Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Ку маҳрами роз, то бигӯям як дам,
К-аз гоҳи нахуст худ чӣ будаст Одам.
Меҳнатзадае, сириштае аз гили ғам,
Якчанд ҷаҳон бигашту бардошт қадам.
Дигаргунаҳо:
Маҳрам ҳастӣ, ки бо ту гӯям як дам,
К-аз аввали кор худ чӣ будаст Одам.
Меҳнатзадае, сириштае аз гили ғам,
Якчанд ҷаҳон бихӯрду бардошт қадам.
Ку маҳрами роз, то бигӯям як дам,
К-аз аввали кор худ чӣ будаст Одам.
Меҳнатзадае, сириштае аз гили ғам,
Якчанд ҷаҳон бигашту бардошт қадам.
Баргардонҳо:
Ах, где надежный друг? Ему я расскажу
О человеке то, что про себя твержу:
Из праха мук рожден, на глине бед замешан,
Придя на свет, спешит к другому рубежу.
(А. Старостин) |