Бо ту ба харобот ҳамегӯям роз

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Бо ту ба харобот ҳамегӯям роз,
Беҳ з-он ки кунам бе ту ба меҳроб намоз.
Эй аввалу эй охиру ҷуз ту ҳама ҳеч,
Хоҳӣ, ту маро бисӯз, хоҳӣ – бинавоз.

Дигаргунаҳо:

Бо ту ба харобот ҳамегӯям роз,
Беҳ з-он ки ба меҳроб кунам бе ту намоз.
Эй аввалу охири халоиқ ҳама ту,
Хоҳӣ, ту маро бисӯзу хоҳӣ – бинавоз.

Бо ту ба харобот агар гӯям роз,
Беҳ з-он ки ба меҳроб кунам бе ту намоз.
Эй аввалу эй охири халқон ҳама ту,
Хоҳӣ, ту маро бисӯзу хоҳӣ – бинавоз.

Баргардонҳо:

Не лучше ли за кубком тебе всю мысль отдать,
Чем тупо пред михрабом поклоны отбивать?
О первый и последний, о сущность всех существ!
Дай мне блаженство, муки, что сам захочешь дать!

(Л. В. Некора)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: