Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Бархез, буто, биёр баҳри дили мо,
Ҳал кун ба ҷамоли хештан мушкили мо,
Як кӯза шароб, то ба ҳам нӯш кунем.
З-он пеш, ки кӯзаҳо кунанд аз гили мо.
Дигаргунаҳо:
Бархезу биё, буто, барои дили мо,
Ҳал кун ба ҷамоли хештан мушкили мо.
Як кӯза шароб, то ба ҳам нӯш кунем,
З-он пеш, ки кӯзаҳо кунанд аз гили мо.
Бархезу биё, буто, барои дили мо,
Ҳал кун ба ҷамоли хештан мушкили мо.
Як кӯзаи май биёр, то нӯш кунем,
З-он пеш, ки кӯзаҳо кунанд аз гили мо.
Бархез, буто, биё зи баҳри дили мо,
Ҳал кун ба ҷамоли хештан мушкили мо.
Як кӯза шароб, то ба ҳам нӯш кунем,
З-он пеш, ки кӯзаҳо кунанд аз гили мо.
Баргардонҳо:
Скорей приди, исполненная чар,
Развей печаль, вдохни сердечный жар.
Налей вина в кувшин, пока в кувшины
Наш прах еще не превратил гончар.
(Цицилия Бану) |