Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Хайём, зи баҳри гунаҳ ин мотам чист?
В-аз хӯрдани ғам фоида бешу кам чист?
Онро, ки гунаҳ накард, ғуфрон набувад,
Ғуфрон зи барои гунаҳ омад, ғам чист?
Дигаргунаҳо:
Хайём, барои гунаҳ ин мотам чист?
В-аз ғам хӯрдан фоида бешу кам чист?
Гар ҳеч гунаҳ набошадӣ, ғуфрон чист,
Ғуфрон зи барои гунаҳ омад, ғам чист?
Баргардонҳо:
Хайям! Из-за греха что тосковать?
Что проку нам об этом толковать?
Коль не грешить, зачем тогда прощенье?
Прощенье - для греха. Что горевать?
(В. Микрюков) |