Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Қуръон, ки беҳин калом хонанд онро.
Гаҳ-гоҳ, на бардавом хонанд онро.
Бар гирди пиёла ояте ҳаст муқим,
К-андар ҳама ҷо мудом хонанд онро.
Дигаргунаҳо:
Қуръон, ки меҳин калом хонанд ӯро,
Гаҳ-гоҳ, на бардавом хонанд ӯро.
Бар гирди пиёла ояте равшан ҳаст,
К-андар ҳама ҷо мудом хонанд ӯро.
Қуръон, ки меҳин калом хонанд онро,
Гаҳ-гоҳ, на бардавом хонанд онро.
Бар гирди пиёла ояте ҳаст муқим,
К-андар ҳама ҷо мудом хонанд онро.
Баргардонҳо:
Благоговейно чтят везде стихи Корана,
Но как читают их? Не часто и не рьяно,
Тебя ж, сверкающий вдоль края кубка стих,
Читают вечером, и днем, и утром рано.
(Осип Румер) |