Онҳо, ки даромаданд, дар ҷӯш шуданд

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Онҳо, ки даромаданд, дар ҷӯш шуданд,
Ошуфтаи нозу тарабу нӯш шуданд.
Хӯрданд пиёлаеву хомӯш шуданд,
Дар хоки абад ҷумла ҳамоғӯш шуданд.

Дигаргунаҳо:

Онҳо, ки даромаданду дар ҷӯш шуданд,
Ошуфтаи нозу тарабу нӯш шуданд.
Хӯрданд пиёлаеву хомӯш шуданд,
Дар хоби адам ҷумла ҳамоғӯш шуданд.

Баргардонҳо:

Те, кому была жизнь полной мерой дана,
Одурманены хмелем любви и вина.
Уронив недопитую чашу восторга,
Спят вповалку в объятиях вечного сна.

(Гл. Семенов)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: