1859 дар асоси муқоисаи вожаҳои хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, аз ҷумла, калимаи англисии birch, олмонии birke, славянии куҳани breza, berzes (береста ва березаи имрӯзӣ) ва санскрити bhurja (бурҷ ё бурси тоҷикии имрӯза) ба чунин натиҷа расидааст, ки дар атрофи маҳалли нахустини сукунати ин хонаводаи ҳиндуаврупоӣ дарахти тӯс ва бурҷ беш аз ҳама ба мушоҳида мерасидааст. Аз ин ҷиҳат маҳалли сукунати ибтидоии хонаводаи ҳиндуаврупоӣ ва модарзабони онро Бохтар (Бактрия) муайян кардааст.[4] Гурӯҳи дигар музофоти Гансуи Хитойро чунин маҳал донистаанд.[5] Ақидаҳои дигар низ дар ин бора вуҷуд доранд ва табиист, ки таҳқиқоти давомдори олимони кишварҳои Ғарбу Шарқ амри зарурист.

Агар пажӯҳишҳои чанд садаи охирро мавриди омӯзиш қарор диҳем, онҳоро ба ду даста тақсим кардан мумкин аст.

1. Забонҳои хонаводаи ҳиндуаврупоӣ чи дар гузашта ва чи имрӯз дорои нукоти мухталифи хешовандӣ ва шабоҳат мебошанд. Масалан, калимаи чарх дар забони лотинӣ rota, ирландии бостон roth, олмонии бостон rad, литвонӣ ratas, дар забони санскрит rathas ва дар забони авестоӣ rasa[6] буда, аз решаи reth (давидан, гурез; калимаи гурехтани тоҷикӣ низ аз ҳамин реша аст) сарчашма мегирад.[7] Муаллифи русӣ Ставиский Б.Я. шабоҳати забонҳои ҳиндуаврупоиро дар даврони муосир таҳлил карда, аз ҷумла менависад: дуи тоҷикӣ бо дваи русӣ, duo-и лотинӣ ва two-и англисӣ ҳамоҳанг аст. Модар, падар ва бародари тоҷикӣ бо mother, father, brother–и анлисӣ mutter, vater, bruder–и олмонӣ ва бо mater, pater-и лотинӣ шабоҳати комил доранд.[8]

Забоншиносии муқоисавӣ дар нимаи аввали асри XIX падид омад. Аввалин шахсе, ки забони санскритро омӯхта, дар ҷустуҷӯйи асоси забонҳои ҳиндуаврупоӣ онро бо забонҳои лотинӣ, юнонӣ, форсӣ ва олмонӣ муқоиса карда, шабоҳати сарфу наҳви онҳоро нишон дод ва асоси забоншиносии муқоисавии илмиро поягузорӣ кард, Франс Бопп буд. Вай забони санскритро бо забонҳои дигари Аврупои ғарбӣ муқоиса карда, то соли 1849 чандин асар эҷод намуд.[9] Дар таҳқиқоти ӯ забони санскрит мавқеи марказӣ ишғол намуда, ҷанбаҳои гуногуни он бо забонҳои зиндаи имрӯзаи Аврупо муқоиса мегардиданд.

Ҷустуҷӯю пажӯҳишҳо, ки баъд аз Бопп доманаи васеъ пайдо кард, нишон доданд, ки забони санскрит бо забонҳои аврупоӣ шабоҳату наздикии фаровон дошта, бисёр хусусиятҳо ва хислату табиати шахси аврупоӣ низ ба ҳомилони забони санскрит монандиҳои зиёде дорад. Дар ин давра дар Аврупо таваҷҷуҳ ба забону тамаддуни ориёиҳо, ба хусус сарзамини бостонии Ҳинд ниҳоят афзуда, тадқиқот дар риштаҳои гуногун вусъат пайдо кард ва дар ин замина теъдоди зиёди китобҳо нашр шуданд. Чун ҳиндуҳо ориёӣ буда, тамаддунашон низ ориёӣ буд, муҳаққиқони аврупоӣ дар асоси шабоҳатҳои маданӣ чунин пиндоштанд, ки тамоми халқҳои хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб ба ин қавм мебошанд. Онҳо чунин фикр мекарданд, ки ҳиндуҳо сокинони асил ва ибтидоии нимҷазираи Ҳиндустон буда, дар он ҷо аз аввал чунин фарҳанги ғаниро поягузорӣ кардаанд.

Ҳиндушиноси маъруфи олмонӣ Макс Мюллер, ки давомдиҳандаи корҳои Ф. Бопп буда, дар ин замина тадқиқоти пурарзиш анҷом додааст, чунин навишта буд. «Омӯзиши маданияти Ҳинд марзи шуури таърихии моро васеъ карда, ёддоштҳои ҷавонии моро, ки қариб буд, тамоман аз байн раванд, эҳё намуд… Мо ҳама аз Шарқ омадаем. Он арзишҳои асосие, ки мо дорем, бо мо аз Шарқ омадаанд ва акнун ба Шарқ рӯй оварда, ҳар яке чунин ҳис мекунем, ки ба «хонаи қадим»-и саршор аз ёддоштҳо, бо шарте, ки вай рамзҳои ин ёддоштҳоро кушояд ва шарҳ диҳад, бармегардем».[10] Карл Маркс низ Ҳиндустонро гаҳвораи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дониста буд. Дар ин давра дар Аврупо, тавре ки дар боло зикр гардид, теъдоди зиёди тадқиқот сурат гирифта, дар онҳо ватани ибтидоии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар ҳудуди Ҳинд ва минтақаҳои атрофи он ҷой дода шуданд. Таҳқиқоти дуҷилдаи пурарзиши донишманди олмонӣ Франсуа Ленорманн аз ҷумлаи онҳост.[11] Вай дар ин асари худ сарзамини Бохтарро маҳду гаҳвораи ориёиҳо, яъне тамоми хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дониста, ҳар яке аз халқҳои имрӯзаи Аврупоро дар ин ҷо ҷой медиҳад ва ҳудуди зиндагии ҳар яке аз онҳоро дар ин минтақа муайян мекунад ва тарзу усули зиндагии иҷтимоии онҳоро шарҳ медиҳад.[12]

Ин ақида, ки Ҳинд гаҳвораи хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ аст, то охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ ҳукмрон буд. Дар ин давра худи забоншиносии муқоисавӣ ва таъриху бостоншиносӣ ба исбот расониданд, ки ҳиндувон сокини асил ва таҳҷойии нимҷазираи Ҳиндустон набуда, худи онҳо замоне пеш дар ин сарзамин маскан ихтиёр кардаанд.[13] Донишманди рус княз Максутов В.П. дар аввали асри ХХ менависад. «Фарзияи маъруфи зуҳури осиёгии ориёиҳо, гузаштагони мо, то ҳоло дар андешаҳои олимон ҳукмрон аст. Вале зидди он садоҳои зиёде баланд мешавад. Масалан, онҳо мегӯянд, ки дар забони ориёиҳо (-и Аврупо) номи бисёр ҳайвоноти осиёгӣ вуҷуд надошта, баръакс ҷойи онҳоро номи бисёр ашёҳое гирифтааст, ки фақат дар Аврупо мавҷуд аст».[14]

Пажӯҳишҳои фаровоне, ки дар ин замина ба хусус дар забоншиносии муқоисавӣ анҷом дода шуданд, дар баробари мушобеҳат, тафовути куллии гурӯҳи забонҳои ғарбӣ ва шарқии хонаводаи ҳиндуаврупоиро нишон доданд. Донишманди маъруфи рус Дьяконов И.М. ҳолати он давраи илм дар Аврупоро тасвир карда, дар ин бобат чунин менависад; «Номи ҳиндувони бостон, ки худро аря (аrуа) меномиданд, ба ҳамаи халқҳо — ҳомилони забонҳои ҳиндуаврупоӣ интиқол пайдо карда буд. Баъдтар маълум гардид, ки Ҳиндустон ватани ибтидоии ҳиндуаврупоиҳо набуда, баръакс, худи онҳо (яъне ҳиндуҳо) замоне нисбатан пештар ба он ҷо рафтаанд ва забони санскрит ҳеҷ гоҳ модарзабони тамоми хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шуда наметавонад.[15]

Дар нимаи аввали асри гузашта фашистони Германия ба ин истилоҳ тобиши нажодӣ дода, бо сиёсати ҷангҷӯёна ва қатли оми миллионҳо мардуми бегуноҳи Аврупо ин номро бадном ва беобрӯ сохтанд. Тавре ки Антуан Мейе менависад, дар Олмони фашистӣ истилоҳи arisch дар мафҳуми ҳиндуэронӣ истифода мегардид, ки комилан қобили қабул нест. Нисбати ин ки Антуан Мейе – узви Академияи Франсия асари маъруфи худро, зоҳиран, дар солҳои зуҳури режими фашистӣ навишта буд, дар ин мавзӯъ беш аз гуфтаҳои боло чизе нагуфта фақат илова кардааст, ки ба хотири гурез аз ғалатфаҳмӣ, дар асари худ аз истифодаи калимаи аря худдорӣ мекунад.[16] Дьяконов И.М. фикри донишманди фаронсавиро чунин идома медиҳад. «Баъдан истилоҳи ориёиро фашизми Олмон ғасб карда, ба он обу ранги нажодпарастӣ бахшид. Чунин масъалагузорӣ комилан мухолифи табиати илм аст».[17]

Аз замони пайдоиши илми забоншиносии муқоисавӣ, ки дар асоси муқоисаи забонҳои ба ҳам наздики бостонӣ, ба таърихи дури халқҳои марбут равшанӣ меандозад, дар бораи маҳалли пайдоиш ва ватани модарзабони ҳиндуаврупоӣ фикру мулоҳизаҳои гуногун матраҳ гардидааст.

Тавре ки Ҷ. П. Меллори – устоди Донишгоҳи Калифорния (ИМА) менависад, яке аз хизматҳои бузурги забоншиносии муқоисавӣ ҷустуҷӯ ва пай бурдан аз вуҷуди хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буд.[18] Забонҳои ин хонавода бо ҳам ончунон наздик ҳастанд, ки муқоисаи онҳо аз даврони пешини таърих шурӯъ шудааст. Масалан, Гералд Компренис (1142 — 1220) забонҳои корнуэлӣ ва бретониро бо ҳам муқоиса карда, ба чунин натиҷа расида буд, ки онҳо аз решаи забони британӣ ба вуҷуд омада, бо забонҳои лотинӣ ва юнонӣ ҳам мушобеҳат доранд.[19]

Бо пайдоиши дини насронӣ эътиқод ба решаи воҳиди забонҳо бештар гардида, забони ибриро модари тамоми забонҳо медонистанд. Файласуфи машҳури немис Готфрид Лейбнитс боварӣ дошт, ки тамоми забонҳои ҷаҳон решаи воҳид доранд. Вай андешаи модари тамоми забонҳо будани забони ибриро рад карда, муътақид буд, ки ҳамаи мардуми ҷаҳон аз Осиё бархостаанд.[20]

Омӯзиши илмии забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва грамматикаи муқоисавии ин гурӯҳи забонҳо ба ақидаи А. Мейе дар соли 1816 бо нашри китоби Ф. Бопп «Дар бораи системаи тасрифи санскрит дар муқоиса бо тасрифи забонҳои юнонӣ, лотинӣ, форсӣ ва олмонӣ» оғоз гардид.[21] Мавҷудияти гурӯҳи алоҳидаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мантиқан мавҷудияти забон ва ҷустуҷӯйи маҳалро пеш гузошт, ки намояндагони мухталифи ин гурӯҳи забонҳо замоне дар он ҷо зиндагӣ карда, бо он гап мезаданд. Масъалаи забони асилу ягонаи ҳиндуаврупоӣ ва маҳалли зиндагии муштараки онҳо бори аввал аз ҷониби Август Шлейхер гузошта шуд.[22]

Дере нагузашта мубоҳиса дар атрофии проблемаҳои хусусиятҳои модарзабони муштараки ҳиндуаврупоӣ ва пайдо кардани ватани ибтидоии онҳо доманаи ниҳоят васеъ пайдо кард. Кӯшиш барои равшан кардани гузаштаи дур ва мубоҳиса дар атрофи модарзабони ҳиндуаврупоӣ ва ватани нахустини қабилаи бузурги ҳиндуаврупоӣ миқдори зиёди бетарафонро водор ба омӯзиши забонҳо ва бостоншиносӣ карда, шӯру шавқи беандозае ба вуҷуд овард. Ҳар олим соҳаи мавриди алоқаи худро таҳқиқ карда, фикру андешаҳои хешро дар бораи проблемаҳои номбаршуда баён медошт.

Масалан, ба фикри Фредерик Шлегел (1772-1829) сарзамини ибтидоии нашъунамои модарзабони ҳиндуаврупоӣ кишвари Ҳинд аст. Ӯ забони қадимаи ҳиндиро, ки аз юнонӣ ва лотинӣ бостонитар аст, решаи ҳамаи забонҳо пиндошта, чунин навишта буд: «Шимолу ғарбии Ҳиндустон бояд ба унвони марказе, ки аз он ҷо решаи ҳамаи миллатҳо муштақ шудааст, баррасӣ шавад».[23]

Дар асрҳои XVIII-XIX аксари муҳаққиқон дар Аврупо мӯътақид буданд, ки сарзамини модарзабони ҳиндуаврупоӣ Осиёи Марказӣ, Бохтар ва Ҳиндустон аст.[24] Аммо донишманди асри XIX немис Франсуа Ленор Манн сарзамини Бохтар ва гирду атрофи онро ватани аввалини қабилаҳои ҳиндуаврупоӣ медонад.[25]

Бо пешрафти илми забоншиносии муқоисавӣ ва бахусус вусъати ковишҳои бостоншиносӣ ақидаҳо дигаргун шуда, аз ҷониби муҳаққиқон дар ин бора афкори мухталиф баён гардидааст. Ҷолиб аст, ки ҳар яке ба хотири таҳкими андешаҳои илмии худ далелҳои собиткунанда матраҳ мекарданд. Дар асри XIX Расмус Раск, ки мутахассиси забонҳои олмонӣ буд, бо пешниҳоди далелҳои гуногун Осиёи Хурд ва даштҳои Паннонияро ватани аслии ин забон донист.

Александр Мюррей боварӣ дошт, ки мардуми Аврупо ба панҷ нажод тақсим шуда, решаи онҳо ба Осиё мерасад. Вай бо қатъият изҳор мекард, ки Осиё гаҳвораи тамаддуни ҷаҳон буда, решаи ҳамаи нажодҳо аз он ҷо сарчашма гирифтааст.[26]

Донишмандон дар асри Х1Х дар асоси далелҳои мухталиф манотиқи гуногунро ҳамчун ватани модарзабон ва зодгоҳи ҳиндуаврупоиҳо пешниҳод мекарданд. Донишманди фаронсавӣ Эрнест Ренан хостгоҳи ҳиндуаврупоиёнро Осиёи Миёна ва доманакӯҳҳои Помир муайян кард. Ба фикри ӯ, аввалин устура ва ривоятҳои адабии ҳиндуаврупоӣ дар бораи ин маҳал сӯҳбат мекунад. Аз китоби муқаддаси яҳудиён чунин бармеояд, ки Осиёи Миёна хонаи одамиён аст ва ҳамаи мардум аз ин минтақа бархостаанд. Ҳамин тавр муҳаққиқи олмонӣ Адолф Пихте–Бохтар, Макс Мюллер – шимоли Аврупо, Дорибу Жубенвил – ҳавзаҳои Сайҳуну Ҷайҳун, Отто Шредер – ҷануби Русия, Герман Хирт – соҳилҳои баҳри Балтикаро ватани модарзабони ҳиндуаврупоӣ донистаанд.

Дар ин масъала дар асри XX низ ихтилофи ақидаҳо мушоҳида карда мешавад. Маттеуш Муш зодгоҳи нахустини ҳиндуаврупоиҳоро Олмон, донишманди ҳинд Гандатар Тилак – Қутби Шимол, Ҷозеф Видней даштҳои Осиёи Миёна, Зигмунд Фикст – даштҳои ҷануби Русия, Гарольд Бендер – сарзаминҳои гирду атрофи Литва, П. Байлз – даштҳои Паннония ва Маҷористон, С. Кери – Варорӯди Осиёи Миёна, Гордон Чайлд – даштҳои ҷанубу ғарби Русия, бостоншиноси ҳиндӣ Лакшми — ҳаволии кӯҳҳои Ҳимолой, Вилгелм Копперс – Туркистони ғарбӣ, Юлий Покорни – Русияи ҷанубӣ ва даштҳои атрофи кӯли Арал, Стюарт Манн – шимол ё шимолу шарқии Аврупо, Антон Шерер – кӯҳҳои Урал то Русияи Миёна, Паул Гиме – сарзаминҳои Олмон ва соҳили баҳри Балтика, Густав Швантес – шимоли Аврупо, Дево Гиакомо – Русияи ҷанубӣ, каронаҳои баҳри Сиёҳ ва даштҳои атрофи Волга пиндоштаанд.

Масъалаи таъини маҳалли модарзабон ва зодгоҳи ибтидоии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ки имрӯз идома дорад, ниҳоят мураккаб буда, диди ҷомеъ ва асоснок бар маънои далелҳои зиёд ва гуногуни илмҳои бостоншиносӣ, забоншиносӣ, нажодшиносӣ, фарҳангшиносӣ, зистшиносӣ, насабшиносӣ ва ғайраро тақозо менамояд. Вале тавре ки дида мешавад, бисёре аз пажӯҳандагон минтақаи Осиёро ватани аввалини қабилаҳои ҳиндуаврупоӣ медонанд.

Яке аз корҳои ҷиддие, ки дар солҳои охир дар заминаи таъини мақом ва манзалати забонҳои ҳиндуаврупоӣ сурат гирифт, асари дуҷилдаи донишмандон Гамкрелидзе Т.В. ва Иванов В.В. таҳти унвони «Забони ҳиндуаврупоӣ ва ҳиндуаврупоиҳо» мебошад. Муҳаққиқон тамоми корҳои дар ин замина анҷомгирифтаро ҷамъбаст карда, дастовардҳои ҳамаи соҳаҳоро, ки дар ин масъала кӯмак ва ё равшанӣ меандозанд, мавриди истифода қарор додаанд. Ба онҳо муяссар гардидааст, дар натиҷаи муқоиса миқдори зиёди истилоҳоти риштаҳои гуногуни модарзабони ҳиндуаврупоиро эҳё кунанд ва дар ихтиёри илми забоншиносии муқоисавӣ қарор диҳанд. Ба ақидаи онҳо, маҳалли пайдоиши модарзабони ҳиндуаврупоӣ минтақаи хосу собит дар ҳудуди сарзаминҳои Шарқи Наздик, нимҷазираи Балкан, Осиёи Хурд, Қафқози ҷанубӣ ва Байнаннаҳрайни шимолӣ аст.[27]

Мубоҳиса дар атрофи хонаводаи забонҳо ва ватани модарзабони ҳиндуаврупоӣ ҳамчунон идома дорад. Вале агар он фарқияти ақидаҳо, ки дар боло зикр гардид, ҷамъбаст карда шавад, ба ифодаи донишманди маъруфи рус Дяконов И.М., ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки фикру мулоҳизаҳои аксари муҳаққиқон дар атрофи бахшҳои ҷанубии Русия, қисматҳои шарқии баҳри Хазар ва даштҳои Осиёи Марказӣ давр мезанад.[28]

Гурӯҳи забонҳои ҳиндуэронӣ яке аз забонҳои бостонии ҳиндуаврупоӣ, мебошад, ки аз он ёдгориҳо ва лавҳҳои гилии аз замони давлати Митониҳо боқимонда шаҳодат медиҳанд ва дар матнҳои хати мехии хетӣ аз ҳазораи дуюми пеш аз мелод оварда шудаанд. Осори бостонӣ ва куҳани гурӯҳи забонҳои ҳиндуэронӣ, ки ба забони қадимии ҳинду бо хати ҳиҷоӣ навишта шудааст, Ригведа мебошад. Пайдоиши он марбут ба ҳазораи дуюми пеш аз мелод буда, фақат дар ҳазораи охирини пеш аз мелод сабт карда шудааст.

Мутахассисон чунин тасаввур мекунанд, ки таронаҳои қадимтарини он то вуруди қабилаҳои ҳиндуориёӣ ба шимолу ғарбии Ҳинд мураттаб шудааст. Гурӯҳе аз онҳо маҳалли пайдоиши Ригведа ва ё бахше аз онро сарзаминҳои Осиёи Марказӣ медонанд.[29]

Баъдтар Араниакаҳо ва Упанишадҳо, ки матнҳои нисбатан куҳани фалсафию ирфонӣ мебошанд, бо забони санскрит навишта шуданд. Дар асоси забонҳои эронии миёна (форси миёна, портӣ, суғдӣ, бохтарӣ, сакоӣ, хоразмӣ, олонӣ) ва забонҳои ҳиндии миёна (пракритӣ, палӣ, апабранша) забонҳои ҳиндуэронии муосир ба вуҷуд омаданд, ки ба гурӯҳи эронии он забонҳои форсӣ, тоҷикӣ, афғонӣ (пашту), осетинӣ, курдӣ, тотӣ, талишӣ, балуҷӣ, гурӯҳи забонҳои помирӣ ва ба гурӯҳи ҳиндии он забонҳои ҳиндӣ, банголӣ, панҷобӣ, синдӣ, урду, гуҷаротӣ, маратхӣ, ассомӣ, ория, непалӣ, сингалӣ, сиганӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Гурӯҳи забонҳои эронӣ бо мероси хаттии авастоӣ ва забони форсии қадим маъруф аст. Ниёишҳои Авасто дар ҳазораҳои дуюм ва аввали пеш аз мелод тартиб дода шуда, дар ҳазораи аввали пеш аз мелод сабт гардидааст. Ин китоби муқаддас аз панҷ қисмат иборат аст: Ясна, Яштҳо. Виспарад, Вандидод ва Авастои хурд.

Аз забони форсии қадим осори хаттии мехии подшоҳони ҳахоманишӣ (асрҳои VI-IV то м.) боқӣ мондааст. Осори забони модӣ-забони қабилаҳои модии асрҳои VIII-VI то м. дар калимаҳои ҷудогона, номи қабилаҳо ва одамон дар таркиби навиштаҷоти ошурӣ, сангнавиштаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ ва сарчашмаҳои юнонӣ мерос мондааст.

Забонҳои эронии миёна ба гурӯҳи забонҳои шарқӣ: сакоӣ- хутанӣ (аз рӯйи матнҳои бозёфтшуда дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ), суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ ва гурӯҳи забонҳои ғарбӣ — форсии миёна (паҳлавӣ) ва портӣ тақсим мешаванд.

Забонҳои эронии нав ҳам дар навбати худ ба гурӯҳи забонҳои шарқӣ — забонҳои помирӣ (шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ, сарикӯлӣ, язгуломӣ, вахонӣ) ва ҳамчунин забони яғнобӣ, ки идомадиҳандагони забонҳои эронии миёнаи Осиёи Марказӣ ҳастанд, осетинӣ (бо лаҳҷаҳои эронӣ ва дигорӣ), забони афғонӣ (пашту), мунҷонӣ (бо лаҳҷаи йидға) ва гурӯҳи забонҳои ғарбӣ — забони форсии нав(форсии классикӣ, форсии муосир, тоҷикӣ, дарӣ), курдӣ, балуҷӣ, тотӣ, толишӣ, ормурӣ, парочӣ ва баъзе лаҳҷаҳои Эрони Марказӣ тақсим мешаванд.[30] Мо дар бораи забонҳои дигари оилаи ҳиндуаврупоӣ таваққуф накарда, танҳо ёдовар мешавем, ки забонҳои арманӣ, юнонӣ, албанӣ, келтӣ, балтӣ, славянӣ, аз ҷумла русӣ, украинӣ, булғорӣ, сербӣ ва ғайра ба забонҳои ҳинду эронӣ хешовандӣ дошта, аз як реша сабз гардидаанд.

Ҳиндуориёиҳо

Мутобиқи маводи маъхазҳои гуногун ва натиҷаи тадқиқоти давомдори олимону донишмандон ориёиҳо (ки дар баъзе аз таҳқиқоти нимаи дувуми асри ХХ ҳиндуэрониҳо номида шудаанд) дар хонаводаи бузурги ҳиндуаврупоӣ мақоми мумтоз доштанд.

Агар таҳқиқоти гуногуни мансуб ба марҳилаҳои мухталифи таърихиро мавриди баррасӣ қарор диҳем, ба ин нуқта мутаваҷҷеҳ мешавем, ки одамон дар замони гузашта мансубият ба қавми ориёиро ифтихор медонистаанд. Зоҳиран, барои ин асос ҳам доштаанд. Мо дар ин ҷо дар бораи шакли ҷолиби зоҳирии ориёиҳо, ки дар бораашон навиштаҳои зиёде мавҷуд аст, таваққуф намекунем.

Муҳаққиқи асри XIX-и рус В. В. Григорев дар бораи сакоиҳо (скифҳо), ки фақат тоифае аз ориёиҳо буданд, китобе навиштааст. Вай осору навиштаҷоти муаррихон ва файласуфони даврони бостонро мавриди омӯзиши амиқу ҳамаҷониба қарор дода, мулоҳизаҳои гуногунро чунин ҷамъбаст мекунад; «Ҳамин тавр, муаррихони классикии даврони бостон дар бораи сакоиҳо фақат чунин иттилоъ медиҳанд, ки онҳо дорои хислатҳои нодири пок ва дурахшони рӯҳӣ мебошанд. Дар бораи ин халқ, дар ҳеҷ кадоме аз осори ин муаррихон, чизе пайдо намекунем, ки боиси маломат ё сарзаниши онҳо бошад. Охир, инро ҳеҷ гоҳ тасодуф шуморидан мумкин нест. Ба илова, ки қадимиҳо дар бораи табиату тинати скифҳо низ бо эҳтироми зиёд сухан гуфта, фақат тамоили онҳоро нисбат ба нӯшокӣ зикр кардаанд. Пас маълум мешавад, ки сакоиҳо аз рӯйи хислатҳои зебои ахлоқии худ ангуштшумори рӯзгор буданд».[31] Аз ин ҷиҳат, мубоҳиса дар атрофии мансубият ба ин қавм низ таърихи тӯлонӣ дорад.

Қабл аз баррасии масъалаи асолату сирати таърихии ориёиҳо як нуктаи муҳимро бояд зикр кард, ки имрӯз, аз як сӯ, ақидаи ҳамгун ва ҳатто як донистани хонаводаи ҳиндуаврупоӣ ва қавми ориёӣ дар миёни як силсила пажӯҳишгарон ҳанӯз зинда аст,[32] аз ҷониби дигар, гурӯҳи хос ва собит будани ориёиҳо бо таъкиди пайвандҳои зиёд бо гурӯҳҳои дигари хонаводаи ҳиндуаврупоӣ – славянҳо, германҳо, романҳо ва ғайра ҳарчи бештар асоснок мешавад.

Имрӯз аксари мутахассисон чунин мешуморанд, ки фақат он халқ худро ориёӣ гуфта метавонад, ки агар дар осори хаттии бостон ниёкони дури ӯ худро бо ин ном хитоб карда бошад ва бо ин ном шинохта шуда бошад. Антуан Мейе дар бораи мардуми ориёӣ ақидаи худро чунин изҳор мекунад: «Халқҳое, ки бо ин забонҳо гап мезаданд, ҳамаашон худро бо номи калимаи аря (аrуа) хитоб мекарданд ва номи имрӯзаи Эрон ин номи куҳанбунёдро то ҳоло ҳифз кардааст… Исми этникие, ки бо ин ном мувофиқат кунад, дар ягон лаҳҷаи хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мавҷуд нест. Аз ин ҷиҳат, фақат лаҳҷаҳои забонҳои ҳиндуэронӣ ориёӣ номгузорӣ шуда метавонанд».[33] Дар ин бора олимони ҳиндӣ, эронӣ низ аксаран чунин андешаҳо доранд. Вале ба назари мо, ақидаи мазкур дар осори олимони рус ҷолибтар ва ба воқеияти таърихӣ мувофиқтар мебошад. Донишманди рус Ставиский Б.Я. чунин ҳисоб мекунад, ки забонҳои эронӣ беш аз ҳама бо забонҳои шимоли Ҳиндустон наздикӣ ва қаробат дошта, ҳарду аз замонҳои қадим шохаи шарқии забонҳои ҳиндуаврупоӣ буданд. Онҳо бо номи ҳиндуэронӣ ва ё орёӣ номида шуда, ҳомилони онҳо низ аз замонҳои қадим дар мероси хаттиашон, ки Ведаҳо ва Авасто мебошад ва онҳо марбут ба ҳазораи дуюм ва аввали пеш аз мелод аст, худро ориёӣ медонистанд.[34]

Ин дидгоҳ дар осори бунёдии муҳаққиқи маъруфи таърих ва тамаддуни бостонии ориёиҳо Э. А. Грантовский ҳамаҷониба асоснок шудааст. Ӯ дар бахши бостонии китоби дастҷамъии «Таърихи Эрон» чунин менависад; «Як силсила қабилаҳои ориёизабон (модҳо, форсҳо, скифҳо, сарматҳо ва халқҳои дигари бостонии Осиёи Миёна) худро ориёӣ меномиданд. Ҳамчунин қабилаҳое, ки дар нимаи дуюми ҳазораи дуюми пеш аз мелод дар Ҳинд маскан гузиданд ва дар илм бо номи ҳиндуориёӣ маъруфанд, ориёӣ номида мешуданд. Забонҳои эронӣ ва ҳиндуориёӣ бо ҳам бисёр наздик буда, гӯяндагони онҳо, тавре ки мероси бостонии ҳиндуҳо – Ригведа ва тоҷикону эрониён – Авасто нишон медиҳад, дар хоҷагӣ, зиндагӣ, низоми иҷтимоӣ, фарҳанг, дин чизҳои муштараки зиёде доштанд. Забонҳои ориёӣ шохаи шарқии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил медиҳад». Муаллиф дар қавсайн шарҳ медиҳад, ки ғайр аз ҳиндуэрониҳо ориёӣ номидани ҳомилони забонҳои дигари хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ заминаи илмӣ надорад.[35]

Яке аз асарҳои пурарзише, ки таърихи гузаштаи ориёиҳо, тамаддуну фарҳанги муштараки онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, нуктаҳои муҳимтарини афкору ақида ва устураи ба хусус ҳиндуҳо ва тоҷикону эрониёнро таҷзияю таҳлили ҳамаҷониба мекунад, «Аз Скифия то Ҳинд» ном дорад. Муаллифони он, ду шарқшиносони номдори советӣ – Бонгард-Левин Г.М. ва Грантовский Э.А. дар натиҷаи муқоисаи мифологияи се гурӯҳи этникии ориёиён — ҳиндуҳо, эрониҳо ва скифҳо (сакоиҳо) ба чунин хулоса омадаанд, ки онҳо решаи ягона дошта, дорои тамаддуни наздик ва мушобеҳ мебошанд. Дар бораи мавзӯе, ки дар боло мавриди муҳокима қарор додаем, онҳо чунин менависанд. «Ҳам қабилаҳои ҳиндӣ ва ҳам эронӣ худро ориёӣ номида, сарзамини худро сарзамини Ориё мегуфтанд. Истифодаи ин истилоҳ барои халқҳои дигари ҳиндуаврупоӣ (пеш аз ҳама ба германиҳо) заминаи илмӣ надорад. Калимаи аря (arya) ҳамчун номи халқ фақат дар забонҳои ҳиндуэронӣ мавҷуд аст. Офарандагони Ведаҳо, достонҳои паҳлавонӣ, мураттабкунандагони Авесто, муаллифони сангнавиштаҳои Порси бостон худро бо чунин ном хитоб мекарданд».[36]

Ин ақида қаблан аз ҷониби донишманди дигари рус Дяконов И.М. чунин тафсир шудааст: «Мансубияти аря (аrуа) дар илм ҳамчун номи табиӣ барои ҳиндувон, форсҳо, модҳо, скифҳо (сакоиҳо), аланҳо ва ҳамчунин халқҳое, ки дар Осиёи Миёна зиндагӣ карда, бо он забон такаллум мекунанд, исбот шудааст».[37]

Аз ин ду муносибат ба масъалаи мансубият ба қавми ориёӣ бархӯрди дуюм ба воқеият наздик буда, раванди объективии инкишофи ҷомеаи ориёиро нишон медиҳад ва фақат халқҳоеро узви он қавм мешуморад, ки далели раднопазири осори хаттии бостонӣ дошта бошанд. Вале дар ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки қабилаю қавмҳои ориёӣ, ки то садаи панҷуми мелодӣ дар минтақаи васеи Осиё то Аврупои ғарбӣ интишор пайдо карда, зиндагии фаъоли иҷтимоию сиёсӣ доштанд[38] на танҳо дар зуҳур ва ташаккули фарҳанги халқҳои тозабунёди ин минтақаи васеъ, балки дар падидор шудан ва ташаккули гурӯҳҳои этникии он низ саҳми боризе доштаанд.

Масъалаи муҳими дигаре, ки қобили зикр ва ёдоварист, мақом ва мавқеи тамаддуни ориёӣ, ба хусус забонҳои гурӯҳи ҳиндуэронӣ дар хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоист. Бо вуҷуди он ки имрӯз теъдоди зиёди лавҳа, ҳуҷҷат ва осори мухталифи дигари катбии бостонии макинеӣ, хетӣ, анатолӣ ва ғайра дар дасти муҳаққиқон қарор гирифтааст, забоншиносон осори хаттии ориёиён, ба хусус Ригведа ва Авасторо васеъ истифода мекунанд. Ба ибораи дигар, мартабаи забонҳои бостонии ориёӣ то ҳоло ҳам дар забоншиносии муқоисавӣ ҳамчун сарчашмаи боэътимод муътабар мебошад.

Антуан Мейе дар бораи осори хаттии забонҳои ҳиндуэронӣ чунин менависад: «Аз тамоми лаҳҷаҳои ҳиндуаврупоӣ осори ҳиндуэронӣ, дар матнҳои куҳани худ, дар эҳёи манзараи умумии морфологияи ҳиндуаврупоӣ инҳирофи камтаринро нишон медиҳад; фақат ба василаи он дар даврони таърихӣ тасрифи ҳашт падежро аз ҳам ҷудо кардан мумкин аст ва ғайра. Ана ба ҳамин сабаб грамматикаи муқоисавии забонҳои ҳиндуаврупоӣ фақат замоне падидор шуд, ки забонҳои ҳиндуэронӣ бо забонҳои юнонӣ, лотинӣ ва германӣ муқоиса гардиданд. Бидуни омӯзиши матнҳои куҳани ҳиндуэронӣ дар ин риштаи илм пеш гирифтани тадқиқоти ҷудогона ва мустақил ва ҳатто ба даст овардани маълумоте дар бораи ин ё он ашё, ки бештар аз тасаввуроти умумӣ бошад, имконнопазир аст»[39].

Имрӯз низ таваҷҷуҳ нисбат ба забоншиносии муқоисавӣ кам нагардида, таҳқиқотҳо дар марказҳои забоншиносии Аврупо бо суръати беш аз пеш идома доранд ва ҳар соле дар ин мавзӯъ шумораи зиёди мақолаҳо ва осори тадқиқотӣ мунташир мешаванд. Ба ақидаи ман, дар ин самт олимони тоҷик бояд пешсаф бошанд. лекин, мутаассифона, мутахассисони таърихи забон ва забоншиносии муқоисавӣ дар Тоҷикистон хеле каманд. Ин камбудӣ бояд ба таври ҷиддӣ ислоҳ шавад ва мутахассисони донишманд ба сатҳи имрӯзии илмӣ дар муассисаҳои таҳқиқотӣ ва марказҳои илмӣ мебоист ба воя расонда шаванд.

Тафовути муҳими осори хаттии забонҳои ҳиндуэронӣ дар муқоиса бо осори бостонии боқимондаи хаттии дигари хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ на танҳо иборат аз он аст, ки онҳо аз ҷиҳати замонӣ ба даврони қадим мутааллиқ мебошанд, балки онҳо инъикоскунандаи эътиқод ва бовариҳои ориёиҳои бостон буда, ҷанбаи мазҳабӣ доранд ва воқеияти реалии инкишофи ҷомеаро дар даврони мушаххас нишон медиҳанд. Азбаски ба ғайр аз китобҳои Веда ва Авастои ҳиндуэрониҳо осори мӯътамаду боварибахши бостонии ҳиндуаврупоӣ камтар мебошад, ин осор дар пешрафти кори забоншиносии муқоисавӣ мақоми муҳим дорад. Исботи амиқ ва ҷомеи онро дар мисоли асари охирини мутахассиси номдори ин ришта Эмил Бенвенист «Фарҳанги истилоҳоти иҷтимоии ҳиндуаврупоиҳо» ба хубӣ мушоҳида мекунем. Ӯ дар ин асари худ асосан истилоҳоту калимаҳои забони бостони юнониро мавриди тадқиқ қарор дода,[40] истилоҳоти онро бо забонҳои куҳани он давра муқоиса кардааст ва аз онҳо хулосаҳое баровардааст, ки бисёр саҳифаҳои таърихи дур ва норавшани Юнонро равшан мекунад. Вай дар ҷараёни кори худ қариб 470 калима ва истилоҳоти мухталифи забонҳои макинеӣ, византиягӣ ва юнонии ҷадидро мавриди таҷзияю таҳлил қарор дода, барои муқоиса қариб ба ҳамон андоза аз калимаю истилоҳоти забонҳои ориёӣ истифода намудааст.[41] Дар ин тадқиқоти ӯ мақоми мавзӯи ҳокимияти шоҳӣ ва салоҳиятҳои он дар Эроншаҳри бостон манзалату мавқеияти махсусе дорад.

Донишмандони шӯравӣ Гамкрелидзе Т.В. ва Иванов М.М. равияи пажӯҳиши Эмил Бенвенистро пеш гирифта, бо усули муқоисаи забонҳо ба бисёр масъалаҳои таърихи куҳан, ба хусус иттиҳодияҳои иҷтимоӣ, зинаҳои табақаҳои ҷамъиятии ориёиҳои бостон равшании муайяне андохтаанд.[42]

Тавре ки дар боло зикр гардид, масъалаи ватани ибтидоии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва модарзабони ягонаи ҳиндуаврупоӣ то имрӯз ҳал нагардида, дар атрофи он мубоҳисаҳо идома дорад.

Агар мо ба ҳар андоза, ки ба даврони бостон наздик шавем ва фарҳангу тамаддуни халқҳои мутазаккираро муқоиса намоем, қаробату умумияти онҳо бештар гардида, шабоҳати бисёр наздики онҳоро мушоҳида менамоем. Ин шабоҳату наздикӣ дар забонҳои ведоӣ ва авестоӣ ба ҳаддест, ки ба ифодаи ведошиноси номдори рус Елизаренкова Т. «ин ҳамгунӣ чандон бузург аст, ки баъзан ду матн мисли ду намунаи як матни бостонӣ, ки фақат аз рӯи дастурҳои гуногуни ҳамоҳанги садоӣ сохта шудаанд, тафовут дорад».[43] Аз ин рӯ, баъзе донишмандон ба мисли Х. Бартоломе, А. Ҷексон кӯшиш кардаанд, ки матнҳои алоҳидаи авастоиро ба забони ведоӣ баргардонанд. Дар натиҷа шеърҳое ба вуҷуд омаданд, ки аз шеърҳои аслии ведоӣ тақрибан тафовуте надошт. Ҷолиб аст, ки забони Ригведа аз рӯйи аломатҳои худ нисбат ба осори дигари ведоӣ ва назми классикии санскрит ба забони Авесто наздиктар аст. Тавре ки мутахассисон зикр кардаанд, ин ду осори хаттии қадимтарини хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоиро на танҳо забон, хислати умумии ҳунари шеър, балки муҳити воҳиди баён ва заминаи эҷод низ бо ҳам муттаҳид мекунад.[44]

Аз ин суханон чунин хулоса кардан мумкин аст, ки замоне ҳиндуориёиҳо ҳам мисли пешгузаштагони ҳиндуаврупоиҳо, дар сарзамини воҳиду муштараке зиндагӣ карда, бо ҳам муҷовирату наздикие доштаанд ва бо лаҳҷаҳои мухталифи як забони воҳиду муштарак такаллум намуда, бунёди тамаддуни нотакрори ориёиро поягузорӣ кардаанд.

Тавре ки дар боло зикр гардид, донишмандон Гамкрелидзе Т.В. ва Иванов В.В., ватани ибтидоии ҳиндуаврупоиёнро Осиёи Хурд, Шарқи Наздик то ба ҷануби Кафказ шумурда, аз ин хонаводаи умумӣ ҷудо гардидани умумияти лаҳҷавии юнонӣ-арманӣ-ориёиро ба ҳазораи 5-4 пеш аз мелод нисбат медиҳанд.[45] Ҳар се забон дар ҳамин давра аз ҳам ҷудо шуда, ҳар яке ба самти ватани таърихии худ раҳсипор гардид. Донишмандони мазкур чунин мешуморанд, ки қабилаҳои ҳиндуэронӣ дар нимаи дуюми ҳазораи пеш аз мелод ба шимоли теппакӯҳҳои Эрони муосир ворид гардида,[46] ин ҷоро ҳамчун ватани ибтидоии худ интихоб намуданд.[47] Ба фикри онҳо забони умумии ҳиндуэронӣ дар ин ҷо ташаккул пайдо карда, маҳз аз ҳамин маҳал ҳиндуҳо баъдан ба нимҷазираи Ҳиндустон ва эрониён ба сарзамини имрӯзаи худ — Эрон раҳсипор гардиданд. Ба ақидаи донишманди ҳиндӣ Кумар Г.Д. хостгоҳи ибтидоии ориёиҳо дар ҳудуди Украина, дар ҳавзаҳои дарёҳои Днепр ва Дон сурат гирифтааст.[48] Донишманди франсавӣ Мариан Моле чунин минтақаро бахшҳои болоии дарёи Ому ва сарзамини Хоразм медонад. Вай боварӣ дорад, ки дар давраи пеш аз Куруш Хоразм низоми мустаҳками давлатдорӣ дошта, дорои тамаддуни пешрафта будааст.[49]

Аксари мактабҳои илмии ҳиндуэроншиносӣ ва ба хусус донишмандони рус аз қадим Осиёи Марказиро ватани ибтидоии қабилаҳои ориёӣ медонанд.

Забоншиноси номдори рус Оранский И.М. мисли аксари муҳаққиқони имрӯз чунин андеша дорад, ки на Ҳинд ва на Эрони муосир ҳеҷ гоҳ ватани ибтидоии ориёиҳо набудааст. Вай фикри худро чунин идома медиҳад; «Илм ватани қадимтарини қабилаҳоеро, ки бо лаҳҷаҳои ориёӣ гап мезаданд, Осиёи Миёна ва навоҳии гирду атрофи он медонад. Ҳамин масъалагузорӣ нуфузи қабилаҳои ориёизабонро ба водии дарёи Ҳинд ва андаке баъд интишори гурӯҳи дигари ин қабилаҳоро дар пуштакӯҳҳои Эрон беҳтар аз ҳама шарҳ медиҳад. Чунин масъалагузориро таҳлили ниёишҳои ведоӣ ва авастоӣ, ки инъикоскунандаи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии қабилаҳои кӯчии чорводор, ки бо галаҳои худ аз даштҳои фарохи Осиёи Миёна гузар мекарданд ва фикру андешаҳои умумӣ дар бораи роҳҳои интишори қабилаҳои бостонӣ, ки бо лаҳҷаҳои ҳиндуаврупоӣ такаллум мекарданд, ба исбот мерасонад. Ин масъалагузориро мушаххасан он ҳудуди ҷуғрофӣ, ки офарандагони Авесто ба вуҷуд оварда ва он бо топография ва топонимикаи Осиёи Миёна комилан мувофиқ аст, тасдиқ мекунад».[50]

Вай чунин ҳисоб мекунад, ки тартибу тадвини Ригведа — китоби аввали Ведаҳо дар Осиёи Миёна оғоз гардидааст. Ба фикри донишманди рус, ҷудо гардидани қабилаҳои офарандаи Ведаҳо аз ватани аввалаи худ ва гурӯҳҳои дигари қабилаҳои ҳиндуэронӣ дар аввали ҳазораи дуюми пеш аз мелод ва қабилаҳои эронӣ дар аввали ҳазораи якуми пеш аз мелод сурат гирифтааст.[51] Чун ин тамаддун дар шимол, аз дарёи Урал, Сибири Ғарбӣ ва дарёи Енисей сар карда, то сарзамини Қазоқистон, доманаҳои кӯҳҳои Тяньшань, Помир ва водиҳои зебои Осиёи Миёнаро дар ҷануб дар бар мегирифт, муҳаққиқони рус Б. Я. Ставиский ва С. А. Яценко, сарзамини ибтидоии ҳиндуорёиҳо, яъне шохаи шарқии забонҳои ҳиндуаврупоиро дар даштҳои ҷануби Русия ва Қазоқистон ҷой медиҳанд.[52] Чунин мутахассисони ведошинос, мисли Гиршман Р. ва Томас Х. низ маҳалли ибтидоии сукунати ориёиҳоро минтақаҳои мутазаккира дониста, чунин ақида доранд, ки шохаҳои ҳиндӣ ва эронӣ аз ҷониби шимол ба сӯйи ҷануб ҳаракат карда, вориди сарзаминҳои имрӯзаи худ шудаанд.[53] И. М. Дяконов низ ба баромади осиёимиёнагии қабилаҳои ориёӣ шакку шубҳае надошта, чунин мешуморад, ки онҳо баъдан аз ин минтақа ба ҷонибҳои гуногуни Осиё тақсим шудаанд.[54]

Дар бораи маҳалли аввалини иқомати шохаи шарқии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ки аз рӯйи талаффузи рақами сад[55] дар Авесто, гурӯҳи забонҳои satəm гуфта мешавад, мубоҳисаҳо идома доранд. Вале бозёфтҳои бостоншиносӣ дар нимаи асри гузашта дар Олтой, Қазоқистон, Қирғизистон ва қаламрави Тоҷикистон ва гирду атрофи он ва ба хусус кашфиётҳои онҳо дар вилояти Челябинскии Русия нишон доданд, ки маҳз ҳамин минтақа баромадгоҳи мардуми ориёӣ буда, ҳамчун мардуми мутамаддини таърих дар ин ҷо тамаддуни ориёӣ зуҳур намуд ва ташаккул кард.

Имрӯз дар Тоҷикистон алифбои кириллӣ ҷорӣ мебошад. Дар кишварҳои ҳамзабони мо, яъне Афғонистону Эрон хати арабиасос, ки хати форсӣ меномем, роиҷ аст. Сарнавишти хат бо сарнавишти халқ сахт алоқаманд аст. Он аз таърихи пурмоҷаро ва нишебу фарозҳои тақдири миллат ҳикоят дорад. Бинобар ин дар бораи роҳи тайкардаи миллати худ фикр карда, беихтиёр ба умқи таърих, осори қадима, ки сарчашмаи забони муосири тоҷикиро равшан мекунад, таваҷҷуҳам бештар мешавад. Зеро осори хаттии гурӯҳи забонҳои ҳиндуэронӣ дар хонаводаи ҳиндуаврупоӣ ҳам аз ҷиҳати қимат ва ҳам аз ҷиҳати ғановат яке аз сарчашмаҳои боварибахшу пурэътимод мебошад.

Яке аз аввалин намунаҳои он ба забони ориёии митонӣ дар матнҳои хетӣ, ки марбут ба забонҳои ҳиндуаврупоии аввали ҳазораи дуюми пеш аз мелод буда, дар Анатолия (сарзамини имрӯзаи Туркия) падид омадааст, дида мешавад. Аз он маълум мегардад, ки мардуми сарзамини Митонӣ, ки дар ҳудуди Шимоли Байнаннаҳрайн қарор дошт, дар асри XVII-XVI пеш аз мелод ба худоёни ориёӣ — Индра, Митра, Воруна эътиқод дошта, дар парвариши асп маҳорати фавқулоддае доштаанд.[56] Дар миёни матнҳои бойгонии подшоҳони хеттӣ панҷ лавҳаи бошандаи Митонӣ ба номи Киккулӣ ёфт шудааст, ки ба тарзу усули тарбияи асп ва истифодаи он дар дучархаҳои ҷангӣ ихтисос ёфтааст.[57]

Осори қадимтарини хаттии ин гурӯҳи забонҳо, ки забони куҳани ҳиндии бостон мебошад, Ригведа аст, ки бо хати ҳиҷогии ҳиндӣ дар ҳазораи аввали пеш аз мелод сабт гардидааст. Вале замони пайдоиши он ба маротиб пештар буда, ба ҳазораи дуюми пеш аз мелод нисбат медиҳанд. Таронаҳои қадимтарини ин китоби бостонӣ пеш аз омадани орёиҳо ба Ҳиндустон, дар маҳалли сукунати пештараи онҳо тадвин шудааст.[58] Гап дар сари он аст, ки бахшҳои қадимтарини он ба лаҳҷаи тозаю шаффоф мураттаб гардидааст. Ба фикри А. Мейе, тамоми лаҳҷаҳои ҳиндуориёӣ, ки дар Ҳинди муосир инкишоф ёфта, бо онҳо аз кӯҳҳои Ҳимолой то ба Сейлон (Шри Ланкаи имрӯзӣ) гап мезананд, зоҳиран дар асоси паҳн гардидани лаҳҷаҳои қадими ориёӣ ва пеш аз ҳама интишори забони Ригведа падид омаданд.[59] Бахши дигари Ведоҳо — Атхарваведа низ мисли Ригведа ба забони қадимаи ведоӣ иншо гардидааст. Шакли нисбатан нави забони адабии Ҳинди қадим санскрит (маънояш ба таври сунъӣ сохташуда) буда, ба он матнҳои фаровони баъд аз ведоӣ, аз ҷумла матнҳои браҳманӣ ва Упанишадҳо, ки дорои мӯҳтавои динӣ-фалсафӣ мебошанд, дохил мешаванд.[60] Санскрит ҳамчун забони адабӣ баробар бо забонҳои миёнаи (пракрити) ҳиндӣ боқӣ монда, баъдан дар асоси он забонҳои ҳиндуориёии муосир – ҳиндӣ, банголӣ, панҷобӣ, синдхи ва ғайра падид омадаанд.

Гурӯҳи забонҳои нуристонӣ, ки дар Нуристон (номи пештараи он Кофиристон) — минтақаи кӯҳии Шарқи Афғонистон қарор дорад, гурӯҳи махсуси забонҳои ҳиндуэрониро ташкил медиҳанд. Ба он забонҳои катӣ, ашкун, вайгалӣ, прасун, ки дорои хат намебошанд, дохил мешаванд. Дар паҳлуи ин забонҳо дастаи забонҳои дардӣ қарор дорад, ки зергурӯҳи махсусеро ташкил дода, ба он забонҳои дамелӣ, пашаӣ, гаварбатӣ, шумаштӣ ва ба шохаи шарқии он забонҳои пхалура, кашмирӣ, шина, гарвӣ ва ғайра шомил мебошанд.[61]

Гурӯҳи дигари забонҳои ҳиндуэронӣ забонҳои эронӣ мебошанд, ки осори боқимондаи даврони қадими онҳо китоби муқаддаси Авесто ва сангнавиштаҳои подшоҳони сулолаи ҳахоманишӣ аст. Китоби Авесто тақрибан дар ҳазораҳои дуюм ва аввали пеш аз мелод тадвин гардида, фақат дар аввали асрҳои мелодӣ сабт карда шудааст. Ин китоб ба забони авастоӣ буда, забони сангнавиштаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ форсии бостон аст. Забони модӣ (асрҳои VIII- VI то м.) аз рӯйи калима ва ҷумлаҳои алоҳидае, ки дар сарчашмаҳои ошурӣ, юнонӣ ва сангнавиштаҳои ҳахоманишӣ дида мешаванд, барқарор мегардад.

Забонҳои форсии миёна ба гурӯҳи шарқӣ, ки ба он забони сакоӣ -хутанӣ (матнҳои дарёфтшудаи марбут ба ҳазораи аввали мелодӣ), суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ тақсим шуда, ба гурӯҳи ғарбии он забони форсии миёна (ё паҳлавӣ) ва портӣ шомил мегарданд.

Забонҳои нави эронӣ ҳам ба гурӯҳи шарқӣ ва ғарбӣ тақсим шуда, ба гурӯҳи шарқии он осетинӣ, яғнобӣ, афғонӣ, (пашту), мунҷонӣ, забонҳои помирӣ – гурӯҳи шуғнонӣ-рӯшонӣ (шуғнонӣ, баҷувӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, рошорвӣ), язгуломӣ, ишкошимӣ, вахонӣ шомил гардида, ба гурӯҳи ғарбии он форси классикӣ, форсии нав, дарӣ, тоҷикӣ, курдӣ, балуҷӣ, тотӣ, толишӣ, ормурӣ, парочӣ ва баъзе лаҳҷаҳои марказии Эрони муосир дохил мешаванд.[62]

Имрӯз ба туфайли истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ равнақи тоза меёбад, робитаҳои мо бо ҳамзабонони худ васеътар ва амиқтар мешавад. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати бойигарии забонӣ низ мисли як осорхонаи таърихи зинда аст. Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва яғнобӣ дар болооби дарёи Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Ин забонҳо як лабораторияи бебаҳои таҳқиқи таърихи забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳарчи беҳтар аз лиҳози илмӣ, хосатан этнолингвистӣ, омӯхтан зарур аст.

Забонҳои яғнобӣ, шуғнӣ, вахонӣ, бартангӣ, сарикӯлӣ ва ғайра ба сабаби дар минтақаҳои баландкӯҳ ва душворгузар воқеъ буданашон боқӣ монда, ба забони тоҷикӣ ҳанӯз ассимилятсия нагаштаанд. Набудани роҳҳои васеъ, тиҷорати ҳамешагӣ ва убуру мурури хоси ин водиҳо аксари мардумро дар маҳдудияти забони қадимаи маҳалли худ нигоҳ доштааст. Ҳоло дар Тоҷикистон ба сохтани роҳҳои нав оғоз кардем. Шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қароқурум, ҳамвор кардани роҳи ағба дар Девдара иртиботи Бадахшонро бо маркази ҷумҳурӣ тамоми сол таъмин мекунад. Ба назарам, дар натиҷаи таҳаввулоти давраи нави таърихи миллатамон шояд забонҳои помирӣ бар асари марҳалаи сифатан нави равобит ва таъсири мутақобил тағйиру таҳаввули ҷиддии ногузир хоҳанд дид, вале мо бояд кӯшиш кунем, ки ин забонҳо ҳамчун сарвати маънавии халқамон ҳифз шаванд.

Чуноне ки зикр шуд, як гурӯҳи бузурги забонҳои ҳиндуаврупоӣ, гурӯҳи шарқӣ ё satəm номида шуда, бо номи ҳиндуэронӣ маъруф мебошанд ва ба он ҳиндуҳо, эрониҳо, тоҷикон ва як силсила халқҳои дигаре, ки бо ин гурӯҳи забонҳо такаллум мекунанд, ворид мешаванд. Халқҳои мазкур худро на танҳо аз аввал ориёӣ меноманд, балки мансубияти этникии онон дар осори хаттии бостонии онҳо низ инъикос пайдо кардааст. Дар осори қадимии ҳиндуҳо – Ведаҳо, ба хусус Ригведа (Донишҳои муқаддас) калимаи ориёӣ дар шакли аря (аrуа), дар Авастои тоҷикон ва эрониён дар шакли аиря (аirуа) ва дар сангнавиштаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ дар шакли ария (аriуа) омадааст.[63] Ҳар се шакли ном ҳамчун сифат ва исм омада, мафҳуми мансубият ба қавми аряро доро мебошад.[64] Вале чун халқҳои мутазаккира замоне дар як ҷой, дар сарзамини воҳид зиндагӣ карда, забони муштарак доштанд, ин калима аз решаи ягонаи аря (аrуа) сарчашма мегирад.

Ба ифодаи Эмил Бенвенист – мутахассиси маъруфи забоншиносии муқоисавӣ, маънии он чандон зидду нақиз аст, ки фақат бо муқобилгузорӣ тарҷума кардан мумкин аст. Ин калима нисбат ба гурӯҳи мушаххаси одамон ё фарди ҷудогонае истифода бурда мешавад, ки гоҳ мафҳуми мушаххаси мусбат ва гоҳ ҳамчун душман муаррифӣ мегардад.[65]

Вай маънии калимаи аря (баромада аз решаи ari)-ро чунин тарҷума кардааст: касе, ки ба меҳмон вобаста аст, яъне ҳимоягари мусофир, яъне соҳиби хона. Шакли дуюми калимаи аря (бо зада ба ҳарфи аввали калима), ки аз калимаи аря (arya) бароварда мешавад, «мансуб ба меҳмон», яъне меҳмондӯст маънӣ медиҳад. Дар идома Эмил Бенвенист менависад. «Ориёиҳо барои он ки инсондӯстии хешро дар баробари барбарияти халқҳои дигар нишон диҳанд, худро меҳмондӯст номидаанд».[66] Донишманди фаронсавӣ дар охир фикри худро ҷамъбаст карда, ба чунин натиҷа мерасад. «Ари (ari) ё аря (arya) бешакку шубҳа табақаи мумтози ҷомеаро муаррифӣ мекунад, ки зоҳиран ба тақсимоти дугонаи ҷомеаи экзогамӣ, ки ҳарду ҷониб бо ҳам наздик ва ё дар ҳолати тазод мебошанд, вобастагӣ дорад. Истилоҳи тавлидии аря (arya), ки дар аввал мафҳуми фарзандони ari (ё arya) ё мансубияти этникии онҳоро ифода мекард, оҳиста-оҳиста исми умумии тамоми гурӯҳи қабилаҳо гардид, ки мавҷудияти аҷдоди умумиро пазируфта, маросимҳои умумии мазҳабӣ анҷом медоданд».[67] Аксаран ин ном дар баробари ғуломон нисбати шахсони озод гуфта мешуд. Донишмандони шӯравӣ Гамкрелидзе Т.В ва Иванов В.В. калимаи ara-и хетӣ, ки маънои дӯст, рафиқро доро мебошад, ari-и забони ҳиндии бостон, ки мафҳуми дӯст, бегона, аҷнабӣ ва аз сангнавиштаҳои Дорои аввал калимаи arianam, ки маънии сарзамини ориёиҳоро дорост ва Эрони кунунӣ ва Аланияи осетинӣ аз ҳамон реша аст, мисол оварда, баромади луғати ari-ро ба решаи ar-и ҳиндуаврупоӣ нисбат додаанд ва дорои маънии «ҷаноб, хӯҷаин, меҳмон ва аҷнабӣ» донистаанд.[68]

П. Тиме, ки дар соли 1938 бо номи «Бегона дар Ригведа» асаре эҷод кардааст, исми решагии ари (ari)-ро дорои чунин маъниҳо медонад;

Амалкунанда, кӯшишкунанда;
Кӯшишкунанда (дар муносибат бо худоён), зоҳиди тақводор (дар хусуси одамон);
Кӯшишкунанда (бо хондани тарона, ниёиш ва дуо барои худоён);
Ҳарис, ҳариси сарват, ҳариси ҷанг;
Худоношинос, даҳрӣ;
Душман[69];

Аз ҷониби дигар, ба ақидаи ин донишманд, исми решагии ари (ari)-и Ригведа маънии мустақили «бегона»-ро дорад. Ин фикри худро инкишоф дода, маънии «бегона»-ро васеътар шарҳ медиҳад.

  1. Бегона ҳамчун дӯст; ҳамчун меҳмон ва касе, ки аз пуштибонӣ бархурдор аст; ҳамчун дарёфткунандаи ҳадя ва хизмат; ҳамчун дарёфткунанда ва бахшандаи дуои нек ва мадҳу ситойиш.
  2. Бегона ҳамчун душман; ҳамчун таҳдидкунанда; ҳамчун рақиб дар дуои худоён; ҳамчун неруманду тавоно; ҳамчун соҳиби неъматҳои фаровон; ҳамчун рақиб ё душман дар маънии асл.

Дар Ригведа аря бо шудра – табақаи пасттарин ва охирини иҷтимоии ҳиндувон муқобилгузорӣ мешавад. Гӯё ин калима ифодагари се табақаи болоии ҷамъияти ориёиҳо (браҳманҳо, кшатрияҳо, вайшяҳо) аст ва маънии «соҳиб», «хӯҷаин»-ро доро мебошад. Муҳаққиқи мазкур менависад; «Барои чӣ ориёиён худро чунин номидаанд»? Ва ба саволи худ чунин ҷавоб медиҳад; «То ки аз барбарҳо тафовут дошта бошанд. Касоне худро бо номи «соҳиб» ё «хӯҷаин» хитоб мекарданд, ки дар миёни одамони аз ҷиҳати забон ва дин бегона покию наҷобати фикрии худро ҳамчун нишонаи фарқкунандаи инсонӣ дар муқобили дуруштии барбаронаи ҳамсоя бо ифтихор намойиш диҳанд».[70]

Муҳаққиқи дигари ин масъала Жорж Дюмезил мӯътақид аст, ки дар Ригведа аря (arya) ҳамчун тахаллуси Худо омада, аз ҷумла, чун сохтаи нахустин аз ари (ari) маънии «вобаста ба ориёиҳо», «ҷаҳони ориёӣ» ва «пуштибони ҷаҳони ориёиҳо»-ро доро мебошад. Ба андешаи ин донишманди номдор, аря (arya) бо зада дар охири калима «ҷаҳони (маҷмӯи умумии) ориёиҳо» ва ё «фарди муқаррарии ориёӣ» маънӣ медиҳад.[71]

Ҷолиб аст, ки дар Ригведа бузургтарин худоёни мифологияи бостонии ҳиндуҳо бо номи аря хитоб карда шудаанд. Масалан, Митра ва Воруна (2;35, 2;41, 7;5, 16;3, 1,7,8) бо истилоҳи ду асура – аря, Агни (1;4) аввал аря ва сипас раҷа-аря, дар параграфи 78 фариштаи сапедадам – Уша-аря, дар параграфи 79 (10;34,13) Савитар-аря зикр шудаанд. Дар Ведаҳо унсури ғайриориёӣ бо истилоҳи «дася» ифода гардидааст.

Тавре ки Ж. Дюмезил зикр кардааст, аиря (airya)-и эронӣ низ аз решаи ари (ari) аст. Дар Авесто дар шакли аиря (airya) омада, чун решаи забони ҳиндии қадим ва авастоӣ якест, мафҳуми онро мисли аряи Ведаҳо маънидод кардаанд.[72] Дар Готҳо, ки ниёиши паёмбари ориёист, чунин калима вуҷуд надорад. Чунин калима ва таркибҳои он бештар дар Яштҳо дида мешавад. Мавриди истеъмоли он дар Авесто нисбат ба Ригведа ба куллӣ фарқ мекунад. Зоҳиран, фосилаи замоние, ки дар миёни тадвини Ригведа ва Авесто мавҷуд аст, дар ин ҷо осори бештаре боқӣ гузоштааст. Агар дар Ригведа истилоҳи аря (arya) хосияти комили асотирӣ дошта, беш аз ҳама ба худоён ва неруҳои фавқуттабиӣ нисбат дода шуда бошад, дар Авесто он бо мафҳуми аслӣ ва табиии худ истифода гардидааст. Бо вуҷуди он ки бахшҳои Авесто дар марҳилаҳои гуногун тадвин ва мураттаб гардидааст, мафҳуми калимаи боло чунин мерасонад, ки ориёиҳо дар давраи тадвини Авесто на танҳо дорои сиёсату давлатдорӣ, балки сарзамину ватани худ буда, ба ному насабашон ифтихор мекардаанд. Онҳо худро мансуб ба айиря дониста, халқҳои ғайрро анайиря (ғайриориёӣ) (Зомёдяшт банди 57) меномиданд. Ба иборати дигар, истилоҳи айиря дар яштҳо бештар мансубияти этникии одамон, номи кишварҳо ва мамлакатҳои ориёиро ифода мекунад. Ин истилоҳ беш аз ҳама дар тасрифоти гуногуни калимаҳои мадании даҳю (мамлакат, сарзамин, минтақа), шаяна (маҳал, ҷой) хшуса (ободӣ, ҷойи зист) истифода гардидааст. Он аз ҷумла дар таркибҳои Айирёдаинҳа – сарзаминҳои ориёӣ (яшти 8 бандҳои 9, 36, 58, 61; яшти 19 бандҳои 9, 36, 57, 58, 61), Айиряна даҳю- мамлакатҳои ориёӣ (яшти 5 бандҳои 58, 117; яшти 13 банди 143; яшти 19 бандҳои 57, 59, 68; Тиряшт бандҳои 41, 43), Айирюшаяна – иқоматгоҳ, маҳалҳои сукунати ориёӣ (яшти 10 банди 13), Айирюхшуса – ободиҳои ориёӣ (Тиряшт банди 37, Вандидод фаргарди 19 банди 39) ва нисбат ба сокинони аслии сарзамин, яъне ориёиҳо (яшти 5 банди 69, яшти 19 банди 37) ба кор бурда шудааст.

Дар Авесто ҳамчунин аз ватани ибтидоӣ ва афсонавии ориёиҳо – Айирянам Ваеҷаҳ – паҳно ё вусъатгоҳи ориёӣ (Вандидод фаргарди 2 банди 21, яшти 18 банди 5, яшти 1 бандҳои 3, 21) ситойиши фаровон ба амал омадааст. Номи имрӯзаи мамлакати Эрон низ аз калимаи аря (arya) падид омада, шакли ҷамъи он арянам (arуanam) мебошад. Бо инкишофу таҳаввули забони форсӣ он аввал шакли Эрон ва сипас Иронро ба худ гирифтааст.[73]

Тавзеҳот

_______________

[1] Хонаводаи ҳиндуаврупоӣ ҳудуди 45 фоизи аҳолии заминро ташкил медиҳад. (Советский энциклопедический словарь. М., 1979. – с. 1586).

[2] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский язык и индоевропейцы. В двух томах. Т.II, Тбилиси, 1984.– с. 891.

[3] Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков. М. – Л., 1938.– с. 50-51.

[4] Се гуфтор дар бораи ориёиён. Теҳрон, 1353. – с. 24.

[5] Фрай Р. Наследие Центральной Азии. Душанбе, 2000. – с.41.

[6] Дар Авесто сарзамини ориёиён Хванираса ном дошта, сарзамини дорандаи дучархаҳои дурахшон маънӣ медиҳад.

[7] Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков. – с. 402.

[8] Ставиский Б. Я., Яценко С. А. Искусство и культура древних иранцев. М., 2002. – с 14.

[9] Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков. – с. 448-450.

[10] Лысенко В. Г. Философия природы в Индии: атомизм, школы вайшешика. М., 1986. – с.10-11.

[11] Ленорманн Ф. Руководство к древней истории Востока до персидских войн. В двух томах. Т. II. Киев, 1876.

[12] Ҳамон ҷо. – с. 125.

[13] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский язык и индоевропейцы. т. II. – с.960; Дьяконов И.М. История Мидии. М. – Л., 1951 – с. 147.

[14] Максутов В. П. История древнего Востока. Санкт-Петербург, 1905. – с. 354.

[15] Дьяконов И. М. История Мидии. – с. 146.

[16] Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков. – с. 88.

[17] Дьяконов И. М. История Мидии. – с. 147.

[18] Се гуфтор дар бораи ориёиён. – Теҳрон, 1353. – с. 11.

[19] Ҳамон ҷо. – с.14.

[20] Ҳамон ҷо. – с. 14.

[21] Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков. – с.9.

[22] Ҳамон ҷо. – с.10.

[23] Се гуфтор дар бораи ориёиён. – с.18.

[24] Ленорманн.Ф. Руководство к древней истории Востока до персидских войн. – с. 127.

[25] Ҳамон ҷо. – с.126.

[26] Се гуфтор дар бораи ориёиён. – с.22.

[27] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский язык и индоевропейцы. т. II. – с. 895.

[28] Дьяконов И. М. Некоторые лингвистические данные к проблеме связей населения Восточного Кавказа и Закавказья с Древним Востоком в III-I тысячелетии до н.э. в «Материалах семинара по проблеме происхождения и формирования азербайджанского народа». Баку, 1966. с. 127; «О прародине носителей индоевропейских диалектов» // ВДИ. 1982 № 3. — с. 19.

[29] Ригведа. – М., 1989. – с. 429, 441; Бонгард Левин Г. М., Грантовский Э. А. От Скифии до Индии. М., 1974. – с. 14-16.

[30] Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ ҷ 1. Теҳрон, 1374. – с. 301-305.

[31] Григорьев В. В. О скифском народе саках. Санкт-Петербург, 1871. – с. 79.

[32] Шендаков Г. Н. Этногенез и пути миграций индоевропейцев. Волгоград, 1999. – с. 6.

[33] Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков. – с. 88.

[34] Ставиский Б. Я. Яценко С. А. Искусство и культуры древних иранцев. – с. 14.

[35] История Ирана. Под редакцией М.С. Иванова. М. 1977. – с. 37.

[36] Бонгард-Левин Г. М., Грантовский Э. А. От Скифии до Индии. – с 14.

[37] Дьяконов И. М. История Мидии. – с. 149.

[38] Ниг. Ременников А. М. Борьба племен Северного Причерноморья с Римом в 111 веке. М.-Л., 1954.

[39] Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков. –с. 92-93.

[40] Бенвенист Э. Словарь индоевропейских социальных терминов. М. 1995 – с. 36.

[41] Ҳамон ҷо. – с. 432-447.

[42] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский язык и индоевропейцы. – с. 949 и далее.

[43] Елизаренкова Т. Я. Ригведа. М., 1989. – с. 437.

[44] Елизаренкова Т. Я. Ригведа. – с. 437.

[45] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский язык и индоевропейцы. т. II. – с.863.

[46] Анъанаи мазҳабии зардуштӣ сарзамини Озарбойҷон, ба хусус минтақаҳои эронзаминро Айиряна Ваеҷаҳ (Ориёвиҷ) медонад. (Бундаҳишн, боби 29 банди 12).

[47] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский язык и индоевропейцы. т. //. – с. 914.

[48] Се гуфтор дар бораи ориёиён. Теҳрон, 1353. – с. 89.

[49] Моле М. Эрони бостон. – Теҳрон, 1377. – с. 112.

[50] Оранский И. М. Введение в иранскую филологию. М., 1960. – с. 50.

[51] Ҳамон ҷо – с. 51,55, 60.

[52] Ставиский Б. Я., Яценко С. А. Искусство и культура древних иранцев. – с. 15.

[53] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский язык и индоевропейцы. т. 11 – с. 965.

[54] Дьяконов И. М. История Мидии. – с. 150.

[55] Рақами сад дар забони юнонии қадим кентум талаффуз мешавад. Аз рӯи ин нишондод шохаи ғарбии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ кентем хонда мешавад.

[56] Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков – с. 88.

[57] Кляшторный С. Г., Султанов Т. И, Государства и народы евразийских степей. Санк-Петербург, 2004. – с. 29.

[58] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский…Т. 1. – с. 37.

[59] Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков. – с. 90.

[60] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский язык и индоевропейцы… Т. 1. – с. 37.

[61] Ҳамон ҷо – с. 37.

[62] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский язык и индоевропейцы … ҷ. 1. – с. 37-38.

[63] Дюмезиль Ж. Верховные боги индоевропейцев. М. 1986. –с. 174-175.

[64] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. Теҳрон, 137. ҷ. 1. – с.155.

[65] Бенвенист Э. Словарь индоевропейских социальных терминов. – с. 241.

[66] Ҳамон ҷо. – с. 241.

[67] Бенвенист Э. Словарь индоевропейских социальных терминов. – с. 243.

[68] Гамкрелидзе Т. В., Иванов В. В. Индоевропейский язык и индоевропейцы. т.11. – с. 775.

[69] Дюмезиль Ж. Верховные боги индоевропейцев. – с. 174-175.

[70] Ҳамон ҷо. – с. 176.

[71] Дюмезиль Ж. Верховные боги индоевропейцев. – с. 184.

[72] Дюмезиль Ж. Верховные боги индоевропейцев. – с. 192.

[73] Бенвенист Э. Словарь индоевропейских социальных терминов. – с. 241.

← Ба пас, ба мундариҷа


Навиштаҳои дигар

География География География (Географияи табиӣ), китоби дарсӣ барои синфи 6. Ҳ. Очилов, М. Раҳимов, Д. Ҷалолов. – Д.: 2002. - 192 с. Фаро...
Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 4-1 Мо камбағалонем, ба ҳар гуна баҳона аз дасти замона, Ҳар тири ситамро, ки ҳамегашт равона будем нишона. Ҳар соату ҳар сония омодаи мурдан завлона...
Тарбияи ҷисмонӣ Тарбияи ҷисмонӣ Тарбияи ҷисмонӣ. Китоби дарсӣ барои синфҳои 1-4. Ш. А. Сафаров, Л. А. Губанова. – Д.: 2008. Фаро кашидан: tarbiy...
Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 4.2... Боби IV. Афкори ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX § 2. Аҳмади Дониш-ислоҳотхоҳ ва маорифпарвар ...
Диданд: 106

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>