Гар даст диҳад зи мағзи гандум ноне

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Гар даст диҳад зи мағзи гандум ноне,
В-аз май ду мане, зи гӯсфанде роне,
Бо лоларухе нишаста дар вайроне,
Айше бувад ин, на ҳадди ҳар султоне.

Дигаргунаҳо:

Гар даст диҳад зи мағзи гандум ноне,
В-аз май ду мане, зи гӯсфанде роне,
Бо лоларухеву гӯшаи бӯстоне,
Айше бувад он, на ҳадди ҳар султоне.

Гар даст диҳад зи мағзи гандум ноне,
В-аз май кадуе, зи гӯсфанде роне,
Бо моҳрухе нишаста дар вайроне,
Айше бувад он, на ҳадди ҳар султоне.

Гар даст диҳад зи мағзи гандум ноне,
В-аз май ду мане, зи гӯспанде роне,
Бо дилбараке нишаста дар вайроне,
Айшест, ки нест ҳадди ҳар султоне.

Баргардонҳо:

Коль раздобуду я вина два мана,
Лепешку и жаркое из барана
И с милой средь руин уединюсь, -
То будет мир, достойный лишь султана.

(Владимир Державин)

Лепешка из пшеничного зерна,
Нога баранья да кувшин вина,
Подруга, словно ранняя весна, -
Отрада, что султану не дана!

(Цицилия Бану)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: