Гар гавҳари тоатат насуфтам ҳаргиз

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Гар гавҳари тоатат насуфтам ҳаргиз,
Гарди гунаҳ аз чеҳра нарӯфтам ҳаргиз.
Бо ин ҳама навмед наям аз карамат,
Зеро, ки якеро ду нагуфтам ҳаргиз.

Дигаргунаҳо:

Гар гавҳари тоатат насуфтам ҳаргиз,
Гарди гунаҳ аз чеҳра нарӯфтам ҳаргиз.
Навмед наям зи боргоҳи карамат,
Зеро ки якеро ду нагуфтам ҳаргиз.

Баргардонҳо:

Пусть я плохо при жизни служил небесам,
Пусть грехов моих груз не под силу весам -
Полагаюсь на милость Единого, ибо
Отродясь никогда не двуличничал сам!

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: