Натвон дили шодро ба ғам фарсудан

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Натвон дили шодро ба ғам фарсудан,
Вақти хуши худ ба санги меҳнат судан.
Дар даҳр кӣ донад, ки чӣ хоҳад будан,
Май бояду маъшуқу ба ком осудан.

Дигаргунаҳо:

Натвон дили шодро ба ғам фарсудан,
Вақти хуши худ ба санги меҳнат судан.
Кас ғайб надонад, ки чӣ хоҳад будан,
Май бояду маъшуқу ба ком осудан.

Баргардонҳо:

Не трать себя, о друг, на огорченья,
На камни тягот, на долготерпенье.
Не зная завтра, каждое мгновенье
Отдай вину, любви и наслажденью!

(Дм. Седых)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: