Гӯянд, махӯр май, ки балокаш бошӣ

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Гӯянд: «Махӯр май, ки балокаш бошӣ,
Дар рӯзи мукофот дар оташ бошӣ».
Ҳаққ аст, вале ба ҳар ду олам арзад,
Як дам, ки ту аз шароб сархуш бошӣ.

Дигаргунаҳо:

Гӯянд: «Махӯр май, ки балокаш бошӣ,
Дар рӯзи мукофот дар оташ бошӣ».
Ин ҳаст, вале заҳри ду олам беҳтар,
Ин якдама, к-аз шароб сархуш бошӣ.

Баргардонҳо:

Мне говорят: «Не пей, чтоб не попасть в беду,
Иначе в судный день очутишься в аду».
Пусть так, но я отдам за чашу оба мира
И до пьяна упьюсь, и пьяный в гроб сойду.

(Владимир Державин)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: