Дар дил натавон дарахти андуҳ нишонд

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Дар дил натавон дарахти андуҳ нишонд,
Ҳамвора китоби хуррамӣ бояд хонд.
Май бояд хӯрду коми дил бояд ронд,
Пайдост, ки чанд дар ҷаҳон хоҳӣ монд.

Дигаргунаҳо:

Дар дил натавон нишони андуҳ нишонд,
Ҳамвора китоби хуррамӣ бояд хонд.
Май бояд хӯрду коми дил бояд ронд,
Пайдост, ки чанд дар ҷаҳон бояд монд.

Баргардонҳо:

Растить в душе побег унынья - преступленье,
Пока не прочтена вся книга наслажденья.
Лови же радости и жадно пей вино:
Жизнь коротка, увы! Летят ее мгновенья.

(Осип Румер)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: