Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Бозе будам парида аз олами роз,
Шояд, ки барам раҳ аз нишебе ба фароз.
Ин ҷо чу наёфтам касе маҳрами роз,
З-он дар, ки даромадам, бурун рафтам боз.
Дигаргунаҳо:
Бозе будам, парида аз олами роз,
То бӯ, ки расам ман аз нишебе ба фароз.
Ин ҷо чу наёфтам касе маҳрами роз,
З-он дар, ки даромадам, бурун рафтам боз.
Баргардонҳо:
Как сокол, вылетев из мира чуда,
Хотел я сферы высшие обнять;
Но некому здесь тайну передать.
И молча я вернусь туда, пришел откуда.
(А. Грузинский) |