Гар ҷинси маро хоса бидонад соқӣ

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Гар ҷинси маро хоса бидонад соқӣ,
Сад фасл зи ҳар навъ биронад соқӣ.
Чун вомонам, ба расми худ бода диҳад,
Дар ҳадди худам даргузаронад соқӣ.

Дигаргунаҳо:

Чун ҷинси маро хоса бидонад соқӣ,
Сад фасл зи ҳар навъ биронад соқӣ.
Чун вомонам, ба расми худ бода диҳад,
Дар ҳадди худам даргузаронад соқӣ.

Баргардонҳо:

Коль в роде отличишь моем ты признак родовой, саки,
То сто различий видовых возникнет пред тобой, саки.
Охотно отрекусь от них, а ты мне вдосталь дай вина,
И пусть я перестану быть тогда самим собой, саки!

(Владимир Державин)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: