Май хӯр, ки зи дил касрату қиллат бибарад

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Май хӯр, ки зи дил касрату қиллат бибарад,
В-андешаи ҳафтоду ду миллат бибарад.
Парҳез макун зи кимиёе, ки аз ӯ,
Як ман бихӯрӣ, ҳазор иллат бибарад.

Дигаргунаҳо:

Май хӯр, ки зи дил қиллату касрат бибарад,
В-андешаи ҳафтоду ду миллат бибарад.
Парҳез макун зи кимиёе, ки аз ӯ,
Як ҷуръа бихӯрӣ, ҳазор иллат бибарад.

Май хӯр, ки зи ту касрату қиллат бибарад
В-андешаи ҳафтоду ду миллат бибарад.
Парҳез макун зи кимиёе, ки аз ӯ
Як ҷуръа бихӯрӣ, ҳазор иллат бибарад.

Баргардонҳо:

Все недуги сердечные лечит вино.
Муки разума вечные лечит вино.
Эликсира забвения и утешенья
Не страшитесь, увечные, - лечит вино!

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: