Дӣ кӯзагаре бидидам андар бозор

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Дӣ кӯзагаре бидидам андар бозор,
Бар тозагиле лагад ҳамезад бисёр.
В-он гил ба забони ҳол бо вай мегуфт:
«Ман ҳам чу ту будам, маро ту неку дор!»

Дигаргунаҳо:

Дӣ кӯзагаре бидидам андар бозор,
Бар порагиле лагад ҳамезад бисёр.
В-он гил ба забони ҳол бо ӯ мегуфт:
«Ман ҳамчу ту будаам, маро неку дор!»

Баргардонҳо:

Я, на базар зайдя, увидел там вчера
Топтавшего ком глины гончара.
И тайным языком та глина говорила:
«Смотри, придет тебе пинки терпеть пора!»

(А. Старостин)

Слышал я: под ударами гончара
Глина тайны свои выдавать начала:
«Не топчи меня! - глина ему говорила. -
Я сама человеком была лишь вчера».

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: