Ҳангоми сабӯҳ, эй санами фаррухпай

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Ҳангоми сабӯҳ, эй санами фаррухпай,
Барсоз таронаеву пеш овар май.
К-афтанд ба хок сад ҳазорон Ҷаму Кай
Ин омадани тирмаҳу рафтани дай.

Дигаргунаҳо:

Ҳангоми сабӯҳ, эй писари фаррухпай,
Барсоз таронаеву пеш овар май.
Бурдаст ба хок сад ҳазорон Ҷаму Кай
Ин омадани тирмаҳу рафтани дай.

Баргардонҳо:

Ранним утром, о нежная, чарку налей,
Чанг настрой и на чанге играй веселей,
Ибо в прах превратило и Джама и Кея
Это вечное круговращение дней.

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: