Олам агар аз баҳри ту меороянд

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Олам агар аз баҳри ту меороянд,
Магрой бад-он ки оқилон нагроянд.
Бисёр чу ту раванду бисёр оянд,
Бирбой насиби хеш, к-ат бирбоянд.

Дигаргунаҳо:

Бар чашми ту олам арчи меороянд,
Магрой ба он ки оқилон нагроянд.
Бисёр чу ту раванду бисёр оянд,
Бирбой насиби хеш, к-ат бирбоянд.

Баргардонҳо:

Хоть этот мир лишь для тебя, ты мыслишь, сотворен,
Не полагайся на него, будь сердцем умудрен.
Ведь много до тебя людей пришло - ушло навеки
Возьми свое, пока ты сам на казнь не уведен.

(Владимир Державин)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: