Дидам ба сари иморате марде фард

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Дидам ба сари иморате марде фард,
К-ӯ гил ба лагад мезаду хораш мекард.
В-он гил ба забони ҳол бо ӯ мегуфт:
«Сокин, ки чу ман басе лагад хоҳӣ хӯрд».

Дигаргунаҳо:

Дидам ба сари иморате марде фард,
К-ӯ гил ба лагад мезаду хораш мекард.
В-он гил ба забони ҳол бо ӯ мегуфт:
«Ҳуш дор, чу ман басе лагад хоҳӣ хӯрд».

Баргардонҳо:

Строителя увидел я, что возводил жилье,
Ногами глину он топтал и унижал ее.
А глина молвила ему: «Полегче! Близок час -
Получит столько же пинков и естество твое!»

(Владимир Державин)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: