Шайхе ба зани фоҳиша гуфто: «Мастӣ

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Шайхе ба зани фоҳиша гуфто: «Мастӣ,
Ҳар лаҳза ба доми дигаре побастӣ».
Гуфто: «Шайхо, ҳар он чӣ гӯйӣ, ҳастам,
Аммо ту чунонки менамойӣ, ҳастӣ?»

Дигаргунаҳо:

Шайхе ба зане фоҳиша гуфто: «Мастӣ,
Ҳар лаҳза ба доми як касе побастӣ».
Гуфто: «Шайхо, ҳар он чӣ гӯйӣ, ҳастам,
Аммо ту чунонки менамойӣ, ҳастӣ?»

Баргардонҳо:

Шейх блудницу стыдил: «Ты, беспутная, пьешь,
Всем желающим тело свое продаешь!»
«Я, - сказала блудница, - и вправду такая.
Тот ли ты, за кого мне себя выдаешь?»

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: