Гар май бихӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Гар май бихӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр,
Ё бо санами лоларухи хандон хӯр.
Бисёр махӯр, фош макун, вирд масоз,
Гаҳ-гаҳ хӯру кам-кам хӯру ҳам пинҳон хӯр.

Дигаргунаҳо:

Гар бода хӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр,
Ё бо санаме лоларухе хандон хӯр.
Бисёр махӯр, вирд макун, фош масоз,
Андак хӯру гаҳ-гоҳ хӯру пинҳон хӯр.

Гар бода хӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр,
Ё бо писаре лоларухи хандон хӯр.
Бисёр махӯр, вирд макун, фош масоз,
Андак хӯру гоҳ-гаҳ хӯру пинҳон хӯр.

Баргардонҳо:

Пей с мудрой старостью златоречивой,
Пей с юностью улыбчиво красивой.
Пей, друг, но не кричи о том, что пьешь,
Пей изредка и тайно - в миг счастливый.

(Владимир Державин)

Пей с достойным, который тебя не глупей.
Или пей с луноликой любимой своей.
Никому не рассказывай, сколько ты вылил.
Пей с умом. Пей с разбором. Умеренно пей.

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: