Дарёб, ки аз рӯҳ ҷудо хоҳӣ рафт

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Дарёб, ки аз рӯҳ ҷудо хоҳӣ рафт,
Дар пардаи асрори фано хоҳӣ рафт.
Май нӯш, ки надонӣ аз куҷо омадаӣ,
Хуш бош, надонӣ ба куҷо хоҳӣ рафт.

Дигаргунаҳо:

Дарёб, ки аз рӯҳ ҷудо хоҳӣ рафт,
Дар пардаи асрори фано хоҳӣ рафт.
Май нӯш, надонӣ аз куҷо омадаӣ,
Хуш бош, надонӣ ба куҷо хоҳӣ рафт.

Дарёб, ки аз рӯҳ ҷудо хоҳӣ рафт,
Дар пардаи асрори Худо хоҳӣ рафт.
Хуш бош, надонӣ зи куҷо омадаӣ,
Май нӯш, надонӣ ба куҷо хоҳӣ рафт.

Дарёб, ки аз рӯҳ ҷудо хоҳӣ рафт,
Дар пардаи асрори фано хоҳӣ рафт.
Май нӯш, надонӣ зи куҷо омадаӣ,
Хуш бош, надонӣ, ки куҷо хоҳӣ рафт.

Дарёб, ки аз рӯҳ ҷудо хоҳӣ рафт,
Дар пардаи асрори фано хоҳӣ рафт.
Н-аз омаданат касе туро дод хабар,
Н-аз он ки ту фардо ба куҷо хоҳӣ рафт.

Баргардонҳо:

Ты с душою расстанешься скоро, поверь.
Ждет за темной завесою тайная дверь.
Пей вино! Ибо ты - неизвестно откуда.
Веселись! Неизвестно - куда же теперь?

(Герман Плисецкий)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: