Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Соқӣ, ғами ман баландовоза шудаст,
Сармастии ман бурун зи андоза шудаст.
Бо мӯйи сапед сархушам, к-аз хати ту
Пиронасарам баҳори дил тоза шудаст.
Дигаргунаҳо:
Соқӣ, ғами ман баландовоза шудаст,
Сармастии ман бурун зи андоза шудаст.
Бо мӯйи сапед сархушам, к-аз майи ту
Пиронасарам баҳори дил тоза шудаст.
Баргардонҳо:
Саки! Печалью грудь моя полна,
Без меры нынче выпил я вина.
Пушок твоих ланит так юн и нежен,
Что новая пришла ко мне весна.
(Владимир Державин) |