Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Дил сирри ҳаёт агар камоҳӣ донист,
Дар мавт ҳам асрори Илоҳӣ донист.
Имрӯз, ки бо худӣ, надонистӣ ҳеч,
Фардо, ки зи худ равӣ, чӣ хоҳӣ донист?
Дигаргунаҳо:
Дил сирри ҳаёт агар камоҳӣ донист,
Дар марг ҳам асрори Илоҳӣ донист.
Имрӯз, ки бо худӣ, надонистӣ ҳеч,
Фардо, ки зи худ равӣ, чӣ хоҳӣ донист?
Дил сирри ҳаётро камоҳӣ донист,
Дар марг ҳам асрори Илоҳӣ донист.
Имрӯз, ки бо худӣ, надонистӣ ҳеч,
Фардо, ки зи худ равӣ, чӣ хоҳӣ донист?
Баргардонҳо:
Если б мне этой жизни причину постичь -
Я сумел бы и нашу кончину постичь,
То, чего не постиг я, в живых пребывая.
Не надеюсь, когда вас покину, постичь.
(Герман Плисецкий) |