Ҳар дил, ки дар ӯ нури муҳаббат бисиришт

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Ҳар дил, ки дар ӯ нури муҳаббат бисиришт,
Гар сокини масҷид асту гар з-аҳли куништ,
Дар дафтари ишқ ҳар киро ном навишт,
Озод зи дӯзах асту фориғ зи биҳишт.

Дигаргунаҳо:

Ҳар дил, ки дар ӯ меҳру муҳаббат насиришт,
Хоҳ аҳли саҷода бошу хоҳ аҳли куништ,
Дар дафтари ишқ номи ҳар кас, ки навишт,
Озод зи дӯзах асту фориғ зи биҳишт.

Баргардонҳо:

Каждый, в ком пламенеет любовь без конца и без края,
В храме он иль в мечети, - но если, огнем изгорая,
Записал свое имя навеки он в Книге Любви,
Тот навеки свободен от ада, свободен от рая.

(Владимир Державин)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: