Додам ба умед рӯзгоре барбод

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Додам ба умед рӯзгоре барбод,
Нобуда зи рӯзгори худ рӯзе шод.
З-он метарсам, ки рӯзгорам надиҳад
Чандон, ки зи рӯзгор бистонам дод.

Дигаргунаҳо:

Додам ба умед зиндагонӣ бар бод,
Нобуда зи умри хештан рӯзе шод.
З-он метарсам, к-умр амонам надиҳад,
Чандон, ки зи рӯзгор бистонам дод.

Баргардонҳо:

В надеждах ветру дал развеять я жизни срок,
Быть радостным хоть день один не дал мне рок,
Теперь боюсь, стал слишком краток мой срок, чтоб я
От рока справедливости дождаться смог!

(Б. Маршак)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: