Бобоҷон Ғафуров. Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ


I. Фарзанди фарзонаи миллат

ghafurov-2

Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд. Ин бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарварии худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Ҳар як марҳилаи таърихи халқи тоҷик чунин шахсиятҳои барҷастаро ба арсаи ҷаҳонӣ овардааст. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат ва таърих, адабиёт ва санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқимати худ машҳури ҷаҳон шудаанд. Асри XX низ дорои чунин бузургони зиёде мебошад.

Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Солҳои тӯлонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, шарқшиносӣ буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз солҳои 30-юм самтҳои гуногуни фаъолияти роҳбарию илмии ӯ барҷаста ба назар мерасиданд. Дар ин давра нахустин муассисаҳои илмӣ маҳз бо ташаббус ва иштироки бевоситаи ин олими бузург таъсис ёфтанд. Ӯ бо вуҷуди душвориҳои мавҷудаи он давра кӯшиш намудааст, ки дар ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон ҳарчи бештар муассисаҳои илмиву маърифатӣ созмон дода шаванд. Инкишофи илму фарҳанги ҷумҳурӣ тақозо мекард, ки қувваҳои илмиву эҷодӣ афзун ва муттаҳид карда шаванд. Хизмати таърихии Бобоҷон Ғафуров дар ин соҳа аз он иборат аст, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи ӯ марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ — соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 1951 Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва соли 1956 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Дар баробари ин, ӯ ба масъалаи таъмин намудани марказҳои илмию таълимӣ бо мутахассисони варзида ва соҳибтаҷриба бевосита машғул гашта, тавонист, ки беҳтарин олимони соҳаҳои гуногуни илмро ба ҷумҳурӣ даъват намояд. Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон ва умуман бо аҳли фарҳанг мунтазам мулоқот мекард, ки ин вохӯриҳо барои офаридани асарҳои тоза ба тоза заминаи мусоид фароҳам меоварданд.

Вазъи имрӯзаи илму техникаи ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки мо ба ин масъала аз мавқеи соҳибистиқлолӣ назар андозем ва дар ин бобат аз таҷрибаи Бобоҷон Ғафуров ҳарчи пурсамар истифода карда, соҳаҳои наву замонавии илму техникаро дар ҷумҳурӣ инкишоф диҳем. Бо вуҷуди мушкилоти имрӯза Ҳукумати ҷумҳурӣ ба инкишофи соҳаҳои нави илму фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Зеро бе равнақи илму фарҳанг рушди минбаъдаи ҷомеаи мо амри муҳол аст. Инкишофи тамаддун ва равнақи илму фарҳанги мо дар оғози асри XXI ба неруи офарандаву созанда ва ақлу заковати ҷӯяндаву навовар аз ҳарвақта бештар ниёз хоҳад дошт. Чунки асри XXI асри дастовардҳои бузурги истиқлолу худшиносӣ, асри имтиҳону озмойишҳои мушкили созандагиву бунёдкорӣ, асри рушду камол ва эҳёи илму фарҳанги тоҷикон хоҳад буд.

Бо вуҷуди ин ки Бобоҷон Ғафуров вазифаҳои масъули давлатиро бар дӯш дошт ва инкишофи илму фарҳанги ҷумҳуриро шахсан зери назорати доимии худ қарор дода буд, ҳамзамон таҳқиқоти илмии хешро пайваста давом медод. Вусъати дониш, таҷрибаи зиёди таҳқиқоти илмӣ, амиқ дарк карда тавонистани моҳияти назариявию сиёсии масъалаҳо ба ӯ имкон доданд, ки барои амалӣ кардани орзуи деринаи худ — офаридани «Таърихи халқи тоҷик» шурӯъ намояд. Соли 1947 китоби ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Ин асар аввалин таҳқиқоти пурра ва ҷамъбастӣ оид ба таърихи яке аз қадимтарин халқҳои олам — тоҷикон аст. Аҳамияти дигари асар аз он иборат мебошад, ки вай таърихи на танҳо тоҷикони ҷумҳурӣ, балки таърихи тамоми тоҷикони дунёро дар бар гирифтааст. Ин асари ҷамъбастӣ ба таърихнигории бунёдии халқҳои Осиёи Марказӣ ибтидо гузошт. Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров бо нашри ин асар ва асарҳои минбаъда ба оламиён исбот намудани он нукта буд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ҳақиқии ин марзу бум буданд ва ҳастанд. Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзӯи тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд. Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро такмил дод ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳ бахшид. Нашри ин асар дар ҳамон давра аз ҷасорату матонат ва ватанпарварии олим шаҳодат медод. «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони русӣ тарҷума ва дар як муддати кӯтоҳ се маротиба дар шаҳри Маскав нашр гардид. Ин асар аз тарафи шарқшиносони ҷаҳон баҳои баланд гирифта, барои таҳқиқоти минбаъда ва ба вуҷуд омадани таърихи бисёрҷилдаи халқи тоҷик замина гузошт.

Дар шахсияти Бобоҷон Ғафуров, айёми сарвари ҷумҳурӣ буданаш, истеъдоди созмондиҳӣ ва усули хуби роҳбарӣ барҷаста таҷассум ёфтааст. Ӯ баҳри ривоҷу равнақи иқтисодиёт, илм ва фарҳанги ҷумҳурӣ талош варзида, саъю кӯшиш мекард, ки дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ усулҳои роҳбарии дастҷамъӣ ҷорӣ гарданд. Чун сарвари асилу дурандеш дар замири роҳбарон нисбат ба халқи заҳматкаш ғамхору меҳрубон буданро мепарварид.

Бобоҷон Ғафуров дар фаъолияти роҳбарии худ ба масъалаҳои хурду реза саргарм нашуда, бештар ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ машғул мешуд. Пешомадҳои стратегии ҷумҳуриро андеша намуда, роҳҳои мушаххаси амалӣ гардонидани онҳоро муайян мекард. Масалан, яке аз масъалаҳои душвор, вале ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ дар солҳои баъдиҷангӣ ин масъалаи ташкили муҳоҷирати дохилӣ буд. Шароити тараққиёти иқтисодӣ тақозо мекард, ки корҳои обёриву ободониро алалхусус дар водии Вахш ва даштҳои Мирзочӯлу Дилварзин вусъат дода, ба ин минтақаҳо мардуми ноҳияҳои баландкӯҳ ва сераҳолӣ кӯчонида шаванд. Дар он давра ин масъала на фақат аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дошт, балки аз ҷиҳати сиёсӣ низ хеле муҳим буд.

Сиёсати муҳоҷирати дохилӣ ҳанӯз солҳои 20-30-юм оғоз шуда буд. Танҳо дар давоми панҷ соли баъдиҷангӣ аз ноҳияҳои кӯҳистони Қаротегин, Бадахшон, Кӯлоб, Зарафшон 18 ҳазор оилаҳои деҳқонон ба водиҳои Бахшу Хатлон ва Дилварзин кӯчонида шуданд, ки онҳо дар инкишофи босуръати хоҷагии халқи Тоҷикистон нақши муҳим гузоштанд. Бобоҷон Ғафуров зимни сиёсати муҳоҷиркунии дохилӣ пеш аз ҳама инкишофи минбаъдаи иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ, муттаҳид намудани қувваҳои меҳнативу эҷодӣ ва ягонагии мардуми тоҷикро дар назар дошт.

Дар натиҷаи роҳбарии оқилона ва фаъолияти пурсамари Бобоҷон Ғафуров ҷумҳурии мо оқибатҳои ҷангро бартараф намуда, хоҷагии халқро тараққӣ дод. Дар давоми солҳои сарварии ин марди фозил, хусусан дар соҳаи саноат, натиҷаҳои чашмрас ба даст оварда шуд. Сохта шудани корхонаҳои коркарди пахта дар Уялӣ ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, комбинати коркарди маъдани Такоб, заводӣ зарфҳои шишагии Хуҷанд, фабрикаи кешбофии Душанбе, заводӣ механикии Конибодом, комбинати маводи сохтмонии Вахш ва ғайра барои баромадан аз вартаи ақибмондагӣ, тараққии минбаъдаи саноат шароити мусоид фароҳам овард. Инчунин сохтмони неругоҳҳои барқӣ, ки дар давоми он солҳо авҷ гирифта буд, барои инкишофи саноати Тоҷикистон такони ҷиддие гардид.

Омӯзиши фаъолияти роҳбарии Бобоҷон Ғафуров дар солҳои 19461956 нишон медиҳад, ки ягон соҳаи муҳими тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз мадди назари ӯ дур намондааст. Дар тамоми фаъолияти сиёсӣ, давлатӣ ва илмии ин марди наҷиб рӯҳияи арзишҳои умумибашарӣ афзалият дошт. Ӯ нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти миллатгаройӣ, ақидаҳои шовинистӣ, ҷудоиандозӣ оштинопазир буд.

Ӯ дар баробари фаъолияти ҳизбиву давлатӣ корҳои илмии худро пеш мебурд, омӯзиш ва таҳқиқоти таърихи халқи тоҷик ва кишварҳои Шарқро пайваста идома медод. Ҳамин фаъолияти илмӣ ва таваҷҷуҳи Бобоҷон Ғафуровро ба назар гирифта, соли 1956 ӯро директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъин мекунанд. Аз ҳамин давра дар рӯзгори ӯ марҳилаи нав оғоз мегардад. Олим фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва созмондиҳии худро комилан ба инкишофи илми шарқшиносӣ равона месозад. Дар мақоми сарвари Институти шарқшиносӣ қобилият ва истеъдоди Бобоҷон Ғафуров чун арбоби мумтози илм баръало зоҳир гардид. Дар баробари он ки Институти шарқшиносӣ ба яке аз марказҳои бузурги таҳқиқотии таъриху тамаддуни Машриқзамин табдил ёфт, бо дастгирии ӯ дар бисёр ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, институти шарқшиносӣ таъсис дода шуд.

Хизмати ин олими забардаст инчунин дар интишори силсилаи осори хаттии халқҳои Шарқ басо бузург буда, бо ташаббуси ӯ аз хазинаи осори классикӣ беҳтарин офаридаҳои олимону шоирон ва нависандагони Шарқи қадим ва асрҳои миёна дастраси ҷаҳониён гаштанд. Таҳлили фаъолияти илмиву созмондиҳандагии академик Бобоҷон Ғафуров нишон медиҳад, ки ӯ дар роҳи ба ҳам наздику ошно намудани тамаддуни халқҳои Шарқу Ғарб саҳми арзанда гузоштааст.

Ӯ солҳои 1957-1966 дар кори таҳия ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои муҳими ЮНЕСКО ҳамчун раиси Кумитаи шӯравии «Шарқу Ғарб» фаъолона ширкат варзида, дар мавзӯи «Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ» лоиҳаи муҳимеро ба ин ташкилоти бонуфуз пешниҳод кард. Вай минбаъд ҳамчун Президенти Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар қабул ва татбиқи ин лоиҳа саҳми бузург гузошт.

Конфронсҳои байналмилалии ЮНЕСКО оид ба таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар замони Кушониён, доир ба таърихи интишори афкори ҷамъиятӣ дар Осиёи Марказӣ, роҷеъ ба мутобиқсозии таҳқиқоти бостоншиносӣ ва ғайра, ки бо ташаббус ва ширкати фаъолонаи Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе, Деҳлӣ ва Кобул баргузор шуда буданд, дар омӯзиш ва тарғиби фарҳанги ғании халқҳои ин сарзамин иқдоми ҷиддӣ ва муассир гардиданд.

Бобоҷон Ғафуров дар роҳи таҳкими равобити илмиву фарҳангӣ бо Эрон, хусусан дар соҳаи таҳқиқи таъриху фарҳанги форсизабонҳо хеле саъю кӯшиши зиёд кардааст. Аз ин ҷост, ки ба ӯ соли 1974 унвони доктори фахрии Донишгоҳи Теҳрон дода шуд.

Устод Бобоҷон Ғафуров дар Алҷазоир, Бирма, Гвинея, Ҳиндустону Покистон, Сурия, Лубнон, Ироқ, Олмон, Амрико, Фаронса, Австрия, Чехословакия ва албатта, дар Афғонистону Эрони ҳамзабон дӯстони зиёд дошт. Вай узви ифтихории даҳҳо ҷамъиятҳои илмии хориҷӣ буд, ҷоизаҳои зиёди илмии байналмилалӣ гирифтааст.

Ин сиёсатмадори маъруф дар мубориза баҳри пойдории сулҳ дар сайёра низ саҳми бузург дорад. Ӯ ҳамчун ҷонишини раиси Кумитаи шӯравии ҳамбастагӣ бо мамолики Осиё ва Африқо, узви Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ ва Комиссияи Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО донишу неру ва истеъдоди худро ба таҳкими дӯстии халқҳои сайёра сарф кардааст. Хизматҳои ӯ дар ин ҷода бо медали тиллои Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ ва ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру тақдир шудааст.

Бобоҷон Ғафуров ҳарчанд аз соли 1956 дар Маскав кору зиндагӣ мекард, лаҳзае аз ёди Тоҷикистон ғофил набуд. Ба пешрафту тараққиёти ҷумҳурӣ, бахусус, инкишофи илму фарҳанги он мунтазам мароқ зоҳир мекард. Бо дастгирии ӯ дар давоми ин солҳо бисёр ҷавонони тоҷик дар марказҳои бузурги илмии шӯравӣ рисолаҳои илмӣ дифоъ намуда, иқтидори зеҳнии ҷумҳуриро афзун намуданд.

Саҳми олим дар тарбияи мутахассисони ҷавони ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз низ бузург аст. Ба подоши он некиҳо вай то имрӯз дар ин ҷумҳуриҳо соҳибэҳтиром аст. Бо пешниҳод ва иштироку роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров аз нимаи дуюми солҳои 50-уми асри XX омодасозӣ ва нашри асари бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» оғоз шуд, ки он солҳои 1963-1965 дар се ҷилд дар Маскав ба табъ расид. Интишори ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик густариш ёфт.

Воқеан, яке аз дастовардҳои пурарзиши олим, ки ӯро абадан дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад, ки соли 1972 дар Маскав ба табъ расид. «Тоҷикон» ба забонҳои японӣ ва полякӣ тарҷума ва нашр шуд, ҳамчунин дар Афғонистон ва Эрон ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ, эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан — «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

«Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст. Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт.

Бешак, як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо гузаштаи пурифтихор ва мероси таърихӣ аст. Ҷомеа то хотираи қавии .таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад.

Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои имрӯз ва шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ — хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира — сабақ бигирад ва дурнамойи ояндаашро муайян созад. Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бо истифода аз сабақҳои таърихи гузаштаи худ ва бо дарки масъулият дар назди наслҳои оянда бояд ба хотири истиқлолият ва ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро анҷом диҳем.

Таърихи башар шахсиятҳоеро меофарад, ки на танҳо тамоми асрори ин ё он илмро фаро мегиранд, балки марзҳои онро фарох ва хазинаи онро ғанӣ мегардонанд. Бобоҷон Ғафуров аз зумраи ҳамин шахсиятҳо буда, дар радифи намоёнтарин олимони ҷаҳон қарор дорад ва барои рушди илми шарқшиносии ҷаҳонӣ ва таърихи Шарқ хизматҳои сазовор кардааст. Боварӣ дорам, ки ормонҳои воло, ғояҳои наҷиб, саъю кӯшишҳои ватанпарастона ва ҷонбозиҳои миллатдӯстонаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи рушду нумӯи илму маърифат машъали роҳнамойи ҳар як фарди бедордили кишвар хоҳад гардид.

Халқи тоҷик давраи душвор, пурмашаққат ва пур аз маҳрумияти ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, имрӯз ба сулҳу салоҳ ва ваҳдату ҳамдигарбахшӣ расид. Бо вуҷуди ин хатари нобудшавии миллати тоҷик ва давлату давлатдории тоҷикон ҳанӯз аз байн нарафтааст. Бадхоҳони миллати мо дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистонро чашми дидан надоранд. Мо бояд ба хатоҳои гузашта роҳ надиҳем, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунем, ойини дӯстию бародархондагии халқҳоро риоя намоем ва расму равиши ҳамсоягиро пос дорем.

Қувваҳое буданд ва ҳастанд, ки ҳамсоягиву робитаи дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбекро халалдор кардан мехоҳанд, байни онҳо нифоқу кина меангезанд ва мехоҳанд бо ҳамин роҳ ба муроди худ расанд. Вале онҳо сахт иштибоҳ мекунанд. Зеро дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек якрӯзаву дурӯза нест, балки аз имтиҳони садсолаҳо гузашта, ба ҳамхуниву хешутаборӣ табдил ёфтааст. Рӯҳи поки Бобоҷон Ғафуров онҳоеро, ки садди роҳи муносибатҳои неки ин ду халқи ҳамсояву ҳамқисмат мегарданд ва дар ҳаққи Ватану миллат хиёнат мекунанд, ҳаргиз намебахшад.

Мо имрӯз ба марҳилаи нави давлатдории худ — марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузоштаем. Бе давлати тавонои соҳибистиқлол ва миллати тифоқу пешрафта, бе иқтисодиёту иҷтимоиёти тараққикарда ва эҳёи илму фарҳанг, бе неруи тавонои низомию сарҳадӣ ва ҳалли муаммои соҳаҳои илму фарҳанг, бе неруи тавонои низомию сарҳадӣ ва ҳалли дигар мушкилоти мавҷудаи ҷомеа мо наметавонем, ки дар ҷаҳони пурмоҷарои имрӯза мавқеи устувор дошта бошем. Ҳар фарди бедордиле, ки нангу номус дорад ва қисмати миллату сарзамини аҷдодӣ барояш азиз аст, бояд дар марҳилаи созандагию бунёдкорӣ барои пешрафти Ватан, миллат ва ҷумҳурии соҳибистиқлол саҳми муносиб гузорад.

Истиқлолиятро ба даст овардан ҳанӯз кам аст. Онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, ҳамчун арзиши Болотарини давлату давлатдорӣ пос доштан ва барои афзойиши иқтидору пойдории он пайваста талош варзидан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Асри XXI дар пешорӯйи ҳар фарди бонангу номуси ҷумҳурӣ вазифаҳои нав ва масъулияти басо бузург мегузорад. Мо бояд дар сафи давлатҳои пешрафтаи олам ҷой гирифта, бо симои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои иқтисодӣ мақоми арзанда пайдо кунем. Имрӯз фурсати он расидааст, ки мо ба қадри истиқлолият, давлату давлатдории миллӣ, ба қадри Ватану ватандорӣ, сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ бирасем. Заҳмати ҳалол ва созандагию ободониро пешаи худ созем, барои таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ақлу дониш ва неруи худро дареғ надорем. Барномаи стратегии давлатро дар роҳи истиқлолияти озуқавию ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, сохтани роҳи оҳану роҳҳои нави мошингард, бунёди фурудгоҳҳои байналмилалӣ, истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва боло бурдани иқтидори саноатии мамлакат дар ҳаёт татбиқ намоем.

Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз миллат ва ҳувийяти миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги аҷдодӣ ва ниёгони сарбаланди хеш барои ҳар як фарди ҷомеа бояд меъёри доимии зиндагӣ гардад. Имони комил дорам, ки ақлу заковат, таҷрибаи роҳбарӣ, меҳри беандоза нисбат ба Ватану миллат ва мероси гаронбаҳои илмии Бобоҷон Ғафуров ба ватанпарастони воқеӣ, ба наслҳои имрӯзу фардои миллат, ба созандагони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистони азизамон илҳому неруи тоза хоҳад бахшид.

Бигузор дӯстону душманони Тоҷикистон донанд, ки миллати тоҷик аз таърих сабақи омӯзанда гирифтааст ва дар оянда фирефтаи ҳеҷ қувваи бадхоҳе нахоҳад шуд. Дар ин роҳ моро рӯҳи Исмоили Сомонӣ ва даҳҳо бузургмардони миллат — Рӯдакӣ, Ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва амсоли онҳо мададгор хоҳад шуд.

Бигузор рӯҳи Бобоҷон Ғафуров шод бошад ва моро ба ватандӯстиву худшиносии миллӣ ҳидоят намояд.

II. Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ

Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ академик Бобоҷон Ғафуров барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги тоҷик ва шарқшиносии ҷаҳон саҳми фаромӯшнопазир гузошта, барои хизматҳои бузург ва заҳмату талошҳои содиқонааш дар роҳи шинохти асолати миллии халқи тоҷик ва муаррифии арзандаи тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор гардидааст.

Бобоҷон Ғафуров аз миёни ходимони давлатӣ ва арбобони илми тоҷик дар баробари муайян ва собит намудани мақому манзалати таърихиву дастовардҳои арзишманди давлатдории тоҷикон дар тарғиби илму фарҳанги Машриқзамин дар арсаи ҷаҳонӣ ба пояи баланд расид. Ӯ тамоми ҳаёти худро сарфи таҳқиқу омӯзиши таърихи давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик намуда, дар тӯли фаъолияти пурбаракати хеш на фақат таърихи комили тоҷиконро ба вуҷуд овард, балки дар таҳқиқи таърихи бисёр халқҳои Машриқзамин низ саҳми арзанда гузошт. Фаъолияти илмии Бобоҷон Ғафуров, ки аз омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик оғоз шудааст, тадриҷан хеле густурда ва фарох гардида, масоили мухталифи таърихи қавму миллатҳои Машриқзамин, зиндагӣ ва осори мутафаккирони бузурги Шарқ, рушди илми шарқшиносӣ ва амсоли инҳоро фаро мегирад. Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ходими дурандеши давлатӣ, сиёсатмадори барҷаста ва олими тавоно ба шарофати донишу хиради фавқулодат, маҳорати баланди ташкилотчигии худ дар ташаккули ҳаёти нав ва пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон хизмати бесобиқа кардааст. Бобоҷон Ғафуров дар давраи пур аз тазод ва муборизаҳои шадиди сиёсиву илмӣ, яъне дар солҳои мураккабу тақдирсози 30-юми асри гузашта, ки ҳазорон зиёиёну равшанфикрон таъқибу бадарға гардида, ҳазорҳо нафари дигар тарки Ватан карда буданд, бо ҷасорати сиёсиву илмӣ дар паҳлуи устод Садриддин Айнӣ истода, барои ҳифзи номи неки миллати тоҷик, аз таҳрифи бадқасдона ҳимоя кардани таъриху фарҳанги пурғановати он қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватани азизаш сарбаландона адо намуд. Ӯ дар мақоми роҳбари аввали ҳизбии Тоҷикистон на танҳо барои рушду ободии ҳамаҷонибаи он ҳадафмандона кӯшишу талош намуд, балки «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ва шоҳасари таърихии «Тоҷикон»-ро таълиф намуда, бо ҳамин иқдоми худ мактаби илмӣ ва суннати таърихнигории муосири тоҷикро бунёд гузошт.

Академик Ғафуров бо овардани садҳо далелу бурҳони қотеъ ва дар асоси ҳазорҳо сарчашмаву манбаъҳои асил собит намуд, ки миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ба таҳрифи огоҳонаи таърих ё ба ибораи дигар, таърихсозӣ ва бузургтарошӣ умуман ниёз надорад. Зеро ин миллат соҳиби таърихи тӯлонӣ ва фарҳангу адабиёти пурғановат мебошад, ки ҳатто бо шинохту ошноии мухтасар нақши онро дар тамаддуни ҷаҳонӣ эҳсос кардан мумкин аст. Корномаи безавол ва талошу муборизаҳои далеронаи фарзандони бонангу номуси халқи мо Спитамен, Абӯмуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Сунбоди Муғ, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ ва садҳову ҳазорон шахсиятҳои фидокор худ далели бебаҳои рӯҳи мубориз, озодихоҳиву меҳанпарастӣ, салобату ҷавонмардӣ, ҳусни тадбиру зиракӣ ва ормонҳои ҳамеша зиндаи истиқлолхоҳӣ мебошанд, ки дар китоби тарини таърихи тоҷикон ҳамчун дарси ибрат барои наслҳои имрӯзу оянда сабт шудаанд. Ҳатто талошу пайкори беш аз сисолаи Фирдавсӣ дар нигориши «Шоҳнома» намунаи олии ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳӣ мебошад, ки бо тасвири таърихи пурифтихори давлату давлатдории ниёгони мо дами шамшери хунрези бегонагонро гирифт ва бо ситойиши тамаддуни чандинҳазорсолаи гузаштагон миллати моро аз хатари парешониву парокандагӣ раҳоӣ бахшид.

Агар Абулқосим Фирдавсӣ гузаштаҳои пурифтихори Ватанашро дар “Шоҳнома”-и безаволи худ пеши назари наслҳои нав ба нави инсонҳо ба ҷилва оварда бошад, айни ҳамин корро устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби безаволи худ “Тоҷикон” бо санадҳои илмӣ анҷом додааст.

Илова бар ин, таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон борҳо бо истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд, ки дар замони худ нерумандтарин буданд, вале аҷдоди мо бо ҳифзи забони ширину шоирона ва шевои модарӣ, суннатҳои адабиву фарҳангӣ ва андешаи миллии худ бар онҳо ғолиб омада, асолати миллиашонро нигоҳ доштаанд.

Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёнагии халқи тоҷик, дар айни замон таърихи илму адабиёт, санъати меъморӣ ва афкори динии халқи тоҷикро дар маҷрои ягонаи таърихи умумибашарӣ ва аз назари илми академӣ таҳқиқ намуд. «Тоҷикон» аввалин таҳқиқоти мукаммалу пурра оид ба таърихи яке аз қадимтарин халқҳои олам буда, муаллифи он бо нашри маҳсули заҳмати беш аз сисолаи худ саҳми арзандаи ниёгони моро дар таърих ва тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён собит кард. Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳофизаи таърихии мардумро бедор намуд ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳи тоза бахшид. Муаллиф бо як ҷасорати ба худ хос ва далелҳои қотеъ анъанаҳои фарҳангиву таърихии давлату давлатдории тоҷиконро дар давоми чандин ҳазор сол гирдоварӣ ва арзёбӣ карда, дар айни замон ба таҷрибаи таърихии инсоният ва мероси фарҳангии дигар сокинони қаламрави Осиёи Марказӣ баҳои холисона ва одилона додааст.

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки усули таърихнигории Бобоҷон Ғафуров аз роҳи пешгирифтаи онҳое, ки дар замони собиқ шӯравӣ илми таърихнигориро пойбанди ғояҳо ва маҳдудияту таассуби он давра гардонида, раванди ба халқи ягона табдил додани халқу миллатҳои гуногунро мунтазам тартибу талқин мекарданд, тафовути ҷиддӣ дорад: академик Ғафуров таърихи тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказиро дар қаринаи таърихи умумиаврупоӣ ва умумибашарӣ таҳқиқ карда, худро чун муаррихи авруосиёии замони нав муаррифӣ намуд. Ба қавли яке аз ҳамсафони содиқи Бобоҷон Ғафуров академик Борис Литвинский, «китоби «Тоҷикон» дар миёни баҳри азими консепсия ва назариёти гуногун ҳамчун ҷазираи зебои илм ва таърихнигории ҳақиқӣ арзи ҳастӣ намуд. Бинобар ин, метавон ӯро, бешубҳа, сипаҳсолори арсаи илм номид».

Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори рушди илм дар пешрафти ховаршиносии ҷаҳонӣ низ нақши арзанда гузоштааст. Баъди сарвари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъин шуданаш (соли 1956) ӯ доираи омӯзиши таъриху фарҳанги халқҳои Машриқзаминро хеле васеъ гардонид. Дар он солҳо бузургтарин конгрессу симпозиумҳои байналмилалӣ доир ба масоили тамаддуни мардуми Шарқ маҳз бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи академик Ғафуров баргузор мегаштанд. Яке аз чунин ҳамойишҳои олимони сатҳи ҷаҳонӣ бахшида ба омӯзиши таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар аҳди Кушониён соли 1968 дар пойтахти Ватани мо — шаҳри Душанбе доир гардид, ки ин чорабинӣ дар ҳаёти илмиву фарҳангии мардуми тоҷик як рӯйдоди бузург ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар солҳои сарвари Институти шарқшиносӣ буданаш интишори силсилаи осори хаттии халқҳои Шарқро ташкил кард, ки ба шарофати ин иқдом беҳтарин офаридаҳои олимону муаррихон ва адибони кишварҳои Машриқзамин дастраси ҷаҳониён гардиданд.

Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо пеш аз ҳама лаҳзаҳоеро меҷуст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат карда тавонанд.

Таҳқиқоти ӯ доир ба омилҳои болоравӣ ва заволи давлати Сомониён, саҳми Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол ва амсоли инҳо дар тамаддуни башарият мисолҳои равшане мебошанд, ки ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд.

Хизмати академик Ғафуров дар роҳи ба ҳам наздику ошно намудани тамаддуни халқҳои Шарқу Ғарб бисёр назаррас мебошад. Таҳқиқоти пурарзиши олим бо номи «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ», ки дар ҳамкорӣ бо муаррихи юнонӣ Сибукидис анҷом додааст ва ба мавзӯи ҳамбастагии тамаддуни Шарқу Ғарб бахшида шудааст, далели равшани ин суханҳост. Ӯ дар доираи ЮНЕСКО низ ҳамчун раиси Кумитаи «Шарқу Ғарб» фаъолона амал карда, масъалаи омӯзиши ҳамаҷонибаи илмии тамаддуни Осиёи Марказиро пешниҳод кард ва ба ҳайси Президенти Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба омӯзиши ин тамаддун дар татбиқи он саҳми бузурги шахсӣ гузошт. Агар роҳи пуршарафи тайкардаи ин олим ва сиёсатмадори барҷастаро мухтасар ҷамъбаст намоем, метавон гуфт, ки ӯ дар ҳақиқат ходими давлатии дар сатҳи академӣ бомаърифат ва академикӣ дорои тафаккури давлатӣ буд. Гузашта аз ин, тамоми зиндагии ӯ намунаи хизмати содиқона ва фидокорона ба манфиати илм ва халқу Ватани хеш аст.

Дар поёни асри XX ва оғози ҳазорсолаи сеюм мо шоҳиди дигаргуниҳои бунёдӣ ва рӯйдодҳои бесобиқаи таърихӣ гардида истодаем. Имрӯз кӯшишҳои дастёбӣ ба камолоти воқеии илм ва дастрасӣ ба технологияҳои навин рақобатҳои шадиди сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоиро ба миён овардааст, ки дар ин росто баробари таъмин гардидани сатҳи муайяни рушди инсоният равандҳои бартариҷӯйии қудратҳои алоҳида ба мушоҳида мерасанд. Дар баробари ин, ниҳодҳо ва арзишҳои миллӣ бо амвоҷи пурталотуми ҷаҳонишавӣ рӯ ба рӯ гашта, дар натиҷа миллатҳои бостонӣ дар ҷараёни эҳёи суннатҳои миллии хеш таҳти таъсири манфии халқҳо, кишварҳо ва тамаддунҳои дигар қарор гирифта истодаанд, ки ин раванд метавонад халқу миллатҳои хурд ва арзишҳои таърихиву миллии онҳо, аз қабили фарҳанг, мероси таърихӣ, забон ва осори адабӣ, инчунин дигар дастовардҳои нодиру нотакрорашонро гирифтори фаромӯшӣ ва нобудӣ созад. Вале аз сӯйи дигар бӯҳрони шадиди баамаломадаи молиявии ҷаҳонӣ кишварҳои хурду бузургро, сарфи назар аз сатҳи тараққиёт ва фарқияти низоми сиёсиву иҷтимоии онҳо. ба ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ, ҷустуҷӯйи роҳҳои муштараки ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ, таъмини суботу оромии сайёра ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти мавҷудаи инсоният водор месозад.

Гузашта аз ин, густариш пайдо кардани як қатор таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла, терроризми байналхалқӣ, экстремизм, истеҳсолу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ, ҳамчунин афзудани хатарҳои техногениву экологӣ ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро водор месозад, ки аз тариқи вусъат додани ҳамкориҳои муштарак ба хотири ҳифзи амнияту суботи сайёра саъю кӯшиш намоянд. Ва ин амр давлатҳои абарқудратро ҳушдор медиҳад, ки саргарми андешаҳои бузургманишӣ ва бартариҷӯйӣ гардида, нисбат ба тақдири кишварҳои рӯ ба инкишоф ва аҳолии камбизоати сайёра низ бетараф набошанд.

Истиқлолияти Тоҷикистон ва соҳиби давлату давлатдории худ гардидани тоҷикон низ, аз як тараф, маҳсули чунин равандҳо ва таҳаввулоти таърихии охири асри бистум ва аз сӯйи дигар, натиҷаи талошҳои пайгиронаи фарзандони огоҳи миллат буда, бо асолат ва ҳувийяти милливу таърихӣ, инчунин арзишу суннатҳои фарҳангии халқамон, ки дар таҳқиқоти бунёдии «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров баррасӣ шудаанд, робитаи қавӣ дорад. Тоҷикон дар ҷараёни ташаккули таърихии худ роҳи пуршебу фароз ва мураккабро паси сар намуда, дар заминаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ — тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ арзишҳои пурқимату ҷовидонаи маънавию моддиро эҷод кардаанд ва дар ҳама давру замонҳо рисолати тамаддунофарӣ ва фарҳангсозиро иҷро карда, онро то имрӯз идома медиҳанд. Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллат дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурифтихор ва дар айни замон басо пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлату давлатдории нави ҷавобгӯй ба манфиатҳои миллат ва ниёзҳои мардуми Тоҷикистонро гузошт. Ва мо дар асоси майлу иродаи кулли халқамон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро пеш гирифтаем. Дар давоми солҳои истиқлолият мо як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навини кишварамонро бартараф намуда, таҳкурсии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем; ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоиро оғоз кардем; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем. Вале махсус бояд таъкид намоям, ки бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии халқи мо таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар натиҷаи раҳнамойи мардум ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги деринаи халқи тоҷик, суннату ойинҳои давлату давлатдории мустақилонаи он. ватандӯстиву ватанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба мероси гузаштагонамон муяссар гардид.

Ҳидояти мардум ба шинохти асолати таърихиву миллӣ, бешак, самти муҳимтарини сиёсати фарҳангии давлати мост, ки он тавассути таҷлили ҷашнҳо ва бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи таърихиву адабӣ ва илмиву мазҳабӣ, инчунин баргузории ҷашни шаҳрҳои таърихӣ амалӣ карда мешавад. Ин амр ба ҳеҷ ваҷҳ нишонаи худнамойӣ ё бузургтарошӣ нест, балки тақозои давру замони нав мебошад.

Дар ибтидои асри XXI — даврони шиддат пайдо кардани равандҳои ҷаҳонишавӣ ягон миллат ё давлат аз оқибатҳои манфии хатару таҳдидҳо ва бӯҳронҳои ҷаҳони муосир дар канор буда наметавонад. Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки барои миллати тоҷик низ зиракии сиёсӣ, бедории маънавӣ, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ ва дар маҷмӯъ нангу номус, иродаи мустаҳкам ва иттиҳоди қавӣ зарур аст, ки барои ин шинохти решаҳои амиқи таърихи худ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ бемуболиға аҳамияти бузург ва тақдирсоз дорад. Зеро дар сурате ки ҳар як фарди бонангу номус аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёду ғановатманди миллати худ огоҳ асту аз ин мероси гузаштагони худ, инчунин аз давлату давлатдории мустақилонаи халқи хеш ифтихор менамояд, қодир аст, ки бо арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ Ватанашро сидқан дӯст дорад ва ба хотири ободиву тараққиёти он кӯшишу талош намояд. Албатта, танҳо бо ифтихор аз таъриху фарҳанг ва шаҳру шаҳристонҳои бостонии халқи худ мо ободии имрӯзаи Ватан, зиндагии шойистаи мардум ва таҳкими пояҳои давлатдории худро таъмин карда наметавонем. Баръакс, барои ворисони сазовори ниёгони тамаддунсози худ шудан бояд ҳар як фарди огоҳи Тоҷикистон пайваста ба хотири ҳамқадами замон тараққӣ кардани Ватани худ саъй намояд, то ки давлати соҳибистиқлоли мо ба муқобили таъсири омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир ва оқибатҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ пойдору устувор ва тобовар бошад.

Имрӯз, дар замоне ки Ватани аллома Ғафуров — Тоҷикистон соҳиби истиқлолият мебошад, аҳамияти зиндагӣ, фаъолият ва осори ӯ, инчунин дигар фарзандони фарзонаи миллат ва нақши онҳо дар болоравии эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама ҷавонони бонангу номуси Ватан даҳчанд меафзояд. Бинобар ин, дар арафаи ҷашни якасраи олим мо шоҳасари ӯ — «Тоҷиконаро аз нав чоп намудем. Аллома Ғафуров ғайр аз «Тоҷикон» як силсилаи дигар осори машҳури илмӣ низ дорад. Дар маҷмӯъ, ба қалами ин донишманди бузург зиёда аз 400 рисолаву мақолаҳои илмӣ тааллуқ доранд, ки онҳо ба таҳқиқи таърих ва тамаддуни халқҳои ориёинажод ва мақоми фарҳанги қадими халқҳои Осиёи Марказӣ дар тамаддуни ҷаҳон бахшида шудаанд. Аз ин рӯ, ҳоло зарурати нашри осори мунтахаби Бобоҷон Ғафуров пеш омадааст. Бинобар ин, Академияи илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки ин корро дар давоми солҳои наздик ба анҷом расонад. Вобаста ба ин, мехоҳам як нуктаро таъкид созам, ки олимони таърихнигор ва ҷомеашиноси мо ва умуман аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд ва дар навбати худ кӯшиш намоянд, ки мисли Бобоҷон Ғафуров сарзамини аҷдодии худро дӯст доранд, барои таҳқиқи таъриху фарҳанги он талош карда, асарҳое офаранд, ки ба монанди «Тоҷикон» на фақат китоби азизу хонданӣ ва рӯйимизии ҳар як фарди бонангу номуси халқи тоҷик бошанд, балки дар байни хонандагони мамолики дигар низ маҳбубият пайдо намоянд. Зеро халқ ба хотираи ҳамон фарзандони наҷибаш арҷ мегузорад, ки дар роҳи пешрафти давлат, шукуфоии Ватан ва сарбаландии миллати худ содиқонаву фидокорона заҳмат кашидаанд.

***

Устод Бобоҷон Ғафуров дар радифи бузургтарин фарзандони Ватани мо қарор дорад. Нақши пурнуре, ки ӯ дар Ватани азизаш аз худ боқӣ гузоштааст, имрӯз дар мавҷудияти Академияи илмҳо, аввалин Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва даҳҳо муассисаҳои илмию фарҳангӣ таҷассуми худро ёфтааст. Водии зархези Вахш, ки ӯ барои ободии он хидмати бебаҳо кардааст, ёдгории пурарзиш ва ҷовидонист.

Дар мақомоти олии давлатии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои тӯлонӣ кор карда, 20 сол раиси калонтарин маркази илми шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав буд. Ӯ обрӯй ҷаҳонӣ дошт, вале аз тамоми ҷоизаҳо, нишонҳо, унвонҳо ва ифтихороти дигари давлатӣ ва илмӣ барояш мукофоти бузургтарин сарбаландии кишвару Ватан ва тоҷику тоҷикистониён буд.

Бобоҷон Ғафуров пас аз Садриддин Айнӣ ягона шахсе буд, ки қувваҳои эҷодие чун Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Муҳаммад Осимӣ, роҳбароне чун Турсун Ӯлҷабоев, Назаршо Додхудоев, Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даҳҳо шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангиро сарвару роҳнамо шуда, барои бақои давлати мо, забону фарҳанги бостонии мо ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани ин илму фарҳанг хидматҳои бебаҳо кардааст.

Аз касе пӯшида нест, ки дар таърихи сад соли охири мамлакати мо шахсиятҳое ҳам буданд, ки ба хотири рӯйи об баромадан ва соҳиби вазифаю обрӯ шудан ба Ватани худ, ба манфиатҳои миллии кишварашон хиёнат содир намуданд. Устод Бобоҷон Ғафуров ислоҳнопазирии чунин шахсиятҳоро ба шогирдони худ борҳо таъкид мекард.

Устод Бобоҷон Ғафуров ҳатто пас аз даргузашти ҷисмонӣ ҳам дар ҷараёни корҳои неки худ ҳамроҳи ҳамватанони хеш зиндагиро давом медиҳад. Бобоҷон Ғафуров ва тоҷику Тоҷикистон — мафҳумҳои аз ҳам ҷудонашавандаанд.

Ӯ фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи худ буд ва бо итминони комил изҳор медорам, ки номи некаш то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.

Бозгашт ба мундариҷа

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.