Он лаъл дар обгинаи сода биёр

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Он лаъл дар обгинаи сода биёр,
В-он маҳраму муниси ҳар озода биёр.
Чун медонӣ, ки муддати олами хок
Бод аст, ки зуд бигзарад, бода биёр.

Дигаргунаҳо:

Он лаъл дар обгинаи сода биёр,
В-он маҳраму муниси ҳар озода биёр.
Чун медонӣ, ки муддати олами хок
Бодест, ки зуд бигзарад, бода биёр.

Баргардонҳо:

Принеси заключенный в кувшине рубин -
Он один мой советчик и друг до седин.
Не сиди, размышляя о бренности жизни, -
Принеси мне наполненный жизнью кувшин!

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: