Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик

Абдуҳамид Тағоев / Май.9.2015. / 1 гузориш

namoz_hotamov
Китоби доктори илми таърих, профессор Намоз Ҳотамов (з. 1946) «Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924) мӯҳлати ниҳоят кӯтоҳи таърихи халқамон (каме бештар аз ним аср)-ро равшан мекунад. Вале ин рӯзгори кӯтоҳ ниҳоят ҳассос ва пуршӯру пурфоҷиа буд ва аз ин рӯ барои ҳастию нестии миллати тоҷик нақши бунёдӣ бозид.
Профессор Н. Ҳотамов бори нахуст бо таври содда ва бо камсуханӣ рӯйдодҳои ин замонро таҳлил карда, ҳамчун ватандор ба дӯстону душманони миллат ва фарзандони сазовору носазовораш баҳои муносиб додааст.
Китоб аз рӯйи чопи соли 2007 (Душанбе) бо каме ихтисорот (бидуни ҳошия ва замимаҳо) нашр мегардад.

МУНДАРИҶА

САРСУХАН

БОБИ I. ҲАЁТИ ТОҶИКОН ДАР ЗАМОНИ АЗ ТАРАФИ РУСИЯ ЗАБТ ШУДАНИ ОСИЁИ МИЁНА

  • § 1. Вазъи мулкҳои Осиёи Миёна дар миёнаи асри XIX ва сабабҳои аз тарафи Русия забт шудани он
  • § 2. Ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро. Таъсиси генерал- губернатории Туркистон
  • § 3. Идомаи ҷанги Русия бо Бухоро ва забти Хева
  • § 4. Ба аморати Бухоро ҳамроҳ кардани Бухорои Шарқӣ
  • § 5. Шӯриши солҳои 1873-1876 дар хонигарии Қӯқанд ва аз тарафи қӯшунҳои рус пахш намудани он. Забти сарзамини қабилаҳои туркман
  • § 6. «Масъалаи Помир» ва ҳалли он дар баӣни Русия ва Англия
  • § 7. Оқибатҳои аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

БОБИ II. ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ ҲУКУМАТДОРИИ МУСТАМЛИКАВИИ РУСИЯИ ПОДШОҲӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА (СОЛҲОИ 1867-1917)

  • § 1. Вазъи сиёсию маъмурии Осиёи Миёна баъди ҷорӣ гардидани ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ
  • § 2. Сиёсати муҳоҷиркунӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан дар Осиёи Миёна
  • § 3. Инкишофи пахтакорӣ ва саноат дар Осиёи Миёна
  • § 4. Сиёсати қарздиҳӣ ва фаъолияти бонкҳо дар шароити Осиёи Миёна

БОБИ III. ТОҶИКОН ДАР ЗАМОНИ БАВУҶУДОЙИИ ДИГАРГУНИҲО ДАР ҲАЁТИ ИҶТИМОӢ. БОЛОРАВИИ ҲАРАКАТҲОИ ХАЛҚӢ ВА ИХТИЛОФҲОИ МАЗҲАБИЮ МАНСАБӢ (СОЛҲОИ 1867-1917)

  • § 1. Оғози ташаккулёбии синфи коргар ва буржуазияи миллӣ
  • § 2. Ҷунбишҳои мардумӣ дар солҳои 80-уми асри XIX. Шӯриши Восеъ
  • § 3. Авҷ гирифтани шӯришҳои зиддимустамликавӣ дар кишвари Туркистон
  • § 4. Инқилоби якуми буржуазию демократии Русия ва таъсири он дар афзудани ҳаракати зидди мустамликавии мардуми Осиёи Миёна
  • § 5. Омезиши ихтилофҳои мазҳабӣ бо рақобати мансабӣ ва ба амал омадани фоҷиаи баӣни суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар Бухоро
  • § 6. Шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916 дар Осиёи Миёна

БОБИ IV. АФКОРИ ҶАМЪИЯТИЮ СИЁСӢ ВА ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX ВА АВВАЛИ АСРИ XX)

  • § 1. Заминаҳои ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои ҷиддӣ дар афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри XIX
  • § 2. Аҳмади Дониш-ислоҳотхоҳ ва маорифпарвар
  • § 3. Ҳаракати ҷадидия
  • § 4. Мактабҳои усули нав ва рӯзномаи «Бухорои Шариф» Фарқияти мактабҳои усули кӯҳна ва нав
  • § 5. Таърихнигорӣ ва ҳаёти адабии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX

БОБИ V. САРНАГУН ГАРДИДАНИ ҲУКУМАТИ ПОДШОҲӢ ДАР РУСИЯ ВА НАТИҶАҲОИ ОН БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА ДИГАР ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МИЁНА

  • § 1. Ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралӣ (соли 1917) дар Русия ва натиҷаҳои он барои мардуми кишвари Туркистон
  • § 2. Бадахшон баъд аз инқилоби февралии (соли 1917) Русия
  • § 3. Таъсири сарнагун намудани ҳукумати подшоҳии Русия ба аморати Бухоро ва болоравии ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухороиён

БОБИ VI. БАРПО НАМУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ ДАР САРЗАМИНИ ИМРӮЗАИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ВА БАДАХШОН (СОЛҲОИ 1917-1919)

  • § 1. Ғалабаи инқилоби Октябр дар Русия ва барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон
  • § 2. «Мухторияти Қӯқанд» ва барҳам додани он
  • § 3. Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон

БОБИ VII. ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ МАВҶУДИЯТИ ҶУМҲУРИИ МУХТОРИ ШӮРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТУРКИСТОН (СОЛҲОИ 1918—1924)

  • § 1. Ташкил намудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон
  • § 2. Чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравӣ барои мустаҳкам намудани тартиботи нав дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон
  • § 3. Ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон

БОБИ VIII. ТАЙЁРӢ БАРОИ САРНАГУН НАМУДАНИ ТАРТИБОТИ АМИРИИ БУХОРО (ОКТЯБРИ СОЛИ 1917-АВГУСТИ СОЛИ 1920)

  • § 1. Тезутунд гардидани зиддияти баӣни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирии Бухоро
  • § 2. Таҷовузи Колесов ва оқибатҳои он
  • § 3. Ҳизби Коммунистии Бухоро ва ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ

БОБИ IX. САРНАГУН НАМУДАНИ ТАРТИБОТИ АМИРИИ БУХОРО (АВГУСТИ СОЛИ 1920 — АПРЕЛИ СОЛИ 1921)

  • § 1. Сарнагун намудани тартиботи амирии Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ)
  • § 2. Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

БОБИ X. ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ШӮРАВИИ БУХОРО (СОЛҲОИ 1920 -1924)

  • § 1. Ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва вазъи ҷамъиятию сиёсии он
  • § 2. Вазъи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ
  • § 3. Оғози ҳаракати зиддишӯравӣ. Афзудани нуфузи Иброҳимбек дар Бухорои Шарқӣ
  • § 4. Иғвои Анварпошо ва Салимпошо. Комиссияи фавқулоддаи диктаторӣ (Диккомиссия) оид ба Бухорои Шарқӣ

БОБИ XI. ТАҚСИМОТИ ҲУДУДИ МИЛЛӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА ВА ТАШКИЛЁБИИ ҶУМҲУРИИ МУХТОРИ ШӮРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

  • § 1.Сабабҳои гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва аввалин пешниҳодҳо оиди ин масъала
  • § 2. Ҳолати ифодаи манфиати тоҷикон дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистон ва Бухоро
  • § 3. Гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва ташкилёбии Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
  • Хулоса

САРСУХАН

    Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
    Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
     (Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Таърих гузашти рӯзгор аст. Ҳар як халқ онро ба тарзи гуногун, бо пастию баландиҳои зиёд аз сар гузаронидааст. Халқи тоҷик ҳам ин раванди таърихиро дар муборизаҳо бо аҷнабиён ва дар набардҳо сипарӣ намудааст.
Миллати тоҷик ҳамчун як узви мардуми ориёӣ, яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин халқ таърихи бисёрҳазорсоларо дорост, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қахрамонию мардонагӣ ва таназзулу фоҷиаҳо саршор мебошад.
Мо саҳифаҳои дурахшони таърихи аҷдодони хешро дар муборизаи онҳо баҳри муҳофизати ватани худ бар зидди аҷнабиёни юнону мақдунӣ, арабҳо, муғулҳо, туркҳо ва Русияи подшоҳӣ мебинем. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо на бо ҷангу ҷидолҳо, балки бо инкишофи кишоварзӣ, бунёду ободии шаҳрҳои бостонӣ, ба монанди Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳирот, офаридани фарзандони барӯманд, ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакию Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсию Умари Хайём, Саъдии Шерозию Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомию Камолиддин Беҳзод, Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуров ва дигарон, ки сафҳояшон садҳо, ҳазорҳо нафаранд, ном баровардааст.
Халқи тоҷик махсусан, дар замони ҳуҷумҳои забткоронаи аҷнабиёни муғул, таҳдидҳои сахти нестшавии ҷисмониро аз сар гузаронид, ки садҳо ҳазор нафар фарзандонашро сар бурида, шаҳру деҳаҳои обод намудаашро ба харобазор табдил доданд. Туркпарастони аввали асри XX низ тоҷиконро аз ҷиҳати маънавӣ нест карданӣ шуданд. Вале халқи тоҷик нест нашуд, ҳар бор ба захмҳои бадани худ даво ёфта, қувват гирифт.
Миллати мо ба муқобили душман на сипар, балки фарҳанги худро пеш гузошт, ба онҳо иттифоқ, ҳамзистию ҳамкориро пешниҳод кард. Худ, ки маърифатноку маорифпарвар буд, ба аҷнабиёни кӯчӣ бартарии илму маърифатро исбот намуд, онҳоро низ ба ҳамин роҳ ҳидоят сохт.
Тоҷикон тавонистанд нисбат ба ҳамсоягони худ хеле пештар, дар тӯли аз аҳди Сосон то Оли Сомон нишонаҳои қабилавиро паси сар карда, ба халқи ягона муттаҳид гарданд. Вале онҳо ин пешравиро минбаъд идома дода натавониста, ба бемории дигар — маҳалгаройӣ гирифтор шуданд. Фоҷиаи ин беморӣ дар он буд, ки вай халқи моро ҳеҷ нагузошт ва ҳанӯз ҳам намегузорад, то худро миллати ягонаи тоҷик ҳисобад. Ҳамин беморӣ халқи тоҷикро нагузошт, ки баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониён, ба ҷуз давлатҳои нисбатан хурди Ғуриён, Куртҳои Ҳирот ва ғайра дигар давлати бузурги мутамарказонидашудаи худро бунёд кунад. Зеро, ин беморӣ дар ҳар гуна ҳолат халқи тоҷикро пароканда нигоҳ медошт. Баръакс он ба халқҳои дигар, аз ҷумла қабилаҳои кӯчиёни аҷнабӣ, ки нисбат ба тоҷикон иттифоқтар буданд, имконият дод дар ин сарзамин давлатдории худро барқарор намоянд.
Халқи тоҷик ба монанди амир Исмоили Сомонӣ сарвари бузургро офарид, ки пойдории давлати худро на дар ҷангҳои ғоратгаронаю зулму исгибдод, балки дар ақлу заковат, раҳму шафқат медид. Вале давлати пойдорнамудаи ӯро бемории дигар — рақобати мансабии ворисони Сомонӣ заиф гардонид ва ниҳоят барои аз байн рафтанаш яке аз сабабҳои асосӣ шуд.
Бемории рақобати мансабӣ танҳо мансуби мардуми мо нест. Баръакс дар арсаи таърихӣ бисёр давлатҳои ҷаҳонӣ маҳз дар натиҷаи авҷ гирифтани чунин рақобат заиф гардида, ниҳоят мулкашон луқмаи давлатҳои пурқуввати давр гардидааст.
Пеш аз забт гардидани Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ, дар дохили давлатҳои соҳибихтиёри ин кишвар: аморати Бухоро ва хонигариҳои Қӯқанду Хева низ чунин рақобат дар авҷ буд. Илова бар ин ҷангҳои байнихудии давлатҳои номбурда, махсусан, байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд, ин сарзаминро ба яке аз гӯшаҳои қафомондаи ҷаҳонӣ табдил дода, онро чун луқмаи хом ба коми Русияи нисбатан пуриқтидор омода карда буд.
Давре, ки мо дар ин китоб таваҷҷӯҳи хонандаро ҷалб карданием маҳз замони ба мустамликаи Русияи подшоҳӣ табдил ёфтани Осиёи Миёна, бунёди тартиботи шӯравӣ дар ин сарзамин ва ниҳоят ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ба тарзи муфассал омӯхтани ин масъалаҳо, махсусан дар шароити имрӯза, барои фаҳмиши нозукиҳои истиқлолияти миллӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ аҳамияти махсус дорад.
Муаллиф кӯшидааст, ки бисёр бобҳоро дар асоси маводҳои тоза ва аз нигоҳи нав ба қалам диҳад. Вале то ҳол оиди на ҳамаи воқеаҳо ба дараҷаи кофӣ чунин маводҳои тоза дастрас гардидаанд. Аз ҷумла оиди дар кишварҳои Туркистон бунёд гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ, ки ба фаъолияти ҳизбҳои эсерҳо, меншевикҳо ва ғайра низ сахт вобастагӣ дорад, ҳанӯз бо нигоҳи тоза ба кадри кофӣ омӯхта нашудааст. Оиди сиѐсати ҷумҳуриҳои Туркистон ва Бухоро ҳам то ҳоло баъзе норавшаниҳо вуҷуд доранд. Дар чунин ҳолат, мо ба қадри имкон дастовардҳои адабиёти мавҷударо истифода намудем.
Дар тайёр намудани ин асар як қатор ҳамкасбон, ба монанди: академикҳо Р. М. Масов, А. М. Мухторов, докторҳои илмҳои таърих, профессорон: М. Б. Бобохонов, Р. А. Набиева, Ф. Б. Зикрижев, Р. А. Абулхаев, М. Н. Наимов, Ҳ. П. Пирумшоев, А. М. Мухторов, А. Ш. Розиқзода, С. Р. Раҳимов, Н. С. Сафаров докторҳои илмҳои фалсафа, профессорон Н. Арабзода, Ҳ. Ҳ. Мӯъминҷонов, номзадҳои илмҳои таърих Ш. С. Саъдиев, А. Н. Ғафуров, Ҳ. Д. Дӯстов, Р. А. Ахмедов, доктори илмҳои педагогӣ Ҳ. Қ. Хоҷаев, номзади илмҳои филологӣ М. О. Солеҳов, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ш. Ҷ. Ҷабборов ва дигарон бо маслиҳатҳои худ ҳиссаи босазое гузоштаанд. Муаллиф ба ҳамаи онҳо миннатдории худро баён мекунад.
Ҳангоми нашри тозаи ин китоб қисме аз таклифи дӯстон ба инобат гирифта шуд. Барои чунин таклифҳои холисона, ба дӯстон, аз ҷумла ба нависандаи номӣ Урун Кӯҳзод ва рӯзноманигори хушқалам Дорои Дӯст миннатдории худро баён менамоям.
Асар бешубҳа ҳоло ҳам аз камбудиҳо орӣ нест, бинобар ин муаллифи ин сатрҳо интизори он аст, ки хонандагони мӯҳтарам фикру андешаҳои судманди хешро барои такмили минбаъдаи он дареғ намедоранд.
Дар охир муаллиф ба онҳое, ки барои нашри ин асар кӯмак расонидаанд, аз таҳти дил ташаккур изҳор менамояд!


1 гузориш Андешаатонро баён кунед

  • Чанд мушоҳидаи руякии як раҳгузар барои муаллифи китоб:
    1. Китоб саросар хатогиҳои дағали орфографӣ, грамматикӣ ва услубӣ дорад. Баҳри Араб, Туркисгон,
    2. Забони (услуби) китоб на илмист, на таълимӣ, на маълумотӣ. Умуман забони хеле хароб. «Қаротегину Мастчоҳ ҳамчун гӯшаи қафомондатарин ва мардуми он бечоратарин», «халқи бечорамондаи тоҷик», «халқи тоҷик мисли замонҳои пеш бадани худро қисман табобат намуд», «Боварии комил дорем, он захмҳо пурра шифо меёбанд, ҷумҳурии харобу абгоргаштаи мо рӯ ба тараққӣ мениҳад… зисту зиндагонии мардуми бечора рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. … миллати тоҷикро минбаъд дар миқёси ҷаҳонӣ на ҳамчун миллати худкушу нашъафурӯш, чуноне, ки ҳамин тавр дар солҳои 90-уми асри ХХ — остонаи асри XXI шиносондаанд, балки чун гузаштагон: илмдӯсту маорифпарвар, меҳнатдӯсту бунёдкор мешиносанд» ва ғ. Ин дар соли 2 0 0 7 !
    3. Муаллиф чун «ҳамкасбон» — аз таърихчиён то файласуфу филологҳо қариб ҳамаи олимони маъруфро номбар кардааст. Чаро қабл аз чоп китобро «ҳамкасбон» аз назар нагузаронидаанд?
    4. Музаффархон — амири фаҳш чун қаҳрамон тасвир шудааст!? Россияи давраи Петри 1, аввали солҳои 60-уми асри XIX подшоҳӣ будааст!? Дар асри XIII Муғулистон будааст!? Забт шудани Осиёи Миёна аз тарафи Русия сабаб доштааст!?
    5. Принсипи асосӣ — таърих ин сиёсатест ба гузашта нигаронидашуда дағалона шикаста шуда. Бинобар ин «китоб» маҷмуи ҳарзаҳою хаёлоти илммонанд шудааст.

    Хуб мешуд, ки китоб муваққатан аз мутолиа гирифта таҳрири ҳамаҷониба шавад.

    Бо таманнои ҷиҳоди ғурур,
    Ансор Ниёзӣ

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


8 − 6 =


error: Content is protected !!