Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Овард ба изтиробам аввал ба вуҷуд,
Ҷуз ҳайратам аз ҳаёт чизе нафузуд.
Рафтем ба иқрору надонем чӣ буд,
З-ин омадану рафтану будан мақсуд?!
Дигаргунаҳо:
Овард ба изтиробам аввал ба вуҷуд,
Ҷуз ҳайратам аз ҳаёт чизе нафузуд.
Рафтем ба икроҳу надонем чӣ буд,
З-ин омадану будану рафтан мақсуд?!
Баргардонҳо:
Пришел я в этот мир по принужденью,
Встречал недоуменьем каждый день я.
А ныне изгнан, так и не поняв
Исчезновенья смысл и цель рожденья.
(Цицилия Бану) |